Научная статья на тему 'РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ 20 ВА ТУРИЗМИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ФАРОНСАВИЁН'

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ 20 ВА ТУРИЗМИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ФАРОНСАВИЁН Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
20
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Туризм / французский язык / горный туризм / Таджикистан / подготовка специалистов.

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Назиров Шахриёр Бахтибекович, Махмудов Давлатхуджа Орифович

В данной статье обсуждается причины развитие и улучшение инфраструктуры для развитие туризма в горной местности, в том числе горного туризма и альпинизма в Таджикистане. Также в статье мы анализировали некоторые особенности туризма в горной местности, привлечение иностранных туристов, в том числе туристов из Франции и франкоязычных стран Европы и Северной Афприки, подготовка специалистов,туристических гидов и переводчиков в ВУЗах и институтах республики. Объект исследования – Горный туризм в Таджикистане, подготовка специалистов в сфере туризма.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ 20 ВА ТУРИЗМИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ФАРОНСАВИЁН»

РУШДИ СОХДИ САЙЁХ.Й ДАР Ч.УМХ.УРИ ТОНИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ КАРНИ 20 ВА ТУРИЗМИ КУХИИ ТОНИКИСТОН АЗ НИГОХИ ФАРОНСАВИЁН

НАЗИРОВ ШАХРИЁР БАХТИБЕКОВИЧ

Старший преподаватель кафедры иностранных языков, Таджикский Национальный

Университет, Душанбе, Таджикистан

МАХМУДОВ ДАВЛАТХУДЖА ОРИФОВИЧ

Доцент кафедры иностранных языков, Таджикский Национальный Университет,

Душанбе, Таджикистан

В данной статье обсуждается причины развитие и улучшение инфраструктуры для развитие туризма в горной местности, в том числе горного туризма и альпинизма в Таджикистане. Также в статье мы анализировали некоторые особенности туризма в горной местности, привлечение иностранных туристов, в том числе туристов из Франции и франкоязычных стран Европы и Северной Афприки, подготовка специалистов, туристических гидов и переводчиков в ВУЗах и институтах республики.

Объект исследования - Горный туризм в Таджикистане, подготовка специалистов в сфере туризма.

Ключевые слова: Туризм, французский язык, горный туризм, Таджикистан, подготовка специалистов.

Вожаи туризм аввалин маротиба аз чониби муха;;ик;и фаронсавй Б. Жекмо дар соли 1830 истифода гардидааст. Ибораи туризм аз калимаи франсавй «tour» гирифта шуда, маънояш гардишгардй, сайр ё гаштугузор намудан аст. То замонхои охир мафхуми «туризм» ва «турист» дар хар кишвар ба таври хос бахо дода мешуд. Дар кишвархо туризм ва муассисахои осоишию фарогатй ба низомхои гуногун идора мегардид. Мафхуми турист аз чониби ширкаткунандагони сайёхати туристй, гардишгарй аз мафхуми «истирохаткуандагон» дар осоишгоххо, фарогатгох,х,о ва хонахои истирохатй махдуд мегардид. Дар дигар кишвархо бошад, фаъолияти намудхои гуногуни рекреатсионй аксаран бо во;еахои гуногун ифода мегардад. Дар Эъломияи Гаага (Холанд) оид ба туризм (1989) мафхуми мазкур чунин ифода гардидааст: «Туризм хамчун чойивазкунии озоди одамон аз чой зисти аслй дар муддати муайян буда, инчунин сохаи хисматрасониест, ки барои таъмини ;онеъгардонии талаботхои онхо равона гардидааст» [4]. Аз нигохи илми и;тисодй туризм ин низоми васеи и;тисодй бо рангорангии робитахои байнихамдигарй дар чорчубаи хочагии хал;и кишвари чудогона бахо дода мешавад. F айр аз ин туризм таъминкунанда ва пайвандгари и;тисоди миллй бо хочагии чахонй буда, бо фаъолиятхои и;тисодии хеш истифода аз захирахои туристй ва хизматрасонй махсули худ ва хадамоти ташкилотхои гуногунро пешниход менамояд. Аслан аз нигохи и;тисодй туризм дорои 5 хусусияти асосй мебошад:

- туризм хамчун раванд ва натичаи харакати одамон аз руи хатсайрхои гуногуни туристй;

- муайянкунандаи ду заминаи асосии туризм: сайёхат ба истирохат ва натичагирй дар он чо;

- сайёхат ифодагари хуруч аз мамлакат (минта;а)-е, ки чои зисти му;имй махсуб меёбад;

- майлу хохиши сафари туристон ба марказхои гуногуни туристй матлабгари ва;т аст ва ин муайянкунандаи он аст, ки пас аз мухлати муайян (рузхо, хафта, мох) ба диёри аслии хеш бармегарданд;

- саёхат ин шакли фаъолиятиест, ки бидуни чои исти;омати доимй дар марзхои гуногуни туристй бо ма;садхои гуногун, табобат, солимгардонии бадан, кухгардй,

варзиш, дидгохи илмй, динй, фархангй, симпозиум ва конфронсхо бе фаъолияти ба даст овардани маблаг рохандозй мегардад.

Рушди беайлони туризм дар солхои охир чандин ва ба хама гуна бухронхоро тобовар будани ин бахши и;тисодро собит намуд.Новобаста аз бухронхои сарзада туризм ба таври босубот рушд ёфта, то чи андоза барои и;тисоди кишвархо мухим будани худро нишон дода истодааст. Сиёсатмадори Олмон Хелмут Шмидт барха; гуфта буд. «Имрузхо зарур аст, омузем, ки мах,з чи тавр метавон дигар халкхоро дарк кард. Ин дарку фахмиш бояд натанхо суруду муси;ихои онхоро дарбар бигирад, балки инчунин фалсафа, мав;еъгирй ва рафтори онхоро низ мавриди баррасй ;арор дихдд. Танхо дар ин холат имкон дорад, ки миёни миллату хал;иятх,о х,амдигарфах,мй ва мубодилаи тамаддунхо ба вучуд ояд». Туризм яке аз сохаи мухим ва тара;;иёфтаи хочагии чахонй буда, он дар рушди дарачаи даромаднокй на;ши бузург дорад. Холо ба хиссаи он ;ариб 7 фоизи сармоягузорихои чахонй рост омада, дар навбати худ бар он бештар ташкил намудани чойи кор фарохам меорад. Солхои охир дар аксари кишвархо туризм ба яке аз сох,ах,ои сердаромад табдил ёфтааст. Бино ба маълумоти СММ, сайёхй дар бархе давлатхо аз чихати даромаднокй сохахои мошинсозй, кимиё, ва энергетикаро кайхо гузаштааст.

Масъалахои назария ва амалияи туризм таваччухи и;тисодчиён, чомеашиносон, тарбиятгарон, равоншиносон, муаррихон, фархангшиносон, санъатшиносон ва ху;у;шиносонро чалб намудааст ва х,ар кадоме аз мутахассисони зикргардида масоили туризмро мансуб ба сохахои худ медонанд. Ин боиси он мегардад, ки туризм таърифи ягона надошта, доираи бахси пахлухои гуногуни хаёти чомеаро дарбар мегирад. Дар адабиётхои илмии муосир мафхуми туризм бо тарзхои гуногун маънидод гардидааст. Мафхуму мохияти туризм аз чониби олимони гуногун ба монанди Кварталнов В.Р., Зорин И.В., Здоров А.В., Чудновский А. Д., Жукова М.А., Мухаббатов Х., Диловаров Р., Ёров Ч,. ва гайра тахди; гардидааст.

Хукумати Чум^урии Точикистон бо дарназардошти захирахои бойи табий ва таърихиву фархангии кишвар сохаи туризмро яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати и;тисодии Точикистон эълон намудааст. Президенти Чумхурии Точикистон дар Паёми солонаи худ ба Парлумон соли 2018-ро «Соли рушди сайёхй ва х,унарх,ои мардумй» эълон намуд. Дар солхои охир аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон як ;атор санадхои меъёриву х,у;ук;й ;абул гардида, тасмимхои мушаххас рохандозй гардиданд, ки татби;и амалии онх,о ба бештар намудани фазои фаъолият дар сохаи туризм мусоидат хохдд кард. Зарур мешуморем баъзеи онхоро номбар намоем. «Барномаи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон дар давраи солхои 2018-2020», ки соли 2018 ;абул гардид, ба халли масъалахои такмили санадхои меъёрии х,у;ук;й, содда гардонии расмиёти дастрасии ичозатнома барои огози фаъолияти сайёхй, муколама ва шарикй миёни сохторхои давлатй ва бахши хусусй (Public private partnership) дар сохаи сайёхй ва х,амкорих,о бо ширкатхои сайёхй, мехмонхонахо, осоишгоххо ва дигар ма;омоти ба фаъолияти сайёхй ало;аманд, та;вияти фазои сармоягузорй ва бехтарсозии сифати хизматрасонй ди;;ати зарурй дода шудааст. Агар то соли 2017 дар кишвар 80 ширкатхои туристй фаъолият мекарданд, пас то имруз шумораи онх,о ба 140 адад расид. Бо ма;сади рушди инфрасохтори сайёхй ва хавасмандии бахши хусусй дар бунёди инфрасохтор бо ;арори Хукумати Чумхурии Точикистон воридоти тачхизоту техника ва маводи сохтмонй барои як зумра иншооти сайёхй аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумрукй (MwSt und Zollgebuhren) озод карда шудаанд. «Стратегияи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030», ки мох,и августи соли 2018 тасди; гардид, хамчун санади асосии рушди сохаи сайёхй хадаф, вазифа ва самтхои афзалиятноки рушди сохаи сайёхии кишварро барои ин давра муайян намуда, дар тархрезии на;шах,о ва рохнамоии ташаббусхои сохибкории бахши хусусй на;ши калидй хохад дошт.

Стратегияи мазкур, ки аз се барномаи миёнамухлат иборат аст, бо чалби сармояхои давлативу хоричй татби; хохад шуд.

Солхои охир дар аксари кишвархо туризм ба яке аз сохахои сердаромад табдил ёфтааст. Бино ба маълумоти СММ, сайёхй дар бархе аз давлатхо аз чихати даромаднокй сохахои мошинсозй, кимиё ва энергетикаро кайхо гузаштааст ва аз чихати даромад баъди фуруши нафт меистад. Масалан, ба шахри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб соли гузашта 75 миллион сайёх ворид шудааст ва даромад аз туризм дар ин кишвар 35%-и даромади умумии давлатро ташкил медихад. Ба Киргизистон, ки сарзаминаш ба Точикистон монанд аст, тиб;и гузориши шабакаи телевизионии «МИР-24», соли гузашта 3 миллион сайёх ворид шуда, ба бучаи он 218 миллион доллар фоида овард. Хамин тавр, вобаста ба имкониятхое, ки Точикистон дорад, агар сайёхй дуруст ба рох монда шавад, аз соха манфиати бештар гирифтан имконпазир аст, зеро Точикистон дорои сарватхои нодир ва фарогири ёдгорихои арзишманди таърихй аст. «Тахти сангин», «Калъаи Хисор», «Чилдухтарон», «Саразм» ва гайра, ки имруз чун ёдгорихои таърихй дар сатхи байналмиллалй шинохта мешаванд, аз зумраи онхо мебошанд. Хамчунин куххои сар ба фалак кашидаи Бадахшон, ба вижа ;уллаи Исмоили Сомонй ва обхои шифобахшу мавзеъхои фарогатй, аз чумла «Искандаркул»-и нохияи Айнй, «Зоркул»-у чашмахои гарму чушони «Тамдикул»-и нохияи Ч,иргатол, «Чилучорчашма»-и нохияи Носири Хусрав, гармчашмахои нохияхои Файзабод, Ванч, Рушон ва садхо чашмахои шифобахшу мавзеъхои фарогатй, ки дар дигар гушаву канорхои кишвар мавчуданд, бихишти руйи замин будани Точикистон метавонанд омили рушди туризм дар кишвар гардида, ба бучаи он солона садхо миллион доллар даромад ворид созанд.

Дар хоричи кишвар низ имруз одамоне, ки мехоханд сарватхои нодир ва маконхои дилрабои кухсорони Точикистонро аз наздик тамошо кунанд, зиёданд. Махсусан мавзеъхои таърихй ва мондагорро, ки умри чандхазорсола доранд. Ё барои муолича мехоханд аз чашмахои шифобахши диёрамон истифода бубаранд. Аз суйи дигар барои мардуми Аврупо ва кишвархои дигар сайру сайёхат дар сохили бахру у;ёнус ба як чизи му;аррарй мубаддал гаштаву холо ба тамошои кухсорони диёри мо майл доранд. Аммо нарасидани кадрхои туристй имруз дар Точикистон садди пешравй дар ин сохаи даромаднок аст. Пас муассисахои таълимие, ки холо оид ба тайёр кардани мутахассисони сохаи сайёхй дар Точикистон фаъолият мебаранд, то кучо метавонанд мушкилии норасоии кадрхоро бартараф созанд? Оё шароити тахсили толибилмони чунин муассисахо дархури талаботи бозори мехнат мебошанд. Абдукарим Курбонов мутахассиси сохаи сайёхии назди Хукумати чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, дар ин хусус чунин мегуяд: «Тахлилхо нишон медиханд, ки бо вучуди ёфтани бахшхои омодасозии кадрхои сохаи туризм дар хафт макотиби сатхи олй ва миёнаи кишвар, сатхи дониши хатмкунандагони онхо ба талаботи бозори сохавй чавобгу намебошанд. Аксари онхо бинобар сабаби сатхи пасти донишхои касбй ва забондонй дар бозори мехнат мав;еи худро ишгол накарданд. Кам будани мутахассисони сохаи туризм барои хизматрасонии муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёхони хоричй дар кишвар, имкон намедиханд.

Номукаммалии асосии барномахои таълимии муассисахои тахсилоти касбй дар он аст, ки мутахассисони соха бе назардошти талаботи бозори сохаи туризм омода карда мешаванд ва ба онхо хатто як забони хоричй мукаммал омузонида намешаванд. Аз чадвалхои дарсии онхо аён мегардад, ки соатхои омузиши забони хоричй ва дарсхои амалй каманд. Ин холат барои бо таври зарурй аз худ кардани фан мусоидат карда наметавонанд. Аз ин лихоз, Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистонро зарур аст, ки омодасозии кадрхои сохаи туризмро бо назардошти талаботи бозори мехнат ба рох монда, бештар ба масъалаи норасоии мутахассисони техникии сохаи туризм, аз чумла рохбалад, рохбалад - тарчумон ва гайра таваччух намояд. Декани факултети туризм ва

хадамоти гумрукии Донишкадаи сохибкорй ва хизмати Точикистон, дар ин хусус чунин иброз дошт: Аз соли 2006 инчониб факултети туризм ва хадамоти гумрукй дар Донишкадаи сохибкорй ва хизмат чихати тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар сохаи туризм фаъолият дорад, ки муассисаи пойгохии тахсилоти олии тахассусй дар бахши сайёхии кишвар ба хисоб меравад. Дар Донишкада аз руйи ихтисосхои сайёхат ва мехмондорй, менечменти сайёхати байналмиллалй, маркетинг дар сайёхй ва фаъолияти сохибкорй дар сохаи туризм, бо назардошти урфу одат, анъана ва дигар хусусиятхои миллй, хамзамон ба эътибор гирифтани стандартхои байналмиллалии сохаи туризм мутахассисон омода карда мешаванд. Азбаски туризм хусусияти байналмиллалй дорад, таълими фарханги мехмондорй ва дигар чанбахои хизматрасонии байналмиллалй дорад, хангоми тайёр кардани кадрхо ба назар гирифта мешаванд. Барои омода намудани мутахассисони касбй дар сохаи мазкур, пеш аз хама таълифи адабиёти таълимй бо забони точикй зарур аст. То хол аз чониби муассисахои тахсилоти олии кишвар оид ба туризм тацрибан 10 китоби дарсй ба табъ расидааст. Аз чумла, «Ицтисодиёти туризм», «Экотуризми Сари Хосор: муаммо, мушкилот ва дурнамо», «Асосхои туризм», «Фаъолияти сайёхй», «Менечменти туризм», «Технологияи интернет дар сайёхй», «Асосхои мехмоннавозй», «Сайёхатшиносй» имруз ба сифати адабиёти таълимй истифода мешаванд.

Бо мацсади боз хам тавсеа базшидани сохаи сайёхй, истифодаи самараноки имкониятхои мавчуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёхй, бехтар кардани сифати хизматрасонй, густариши раванди танзими давлатй ва дастгирии сайёхии дохиливу хоричй, чалби харчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрхои болаёцат соли 2017 "Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон" таъсис дода шудааст. Хамчунин, Хукумати мамлакат якчо бо вазорату идорахои марбута ва мацомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй бо мацсади боз хам рушди додани соха ва истифодаи васеи имкониятхои мавчуда, рушди инфрасохтори сайёхй, баланд бардоштани сифати хизматрасонй, густариши раванди танзими давлатй ва дастгирии сайёхй, чалби харчи бештари сармоя, х,амох,ангсозии фаъолияти хамаи сохтору мацомоти дахлдор ва омода намудани кадрхои болаёцатро дар ин самт таъмин карда истодаанд. Чумхурии Точикистон дар Осиёи Миёна бехтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёх,й сохиб гардида, мувофици рейтинги чахонии мамлакатхо оид ба хулосахои сомонаву шабакахои чахонй, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир) Чумхурии Точикистон дар цатори 10 кишвари чолибтарин барои боздиди сайёхон, сомонаи интернетии «Globe Spots» соли 2014 дар сархати дахгонаи кишвархои чолиб барои туристони саргузаштй, нашри русии мачаллаи маъруфи @National Geographic» дар соли 2016 шохрохи Помири Точикистонро дар байни 10 рохи зеботарини дунё, мачаллаи ТОП - 100 дар соли 2017, 3 минтацаи Точикистон ва дар соли 2018 куххои Помири Точикистон ва соли 2019 аз руйи тахлилхои Созмони Миллали Муттахид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар холи рушд царор дорад, ворид гардидааст. Хамзамон, дар руйхати чахонии рацобатпазирй дар сохаи сайёхй, ки аз чониби Форуми чахонии ицтисодй (ФЧИ) дар соли 2017 муаррифй гардид, Точикистон аз 136 чойи имконпазир мацоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми чахонии ицтисодй, Чумхурии Точикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум чой боло рафт.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

1.Аброров Х. Табиат ва сарвати кухсори Фон - Душанбе, 2004.

2.Кабутов М.К. Географияи ицтисодй ва ичтимои Точикистон Сайтхои интернетй: www. toorizm. tj

- 163 с. . -Душанбе, 2005.-208 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.