Научная статья на тему 'ROLE OF THE BOARD OF FAMILY IN TEACHING AND EDUCATION OF CHILDREN'

ROLE OF THE BOARD OF FAMILY IN TEACHING AND EDUCATION OF CHILDREN Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
32
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СЕМЬЯ / ВОСПИТАНИЕ / ДЕТИ / ПЕДАГОГИКА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Рамазонова Раджабгул, Мирзоева Савригул

Статья посвящена актуальной проблеме, так как в настоящее время остро встаёт вопрос о роли семьи в воспитании детей. Этому свидетельствует закон Республики Таджикистан «Об ответственности родителей в воспитании детей». В статье также приведены высказывания известных педагогов Антона Семёновича Макаренко, Саъди, Абушукура Балхи и др. о воспитании, а также приводятся пословицы и поговорки.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РОЛЬ СЕМЕЙНОГО СОВЕТА В ОБУЧЕНИИ И ВОСПИТАНИИ ДЕТЕЙ

The article is devoted to an actual problem, as is currently acutely raises the question of the role of the family in the upbringing of children. This is evidenced by the law of the Republic of Tajikistan "On the responsibility of parents in the education of children." The article also contains statements Makarenko, Sadi, Abushukur Balkhi and others on education, as well as proverbs and sayings.

Текст научной работы на тему «ROLE OF THE BOARD OF FAMILY IN TEACHING AND EDUCATION OF CHILDREN»

About authors: Habibov Abdyllo Majidovbch, an assistant of the chair of methodology of primary education of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Nazarov Narzullo Ochildievich, senior teacher of chair of methodology of primary education of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

НАЦШИ МАШВАРАТИ ОИЛАВЙ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Рамазонова Р., Мирзоева С.

Донишгоци давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Аз нигохи педагога машварат ва маслихат пурсидан на факат барои худ манфиат чустан аст, балки эхтиром гузоштан ба андешаю дониши дигарон барои дарёфти рохи халли ягон масъала мебошад. Машварат ин методи ташаккул додани шуурнокии шахсият мебошад, ки шахс ба касе аз барои халли максадноки ягон масъала имконият пайдо мекунад. Бинобар хамин хам, дар хамаи зинахои хайёти шахс ба он ниёз дорад ва кушиши дар даст оварданашонро ба харч медиханд.

Машварат маънои ислоху салохи кор, некй, дурустй, бехбудиро дорад. Ин методи тарбия дар мавридхои кабл аз шуруи ягон фаъолият, чустучуи рохи халли максадноки сахву хатохои дар рафтору муносибат руй дода, душвориву дармонихои фарзандон бахри некукорй истифода бурда мешавад. Маслихат раванди бошуурона амалкунии фарзандонро таъмин мекунад, чунон, ки дар халк мегуянд, чомаи бомаслихат кутох намеояд.

Тадкикотхо нишон медиханд, ки айни замон волидайн хангоми тарбияи фарзандон бештар бо ёрии психологй амалй ниёз доранд. Машварат на танхо барои волидайн фарзандонашон ба гурухи номусоид ё гурухи хатарнок дохилшуда, балки барои оилахои солим низ зарур аст [2].

Пайваста дар оилахо машварати волидайн бо фарзандон ахамияти бузурги тарбиявй дорад. Машваратхои хусусияти тарбиявй дошта аз оила сарчашма гирифта, дар чомеа бояд рушду нумуъ ёбад. Х,ар як аъзои чомеа барои машварат додан хукук дорад, чунки пешравии чомеа аз тарбияи насли наврас вобастагй дорад. Ин вазифаи мухим пеш аз хама ба оила вобаста буда, дар рафти машварат волидайн фарзандонро ба хаёти мустакилона тайёр менамоянд. Х,ар як оила, хар як иштирокчии раванди тарбия метавонад ба роху машваратхои гуногун вазифахои гуногуни тарбиявиро ичро намоянд, аз он чумла фарзандонро дар рухияи башардустй, мехнатдустй, накукорй, рахмдилй, одаму одамгарй, аклу заковат ва тарбияи зебошиносй, чисмонй, аклй, ахлокй, хукукй тарбия намоянд.

Хушбахтона, 2 августи соли 2011 ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падар модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кабул гардид ва гуфтан чоиз аст, ки тибки он вазифаи тарбия бештар ба зиммаи волидайн вогузошта шудааст. Волидайн ба фарзандон оид ба омода будан ба корхои мушкили зиндагй машварат намуда, бояд дар ин маврид аз пандхои ниёгонамон фаровон истифода баранд [4]. Ба хаёти мустакилона фарзандонро омода созанд, ки «Мард бояд ки царосон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад» - мегуяд андарзи мардумй. Бале, инсони мохир - ба хар кор кодир.

Саъдии бузург нигоштаанд:

Як гули максуд дар ин бустон, Чида нашуд бе мадади дустон [6]..

Дар оила фарзандон ки хануз тачрибаи кофии шахсй надоранд, бояд сари вакт аз аъзоёни оила маслихат гирифта амал кунанд. Ч,алолиддини Румй фармудааст: Машварат идроку хушёрй дихад, Аклхоро аклхо ёрй дихад.

Дар хаёт фарзандон бо сабаби нофахмй сахву хатохои зиёд содир мекунанд. Бинобар ин ба онхо дар мавридхои муайян ину он коидаи рафтор, фаъолият, фазилатхои неки инсонй бояд аз чониби волидайн фахмонда шавад ва сипас дар адои он бошуурона амал кардани онхоро назорат намоянд. Волидайн дар машваратхои худ бояд бо такя аз мисолхои хаётй дурустй ва ё нодурустии рафтору муносибатхои инсониро фахмонанд, то ки минбаъд фарзандон окилона рафтор намоянд. Чунончи, волидайн нисбати эхтироми калонсолон ва гамхорй ба кудакон машварат ороста, мефахмонад, ки онхо атрофиёнро, катъй назар аз шиносу ношинос буданашон, хурмат кунанд. Калонсолон аз ин некдилии шумо рухбаланд гашта, дар хакки шумо дуои хайр мекунанд. Зару зевар нагир, дуо гир! Зеро дуои неки пирон сарсабзии некдилон аст.

Дар «Ахлоки Мухсинй» омада:

Py мапеч аз машварат, зеро ки арбоби хирад Машваратро пешкори ахли давлат гуфтаанд [5].

Рохи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кyдaкон, ба онхо омyзондaни ме^рхои ахлокй аст. Рафтору муносибатхои калонсолон пеш аз хама метавонанд барои кудакон намунаи ибрат бошанд. Албатта, ба рафтору кирдори кудак рафтору амали мардуми атроф таъсир мерасонад. Равшан аст, ки кудакон бо кобилияти хуби таклидкуниашон фарк мекунанд. Онхо тарзи рафтору кирдори волидайнро зуд тахлил намуда, ба онхо таклид мекунанд, тарзи муносибат ва баходихиро аз калонсолон кабул менамоянд. Аз ин чихат пеш аз оне, ки ба фарзанд машварат намоем, рафтори худи волидайн бояд намуна бошад.

Модоме ки сарвари оила (падар) бо дугу пуписа гапи худашро мегузаронад, дар байни ахли оила муносибати дилхунукона нисбат ба якдигар пайдо мешавад. Дар ин вазъият хурмати хамдигар дар оила аз байн меравад ва нисбати калонсолони хона дар дили кудакон тарс пайдо мешавад, ки тарс оиларо аз хамдигар чудо мекунад ва дар байни оила самимият, хамдигарфахмй, мехрубонию дилсузй нопадид шуда, дар ин холат машварати волидайн акнун дар ин маврид натичаи дилхох дода наметавонад.

Унсурулмаолии Кайковус дар бораи тарбияи фарзанд кайд намудааст, ки «агар хохед мехри падару модар дар дили фарзандон кам нагардад, онхоро назанед, фарзандро бо сухан сдасат кунед, мисолу далелхои хaëтй бдаред, то ба онхо таъсири нек бахшад». Педагоги машхур, олими англис Ч,он Локк фармудааст: «Агар хохед, ки фарзандатон одами мехрубон, хушахлоку боистеъдод бошад, задан ва дигар намудхои чазохои чисмонй дар тарбияи кудак чандон васоити макбули тарбиявй шуда наметавонад».

Тачрибахо собит мекунанд, ки дар оилахое машварати тарбиявй бештар дуруст инкишоф меëбaд, ки агар падару модар дар хонадон мухити солими рухй фарохам овардаанд, худашон мехнати содикона мекунанд ва намунаи ибратанд. Фарзандон зимни ëддихй, машк, назорат ва гамхории волидон камолот меëбaнд, нексиришт мегарданд. Дар ин хусус порчахои шеърии шоири бузург Абдушукури Балхй суханхои зикршударо таквият медихад: Дарахте ки хурдак бувад богбон, Бигардонад уро чу хохад чунон. Чу гардад калон бод натвонад, Ки аз худаш дуруст хам бигардонад.

Панду насщат. Яке аз шаклхои мухими машварат додан ба фарзандон ин пайваста дар зехни онхо бедор намудани мухаббат ва шавкманди ба панду андарзхои ниëгон ва дигар бузургон аст. Панду насихат андарз, намуна ва маслихатхои хайрхохонаи одамони дар зиндагй тачрибаандухта нисбати эхтдачмандон аст. Панду насихат аз замонхои кадим дар чамьияти инсонй бахри дуруст ва боаклу солим тарбия кардани насли наврас арзи вучуд дорад. Ин методи тарбия хеле маъмул буда, аз он пиру барно бахра мебардоранд. Дар тарбияи дурусти кудакон аз панду насихат натанхо падару модарон, инчунин бобою модаркалон ва омузгорону мyрaббиëн истифода мебаранд. Онон ба тачрибахои дар тули зиндагй басо санчида ва дидаю шунидахои худ такя намуда, хурдтараконро ба тарики фардй ë гурухй панд медиханд.

Машварат эхтирому бовариро ифода намуда, фарзандонро ба рагбату ташаббускорй хидоят мекунад. Онхо барои ба боварии волидайн сазовор гаштан дар рафтору муносибат такя бааклу шуурнокиро мухим мешуморанд. Аз фарзанд ичрои ягон корро бо илтимос ва хохиш дархост намудани волидайн ба онхо руху кувваи тоза мебахшад. Масалан, волидайн аз фарзанди худ, чунин дархост мекунад: «Хохишмандам, дар зиндагй хамеша росткавлу ростгу бошед, ба дуруггуй хеч гох рох надихед!». Дар ин бобат Саъдии Шерозй фармудаанд: Дуруг одамиро кунад бевикор, Дуруг одамиро кунад шармсор.

Машварати волидайн барои духтар барои хaëти мустакилона баромаданаш хеле зарур аст. Дар оилае, ки духтар ба шавхар мебарояд, кушиш намояд, ки ба вазъи равонии мухити он оила мутобик шавад, на он ки бихохад онхо ба ту мувофик шаванд. Агар ту катьй ба худ бимонй ва бо умум тамос гирифта вазьи равонии худро ба вазьи равонии умум тавьам нагардонй, рузат ногузир дар торикй ва зиндагиат бо кулл ба гурбат мегузарад. Дар табиати хар як зан-модар токату тахаммул кардан дар мадди аввал бояд бошад.

Х,ама гуна машваратхои оилавй кушиш менамоянд, ки ба панч саволи асосй чавоб гардонад.

1. Мохияти рафти байни одами ба вазьияти душворафтода (ë оила) ва машваратчй дар

чист?

2. Машваратчй бояд кадом вазифахоро ичро кунадва кадом хусусиятхои шахсй, максадгузорй, дониш ва махоратхои барои ичрои бомуваффакияти хамаи вазифахо ба у заруранд?

3. Вазъияти махсуси дар хайёти оила пайдошуда ба чараёни машварат кадом хусусиятхоро менихад?

4. Кадом техника ва усулхо метавонаддар чараёни расонидани ёрй бошуурона истифода шавад.

5. Кадом имкониятхо, кувваи дохилии оила ва шахс дар рафти машварат мавриди истифода карор гирифта метавонад? [3].

Машварати оилавй ин кори хатмии бо хамаи аъзои оила баробар гузаронидашаванда нест. Дар даврахои гуногуни ин рафт ва муносибатхои гуногун аз усулхои мухталифи ташкил кардани рафти машварати оилавй истифода бурдан мумкин аст: муошират бо хамаи аъзои оила; машварати инфиродй; кор бо оила; кор бо хешовандони наздики оила; кор бо риштахои ичтимой.

Дар алокамандй бо вазъияти хаётие, ки оила дар он карор дорад, максади машварат метавонад ин ё он тагйирдихии рафти худшиносй бошад, яъне муносибати байни аъзои оила, тагйирдихихои рафторй ва гайра. Машварат новобаста аз максади мушаххас бояд ба баркароркунй ё азнавсозии алокаю робитаи байнихамдигарии аъзои оилаю олами атроф ва ба инкишоф додани хамдигарфахмй равона карда шавад..

Адабиёт:

1. Атахонов Т., Лутфуллоев М., Шарифов Ф. Очеркхои афкори педагогй. - Душанбе, 2005.

2. Афзалов Х. С., Рахимов Б. Р. Таърихи педагогикаи халки точик. - Душанбе, 2004.

3. Дастури психологияи амалй / Зери назари Н.М. Юнусова. - Душанбе, 2004.

4. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму

тарбияи фарзанд». - Душанбе, 2011.

5. Рахимов Х., Нуров А. Педагогика. - Душанбе, 2007.

6. Саъдии Шерозй. Гулистон / Ба кушиши Боймурод Шарифзода. - Душанбе, 2015.

РОЛЬ СЕМЕЙНОГО СОВЕТА В ОБУЧЕНИИ И ВОСПИТАНИИ ДЕТЕЙ

Статья посвящена актуальной проблеме, так как в настоящее время остро встаёт вопрос о роли семьи в воспитании детей. Этому свидетельствует закон Республики Таджикистан «Об ответственности родителей в воспитании детей». В статье также приведены высказывания известных педагогов Антона Семёновича Макаренко, Саъди, Абушукура Балхи и др. о воспитании, а также приводятся пословицы и поговорки.

Ключевые слова: семья, воспитание, дети, педагогика.

ROLE OF THE BOARD OF FAMILY IN TEACHING AND EDUCATION OF CHILDREN

The article is devoted to an actual problem, as is currently acutely raises the question of the role of the family in the upbringing of children. This is evidenced by the law of the Republic of Tajikistan "On the responsibility of parents in the education of children." The article also contains statements Makarenko, Sadi, Abushukur Balkhi and others on education, as well as proverbs and sayings.

Keywords: family, education, children, education, pedagogy.

Сведения об авторах: Рамазонова Раджабгул, кандидат педагогических наук, зав.кафедрой логопедии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: ramazon.72_r@mail.ru

Мирзоева Савригул, ассистент кафедры педагогики и психологии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: mirzoeva.g@mail.ru

About authors: Ramazonova Rajabgul, PhD of Pedagogical Sciences, Associate Professor of the university-wide chair of Pedagogy, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, e-mail: ramazon.72 r@mail.ru

Mirzoeva Savrigul, an assistant of the chair of Pedagogy and Psychology, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, e-mail: mirzoeva. g@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.