Научная статья на тему 'Роњњои муосири такмили фаъолияти иттилоотию китобдорї дар тољикистон'

Роњњои муосири такмили фаъолияти иттилоотию китобдорї дар тољикистон Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
255
77
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
китобхона / иттилоот / технология / роњњои муосир / талабот / маънавиѐт / истифодабарандагон
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Modern ways of improving information and library activities in Tajikistan

The article speaks about the modern methods and ways to improve the work of libraries in the Republic of Tajikistan. It is noted that the activity of libraries is changing due to the new demands of the society, and on a par with this continuous changes are seen in Tajik bibliographic science. The author argues that the widespread use of electronic resources is one of the modern ways of improving information and library activities. It is proved that the information resources differ from each other in terms of content, form and method of use. The effectiveness of the use of information resources depends on the knowledge level, professionalism and development of information culture of the librarians. The author draws a conclusion that in order to improve the information and library activities in the Republic of Tajikistan, it is necessary to adopt a program for the development of digital libraries, to ensure the long-term security of funds of electronic libraries, to promote digital libraries and their services, to arrange short-term training courses about modern information and communication technologies for the librarians.

Текст научной работы на тему «Роњњои муосири такмили фаъолияти иттилоотию китобдорї дар тољикистон»

НОМАИ ДОНИШГОҲ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2 (43) 2015

УДК 02 + 024 + 37 т С. АБДУМУЪМИНЗОДА

ББК 78,3

РОҲҲОИ МУОСИРИ ТАКМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТИЮ КИТОБДОРИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Вожаҳои калидй: китобхона, иттилоот, технология, роҳҳои муосир, талабот, маънавиёт, истифодабарандагон.

Китобхонаҳо дар ҳар давру замон ва ҳар кишвару давлат дар ташаккули маънавиёти ҷомеа саҳми босазое мегузоранд, ки аз ин раванд Тоҷикистон низ дар канор нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли дунявӣ дар арсаи байналмиллалӣ нуфуз пайдо намуда, талаботи сокинони он ба иттилоот зиёд гардида истодааст. Китобхонаҳо, ки яке аз марказҳои асосии иттилоотрасонӣ ва тарбиявии ҷомеа ҳастанд, дар самти мутобиқнамоии фаъолияти худ ба ҷомеаи муосир ва ташаккули маънавиёти шаҳрвандони Тоҷикистон масъул мебошанд.

Ғизои маънавӣ бахшидан ба инсоният дар ҳамаи давру замонҳо вазифаи аввалиндараҷаи китобхонаҳо буда, то имрӯз ва дар оянда низ ин масъулият ба зиммаи онҳо боқӣ мемонад (2, 4). Танҳо мушкилии дар сатҳи зарурӣ мутобиқ гардонидани китобхонаҳо ба талаботи замон ва роҳҳои муосири такмилдиҳии фаъолияти иттилоотию китобдорӣ бояд ҳалли худро пайдо намоянд. Барои он ки китобхонаҳо ба ҳадафҳои худ ноил гарданд, бояд пайваста фаъолияти худро такмил диҳанд.

Лозим бо ёдоварист, ки имрӯз муассисоти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ куллан самти фаъолияти худро дигар кардаанд. Умуман тагйироти ҷиддӣ дар кори ин муассисот ворид гаштааст, ки имрӯз нисбат ба дирӯз печидатар ва пурмӯҳтавотар гардидаанд (6, 87).

Барои ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти китобхонаҳо ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ қабул гардидани як қатор асноди расмӣ - қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» (10.05.02), «Дар бораи иттилоот» (10.05.02), «Дар бораи алоқаи барқӣ» (10.05.02), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (02.12.02), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (01.08. 03), «Дар бораи реклама» (01. 08.03) ҳамчун санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти китобдорӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳадафи асосии қонунҳои зикршуда беҳбуд бахшидан ба ҳамаи самтҳои фаъолияти китобхонаҳо, мусоидат кардан ба автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ, компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхона, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва такмили дониши касбии китобдорон мебошад.

Доир ба беҳтарнамоии кори китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбир андешида шудааст, ки барои пешрафти кори китобхона ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ кифоя нест. Аз ҷониби муҳаққиқони соҳа масъалаҳои назариявию амалияи фаъолияти иттилоотию китобдорӣ то андозае таҳқиқ гардидаанд. Вале дар фаъолияти китобхонаҳо тадбирҳои пешбинигардида кам роҳандозӣ гардида, китобхонаҳо ба роҳандозии роҳҳои муосири такмилдиҳии фаъолияти иттилоотию китобдорӣ ниёзманданд.

Фаъолияти китобхонаҳо вобаста ба талаботи ҷомеа дигаргун гардида рӯз то рӯз дар илми китобдории тоҷик тагирот ба назар мерасад. Аммо ин дигаргуниҳо ҳанӯз қадамҳои нахустин буда, замон истифодаи роҳу воситаҳои навтаринро дар китобхонаҳо ҷиҳати беҳтарнамоии фаъолияти онҳо талаб мекунад. Фаъолияти китобдорӣ наметавонад якнавохт бошад. Китобхонае, ки роҳу воситаҳои беҳтарнамоии фаъолияти худро ҷӯстуҷӯ намекунад, наметавонад ниёзҳои хонандагонашро бароварда созад. Имрӯз дар ҷомеа ҳар лаҳза дигаргуниҳо ба амал омада, иттилооти ҷадид бо суръати ниҳоят баланд дар гардиш аст. Дар шароити кунунӣ китобхонаҳо бояд ҳамқадами замон гардида, роҳҳои муосири такмилдиҳии фаъолияти худро ҷустуҷӯ намоянд.

Истифодаи васеи захираҳои электронӣ яке аз роҳҳои муосири такмилдиҳии фаъолияти иттилоотию китобдорӣ мебошад. Вале таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва истифодаи технологияи муосир ин ҳанӯз маънои ба ҳадаф ноил гардиданро надорад. Дар фаъолияти иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон мушкилоти зиёде ба назар мерасанд. Яке аз омилҳои паст гардидани обрӯю эътибори китобхонаҳо низ аз он иборат аст, ки аз як тараф онҳо ба ҳамин гуна технологияи муосир ба қадри кофӣ муҷаҳҳаз нестанд, аз ҷониби дигар кормандони мавҷудаи онҳо қобилияти истифодаи чунин технологияро надоранд. Имрӯз ҳаҷми

142

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43)2015

захираҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳо ниҳоят зиёд гардида, сифати онҳо бошад паст гардида истодааст. Китобхонаҳоро зарур аст, ки коркарди захираҳои иттилоотиро ба роҳ монда истифодабарандагонро бо иттилоотӣ саҳеҳ таъмин намоянд. Оқибатҳои фирефташавии хонандагон бо иттилооти бардуругро пешгирӣ намоянд.

Захираҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати мазмун, шакл ва методҳои истифодабарӣ гуногунанд. Ҳар қадаре иттилоот афзояд, барои истифодабарандагон ҳамон қадар душворӣ пеш меояд, зеро ин раванд қонуни парокандагии иттилот аст. Иттилоот дар сарчашмаҳои гуногун, бо забонҳои гуногун, дар мамлакату минтақаҳо, муассисаю идораҳо пароканда аст (7, 43).

Барои пешрафти кори китобхонаҳо ташаккули фарҳангӣ иттилоотии китобдорон низ ниҳоят муҳим мебошад. Зарурати ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки китобхонаҳо дар қиёс бо дигар системаҳои иттилоотӣ дорои навъҳои бештару гуногуни иттилоот мебошанд. Ҷиҳати ташаккули фарҳангии иттилооти китобдорон мушкилиҳо зиёданд. Ба ақидаи муҳаққиқ С. Шосаидов: «Таҷриба нишон медиҳад, ки раванди ташаккули фарҳанги иттилоотӣ дар институтҳои иҷтимоие, ки ба зиммаашон чунин масъулият вогузор шудааст, бенизом аст. Иллати ин гуна бенизоми қабл аз ҳама амалан фаъолият надоштани марказҳои масъул дар самти ҳамоҳангсозии раванди ташаккули фарҳанги иттилоотӣ мебошад. Дар соҳаи китобдорӣ бошад, марказҳои илмӣ - методӣ китобхонаҳоро бо дастурҳо, тавсияҳо, варақаҳо таъмин намекунанд. Дар ин самт банақшагирии фаъолият, омӯзиш ва таргиби таҷрибаи пешқадам ба назар намерасад. Фаъолияти китобхонаҳо бештар ба омӯзонидани донишу малакаҳои кор бо компютер маҳдуд гардидааст (7, 24).

Нақши китобхона ниёз ба он дорад, то муфид будани он дар ҷомеа ошкор шавад (5, 81). Вақти он фаро расидааст, ки мушкилоти китобхона пурра ҳаллу фасл гардида, манфиати онҳо бо усулҳои нави таргиби китобхонаҳо аз қабили рекламаи китобдорӣ тавассути телевизион, матбуот, семинар - тренингҳо, паҳннамоии варақаҳои иттилоотӣ ба тамоми табақаҳои ҷомеа фаҳмонида шавад.

Бо вуҷуди он ки илми китобдорӣ дар Ҷумҳури зиёдеро дучор мешавем, Тоҷикистон рутттд намуда, таваҷҷуҳ ба он зиёд аст, ҳанӯз афроди, ки аз имкониятҳои китобхонаҳо бехабаранд.

Масъалаи вазъи иҷтимоию иқтисодии китобхона низ бояд роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Имрӯз пеш аз ҳама мушкили асосии китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд будани имконияти онҳо вобаста ба шароити иқтисодӣ аст. Ин мушкилӣ ба татбиқи роҳҳои муосири такмилдиҳии фаъолияти иттилоотию китобдорӣ монеаҳои зиёдеро эҷод менамояд.

Китобхонае, ки иттилооти зиёд ва шароитҳои лозимиро барои кор кардан дар он дорад, кӯмаки асосиро дар ташаккули салоҳияти касбӣ - педагогию иттилоотии мутахассисони оянда мерасонад (1) .

Набудани шароит имконияти омӯзиши таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷаро маҳдуд мегардонад. Китобхонаҳо бояд аз дастовардҳои пешқадами илми китобдории хориҷа саривақт огоҳӣ пайдо намуда, китобдорон бевосита ба ин ё он мамлакат сафар намуда, кори онҳоро аз наздик омӯзанд. Албатта, чунин сафарҳо то имрӯз анҷом дода шудааст, вале онхо бисёр ангуштшуморанд.

Сабаби бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъмин набудани китобхонаҳои ҷумҳурӣ низ ниҳоят кам будани музди меҳнати кормандони китобхонаҳо ба шумор меравад.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи соҳаи китобдории тоҷик роҳҳои зерини такмилдиҳии фаъолияти иттилотию китобдорӣ бояд роҳандозӣ карда шавад:

Дар раванди тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ бояд технологияи ҷадиде ҷорӣ гардад, ки муқаррароти илмию фарҳангӣ, техникӣ ва ахлоқию тарбиявии миллӣ ва умумибашариро ба онон дастрас гардонида, ҷараёни фикру андешаи онҳоро ба самти фарогирии донишҳои замонавӣ равона сохта, истифодаи дастовардҳои илмию техники муосирро барои рушду нумӯи китобдории тоҷик таъмин намоянд;

- Амнияти дарозмӯҳлати фонди китобхонаҳои электрониро таъмин карда, тасвири асноди электронӣ муайян ва ҷорӣ гардонида, таргибу ташвиқи китобхонаҳои электронӣ ва хадамоти он ба роҳ монда шавад;

-Ҷорӣ намудани технологияи махсуси огоҳнамоии истифодабарандагони китобхона доир ба маводи ҷадиди ба захираи электронии китобхона ворид гардида;

-Таснифи дурусти захираҳои иттилоотӣ, мувофиқи соҳаҳои илм ва истеҳсолот, ҳуҷҷатикунонии иттилоот ва ташкил намудани марказҳои соҳавии захираҳои иттилоотии давлатӣ дар роҳи муҳими таъмин намудани самаранокии хизматрасонии иттилоотӣ ба шумор мераванд;

-Барномаи рушди фаъолияти китобхонаҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад;

143

НОМАИ ДОНИШГОХ. УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2 (43) 2015

-Китобхонаҳо ва имкониятҳои он пайваста тавассути ВАО таргиб карда шавад;

-Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши технологияи муосири иттилоотй ва телекомунникатсионй барои китобдорон ташкил карда шавад;

-Фаъолияти китобхонаҳо бояд дорои мақсад ва самтҳои мушаххас бошанд;

-Китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти замонавй таъмин карда шавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Базаева, А. Формирование информационно - профессиональной компетентности будущего учителя средствами информационных технологий библиотеки дис. кан. пед. наук / А.Базаева. -Челябинск, 2005. - 192 с.

2. Истифодаи технологияи муосири иттилоотй дар фаъолияти китобхонаҳо / Мураттиб С. Шосаидов. - Душанбе: Эдод, 2007. - 112 с.

3. Использование современной информационной технологии в деятельности библиотек / Ред.: Д. Шерматов. - Душанбе: Эчод, 2007. - 110 с.

4. Николаева, В. Формирование информационной культуры студентов - психологов в библиотеке вуза: дис. кан. пед. наук / В.Николаева. - Санкт - Петербург, 2007. - 213 с.

5. Сулаймонй, С. Китобхонашиносӣ /С.Сулаймонӣ, С. Камолзода. - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2012. - 148 с.

6. Сулаймонй, С. Мудирияти дониш ва омили муваффақияти он дар афзоиши фаъолиятҳои китобдорй - итттилоърасонй // Фаъолияти китобдорй дар Тодикистон/ С.Сулаймони. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 240 с.

7. Фаъолияти китобдорй. Фаъолияти идтимой - фарҳангй: назария, услубҳо, амалия: Мадмӯаи мақолаҳо / Таҳияи Қ. Бӯриев. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 240 с.

REFERENCES:

1. Bazaeva, A. The development of informational and professional competence of a future teacher by means of information technologies of a library. [Text]: diss. cand. ped. Sciences. - Chelyabinsk, 2005. -192 p.

2. The use of modern information technology in libraries [Text] / compiled by S.Shosaidov. - Dushanbe: Ejod, 2007. -112 p.

3. The sse of modern information technology in libraries [Text] / editor: J. Shermatov. - Dushanbe: Ejod, 2007. -110 p.

4. Nikolaeva, V. The development of information culture of students, psychologists, in higher school library. [Text]: diss. cand. ped. sciences. - Chelyabinsk: St. Petersburg, 2007. - 213 p.

5. Sulaimoni, S. Librarianship. [Text] / S.Sulaimoni, S. Kamolzoda. - Dushanbe: Maorif va Farhang,

2012. - 148 p.

6. Sulaimoni, S. The Management of knowledge and its success factor in the development of library and information access // [Text] Library work in the republic of Tajikistan/S.Sulaimoni. - Dushanbe: Irfon,

2013. - 240 p.

8. Library work. Cultural and sociological activity: the theory, methods, practices [Text]: Collection of papers / editor: K. Buriev. - Dushanbe: Irfon, 2013. - 240 p.

Современные способы совершенствования информационно-библиотечной деятельности в Таджикистане

Ключевые слова: библиотека, информация, технология, современные способы, требования, духовность, потребители

Статья посвящена вопросу о современных способах и путях улучшения работы библиотек в Республике Таджикистан Отмечается, что в деятельности библиотек происходят изменения в связи с новыми требованиями общества, и наравне с этим наблюдаются непрерывные перемены в таджикской библиографической науке. Автор утверждает, что широкое использование электронных ресурсов является одним из современных путей совершенствования информационно библиотечной деятельности. Доказывается, что информационные ресурсы отличаются друг то друга с точки зрения содержания, формы и методов использования. Результативное применение информационных ресурсов зависит от уровня знаний, профессионализма и развития информационной культуры библиотекарей Автором формируется вывод о том, что для улучшения информационно-библиотечной деятельности в Республике Таджикистан является необходимым принять программу развития электронных библиотек, обеспечить долгосрочную безопасность фондов электронных библиотек, осуществить пропаганду электронных библиотек и

144

НОМАИ ДОНИ1ИГОҲ. УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 2 (43) 2015

их службы, организовать для библиотекарей краткосрочные курсы обучения современным информационным и телекоммуникационным технологиям.

Modern ways of improving information and library activities in Tajikistan

Keywords: library, information technology, modern methods, requirements, spirituality, consumers.

The article speaks about the modern methods and ways to improve the work of libraries in the Republic of Tajikistan. It is noted that the activity of libraries is changing due to the new demands of the society, and on a par with this continuous changes are seen in Tajik bibliographic science. The author argues that the widespread use of electronic resources is one of the modern ways of improving information and library activities. It is proved that the information resources differ from each other in terms of content, form and method of use. The effectiveness of the use of information resources depends on the knowledge level, professionalism and development of information culture of the librarians. The author draws a conclusion that in order to improve the information and library activities in the Republic of Tajikistan, it is necessary to adopt a program for the development of digital libraries, to ensure the long-term security of funds of electronic libraries, to promote digital libraries and their services, to arrange short-term training courses about modern information and communication technologies for the librarians.

Маълумот дар бораи муаалиф:

Абдумӯъминзода Ситора, аспиранти кафедраи китобхонашиносй ва бойгонишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М Турсунзода (Цумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе), E-mail:[email protected]

Сведения об авторе:

Абдумуминзода Ситора, аспирант кафедры библиотековедения и архивоведенияе Таджикского государственного института им. М Турсунзаде (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail:soniya-9191@mail. ru

Information about the author:

Abdumuminzoda Sitora, а Post-graduate student of department librarianship and archival, Tajik State Institute named after. M. Tursunzade (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail:[email protected]

145

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.