УДК 80/81 ББК 81
РОЦЕЪ БА МАФХУМИКА- Шарипов Абду^амид Шарипович, дотсенти кафед-
ТЕГОРИЯХ.ОИ раи забони олмонии МДТ «ДДХ ба номи академик Б.
ГРАММАТИКЙДАР ЗАБОН Fафуров»; Кузиева Нодира Муродовна, сармуаллимаи
ВА НАМУДХОИ ОНХ,О кафедраи грамматикаи забони арабии МДТ «ДДХ ба
номи академик Б. Fафуров»
ПОНЯТИЕ Шарипов Абдухамид Шарипович, доцент кафедры ГРАММАТИЧЕСКИХ немецкого языка, ГОУ «ХГУ имени Б.Гафурова»; Ку-
КАТЕГОРИЙ И ИХ зиева Нодира Муродовна, старший преподователь РАЗНОВИДНОСТЕЙ кафедры грамматики арабского языка ГОУ «ХГУ
имени академика Б. Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
SOME Sharipov Abdukhamid Sharipovich, Associate Professor CONSIDERATIONS of the department of German language under the SEI CONCERNED WITH THE "KSUnamed after acad. B. Gafurov";Kuzieva Nodira NOTION OF GRAMMATICAL Murodovna, senior lecturer of the department of the CATEGORIES AND THEIR grammar of Arabic language under the SEI "KSU named VARIETIES after acad. B. Gafurov"(Tajikistan, Khujand) E-MAIL: [email protected]
Калидвожа: категория, категорияи грамматики, воситауои ифодаи категорияи грамматики, морфология, синтаксис, шакл ва мазмуни грамматики. Мафууми категорияи грамматики масъалаи васею доманадор мебошад. Забоншиносии тоцики ниёз ба уаллу фасли мафууми категориями грамматики ва алалхусус дар алоцаманди ва циёс бо забонуои хориции дар макотиби оли таълим мешуда дорад. Аз ин сабаб, дар мацола таваццууи асоси ба шаруу тавзеу намудани мафууми категорияи грамматики аз цониби забоншиносон равона карда шуда, фикру ацидауои онуо мавриди тащил царор гирифтаанд. %ини масъалагузори, муаллифони мацола кушиш ба харц додаанд, то ба намудуои категорияи грамматики (категориями мантициву грамматики, муоширативу грамматики ва сохториву грамматики) ауамияти бештар дода, онуоро ба риштаи тащиц кашиданд.
Ключевые слова: грамматическая категория, способы выражения грамматической категории, морфология, синтаксис, грамматическая форма, грамматическое значение.
Понятие "грамматическая категория "- одна из актуальных проблем в лингвистике. Таджикская лингвистика нуждается в рассмотрении понятия грамматической категории, в особенности с точки зрения сравнения с иностранными языками и с преподаванием иностранных языков в вузах. По этой причине главное внимание уделяется разъяснению данного понятия, которое приводится лингвистами, а также анализируются их размышления и точки зрения. При изучении проблемы приложены усилия и уделено внимание освещению видов грамматических категорий (логико-грамматической, коммуникативно-грамматической и структурно-грамматической категорий).
Key words: category, grammatical category, ways of expression of a grammatical category,
morphology, syntax, grammatical form, grammatical meaning.
The notion of a grammatical category is considered to be one of the actual problems in the field of linguistics. Tajik linguistics needs to dwell on the notion of a grammatical category, especially from the point of view of communication and in comparison with foreign languages taught in universities, in particular. For this reason, in the article under consideration particular attentions is paid to the clarification of the relevant notion which is adduced by linguists, and the authors analyze their thoughts and points of view as well. In the course of studying the problem, the authors of the article applied efforts and paid their own attention to the coverage of the types of grammatical categories (logical-grammatical, communicative-grammatical and structural-grammatical categories).
Дар сатхи грамматикии хар як забон мафхумхое чой доранд, ки чун вохидхои асосии сохтори грамматикй ба хисоб мераванд. Барои дуруст ва ами; дарк намудани сохтори грамматикии хар як забон мухакки; бояд бо мафхумхои грамматикй сарукор дошта бошад. Яке аз мафхумхои асосии сохтори грамматикии забон категорияи грамматикй (морфологй ва синтаксисй) мебошад.
Вокеан, хангоми тахлили вохидхои забонй (морфема, калима, лексема ва f.) ва шаклхои грамматикии ин вохидхо метавон пай бурд, ки дар таркиби онхо Fайр аз маънои луFавй боз "як чизе" карор дорад, ки ба муносибатхои гуногуни калимаи мазкур ба дигар вохидхо, ба дигар шаклхои он ишора менамояд, умумият медихад, бо шаклхои худ мазмунхоеро ифода менамояд, ки онхо ходисахои типиро, яъне мазмуни грамматикии калимаро ташкил медиханд. Мазмуни грамматикй ифодаи забонии худро дар намуди зохирии калима ба даст меорад. Дар забоншиносии имруза эътироф гардидааст, ки зери ифодаи шакли грамматикии калима на танхо намуди зохирии он, балки хамбастагии намуди зохирй бо вазифа (мазмун)-и он фахмида мешавад, ки дар ин шакл чойгир аст. Хдр як шакли грамматикй, ки ба сатхи морфология ва синтаксис мансуб аст, вазифаи муайянеро дар сохтори забон ичро мекунад. Ин вазифа (мазмун)-хо гуногунанд ва чунин падидор мешаванд: шакли муайяни калима як маънои умумии мавхумро ифода менамояд, он ба болои мазмуни луFавии калима чун як кабати иловагй "гузошта" мешавад, яъне як мазмуни мавхумро мефахмонад. Масалан, пасванди грамматикии -^о (-гон, -вон, -ён) ба исм хамрох шуда, маънои шакли чамъро ифода мекунад: китоб^о, ё ин ки пасванди грамматикии -ро дар охири исм омада (китобро) мазмуни синтаксисии пуркунандаи бевоситаро ифода мекунад. Дар хар ду холат мазмуни луFавии калима бетаFЙир мемонад, аммо мазмуни грамматикй баробари таFЙирёбии шакли грамматикй дигар мешавад. Шакли грамматикй ва мазмуни грамматикй ягонагии яклухте ва аз хамдигар чудонашавандаеро созмон медихад, ки якеро бе дигараш наметавон тасаввур кард. Дар хаёти вокей, дар олами моддй шакл бе мазмун арзи хастй надорад: шакл ва мазмун ягонагии диалектикиро ташкил медихад. Мазмуни грамматикй метавонад ба тавассути як шакли муайяни грамматикй ифодаи худро ёбад ва, баръакс, хар як шакли грамматикй ба як маънои муайяни грамматикй вобаста аст.
Инак, мазмуни грамматикй якчоя бо шакли грамматикй категорияи грамматики(морфологй ё синтаксисй)-ро ташкил медихад. Категорияи грамматикй ягонагии чудонопазири маънои луFавй ва мазмуни грамматикй мебошад.
Худи мафхуми категория аввалин шуда дар илми манти;, дар фалсафа (аз чониби Арасту) истифода шудааст, ки он дар ин сохаи илм бо шарху тал;ини мухталиф то имруз вучуд дорад.
Дар илми забоншиносй низ мафхуми категорияро бо тарзи мухталиф шарх ва ба он таърифхои гуногун додаанд.
Мутаассифона, истилох ва мафхуми "категорияи грамматикй" дар илми забоншиносй то имруз таърифи якхела ва истифодаи якрангаро надорад. Ин хулосаро аз тахлили якчанд таърифхои дар сарчашмахои илмй мавчудбуда метавон баровард. Масалан, Л.И. Баранникова менависад: "Хдмчун категорияхои грамматикй мафхумхои умумии грамматикй унвон дода мешаванд, ки хусусияти забонро муайян месозанд ва ифодаи худро дар калима ва чумла меёбанд" [2, 216]. Аз руи а;идаи Д.А. Штелинг, худи категорияи грамматикиро метавон хамчун муносибате таъриф дод, ки дар сохтори грамматикии забон ба тавассути му;обилгузории ду (на аз он зиёд) ;атор (ё гурух)-и шаклхои хамдигарро истиснокунанда ифода ёфтааст: ин ягонагии тазодхои хамдигарро истиснокунанда мебошад [13, 56]. Мувофи;и таърифи муаллиф, дар категорияи грамматикй ;онуни асосии тафаккури инсон - ;онуни ягонагии зиддиятхо инъикоси худро ёфтааст. Аммо агар мо ин таърифро ;абул намоем, пас суоле пайдо мешавад: бо баъзе ходисахои сохтори грамматикй чй бояд кард, ки ба чорчубаи ин таъриф мувофи; намеоянд, масалан, категорияи падеж, ки дар забонхои мухталиф чор, шаш, дах, балки аз он хам шаклхои зиёдро дорад; ё ки категорияи замон, ки дар забони русй се, немисй шаш, точикй дувоздах шакл дорад?
"Категорияи грамматикй гуфта он мафхумхоеро меноманд, - таъкид сохтааст забоншиноси фаронсавй Жорж Вандриес, ки тавассути морфемахо ифода меёбанд. Масалан, мафхумхои чинс, шумора, шахс, замон, сига, пурсиш, инкор, тобеъият, ма;сад, олат ва f. - хама категорияхои грамматикй дар забонхо мебошанд, ки дар онхо барои ифода морфемахои махсус вучуд доранд" (5, 91).
А;идаи Ю.С. Маслов дар бораи категорияи грамматикй чунин аст: "Му;обилгузори(тазод)-хои грамматикй системахоеро ташкил медиханд, ки к а т е г о р и я х о и г р а м м а т и к й ном доранд. Хдмин тавр, категорияи грамматикиро чун система (мачмуи ба низом даровардашуда)-и маънохои грамматикии ба хамдигар му;обилгузошташуда метавон таъриф дод, ки ба тавассути ин ё он нишондодхои зохирй ифода ёфтаанд. Категорияхои грамматикй нихоят гуногунанд - хам аз чихати теъдоди аъзои му;обилгузошташуда, ё ки граммемахо, хам аз чихати тарзи ифодаи шаклхо, хам аз чихати хусусияти мазмуни грамматикии ифодаёфта, хам аз чихати муносибати ин мазмунхо ба во;еият" [8, 159-160]. Муаллифони Грамматикаи академй (1970) бар он а;идаанд, ки мазмунхои чузъии шаклан ифодаёфтаи калимахо ба категорияхои грамматикй муттахид мешаванд, ки хулоса ва мачмуи ин мазмунхо мебошанд [7, 302]. Дар "Грамматикаи забони адабии хозираи точик" зикр шудааст, ки категорияи грамматикй ба воситаи шакли грамматикй ифода ёфта, ду масъалаи ба хам ало;амандро дар бар мегирад. Дар як маврид мачмуи маънои якранги грамматикии калимахост. Дар мавриди дигар, категорияи грамматикй гуруххои калони луFавию грамматикии калимахоеро фаро мегирад, ки бо аломату хусусиятхои умумии маъной ва морфологию синтаксисй муттахид шудаанд [6, ч.1, 79]. В.Н. Перетрухин таъкид месозад, ки "мачмуи шаклхои грамматикие, ки мазмунхои якхела
ё ба хамдигар му;обилгузошташударо ифода мекунанд, категорияи грамматикиро ташкил медихад" [9, 203]. Дар Грамматикаи академй (1980) чунин таърифи категорияи морфологй оварда шудааст: "Категорияи морфологй ин системаи ;аторхои ба хдмдигар му;обилгузошташудаи шаклхои морфологй бо мазмуни якхела мебошад. Таркиби категорияи морфологй а;аллан ду ;атори шаклхоро дарбар мегирад (мас., категорияи шумораи исм, ки аз ;аторхои шакли танхо ва шакли чамъ иборат аст). Кдтори шаклхо чузъхои категорияи морфологй мебошад. Мазмуни морфологие, ки ба кулли шаклхои ;атор хос аст, мазмуни категориалй ном дорад. Муносибатхои байни чузъхои як категория тазод (оппозитсия)-и морфологй аст" [10, 4.1, 456]. Ба ин маъно дар "Грамматикаи забони адабии хозираи точик" чунин омадааст, ки категорияи грамматикй хамчун маънои умумй ба воситаи ифодаи маънохои грамматикии алохида зохир мешаванд. Тарзи ифодаи категорияхои алохидаи грамматикй натичаи тазоди ду ва ё зиёда вохиди якхелаи забонист, ки барои ошкор кардани фар;и ин вохидхо истифода мешавад, масалан, тазоди исмхои танхову чамъ [6, ч.1, 79].
Тахлилу мушохидахо аз он шаходат медиханд, ки дар кулли ин таърифхо мазмуни грамматикй чун чузъи чудонашавандаи категорияи грамматикй эътироф гардидааст. Ин а;идаро дар таърифи категорияи грамматикие, ки аз чониби Ф.М. Березин ва Б.Н. Головин пешниход шудааст, низ метавон дарёфт намуд: "Категория грамматикй ин ягонагии дар забон во;ей вучуд доштаи як навъ мазмуни грамматикй ва воситахои шаклии ифодаи он мебошад. Ч,анбаи асосй ва созмондихандаи категорияи грамматикй мазмуни он мебошад" [3, 180]. Ч,олиби ди;;ат аст, ки дар асари Ю.С. Степанов низ категорияи грамматикй хамчун ягонагии мазмуни грамматикй ва шаклхои грамматикй эътироф гардидааст [12, 150]. О.И. Москалская, яке аз муха;;икони намоёни назарияи грамматикаи забони олмонй, таъкид месозад, ки чун кулли аломатхои забон категорияхои грамматикй дорои маъно мебошанд ва аз ду чихати ба хамдигар пайваст иборатанд: аз шакл ва мазмун, яъне, категорияхои грамматикй категорияхои дупахлуй (билатералй) мебошанд [16, 64].
A.В. Бондарко дар бораи ин хусусияти категорияи грамматикй андеша ронда, мегуяд: "Хднгоми дар бораи мохияти ду чихати категорияхои грамматикй сухан кардан бояд суоле гузошт: кадоме аз чанбахои он асосй ва фар;кунанда аст - чанбаи маъноияш ё шакливу сохториаш? Ба а;идаи мо, бешубха, чанбаи маъноияш" [4, 31].
Масъалаи мухими дигар дар тах;и;оти категорияхои грамматикй гурухбандии онхо, яъне ба намудхо чудо кардани онхо мебошад.
Категорияхои грамматикй пеш аз хама ба категорияхои морфологй ва синтаксисй чудо карда мешаванд. Категорияхои морфологй хоси шаклхои калима мебошанд, категорияхои синтаксисй ба ибора ва чумла хосанд. Ин намудхои категория баробарху;у;анд ва ба хамдигар тобеъ нестанд, балки бо тарзхои гуногун якчоя амал карда, якдигарро пурра мекунанд [11, 51; 14, 132].
B.Г. Адмони, забоншиноси маъруфи даври шуравй, дар асархои хеш ба тах;и;и категорияхои грамматикй ру оварда, се намуди онхоро чудо мекунад:
1) категорияхои манти;иву грамматикй (категорияхои соф морфол огиву грамматикй);
2) категорияхои муоширативу грамматикй (категорияхои морфологиву синтаксисй);
3) категорияхои сохториву грамматикй [1, 66-67].
Муаллиф таъкид месозад, ки категорияхои манти;иву грамматикй (соф морфологиву грамматикй) предмет, ходиса, чараён ва муносибатхои олами во;еиро дар шуури инсон дар шакли умумиятдодашуда ва тачдидкардашуда ифода мекунад, масалан, категорияи шумораи исм, падежи аккузатив хамчун номдихй ба объекти амал [15, 11]. Бо ибораи дигар, категорияи грамматикие, ки мазмуни хешро танхо дар шакли синтетикй ва аналитикии калима ифода мекунад ва бе хамбастагй бо дигар калимахо дар чумла зохир мегардад, категорияи соф морфологиву грамматикй номида мешавад.
Ба категорияхои манти;иву грамматикй категорияхое му;обил гузошта мешаванд, ки ба раванди муоширати забонй вобастагй доранд ва барои онро ба рох мондан ёрй мерасонанд, масалан, категорияи падежи исм, категорияхои шахс, замон, сюаи феъл. В.Г. Адмони онхоро категорияхои муоширативу грамматикй (кommunikativ-grammatische Kategorien) меномад [15, 12].
Муаллиф ин гуна категорияхоро аз он сабаб муоширатй-грам-матикй меномад, ки онхо, баробари дар шакли морфологии калима ифода ёфтан, барои амалй гардонидани маънои хеш ба вохидхои синтаксисй - ибора, чумла ва хатто порчаи мураккаби синтаксисй, яъне матн ниёз доранд. Ин гуна категорияхо ба раванди муоширати забонй вобастагй доранд ва ба созмондихии он мусоидат менамоянд. Масалан, категорияи шахс, ки дар шакли чонишинхои шахсй "ман", "ту", "у/вай, он" мушохида мешавад, вале дар муошират чонишини шахси якум худи гуяндаро, чонишини шахси дуюм шарики муоширатиро ифода мекунад, ба шахси сеюм мафхуми кулли чонзод ва предметхои олами моддй дохил мешаванд. Ё ки мафхуми замони грамматикй аз лахзаи нут;кунй чун мехвари координата OFOЗи худро меёбад. Ин гуна муносибатхо танхо дар доираи чумла ё матн чун вохиди сатхи синтаксисй метавонанд амалй гарданд.
Ч,олиби ди;;ат аст, ки А.В. Бондарко ин хусусияти категорияхои морфологиву синтаксиси(муоширативу грамматикй)-ро тахлил карда таъкид менамояд, ки категорияи морфологй хама ва;т муносибати муайяне ба синтаксис, ба ин ё он рохе ба сохтори чумла дорад: хар як категорияи морфологй дорои самти синтаксисй ва имконияти ояндаи синтаксисй мебошад. Муносибатхои категорияи морфологй ба сохтори чумла гуногуншакл мебошанд. Дар мавриди муайян категорияи морфологй ба чунин намуди таркиби синтаксисй мубаддал мегардад, ки навъи онро муайян месозад: хангоми ивази як чузъи категория ба дигараш навъи категорияи синтаксисй таFЙир меёбад (ё ин сохтор вайрон мегардад). Дар дигар маврид намуди сохтори синтаксисй аз он чизе, ки категорияи морфологй бо кадом чузъи хеш падидор шудааст, вобастагй надорад. Дар хама мавридхо шаклхои калимае, ки чун чузъхои категорияи морфологй падидор мешаванд, дар таркиби чумлаи мушаххас, дар мухити синтаксисй амал мекунанд. Ало;ахои категорияи морфологй бо сохтори порчаи мураккаби синтаксисй боз мураккабтар ва гуногунтар мебошанд. Вале хамаи ин холатхо муста;илии нисбии категорияхои морфологиро дар системаи грамматикии забон ва раванди амалкарди он аз байн намебарад. Чузъхои категорияи морфологие, ки дар шакли муайяни калима дар чумла амал мекунанд, махз воситахои морфологии ифодаи маънои муайянро падидор менамоянд. Категорияхои морфологй хама ва;т хусусияти ба онхо хоси категорияхои калимаро, на хусусияти чумларо нигох
медоранд. Хдмчун категорияхои калима онхо дар ;атори категория ва вохидхои синтаксисй дар нихояти кор барои ифодаи маъно дар раванди муошират хидмат мекунанд [4, 19-20].
Мавриди зикр аст, ки хар ду навъи категорияхои грамматикй (манти;иву грамматикй ва муоширативу грамматикй) бо хамдигар зич ало;аманд мебошанд: категорияи манти;иву грамматикй дар як ва;т дар ташкил ва мачрои нут;кунй на;ши мухимтаринро мебозад, ки барои ба рох мондани муошират хеле зарур аст, аз чихати дигар, категорияхои муоширативу грамматикй дар як ва;т пур аз маънои манти;й мебошанд. Вале мохияти грамматикии маънои асосии онхо, ба хар хол, гуногун мебошанд.
Бо тарзи одй метавон гуфт, ки хар кадом категорияи муоширативу грамматикй мундаричаи манти;й низ дорад. Хдр як категорияи манти;иву грамматикй бошад, барои вазифаи муоширатй низ хизмат менамояд [1, 15].
Дар забонхои аналитикй боз як намуди категорияи грамматикиро чудо мекунанд, ки унвони "сохториву грамматикй" дорад [1, 15] ва барои созмондихии сохтори вохиди нут; (чумла) хидмат мекунад, масалан, созмони чорчубавй дар чумла (рамочная конструкция в предложении), ки хусусияти чумлаи ин забонхо, масалан забони олмониро, чун як вохиди устувори муоширатй таъмин менамояд.
Дар заминаи ошной бо афкори забоншиносони гуногун оид ба ин мавзуъ, баррасй ва ;иёсу му;обалаи ин а;идахо ва хамчунин бо дарназардошти вежагихои забонхои ;иёсшаванда лозим мешуморем, ки таърифи зерини категорияи грамматикиро пешниход намоем: категорияи грамматики як мафхуми умумии грамматики мебошад, ки муносибатхои гуногуни байни предмет, ходиса ва воцеахои олами моддиро ба тавассути системаи шаклхои грамматики дар шуури инсон инъикос менамояд. Категорияхои грамматики дар хар як забон вежагихои хоси худро доранд. Онхо мохияти типикии хар як забонро муайян месозанд ва махсули инкишофи бисёрасраи тафаккури инсон мебошанд.
Пайнавишт:
1. Адмони В.Г. Синтаксис современного немецкого языка (система отношений и система построения). - Л.: Наука, 1973. - 368 с.
2. Баранникова Л.И. Введение в языкознание. - Саратов: Саратовский университет, 1973. - 384 с.
3. Березин Р.М., Головин Б.Н. Общее языкознание. - М.: Просвещение, 1979. - 345 с.
4. Бондарко А.В. Теория морфологических категорий. - Л.: Наука, 1976. - 256 с.
5. Вандриес Ж. Язык. /Перевод с французского. Примечания П.С. Кузнецова. Под редакцией и с предисловием Р.О. Шор. - М.: Государственное социально-экономическое издательство, 1937. - 410 с.
6. Грамматикаи забони адабии %озираи тоцик. Фонетика ва морфология. Ц. 1. - Душанбе: Дониш, 1985. - 356 с.
7. Грамматика современного русского литературного языка. - М.: Наука, 1970. - 767 с.
8. Маслов Ю.С. Введение в языкознание. 4-е издание. - М.: Высшая школа, 1975. - 328 с.
9. Перетрухин В.Н. Введение в языкознание. - М.: Просвещение, 1984. - 143 с.
10.Русская грамматика/Гл. ред. Н.Ю. Шведова. - М.: Наука, 1980, T.I - 783 с.; T.II -709 с.
11.Рустамов Ш. Исм (категориями грамматикй, калимасозй ва мавцеи исм дар системаи %иссаи нутц). - Душанбе: Дониш, 1981. - 216 с.
12. Степанов Ю.С. Основы общего языкознания. - М.: Просвещение, 1975. - 271 с.
13.Штелинг Д.А. О неоднородности грамматических категорий // Вопросы языкознания. - № 1. -1959. - С. 55-64.
14. Энциклопедияи советии тоцик/Сармууаррири илми М.С.Осими. - Душанбе: Сарредаксияи илмии энциклопедияи советии тоцик, 1980, Ц. 2. - 640 с.
15.Admoni W. G. Der deutsche Sprachbau. 4.Aufl. - M.: 1986. - 336 S.
16.Moskalskaia O.J. Grammatik der deutschen Cegenwartssprache. 3., verbesserte und erweiterte Aufl. - M.: 1983. - 344 S.
Reference Literature:
1. Admoni V.G. Syntax of Modern German. (Relationship System and Building system). - L-d.: Science, 1973. - 368pp.
2. Barannikova L.I. Introduction to Linguistic Studies. - Saratov: Saratov University, 1973. -384 pp.
3. Berezin R.M., Golovin B.N. General Linguistic Studies. - M.: Enlightenment, 1979. - 345 pp.
4. Bondarko A.V. Theory of Morphological Categories. - Ld: Science, 1976. - 256pp.
5. Vandries Zh. Language. Translated from French. Notions by P.S. Kuznetsov. Under the editorship and with a foreword by R.O. Shor. - M.: State Socio-Economic Publishing-House, 1937. - 410pp.
6. Grammar of Modern Tajik Literary Language. Phonetics and Morphology. -V. 1. - Dushanbe: Knowledge, 1985. - 356pp.
7. Grammar of Modern Russian Literary Language. - M.: Science, 1970. - 767pp.
8. Maslov Yu.S. Introduction to Linguistic Studies. The 4-th Edition. - M.: Higher School, 1975. - 328pp.
9. Peretrukhin V.N. Introduction to Linguistic Studies. - M.: Enlightenment, 1984. -143pp.
10.Russian Grammar. Editor-in-charge N.Yu. Shvedova. - M.: Science, 1980, - V. I - 783pp.; -V.II - 709 pp.
11.Rustamov Sh. Noun (grammatical categories, word-combination and the place of noun in the system ofparts of speech). - Dushanbe: Knowledge, 1981. - 216 pp.
12.Stepanov Yu.S. Grounds of General Linguistic Studies. - M.: Enlightenment, 1975. - 271 pp.
13.Shteling D.A. On the Heterogeneity of Grammatical Categories. // Issues of Linguistic Studies. - No. 1. -1959. - pp. 55 - 64.
14. Tajik Soviet Encyclopedia: Scientific editor-in-chief M.S. Osimi. - Dushanbe: The Central Scientific editorial board of the Tajik Soviet Encyclopedia, 1988. - V.2. - 640pp.
15.Admoni W.G. The Structure of the German Language. The 4-th edition. - M.: 1986. - 336 pp.
16.Moskalskaia O.J. Grammar of Modern German Language. The 3-d edition, revised and enlarged. - M.: 1983. - 344pp.