Научная статья на тему 'Rare source on genealogy'

Rare source on genealogy Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
62
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГЕНЕАЛОГИЯ / САМ'ОНИ / «АЛЬ-АНСОБ» / НИСБА / ПИСЬМЕННЫЕ ИСТОЧНИКИ / СОКРАЩЕНИЕ (ТАЛХИС) / ПЕРЕВОД / КОДИКОЛОГИЯ / ИСТОЧНИК / GENEALOGY / SAM' ONI / ”AL-ANSOB” / NISBA / WRITTEN SOURCES / REDUCTION (TALHIS) / TRANSLATION / CODICOLOGY / SOURCE / ИЛМИ АНСОБ / САМЪОНИ / "АЛ-АНСОБ" / НИСБАШИНОСИ / ОСОРИ ХАТТИ / ТАЛХИС / ТАРЦУМА / НУСХАШИНОСИ / САРЧАШМА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Насриддинов Фахриддин Абдуманонович

Представлена полная и всесторонняя характеристика книги «аль-Ансоб» («Генеалогия») Абу Са'да Абдулкарима Сам'они (1112-1166), являющейся одним из важнейших и авторитетнейших произведений, посвященных науке генеалогии в средневековом мусульманском мире. После определения значения генеалогии (нисбашиноси) приводится описание важнейших источников этой науки, созданных до эпохи Сам'они. Уточнено время написания книги, приводится описание её структуры и содержания, способов и принципов толкования нисбы, даны сведения обо всех изданиях труда Сам'они, об источниках и рукописях «аль-Ансоба» и т.д. Отмечается, что из-за большого объема был сделан ряд извлечений и сокращений из «аль-Ансоба», в том числе сокращение Ибн Асира, Джалолиддина Суюти (XV-XVI вв) .

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РЕДКИЙ ИСТОЧНИК ПО ГЕНЕАЛОГИИ

The article is a complete and versatile characteristic of the book ”al-Ansob” ("Genealogy”) by Abu Sa'd Abdulkarim Sam'oni (1112 1166) being one of the most important and authoritative literary productions devoted to the science of genealogy in the mediaeval Moslemic world. After the definition of genealogy in its meaning (nisba studies) the author adduces the description of the most significant sources of the science in question created before Sam'oni's epoch. There are specified the time of the book's being written, a description of its structure and contents, modes and principles of nisba interpretation are presented, the author gives information about all the editions of the work of Sam'oni, all sources and manuscripts of ";al-Ansob” and etc. It is underscored that because of a big volume a number of fragments were reduced, those ones belonging to Ibn Asir, Djaloliddin Suyuti (the XV-th the XVI cc.) inclusive.

Текст научной работы на тему «Rare source on genealogy»

УДК 830 ББК 63.214

Насриддинов Фахриддин Абдуманонович, д. и. филол., профес-сори кафедраи забон ва адабиёти тоцики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

Насриддинов Фахриддин Абдуманонович, д. филол. н., профессор кафедры таджикского языка и литературы ГОУ "ХГУ им. акад. Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Nasriddinov Fahriddin Abdumanonovich, Dr. of Philology, Professor of the department of Tajik language and literature of the SEI "KSU named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: fahr79@mail.ru

Калидвожа^о: Илми ансоб, Самъонй, "ал-Ансоб", нисбашиноси, осори хатти, талхис, тарцума, нусхашиноси, сарчашма

Мацола дар муаррифии уамацонибаи "ал-Ансоб"-и Абусаъд Абдулкарими Самъони (1112-1166), ки мууимтарин ва цомеътарин китоб дар нисбашиносии олами мусулмони дар цуруни вусто ба шумор меравад, таълиф ёфтааст. Дар огоз аз ауамияти нисбашиноси ва мууимтарин сарчашмауои илми ансоб, ки то давраи Самъони ба цалам омадаанд, сухан рафтааст. Сипас, дар меувари мацола масъалауои таърихи таълиф, сохту мундарица, усули тавзеуу шаруи нисбауо, сарчашмауо, нусхауои хатти, мацоми илмии "ал-Ансоб" ва г. батафсил баусу таулил ёфтаанд. Дар цисмати охири мацола талхисуо ва тарцумаву нашруои ин сарчашма, аз цумла талхиси Ибни Асир, Цалолуддини Суюти (царнуои XV-XVI) барраси гардида, ауамияти илмии ин манбаъ баён ёфтааст.

Ключевые слова: генеалогия, Самъони, «аль-Ансоб», нисба, письменные источники, сокращение (талхис), перевод, кодикология, источник

Представлена полная и всесторонняя характеристика книги «аль-Ансоб» («Генеалогия») Абу Са^да Абдулкарима Самъони (1112-1166), являющейся одним из важнейших и авторитетнейших произведений, посвященных науке генеалогии в средневековом мусульманском мире. После определения значения генеалогии (нисбашиноси) приводится описание важнейших источников этой науки, созданных до эпохи Самъони. Уточнено время написания книги, приводится описание её структуры и содержания, способов и принципов толкования нисбы, даны сведения обо всех изданиях труда Самъони, об источниках и рукописях «аль-Ансоба» и т.д. Отмечается, что из-за большого объема был сделан ряд извлечений и сокращений из «аль-Ансоба», в том числе сокращение Ибн Асира, Джалолиддина Суюти (ХУ-ХУ1 вв) .

Key words: genealogy, Sam' oni, "al-Ansob", nisba, written sources, reduction (talhis), translation, codicology, source

САРЧАШМАЕ НОДИРДАР НИСБАШИНОСИ

РЕДКИЙ ИСТОЧНИК ПО ГЕНЕАЛОГИИ

RARE SOURCE ON GENEALOGY

The article is a complete and versatile characteristic of the book "al-Ansob" ("Genealogy") by Abu Sa'd Abdulkarim Sam'oni (1112 - 1166) being one of the most important and authoritative literary productions devoted to the science of genealogy in the mediaeval Moslemic world. After the definition of genealogy in its meaning (nisba studies) the author adduces the description of the most significant sources of the science in question created before Sam'oni's epoch. There are specified the time of the book's being written, a description of its structure and contents, modes and principles of nisba interpretation are presented, the author gives information about all the editions of the work of Sam'oni, all sources and manuscripts of "al-Ansob" and etc. It is underscored that because of a big volume a number of fragments were reduced, those ones belonging to Ibn Asir, Djaloliddin Suyuti (the XV-th - the XVI cc.) inclusive.

Матонат ва умки тахкик бо маърифати сарчашмахои нисбашиносй пайванди кавй дорад. Дар ин замина осори мухиме, чун "ан-Насаб-ул-кабир"-и Абулякзони Ахборй (ваф. 190/806), "Ч,амхарат-ун-насаб"-и Х,ишом ибни Мухаммади Калбй (ваф. 204/819), "Мухталафу асмо ал-кабоил ва муъталафихо"-и Мухаммад ибни Х,абиби Багдодй (ваф. 245/859), "ал-Ансоб-ул-муттафака"-и Мухаммад ибни Тохири Макдисй (ваф. 507/1113), "Иктибос-ул-анвор"-и Абумухаммад Абдуллохи Рушотй (ваф. 542/1147), "ал-Ансоб"-и Аусаъд Абдулкарими Самъонй ва г. ба калам омадаанд.

Бешак, аз ин миён "ал-Ансоб"-и Самъонй аз ахамият ва мадоми бештаре бархурдор аст. Ин сарчашма мухимтарин ва чомеътарин китоб дар нисбашиносй ба хисоб меравад. Муаллифи китоб донишманди баландноми асри XII Абусаъд Абдулкарим ибни Мухаммад ибни Мансури Самъонии Марвазист (тав. 506/1112 -ваф. 562/1166), ки дар ахди худ риосати илмии Марви Шохичон ба у тааллук дошт. У бештар аз панчох асар ба калам овард, ки аз он миён "ал-Ансоб"-и у аз хама маъруфтар аст. Ин шохкорй бо тархи ба худ хос нахустин ва фарогиртарин таълиф дар заминаи шинохти нисбахо эътироф гардидааст. Ибни Асир дар ин маврид навишта: "Дар кй гуяд, ки "ал-Ансоб" аввалин китоб дар боби худ аст, сухани ростро гуфта ва хар кй пиндорад, ки ин китоб тамоми анвоъи нисбахоро фаро гирифтааст, кавли хакро баён дошта" (4, ч. 1, с. 8).

Самъонй соли 550/1155 дар Самарканд ба таълифи ин китоб огоз намудааст. Дар мукаддимаи китоб ин нуктаро бо зикри ангезаи таълиф ва баёни шеваи кор чунин ба калам оварда: "Дар сафар пайваста масъалаи ансобро пайгирй менамудам. Аз хофизони хадис дар бораи асбоби танаввуъи нисбахо ва чигунагии онхо суол менамудам ва мепурсидам, ки хар яке аз онхо бо нисбат ба чй ин гуна хонда мешаванд.

Замоне ки дар Мовароуннахр бо устоду пешвоямон Абушучоъ Умар ибни Абул-хасани Бастомй дидор муяссар гардид, маро таргиб фармуд, ки мачмуае дар ансоб танзим намоям. Дар он мачмуа хар нисбаеро, ки ба кабила, авлод, шахр, деха, чад, пеша ва ё лакаб мансуб аст ва хатман нисбахо ба ягоне аз инхо мансубанд, дар алохидагй танзим фармоям. Ин корро соли панчсаду панчох дар Самарканд огоз кардам... Нисбахоро мувофики хуруфи алифбо мураттаб сохтам. Дар харфи дуюм, сеюм ва то охири нисба ин коидаро риоят намудам. Нисбахоро бо алифи мамдуда (яъне, харфи "о" - Ф.Н.) огоз бахшидам, зеро ин харф ба манзалаи ду алиф аст. Ба ха-мин хотир, "Обурй"-ро, ки мансуб ба дехаест дар Сичистон, дар "Боби алифайн" оварда, "Ибрй"-ро, ки мансуб ба амали сузанкорист (ва хар ду дар навишти зохирй якхела-анд - Ф.Н.), дар "Боби алиф" бо "бо"-и муваххада забт намудам..." (10, ч. 1, с. 11-12).

Итмоми китоб чанд сол тул мекашад. Зодиран, Самъонй дар Марв онро ба поён мебарад. Дар тавзеди нисбаи "Далготонй", ки мансyб ба дедае аз Марв аст, навишта: "Дусти содик ва ёри мувоФики мо Абубакр Фазлyллод ибни Мyдаммад ибни Ибродим ибни Адмад ибни Абдуллоди Далготонии Борй аз дамин деда аст... Х,амеша маро бар итмоми ин китоб ташвик менамуд. Ин мачмуаи ансоб уро бисёр ба шигифт меовард ва y ходишманди китобати он буд" (9, ч. 2, с. 551).

Самъонй таърихи вафоти Абубакр Далготониро кайд накардааст. Субкй онро соли 557/1162 навиштааст (11, ч. 7, с. 264). Пас, имкон дорад, ки таълифи "ал-Ансоб" то ин сол идома дошта бошад, ё ба таъбири дигар, китоб байни солдои 550-557/11551162 таълиф ёфтааст.

Китоб бо мукаддимаи муаллиф огоз мешавад. Пас аз он чанд фасл ба адамияти омузиши ансоб, насаби Расулуллод (с), Банй Х,ошим, К^урайш, Музар, ^адтониён, Кадлону Сабаъ, ^узоъа, кабиладои мутафаррика ва г. ихтисос дода шудааст. Сипас, тадти унвони "Боб-ул-алифайн" бо нисбаи "ал-Обачй" асли китоб шуруъ мегардад. Муаллиф сараввал забти дуруст ва даракату хониши садеди нисбадоро баён медорад. Сипас ба тавзеди нисба пардохта, ба чй мучиб бо нисбат ба маконе, шахсе, дирфае ва ё кабилаву хилкате чунин нисбат ёфтанро зикр мефармояд. Агар нисба мансуб ба шадру каряе бошад, чои чугрофии онро бо зикри фосила бо амокини маъруфи дамчавор кайд менамояд. Алока ва дузури худро бо содиби нисба ва ё шадру карядо ёдрас месозад. Он год адибон, муаррихон, факедон, мудаддисон, муфассирон, мукриён ва дигар шахсиятдои илмиву фардангиро, ки бо нисбаи мавриди тавзед машдуранд, муаррифй менамояд. Дар ин замина, аз дама бештар ба афроде, ки дадису осор ривоят намудаанд, таваччуд мефармояд. Дар муаррифии шахсиятдо ба макоми илмй, устодон, шогирдон, асониди ривоят, осор ва соли даргузашт адамияти хоса зодир мекунад. Дар ин навъ маълумотдо шахсиятдо, номи осор ва вокеоте ба назар мерасанд, ки тандо дар дамин китоб мадфуз мондаанд. Хдмчунин, дар кисме аз нисбадо калимаву таъбир ва годе чумладои кудан бо забони форсии точикй дарч ёфтаанд, ки китобро чидати омузиши таърихи забон, шинохти номдои кудани иддае аз амокини кадимаи точикнишин дамчун сарчашмаи нодир муаррифй менамояд.

Намуна: "ал-Хучандй - бо замми "хо"-и муъчама, фатди "чим", сукуни "нун" ва охираш "дол" - ин нисбат ба Хучанд аст. Хучанд шадри бузургу пурхайрест дар канори Сайдун, аз билоди Машрик. Онро бо зиёдати "то" "Хучанда" низ мегуянд. Хучанд соли саду се дар адди хилофати Язид ибни Абдулмалик ибни Марвон фатд гардидааст. Аз ин шадр гуруде аз донишмандон берун омадаанд, ки ба анвои улум мансуб мебошанд. Ашхоси зерин чанде аз ондоянд:

- Абуимрон Мусо ибни Абдуллод Муаддиби Хучандй, ки адибу фозил ва содиби "Х,икаму амсол" буд. Аз Абунаср ибни Адмад ибни Х,аками Баззози Самаркандй тавассути "Китоб-ут-тафсир"-и Калбй дадис ривоят намудааст. Абусаъд Идрисй дар китоби "Таърихи Самарканд" инро зикр фармуда, афзудааст: "Абуимрон Муаддиби Хучандй, ки дар Самарканд дар китобхонааш будам, дакиме буд. Аз дикмати y чизи бисёр навиштаанд ва аз дониши y осори зиёд тадвин кардаанд. Дар доли зинда буданаш аз забони худи y дикматдояшро нашунидаам ва чизе аз онро нанавиштаам. Аммо пас аз вафоташ кисме аз дикматдои уро аз Мудаммад ибни Абдулкарим ибни Алии Табарй истимоъ фармудам. Чунин мепиндорам, ки соли сесаду шаст дар он -яъне Самарканд, даргузаштааст".

- Абузакариё Ядё ибни Фазли Варроки Хучандй. Аз чумлаи мардумони бузург буд. Нафарест, ки осору ахборро чамъ намуд, мудавван сохт, тахрич кард ва (барои

гасби илм) дaр шaдрдои мyхтaлиф 6a сaфaр пaрдохт. Дaр боби сaдобa китобе тaсниф тамуд Ba онро бa бедтaрин вaчд бa кaлaм овaрд. Аз Дорун ибни Сaиди ^yрaшй, Сaид ибни Дошими Kогaзй, Абдуллод ибни Абдyррaдмони Доримй Ba дигaрон дaдис ривоят кaрдaaст. Дaр боби редлa aз Kyraйбa ибни Сaид, Солед ибни Мисмори Kyшмедaнй, Абдуллод ибни Сaлом Ba Абдуллод ибни Абyaробa, ки дaр ду Шошй дaстaнд, ривоят дорaд. Мyдaммaд ибни Дaмдaвaйди Шошй Ba Абyсaлaмa Адмaд ибни Дошими Сaмaркaндй aз y дaдис такл нaмyдaaнд.

- Абyдaфс Умaр ибни Дорун ибни Толиби Хyчaндй - шaйхест некyмaниш, пирест мaлед, содиби хисоли дaмидa, ки aз мaшоихи суФия мебошaд. Аз aдли Хyчaнд aст. Дaр Дaлaби Шом сукутат нaмyд. Дaр Бaгшyр aз ^озй Абyсaид Мyдaммaд ибни Алй ибни Абусоледи Дaббос, дaр Бaгдод aз Абyсaъд Абдyлчaлил ибни Мyдaммaд ибни Дaсaни Совй, дaр Мaккa aз Абyмyдaммaд Абдyлмaлик ибни Дaсaн ибни Бaтнaи Ансорй Ba дигарон дaдис шyнидaaст. Чунонки одaти суфия aar, уро дaр шyнидaдояш aсле нест. Уро aввaл дaр Бaгдод дидaм, сипaс соли сивy пaнч (яъне, 535/1140 - Ф.Н.) дaр Дaлaб мулокот нaмyдaм Ba чaнд бaйт шеър aз y китобaт кaрдaм.

- Абyaбдyллод Сaлмон ибни Исроил ибни Ч,обир ибни K|aтaн ибни Хдбиб ибни Убaййи Хyчaндй. Аз Абд ибни Хдмиди Kaшшй, Фaтд ибни Амри Вaррок, Абдуллод ибни Абдyррaдмони Доримй, Ибродим ибни Дyсaйн ибни Дaйзили Дaмaдонй Ba гайри инон дaдис шyнидaaст. Бa Бaгдод омaд Ba дaдис гуфт. Алй ибни Умaри Сyккaрй aз y ривоят дорaд. Дaр Нишопур низ дaдис гуфт. Аз aдли Нишопур Абyлдaсaн Адмaд ибни Хизри Шофей aз y ривоят менaмояд. Аммо Алй ибни Бундори Зодид бошaд, aз y дaр Хyчaнд дaдис китобaт кaрдaaст. Доким(и Ношопурй, мyaллифи "Тaърихи Нишопур" - Ф.Н.) нaвиштa: "(Алй ибни Бундори Зодид) aз y бa мо дикоёт Ba aхбори aчиб ривоят кaрдaaст".

- Абyлфaзл Адмaд ибни Яъкуб ибни Уфaйр ибни Ч,утайд ибни Мусои Тaмимии Хyчaндй. Доким Абyaбдyллоди Дофиз aз y дaр "Тaърих" ёд нaмyдa, фaрмyдaaст: "Абyлфaзли Хyчaндй - шaйхест фaртyтy кyдaнсол. Мегуфт, ки соли дyсaдy пaнчодy дaфт (871) мyчовири Мaккa, Худо мyдофизaш бошaд, бyдaaст. Дaдиси Абyмaйсaрa Ba Алй ибни Абдyлaзизро шyнидaaст. Аммо нaвиштaaш aз бaйн рaфтaaст. Аз y ходиш кaрдем, то дaр Мaсчиди чомеъ он дaдисро бa мо ртоят нaмояд. Аз дофизaaш онро бa мо имло фaрмyд Ba дaдиси "^^aëy Ba-л-имону фй адрнин водидин"-ро бо ривояти худ aз Абyсaид Дaсaн ибни Алии Бaсрй, aз Хирош, aз Анaс, рaзияллодy aндy, зикр фaрмyд". Сипaс (Доким) менaвисaд, ки ин дaдисро дaр шaвволи соли сесaдy сивy дaфт (aпрели 949) бa мо ртаоят кaрд. Дaмчyнин зикр нaмyдa, ки нaздaш aз Юсуфи К^озй Ba aкрони y aдодис aст.

- К^озй Абyлмyнaввaр Бaдр ибни Зиёд ибни Абдуллод ибни Мyдaммaд ибни Мyдaммaд ибни Мyдaммaди Хyчaндй. Мyддaте дaр Сaмaркaнд икомaт кaрд. Он чо aз Абyдaфс Умaр ибни Мaнсyр ибни Хaнби Дофиз дaдис такл нaмyд. Умaр ибни Мyдaммaди Нaсaфй aз y ривоят дорaд. Дaр шaъбони соли пaнчсaдy чaдордaд (октябри 1120) дaргyзaшт Ba бa дaштодсолaгй нaздик рaсидa буд" (9, ч. 2, с. 377-378).

'^^шоб^и Сaмъонй, ки бо тaвзеди нисбaдо мaълyмотдои нодиру муфиди мaрбyт бa тaърих, фикд, дaдис, aдaб, тaсaввyф, кишвaршиносивy чугрофия Ba yмyмaн илму фaрдaнгро шомил буд, aз зaмони тaълиф тaвaччyди чомеaи илмиро бa худ чaлб сохт. Ч,омеaи илмй дaр чустучуяш бyдaнд. Дaтто бyзyргтaрин донишмaндон бa он ниёз доштaнд. Мaсaлaн, олими номвaри aсрдои XII-XIII Чдмолуддин К^ифтй (568646/1172-1248) нyсхaи хaттие aз "aл-Ансоб"-ро бa дaст овaрд, ки бо хaтти мyaллиф нaвиштa шyдa буд. Нyсхa ^ме aфтодaгй дошт. Пaс aз чустучуи зиёд кисмaти

афтодаро пайдо кард, аммо чанд вараки он вучуд надошт. Баъдан маълум гардид, ки он чанд варакро кулодсозе дар колаби кулоддояш истифода бурдааст ва аз байн рафтаанд. Аз зоеъ гардидани он аврок чунон афсус хурд, ки наздик буд бемор шавад. Чанд руз аз дузур дар хидмати амир ва борёбй дар каср худдорй намуд. Дол ба чое расид, ки дар таъзияти y, ки гуё нафаре аз акориби мадбубу гиромиаш даргузашта бошад, иддае аз бузургону давлатмардон ба манзилаш омаданд (7, мукаддима, с. 20).

Самъонй дар таълифи китоб, илова бар "Таърихи Марв", "Зайли "Таърихи Багдод"-и Хатиб" ва дигар осору масмуъоти худ, аз манобеи мудими пешиниён бадра бурда, ки "Таърихи Нишопур"-и Докими Нишопурй, "Таърихи Багдод"-и Хатиби Багдодй, "Сиёк"-и Абдулгофири Форсй, "Таърихи Самарканд"-и Абусаъд Идрисй, "Икмол"-и Ибни Мокуло, "Таърихи Бухоро"-и Fyнчор, "Таърихи Исфадон"-и Ибни Манда, "Таърихи Марв"-и Ибни Маъдон, "Таърихи Самарканд"-и Мустагфирй аз чумлаи мудимтарини ондо ба дисоб мераванд.

Муаллиф дар ибтидо дар наклу ривоят ва чарду таъдилро бо зикри иснод фародам меоварад. Аммо дар нидояти кор барои костан аз дачми китоб ва осон сохтани он барои фарогирандагон асонидро дазф менамояд (10, ч. 1, с. 12). Бо вучуди ин, "ал-Ансоб" бо дачми бузург тадвин мегардад. Ибни Асир, Ибни Халликон, Субкй, Задабй ва дигар муосирону кудамо дачми онаддаи "ал-Ансоб"-ро дашт чилд (4, ч. 1, с. 14; 5, ч. 3, с. 181) ва ё сесаду панчод тока (тока - нисфи курроса, ки тахмин бо як чузъи чопии имруза баробар аст - Ф.Н.) навиштаанд (11, ч. 7, с. 183; 2, ч. 20, с. 461). Чунин дачми бузурги китоб мучиби кам истинсох гардидани он мегардид ва нусхадои китоб камёб буданд (15, ч. 1, с. 244). Дар натича, дастрасй ба китоб барои дамагон мушкил буд. Аз ин сабаб, чандин донишманд ба талхису тадзиби он икдом намуданд, ки намунадои зерин аз чумлаи машдуртарини ондоянд:

а) Талхиси Ибни Асир (550-630/1155-1233). Муаррихи маъруф Ибни Асир талхиси худро бо дазфи кисме аз матлабдо ва афзудани андаке матолиби тоза бо номи "ал-Лубоб фй тадзиб ал-Ансоб" анчом дод.

б) Талхиси К^озй ^утбуддин Мудаммад ибни Мудаммад ибни Абдуллоди Хайзарии Димишкй (821-894/1418-1489). К^озй К^утбуддин ду бор "ал-Ансоб"-ро талхис кард. Изофоти Ибни Асиру Рушотиро ба он афзуда, талхиси худро "ал-Икмол фй талхиси кутуби-л-ансоб" номгузорй намуд.

в) Талхиси Чдлолуддин Суютй (849-911/1445-1505). Суютй бар талхиси Ибни Асир нукотеро аз "Муъчам-ул-булдон"-и Ёкут афзуд ва кори худро "Лубб-ул-Лубоб" ном нидод.

Дамчунин, талхисдои Абулдасан Алй ибни Аъюн ва Абулдасан Адмад ибни Мудаммад ибни Ибродими Ашъарй шоистаи ёдоварист (15, ч. 1, с. 244; 6, ч. 6, с. 65; 13, с. 337).

Алдол, наздик ба чидил нусхаи хаттии "ал-Ансоб" бозшиносй шудааст (6, 64; 17, 250-254). Таваччуд ба федристи ондо нишон медидад, ки нусхадои каламии ин китоб аз дама бештар дар махзандои нусахи хаттии кишвардои Туркия, Арабистони Саудй ва Диндустон мадфуз мебошанд.

Кудантарин дастхатдои "ал-Ансоб" дар Китобхонаи китобдои нодири Донишгоди Истамбул, шумораи 2777 (асри XIII), Китобхонаи Тархон-волида, шумораи 244 (асри XIV) ва Китобхонаи миллии Париж, шумораи 5874 (асри XIV) карор доранд (6, ч. 6, с. 64; 17, с. 250-254).

То имруз чанд нашри "ал-Ансоб" сурат гирифта, ки ин чо ба тартиби таърихй аз ондо ёд менамоем:

1. Нашри Д.С. Марчулиюс, ки аз нусхаи Музейи Британия, шумораи Add 23,355 ба сурати факсимелй анчом гирифтааст. Ин нашр соли 1912 зимни силсилаи осори тазкории Гип дар Лейдан ва Лондон, дар чанд чилд дар дачми 1600 сафда чоп шудааст (6, ч. 6, с. 64). Кори ин ховаршиноси аврупой нахустин кадам дар нашри ин шодкорй ба дисоб меравад. Нашри мазкур то соли 1962 ба чомеаи илмй хидмати шоистаро анчом додааст.

2. Нашри Доиратулмаорифи Усмония. Соли 1962 Доиратулмаорифи Усмония, дар Х,айдарободи Дакан (Х,индустон) бар асоси дастхатдои нодири китоб ба нашри интикодии он икдом кард. Нашри мазкур байни солдои 1962-1982 чузъ ба чузъ дар 13 мучаллад анчом пазируфт. Шаш чилди аввал бо мукаддима ва тасдеду тадкики матини Шайх Абдуррадмон ибни Ядёи Муалламии Ямонй мунташир гардид. Чун дар идомаи кор мусаддеди арчманд аз олам даргузашт, чилддои бокимонда бо кушиши гуруде аз мудаккикони диндй тасдеду нашр ёфт. Ин нашр аввалин чопи илмй-интикодии "ал-Ансоб"-и Самъонй мебошад. Чанд сол пас дар Миср бознашр гардидааст.

3. Нашри Мудаммадамин Дамач. Ин нашр бо истифодаи чанд дастхати тозаи китоб байни солдои 1976-1984 дар 12 мучаллад анчом ёфтааст. Зодиран, кор аз соли 1975 огоз гардидааст. Шаш чилди аввал дамон нашри Доиратулмаорифи Усмония бо тасдеди Муалламист, ки дар ин нашр дамчун чопи навбати дуюм омадааст (соли 1980). Ч,илддои дигар бо кушиши матншиносони дигар, мисли Мудаммад Аввома (чилддои дафтум ва даштум), Абдулкодир Арноут (чилди дафтум, дарфи "шин"), Риёз Мурод (чилди нудум, чилди ёздадум - бо дамкории Мутеъ Х,офиз), Абдулфаттод Мудаммад Хулв (чилди дадум) ва Акрам Бушй (чилди дувоздадум) сомон пазируфтааст. Ношир бо назардошти бознашри шаш чилди аввал аз нашри Доиратулмаорифи Усмония, нахуст чилди дафтумро чоп кардааст (соли 1976). Нашри мазкур аз нигоди матншиносй аз адамияти хоса бархурдор аст.

4. Нашри Дор-ул-чинон. Ин нашр соли 1988 дар панч чилд аз чониби "Дор-ул-чинон" (Бейрут) бо мукаддима ва таъликоти Абдулфаттод Умар Борудй анчом ёфтааст. Нашри мазкур то чое бознашри кори Мудаммадамин Дамач мебошад, ки бо дазфи дошияву таъликот ва афзудани нуктадои мухтасар чоп гардидааст.

5. Нашри Дору эдё ат-турос ал-арабй. Нашри мазкур соли 1999 дар Бейрут дар колаби чадор чилд сурат гирифтааст. Дар ин нашр матн дар ду сутун оварда шудааст. Асоси кор дамон нашрест, ки Мудаммадамин Дамач анчом додааст. Чунин ба назар мерасад, ки чизи тоза тандо мукаддима бо имзои Мудаммад Адмад Х,аллок ва бозхонии тозаи нашри ёдшуда мебошад.

6. Нашри Дор-ул-кутуб ал-илмийя. Ин нашр соли 1998 дар Бейрут дар шаш чилд бо дошияи Мудаммад Абдулкодир Ато сурат гирифтааст. Нашри мазкур нисбатан пургалат аст. Кори кобили таваччуди ин нашр ракамгузории аълом ва федристи номи ашхос аст, ки дар нашрдои пешин вучуд надошт. Ношир чилди шашумро ба федристи аълом ихтисос додааст.

Имруз зодгоди муаллиф ва чойгоди таълифи ин шодасар дар дудуди Ч,умдурии Туркманистон афтодааст. Ба ин мучиб, мутахассисони туркман китобро ба забони туркманй тарчума намудаанд. Ин тарчума соли 2003 дар 12 чилд аз чониби АИ Чумдурии Туркманистон дар Ишкобод ба табъ расидааст.

Дар мачмуъ, "ал-Ансоб"-и Самъонй донишномаест дар илми ансоб, ки бо забони арабй таълиф ёфтааст. Ин китоб дазорон нуктаи алокаманд ба илмдои чомеашиносиро дар худ гунчонидааст. Дар он наздик ба 4500 нисба тавзед ёфта,

афзун аз 11500 шахсиятхои мансуб ба нисбахо муаррифй гардидаанд. Ин китоб нуд карн инчониб хамчун сарчашмаи муътамад дар мактабхои илмй хидмат менамояд. Дар ин шохкорй рочеъ ба маърифати густураи илму фарханг ва чугрофиёи таърихии миллати точик асноди зиёди хануз омухтанашуда махфуз аст. Бошад, ки харчи зудтар тарчумаи точикии ин китоб анчом ёбад ва хишти мухкаме дар кохи тахкими худшиносии миллй нихода шавад.

Пайнавишт:

1. Ёцути Хамавй, Абуабдуллоу Ёцут ибни Абдуллоу ал-^амавй. Муъцам-ул-булдон. -Бейрут: Дору Содир, иборат аз уафт цилд.

2. Зауаби, Шамсуддин Мууаммад ибни Аумад. Сияру аълом ан-нубало. - Бейрут: Муассисат-ур-рисола, 1985, иборат аз бисту панц цилд.

3. Зирикли, Хайриддин. ал-Аълом. - Бейрут: Дор-ул-илм ли-л-малойин, 2002, иборат аз уашт цилд.

4. Ибни Асир, Иззуддин ибни Асири Цазари. ал-Лубоб фи таузиб ал-Ансоб. - Багдод: Мактабату Мусанно, иборат аз се цилд.

5. Ибни Халликон, Абулаббос Аумад ибни Мууаммад. Вафийёт-ул-аъён. - Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 1998, иборат аз шаш цилд.

6. Карл Броккелман. Таърих ал-адаб ал-араби. - Риёз: Мактабат-уш-шомила, 2004, иборат аз шаш цилд.

7. Кифти, Цамолуддин Абулуасан Али ибни Юсуф. Инбоу-ур-рувот. - Коуира: Дор-ул-фикр ал-араби, 1986, иборат аз чауор цилд.

8. Самъони, Абдулкарим ибни Мууаммад. ал-Ансоб / Бо муцаддима ва таълицоти Абдуллоу Умар ал-Боруди. - Бейрут: Дор-ул-цинон, 1988, иборат аз панц цилд.

9. Самъони, Абдулкарим ибни Мууаммад. ал-Ансоб / Бо уавошии Мууаммад Абдулцодир Ато. - Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмия, 1998, иборат аз панц цилд.

10.Самъони, Абдулкарим ибни Мууаммад. ал-Ансоб / Тасуеу ва таълици Шайх Абдурраумон ибни Яуё ал-Муалламии Ямони. - %айдаробод, 1962, иборат аз дувоздау цилд.

11.Субки, Тоцуддин Абунаср Абдулваууоб ибни Али. Табацот-уш-шофеия ал-кубро. -Коуира: Дору эуё ал-кутуб ал-араби, иборат аз дау цилд.

12. Умар Ризо Каууола. Муъцам-ул-муаллифин. - Бейрут: Дору эуё ат-турос ал-араби, 1957, иборат аз понздау цилд.

13.Фаруанги осор. Ба сарпарастии Аумад Самеии Гелони. - Теурон: Суруш, 1375.

14. Фуод Сазгин. Таърих-ут-турос ал-араби. - Риёз: Дор-ус-сацофати ва-н-нашр, 1991, иборат аз дау цилд.

15.Х,оцй Халифа, Мустафо ибни Абдуллоу. Кашф-уз-зунун. - Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 2005, иборат аз се цилд.

16. Юсуф Иллион Саркис. Муъцам-ул-матбуот ал-арабийя. - Коуира: Мактабат-ус-сацофа ад-динийя, иборат аз ду цилд.

17.Яуё Маумуд ибни Цунайд. Абусаъд ас-Самъони ва оламийят-ус-сацофа ал-арабийя. -Риёз: Марказ-ул-бууус ва-т-тавосул ал-маърифи, 2017.

Reference Literature:

1. Yokuti Hamavi Abuabdullah Yokut ibn Abdullah al-Hamami. Mujam-ul-Buldan. - Beirut: Medicinal Sodium, In 7 volumes.

2. Zahabi, Shamsuddin Muhammad ibn Ahmad. Lifestyle of Scientists and Men-of-Letters. -

Beirut: Research Center, 1985, In 25 volumes.

3. Zirikli, Khairiddin. al-Alam. - Beirut: Scientific Encyclopedia, 2002, In 8 volumes

4. Ibn Asir, Izzuddin ibn Asiri Jazari. al-Lubab f Tahzib al-Ansab. - Baghdad: The Second School, in 3 volumes.

5. Ibni Hallikon, Abulabbos Ahmad ibni Muhammad. Vafyot-ul-A'yon. - Beirut: The Book Publishing-House, 1998. In 6 volumes.

6. Carl Brockelman. The History of Arabic literature. - Riyoz: Included School, 2004, In 6 volumes.

7. Kifti, Jamoluddin Abulhasan Ali ibn Yusuf. Inb-ur-ruvot. - Cairo: Arabic Ideological publishing-house, 1986, In 4 volumes.

8. Sam'oni, Abdulkarim ibn Muhammad. Al-Ansab / Introduction and Research by Abdullah Umar al-Boroudi. - Beirut: Dor-ul-jinin, 1988, In 5 volumes.

9. Sam'oni, Abdulkarim ibn Muhammad. al-Ansab / Footnoted by Muhammad Abdulqadir Ato. -Beirut: Publishing-house of books and science, 1998, In 5 volumes.

10.Sam'oni, Abdulkarim ibn Muhammad. al-Ansab / revised and enlarged by Sheikh Abdurrahman ibn Yahya al-Mu'allimi Yemoni. - Hyderabad, 1962, In 12 volumes.

11.Subki, Tadjuddin Abunasr Abdulwahab ibn Ali. Tabaqot-shu-Sophia al-Kubro. - Cairo: Reedition of Arabic Books , In 10 volumes.

12.Omar Riza Kahlo. Co-authors. - Beirut: Arabic literature publishing-house, 1957, In 15 volumes.

13. The Dictionary of Works. Sponsored by Ahmed Samai Geloni. - Tehran: Surush, 1375 hijra.

14.Fuod Sazgyn. The History of Arabic Literature. - Riyoz: Publisher, 1991, In 10 volumes.

15.Hoji Khalifa, Mustafa ibn Abdullah. Discovery. - Beirut: Books and Science Publishing-House, 2005, In 3 volumes.

16.Joseph Illion Sarkis. Collection of Arabic Press. - Cairo: Educational Religious Tenet, In 2 volumes.

17. Yahya Mahmud ibn Junayd. Abusa'd as-Samani va 'Olamiyyat-as-Saqqa al-Arabyiya. - Riyoz: Disscutional and Presentative Publishing-Center, 2017.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.