Научная статья на тему 'ПРИНСИПИ АСОСИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ КОРХОНАҲОИ САНОАТЇ'

ПРИНСИПИ АСОСИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ КОРХОНАҲОИ САНОАТЇ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
232
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
industry / goal / social / products / investments / efficiency / enterprise / risk / management

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Зувайдуллоева Ганҷина Холмуродовна, Шодиев Бурҳониддин Саидалиевич

The scientific article defines the basic principles of industrial enterprise risk management. Based on the research article, it is necessary to confirm the conclusion that the desired economic object must have information about the existing risks, their likelihood, as well as the extent of their coverage, and this should be reflected in the risk map. The management of risks and investment risks at industrial enterprises, in turn, must have constant and direct access to the current monitoring information of the enterprise and, if necessary, use the risk management methods available in the database.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ПРИНСИПИ АСОСИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ КОРХОНАҲОИ САНОАТЇ»

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

ПРИНСИПИ АСОСИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ КОРХОНАХОИ

САНОАТИ

ХУШВАХТЗОДА ^ОБИЛЧ,ОН ХУШВАХТ

Донишгох,и миллии Точ,икистон

Донишгохд миллии Точикистон, доктори илми ик;тисодй, профессор, ректор.

ЗУВАЙДУЛЛОЕВА ГАНШИНА ХОЛМУРОДОВНА

Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дотсенти кафедраи тахдили

ик;тисодй ва аудит

ШОДИЕВ БУРХОНИДДИН САИДАЛИЕВИЧ

Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав, дотсенти кафедраи тахдили

ик;тисодй ва аудит Муассисаи давлатии таълимии Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

The scientific article defines the basic principles of industrial enterprise risk management. Based on the research article, it is necessary to confirm the conclusion that the desired economic object must have information about the existing risks, their likelihood, as well as the extent of their coverage, and this should be reflected in the risk map. The management of risks and investment risks at industrial enterprises, in turn, must have constant and direct access to the current monitoring information of the enterprise and, if necessary, use the risk management methods available in the database.

Key words: industry, goal, social, products, investments, efficiency, enterprise, risk, management

Дар мацолаи илми принсищон асосии идоракунии хавфу хатархои корхонаи саноат муайян карда шудааст. Дар асоси мацолаи тахцщоти хулосаеро бояд тасдиц кард, кидар объектидилхохихочагидори бояд дархусусихавфхоимавцуда, эхтимолияти ощо, инчунин худуди фарогирии он маълумот махфуз бошад ва он дар харитаи хавфхо инъикос гардад. Идоракунии хавфу хатари сармоягузори дар корхонахои саноати дар навбати худ бояд ба иттилооти мониторинги чории корхона ба таври доими ва фаври дастраси дошта бошад ва дар мавриди зарури усущои дар пойгох мавчудбудаи идоракунии хавфхоро истифода барад.

калид вожа^о: саноат, хадаф, щтимой, махсулот, сармоягузори, самараноки, корхона, хатар, идоракунии

Саноатикунонии босуръати кишвар хамчун хадафи чоруми миллй бо ма;сади халли масъалахои и;тисодиву ичтимой ва таъсиси ч,ойх,ои корй эълон гардид. Вобаста ба хамин Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон дар Паёми соли 2018 ;айд намуд, ки то соли 2030 хиссаи сохаи саноат дар мачмуи махсулоти дохилй ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин ма;сад бояд амалишавии барномахои сохавии ;абул гардида ва лоихахои сармоягузорй тахти назорати ;атъй ;арор дода, самаранокй ва сифати онхо таъмин карда шавад[1]. Халли ин масъаларо дар та;вият додани фаъолияти сармоягузории корхонахои саноатй, бо дар назардошти идоракунии хавфу хатархои он дидан мумкин аст.

Дар робита ба ин, сохторбандии назарияи мавчудаи идоракунй ва коркарди имконпазири низоми идоракунии хавфхо бо бахисобгирии хусусиятхои корхонаи

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

саноатй масъалахои мухим хисоб меёбанд. Бо ин мадсад дар назди идоракунандагони хавф вазифахои муайян гузошта мешаванд, чунончи:

> муайянкунии терминологияи назарияи идоракунии хавфу хатар;

> ташаккул додани принсипхо ва функсияи идоракунии хавфу хатар;

> муайян кардани унсурхои асосии раванди идоракунии хавфу хатар дар корхонахои саноатй.

Бо халли масоили додашуда комилии консептуалии назарияи идоракунии хавф дар корхонахои саноатй ба даст меояд. Тахдидоти мо махз дар алодамандй ва мувофидат бо вазифахои гузошташуда амалй гардонида шудааст. Низоми идоракунии хавфхо, ба монанди дигар низомхо, аз объект ва субъекти идоракунй иборат мебошад. Дар ин маврид ба сифати объекти идорашавандаи корхона ва муносибати идтисодии он бо дигар агентихои хочагидорй баромад мекунад. Бузургии тагйирёбандаи идорашавандаро бузургии хисобкунй-дарачаи хавф ташкил медихад. ^исмати идорашаванда ва ё субъекти идоракуниро дар ин зернизом гурухи махсуси одамон (зерсохтор ва ё корманди корхона, ки аз хизмати мушовирони касбй истифода мебарад) ташкил медиханд, ки онхо дар асоси ахбори гирифтаашон методхои мухталифи назарияи хавфро истифода бурда, тадбирхои таъсир гузорем андешанд, ки ба идоракунии раванди пастшавии дарачаи хавф ва ё дар худуди муайян нигох доштани он равона шудаанд.

Низоми идоракунии хавфхо дар корхона аз як тараф, низоми кушода буда, як дисмати низоми идтисодиро ташкил медихад, ки он дар худ хамаи унсурхои тавсиф дихандаи сохтори додашударо фаро мегирад, аз тарафи дигар, он зернизомеро ба вучуд меорад, ки хамаи равандхои дар корхона ба амал оянда ва шаклхои фаъолиятро, ки байни хамдигар таъсири хам ба таври уфудй ва хам ба таври амудй алодаманданд доранд, дар бар мегирад.

Аз руи натичахои тахлили оид ба назарияи идоракунии хавфу хатархои гузаронида шуда ва дар доираи маводхои тахдидотии Костюченко Н.С. мо вазифахои асосй идоракунии хавфу хатархо дар корхонахои саноатй мушаххас намудем аз чумла: ташкил, коркарди методхои идоракунй, коркарди таклифхо оид ба оптимизатсияи идоракунй [5,с.240]. Ин вазифахоро ба дарачаи амид вобаста ба мадсадхои гузошташуда метавон мушаххас намуд. Барои ноил шудан ба мадсади афзун гардонии фоида аз фаъолияти корхонаи саноатй вазифахои дар чадвали 1 овардашуда бояд хал карда шаванд. ВАЗИФАХОИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ КОРХОНАХОИ САНОАТЙ

Ташкили идоракунии хавфхо Коркарди усулхо ва методхои идоракунии хавфхо Пешниходи таклифхо оид ба оптимизатсияи фаъолияти корхонаи саноатй бо мадсади афзун гардонидани даромаднокй бо хавфи кам (минималй), аз чумла дар шароити номуайяни вазъи хочагидорй

Ташкили мадомоти идоракунии хавфхо, муайяннамудани салохияти онхо Коркарди методикаи шабехгардонии хавфхо Оптимизатсияи равандхои тичоратии (бизнес-равандхои) амалхои ичрошаванда, кори дастгоххо ва тачхизот

Тасдиди сохтори ташкилии корхона, тадсимоти вазифахо ва салохиятхо оид ба идоракунии хавфхо Коркарди таснифоти хавфхо Оптимизатсияи шабакахои иттилоотй дар байни зерсохтор ва сеххо

Коркард ва тасдиди сиёсати идоракунии хавфхо Коркарди методикаи тахлили хавфхо Оптимизатсияи портфели супоришхо бо бахисобгирии

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

сарбории пурраи тавоноии истехсолот

Коркарди стратегия ва тактикаи идоракунии хавфхо Коркарди усулхо ва методхои назорати хавфхо Оптимизатсияи таъсири мутадобил бо шарикони тичоратй (бизнес-шарикон)

Коркарди хуччатхои меъёрии дохилй, ки методхои аниди идоракунии хавфхоро дар бар мегиранд Коркарди усулхо ва методхои пасткардани хавфхо Бехтар гардонидани афзалияти радобатии махсулоти истехсолшаванда

та;ияи муаллифон

Тахлили чадвали 1 нишон медихад, ки вазифахои асосй дар сохаи ташкили низоми идоракунии хавфхои ташкил додани мадомоти идоракунй ва таъмини кори аниду сахехи он ба туфайли бардарор кардани алодаи байни унсурхо бахисоб меравад. Дар ташкили ин кор созмон додани регламентхо, коркарди стратегия ва хуччатхои меъёрй надши халкунанда мебозанд. Бо бахисоб гирифтани глобализатсияи чахонй ва афзоиши ноустуворй дар бозори саноати сабук ва вазнин аз руй хати вазифахои оптимизатсияи таъсири мутадобили шарикони тичорат вазифахои таснифоти хавфхо ва коркарди методхои пасткунии хавфхоро чудо кардан мумкин аст. Тахлили фаъолияти корхонахои саноатй дар шароити муосири вазъи идтисодй ба хулосае меорад, ки дарачаи имкониятхои тичоратии корхонахои саноатии муосир аз руи чунин унсурхо, ба монанди тачхизоти технологии баланд, коркардхои инноватсионй, кормандони сохиб касб ва мучахаз будан бо низомхои навтарини идоракунй муайян карда шавад ишора намудааст Марцынковский Д [7].

Хар як назарияи дилхох бояд ба принсипхои асосй такя намояд, ки дар асоси онхо амсилаи (модели) идоракунй, доидаи муносибат дар ин ё он вазъи ба амал омада ташаккул меёбад. Дар робита бо ин, вазифаи асосию мухимми тахдидоти илмй рушди принсипхои низоми идоракунии хавфу хатархои сармоягузории корхонаи саноатй дар равандхои тичоратй бахисоб меравад, ки онхо бояд ба анъанахои рушди идтисодиёти давлат чавобгу бошанд ва надши афзояндаи идоракунии хавфхои корхонахои саноатиро дар шароити муосири идтисодй инъикос намоянд.

Принсипхои низоми идоракунии хавфхои корхонаи саноатй бояд дар алодамандии ногусастанй бо асосхои назарияи идоракунии хавфхо хамчун нудтаи ибтидоии назарияи идоракунии хавфхои корхонахои саноатй дида баромада шаванд [10, с.174-178]. Ба назари мо, принсипхои низоми идоракунии хавфхои корхонаи саноатиро ба умумй ва хусусй тадсим кардан ба мадсад мувофид аст. Дар зери мафхуми принсипхои низоми идоракунии хавфхои корхонахои саноатй нудтахои асосиеро фахмидан мумкин аст, ки онхо донуниятхои мавчудаи хавфхои идтисодй, тачрибаи гуншуда, гояхои рохбарй ва доидахои асосии идоракунии хавфхои корхонахои саноатиро инъикос менамоянд.

Аз руи тахлили оид ба вазифахои идоракунии хавфу хатари гузаронида шуда ва коркардхои муосири сохаи идоракунии хавфхо гурухбандии принсипхои низоми идоракунии хавфхо амалй карда шуд, ки он дар чадвали 2. Пешкаш гардидааст.

ПРИНСИПХОИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФХОИ КОРХОНАХОИ

САНОАТЙ

Принсип Мохияти принсип Ба чи асос ёфтааст Читавр ба даст меояд

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

Интегратсия Имконияти ба намуд ва омилхои нави хавфхо сари ва;т у бо тезй чавоб додан ва ба он мутоби; шудани тамоми низоми идоракунии хавфхо дар назар дошта шудааст Ба комплекснокии низоми идоракунии хавфхо Бо рохи чорй намудани принсипхои идоракунй дар хар як зерсохтори объекти идоракунй

Бе фосилагии амал кард Идоракунии хавфходар ва;таш бо фаъолияти корхона мувофи; меояд Ба тахмини доимй набудани дарачаи хавфхо ва зарурати доимо идора кардани хавфхо Чорй намудани алгоритмхое,ки ;одиранд хавфхоро сари ва;т пешгирй ва тахлил намоянд

Сарива;тй Ичрои тартиби идоракунии хавфхо дар муддати ба он мувофи;и ва;т Ба омузиши пай дарпай ва ;абули ;арор дар лахзаи муайяни ва;т Хамохангии амалхои дар ва;ти муайян андешидашуда

Иттилоотнокии кофй Ба менечери хавф танхо дар холати зарурати амали ттилоъ додан Ба мавчуд набуда нисели иттилооти кофй Ташкили мачмуи нисбатан оптималии методхои баходихй ва нишондихандахои фаъолият

Такмиили бефосилаи ташкили низом Худрушди хии мунтазами зер сохтор Ба болоравии (прогресси) кори зернизоми корхона Чустучу ва чорй намудани методхои нисбатан самараноктар

Баланд бардоштани на;ши низом Ташкили дастгохи самаранокиаш баланди идоракунй, ;обилияти таъмин карда тавонистани ноилшавй ба ма;садхои низоми идоракунии хавфу хатар Ба рушди усулхои идоракунии хавфхо дар фаъолияти амалй Баланд бардоштани на;ши ма;омоти идоракунии дар низоми идоракунии хавфу хатар

Амсиласозй Ба равандхои алохида та;сим кардани фаъолияти корхона ва амсиласозии вазъ-иятхои гуногун Ба имконияти пешгуй кардани вазъиятхои алохида ва дар дарачаи додашуда нигохдошта-ни о;ибати хавфи сарзада Амсиласозии вазъиятхои мушаххаси зернизоми корхона

Ратсионалнокии махдуди Г. Саймон Субъекти дилхохи и;тисодй ;обилияти ;абули ;арорхои хурди оптималиро надорад Хатто низоми идоракунии хавфу хатар хеле мураккаб низ ;обил нест пурра аз хавф рахо ёбад, вале ба ин бояд саъй намояд Гузаронидани хисобу китоб бо назар дошти он ки хамаи хавфхоро пешгуй кардан номумкин аст

Аз тарафи кормандон ;абул шудани ;арорхои хавфнок Хар як корманди корхона метавонад на;ши менечери хавфро ичро намояд ва бояд барои ;абули ;арорхои нисбатан бехавф манфиатдор бошад Ба манфиатдор будани хамаи кормандон барои пасткардани хавф Рушддихии фарханги корпоративй

Бояд ;айд кард, ки яке аз принсипхои асосии идораунии муосири хавф муттасилии он ва интегратсияи хамаи унсурхои сохтории корхона башумор меравад [8,с.240]. Ма^з тахлили муттасили вазъият, назорат аз болои ;арорхои ;абулгардида ва дахолати оперативй имкон медиханд, ки ма;садхои пешгузошта шуда ичро гарданд. Хамчунин бояд ;айд кард, ки дар кори кормандони корхона принсипи таъмини иттилоотй на;ши мухим мебозад. Мохияти он аз пешниходи ми;дори оптималии иттилоот ба менечери

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

хавф иборат буда, ба хамин минвол имкон пайдо мешавад, ки аз миддори зиёдатии иттилоот ва сарфи захирахо барои мониторинги доимии вазъи корхона канора гирифта шавад.

Гурухбандии пешниходшудаи принсипхои низоми идоракунии хавфу хатар аз принсипхои мавчуда бо он фард мекунад, дар баробари инъикоси мохият онхо ба чи асос ёфтани принсип ва чи тавр ба ин принсипхои идоракунй ноил шуданро кушода медиханд. Гурухи коркард шудаи принсипхои идоракунй дар шакли чадвал хамчун шакли мувофид, мухтасар ва гунчоишдори инъикоси мухтавои принсипхо пешниход гардидаанд.

Хамин тарид, дар мадола принсипхои асосии идоракунии хавфу хатархои корхонаи саноатй муайян карда шудаанд. Вале барои сохтани низоми идоракунии хавфи корхона анид муайян кардани объект ва субъекти низоми идоракунй, аз чумла функсияхои онхо зарур мебошад. Ду навъи функсияи идоракунии хавф-функсияи объекти идоракунй ва функсияи субъекти идоракунй мавчуд мебошад. Раванди таъсири субъект ба объекти идоракунй, яъне худи раванди идоракунй танхо дар шароити даврзании иттилооти муайян дар байни зернизоми идоракунанда ва идорашаванда имконпазир аст [3,с.600]. Барои ташаккули алгоритми идоракунии хавфхо таснифоти мукаммали функсияи идоракунии хавфу хатархо коркард гардидааст (чадвали 3).

Дар байни вазифахои субъекти идоракунии хавф унсурхои асосиро чудо кардан душвор аст, зеро раванди идоракунй хусусияти комплексй дошта, хамаи вазифахои он ба андозаи муайян ичро мегарданд. Ба туфайли омузиши стандартхои муосир ва тарзхои идоракунии хавфхо унсурхои ба хамаи низоми идоракунии хавфхо хоси раванди идоракунй муайян карда шудаанд, ки онхо дар чадвали 3 [8,с.240]. пешкаш гардидаанд.

Чддвали 3.

УНСУРХОИ РАВАНДИ ИДОРАКУНИИ ХАВФХО_

Унсури раванд Тавсиф

Мадсад гузорй Тартиботи дилхохи идоракунй аз ин зина огоз меёбад, зеро дар асоси мадсадхои гузошташуда вазифахои идоракунй ва сохаи татбиди он муайян карда мешавад

Шабехгардонии (монандкунии) хавфхо Шабехгардонии хавфхо унсури асосии методикаи идоракунии хавфхо бахисоб рафта, аз дузина иборат аст: зохиркунии хавф -раванди ошкор сохтани ба номуайянй гирифтор шавандагии корхонаро дар бар гирифта, мавчудияти иттилооти пурраро дар хусуси корхона, бозор, донунгузорй, мухити ичтимой, фархангй ва сиёсии он тадозо менамояд; тавсифи хавф, ки мадсади он инъикоси сохторноки хавфхои ошкор гардида мебошад

Ченкунии (андозагирии) эхтимолият ва одибатхо Мохияти зинаи сеюм аз баходихии бевоситаи имконияти сарзадани ходисахои номадбул иборат мебошад, ки онхо баруйхати пешинаи тахлили хавфхо ворид шудааст

Харитаи хавфхои корхона Маълумотро дар хусуси тавсифи хавфхо, механизмхои амалкунандаи назорат, тадбирхои оид ба пасткунии хавф андешидашуда ва шахсони барои гузаронидани ин чорабинй масъулро пурра менамояд

Баходихии хавфхо Раванди арзёбии хавфхо тахлили одибатхоро дар бар мегирад, ки он аз муайян кардани натичахои таъсиррасонй ба одамон, моликият ва ё мухити атрофро дар мавриди сар задани ходисахои номадбул иборат аст

Фаъолияти боэътимон ва самарбахши корхонаро ба туфайли ошкор сохтани он хавфхое, ки диддати рохбарият ва муайян кардани

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

Тадбирхои оид ба идоракунии хавфхо нуфузи хавфхоро аз ну;таи назари ма;садхои корхона таъмин месозад. Ин тадбирхои стифодаи мачмуи муайяни методхои идоракуниро дар бар мегирад

Мониторинг ва тахлили хавфхо Раванди назораткунии хавфхои идентифи-катсияшуда (шабехгардонидашуда), мони-торинги хавфхои бо;имонда, ичрои на;шахои чавобгардонй ба хавф ва баходихии самаранокии онхо дар давоми сикли хаётии лоиха

Барнома оид ба идоракунии хавфхо Низоми бо тамоми чузъиёташ кор кардшуда мебошад, ки бо ёрии он шабехгардонй, тасниф, баходихй ва назорати хавф бо ма;сади пешгирй, махдуд гардонй ва паст кардани хатар ва талафоти оянда. Барнома ;исмати чудонашавандаи сиёсати ёрии тиббии баландсифати пешниходшавандаро дар бар мегирад

Пойгохи меъёрй-методй Бойгоние мебошад, ки мунтазам бо иттилоот дар хусуси завфхои мавчудаи корхона, методхои ошкорсозй ва идоракунии хавфхо пурра гардонида мешавад

Дар доираи мавод^ои Рыхтикова Н.А. Анализ и управление рисками организации. 2-е изд. М.: ФОРУМ, 2012. 240 с та^ия карда шудааст.

Стандартхои мавчуда ба на;ши махсуси унсурхои чамъоварй ва захирашавии маълумот дар хусуси назарияи идоракунии хавфу хатарро чандон эътибор намедиханд, аз ин чост, ки ин ба сифати идоракунй таъсири манфй мерасонад. Дар асоси ин хулоса метавон ;айд намуд, ки ба руйхати асосии унсурхои хатмии раванди идоракунй пойгохи меъёрй-методй ворид карда шавад. Зеро методикаи дилхох бояд иттилооти сарива;тии методхои нави мубориза бо хавфхоро таъмин созад. Барои корхона доштани пойгохи иттилоотй дар хусуси хавфхои мавчуда зарураст. Мавчудияти пойгохи меъёрй-методй дар корхона имкон медихад, ки ичроиши хамаи принсипхои идоракунии хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои саноатй таъмин гардад. Мавчудияти унсури мазкур дар корхонаи саноатй имконият медихад, ки дар як ва;т ичроиши принсипхои ташаккулёфтаи идоракунии хавфу хатар-принсипи таъмини иттилоотй, бефосилагй ва принсипи такмили низом таъмин шавад.

Дар асоси ма;олаи тах;и;отй хулосаеро бояд тасди; кард, ки дар объекти дилхохи хочагидорй бояд дар хусуси хавфхои мавчуда, эхтимолияти онхо, инчунин худуди фарогирии он маълумот махфуз бошад ва он дар харитаи хавфхо инъикос гардад. Идоракунии хавфу хатари сармоягузорй дар корхонахои саноатй дар навбати худ бояд ба иттилооти мониторинги чории корхона ба таври доимй ва фаврй дастрасй дошта бошад ва дар мавриди зарурй усулхои дар пойгох мавчудбудаи идоракунии хавфхоро истифода барад. Ин тарзи кор ичроиши яква;таи якчанд принсипи шакл гирифта, чунончи бефосилагй ва таъминоти иттилоотиро имкон медихад. Мавчудияти пойгохи иттилоотй имконият фарохам меорад, ки ба вазъи хавфноки ба ву;уъ омада ба таври фаврй таъсир расонида шавад ва ба кормандони нав аз мавчудияти хавф ва методхои пешгирии онхо иттилооъ дода шавад. Гурухбандии унсурхои низом имкон медихад, ки ва;т барои гузаронидани тартиботи идоракунй сарфакарда шавад [10,с.174-178].

Ин далел ба он асос меёбад, ки хангоми истифодаи методхои мушаххас оид ба паст кардани хавф метавон танхо дубора ба гурухи тахлилии унсурхои алгоритм чихати арзёбии натичахои тартиби идоракунии хавф мурочиат кард ва барои гузаронидани тартиби пурраи идоракунй ва;т сарф кардан зарур намеояд.

Хамин тари;, метавон методхои идоракуниро мунтазам пурра намуда, тагйироти дарачаи хавфро ба таври оперативй тахлил намуд. Ин тарзи кордар як ва;т хамсифати идоракунй ва хам фаврияти онро баланд мебардорад.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science" PF "International Research Center "Endless Light in Science"

ЭКОНОМИЧЕСКИЕ НАУКИ ECONOMIC SCIENCES

Хамин тавр, мо дар ин мадола хусусиятхои фардкунандаи нудтаи назари мавчударо оид ба низоми идоракунии хавфу хатархои сармоягузории корхонахои корхонаи саноатй чудо намудем. Дар тахдидоти мазкур аз тарафи мо таснифоти вазифахои низоми идоракунии хавфу хатархои сармоягузории корхонахои саноатй пешниход шуд, ки се самти асосиро дар бар мегирад: ташкилкунй, кор карди методхои идоракунй, коркарди таклифхо оид ба оптимизатсияи хавф. Хам чунин чадвали принсипхои низоми идоракунии хавфу хатар, ки ба корхонахои саноатй нисбатан хосанд пешниход гардида, ба чи асос ёфтани принсипи додашуда ва тарзи ноилшавй ба он нишон дода шудааст. Илова бар ин, мо таснифоти функсияхои субъект ва объект инизоми идоракунии хавфхоро коркард намуда, пешниход гардонидем [11,с.120].

Аз руи натичахои тахдидот унсурхои асосии низоми идоракунии хавфхои корхонахои саноатй муайян карда шуданд.

Гурухбандии унсурхои низом дар мувофидат бо принсипхо ва функсияхои пешниход шуда инизоми идоракунии хавфу хатархо гузаронида шуд. Ин амал имкон дод, то муайян кунем, ки кадоме аз ин унсурхо ба принсип ва функсияхои мушаххас мувофидат менамояд. Истифодаи тархи коркард шуда хусусияти бунёдй дорад. Хангоми пайдоиши талабот ба ноилшавии функсияи мушаххас идоракунии хавф метавонад бевосита ба он унсури низоме, ки ба ичроиши функсия ва ё принсипхои талабшуда чавобгу аст, мурочиат намояд.

Гурухбандии принсипхо ва вазифахои идоракунии аз тарафи мо пешниход шуда имкон доданд, ки унсурхои идоракунй ба дисматхои тахлилй, амалй ва иттилоотй гурухбандй карда шавад, ки ин тарзи муносибат то ин дам дар стандартхои байналхалдии идоракунй истифода намегардид.

Хамин тарид, аз чониби мо асбобу анчоми мафхумй ва ба як датор (тартиб) даровардани хавфхо бо мадсади коркарди минбаъдаи консепсияи идоракунии хавфхои корхонахои саноатй дар шароити ивазшавии тартиби техникй-идтисодй ва раванди воридот ивазкунанда, ки дар шароитхои махсуси идтисодиёти ЧумхурииТочикистон чараён дорад, мухтасар ифода гардид.

АДАБИЁТ

1. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 26.12.2018

2. Асаул А.Н., Павлов В.И., Бескиерь Ф.И., Мышко О.А. Менеджмент корпорации и корпоративное управление. СПб.: Гуманистика, 2006.

3. Бланк И.А. Управление финансовыми рисками. Киев: Ника-Центр, 2005. 600 с.

4. Дубров А. М., Лагоша Б. А., Хрусталев Е. Ю. Моделирование рисковых ситуаций в экономике и бизнесе. М.: Финансы и статистика, 2000.

5. Костюченко Н.С. Анализ кредитных рисков. СПб.: Скифия, 2010. 440 с.

6. Касаев Б.С., Булов В.Г. Тенденции взаимодействия информационного взаимодействия информационного обеспечения управления и экономической системы. //Вестник Московского университета имени С.Ю. Витте. Серия 1. Экономика и управление. — №2. —2012—с.100-105.

7. Марцынковский Д. Обзор основных аспектов риск-менеджмента // DasManagement.2011.

8. Рыхтикова Н.А. Анализ и управление рисками организации.М.: ФОРУМ, 2012. 240 с

9. Ястребинский М.А., Гитис Л.Х. Оценка эффективности инвестиций вгорные предприятия с учетом фактора времени и дисконтирования затрат.М.: Горная книга, 2003. - 85 с.

10. Зувайдуллоева Г.Х. Принсип ва методхои хавфу хатархои сармроягузории корхонахои саноатй // Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав №1/1(83) Бохтар- 2021,сах-174-178

11. Зувайдуллоева Г.Х. Механизми идоракунии хатархои сармоягузорй дар корхонахои саноатй // Бохтар -2023 сах-123

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science" PF "International Research Center "Endless Light in Science"

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.