Научная статья на тему 'Personality of women-sufiys in Sufi sources'

Personality of women-sufiys in Sufi sources Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
340
65
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ ТАСАВВУФ / ЗАНОНИ СУФӣ / РОБИЯИ АДАВИЯ / "КАШФУ-Л-МАҳҷУБ"-И ХУҷВИРӣ / "ТАЗКИРАТУ-Л-АВЛИЁ"-И АТТОР / ИСТОРИЯ СУФИЗМА / ЖЕНЩИНЫ-СУФИИ / РОБИЯ АДАВИЯ / "КАШФ АЛ-МАХДЖУБ" ХУДЖВИРИ / "ТАЗКИРАТ АЛ-АВЛИЁ" АТТОРА / KHUDJVIRI'S "KHASHF AL-MAKHJUB " / ATTOR'S "TEZKIRET AL-AVLIYO" / HISTORY OF SUFIZM / WOMEN-SUFIYS / ROBIYA ADAVIYA

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирсаидов Б.

В статье предпринята попытка выявить роль и вклад женщин-суфиев в историю персидско-таджикского мистицизма. По сведению Джами, в «Нафахот ал-унсе», перу автора первой книги, посвященной разряду мистиков «Табакот ал-машоих» Абу Абдуррахмана ас-Суллами, также принадлежал трактат о жизни и мистических состояниях женщин, избравших путь суфия. В дальнейшем Джами в «Нафахот ал-унсе» выделил специальную главу для жизнеописания женщин-суфиев.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

An attempt of elicitation of the role and contribution into the history of Persian-Tajik mysticism on the part of women-sufiys has been undertaken in the article. According to Djami’s information in “Nafakhot al-unse” we read that the treatise about the life and mystical states of women who chose the way of sufiys also belongs to Abu Abdurrakhman as-Sullami, the author of the first book devoted to mystics “Tabakot al-mashoikh”. Further on Djami in “Nafakhot al-unse” singled out special chapters for life description of women-sufiys.

Текст научной работы на тему «Personality of women-sufiys in Sufi sources»

Б. Мирсаидов

СИМОИ ЗАНОНИ СУФЙ ДАР МАНОБЕИ ИРФОНЙ

Вожатойкалидй: таърихи тасаввуф, заиоии суфй, Робияи Адавия, «Кашфу-л-ма^чуб»-иХуцвирй, «Тазкирату-л-авлиё»-и А ттор

Шинохти мукаммали адабиёти суфия ба дарку ф ах, чип пи мох,ияти чех,рах,ои марказии он иртиботи ам1щ дорад. Муалли-фони манобеи ирфонй ва шуарои мутасаввифа шахсиятх,оеро ба х,яйси пайравони ин маслак мешуморанд, ки унвони суфй, ориф, солик, валй, дарвеш, цаландар, чавлацй, гадо, муфлис, фацир до-ранд ё бо ановини ринду онпщ, девонаву ма^зуб тавсиф гардидаанд. Ах,л и тасаввуф дар иртибот бо цавоиди сулук барон х,ар нафаре рутбаву макоми хосро шоеъ шудаанд, ки машхурта-рини ин истилох,оту асомй пир, шайх, муршид, саййид, мурид, абдолу гавс ва монаиди инх,о мебошанд.

Сох,иби «Кашфу-л-мах,чуб» дар канори шарх,и мутобицати гяршугги суфиён бо шариат, маъиидоди валиву вилоят, иичунии дар иайи зикри мицдори иироии сулук то замоии худ дара^аву макоми х,ар як аз онх,оро низ тавзех, медих,ад: «Аз эшон чах,ор х,азоранд, ки мактумонанд ва мар якдигарро нашносанд ва рамоли х,оли худ х,ам надонанд ва андар кулли ах,вол аз худ ва хал к, мастуранд ва ахбор бад-ин мавруд аст ва сухани авлиё бад-ин нот1щ. Ва маро худ андар ин маънй хабар аён гаштааст, алх,амду ли-л-Лох,. Аммо он чи ах,л и х,аллу ацданд ва сарх,ангони даргох,и Хак, '(алла чалолуху сесаданд, ки эшонро ахёр хонанд ва чих,ил дигар, ки эшонро абдол хонанд ва х,афт дигар, ки эшонро аброр хонанд ва чах,оранд, ки мар эшонро автод хонанд ва се дигаранд, ки мар эшонро наци б хонанд ва яке, ки варо цутб

хонанд ва FaBC хонанд. Ва ин чу мл а мар якдигарро бишносанд ва андар умур ба изни якдигар мух, 104 бошанд. Ва бад-ин ахбори марвй нот1щ аст ва ахди суннат бар сихдати он му^тамаъ ва мурод андар ин мавзеъ шарх,у бастн он нест» (3, 321).

Пирони lapiiiyii ва '(уяпдаюпи х,ак,ик,Я| дар кутубн суфия илова бар асомии ёдшуда инчунин ба сифатх,ои хосе низ мавсуф мегарданд.

Шайх Аттордар «Mam nrçy-т-тайр» калимоти «дилшуда» ва «бенаворо»-ро ба маънии орифи вораста ва сухтаи оташи ишк, корбаст намудааст:

Боз Ибро^имро бин дилшуда, Манцанщу оташаш манзил туда.

Х^оцати ин дилшуда муе барор, Як нафас бо май ба х,амх$е барор.

Гуй бар тан захм аз чавгон хурад, В- ин гадои дилшуда бар цон хурад.

Гирдае дар даст дошт он бенаво, Нониу он монда буд бар нонво.

Гар намегуй дуруг, эй бенаво, Муфлисии хешро дорй гуво ?»

Май намедонам, киманахди чиям, Ёкуцоям, ё кадомам, ёкиям Бетане, бедавлате, бщосиле, Бенавое, бщароре, бедиле. Умрдар хуни цигар бигдохта, Eaiçpae аз умр нопардохта.

Дар радифи мардони тарицат сарчашмах,ои ирфонй аз корномаи занон низ сухан меч уяпд, ки дар тарицат пакдпи мух,им доранд ва x,ai io бузургоне, амсоли Мух,йиуддипи Арабй, Абдур-рах,\[опи Сулламй, Абдуррах,мони Ч,омй ва дигарон эшонро дар сафи мардон оварда, абдолашон ном кардаанд.

Абдуррах,мони Ч,омй дар «Нафах,оту-л-унс мин х,азароти-л-к,удс» боберо ба унвони «Дар зикри занони орифа, ки ба мартабаи мардон расидаанд» ихтисос медих,ад. У дар сарогози ин боб ёдрас мегардад, ки Сох,иби «Фу1ух,оти маккия» Мух,йиддипи Арабй дар

боби х,афтоду сеюми ин китоб баъд аз зикри табакоти ридоЛа-л-Л ох, дар бораи занх,о низ сухан гуфта, лах,заи чолиберо меоварад: Аз касе (шайхе) мепурсанд, ки абдол чанд нафаранд? Мегуяд: Чил тананд. Гуфтанд: Чаро паметуй, ки чих,ил мард? Фармуд: Байни онх,о заной низ х,астанд (4, 613).

Дар идома ин матолиб нигорандаи «Нафах,оту-л-унс» мегуяд, ки «.. .ва Шайх Абуабдуррах,мон ас-Сулламй сох,иби «Табацоту-л-машоих», рах,мату-л-Лох,и таоло, дар зикри ах,воли нисваи обид от ва нисои орифот алох,ида китобе дамъ кардааст ва шарх,и ах,воли бисере аз эшон дар баён оварда» (4, 613).

Аз санадх,о бармеояд, ки сох,ибони тазкирах,ои ирфонй китобх,ои чудогона ё бобх,ои махсусеро барои бозгуии шарх,и х,ол ё каромоту аъмоли хорици одоти занони суфй ихтисос додаанд.

К,ai)л аз он ки ба тавзех,у i ах,лили сияри занони суфия пардо-зем, бояд ба заминах,ои вуруди ин масъалаву ин ашхос ба ирфон намуд ва чех,рах,ои мунири занони тарикдгро бар мабнои ахбори таърихиву мазх,абй баррасй намуд. Масъалаи дигар ин аст, ки мо дар назардошти кадом авомил занонро ба тасаввуф интисоб медих,ем.

Аз ин ру, бояд нахуст ба мавз^и макомоги тасаввуф х,амчун нишонаи хоси иайванди и^тимои орифону суфиён х,адс зад.

Китоби «Кашфу-л-мах,^уб», ки аввалин рисолаи ирфонй ба забони форсй мах,суб ёфта, муаллифи он ба таври муфассал наза-рияи ирфони исломиро тавзех, медих,ад, манбаи мух,име дар боби макомоти тасаввуф ва шинохти онх,о дониста шудааст. Агарчи ирфон х,амчун як низоми комили ^ах,оншиносии диниву маъри-фатй дертар шакл гирифтааст, вале асли нишонах,ои асосии он, мисли iyuioaiy иарх,ез, тавозуъу исор, ^уъу сабр, ибодату рузаи бардавомро \[ух,ак,к,ик()и и адаби суфия дар баъзе ойинх,ои ^аблаз-исломй, чун ойини зардуштиву буддой ва масех,ият '(ус га, пойин-тар аркони тасаввуфро дар рафтору аъмоли Паёмбари ислом х,азрати Мух,аммад (с), хулафои рошидй, аимаи арбаа ва сах,обаву тобеин ба мушох,ида гирифтаанд. Х,арчанд Xv^iímрй дар кулли '(араспи суфия нуктаи мух,имеро асли чах,онбинии як мазх,аб дониста, ёдовар мешавад, ки ^ассориён маломат, тайфуриён сукр, '(упайдиси сах,в, нуриён исор, сах,лисп идтих,оду мадох,адати нафс, х,акимиён вилоят, харрозину фанову бако, хафифиён гайбату х,узур, сайёриён дамъу тафргщаро ар1; мегузоранд, инчунин рах,-

равони тарикдт аз кирдори пешвоёни дини мубини ислом амалеро рамзи мабонии ирфон ихтиёр кардаанд.

Масалан, у дар «Боби тасаввуф»-и китобаш, 40e ки истилох,и суфиро ба калимаи сафо иайваид медих,ад, меиависад: «Аз он чи сафоро аслеву фаръе аст: аслаш шщитоъи дил аст аз aFëp ва фаръаш хулувв аз дунёи гаддор ва ин х,ар ду сифати Сидцици Акбар аст, Абубакр Абдуллох, ибни Аб1щах,офа, разия-л-Лоху анх,у. Аз он чи имоми ах,л и ин тарицат вай буд» (3, 44).

Вацте Хучви рй ин ду нишонаро дар симои Абубакри Сидцик; дармеёбад, бЬ зикри ду цисса онро ташрех, медих,ад. Нахуст масъалаи буридан ё дур шуданро аз Faiípti Xa к, чунин нишон медих,ад: «Пас ишдпоьи дили вай аз aFëp он буд, ки х,ама сах,оба ба рафтани I 1айгамбар, алайх,иссалом ба х,азраги муъалло ва макони мусаффо шикастадил гашта буданд. Ва Умар разия-л-Jloxy анху шамшер баркашид, ки: «Х,ар кй гуяд Мух,аммад бимурд, сараш бибурам» Сиддици Акбар бурун омад ва овоз баланд бардошту гуфт: «Ало ман ъабада Му^аммадан фаинна Му^аммадан цад мота ва ман ъабада Рабба Мууаммадин фапннауу yiiíiíyn ло памут»... Он ки маъбуди вай Мух,аммад буд, Мух,аммад бирафт ва он, ки Худой Мух,аммадро мепарастид вай зинда аст, х,аргиз намирад» (3, 44).

Масъалаи дигар, ин аст ки Абубакри (иддик, аз моли дунё гурехт ва хилват ихтиёр кард: «Х,ар чи дошт аз молу манол ва маъол чу мл а бидод ва гилеме дариушиду ба наздики 11аЙЕ амбар, алайх,иссалом омад. I [айюмпар алайх,иссалом вайро гуфт: «Mo халлафта ли иёлика?» Фацола: «Аллода ва расула^у».

«Map аёлони худро чй боз гузоштй аз моли худ?» Гуфт: «Ду хазинаи бених,оят ва ду ганди бегоят». Гуфто: «Чй чиз?» Гуфт: «Яке мух,аббати Худой таъоло ва дигаре мутобаати расулаш». Чун дил аз таял лук, и савфи дунё озод гашт, даст аз кадари он холй гардонид. Ва ин чу мл а сифати суфии сод и к, бувад ва инкори ин думла инкори Xarçrç ва мукобараи аён бувад (3, 45).

Худвирй бар ин rçapop аст, ки монанди Абубакри Сиддик, хулафои дигар, чун Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алй ибни Абитолиб низ бо рафтору кирдори хеш ё мух,аббат доштан ба ин ё он сифати олии инсонй пакдпе дар тасаввуф гузоштаанд.

Агар дар иртибот ба ин назария мо ба баррасии масъалаи иайванди заной бо тасаввуф ру биёварем, маълум мешавад, ки

нисбати оих,о ба сулуки орифона дар интихобу ихтиёри мак оме аз макомоти суфия равшан мегардад.

Аз ахбори тазкирах,ои ирфонй бармеояд, ки магоуоте, ки ба занони суфй ало^а дорад, мух,аббати бонувони ориф ба Х,азрати Илох,, суботу устуворй дар тарицат, омузишу риояи шартх,ои сулук, ^авонмардй, робитаи занону мардони суфй мах,суб меёбад.

Аксари бонувони суфй духтарон, хох,арон, модарон ё х,амса-рони машоихи киборанд ва аз падарону бародарон ё шавх,арони худ одобн гари к, омух i аанд. Занони ни арса по ба пои мардон дар чодах,ои маърнфатн Xarç гом бардошта, ба рузах,ои полони, шабзиндадорих,ои сахт, чилланишиних,ои бешумор тоб оварда, х,ар гуиа душворнро барон маърифти азалй тах,аммул намудаанд.

Маъмулан нак/ге сухан аз занони суфй меравад, нахуст аз Робияи Адавия ёд мешавад. Шайх Аттор дар бахши муцадда-мотии «Мант1щу-т-тайр» («Дар таассуб»), вацте зох,ирпарастони динро аз таассуботи мазх,абй барх,азар медорад, тамсили зебое ба вазъу х,оли Робиаи Адавия мезанад:

Ту pajço кун cap ба му^р инвоцеа, Марди^ацшав рузушаб чунРобиа. Уна як зан буд, у сад мард буд, Аз цадам то фарк; айнидард буд. Буд доим Faрци нури Х,ац шуда, Аз фузулйраста, мустаграц шуда (2,257).

Зикри Робияро Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» ба х,амон ох,ангу услубе, ки шарх,и х,оли машоихро шуруъ менамояд, ofo3 мекунад: «Он махаддараи хидри хос, он мастураи сатри ихлос, он сухтаи шику иппиёк,, он шефтан курбу )х,тирок;, он гумшудан внсол, он ма^булурри^ол, сонияи Марями Сафия Робиатул-Адавия, рах,мату-л-Лох,и алайх,о» (93).

Сииас нависанда сабаби ёдкарди ном ва ах,воли Робиаро дар миёни мардони суфй чунин тавзех, медих,ад ва а^иб он аст, ки Шайх Аттор дар зикри Робия аз забони Аббосаи Туей ар^и рух,ониву ирфонии Марям (а)-ро хотирнишон мешавад: «Агар касе гуяд: зикри у дар сафи ри^ол чаро кардай? Гуям, ки: Хо^аи Анбиё, алайх,и-с-салом, мефармояд, ки: «Ина-л-Ло^ало йанзуру ило суварикум» (ал-х,адис). Кор ба сурат нест, ба ният аст, камо кола, алайх,и-с-салом: «Йу^шару-н-носу ало ниййоти^им». Агар равост, ду сулси дин аз Оишаи сидщща, разия-л-Лоху анх,о фаро

гирифтан, х,ам раво бувад аз канизаке аз канизакони у фоидаи динй гирифтан. Чун зан дар рох,и Худой, мард бувад, уро зан натавон гуфт. Чунон ки Аббосаи Туей гуфт, ки: Чун фардо дар арасоти к, и с vi яг овоз дих,анд, ки: «Йо ри^ол!». Нахуст касе, ки пой дар сафи ри^ол них,ад, Марям, алайх,о-с-салом бувад» (1,93).

Бояд гуфт, ки х,арчанд сураи 4-уми К,уръон «Нисо» («Заной») ном дошта, як навъ аз эхдироми баланди занон дар ислом дарак медих,ад, сураи 19-ум «Марям» ном дорад ва ин 40 ба циссаи Маряму муь^изо ги Исо алайх,иссалом сухан меравад. Дар адабиё-ти ирфонй сабру тах,аммул, бурдборй, парх,езкориву иффату иокдомании Марям зиёда тавсиф меёбад.

Хоцонй дар ашъори худ сирату сурати назифи Марями Им-ронро дар \ялк,и маонии ноб истифода карда, ки намунаи он тасвирх,о ибораву таркибх,ои «Марями поклон», «Рузаи Марям», «Риштаи Марям», «Марями бикри маонй», «марямостин» ва Faiipa мебошанд.

Дар «Тазкирату-л-авлиё» зикри Робиа ба тафеил меан^омад. Нацлу х,икоёге, ки Аттор аз ах,воли у меорад, бозгуи матонату устоворй ва покропи и у дар тарицат аст. Аз гуфтори Шайх Аттор бармеояд, ки Робиа дар хонадони марди камбагал зода шуда, сахтих,о дидааст. Чун иадараш аз дунё даргузашт, хох,аронаш иароканда шуданд ва Робиа гуломи касе гардид. Боре хост, ки аз хонаи сох,иби худ фирор куиад, вале номахраме пеш омад, Робиа аз у гурехт, аммо дар рох, афтода дасти худро шикает. Дубора ба хонаи сох,ибаш баргашт. Дар ин х,ол «руй бар хок пих,оду гуфт: Бор Худоё! Fapn6aM ва бемодару иадар, ятиму аеир монда ва ба бандагй афтода ва даст гусаста; ва маро аз ин гам нест, илло, рнзон ту. Мебоядам, ки донам, ки ту розй х,асгй, ё на? Овозе шунуд, ки гам махур, ки фардо 4<)x,ei хох,ад буд, ки му^аррабони осмон ба ту бинозанд.

Пас Робиа ба хонаи хо^а бозомад ва пайваста ба руз руза медошт ва хндмат мекард ва дар хидмати Худой то руз бар пой истода мебуд. Як шаб хо^аи у аз хоб бедор шуд. Дар равзани хона фуру нигарист, Робиаро днд cap ба са^да пих,ода буд ва мегуфт: Илох,о, ту донй, ки х,авои дили май дар мувоф1щати фармони туст ва рушноии чашми ман дар хидмати даргох,и ту ст. Агар кор ба дасти ман астй, як соат аз хизмат наёсояме; валекин х,ам ту маро зери дасти махлу^е кардай. Ин му 110401 мекард ва 1ушдилс днд аз болои сари у овехта: муаллац, бе силсилае ва х,амаи

хона аз фуруга он нур шрифта. Хо^а чун он бидид, битарсид, бархосту ба ч<ш худ бозомад ва ба тафаккур бинишаст, то руз шуд. Чун руз шуд, Робиаро бихонду бинавохт ва озод кард. Робиа гуфт: Маро дастурй дех,, то биравам. Дастурй дод» (1, 94-95).

Баъд аз ин худро ба тарной суфиёну фатиён зад. Муддате дар савмаа буд ва пас рох, ба суи Каъба иеш гирифт. Дар идомаи гуфтор Аттор аз каромоту х,олоти хорици одоти Робиа, чун цатъи бодня ба таваккул, ба пешвози у омаданн Каъба, суолу посухи Иброх,ими Адх,ам ва Робиа, ки аввалй бодияро ба ибодат ва дуввумй ба ниёз буридаанд, инчунин х,а^ци дубораи у, ки х,афт сол ба и ах, л у мегардид, пак,л менамояд.

Робиа дар наздн бузургмардони lapiiiyii, мисли Иброх,ими Адх,ам, Х,асани Басрй, Зуннуни Мисрй, Суфёни Саврй, Молики Динор, Шацицй Балхй, ки бевосита Аттор аз мусох,ибаву мубох,исоташон ншора мекунад, ар^мандй дошт. Ин мардон аз бобх,ои маърнфат аз у мепурсиданд ва у х,акимона масонлро барояшон равшан месохт.

«Тазкирату-л-авлиё» шомили чанд муно^оти Робияи Адавия низ мебошад, ки у дар фарти мух,аббат ба изх,ори шатх, низ машгул шудааст: «Ва гуфтй: Худовандо! Агар туро аз бими дузах меиарастем, дар дузахам бисуз! Ва агар ба умеди бих,ишт мепарастем, бар май х,аром гардон! Ва агар барон Ту туро мепарастем, рамоли бо^й дарег мадор! (1, 106).

Илова ба Робияи Адавия Аттор аз занону пирзанони ма^хуле низ сухан мег^яд, ки зикри онх,о х,ангоми бозгуии матолнби умумй дар «Тазкирату-л-авлиё» дида мешавад.

Абдуррах,мони Чомй дар боби ^удогонаи «Нафах,оту-л-унс», ки дар боло ишора шуд, аз х,олу маком ва каромоти занони суфй хабар медих,ад. Нависанда аксари онх,оро бо зикри ном оварда, шарх,и мухтасарн х,ол ва авзои равоннн гурух,еро бо ишороти мяч хули имраатун (заи) ва '(ория (канизак) мазкур мешавад.

Ч,олиб он аст, ки занони суфй аз монеах,ои тарицат х,арос надоранд ва биёбонх,ои сузонро ба таваккул ^атъ менамоянд. Гох,о дар шахси онх,о он х,олоте, ки дар Боязиду пешвоёии дигари тасаввуф рух дода, мисли х,олати сукр дида метавои. Масалан, ин х,олро Ч,омй дар зикри мухтасари Бибияки Марвия ном заи меоварад: «Шайх Абусаиди Абулхайр, цаддаса-л-лоху таоло рух,ах,у, гуяд, ки: Ба Марв будем. Пиразане буд он 40, ки уро

Бибияк гуфтандй. Ба наздики мо омаду гуфт: Эй Аб^саид, ба тазаллум омадаам. Mo гуфтем: Барг^й, гуфт: Мардумон дуо мекунанд, ки моро як иафас бо мо бигзорй. Сол аст, ки мег^ям, ки маро як турфатулайн ба май бозгузор, то бинам, ки май киям. Бо худ х,астам, х,ануз иттифок; иаяфтода» (4, 627).

Ч,омй х,амеша аз каромоти онон ёдрас шуда, далели ба мартабаи авлиёи Худо расидани занони суфй х,икоят мекунад: «Вай (Умми Мух,аммад) уммаи Шайх Мух,иддин Абдулкодири Гелонй, разияллоху таоло анхумо, аст. Аз нисои солих,от будааст. Г^янд: Як бор дар Гелон хушксол шуд. Мардум бо истиско берун рафтанд. Борон наёмад. Х,ама мардум ба хонаи Умми Мух,аммад омаданд ва дуои борон хостанд, Умми Мух,аммад хонаашро бир^фту гуфт: Худовандо, май доруб кардам, ту об бипош. Чандон барнаёмад, ки борон даристод, чунонки i yc дах,оии матттк кушодаанд» (4, 627).

Х,амин гуна, собит мешавад, ки дар таърихи ирфон занони с^фй низ бо риояи шариат, эхдироми Куръону суннат, инчунин бариодории одоби тарицат дар рох,и дустии Худо цадамх,ои устувор них,одаанд. Х1икоёти занони суфй бозг^и мух,имоти сулук, чун рудуи ниёзмандонаи мурид ба с^и муршид, вохурию мабох,иси занону мардон рангами цатъи бодия, адои ибодати хос, усулх,ои анчоми фароиз, фабулу гусели мех,мон ва чозибах,ои сух,бати мусох,ибон, одоби хонацох,й, х,амцадамй бо мардон дар заминан тагйири зох,ир бо либос ва тагйири ботин дар устувории азму ирода мебошад. Гароиши зан ба тасаввуф нишони покизагиву иффат, сабру цаноат, рах,му шафцат, азму талоши зан дар рох,и шинохти Офаридгор ва хуввияти равонии худи у буда, Чаибаи мух,ими ахлоциву маърифатй ва фалсафй дорад.

ПАЙНАВИШТ

1 .Аттор, Шайх Фаридуддин. Тазкирату-л-авлиё. Иборат аз 2 дилд.Ч,. 1.Баргардон ва фарох,амоварандаи матн, муаллифи муцаддима ва таълщот М.Оцилова.-Худанд: Ношир, 2009 2.Аттор, Шайх Фаридуддин. Мантщу-т-тайр. Муцаддима, тасх,ех, ва таълщоти дуктур Шафеии Кадканй.Чопи саввум. -Тех,рон: Интишороти илмй, 1385

3. Дуцвирй, Абулх,асанибни Усмон, Кашфу-л-мах,дуб. Муцаддима, тасх,ех, ва таълщоти дуктур Махмуды Обидй. -Тех,рон: Суруш, 1383

4. Цомй, Абдуррах,мон. Нафах,оту-л-унс мин х,азароти-л-к;удс. Муцаддима, тасх,ех, ва таълицоти дуктур Махмуды Обидй. -Тех,рон: Сухан, 1386

Личность женщин-суфиев в суфийских источниках

Б. Мирсаидов

Ключевые слова: история суфизма, женщины-суфии, Робия Адавия, «Кашф ал-махджуб»Худжвири, «Тазкиратал-авлиё» Аттора

В статье предпринята попытка выявить роль и вклад женщин-суфиев в историю персидско-таджикского мистицизма. По сведению Джами, в «Нафахот ал-унсе», перу автора первой книги, посвященной разряду мистиков - «Табакот ал-машоих» Абу Абдуррахмана ас-Суллами, также принадлежал трактат о жизни и мистических состояниях женщин, избравших путь суфия. В дальнейшем Джами в «Нафахот ал-унсе» выделил специальную главу для жизнеописания женщин-суфиев.

Personality of Women-Sufiys in Sufi Sources B. Mirsaidov

Key words: history of sufizm, women-sufiys, Robiya Adaviya, Khudjviri s "Khashf al-makhjub ", Attor's Tezkiret al-avliyo "

An attempt of elicitation of the role and contribution into the history of Persian-Tajik mysticism on the part of women-sufiys has been undertaken in the article. According to Djami's information in "Nafakhot al-unse " we read that the treatise about the life and mystical states of women who chose the way of sufiys also belongs to Abu Abdurrakhman as-Sullami, the author of the first book devoted to mystics - Tabakot al-mashoikh". Further on Djami in "Nafakhot al-unse" singled out special chapters for life description of women-sufiys.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.