Научная статья на тему 'Once again about the current training program Tajik literature'

Once again about the current training program Tajik literature Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
324
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОСТАНОВКА ЗАДАЧ / РАБОТА С ТЕКСТОМ / УВЕЛИЧЕНИЕ КОЛИЧЕСТВА ТЕМ / ОГРАНИЧЕННОСТЬ УЧЕБНЫХ ЧАСОВ / СОКРАЩЕНИЕ ТЕМ / РОЛЬ ТЕОРИИ ЛИТЕРАТУРЫ / ОШИБКИ / ВНЕКЛАССНОЕ ЧТЕНИЕ / SETTING TASKS / WORKING WITH TEXT / INCREASING THE NUMBER OF TOPICS / LIMITED HOURS OF STUDY / REDUCING TOPICS / THE ROLE OF LITERARY THEORY / MISTAKES / OUT-OF-CLASS READING / ВАЗИФАГУЗОРӣ / КОР БО МАТН / АФЗОИШИ МИқДОРИ МАВЗӯЪҳО / МАҳДУДИЯТИ СОАТҳОИ ТАЪЛИМ / ИХТИСОРИ МАВЗӯЪҳО / МАВқЕИ НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ / ГАЛАТҳО / ХОНИШИ БЕРУН АЗ СИНФ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ахмадов Мирзохабиб

Статья посвящена критическому осмыслению нынешней программы обучения литературы в школе (2007). Прежде всего, отмечаются достоинства данной программы. В другой части статьи рассмотрены ошибки и недостатки программы, состоящие в следующем: а) существенное увеличение учебных тем привело к затруднениям в распределении часов, а нехватка учебных часов приводит к поверхностному и ограниченному изучению произведений литераторов; б) сократилось преподавание целой серии необходимых и важных вопросов теории литературы; в) в X классе предусмотрено лишь изучение рифмы и ее разновидностей; г) не соблюдается особая система размещения тем по теории литературы; д) в части пояснительного письма и методических рекомендаций прослеживаются стилистические и логические ошибки. Предлагается в курсе истории литературы отвести особое место работе с текстом художественного произведения, выделить отдельные часы внеклассному чтению, уменьшить количество учебных тем и за счет этого обеспечить количество необходимых часов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Еще раз о нынешней программе обучения таджикской литературы

The article is devoted to a critical understanding of the current program of teaching literature in school (2007). First of all, the advantages of this program are noted. In the other part of the article, errors and shortcomings of the program are considered, which are as follows: a) a significant increase in training topics has led to difficulties in the distribution of hours, and the lack of training hours leads to a superficial and limited study of the works of writers; b) the teaching of a whole series of necessary and important questions of the theory of literature was reduced; c ) in class X, only the study of rhyme and its varieties is envisaged; d) the special system ofplacing themes on the theory of literature is not observed; e) in the part of the explanatory letter and methodical recommendations, stylistic and logical errors are traced. It is proposed in the course of literature history to devote a special place to working with the text of a work of art, to allocate individual hours to extracurricular reading, reduce the number of educational topics and thereby ensure the number of hours required.

Текст научной работы на тему «Once again about the current training program Tajik literature»

УДК 8т2

ББК 74.268.0 М. АХМАДОВ

БОРИ ДИГАР ПЕРОМУНИ БАРНОМАИ ^ОЗИРАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТО^ИК

Барномаи таълими адабиёти точик (2007), ки холо дар истифодаи омузгорон карор дорад, то андозае вазифаашро ба поён расонидааст ва тибки супориши мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумхурй мутахассисони соха барои мураттаб сохтани барномаи нав омодагй мебинанд. Азбаски барномаи мазкур дар радифи мухассанот як катор норасой дошт, омузгорони адабиёти мактабхо ва донишмандони соха дар баромадхо ва маколахои алохидаи хеш то ин дам хеле фикру андешахои судманд баён кардаанд. Бо ин хама дар маколаи хозир хостем чанд нуктаро равшан созем, ба хотири он ки дар мураттаб сохтани барномаи минбаъда ба кор ояд ва ба эътибор гирифта шавад.

Тавре ки ишора гардид, соли 2007 бо тавсияи мушовараи Вазорати маориф «Барномаи таълими адабиёти точик дар синфхои V- XI» мунташир гардид. Дар ин барнома дар баробари максад ва вазифахои таълими фанни адабиёт мавзуъхои «Сохт ва мазмуни барномаи дарсхои хониши адабй (синфхои V-VII)», «Максад ва натичаи корхои хаттй ва хифзу маънидоди асархои манзуму мансур», «Сохт ва таркиби барномаи дарсхои таърихи адабиёт (синфхои VIII-XI)», «Роххои гузаронидани корхои амалй дар синфхои V- XI» ва «Такрор» баррасй гардидаанд. Дар мураттаб намудани мавзуъхои хам курси хониши адабй ва хам курси таърихи адабиёт низоми солномавй (хронологй) чиддан риоя гардидааст. Пиромуни ин масъала дар барнома омадааст: «Ба муаллимони адабиёт маълум аст, ки дар барномаи пешин (барномаи соли 2002 - А.М.) дар мавриди таълими дарсхои таърихи адабиёт (синфхои 8-10) баробари таълиму тадриси адабиёти классикй шоирону нависандагони адабиёти муосир низ омухта мешуданд. Мураттибони ин барнома (барномаи соли 2007 - А.М.) мувофики дастур ва супориши Вазорати маорифи Ч,умх,урии Точикистон хднгоми тадвини маводи адабй принсипи таърихй, яъне хронологиро ба эътибор гирифтанд» (8,13-14).

Дарвокеъ, дар барномаи соли 2002, ба хотири он ки «синфи IX зинаи охири мактаби асосй буда, хонандагон баъди анчоми он (як кисмашон) ба истехсолот мераванд ва онхо бояд каму беш дар бораи адабиёти муосири точик маълумот дошта бошанд» (7,13), кисмате аз мавзуъхои адабиёти муосир барои синфи 9 пешниход гардида буд. Ин кор аз талаботи хамон солхо маншаъ мегирад, вале ба хар хол минбаъд дар таълими адабиёт як навъ омехтагиро ба вучуд овард.

Дар барномаи соли 2007 тачрибаи барномаи каблй, доир ба он ки дар курси хониши адабй намунаи осори адибони бузург танхо як маротиба дар яке аз синфхои V- VII омузонида шавад, инкишоф дода шуда, дар барномаи курси таърихи адабиёт низ амалй гардид.

Х,ангоми пешниходи мавзуъхо таносуб ва мувофикати онхо бо соатхои таълим чиддан ба эътибор гирифта шудааст. Як хусусияти зарурии барнома он аст, ки ба таври мушаххас дар назди муаллифони китобхои дарсй вазифагузорй кардааст. Аз он чумла, дар барнома омадааст: «Дар китоби дарсй бояд раками хар як дарс аз микдори умумии соатхои фаъоли таълим навишта шавад ва мавзуи дарс мушаххасу конкрет ва дар доираи гунчоиши соати таълим пешниход гардад» (8,5).

Тафрикаи дигари барнома аз тархрезии барномахои пешин дар он аст, ки дар мураттаб сохтани маводи курси таърихи адабиёт низ чун дар курси хониши адабй ба тахлили матн эътибори хоса дода шудааст. Дар натичаи тахлили осори адибон, бахусус осори гиной, матнхои мушаххас пешниход гардида, дар баробари тахлили умумии гоявию бадей шархи маъно ва кор бо матни онхо низ дар назар дошта шудааст. Чуноне ки дар кисмати тавсияхои методии барнома оварда шудааст, «ин усули тадрис, яъне тахлили шеърхои алохидаи адибони бузурги мо ба хонандагон имконият медихад, ки онхо ба мазмуни ашъори шоирони бузург ва хунари шоирии онхо пурратар шинос шаванд, мухити ичтимой ва маърифатии асархои онхоро бифахманд» (8,15). Агар таври дигар баён созем, кор бо матни асари бадей, ки хоси курси хониши адабй аст, дар мавридхои зарурй дар курси таърихи адабиёт низ бояд пурсамар истифода шавад.

Дар барномаи курси хониши адабй (дар синфхои V-VII) пас аз хар мавзуъ кисмати "Пурсиш ва такрор" бо чузъиёташ илова гардидааст, ки дар чараёни омузиш, пурсиш, корхои мустакилона, супориши хонагй ва умуман, гузаронидани корхои амалй омузгорро рохнамой мекунад.

Дар баробари инхо дар барномаи соли 2007 низ як катор ночурихо ва норасоихо вучуд доранд. Аз он чумла, низоми ихтисори мавзуъхои таълимй, ки барномаи соли 2002 ба рох монда буд ва ба ин восита омузиши амик ва густардаи масоили адабй ба даст омада буд, дар барномаи нав сарфи назар гардида, баръакс, микдори мавзуъхои таълимй хеле афзоиш ёфт.

Мураттибони барнома дар ин масъала чунин ибрози назар намудаанд: «...хангоми пешниходи мавзуъхо таносуб ва мувофикати онхо ба соатхои таълим, умуман ва соати вохиди таълим хамчун вохиди ягона пурра ба эътибор гирифта шуд. Осонтарин кор ин аст, ки масалан, ба асари нависандае 12 соат чудо карда матни як кисса ё порчаи асар бо тамоми гаронй ба китоб бор карда шавад. Пас, таксими ин хачми бузург ва таълими он ба ухдаи муаллим вогузор гардад. Бо ин принсип бо маводи се - чор муаллиф 60-70% соатхо банд шуда, доираи гуногунии ахбор, микдори муаллифон ва анвои адабй нихоят махдуд гардида, кори муаллифи китобро осону таълиму натичаи онро душвору камхосил мегардонад» (8, 4-5).

Тавре ки дар кисмати «Сохт ва мазмуни барномаи дарсхои хониши адабй (синфхои V-VII)» оварда шудааст, «дар синфхои V-VII аз эчодиёти панчоху хашт муаллиф мавзуъхо интихоб шудаанд. Аз чумлаи ин адибон 23 нафар ба тозагй ба барнома дохил карда шудаанд» (7,6). Дар синфхои VIII-XI бошад, боз 12 нафар, хамагй 35 нафар илова гардидаанд. Ба хамин васила осори адибоне чун Дакикй, Абдуллохи Ансорй, Саной, Хоконй ба доираи омузиш ворид гардидаанд.

Чунин муносибат, дар айни замон, дар таксимоти соатхо душворй эчод кард, дар холате ки соати умумии машгулиятхои адабиёт дар накшаи таълимии вазорат давра ба давра ихтисор шуда меояд. Агар ба раванди ихтисоршавии соатхои таълими адабиёт назар андозем, мебинем, ки соли 1989 соатхои умумии омузиши адабиёт дар мактаб ба 665 баробар буд, ин микдор соли 2002 ба 612 ва соли 2007 ба 578 соат баробар гардидааст. Бар замми ин афзудани шумораи адибон дар барнома, албатта, барои омузиш махдудият ворид месозад.

Нарасидани соатхои таълим ба омузиши сатхй ва махдуди осори адибон оварда мерасонад. Омузгор мачбур мешавад, ки дар мухлати додашуда, ки нокифоя аст, маълумоти зиёдеро доири ин ё он мавзуъ ба сари шогирдон бор намояд. Дар натича барои бедор намудани завки бадеии шогирдон, дар дили онхо шуълавар гардонидани хиссиёти начиб нисбати зиндагй вакт намерасад ва имкониятхо аз даст мераванд. Хулоса, вазифаи мехварии таълими адабиёт ичро нашуда мемонад ва ё нопурра ба ичро мерасад.

Натича он аст, ки нарасидани соатхои таълим дар барномаи мазкур шадидан эхсос мегардад. Чунончи: дар синфи V ба таълими афсона хамагй як соат дода шудааст. Дар ин як соат барнома дар назди омузгор вазифа мегузорад, ки доир ба жанри афсона ва навъхои он маълумот дихад, инчунин хониш ва тахлили се афсона - «Эрачи тилисмшикан», «Духтари часур», «Дехкон ва кузаи зар» - ро гузаронад.

Дар кисмати «Сохт ва мазмуни барномаи дарсхои хониши адабй»-и барнома бошад, чунин омадааст: «Расми одатии ба барнома дохил кардани асархои эчодиёти дахонии халк риоя карда шуд. Асархои халкй вокеияти табий, тасвирхои хаёлии чолиб, нишонахои асотирии кадим, накшхои деву парй ва дигар лахзахои хаёлангезу андешапарвар доранд» (8,7). Бо вучуди чунин тавсифот, ки асосан ба жанри афсона марбут аст, барномасозон дар омузиши афсонахои мазкур беш аз як соат чудо карда натавонистаанд.

Х,очат ба баён нест, ки таълими афсонахои мазкур дар худуди 45 дакикаи дарс имконпазир нест ва шогирдон аз дарси мазкур такрибан чизе намеомузанд. Шогирдонро танхо хамин мемонад, ки барои конеъ гардонидани омузгор гуфтахои уро тутивор такрор намоянд. Аз мутаассиршавй, парвариши ахлокй, бедор гардидани завки бадей, тарбияи саликаи зебоишиносй ва забономузй шогирдон бебахра мемонанд. Тавассути чунин усули тадрис дар калби шогирдон далериву шучоат, эхтироми халку ватан, суботу устуворй дар рузгор, рахму шафкат, фаросату мухаббат парваридан амрест махол.

Ч,ои шак нест, ки омузиши хар кадом асари ба барномаи мазкур воридгардида кимати баланди гоявию бадей дорад ва шоистаи омузиш дар мактаб аст. Вале чуз кам кардани шумораи мавзуъхои таълим ва аз хисоби он таъмин намудани микдори соатхои зарур барои мавзуъхои интихобгардида дар шароити хозира чораи дигаре ба назар намерасад. Вагарна нигаронй дар он аст, ки мо микдорро ба даст оварданй шуда, сифатро аз даст рахо месозем. Х,ол он ки масъалаи шиносой ва омузиши осори бархе аз адибони ба барнома вориднагардидаро омузгорон метавонанд тавассути хониши беруназсинфй, махфилхои адабй, факултативхо ва монанди инхо хал намоянд.

Мавзуи дигар, ки мавриди назари мо карор дорад, мавкеи омузиши масъалахои назарияи адабиёт дар барнома мебошад. Таълими ин кисмати фанни адабиёт низ эътибори хоса дорад. ^онуниятхои адабиро надониста шогирдон мазмуни осори адибонро дар сатхи зарур идрок

намесозанд, аз хунари суханофарии устодони каломи бадеъ бехабар мемонанд, завкки суханшиносй пайдо намекунанд. Бинобар он ки соатхои таълим махдуд аст, одатан, дар барномахо масъалахои назарии адабиёт дар баробари тахлили осори бадей ва дар пайвастагй бо асари мавриди тахлил пешниход карда мешаванд.

Дар барномаи хозира низ мавзуъхои назарияи адабиёт дар баробари тахлили осори бадей пешниход гардидааст ва хар мавзуъ бо чузъиёташ нишон дода шудааст, чунончи, дар синфи VII:

"Мацоз. Маънои лугавй ва истилоуии мацоз, царинаи мацоз, таркиботи мацозй дар адабиёт ва гуиши мардум. Намунауо аз адабиёти китобй ва адабиёти шифо^й. Мисолуо барои мацоз дар матн.Пурсиш ва такрор: бозгуии маънои мацоз, нацли намунаи таркиботи мацозй, аз ёд хондан ва нишон додани мацоз дар матн. "

Тавре ки аз намунаи боло дида мешавад, мавзуи мачоз бо чузъиёташ нишон дода шудааст ва намунахои корхои амалй низ пешниход гардидааст, ки як навъ рохнамо барои омузгор аст. Раванди таълим дар чунин доира, албатта, муддати муайянеро мехохад. Шояд хаминро ба эътибор гирифта дар «Лоихаи барномаи адабиёти точик барои синфхои V-XI» (с. 2006) барои мавзуъхои назарияи адабиёт низ соатхои алохидаи таълим чудо карда буданд, вале махдудаи соатхои таълим имкон надод ва он соатхо дар барномаи кунунй фуругузор гардиданд.

Дар барномаи хозираи таълим мавзуъхои истиора, киноя, тачнис, тачохули ориф, сачъ ва навъхои он ва дигархо ба тозагй ворид гардидаанд, ки дар барномахои пешина мавкеъ надоштанд. Вале дар айни замон, як силсила масъалахои дигари зарури назарияи адабиёт ихтисор гардидаанд. Ин масъалахо муболига, мисраъ ва байт, назму наср, тавсиф, тамсил, китъа, газал, касида, рубой, мухаммас, хачв, сабки хуросонй, сабки ирокй ва монанди инхоянд, ки доир ба зарурати омузиши онхо чои бахс нест.

^ол он ки дар барномаи синфи X тамоми соли хониш танхо омузиши кофия ва намудхои он -кофия, радиф, харфи равй ва кофияи мукайяду мутлак, кофияи мутлак ва харфхои он, садонокхои кутох, харакатхо дар кофия, навъхои кофия, ки аз 10 намуд иборат аст, дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки омузиши мавзуи кофия дар чунин хачм ва бо чунин мураккабй барои шогирдони мактаб гаронй дорад ва зарурат хам надорад. Доир ба кофия ва радиф маълумоти ибтидой додан кифоят аст. Ч,ихати дигар он аст, ки бархе аз омузгорони адабиёт дар таълими чунин чузъиёт омода нестанд ва душворй мекашанд, ба маводи лозима хам дастрасй надоранд.

Дар барномахои пешина (бахусус, дар барномаи соли 2002) чойгузинии мавзуъхои назарияи адабиёт низоми хоса дошт. Тавре ки дар боло сухан рафт, хар кадом мавзуи назариявй дар вобастагй бо асари мавриди омузиш ва тахлил чой дода шуда, кори омузгорро осон ва нишонрас мегардонид. Яъне, масалан, газал дар радифи ашъори Саъдй ё Х,офиз, тамсил дар партави осори Ч,алолиддини Балхй ва хачв дар баробари «Рисолаи дилкушо»- и Убайди Зоконй таълим дода мешуд.

Дар барномаи кунунй чунин тартиби омузиш риоя нагардидааст. Кифоя аст, ки танхо ба мавкеи масоили назарияи адабиёт дар синфи 8 назар андозем, аз сахлангорй оид ба мавкеи масоили назарй дар барнома вокиф хохем гардид. Дар синфи мазкур, аз чумла, омузиши санъати талмех дар баробари мавзуи «Бузургмехри хаким», санъати ташхис дар шафати мавзуи Абуалй ибни Сино, тазмин ва назира дар радифи киссаи «Самаки айёр», санъати лутф пас аз мавзуи «Х,аёти адабии асри X» ва монанди ин оварда шудааст. Албатта, чунин низом дар омузиш мушкилоти зиёд ворид месозад.

Дар кисматхои мактуби эзохй ва тавсияхои методии барнома низ норавшанихо, галатхои услубию мантикй ва дигархо ба назар мерасанд:

а) Дар сахифаи аввал перомуни таърихи адабиёт чунин оварда шудааст: «Максади таълими адабиёт дар навбати аввал ба воситаи шиносой ба раванди инкишофи зиёда аз сехазорсолаи адабиёти бадеии (адаби хунарии) миллй тарбия кардани худогохии миллй ва тарбияти ватанхохй мебошад»(8,3). Вале дар сахифаи минбаъда раками ишоратшуда (сехазорсола) дигар шудааст: «Адабиёти точик таърихи хазорсола дорад» (8,5).

б) Дар кисмати тавсияхои методй оварда шудааст: «Дар барнома барои бартараф намудани ин камбудй аз синфи V то синфи VII омузонидани нозукихои авзони шеър, кофия, санъатхои бадей ва дигар мафхумхои адабиро зарур дониста, барои таълими хар кадоми он яксоатй чудо намуданд» (8,11). Х,арчанд ин чо аз хусуси соатхои чудогардида сухан меравад, вале дар амал ин соатхо чудо карда нашудаанд.

в) Дар барнома барои корхои амалй соатхо дода шуда, пешниход гардидааст, ки аз хисоби хамон соатхо хам корхои амалй ва хам корхои хаттй гузаронида шаванд. Дар холате ки барои гузаронидани корхои амалй, масалан, дар синфи VIII хамагй панч соат чудо гардидааст, чунин

гуфтахо беасос менамоянд. Чунки танхо барои гузаронидани иншохои синфии санчишй барои ин синф, ки мувофики дастури Вазорати маориф бояд 4 адад бошад, 8 соати дарс лозим аст.

г) Дар синфи V барои мавзуи Фахриддини Розй 2 соат чудо карда шуда, чузъиёти мавзуъ чунин оварда шудааст, ки хочат ба эзох надорад:

«Фахриддини Розй (2 соат) Лаъл, зумуррад, фируза, марворид. ^ироати матн, баёни маъно, истифодаи ин сангхои киматбахо» (8, 24).

Ин кабил галатхо дар барнома зиёд буда, бидуни хисоби галатхои имловию китобат дар 31 маврид ба мушохида расиданд.Бидуни ин дар китоби дарсии "Адабиёти точик"-и синфи V оид ба Фахриддини Розй маводе мавчуд нестДол он ки дар барнома кироати матн таъкид гардидааст.Чунин номувофикатии китоби дарсиву барномаи таълим тарафи дигари ин масъала аст, ки андешаву фурсати дигари баёнро такозо менамояд.

Дар поёни сухан боз як пешниход дорем: чунон ки дар маколаи пешина низ иброз дошта будем (2), хамасола хонда баромадани микдори муайяни асархои бадей барои шогирдон бояд талаботи хатмии барномавй бошад, то ки дар инкишофи нутки шифохиву хаттии шогирдон ба натичахои муаассир ноил гардем.

Бехтарин ва мувофиктарин воситаи ба рох мондани мутолиаи осори бадей дуруст ташкил намудани хониши берун аз синф ба хисоб меравад. Барои гузаронидани дарсхои хониши берун аз синф бошад, бояд соатхои алохида чудо карда шавад, чунон ки дар барномаи таълими адабиёти соли 1990 ин кор амалй гардида буд.

Х,амин тавр, дар мактабхои хозира ки раванди тозаи таълимро такозо доранд, масъулияти барномасозй (ки кори басо пурмашаккат аст) боз хам зиёдтар гардидааст. Низоми имрузаи таълими адабиёт дар назди мураттибони барномахои таълим низ вазифахои нав мегузорад.

Бо ин хама, умедвор хастем, ки дар мураттаб сохтани барномаи нави таълими адабиёт ин кабил норасоихо бартараф мегарданд ва барномаи сифатан наву чавобгуи замон ба дасти омузгорони адабиёт мерасад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ахмадов, М. Таълими адабиёти точик, к. 1 / М. Ахмадов. - Хучанд: Ношир 2012.-292 с.

2. Ахмадов, М. Раванди барномасозй ва мундаричаи барномахои таълими адабиёт дар замони истиклолият/ М.Ахмадов// Номаи донишгох Силсилаи илмх,ои гуманитарй ва чомеашиносй.- Хучанд, 2017, №2.

3. Миров, Т. Методикаи таълими адабиёти точик / Т. Миров, Хочаев, Ш. Исломов. -Душанбе: Маориф, 1991. - 254 с.

4. Миров, Т. Дастури методии «Адабиёти точик» барои синфи 9 / Т. Миров. - Душанбе: Маориф,1986. - 150 с.

5. Программаи забон ва адабиёти точик барои мактабхои миёна (синфхои V - XI). - Душанбе, 1990. - 96 с.

6. Адабиёти точик. Барномаи таълим барои мактабхои асосй ва миёна (синфхои 5-11). -Душанбе, 1993. - 59 с.

7. Барномаи адабиёти точик барои синфхои V - XI. - Душанбе, 2002. - 67 с.

8. Барномаи таълими адабиёти точик дар синфхои V - XI. - Душанбе, 2007. - 72 с.

9. Барномаи усули таълими адабиёт дар китоби «Барномаи таълимии «Таърихи адабиёти точик» ва фанхои дигар». - Xучанд, 2009. - 132 с.

REFERENCES:

1. Ahmadov, M. Tajik Literature Teaching. - P.1./M.Ahmadov. - Khujnad: Publisher, 2012. - 292 p.

2. Ahmadov, M. The Process of Composition and Context of Educational Syllabus on Literature in the Period of Independence / M.Ahmadov // Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences .- Khujand, 2017, №2.

3. Mirov, T. Methods of Tajik Literature Teaching / T. Mirov, Q. Khojaev, Sh. Islomov. - Dushanbe: Enlightenment, 1991. - 254 p.

4. Mirov, T. Textbook of «Tajik Literature» for the 9-th Form / T. Mirov. - Dushanbe: Enlightenment, 1986. - 150 p.

5. Syllabus for Tajik Language and Literature for Comprehensive Schools (V-XI forms). - Dushanbe, 1990. - 96 p.

6Tajik Literature. Educational Syllabus for both Comprehensive and Secondary Schools (5-11 forms).

- Dushanbe, 1993. - 59 p. 7. Syllabus for the Tajik Literature for the V - XI Forms. - Dushanbe, 2002. - 67 p.

8. Syllabus for the Tajik Literature for the V - XI Forms. - Dushanbe, 2007. - 72 p.

9. Syllabus for Methods of Literature Teaching in the Book of «Educational Syllabi of «History of Tajik Literature and other Subjects». - Khujand, 2009. - 132 p.

Бори дигар перомуни барномаи ^озираи таълими адабиёти тоцик

Вожа^ои калиди: вазифагузори, кор бо матн, афзоиши мщдори мавзуъуо, маудудияти соатхои таълим, ихтисори мавзуъуо, мавцеи назарияи адабиёт, галатуо, хониши берун аз синф.

Мацола ба нацди барномаи уозираи таълими адабиёт дар мактаб (2007) тахассус дорад. Дар он мууассаноти барномаи мазкур тацдир карда шудааст.

Кцсмати дигари мацола ба ноцуриуо ва норасоиуои барномаи мазкур дахл дорад, ки аз инуо иборатанд:

а) хеле афзудани мицдори мавзуъуои таълими дар тацсимоти соатуо душвори эцод кардааст ва нарасидани соатуои таълим ба омузиши сатуи ва маудуди осори адибон оварда мерасонад.

б) таълими як силсила масъалауои зарури назарияи адабиёт ихтисор гардидааст;

в) дар синфи X тануо омузиши цофия ва намудуои он дар назар дошта шудааст;

г) низоми хосаи цойгузинии мавзуъуои назарияи адабиёт риоя нагардидааст;

г) дар цисматуои мактуби эзоуи ва тавсияуои методы норавшаниуо, галатуои услубию мантици ба назар мерасанд;

Пешниуод мешавад, ки дар курси таърихи адабиёт уам кор бо матни асари бадеи мавцеи хоса дошта бошад. Барои дарсуои хониши берун аз синф соатуои алоуида муцаррар гардад. Шумораи мавзуъуои таълим кам карда шуда, аз уисоби он мицдори соатуои зарур таъмин карда шавад.

Еще раз о нынешней программе обучения таджикской литературы

Ключевые слова: постановка задач, работа с текстом, увеличение количества тем, ограниченность учебных часов, сокращение тем, роль теории литературы, ошибки, внеклассное чтение Статья посвящена критическому осмыслению нынешней программы обучения литературы в школе (2007). Прежде всего, отмечаются достоинства данной программы. В другой части статьи рассмотрены ошибки и недостатки программы, состоящие в следующем:

а) существенное увеличение учебных тем привело к затруднениям в распределении часов, а нехватка учебных часов приводит к поверхностному и ограниченному изучению произведений литераторов;

б) сократилось преподавание целой серии необходимых и важных вопросов теории литературы;

в) в X классе предусмотрено лишь изучение рифмы и ее разновидностей;

г) не соблюдается особая система размещения тем по теории литературы;

д) в части пояснительного письма и методических рекомендаций прослеживаются стилистические и логические ошибки.

Предлагается в курсе истории литературы отвести особое место работе с текстом художественного произведения, выделить отдельные часы внеклассному чтению, уменьшить количество учебных тем и за счет этого обеспечить количество необходимых часов.

Once again about the current training program Tajik literature

Keywords: setting tasks, working with text, increasing the number of topics, limited hours of study, reducing topics, the role of literary theory, mistakes, out-of-class reading The article is devoted to a critical understanding of the current program of teaching literature in school (2007). First of all, the advantages of this program are noted. In the other part of the article, errors and shortcomings of the program are considered, which are as follows:

a) a significant increase in training topics has led to difficulties in the distribution of hours, and the lack of training hours leads to a superficial and limited study of the works of writers;

b) the teaching of a whole series of necessary and important questions of the theory of literature was reduced;

c) in class X, only the study of rhyme and its varieties is envisaged;

d) the special system ofplacing themes on the theory of literature is not observed;

e) in the part of the explanatory letter and methodical recommendations, stylistic and logical errors are traced.

It is proposed in the course of literature history to devote a special place to working with the text of a work of art, to allocate individual hours to extracurricular reading, reduce the number of educational topics and thereby ensure the number of hours required.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Ахмадов Мирзо^абиб, номзади илмуои филология, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru. Сведения об авторе:

Ахмадов Мирзохабиб, кандидат филологических наук, доцент кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), Email: mirzokhabib @ bk. ru. Information about the author:

Ahmadov Mirzokhabib, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor of the Chair of methods of teaching Tajik language and literature, Khujand State University named after academician B. G. Gafurov, (Republic Tajikistan, Khujand), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.