Научная статья на тему 'On the religious trend by Kamoliddin Husayn Khorezmi'

On the religious trend by Kamoliddin Husayn Khorezmi Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
146
40
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШИИТСКАЯ СЕКТА / ШИИТСКИЕ УЧЁНЫЕ / "ДЖАВОХИР-УЛ-АСРОР ВА ЗАВОХИР-УЛ-АНВОР" / ХОРЕЗМИ / РИЗО ШАЖАРИ / "DJAVOKHIR-UL-ASROR VA ZAVOKHIR-UL-ANVOR" / SHIIT SECT / SHIIT SCIENTISTS / KHORAZMI / RIZO SHAJARI

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Келдиёров Таджибой Султонович

Комментарий «Джавохир-ул-асрор ва завохир-ул-анвор» Хусайна Хоразми, составленный в первой половине XV века, считается одним из первых толкований «Поэмы о скрытом смысле» Джалолуддина Руми. Некоторые иранские исследователи при подготовке к изданию текста комментария причисляют автора к приверженцам шиизма. Автор статьи на основе аргументов из текста толкования убедительно доказывает, что Хоразми был последователем суннитского толка ислама.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The Commentary book "Djavohir-ul-Asror va zavohir ul-anvor" by Husayn Khorazmi compiled in the first half of the XV-th century is considered as one of the first interpretations of "The Poem on Implied Sense" by Jalaluddin Rumi. Some Iranian researchers when working at the commentaries to the text for publication referred the author to the adherents of Shiizm. The author of the article proceeding from the arguments of the interpreted text proves convinciugly that Khorazmi was an adherent of the Sunni wing of Islam.

Текст научной работы на тему «On the religious trend by Kamoliddin Husayn Khorezmi»

Келдиёров Тоцибой Султонович,

дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоцики ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров

БА^СЕ ДАР МАЗХАБИ КАМОЛУДДИН ^УСАЙНИ ХОРАЗМЙ

Шояд ба маърази бахсу баррасй кашидани масъалаи мазхаби аввалин шорехи «Маснавии маънавй»-и Мавлоно Чдлолудини Румй - Камолуддин Хусайни Хоразмй (вафоташ мутобики 1436 м.) зарурате намебуд, агар бархе аз мухаккикони муосир мукаррар ба ин масъала таваччух намуда, барои исбот намудани мазхаби ташайюъ доштани шорех талош наменамуданд. Заминаи ин акидаи бахсангез хам аз он чост, ки Хоразмй пас аз мукаддимаи маколоти дахгонаи «Ч,авохир-ул-асрор» маколаи аввалинро аз зикри манокиби ”амир-ул-муъминин ва имом-ул-муттакиин, асаду-л-лоху-л-голиби Алй ибни Абутолиб раз. анху” (1, 27) огоз мекунад ва зимни он дар бораи Имом Хасан, Имом Хусайн ва се тан аз имомони дигари дудмони хазрати Алй изхори назар мекунад. Зикри ин матлабро бархе аз мухаккикин ба мазхаби ахли ташайюъ иртибот доштани Камолуддини Хоразмй маънидод кардаанд. Чунончи, Ризо Шачарй муаллифи китоби «Муаррифй ва накду тахлили шурухи маснавй» (7), ки дар зимни китоби мазкур ба баррасии ду шархи кадимй ва ду шархи муосири маснавй икдом намудааст, ин масъаларо ба гунае матрах карда ва кушиш ба харч додааст, ки Хоразмиро ахли ташайюъ чилва дихад. Чунин менамояд, ки аслан барои Ризо Шачарй масъалаи мазхаби шорехон ва мухаккикони маснавй аз хама масъалаи асосй бошад. Ин аст, ки дар китоби мазкур ибораи «олимони бузурги ший» чузви ибороти дустдоштатарини у карор гирифтааст. Чунончи, ба порахои зерин таваччух шавад:

- «Таваццууи баъзе аз олимони бузурги ший ба маснавй ва кушиш дар шаруи он баёнгари он аст, ки....» (7, 37);

- «Баъзе аз бузургони шиии дигар низ гоуу бегоу ба шаруи абёт ва ё дафотире аз маснавй пардохтаанд, ки зикри он холй аз лутф нест...»(уамон цо);

- «Мулломууаммад Солеуи Казвинй - аз уламои машуури ший дар ауди сафавия....» (уамон цо);

- «... таваццууи ин уаким ва олими бузурги ший ба маснавии Мавлоно...» (7,

3S)

- «Чун муфассири ший будааст ва дар шаруу тафсири порае аз адъияи машуури аиммаимаъсумин...»(7, 9S).

Аз мухокимаронихои Шачарй чунин натича хосил мешавад, ки Хоразмй ва бархе аз дигар бузургони он сомон махз ба хотири ахли ташайюъ буданашон мавриди озори «мутаассибони суннй» карор доштанд ва аз хамин сабаб низ ба катл расонида шуданд. Шачарй менависад:

«Тамоюлоти шадиди шиии у (яъне Хоразмй- Т.К.) низ дар ин тафсир таъйидест бар пайравии у аз тарики хамадония ва будан дар хати силсилаи кубравия, ки дар карни 8 ва 9, бахусус дар замони Шохрух ба баёни фазоил ва манокиби ахли байт мепардохтанд ва ба хамин сабаб аз мазхаб ва озори мутаассибони суннй барканор набуданд. Кушта шудани Хоразмй ва хамчунин Абуисхоки Хатлонй - аз пайравони дигари Мир Саид Алии Хамадонй ва хамчунин изо ва зиндонй шудани Сайид Мухаммади Нурбахш (пешвои фиркаи нурбахшия)-ро низ дар иртибот бо хамин акоид ва гироишхои шиии онон бояд баррасй кард. Харчанд мархум Зарринкуб (4) Камолуддини Хоразмй ва пайра-вони уро аз гироишхои ший барканор медонанд, вале ин назар аз мутолиаи осори у, бахусус хамин тафсири "Ч,авохир-ул-асрор" барнамеояд...» (7, 122).

Ба назари мо Ризо Шачарй дар ин чо ба ду хато муртакиб шудааст: Аввал он ки Камолуддин Хусайни Хоразмии мавриди назари устод Зарринкубро, ки аз пешвоёни суфияи замони худ буд, иштибохан бо Камолуддин Хусайни Хоразмии шорехи «Маснавии маънавй» як нафар хисобидааст. Зимнан бояд гуфт, ки зикри ин иштибох танхо ба Ризо Шачарй нисбат надорад ва тахиягари матни «Ч,авохир-ул-асрор» низ мавчудияти ду шахсиятро бо номи «Камолуддин Хусайни Хоразмй» пай набурдааст, ки мавзуи бахси дигарест. Иштибохи дигари Шачарй дар он аст, ки бо баёни назари ифротомез кушиш кардааст, ки Хоразмиро аз пайравони тарикати шиа муаррифй кунад ва хатто «тамоюлоти шадиди шиии у»-ро дар ин шарх низ махсус таъкид менамояд. Хол он ки дар хеч кучои шархи «Ч,авохир-ул-асрор» «тамоюлоти ший»-и Хоразмй эхсос намегардад. Магар ончунон ки Ризо Шачарй менависад, «баёни фазоил ва манокиби ахли байт» боиси адовати «мутаассибони суннй» мегардад?

Яке аз даъвохои Ризо Шачарй дар мавриди ахли ташайюъ хондани Камолуддини Хоразмй ба масъалаи дар мукаддимаи шарх овардани бархе аз намояндагони хонадони хазрати Алй ва ба истилох «ахли байт» аст. Шачарй дар хамин маколаи аввалин пас аз зикри Алй ибни Абутолиб оварда шудани «зикри манокиби панч тани дигар аз имомони бузурги шиа»-ро (7, 122) бурхони ин даъво медонад. Ин панч тан аз имомони бузурги шиа, ки дар бораи онхо сухан меравад, Имом Хасан, Имом Хусайн, фарзанди Хусайн - Зайнулобидин, фарзанди у Мухаммадбокир ва Чдъфари Содик хастанд, ки дар бораи онхо дар хамин фасл сухан рафтааст. Аммо инсоф он аст, ки ба ин масъала набояд якчониба ва бо эхсосу муболига назар андозем, зеро он гуна ки огои Шачарй дар мавриди «зикри манокиби панч тан аз имомони бузурги шиа» бо гулув сухан мегуяд, он на манокиб аст ва аз навиштахои Хоразмй хам буи гароиш ба ташайюъ барнамеояд. Ишораи Шачарй ба хамон кисмати ин мукаддима оид аст, ки Хоразмй пас аз зикри манокиби хазрати Алй фаслеро бо номи «Зикри баъзе абнои расул ва самараи фуоди батул» дар нихояти мухтасарбаёнй тахсис дода ва мегуяд:

«Агарчи манокиби ахли байт, ки роздори сирри «мо рамайта из рамай-та»-анд, аз хадди такрир берун ва аз хайиизи тастир афзун аст, чи эшон чигаргушагони Расуланд (с), хазрати Илохй дар шаъни эшон мефармояд: «Иннамо йуридулло^у лийуз^иба анкуму-р-рицса а^лал байти ва юта^^ирукум тат^иро, яъне Эй ах;ли байт, Худо мехо^ад палидиро аз шумо дур кунад ва шу-

моро пок дорад» (6, А^зоб, ояти 33). Баъд аз ин сухан, ки каломи илохист ва ин чо хеч гуна тамоюли ташайюъ дида намешавад, Хоразмй дар бораи Имом Хасан, Имом Хусайн, фарзанди Хусайн - Зайнулобидин, фарзанди у Мухаммад-бокир ва Чдъфари Содик сухан гуфтааст ва он хам дар нихояти ичоз ва ба гу-нае, ки тамоми матолибе, ки дар бораи панч тан аз фарзандони хонадони Паём-бари акрам (с) дар ин фасл меоварад, танхо аз ду сахифа иборат аст ва намета-вонад далели гироиши шиии Камолуддини Хоразмиро дар пай дошта бошад. Чунончи, дар бораи Алй ибни Хусайн маълумоти зикрнамудаи Хоразмй чунин аст:

«Аммо Алй ибни Хусайн (р) ва лакаби у «Зайнулобидин» аст. Ва уро Зайнулобидин бад-он гуянд, ки аз ахли байти Расул (а) хеч кас набудааст, ки зохиру ботин ва акволу афъол ва харакоту саканоти халк ва хулки Мустафоро (а) монанда будааст, магар вай. Ва содоти хусайнй хама аз насли уянд» (1, 36).

Дар бораи Мухаммадбокир бошад, танхо як чумла овардааст: «Ва фарзан-ди у (яъне фарзанди Алй ибни Хусайн- Т.К.) Мухаммадбокирро камолоти бенихоят аст» (хамон чо).

Чунонки дида мешавад, тамоми матолибе, ки «зикри манокиби панч тани дигар аз имомони бузурги шиа»-ро дарбар гирифтааст, танхо дар ду сафха зикр шуда ва хатто зикри ду имоми ахир аз се чумла хам тачовуз намекунад, вале Ризо Шачарй дар ин маврид муболигаро ба хадди ифрот расонидааст. Аммо ба таври катъй метавон хадс зад, ки Камолуддини Хоразмй ончунон ки Шачарй ишора мекунад, на аз ахли ташайюъ будааст, зеро агар чунин мебуд, магар ханафиёни Хирот бо гумону шубха уро ба мухокимаи мазхабй мекашиданд? Гумону шубха хатман дар заминаи нобоварй сар мезанад ва аз хамин хотир, шояд амале ва рафторе аз фаъолият ва ё гуфтори Камолуддини Хоразмй ханафиёни Хиротро ба шубха оварда бошад, то ин ки уро ба мухокимаи мазхабй кашиданд, вале чизе бар у собит карда натавонистанд. Таваччух ва иродати у ба хонадони Алй ибни Абутолиб дар ин замина далели катъй дар мавриди мазхаби шиа доштани у буда наметавонад. Ончунонки мутолиаи шархи Хоразмй нишон медихад, у на танхо ба Алй ибни Абутолиб, балки ба хар чахор хулафои рошидин таваччух дошта, дар мавориди зарурй номи онхоро бо таъзиму икром ва иродат ба забон овардааст, дар холе, ки шорехони дигари ахли ташайюъ дар чунин маврид на танхо иродат нишон намедиханд, балки ба гунае рохи гурез мечуянд. Хатто шорехони муосири эронй низ хамин «суннат»-и гузаштагони хаммазхаби хешро идома бахшидаанд. (Барои санад дар ин бора ручуъ шавад ба 5, дафтари 2, байти 61, сах. 40-41, ки хатто калимаи «суннй»-ро ба маънои дигар шарх додааст!). Карими Замонй инчунин дар хулосаи фасли «Омадани расули Рум то амирулмуъминин Умар (р)...» хатто исми «Умар»-ро, ки дар сарлавхаи хикоят ду маротиба зикр шуда ва дар тамоми нусахи маснавй зикр гардидааст, хазф мекунад ва аз канори исми Умар азкори «разийа-л-лоху анху» ва ё «амирулмуъминин»-ро дур меандозад (5, чилди 2, сах. 448; инчунин чилди 1, байти 1913 ва чилди 2, сах. 596).

Зикри ин санадхо ба хотири он аст бигуем, ки чи гуна бархе олимони мазхаби ташайюъ аз хулафои ахли суннат ёд кардаанд. Дар сурате, ки дар аксари китобхои ахли ташайюъ номи Умар (р) бе хеч гуна васф ва эхтиром зикр

карда мешавад (яъне танхо калимаи «Умар» зикр мешаваду халос), магар Камолуддини Хоразмй, ки ахли ташайюъ муаррифй мешавад, дар «Ч,авохир-ул-асрор» дар чандин мавриде, ки аз Умар (р) ёд мекунад, лафзи «амирулмуъминин» ва ё «разийа-л-лоху анху»-ро хамрох меоварад? Таваччух ва эхтироми Камолуддини Хоразмиро дар нисбати халифаи мазкур мисолхои зерин шаходат медиханд, ки дар онхо шорех зикри азамати ин номро нигох доштааст. Чунончи:

- «Амирулмуъминин Умар ибн ал-Хаттобро хитоби мустатоб даррасид...» (1, 598);

- «Амирулмуъминин Умар аз уайбати он уолат барцаст.. .»(уамон цо);

- «Чун амиралмуъминин Умарромушоуида кард...» (уамон цо);

- «Умарразийа-л-лоуу ануу гуфт...» (1, 600),

- «Чун Форуц ба кашфи амсоли ин асрор иштигол намуд....» (1, 602). Хоразмй дар мавриди дигаре чун ба инкори мазхаби чабрия ва кадария мепардозад, гироиши худро ба мазхаби ахли суннат ба хубй баён медорад:

«Ва ин сухан чун зохиран мувофики мазхаби чабрия менамояд, ки эшон мегуянд: Бандаро асло хеч феъле нест ва харакати у ба манзалаи харакоти одот аст ба тахрики дигаре, бандаро дар он харакот хеч касду ихтиёр ва кудрат нест. Ва ин мазхаби ботил аст. Чунонки мазхаби кадария, ки чамеи афъоли ибодро махлуки ибод мешиносанд ва гумон мебаранд, ки феъли абад мункатеъ аст аз Борй таоло, хам аз чихати ирода ва хам аз чихати халк. Ва мазхаби ахли суннат дар васати ин ду мазхаб аст. Лочарам хайр-ул-мазохиб аст, чи эшон мегуянд: Холики афъоли ибод Х,ак(к) субхонаху ва таоло аст ва дар халк хеч ахаде шарики у нест» (1, 439).

Хоразмй дар маколати дуюми мукаддимаи шархи «Ч,авохир-ул-асрор» дар мавриди машраби тоифае, ки «масъуд ба саодати азалй ва махдуд ба хадди лам язалй ва восилони хазарати ахадй ва мукаррабони чаноби самадианд ва ба воситаи чазаботи дакоик чамоли бокамоли хакикат-ул-хакоик дида ва ба аъломаоричи эътило ва аксомадоричи иртифоъ расидаанд» сухан ронда, Мавлоно Чдлолуддинро муктадои ин тоифа ва худро пайрави он мехонад:

«Ва бихамдиллох, ки мо аз ин тоифаем ва ба шархи китоби муктадои ин тоифа машгулем. Ва чамеи муттабиони шариатро мазхаб ин аст ва ин тоифаанд, ки дар зери астари райб мушохидаи асрори гайб кардаанд ва дар макоми ниёз бо сад сузу гудоз гуфта, маснавй:

К-эй бибурда рахти уисуо суйи гайб,

Даст чун Мусо бурун овар зи цайб.

Эй сифотат офтоби маърифат,

В-офтоби чарх банди як сифат.

Гоу хуршеду гауе дарё шави,

Гоу кууи Кофу гау ащо шави.

Ту на ин боши на он дар зоти худ,

Эй фузун аз ваумуо в-аз беш беш» (1, 127).

Дар ин порча зикри каломи шорех «бихамдиллох, ки мо аз ин тоифаем ва ба шархи китоби муктадои ин тоифа машгулем» баёнгари равиши фикрию

мазхабй ва пайрави тарикати Мавлоно Чдлолуддин будани уст, ки даъвои ботили ахли ташайюъ будани уро хати бутлон мекашад.

Низ, зикри хикояти зерин далолат бар мазхаби поки шорехи Хоразмй мекунад, ки дар он сарехан ба Имом Абуханифа ва шогирдони у ишора менамояд: «Накл аст, ки чун Имом Абуюсуф ва Имом Мухаммадро, рахима-хуму-л-Лох, дар масъалае ихтилоф вокеъ шудй, Довудро хакам сохтандй ва масъаларо ба арзи у расонидандй. Агар кавли Мухаммад хак будй, гуфтй: Сухан сухани Мухаммад аст. Ва агар кавли Имом Абуюсуф хак будй, гуфтй: Ин аст. Ва номи Абуюсуф набурдй ва пушт ба тарафи Абуюсуф кардй ва мутавач-чехи Мухаммад нишастй. Гуфтанд: Хар ду дар илм бузурганд, чаро якеро азиз дорй ва якеро дар пеши худ нагзорй? Гуфт: Аз он ки Мухаммад аз сари иззат ва салтанати дунё гузашта ва кадам дар рохи илм ниходааст. Ва Абуюсуф илмро воситаи иззат ва чохи худ сохта, пас хар ду чи гуна баробар бошанд? Дигар, устоди мо Абуханифаро (р) ба тозиёна заданд, казо кабул накард ва Абуюсуф тан ба мансаби казо дардод. Пас хар кй тарики устоди худро хилоф кунад, ман бо у сухан нагуям ва аслан мувосалати у начуям» (1, 69-70).

Ва нихоят, Хоразмй дар мукаддимаи китоб аз «арвохи мукаддасаи ахли байт» ва хам аз «нуфуси мутаххараи чахор ёри босафо, ки чахор аркони касри истафоанд», чунин ёд мекунад:

«Ва латоифи рахмат ва ризвон ва шароифи раъфат ва гуфрон нисори арвохи мукаддасаи ахли байт, ки хакоикшиносони сирри «мо рамайта из рамайт» ва рохнамоёни мамолики олами малакут ва пешвоёни арсаи масолики чабарутанд ва хадяи нуфуси мутаххараи чахор ёри босафо, ки чахор аркони касри истафоанд...» (1, 4).

Хушбахтона, муаллифони «Донишномаи адаби форсй (Адабиёти форсй дар Осиёи Миёна)» ба ин масъала аз дидгохи инсоф нигариста менависанд:

«Хоразмй дар шархи «Фусус-ул-хикам» он чо ки шархи фасси шисй ва масъалаи хатми вилояти мутлакаро мегуяд, равиш мекунад, ки шофей аст, на шиа, харчанд дар «Ч,авохир-ул-асрор» ва низ «Янбуъ-ул-асрор» ба Алй (а) ва муътакидоти шиа хурмат гузидааст ва алокаи амики у ба ташайюъ дида мешавад...» (10, 240-241).

Асноди фавк, ки аз пахнои шархи «Ч,авохир-ул-асрор» берун омаданд, нишон медиханд, ки Хоразмй на танхо аз ахли ташайюъ набуд, балки андешахои у болотар аз бахсхои мазхабй буданд. Ин нукта, ки шорех дар огози китоби хеш дар катори бузургони дигар аз хонадони Алй ибни Абутолиб бо эхтиром ёд мекунад, далеле бар мазхаби ташайюъ доштани у намекунад. Аммо хеле тааччубовар аст, ки Мавлоно Ч,омй дар китоби «Нафахот-ул-унс» (9) чойе аз Камолуддини Хоразмй ёд накарда ва сабабаш низ барои мо пушида аст. Харчанд аллома ^азвинй иддао дорад, ки «Ч,омй ба сабаби асабияти мазхабй бисёре аз машоихи садахои хаштум ва нухуми хичриро, ки шиамазхаб будаанд, нодида гирифтааст...» (10, 240), ин андеша чандон сахех ба назар намерасад. Калидвожауо: мазуаби ташайюъ, уламои шиа, «Цавоуир-ул-асрор ва завоуир-ул-анвор», Хоразмй, Ризо Шацарй

Пайнавишт:

1. Хоразмй, Камолуддин Хусайн ибни Хасан. Цавоуир-ул-асрор ва завоуир-ул-анвор. Муцаддима ва тасуеуу таушияи доктор Мууаммад Цаводи Шариат.^еурон: Aсотир, 13S4 (дар чор муцаллад).

2. Балxй, Мавлоно Цалолуддини Мууаммад. Маснавии маънавй. Бар асоси нусxаи мактуб ба соли 677 цамарй ва муцобала бо тасуеуу табъи Николсон. Tасуеу муцобала ва кашфулабёт аз Кивомуддини Хуррамшоуй.^еурон, 13S4.

3. Зарринкуб, Aбдулуусайн. Сирри най. Нацд ва шаруи таулилй ва татбиции маснавй. Чопи дауум. Дар ду муцаллад.^еурон, 13S3.

4. Зарринкуб, Aбдулуусайн. Цустуцу дар тасаввуфи Эрон.-Душанбе: Ирфон, 1992.

З. Замонй, Карим. Шаруи цомеи маснавй. Дар уафт муцаллад.^еурон, 13S4.

6. Куръони мацид. Tарцумаи Aбдулмууаммади Оятй.^еурон, 1997.

7. Шацарй, Ризо. Муаррифй ва нацду таулили шурууи маснавй. -T.еурон: Aмири кабир, 13S6

5. Фурузонфар, Бадеуззамон. Шаруи Маснавии шариф. Чопи П.^еурон, 13S6.

9. Цомй, Нуруддин Aбдурраумон. Нафауот-ул-унс^асуеуи доктор Маумуди Обидй.^еурон: Интишороти Иттилоот, 1370.

10. Донишномаи адаби форсй (Aдабиёти форсй дар Осиёи Миёна), цилди аввал, вирости дуюм, ба сарпарастии Хусайни Aнyша. - Tеурон, 13S0.

Келдиёров Таджибой Султонович,

доцент кафедры таджикской классической литературы ХГУим.акад. Б. Гафурова

О религозном течении Камалуддина Хусайна Хорезми

Ключевые слова: шиитская секта, шиитские учёные, «Джавоxир-ул-асрор ва завоxир-ул-анвор», Хорезми, Ризо Шажари

Комментарий «Джавоxир-ул-асрор ва завоxир-ул-анвор» Хусайна Хоразми, составленный в первой половине XV века, считается одним из первъix толкований «Поэмы о скрытом смысле» Джалолуддина Руми. Некоторые иранские исследователи при подготовке к изданию текста комментария причисляют автора к приверженцам шиизма. Aвтор статьи на основе аргументов из текста толкования убедительно доказывает, что Хоразми был последователем суннитского толка ислама.

T.S. Keldiyorov

On the Religious Trend by Kamoliddin Husayn Khorezmi

Key words: shiit sect, Shiit scientists, “Djavokhir-ul-asror va zavokhir-ul-anvor”,

Khorazmi, Rizo Shajari

The Commentary book "Djavohir-ul-Asror va zavohir ul-anvor" by Husayn Khorazmi compiled in the first half of the XV-th century is considered as one of the first interpretations of "The Poem on Implied Sense" by Jalaluddin Rumi. Some Iranian researchers when working at the commentaries to the text for publication referred the author to the adherents of Shiizm. The author of the article proceeding from the arguments of the interpreted text proves convinciugly that Khorazmi was an adherent of the Sunni wing of Islam.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.