Научная статья на тему 'НАУЧНО-ИСТОРИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССОМ МЕТРОЛОГИЧЕСКОЙ ОБРАБОТКИ И СТАНДАРТИЗАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН'

НАУЧНО-ИСТОРИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССОМ МЕТРОЛОГИЧЕСКОЙ ОБРАБОТКИ И СТАНДАРТИЗАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
10
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРОИЗВОДСТВО / ПРОЦЕСС / АГЕНТСТВО / СНАБЖЕНИЕ / СТРУКТУРА / КОНТРОЛЬ / СООТВЕТСТВИЕ / ИЗМЕРЕНИЕ / СТАНДАРТИЗАЦИЯ / ПРОМЫШЛЕННОСТЬ / ОРГАНИЗАЦИЯ / МЕТРОЛОГИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Кабиров Фирдавс Одилшоевич

В данной статье автор анализирует научно-исторические основы контроля за процессом метрологии и стандартизации, а также текущую деятельность Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан. Следует отметить, что Агентство «Таджикстандарт» за период государственной независимости Республики Таджикистан добилось новых успехов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SCIENTIFIC AND HISTORICAL BASES OF MANAGEMENT OF THE PROCESS OF METROLOGICAL PROCESSING AND STANDARDIZATION IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

In this article, the author analyzes the scientific and historical foundations for monitoring the process of metrology and standardization, as well as the current activities of the Agency for Standardization, Metrology, Certification and Trade Inspection under the Government of the Republic of Tajikistan. It should be noted that the Agency «Tajikstandart» for the period of state independence of the Republic of Tajikistan has achieved new successes.

Текст научной работы на тему «НАУЧНО-ИСТОРИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССОМ МЕТРОЛОГИЧЕСКОЙ ОБРАБОТКИ И СТАНДАРТИЗАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН»

АСОСХ,ОИ ИЛМЙ -ТАЪРИХЙ ОИД БА НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪМИНОТИ МЕТРОЛОГИ ВА СТАНДАРТКУНОНЙ ДАР ^УМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

Кабиров Ф.О.

Донишгоуи технологии Тоцикистон

Бояд иброз намуд, ки сохаи стандарткунонй ё худ меъёрбандй дар чомеа падидаи нав нест, балки он таърихи беш аз хазорсола дорад. Меъёрбандй чун сохаи мухими хочагй дар таърихи кишвари мо охири асри IX, дар давраи давлатдории Сомониён пайдо шуда, «Девони мухтасиб» унвон дошт. Дар ин бора Аллома Бобочон Гафуров дар асари худ «Точикон» нигоштааст: «Яке аз девонхои (вазоратхои) дастгохи давлати Сомониён «Девони мухтасиб» ном дошт. Девони мухтасиб ба бозор, тарозу, молхои фуруш назорат мекард. Вай метавонист фуруши молхои калб ва номатлубро боздорад ва бо нархи гарон фурухтани махсулотро манъ кунад. Шахре набуд, ки мухтасиби худро надошта бошад». [3.454-455].

Истилохи «стандарт» дар забони точикй калимахои хаммаъно ба вожаи меъёр, хад, андоза, колаб, шакли мураттаб, низомро дар бар мегирад. Хануз дар минтакахои точикнишин ба монанди Панчакент, Уротеппа, Хучанд, Фалгар, Хисор, Кулоб ва дигар марказхои тичоратй барои таъмини назорат ва риояи истифодабарии воситахои ченак дар бозорхо шахсони муггассадй арбобон ва мухтасибон таъин мешуданд, ки назорат аз болои фаъолияти онхоро идораи козиёт ё козикалон амалй мекард [3, 455].

Добили зикр аст, ки дар таърихнигории даврони Шуравй пажухишхои илмие анчом дода шуда буданд, ки ба омузиши ходиса ва далелхои гуногуни мушкилоти ташаккул ва тахаввули низоми стандартизатсия бахшида шудаанд. Яке аз тахкикоти мухим ва назаррас дар ин самт тахкикоти А.А. Александрова «Пайдоиш ва рушди стандартхо дар ИЧШС (солхои 1917-1940)» ба шумор меравад, ки дар он тачрибаи таърихии коркард ва чорй намудани стандартхо дар ИЧШС дар давраи солхои 19171940 тахлили чиддй ёфтааст. [1.56]

Маълум менамоем, ки масоили таърихи стандартизатсияи Шуравй дар китобхо ва асархои илмии доктори илмхои техникй, профессор В.В. Бойцов низ инъикоси пурраи худро ёфтаанд. Тахкикоти аввалини у, ки пахлухои мухими таърихи сохаи стандартизатсияро аз солхои аввали ташаккулёбии ИЧШС-то солхои 60 -уми асри ХХ дар бар мегирад, соли 1967 ба табъ расида буд. Зикр менамоем, ки муаллиф дар баробари тахлили тачрибаи таърихии стандартизатсия дар сохаи хочагии халк, ба сахми олимон ва фаъолони давлатй дар таъсиси пойдевори ташкилй ва методологии стандартизатсия дар кишвар низ таваччухи хоса зохир намудааст.[2.150]

Дар китоби олимони рус Сергеев А.Г., Латышев М.В., Терегеря В.В. «Метрология, стандартизация, сертификация» тамоми пахлухои сохаи стандарткунонй ё худ меъёрбандй, вобаста ба мархалахои таърихй ва рушди сохаи мазкур дар давраи Иттиходи Шуравй тахлили хаматарафа гардида, максад ва вазифахои ин соха дар таълим ва тайёр кардани мутахассисони касбй низ нишон дода шудааст. [7.492]

Бояд иброз намуд, ки мохи декабри соли 1991, бо ^арори Шурои Вазирони ЧШС Точикистон шуъбаи чумхуриявии стандартизатсия ташкил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифахо оид ба стандарткунонй, назорати риояи ченаки ягона, таъмини фаъолияти сертификаткунонии истехсолот ва тичорат, назорати давлатй аз болои риоя намудани ичроиши стандартхо ва воситахои ченкунй дар худуди Чумхурии Точикистон гузошта шуд. Дар баробари ин карор, инчунин Низомнома дар бораи самтхои асосии фаъолият низ тасдик гашт. Хуукумати Чумхурии Точикистон аз солхои аввалини истиклолияти давлатй бобати риояи коида ва меъёрхои стандарт диккати зарурй медод. Тибки карори Девони Вазирони Чумхурии Точикистон Шуъбаи чумхуриявии стандарткунонй мебоист талаботи стандарткунонй, ягонагии андозагирй, сертификаткунонй, назорати давлатии риояи талаботи стандартхо ва воситахои андозагириро таъмин менамуд.

Баъди ба даст овардани истиклолият дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон вазифаи таъмини риояи ченакхо ва андозахои ягона дар низоми муносибатхои иктисодй ва ичтимой руи кор омад. Бо хамин максад, соли 1992 дар дохили Агентии «Точикстандарт^> барои амалй кардани назорати давлатй оид ба воситахои ченак Раёсати назорати давлатй оид ба риояи таъминоти метрологии истехсолот ва тафтишоти воситахои ченак таъсис дода шуд.

Бояд кайд намуд, ки хусусиятхои таърихии рушди сохтори Агентии «Точикстандарт» дар давраи истиклолияти Чумхурии Точикистон мунтазам вазифаи давлатиро ичро карда, дар баробари ин сохтори Агентй бо дастгирии давлат сол аз сол бо шароити корй ва технологияи муосир бархурдор гардид. Фаъолияти марказхои ташхисй ва таъмини онхо бо технология ва асбобхои ташхисй шаходат аз он медихад, ки дар ин самт кори ин сохтор ру ба бехбудй ниходааст. Озмоишгоххои Чумхурии Точикистон дорои ваколатномаи байнидавлатй гардиданд ва ин шаходати эътирофи онхо аз тарафи созмонхои байналмилалй мебошад. Агар дар соли аввали фаъолияти Агентии «Точикстандарт» дар чумхури ду озмоишгох амал мекарданд, пас дар соли 2021 шумораи онхо зиёда аз 13 адад расид ва тамоми гузаргоххои байналмилалии тичоратии мамлакат бо озмоишгоххо таъмин гардиданд.

Хаминро бояд кайд кард, ки рохбарй аз болои таъминоти метрологии истехсолот ва назорати воситахои андозагирй аз тарафи сохторхои Агентии «Точикстандарт», ки аз замони сохибистикдол шудани Чумхурии Точикистон ба кори худ OFaз кард, дар ин муддат ба муваффакиятхои беназир расид.

Агар ба таърихи озмоишгоххои ташхисии Агентии «Точикстандарт», ки максади асосии онхо таъмини бехатарй ва назорати сифати махсулоти хурока дар бозор ва нуктахои савдою хизматрасонии кишвар мебошад, назар афканем, маълум мешавад, ки то солхо 90-ум дар сохтори Агентй хамагй 2 озмоишгох яке дар шахри Душанбе ва дигаре дар шахри Хучанд амал мекарданд.

Раёсатхои Агентии «Точикстандарт» назорати давлатй оид ба риояи талаботи стандартй, таъминоти метрологии истехсолот ва тафтишоти воситахои ченак ва бозрасии давлатии савдоро дар шахру нохияхои Чумхурии Точикистон тахти назорат карор медиханд. Аммо таFЙир дар чомеаи сармоядорй, ки Чумхурии Точикистон ба он кадам ниход ва афзоиши истехсолкунандагони дохилй такозо намуд, ки фаъолияти ин субъектхо доир ба стандарткунонй ва метрология конунгузорй шаванд. Аз хамин лихоз, 14 декабри соли 1996, тахти №333, бо имзои Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Э. Ш. Рахмонов Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартонй» кабул шуд. Кабули ин конун корхои стандарткунонии кишварро мутобик ба талаботи бозори чахонй таквият бахшида, самтхои асосии фаъолияти ин сохторро муайян менамояд. Дар давоми солхои 1995-2000 тавассути конуни мазкур стандартхои нави чумхуриявй руи кор омаданд.

Бояд зикр намуд, ки Агентии «Точикстандарт» хамчун макомоти идоракунии чумхуриявй эътироф шуда, меъёрои мухофизати давлатии манфиати истеъмолкунандагон ва давлатро бо истифодаи усул ва воситахои стандарткунонй муайян месозад. Тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартонй» Агентии «Точикстандарт» вазифадор гардидааст, ки сиёсати давлатиро дар бобати стандарткунонй татбик намояд, назорати давлатиро оид ба риояи талаботхои хатмии меъёрй ба рох монад ва дар системаи стандарткунонии байналмиллалй иштирок намояд. Дар баробари хамин Агентии «Точикстандарт» кушиш мекунад, ки кадрхои касбии сохаи стандатгсунонвдо тайёр намояд, коидахои кабули стандартхои байналмиллалй ва минтакавиро бо стандартхои дохилй мутобик карда, амалй шудани онхоро таъмин намояд.

Имруз дар фонди давлатии стандартхои Чумхурии Точикистон зиёда аз 26 хазор адад стандартхои сохахои гуногуни хочагии халк (ба монанди истехсоли махсулот, кору хизматрасонй, хифзи мухити зист, маводди сохтмон, маснуоти техникии тиббй ва f. мавчуданд. Фонди давлатй стандартхои миллй, байнидавлатй ва байналхалкиро дар бар мегирад.

Мувофики конунхои амалкунанда Агентии «Точикстандарт» намояндаи Чумхурии Точикистон дар Шурои байнидавлатй оид ба стандарткунонй, метрология ва сертификаткунонй ва Иттиходи байниминтакавй оид ба стандарткунонй буда, дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдор лоихаи стандартхои минтакавии тахияшударо баррасй менамояд.

Хуукумати Чумхурии Точикистон чихати бартараф намудани монеахои техникй дар савдои умумичахонй ва баланд бардоштани иктидори содиротии кишвар бо пешниходи Агентии «Точикстандарт» давоми чанд сол аст, ки бо Комиссияи мазкур чихати истифодабарии стандартхои кишоварзии сифат бо максади дастгирии истехсолкунандагони ватанй, ба хусус кишоварзон ва содироткунандагон ва истифодаи стандартхо дар савдои байналмилалй хамкорй дорад.

Дар чомеаи мутараккй стандарткунонй яке аз воситахои идоракунии хочагии халк хисоб меёбад. Стандарткунонй усули илмии батартибандозии фехраст ва сифати махсулоти истехсолшавандаро дар микёси давлат ифода намуда, чихати баланд бардоштани самаранокии истехсолоти чамъиятй таъсири бевосита мерасонад. Стандарта давлатй барои муттамарказонии тачрибаи пешкадами саноатй ва дастовардхои муосири илму техника равона карда шуда, онхоро бо дурнамои рушди хочагии халк алокаманд менамояд. Бинобар ин стандарт ба меъёру талаботи зарурии чамъиятй нисбати сифати махсулот табдил меёбад.

Стандарткунонй хамчун фаъолияти амалй мукаррар намудани хуччатхои меъёрй оид ба стандарткунонй ва истифодаи коида, меъёр ва талаботеро дар бар мегирад, ки дар сохахои истехсолоти чамъиятй ва хаёти ичтимой халли муносиби вазифахои такроршавандаро таъмин менамоянд. Фаъолияти мазкур барои ичрои амалхои зерин равона карда шудааст: таъмини мачмуии меъёриву техникии такмили хамачонибаи идоракунии хочагии халк; сермахсул гардонидани истехсолоти чамъиятй ва баланд бардоштани самаранокии он; вусъат бахшидани пешрафти илмию техникй ва бехсозии сифати махсулот; истифодаи окилона ва сарфачуёнаи захирахо. Стандарткунонй хамчун низоми идоракунии фаъолияти амалй дар асоси Низоми давлатии стандарткунонй (НДС), ки низоми идоракунии накшавии фаъолият оид ба стандарткунонй хисоб меёбад, амалй гардонида мешавад. Он ба мачмуи хуччатхои меъёриву техникй, ки чихати ташкил ва тарзи ичрои корхои амалй оид ба стандарткунонй талаботи байни хам алокаманд кардашударо мукаррар менамоянд, такя мекунад.

Таъсисёбии низоми ягонаи макомот ва хадамоти стандарткунонии кишвар барои иштироки доираи васеи мутахассисони сохахои илм, техника, иктисодиёт ва идоракуниро дар корхо оид ба стандарткунонй мусоидат намуда, омили асосии пешрафти иктисоди Точикистони сохибистикдол

гардид. Дар ин самт кори мухимро сохтори макомот ва хадамоти стандартонии Чумхурии Точикистон дар симои Агентии «Точикстандарт», бозй мекарданд, ки ба души онхо вазифахои зерин гузошта шуданд: амалигардонии сиёсати техникй дар сохаи стандарткунонй; таъмини мавчудият ва тараккиёти низоми давлатии стандарткунонй, аз чумла ба манфиати мудофиа; дар стандартхо мукаррар намудани талаботи хатмй нисбати махсулот кор ва хизматрасонй; ташкили кор чихати хамохангсозии меъёрхои техникй ва талаботи стандартхои миллй бо стандартхои байналхалкй ва байнидавлатй; ташкили тахия, экспертиза, тасдик ва бакайдгирии давлатии асноди меъёрй оид ба стандарткунонй, нашр ва ба чонибхои манфиатдор дастрас гардонидани онхо; ташкили таъминоти иттилоотй оид ба масъалахои стандарткунонй; амалигардонии назорати давлатии стандартхо дар иттиходия, корхона, ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеият, инчунин шахрвандоне, ки бо фаъолияти сохибкорй (бе маълумоти шахси хукукй) машгуланд; тасдики ташкилотхои асосй ва бунёдй оид ба стандарткунонй, кумитахои техникй (мувофики фехрасти «Точикстандарт»); намояндагй намудани Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналхалкй оид ба стандарткунонй.

Дар баробари ин давлат тавассути марказхои махаллии стандарткунонй истехсоли махсулот, кор (раванд), хизматрасонй, ки тахти стандартонй бояд карор гирад, тахти назорат карор мегирад. Хамчунин шакли хизматрасонй ба ахолй хамчун объекти стандартонй низ дар зери назорати сохторхои стандартй карор дорад. Махсулоти тайиноти истехсолию техникй ва молхои ниёзи мардум, ки ба онхо микдори зиёди стандартхо тахия шудаанд, объектхои нисбатан анъанавии стандартонй хисоб меёбанд. Инчунин равандхои технологии намунавй, шакл ва усулхои ташкили мехнат ва истехсолот, коидахои ичро кардани амалиётхои истехсолотй ва назоратй, хамлу накл ва нигохдории махсулот ва дигарон низ объектхои стандарткунонй ба шумор мераванд.

Чумхурии Точикистон тачрибаи талхи Иттиходи Шуравиро дар сохаи стандарткунонй ба назар гирифта, дар замони истикдолият ин сохаро бо стандарти чахонй таъсис намуд. Таксими вазифахо, мустакилияти стандартии корхонахо, фаъолияти минтакахои озоди иктисодй ва бартараф кардани монеахои сунъй ва бюрократй боиси рушди бештари соха гардид. Азназаргузаронй ва ивази доимии стандартхои кухна, гузаронидани экспертизаи лоихахо, хамкорй ва хамохангсозии корхонаву вазоратхо, робитахои байналмилалй ва дигар омилхо ба афзоиши обруи стандарти ватанй мусоидат намуданд.

Фаъолияти системаи ягонаи макомот ва хадамоти стандартонии кишвар дар рохи таквият бахшидани сохаи метрология ва стандартонй мусоидат намуда, омили афзудани сиёсати техникй, тараккиёти низоми давлатии стандартонй, хамохангсозии меъёрхои техникй ва талаботи стандартхои миллй бо стандартхои байналхалкй гардид. Рушди бемайлони фаъолияти чомеа дар самти истехсолот, хизматрасонй ва дигар намуди фаъолият боиси ба тартиби муайян даровардани ин муносибатхо ва чорй кардани меъёрхои умумии хисоб, мутобикат ба сифат, тартибот пешбинй, зарурат ва дигар талаботхо гардид. Дар баробари истехсолот инчунин сатхи хизматрасонй низ хамчун объекти стандартонй, дар мадди назари давлат карор дорад.

Холо бошад, дар сохтори Агентй гайр аз ду озмоишгохи номбаршуда, 13 озмошгоххо амал мекунанд. Хамаи ин озмоишгоххо бо дастгоххо ва маводхои зарури ташхисй тачхизонда шуда дар он зиёда аз 134 нафар мутахасисони баландихтисос чои кори пайдо карданд.

Истикдолияти давлатй ба мо имконият дод, ки мутахасиссон ба мамлакатхои хоричи кишвар сафар намуда, тахассус ва тачрибаи худро баланд созанд ва бо хамкасбони худ шиносой пайдо кунанд.

Максади фаъолияти хамаи озмоишгоххои ташхисии Агента ба як самт - нигохдории амнияти озукавории кишвар равона карда шудаанд. Мутахасиссони он масъули хифзи хаёт, тандурустй ва осоиштагии шахрвандони кишвар мебошанд кори халоли онхо вобастагй дорад. Онхо омодаанд, ки тамоми кувва ва дониши худро барои он сарфа намоянд, ки махсулоти шубханок ва бе сифат дар руи дастархони истеъмолкунандагон чой надошта бошанд.

Хамин тарик маълум мегардад, ки рушди сохаи метрология ва стандарткунонй дар Чумхурии Точикистон таърих кадима дошта, вобаста ба асосноккунии илмй-таърихй имруз хамчун макомоти хосаи давлатй дар ин соха фаъолият менамояд.

АДАБИЁТ

1. Александрова A.A. Возникновение и развитие стандартов в СССР (1917-1940 гг.): М.; 1971; Научные и технические библиотеки СССР. 1975. №> 8.

2. В.В. Бойцов Стандартизация в народном хозяйстве СССР. 1917-1967 гг. М., 1967. 274 с

3. Fафуров Б. ЕТочикон. Китоби якум нашриёти «Ирфон» Душанбе - 1983. сах. 454-455;

4. М.Т.Идиев, И.М.Мирзомиддинов, ДМБобоев. Стандартизатсия, метрология ва сертификатсия. Китоби дарсй барои донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбй, 2016. сах. 14-15;

5. М.Ш. Холов, Х.А. Каюмова Метрология и хронология Восточной Бухары и Западного Памира (втор. полов. ХУШ - начало XX вв). - Душанбе: «Дониш», 2013. - 212 с.

6. Руководство ИСО/МЭК «Стандартизация и сложные виды деятельности: Общий словарь», 2000.

7. Сергеев А.Г., Латышев М.В., Терегеря ВВ. Метрология, стандартизация, сертификация Учебное пособие. М.: Логос, 2003. 536 с.

8. Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартикунонй» ш.Душанбе 29 декабри соли 2010 .№668

НАУЧНО-ИСТОРИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССОМ МЕТРОЛОГИЧЕСКОЙ ОБРАБОТКИ И СТАНДАРТИЗАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ

ТАДЖИКИСТАН

В данной статье автор анализирует научно-исторические основы контроля за процессом метрологии и стандартизации, а также текущую деятельность Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан. Следует отметить, что Агентство «Таджикстандарт» за период государственной независимости Республики Таджикистан добилось новых успехов.

Ключевые слова: производство, процесс, агентство, снабжение, структура, контроль, соответствие, измерение, стандартизация, стандартизация, промышленность, организация, метрология.

SCIENTIFIC AND HISTORICAL BASES OF MANAGEMENT OF THE PROCESS OF METROLOGICAL PROCESSING AND STANDARDIZATION IN THE REPUBLIC OF

TAJIKISTAN

In this article, the author analyzes the scientific and historical foundations for monitoring the process of metrology and standardization, as well as the current activities of the Agency for Standardization, Metrology, Certification and Trade Inspection under the Government of the Republic of Tajikistan. It should be noted that the Agency «Tajikstandart» for the period of state independence of the Republic of Tajikistan has achieved new successes.

Key words: production, process, agency, supply, structure, control, compliance, measurement, standardization, standardization, industry, organization, metrology.

Сведения об автор:

Кабиров Фирдавс Одилшоевич - Технологического университета Таджикистана, соискатель кафедры машин и аппаратов пищевых производств, Е- mail: firdavskabir@mail.ru, Телефон: 915480348

About the author:

Kabirov Firdavs Odilshoevich - Technological University of Tajikistan, applicant for the Department of Machines and Apparatuses for Food Production named, E-mail: firdavskabir@mail.ru, Phone: 915480348

ВАЗЪИ ФАРХАНГИИ КУХДСТОНИ ДАРВОЗ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX

Fозиева С. И.

Донишкадаи давлатии забонхри Тоцикистон ба номи Сотим Улугзода

Маданияти моддй ва маънавй новобаста ба давру замон оинаест, ки хамаи чузъиёт, пастию баландй ва дору мадори хаёти чомеаро бо тамоми хастияш дар хеш тачассум менамояд. Вокеан, маданият бехтарин мизон барои муайян кардани дастовардхои сиёсию иктисодй, маданию фархангй дар мархалахои инкишофи таърихй, нишондоди макоми халку миллат дар тамаддуни башарият махсуб меёбад. Табиист, ки дастовардхои илмию маданй ва фархангии халк бехтарин рох, барои шинохти сатхи маърифатнокии миллат ба хисоб меравад.

Минтакаи кухистони Дарвоз аз замонхои пеш хам маскани точикон дониста шуда, дар хама зинахои таърихй аз омехташавй бо дигар кабилахои турктабори кучманчй дар канор мондааст.

Аломатхои мухими маданияти моддй шахрдорию шахрсозй ва дорои дастовардхои хаётан мухим барои маишат мебошанд. Мулки Дарвоз ба дастовардхои болотарини сатхи камолоту беназир нарасида бошад хам, лекин тавассути санъати баркамоли хунармандону косибони гуногунаш талаботу зарурати маишати рузгори мардуми худро таъмин кардааст.

Дар байни марказхои бекигарии мулки Дарвоз Калъаи Хумб ягона марказ шинохта мешуд, ки ба талаботи шахрдории мардум чавобгу буд. Маркази Дарвоз Калъаи Хумб ба якчанд махалла чудо мешуд, ки аз ин кабил мебошанд: «махаллаи Сари Ч,егунй (тахмин меравад, ки то сохтану серахолй шудан ин чо майдони чавгонбозии чавонон будааст) Сариду (Сари деха), Пуниду (Поёни деха), Гули Хдвдак, Сангов, Кули Устовон(шояд шакли ба шеваи махаллй мутобикшудаи махаллаи устохои охангар бошад)»[ 8, с.188].

Махаллахои мазкур ба гузархо чудо мешуданд. Масалан, махаллаи Сари Чргунй, ки марзи он ба харду тарафи сохили Хумбов мерасид, ба махаллахои Чорбот, Кули Мазор, Лаби Хумбов ва Таи Чанор чудо мешуд. Махаллаи Пуниду бошад, дар курби калъа чой дошт ва гузари Сариду дар кисми шимоли

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.