Научная статья на тему 'МУЖСКАЯ ОДЕЖДА ТАДЖИКОВ В 1930-1960-Х ГОДАХ'

МУЖСКАЯ ОДЕЖДА ТАДЖИКОВ В 1930-1960-Х ГОДАХ Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
301
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОВЕТСКИЙ ТАДЖИКИСТАН / НАЦИОНАЛЬНАЯ ОДЕЖДА / МУЖСКОЙ КОСТЮМ / СИНТЕЗ ТРАДИЦИЙ / ФАКТОРЫ ВЛИЯНИЯ / ИНДУСТРИАЛИЗАЦИЯ СТРАНЫ / ЕВРОПЕЙСКАЯ КУЛЬТУРА / ПРЕЕМСТВЕННОСТЬ ТРАДИЦИЙ

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Анохиди Саидахмад

В представленной статье в краткой форме освещается вопрос о мужской одежде, массово распространенной в Таджикистане в 30 - 60-е годы XX века. Обзор изменений в одежде представлен по десятилетиям, указаны категории граждан, которых эти изменения коснулись. Особое внимание уделено синтезу элементов традиционного костюма с направлениями европейской моды, которая в этот период имела интенсивное распространение. К примеру, совместное использование европейской функциональной одежды (пиджак, брюки) и национального головного убора (тюбетейки), или надевание традиционного халата поверх рубашки европейского покроя. Особо отмечается, что в эти десятилетия влияние европейской культуры претерпело, в основном, население столицы и близлежащих к нему районных центров, в периферии же традиционная национальная одежда по-прежнему сохранилась. Автор указывает на основные факторы, которые стали причиной коренных и безвозвратных изменений в таджикском мужском костюме. Речь идет об образовании новых государств, аграрно-индустриальных преобразованиях и т.п. Анализируются и периодические изменения. В частности, на конкретных примерах показано влияние Великой Оттечественной Войны, в которой участвовал советский народ, на мужскую одежду жителей Таджикистана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MEN’S CLOTHES OF TAJIK IN 1930 - 1960

The article in summary form describes the suit, massively widespread in Tajikistan in the 30 - 60-ies of XX century. An overview of the changes in suit given in decades, specified categories of citizens, which are changes in. Special attention is paid to the synthesis of elements of traditional costume with the trends of European fashion, which in this period had an intense spread. For example, the joint use of European functional clothing (jacket, pants) and the national headdress (skullcap), or putting on a traditional robe over a shirt of European cut. It is particularly noted that in these decades the influence of European culture has undergone, mainly, the population of the capital and the surrounding district centers, in the periphery of the traditional national dress is still preserved. The author points to the main factors that caused radical and irrevocable changes in the Tajik men's costume. We are talking about the formation of new States, agrarian-industrial transformations, etc.periodic changes are also Analyzed. In particular, specific examples show the impact of the war in which the Soviet people participated on the men's outfits of the residents of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «МУЖСКАЯ ОДЕЖДА ТАДЖИКОВ В 1930-1960-Х ГОДАХ»

УДК: 902. 7 (575.3)

ЛИБОСИ МАРДОНАИ ТОЧИКОН ДАР СОЛ^ОИ 1930-1960

Анохиди САИДА^МАД

Донишгохи технологии Точикистон

Инкилоби халкии соли 1920 дар Аморати Бухоро, таъсиси Ч,умх,урии Халкии Шуравии Бухоро ва баъдан ба х,айати-ИЧ,ШС ворид шудани он барои сарнавишти точикон ва халкх,ои дигари ин минтака, бидуни шубхд, зух,уроти такдирсоз гардиданд. Ислох,оти сершумор ва бузурги ичтимой-сиёсй ва иктисодй, ки дар натичаи ин хдводис дар тули асри XX рух доданд, ба хдёти ахолии Осиёи Миёна дигаргуних,ои хеле зиёд ворид намуданд. Дигаргуних,ои мазкур, албатта, либоси анъанавии мардумро низ куллан тагйир доданд. Ин тагйирот махсусан дар либоси мардонаи ах,олй, аз чумла точикон, назаррас буд, ки дар натича тамоми аломатх,ои миллй, ки каблан ба он хос буд, аз миён рафт.

Дар катори омилх,ои мух,имтарин, ки ба дигаргуншавии тархи либоси мардона ва занона сабаб гардиданд, метавон инх,оро зикр намуд:

- ислох,оти чамъиятй-сиёсй ва сиёсати идеологии Дукумати Шуравй;

-дар либосдузй чойи матоъх,ои дастбофро босуръат ишгол кардани

матоъх,ои фабрикавй. Ин раванд хднуз дар нимаи дуюми асри XIX, пас аз тобеияти Русияи подшох,иро пазируфтани Аморати Бухоро ва ба хдйати Русия шомил гардидани хонигарии Хуканд огоз гардида буд;

-бомуваффакият амалй намудани сиёсати саноатикунонии мамлакат, ки дар натича доираи истифодаи матоъх,ои дастй хеле мах,дуд гардида, то хддди нестй омада расид. Ин раванд, махсусан баъди бевосита дар худи минтака ба кор даромадани корхонах,ои нассочию дузандагй фаъол гардид;

- ба маротиб афзудани намудх,ои матоъх,ои фабрикавии либосворй;

-сохтмону ободонии рохдо, ки тавассути онх,о матоъх,ои гуногуни

фабрикавй дастраси ахолии нуктах,ои дурдасттарин гардиданд. Чун натича дар таркиби маводи либосвории ах,олии кух,истон микдори матоъх,ои пахтагию абрешимй тадричан афзуда, матоъх,ои пашмй афзалиятро аз даст доданд;

-васеъ гардидани бозори ашёи хоми нассочй, ки ба фаровон шудани навъх,ои маводи либосворй оварда расонид;

- дар дех,оту музофот босуръат пах,н гардидани «муди шах,рй».

Дар натичаи ин дигаргуних,о либоси ах,олии навох,ии гуногуни точикнишин аз руи тарх,, андоза ва ороишот ба х,ам наздик шуданд.

Дар солхои аввали пойдоршавии Дукумати Шуравй зиёиён ташаббус нишон дода, аз либоси анъанавй ба либоси шаклаш аврупой гузаштанд. Дар солхои 20-уми асри гузашта омузгорон, табибон ва дигар намояндагони зиёии точик шим ва куртаи сафеди гиребонхобида пушида, ба сар токии чоргуша мегузоштанд. Бештар аз болои шим сар додани домани курта расм шуда буд. Дар акси хол ба миён аз болои курта камарбанд баста мешуд.

Агар солхои 20-умро хамчун давраи гузариш маънидод кунем, пас солхои 30-юми асри ХХ барои давлати навтаъсиси Шуравй нахустин дахсолаи рушду такомули иктисодй,ичтимой ва фархангй гардиданд. Дар давоми ин дахсола барои точикони водило токии чустй макоми каллапуши асосиро сохиб шуд. Мардхо муйсарашонро паст ё пурра тарошида, ба сар чунин токиро мегузоштанд. Онхо риши худро паст кайчй зада, муйлаб мемонданд. Хоса муйлаби гафси шаклаш "империявй", ки нугхояш аввал ба поён рафта, сипас боло мебаромаданд ва кариб то поёни гушхо омада мерасиданд, маъмул гардид.

^исми бештари ахолй аз либоси анъанавй истифода мебурд, харчанд сол ба сол ба таркиби он чузъхои нав, аз кабили шим, пойафзоли фабрикавй ва гайра ворид мешуданд. Чунин манзара дар солхои 40-ум низ мушохида мешуд. Мардхо ва писарбачагону наврасон аз болои курта чома мепушиданд. Асосан чомаи бекасаб, ки раххои васеи сабзу сафед ва сурху сиёх дошт, маъмул буд.

Бо мурури замон либоси мардонаи тархаш аврупой ё шахрй дар тамоми манотики точикнишин мавриди истифода карор гирифт. Дар тули солхои 40-ум чунин либос хатто дар кухистони Помир маъмул гардид1.

То миёнахои солхои 50-ум дар Точикистон, ба мисли дигар чумхурихои Иттифоки Шуравй, шахсони зиёде вомехурданд, ки бо либоси кухнашудаи харбй гаштугузор мекарданд. Дар солхои нахустини баъдичангй газвору либос камчин буд, аз ин ру мардхо чузъхои гуногуни либоси харбй, аз кабили шинелу гимнастёркаи бепогон, фуражкаю телпак, шими галифе (аз зону боло почахои хеле васеъ дошт) ва музахоро мепушиданд. Ба сифати либоси боло баъзан аз пичаки рангаш равшан истифода мебурданд, ки он гиребони васеъ ва як ё ду катор тугмахо дошт. Х,олатх,ое кам набуд, ки ба миён аз руи либоси боло тасмаи васеи хдрбй мебастанд. Дигарон мачбур буданд, ки асосан аз либоси миллии дастй духташуда истифода баранд.

Тадричан хаёти осоишта баркарор мегардид ва дар нимаи дуюми ин дахсола дар таркиби либоси болои зимистонаи точикон чомаю чакман чойи худро ба палто ва боронихои фабрикавй доданд. Ахолй аз пушидани

пойафзоли анъанавй-чоруц ва мукки даст кашида, ба истифодаи пойафзоли фабрикавй гузашт. Туфлихо ва музахои хиром ба муд даромаданд.

Болопуш ё палторо он замон аз матои гафси драп медухтанд, он кисахои калон ва гиребони васеъ дошта, хеле вазнин буд. Одати истифода бурдан аз гарданпеч чорй гардид.Ба сар мондани кулохи баланди лапардор (шляпа) расм шуд, ки он бо мурури замон барои хар як марди босаликаи Шуравй чузъи хатмии либос гардид. Хоса, сарварони корхонаю муассисахои саноатию кишоварзй, кормандони хизбию давлатй, омузгорону табибонро бе чунин либос дидан гайритабий буд. Дар мавкеи пайвандшавии торак ва лапари чунин кулох, ки одатан сафед буд, тасмаи васеи (1,5-2 см) рангаш тира духта, часпонида мешуд. Акнун зимистон ба сар телпакхои карокулй мемонданд.Аммо дар навохии шимоли Точикистон кисми бештари наврасону чавонон, хоса талабахо ва донишчуён, инчунин мардхои синнашон миёна ва калонсол аз анъанаи ба сар мондани токии чустй даст намекашиданд.Дар акси гурухии хатмкунандагони яке аз мактабхои миёнаи нохияи Ашт хамаи талабахо ва омузгорони онхо махз бо чунин либос сурат гирифтаанд.

Дар нимаи дуюми солхои 50-ум дар байни ахолии шахру дехот камзули пахтадор ба сифати либоси кории гарм макоми асосиро сохиб гардид. Х,амчунин шими лагандашуда, ки аз дарун кабати пахтагй дошту поёни почахояш ба дохили соки муза дароварда мешуд, мавриди истифодаи васеъ карор гирифт2.Мардхо ба кор бо либоси услубаш аврупой мебаромаданд. ^ариб хама шими васеъ (бари почахояш 30-35 см) мепушиданд, охири почахои он тасмашакл ба боло кат шуда буд.Чунин шимро дар хавои гарм хамрохи курта ва бе пичак ба бар мекарданд. Либоси мардона асосан аз матоъхои якранга ва рахдор тайёр мешуд. Олуфтахои мудпараст новобаста аз ранги шим бо пичаки пашмии остиндарози сафед ё ширранг мегаштанд.

Бо суръати баланд тараккй кардани истехсолоти кешбофй боиси пайдоиш ва зуд пахн шудани намудхои гуногуни либоси ба бадан часпида гашт.То ин вакт пушидани либоси ба бадан часпони мардона барои точикон умуман хос набуд. Сухан дар бораи жемперу свитер, либоси сабуки таг, чуробхои пахтагй, кулоххои пашмии кешбофишуда ва гайра меравад. Жемперхои пашмии истехсоли дастй ва мошинй муд гардиданд.

Дар охири солхои 50-ум либоси мардона то дарачае аз шаклхои вазнин ва калонхачм озод гардид. Хати китфи пичакхо хамй пайдо кард. Мардум пичаки кутох ва кадре ба миён часпидаро хамрохи шими васеъ мепушиданд. Як намуди пичак дар пушт хати дарз ва тасмачаи миён дошт.

2 Народы Средней Азии и Казахстана. - Т. 1. - С. 298.

136

Дар зери он, ба мисли солхои 40-ум жемпери беостини якранга ё накшдор чойгир мешуд. Нимпалто, хилъати боронии тасмадор, инчунин либоси иборат аз свитер ва шими варзишй муд шуданд. Шими варзишй дар назди миён ва поёни почахо (барои дар кафи по маркам шудан) тасмахои резинй дошт. Пойафзоли тагчармаш дандонадори каучукй хеле дархостй буд. Нимтанахои боронии дуранга (кисмхои болою поёнашон ранги зид доштанд) ва бисёркиса хеле васеъ пахн гардиданд. Хоса нимтанаи боронии тархаш варзишй, ки дар пеш кулфаки занчирашакл дошту дар пеши бар бо кисахои руйкашшуда хеле маъмул буд.

Мардхои кухансол холо низ фарханги либоси анъанавиро риоя мекарданд. Дар навохии Точикистони Шимолй, барои мисол, тобишхои бекарруфари либосро афзал медонистанд. Ба сар токии чустй монда, куртаи яктахи абрешимй ё пахтагии кимоношакл мепушиданд. Ин намуд курта остинхои дароз дошт ва нимдоманхояш тавассути як тугма ба хам меомаданд. Аз болои он ба миён бастани руймоли абрешимй расм шуда буд. Домани куртаро аз болои шалвори васеъ сар медоданд. Почаи шалворро ба дохили соки муза ё махсй медароварданд.

Худуди пахншавии токии чустй батадрич васеъ мешуд. Одати ба сар мондани чунин токй дар солхои 50-ум то кухистони Помир омада расид3.

Дар солхои 60-ум мачмуи иборат аз пичак, шим, куртаи кутохи пешкушода ва тугмадори фабрикавй меъёри либоси мардонаи точикон мешавад. Дар Осиёи Миёна тамоили ба муди дар Аврупо ва Русия хукмронбуда хамкадам шудан мушох,ида мегардид, бинобар ин дар фархднги минтака тадричан шакл ва намудхои нави либос пах,н мешуданд. Албатта, сокинони Точикистон аз муди аврупой то андозае кафо монда буданд, вале онро бо обуранги миллии худ бой мегардонданд. Шимхои мардона дар таклиди муди аврупой кадре борик ва 3-5 см кутохтар шуданд. Курта ба даруни шими тасмаи миёнаш баланд дароварда мешуд.

Дар огози солхои 60-ум дар Точикистон нахустин намунахои шими чинсро ба савдо бароварданд. Бо мурури замон магозахо чинсхои олмонй, хиндй, булгорй, итолиёиро пешниход намуданд, аммо киматтарин ва зеботарин намуди чунин либосро аз Амрико меоварданд. Палтои дар услуби аврупой духташуда ба сифати либоси болои чойравй руз аз руз васеътар истифода мешуд.Бештар палторо аз магоза дар намуди тайёр мехариданд, баъзан дар ателе тибки дархост медузонданд. Дар байни зиёиёни шахрй истифодаи палтохои сабук (макинтош), ки аз матоъхои кимати рангашон равшан духта мешуданд, васеъ пахн гардид.

ЛИБОСИ МАРДОНАИ ТОЧИКОН ДАР СОЛХОИ 1930-1960

Дар маколаи мазкур либоси мардонаи мухталиф, ки дар Точикистон тайи солхои 30 - 60-уми асри XX ба таври оммавй пахн гардида буд, ба таври мухтасар тавсиф шудааст. Шархи тагйироти либос барои дахсолахо мушаххас гардонида шудааст. Табакахои ахолй, ки либосашон ба ин дигаргуншавихо дучор гардиданд, зикр шудаанд.Ба омезиши унсурхои либоси анъанавй бо тамоюлхои муди аврупой, ки дар ин давра босуръат пахн мегардид, диккати хоса дода мешавад.Махсус кайд карда мешавад, ки дар давраи зикршуда фарханги аврупой дар истифодаи либос асосан ба ахолии пойтахт ва маркази шахру навохии ба он наздик таъсир дошт, дар минтакахо бошад, либоси анъанавии миллй нигох дошта мешуд.

Муаллиф омилхои асосии ичтимой-иктисодиро, ки ба куллан ва бебозгашт дигаргун шудани либоси мардонаи точикон сабаб гардиданд, махсус таъкид мекунад. Дар ин чо сухан дар бораи таъсис ёфтани давлатхои нав, дигаргунихои саноатй ва кишоварзй ва амсоли он меравад. Дигаргунихои даврй низ мавриди тахлил карор меёбанд.Алалхусус, таъсири чанги тулонй, ки дар он халки Шуравй ру ба ру гардид, ба таркиб ва тархд либоси мардонаи точикон,бо мисолхои возех нишон дода шудааст.

Калидвожах,о: Точикистони Шуравй, либоси миллй, либоси мардона, омезиши анъана^о, омил^ои таъсиррасон, корхонаи нассоцй, фарщнги аврупой, идомаи анъана^о.

МУЖСКАЯ ОДЕЖДА ТАДЖИКОВ В 1930-1960-Х ГОДАХ

В представленной статье в краткой форме освещается вопрос о мужской одежде, массово распространенной в Таджикистане в 30 - 60-е годы XX века. Обзор изменений в одежде представлен по десятилетиям, указаны категории граждан, которых эти изменения коснулись. Особое внимание уделено синтезу элементов традиционного костюма с направлениями европейской моды, которая в этот период имела интенсивное распространение. К примеру, совместное использование европейской функциональной одежды (пиджак, брюки) и национального головного убора (тюбетейки), или надевание традиционного халата поверх рубашки европейского покроя. Особо отмечается, что в эти десятилетия влияние европейской культуры претерпело, в основном, население столицы и близлежащих к нему районных центров, в периферии же традиционная национальная одежда по-прежнему сохранилась.

Автор указывает на основные факторы, которые стали причиной коренных и безвозвратных изменений в таджикском мужском костюме. Речь идет об образовании новых государств, аграрно-индустриальных преобразованиях и т.п. Анализируются и периодические изменения. В частности, на конкретных примерах показано влияние Великой Оттечественной Войны, в которой участвовал советский народ, на мужскую одежду жителей Таджикистана.

Ключевые слова: Советский Таджикистан, национальная одежда, мужской костюм, синтез традиций, факторы влияния, индустриализация страны, европейская культура, преемственность традиций.

MEN'S CLOTHES OF TAJIK IN 1930 - 1960

The article in summary form describes the suit, massively widespread in Tajikistan in the 30 - 60-ies of XX century. An overview of the changes in suit given in decades, specified categories of citizens, which are changes in. Special attention is paid to the synthesis of elements of traditional costume with the trends of European fashion, which in this period had an intense spread. For example, the joint use of European functional clothing (jacket, pants) and the national headdress (skullcap), or putting on a traditional robe over a shirt of European cut. It is particularly noted that in these decades the influence of European culture has undergone, mainly, the population of the capital and the surrounding district centers, in the periphery of the traditional national dress is still preserved.

The author points to the main factors that caused radical and irrevocable changes in the Tajik men's costume. We are talking about the formation of new States, agrarian-industrial transformations, etc.periodic changes are also Analyzed. In particular, specific examples show the impact of the war in which the Soviet people participated on the men's outfits of the residents of Tajikistan. Key words: Soviet Tajikistan, national dress, men's suit, synthesis of traditions, factors of influence, industrialization of the country, European culture, continuity of traditions.

Маълумот дар бораи муаллиф: Анохиди Саидахмад-ассистенти кафедраи дизайни либос ва санъати муди Донишгохи технологии Точикистон (734061, ш. Душанбе, хиёбони Неъмат ^арабоев, 63/3. Тел.:(+992 37) 2340654).

Сведения об авторе: Анохиди Саидахмад - ассистент кафедры дизайна костюма и искусства моды Технологического университета Таджикистана (734061, г. Душанбе, проспект Негмата Карабаева, 63/3. Тел.: (+992 37) 2340654.

Information about the autor: Anohide Saidahmad-assistant of the Departament costume design and fashion Technology University of Tajikistan (734061, Dushanbe, Ph. N. Karabaeva, 63/3. Tel: (+992 37) 2340654.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.