УДК 82 Д. Р. ХАКИМОВ
ББК 83,3
МУХАММАСИ ТАЗМИН ВА ХУСУСИЯТ^ОИ ОН
Вожа^ои калиди: мухаммас, тазмин, шоир, мисраъ, банд, адабиёт, жанр, назм
Мухаммаси тазмин яке аз навъхои жанри мусаммати мухаммас мебошад, ки дар густариши ин навъи жанри адабй сахми бузург дорад. Истилохи тазмин дар афкори уламо ба тарзи мухталиф шарх ёфтааст. Масалан, Хусайн Воизи Кошифй дар «Бадоеъ-ул-афкор»-и худ доир ба тазмин навиштааст, ки: «Тазмин чунон бошад, ки аз як калима баъзе кофияи мисроъи аввал бошад, баъзе аз он хдм кофияи мисроъи дуюм бувад ва баъзе аввали мисроъи байти сонй то охир бар ин киёс» (3, 226). Дар ин чо Хусайн Воизи Кошифй ;олаби истифодабарии тазминро дар шеъри форсй бар усули офариниши ;офия гуфта, бар он назар аст, ки гуфтани ин чинс мушкил буда, дилписанд нест, аз ин ру, дар ашъори форсй камтар ба назар мерасад. Аммо, сохиби «Бадоеъ-ус-саноеъ» Атоулло Ма^муди Хусайнй тазминро аз чихати лугавй чунин шарх додааст: «Ва «тазмин» дар лугат чизе дар миёни чизе них,одан аст» (9, 181). Мо ин чо а;идаи Атоулло Ма^муди Хусайниро доир ба шархи лугавии тазмин чонибдорй мекунем. Зеро дар «Фарханги тафсирии забони точикй» «тазмин дар маънои аввал арабй- ба ухда гирифтани товон, зомин шудан; замонат, зоминй, кафолат. Дар маънои истилохии адабиётшиносй бошад, даровардани ягон мисраъ ё байти шоири дигаре ба шеъри худ» (8, 302) мебошад. Андешаи Темур Атахонов яке аз адабиётшиносони точик ба назари мо чолиби ди;;ат омад, ки ба шархи лугавй ва истилохии тазмин замина ва ^амфикриро илова намуда, дар китоби «Фарханги истилохоти адабиётшиносй» навиштааст, ки: «Тазмин арабй - замина - кафолат, хамфикрй- ифодаи фикри худ на бевосита, балки ба воситаи ишорат» (1, 342) аст. Мисраъ ё байти тазминшавандаи шоири дигарро Темур Атахонов заминаи асосии афкори шоири тазминкунанда ва ё хамчун далели воситаи ишоратй ба кор бурдани уро бар кафили андешаи замнамудаи шоир медонад. Ба андешаи як гурух, адабиётшиносон тазмин ин айб аст, дар баробари ин, маънои дигарашро хунар донистаанд. Тавре, ки адабиётшинос Рахими Мусулмониён овардааст: «Тазмин - ин истилох хам айбро ифода менамояд, хам хунарро. Айб дар он сурат аст, ки маънй бидуни эхтиёч ба мисраъ ва ё байту банди оянда мав;уф гузошта шуда бошад» (5, 221).
Хдмин тари;, тазмин дар лугату фархангномахо ба таври гуногун маънидод гардидааст. Аммо дар мачмуъ гояи асосии хамаи шархи додашуда дорои як мафхум аст. Яъне, андарун овардан, дар зимн ё дохил истифода бурдан, дар байн ё миёна кардан, истифода бурдани чизе дар дохили чизе, афзояндаи афкор, хамфикрй, хама;идай, дохилшуда, чойгир кардан, хамрох намудани ашъори дигарон бо ашъори худ, зам кардани моли дигарон бо моли худй, бо хам намудани чизи гайр мебошад. Аз ин ру, дар истилохи адабиётшиносй бинобар сабаби дар дохили ашъор истифода бурдани пораи шеъри шуарои дигар, онро шеъри тазминй хонанд. Дар навбати худ, тазмин аз навъхои гуногун иборат аст. Масалан, Шамс Кдйси Розй тазминро ду навъ гуфтааст: «...навъи аввал он аст, ки тамоми маънии байти дуввум мутаалли; бошад ва бар он мав;уф (вобасташуда). Ва он байтро музамман (андаруншуда) хонанд. Ва навъи дуввум аз тазмин он аст, ки байте ё мисраъе аз шеъри дигарон дар шеъри хеш дарч кунад. Ва ин навъ агар дар мавзеи хеш мутамаккин (чойгир) бошад ва дар узубату (форамию) равна;и мо;абл бияфзояд, онро писандида доранд» (6, 234, 237).
Дар навбати худ тазмин аз руи тарзу усули офариниш ва рохи истифода бурдани мисраъ ё байти тазминшаванда кушоду равшан ва пушида мешавад. Дар истилохи адабиётшиносй навъи аввалро тазмини мусарраъ, навъи дуввумро бошад тазмини муб^ам мегуянд. Хусусияти фар;кунандаи ин ду навъи тазмин аз хамдигар он аст, ки дар тазмини кушоду равшан шоири тазминкунанда номи сохиби мисраъ ё байти тазминшавандаро зикр мекунад. Дар тазмини пушида бошад номи сохиби шеъри тазминшаванда карда намешавад. Тазмин аз чихати
сохти офариниш чузъй ва куллй мешавад. Шоир гохе чузъй ё нопурра, яъне ним мисраъ, як мисраъ, як байт ва ё якчанд байтрои шоири дигарро дар шеъри худ меорад. Баъзе маврид шеъри адиберо шоири дигар пурра тазмин мекунад, ки инро тазмини куллй ё комил меноманд. Тазмин намудан ба ашъори дигарон дар адабиёт ба хукми анъана даромада, вобаста ба пайдоиши анвои адабй ташаккул ёфтааст. Хдмин аст, ки шоирон баъди пайдоиши анвои мусаммат (асри XI), аз он чумла, мусаммати мухаммас тазминро дар асрхои XIV-XV ба таври мукаммал истифода намуданд. Онхо ба хар як байти газали бехтарини шоири дигар се мисраъ хамрох карда, хар як бандро ба панч, мисраъ мерасониданд. Дар натича мухаммаси тазминро ба вучуд оварданд. Аввалин намунаи мухаммаси тазминиро аз руи сарчашмахои адабии ба мо дастрас, дар ашъори Хочуи Кирмонй, Имоди Фа;ех ва Ибни Ямини Фарюмадй дида метавонем. Онхо дар офариниш заминаи асосии мухаммаси тазминро барои пасомадонашон гузоштаанд. Баъд аз ин, дар асри XV аз тарафи шоирони хушзав; мухаммасбандй мавриди таваччухи махсус ;арор гирифта, онх,о газалхои машхур, латифу мавзуни шоирони пешин ё хамасрони хешро интихоб карда, кушиш мекарданд, ки мисраъхои илованамударо бар вазну сабки он мутоби; офаранд. Мухаммасхои тазмини Имоди Фа;ех барои суханварони мо баъдии у намунаи бехтарин буд. У дар эчоди мухаммаси тазмин кушидааст, ки сабк, устухонбандй ва ;олаби ;офиябандии мисраъхои тазминшаванда риоят намуда, дар мутобикат ба он мисраъхои илованамударо офарад. Масалан, Имод як аз газали Саъдиро интихоб намуда, ба хар як байташ се мисраи дигар аз худ илова карда, дар мисраъхои илованамуда вазн, ;офия ва сабки газалро риоя намудааст:
Дило, макун гила аз даври чарху ахтари хеш, Магу хадиси лаби хушку дидаи тари хеш, Бигуй бо бути зебои мохпайкари хеш, «Гарам ;абул кунй в-ар биронй аз дари хеш, Нагирам аз ту дигар сар фидо кунам сари хеш» (2, 352).
Ин мусаммати мухаммаси Имоди Фа;ехро аз руи ;оидаи эчоди тазмин мусаммати мухаммаси тазмини муб^ами музаммани пурра гуфтан мумкин аст. Дар ин чо шоир дар хар як банди мухаммаси хеш байтхои тазминшавандаи як газали пурраи Шайх Саъдиро хамчун тасди;кунандаи афкор истифода карда, андешахояшро бо онхо асоснок намудааст. Мазмун ва шакл дар байни мисраъхои тазминшавандаю тазминкунанда на;ши асосиро ичро мекунад. Бинобар ин, Имоди Фа;ех кушиш кардааст, ки мисраъхои иловагиро тарзе офарад, ки аз мисраъхои тазминшаванда чудой надошта бошад. Шахси газали Саъдиро нахонда, гумон мебарад, ки хамаи мисраъхои мухаммас куллан аз они Имод аст. Ин махорати сухан офариниши шоирро нишон медихад. Аз ин ру, барои гумони бад набурдани мухлисони назм шоир ;оидаи асосии тазминро, ки дар банди охир истифодаи хусни тахаллус мебошад, дар банди охири ин мухаммас риоя кардааст:
Зихй чакида зи лаъли лаби ту, оби хаёт, Дамида аз чаман ахди ту насими банот, Биёву аз гаму ранчам халос бахшу начот, «Ту сар ба сухбати Саъдй дароварй, хайхот, Зихй хаёл, ки ман кардаам мусаввари хеш» (2, 353).
Зимни мушохида маълум гардида, ки барои мухаммасбандй вазъияти замона дар аксар хол сарчашмаи илхом мебошад. Чунки бештари мисраъхои илованамудаи тахмис мазмуни ахволи замонаро дорад. Ин дар холе зохир мегардад, ки барои мухаммасбандй шоирон шеърхоеро интихоб менамуданд, ки ба акси замони худ мутоби;ат дошта бошад, то ки бо мисраъхои иловагй та;вият додани мазмуни он мушкил наафтад. Ба мухаммасбандй аслан шоирони хушзав; бештар маро;и зиёд доштанд. Онхо барои сухансанчй ;увваи хешро бо мисраъхои тазминшавандаи тахмис бар мекашиданд. Аз ин ру, шеърхое интихоб карда мешуд, ки дорои мазмуни баланд, обуранги зебои бадей ва вазну ;офияи равон бошад. Ба хамин минвол ;алами хешро шоирони мухаммасбанд равону бурро мекарданд. Инчунин, эчоди мухаммаси тазминй истеъдодро талаб мекунад, то ки тафри;а байни мисраъхои худу бегона маълум нагардад. Дар ин чо истеъдоди Сайидои Насафй ;обили тахсин шуда
метавонад. Зеро мавкеъ касб кардани мухаммасбандй дар эчодиёти Сайидо хануз дар замони зиндагй ва баъд аз сари у аз тарафи донишмандон кайд шудааст. Вай бехтарин газалхои шоиронро тахмис карда буд:
Эй гул, имруз ту хамбазми харифон шудай, Шуълаи чони мани бесару сомон шудай, Даст бар дасти сабу карда, хиромон шудай, «Шухи майхораву шабгарду газалхон шудай, Чашми бад дур, ки сарфитнаи даврон шудай» (7, 569). Махорати тахмисофарии Сайидо дар он зохир мегардад, ки дар байни мисраъхои худи шоир мисраъхои Соибро дарёфтан ба осонй даст намедихад. У дар эчоди мухаммаси тазминй ба устухонбандй ва сабки гуиши Соиб сар дароварда, дар мисрахои илованамуда хиссиёту хаячони шоири тахмисшавандаро ба хубй дарёфта, ба хусни мисраъхои тазминшаванда таровату тозагии махсус бахшидааст. Аз мухаммасхои шоир маълум мешавад, ки имкони экспрессиву эстетикии газалро ба шакл ва жанрхои гуногун гузаронидан мумкин будааст. Натича ин аст, ки дар бандхои мухаммасхои тазмини Сайидо мисраъхои тазминй тарзе васл шудаанд, ки хангоми берун намудани онхо яклухтиву синкретизми мисраъхо гум шуда, садди чавлони фикру хис мегардад. У тарзе тахмис кардааст, ки мо танхо аз банди охири мухаммас, ки аз руи талаботи мухаммасбандй номи шоири тазминкунандаю тазминшаванда оварда мешавад, байтхои гайрро фахмида метавонем.
Бояд гуфт, ки мухаммасбандии тазмин барои сухансанчон максади махз нест. Ба хар як байти газали шоири ширинсухан хамрох намудани мисраъ аз чониби шоири дигар он аст, ки ба озмоиши фикри шоири тазминшаванда, кувва ва донишу махорати худро ба хдмин вазну кофия, мазмуну мундарича санчидан аст. Дархол бо хдмин рох истеъдоди худро суфта ва пухта намудан, онро дар мисоли дурдонахои устодони сухан сайкал додан аст. Аз ин ру, барои мухаммас шеърхои бехтаринро интихоб мекунанд.
Зимни тад;и; маълум гардид, ки тазмин таърихи ;адима дорад. Он аввал дар шакли истифодаи як ибора ё як мисраъ зухур карда, баъдан ба шакли байт ва порае аз асар даромадааст. Истифодабарии тазминро дар мухаммас мо дар осори адибони асрхои XII ва XIII ба мушохдда гирифтем. Зимни омузиши девонхои шуарои форсу точик намунаи бештари онро мо дар давовини асри XIV мебинем. Бояд таъкид кард, ки харчанд мухаммас пеш аз асри XIV ба назар расад хам, вале махз дар хамин давра ;олаби офариниши ин шакли шеърй мукаммал гардида, баъд аз ин дар асрхои минбаъда ба мисли як жанри адабй дар адабиёт ривоч ёфтааст. Дар натичаи таваччухи зиёди шоирон нисбат ба эчоди ин шакли шеър ки мусаммат ва истифодаи тазмин дар он мухаммаси ташаккули хеле тарвич ёфт. Ин аст, ки баъди мухаммаси тазмин дар дигар анвои мусаммат тазмин намудан аз тарафи шоирон камтар ба чашм мерасад. Яъне мухаммас назар ба дигар навъхои мусаммат тазминро пурра ба таркиби худ гирифт. Чунки бештари шоирон аз истифодаи тазмин дар мухаммас махорату лаёкати суханофаринии худро суфта гардонида, онро василаи бехтарини ифодаи хунару махорати шоирй донистанд Онхо аз руи ;оида ба ;онунхои махсуси тазмин намудан риоя мекарданд. «Дар мухаммас - навиштааст А. Мирзоев - шоир бояд чй дар вазн, кофия, шакл, мазмун ва дигар санъатхои бадей пайравии сохиби газалро бикунад, зеро ин шарти асосист, бояд дар байни мисраъхои мухаммаскунанда ва сохиби газал як мувофикати том бошад. Аз ин сабаб шоир дар мухаммас монанди газал озод нест ва то дарачае махдуд мебошад» (4, 105). Яъне, тазмин дорои хусусиятхои ба худ хос мебошад, ки донистани хар як хусусияти он барои шоири тазминкунанда барои ба иштибох рох кардан зарур мебошад. Аз ин ру, дар ин чо овардани якчанд шарти асосии онро зарур донистем:
- агар дар тазмин порчаи шеъри и;тибосшаванда харчанд номашхур бошад хам, и;тибосоваранда онро ба тарзи латифе бояд ишора намояд, ки кас гумон набарад, ки он сиркот шуда бошад.
- мисрахо, чй мисрахои худй ва чй мисрахои тазминй ба як маънии яклухт тобеъ шаванд, як образи барчастаро пурра кунанд, миёни суханхои худй ва бегона чудой ё ихтилоф набошад.
- мисрахои тазминкунанда дар вазн, кофия, шакл, мазмун ва дигар санъатхои бадей пайрави
мисрахои тазминшаванда бошад.
- дар байни мисраъхои тазминшаванда ва тазминкунанда мувофикатии том вучуд дошта
бошад.
- дар банди охири мухаммаси тазмин исми сохиби байти тазминшаванда хатман оварда
шавад.
- мисраъхои таълифй мутоби; ба сабки мисраъхои иктибосй гуфта шавад.
- бояд маънии байтхои таълифй ба байтхои иктибосй вобаста бошад.
- шоир бояд ба акидахои шоири пешин пайравй кунад.
- мавзуи интихоб намудаии шоир бояд ба мавзуи газали тазминшаванда мутобикати кул дошта бошад.
Бояд гуфт, ки дар тазмин одатан мисраъхои машхуре ба монанди «Буи ч,уи мулиён», шохбайт, рубой, хасида, китъа ва гайра истифода бурда мешавад. Вале дар мухаммасбандй шоирон газалро интихоб кардаанд. Сабаб дар он аст, ки газал яке аз шаклхои махбуби шеъриест, ки мавзуоти гуногунро фарогир аст ва шоир метавонад аз он мавзуи дилхохро дарёфт кунад. Инчунин, кофиябандии хар як байти газал барои кофиябандии мухаммас мувофик мебошад. Мухаммас бастан бар газали шоирони пешина, пеш аз хама яке аз шаклхои зухури робитаи эчодии шоирон аст, яъне мухаммасбандй робитаи эчодии ду шоирро бо хам наздик месозад. Fазал хар кадаре, ки суфтаву равон, оммафахм, баландмазмуну дилнишин бошад, мухаммас хамон кадар фораму хушоянд мебарояд. Аз ин ру, шоирон дар мухаммасбандй газалхои мушкилписандро барои кувваозмой ва газалхои содда, равон ва хушмазмуну хушохангро барои суфта намудани калами худ дар эч,од интихоб менамоянд. Дар хакикат ба хар як байт се мисраъ хамрох намудан басо душвор аст, ин ба хар як шоир ба осонй даст намедихад. Хдмон шоире дар мухаммасбандй комёб мегардад, ки дорои истеъдод ва хунари волои эч,одиро сохиб бошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Атахонов, Т. Фарханги истилохоти адабиётшиносй / Т. Атахонов. - Душанбе: Шарки озод, 2002. - 455 с.
2.Имодуддин, Алии Факехд Кирмонй. Девон. ^асоид ва газалиёт. Бо тасх,ех,и Р. Хумоюнфаррух / И.Ф. Кимронй. - Техрон, 1348. - 356 с.
3. Кошифй, Хусайн Воиз. Бадоеъ-ул-афкор / Х,.В. Кошифй. - Душанбе: Хумо, 2006. - 232 с.
4 Мирзоев, А. Сайидо ва макоми у дар таърихи адабиёти точ,ик/А. Мирзоев. - Сталинобод, 1947. - 200 с.
5. Мусулмониён, Р. Назарияи адабиёт / Р. Мусулмониён. - Душанбе: Маориф, 1990. - 336 с.
6. Розй, Шамси Кайс. Ал-муъч,ам фй маъойири ашъор-ил-ач,ам. Муаллифи сарсухану тавзехот ва хозиркунандаи чоп У. Тоиров / ШД. Розй. - Душанбе: Адиб, 1991. - 464 с.
7 Сайидо, Н. Куллиёт / С. Нафисй. - Душанбе: Ирфон, 1977. - 680 с.
8. Фарханги тафсирии забони точ,икй, иборат аз ду ч,илд. - Душанбе, 2010. - 1096 с.
9. Х,усайнй, Атоулло, Махмуд . Бадоеъ- ус-саноеъ / А.М. Х,усайнй. - Душанбе: Ирфон, 1974. -224 с.
REFERENCES:
1.Atokhonov, T. The Dictionary of Literary Criticism Terms/T.Atokhonov. - Dushanbe:Sharqi ozod, 2002.-455 p.
2.Emamuddin, Ali Faqehi Kirmani. Devan qasoids and qazaliyots. The study and revision of Humoynfarrukh/I.F.Kirmani.-Tehran, 1348 hijra.-356 p.
3.Kashefi.Hosayn Wa'ez Badayec al-afkar fi sanaye' al-ascar/H.W. Kashefi.-Dushanbe: Humo, 2006.232 p.
4.Mirzoev, A. Saido and his place was in the history of Tajik literature/A.Mirzoev.- Stalinobod, 1947.-200 p.
5.Musolmoniyon, R.. Theory of Literature/R.Musulmoniyon. - Dushanbe: Maorif, 1990. -336p.
6.Rozi, Shams Qais.. Al-Mu'jam fi maoyir-al-ash'or-il-ajam. Preparation for publication by
U.Toirov/Sh.Q.Rozi.- Dushanbe: Adib, 1991.-464p.
7.Saido, N. Collection of works/S.Nafisi.- Dushanbe: Irfon, 1977.-680p.
8.Tajik language explanatory dictionary. in 2 v.- Dushanbe, 2010.- 1096 p.
9.Husaini, Atoyllo Mahmud. Badaye' as sanaye'/A.M.Husaini.- Dushanbe:Irfon, 1974.-224 p.
Мухаммаси тазмин (подражательное пятистишие) и его особенности
Ключевые слова: мухаммас (пятеричный), тазмин (включение в стихи стихотворных строк других поэтов), поэт, полустишие, раздел, литература, жанр, поэзия
Тазминный мухаммас (мухаммаси тазмин ), т. е. подражательное пятистишие, является одним из видов жанра мусамматного мухаммаса в таджикской литературе, сыгравшего в распространении этого литературного жанра большую роль. В тазминном мухаммасе поэт, выбрав какую-либо газель другого поэта, к каждому её бейту добавляет от себя три новые строки и таким образом каждый бейт (двустишие) газели доводит до пяти строк. В тазминном мухаммасе поэт, взявшийся подражать газели другого поэта, дополняя мысли автора оригинальной газели, также выражает в этих строках и свои мысли. Хотя мухаммас встречается до XIV в., но именно в этот период форма тазминного мухаммаса приняла совершенный, окончательный вид и в последующие века постоянно привлекала внимание поэтов, сочинявших мухаммасы.
Mukhammasi tazmin and its characteristics
Keywords: мukhammas, tazmin (to bond into someone's poems), poet, hemistich, division, literature, janr, poem.
Mukhammasi tazmini is a type of the genre of musammat (lyric -philosophical poem, which each its verses with the last, rhymes to each other) of mukhammas, which has a great contribution in expansion of this literary genre. In mukhammasi tazmini the poet chooses a gazelle of other poet and added to each its distich three hemistiches of his own and this way he makes each distich to five hemistiches. The poet in mukhammasi tazmini improves the thinks of the poem and mentions his opinion. However mukhammas (five-line stanza) appeared before XIV century, but only in this period the form of creation of mukhammasi tazmini improved and then the poets who recites mukhammas interested on it.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Х^акимов Дилшод Ра^матуллоевич, аспиранти Донишгоуи давлатии омузгории
Точиикистон ба номи Садриддин Айнй (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Хакимов Дилшод Рахматуллоевич, аспирант факультета таджикской филологии Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддин Айни (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: [email protected]
Information about the author:
Hakimov Dilshod Rahmatulloevich, Post graduate of the Tajik governmental pedagogical university after S. Aini (Republic of Tajikistan, Dushanbe). [email protected]