Научная статья на тему 'МАВЌЕИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ФУНКСИОНАЛИИ ДАВЛАТ ОИД БА ТАЪМИНИ ЊУЌУЌЊОИ ЭКОЛОГИИ ИНСОН'

МАВЌЕИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ФУНКСИОНАЛИИ ДАВЛАТ ОИД БА ТАЪМИНИ ЊУЌУЌЊОИ ЭКОЛОГИИ ИНСОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
экспертизаи экологї / экспертизаи давлатии экологї / экспертизаи љамъиятии экологї / функсияи экологии давлат / њифзи муњити зист / истифодаи оќилона / сарватњои табиї / ќонунгузорї / амалишавї. / экологическая экспертиза / государственная экологическая экспертиза / общественная экологи-ческая экспертиза / экологическая функция государства / охрана окружающей среды / рацио-нальное использование / природные ресурсы / законодательство / реализация.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Рањим З.Њ., Ќодирзода М.А.

Дар маќола мавќеъи экспертизаи экологї дар фаъолияти функсионалии давлат оид ба таъмини њуќуќњои экологии инсон мавриди тањлил ва омўзиш ќарор дода шудааст. Ба ан-дешаи муаллифњо, тањќиќотњо нишон медињанд, ки амалишавии функсияи экологии давлат метавонад барои ба таври маќсаднок њифз ва риоя гардидани њуќуќњои экологии инсон наќши муњим бозад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE POSITION OF ENVIRONMENTAL EXPERTISE IN THE FUNCTIONAL ACTIVI-TIES OF THE STATE TO ENSURE ENVIRONMENTAL HUMAN RIGHTS

В статье исследуется вопрос по определению места экологической экспертизы в функциональной деятельности государства по обеспечению экологических прав человека. Ав-торы указывают на то, что, в соответствии с исследованиями, реализация экологической функ-ции государства может сыграть важную роль в защите и соблюдении экологических прав че-ловека.

Текст научной работы на тему «МАВЌЕИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ФУНКСИОНАЛИИ ДАВЛАТ ОИД БА ТАЪМИНИ ЊУЌУЌЊОИ ЭКОЛОГИИ ИНСОН»

ТДУ 340.13

МАВЦЕИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГЙ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ФУНКСИОНАЛИИ ДАВЛАТ ОИД БА ТАЪМИНИ ^УЦУЦ^ОИ ЭКОЛОГИИ ИНСОН

МЕСТО ЭКОЛОГИЧЕСКОЙ ЭКСПЕРТИЗЫ В ФУНКЦИОНАЛЬНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ГОСУДАРСТВА ПО ОБЕСПЕЧЕНИЮ ЭКОЛОГИЧЕСКИХ

ПРАВ ЧЕЛОВЕКА

THE POSITION OF ENVIRONMENTAL EXPERTISE IN THE FUNCTIONAL ACTIVITIES OF THE STATE TO ENSURE ENVIRONMENTAL HUMAN RIGHTS

Ра^им З.Х,. Rahim Z.Kh.

Унвонцуи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти

Цум^урии Тоцикистон Соискатель Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан Applicant of Academy of Public Administration under the President of

the Republic of Tajikistan

КрДИРЗОДА М.А. Qodirzoda M.A.

Унвонцуи Маркази миллии конунгузории назди Президенти

Цум^урии Тоцикистон Соискатель Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан Applicant of National Center of legislation under the President of the

Republic of Tajikistan

Ихтисоси илмй: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат.

Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве.

Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state.

Такриздщанда: Исмоилова М.И. - сардори шуъбаи конунгузории гражданй, сохибкорй ва оилавии Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.

Рецензент: ИСМОИЛОВА М.И. - начальник отдела гражданского, предпринимательского и семейного законодательства Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук.

Reviewer: Ismoilova M.I. - Head of the civil, business and family law Department of the National Center of legislation under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences.

Аннотатсия: Дар макола мавкеъи экспертизаи экологй дар фаъолияти функсиона-лии давлат оид ба таъмини хукукхои экологии инсон мавриди тахлил ва омузиш карор дода шудааст. Ба андешаи муаллифхо, тахкикотхо нишон медиханд, ки амалишавии

E-mail:

zafarrahim3@gmail.com

ШМ

E-mail:

mirzokodir-1 @mail.ru

функсияи экологии давлат метавонад барои ба таври максаднок хифз ва риоя гардидани хукукхои экологии инсон накши мухим бозад.

Вожауои калиди: экспертизаи экологй, экспертизаи давлатии экологй, экспертизаи чамъиятии экологй, функсияи экологии давлат, хифзи мухити зист, истифодаи окилона, сарватхои табий, конунгузорй, амалишавй.

Аннотация: В статье исследуется вопрос по определению места экологической экспертизы в функциональной деятельности государства по обеспечению экологических прав человека. Авторы указывают на то, что, в соответствии с исследованиями, реализация экологической функции государства может сыграть важную роль в защите и соблюдении экологических прав человека.

Ключевые слова: экологическая экспертиза, государственная экологическая экспертиза, общественная экологическая экспертиза, экологическая функция государства, охрана окружающей среды, рациональное использование, природные ресурсы, законодательство, реализация.

Annotation: This article analyzes and explores the place of environmental expertise in the functional activities of the state to ensure environmental human rights. In fact, studies show that the implementation of the ecological function of the state can play an important role in the targeted protection and observance of environmental human rights.

Key words: ecological expertise, state ecological expertise, public ecological expertise, ecological function of the state, environmental protection, rational use, natural resources, law, Republic of Tajikistan, implementation.

Дар замони имруза рушди бемайлони иктисодиёти чахонй илму техника, сохаи саноату кишоварзй афзудани партовхо ва дигар омилхои таъсиррасонии инсон ба мухити зист боиси ташкил ва инкишофи сохди хукуки экологй гардидааст. Бухронхои экологй торафт микёси зиёдро фаро гирифта, сатхи умумичахониро касб карда истодааст. Махз барои пешгирии ин омилхо ва ба вучуд овардани тартиботи муайяни хукукй конунгузории экологй дар кишвар рушд ёфта истодааст.

Окилона ва самарнок истифода бурдани захирахои табий, хифзи мухити зист аз чумлаи мубрамтарин вазифахои чомеа махсуб мешаванд. Далли мусбати ин масъалахо, дар навбати худ хамон вакт имконпазир мегардад, ки агар муносибати инсоният бо табиат ва сарватхои табий ба таври низомнок ва конунй ба рох монда, идора карда шавад. Муносибати инсон бо мухити зист як сохаи таркибй ва чудонопазири низоми муносибатхои чамъиятй мебошад, аз ин ру, бояд мисли дигар сохахо тавассути меъёрхои хукукй танзим карда шавад.

Мувофики назарияи илми хукуки экологй яке аз асосхои баамалбарории

функсияи экологии давлат ин татбики дурусти конунгузории амалкунанда оид ба экспертиза, аудит ва мониторинги экологй ба шумор меравад, ки холати мазкур хам дар сарчашмахои хукукй ва хам доктринахои мавчуда мукаррар ва муайян карда шудаанд. Аз ин ру, барои муайян намудани мавкеи экспертизаи экологй дар амалишавии функсияи экологии давлат мо ба мохият ва таъиноти хукукии он равшани меандозем.

Истилохи экспертиза аз калимаи лотинии «expertus» гирифта шуда, маънояш «ботачриба» мебошад. «Зери мафхуми «экспертиза» тахкики эксперт оид ба халли ягон масъала дар сохаи илм, техника ва санъат фахмида мешавад» [1, с. 262]. Дар хукуки экологй экперт бошад шахси дорои донишхои махсус ва тачри-баи кофии барои гузаронидани экспертизаи экологй зарур, ки бо тартиби мукар-рарнамуда аз чониби макомоти ваколат-дори давлатй дар сохаи экспертизаи эко-логй барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологй чалб карда мешавад ва (ё) шахсони мансабдори макомоти давла-тии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологй масъул аст, фахмида мешавад.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

Экспертизаи экологй яке аз меха-низмхои хукукии мухим ва самаранок барои таъмини мухити зисти солим мебо-шад. Дар шароити имруза барои муайян намудани таъсири имконпазири фаъоли-яти ба накшагирифташавандаи хочаги-дорй ва дигар намуди фаъолият ба мухити зист, тагйири эхтимолии мухити зист, инчунин пешгуй намудани вазъи ояндаи он ба максади кабули карор оид ба им-конпазир ё имконнопазир будани татбики карорхои лоихавй дар назар дошта меша-вад [2, с. 236].

Бинобар ин, чихати танзими муно-сибатхо вобаста ба экспертизаи экологй дар Чумхурии Точикистон якчанд са-надхои меъёрии хукукй кабул шудааст. Дар Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи мухити зист» дар моддаи 1 мафхуми экпертизаи экологй пешбинй шудааст, ки тибки он экспертизаи эко-логй ба талаботи конунгузорй оид ба хи-фзи мухити зист ва истифодабарии окилонаи захирахои табий, аз он чумла санадхои хукукии меъёрхои техникй ме-бошад [3].

^онуни асосие, ки бевосита масъалаи экспертизаи экологиро танзим мекунад, ин ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологй» аз с. 2012 мебошад. Пеш аз ин, конуни ном-бурда, Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологй» аз 5-уми марти с. 2003 амал мекард ва бо ин-кишофи муносибатхо ва норасоии танзи-ми хукукй дар ин соха зарур ба кабули конуни мазкур дар тахрири нав ба миён омад. Аз ин маълум мешавад ки, конунгу-зории Чумхурии Точикистон дар сохаи экспертизаи экологй тачрибаи чандинсо-ларо дар бар мегирад ва бо мурури замон конунгузории сифатан бехтарро мавриди амал карор дод.

Мафхуми экспертизаи экологй дар моддаи 1 конуни амалкунанда мукаррар шудааст. Экспертизаи экологй - мукар-рар намудани мутобикат ё номутобика-тии хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо ба талаботи конунгузорй оид ба хифзи мухити зист ва истифодабарии окилонаи захирахои табий, аз он чумла санадхои меъёрии техникй гузаронида мешавад [4].

Максади экспертизаи экологй пешгири кардани хар гуна зараррасонии фаъолияти хочагидорй ба хифзи мухити зист, саломатии инсон ва таъмини амни-яти экологй мебошад [5, с. 315].

Тибки назарияи хукуки экологй, накши экспертизаи экологй дар арзёбии таъсиррасонй ба мухити зист, тахлили холати мухити зист, таъмини амнияти экологй ва нигохдории мухити зисти солим накши мухим дорад ва яке аз меха-низмхои татбики конунгузории экологй мебошад. Экспертизаи экологй меха-низми мухимми таъини истифодаи окилона ва хифзи мухити зист ба шумор меравад. Хдмчунин, экспертизаи экологй воситаи дастгирии тартиби хукукии эко-логй дар хукукэчодкунй, фаъолияти хочагидорй, идоракунй ва дигар фаъоли-ят, таъмини ичро ва хифзи хукуки хар як инсон ба мухити зисти мусоид, сарчаш-маи иттиллооти мухимми экологй, воси-таи исботкунй хангоми халли бахсхо ме-бошад [6, с. 144].

Дар адабиёти илмй кайд мегардад, ки экспертизаи экологй ин муайян наму-дани мутобикат ё номутобикатии фаъолияти банакшагирифтаи хочагидорй ва дигар фаъолият ба талаботи экологй мебошад. Ин талаботи хифзи мухити зист таъсиррасонии манфии химиявй, физикй, биологй ва таъмини истифодаи окилонаи захирахои табий дар илм, аз чумла илм ва тачрибаи экологй коркард карда меша-вад. Ин талабот мумкин аст, ки дар меъёрхои техникй мукаррар карда ша-ванд. Инчунин, онхо мумкин аст аз конунхои табиии рушди табиат маншаъ гиранд. Намудхои дигар талаботи эко-логй онхое мебошанд, ки дар конунгузо-рии амалкунандаи экологй мукаррар шудаанд.

Максадхои экспертизаи экологй аз пешгирии окибатхои манфии имконпази-ри татбики объектхои экспертиза ва таъсири номусоиди онхо ба саломатии ахолй, захирахои табий, мухити зист, ам-нияти экологии чомеа, аз чумла, барта-рафкунии зарарии онхо зимни фаъолияти идоракунй, хочагидорй, сармоягузорй ва дигар фаъолият оид ба татбики объ-ектхои экспертиза, таъмини пешгуихои

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

экологй дар асоси ахбор оид ба холат ва тагйироти имконпазири вазъи экологй дар натичаи чойгиронй ва инкишоф до-дани куввахои истехсолкунанда, ки ба са-ломатии ахолй, захирахои табий, мухити зист ва амнияти экологй таъсири манфй намерасонанд, иборат мебошад.

Максади экспертизаи экологй пешгирй кардани хар гуна заррарасонии фаъолияти хочагидорй ба хифзи мухити зист, саломатии инсон ва таъмини амни-яти экологй мебошад.

Мохияти гузаронидани экспертизаи экологй аз он иборат аст, ки маводе, ки аз тарафи фармоишгар ва ё тахиягари хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо пеш-ниходшуда хаматарафа омухта шуда, аз назари хукукй, ичтимой, иктисодй тахлил гардида, чихати амалй намудани фаъоли-яти ба накша гирифташуда бо дарназа-рдошти ичрои пешниходхои ичрояшон хатмй хулосаи илман асоснок дода меша-вад.

Фаъолияти экпертизаи экологй ба принсипхои зерин асос ёфтаанд:

- хатари эхтимолии экологй дошта-ни фаъолияти ба накша гирифташа-вандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият;

- хатмй будани гузаронидани экс-пертизаи давлатии экологй;

- дар мачмуъ арзёбии таъсиррасо-нии фаъолияти ба накша гирифташа-вандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият ба мухити зист;

- хатмй будани бахисобгирии амни-яти экологй хангоми гузаронидани экспертиза;

- боэътимодй ва пуррагии маълу-мот, ки барои экспертизаи экологй пеш-ниход карда мешавад;

- мустакилияти экспертхои экспер-тизаи экологй;

- аз чихати илмй асоснок, холисона ва конунй будани хулосаи экспертй;

- ошкорбаёнй, иштироки ташки-лотхои чамъиятй ва ба назар гирифтани афкори чомеа;

- масъулияти иштирокчиёни экспер-тизаи экологй ва тарафхои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологй [4].

Дар зери мафхуми «объекти экспертизаи экологй» хуччатхое фахмида меша-вад, ки то пайдошавии фаъолияти ис-техсолй-хочагидорй, рекреатсионй ва гайра, ки ба мухити зист ва саломатии инсон таъсири манфй мерасонанд, инчу-нин, худи фаъолият ва махсулоте, ки ис-техсол карда мешаванд, объектхои экс-пертизаи экологй ба хисоб мераванд.

Объекти экспертизаи давлатии эко-логй метавонад дигар лоихахои фаъоли-яти хочагидорй ва фаъолиятхое бошанд, ки татбики онхо ба мухити зист таъсир мерасонад.

Субъектхои экспертизаи давлатии экологй ин экспертхои экспертизаи давлатии экологй (комиссияхои эксперта); фармоишгарон; тахиягарони хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо ме-бошанд. Тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар асоси шартномаи бай-ни фармоишгар ва тахиягари хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо хукуку ухда-дорихои фармоишгар метавонанд ба зиммаи тахиягари хуччати лоихавй ва ди-гар хуччатхо вогузор карда шаванд.

Ба андешаи Р.Ч. Чабборов субъектхои экспертизаи давлатии экологй аз се тараф баромад мекунанд: тарафи таъйинкунанда; тарафи ичрокунанда; тарафи истифодабаранда.

Раванди экспертизаи экологй панч давраро дар бар мегирад:

1) таъйин кардани экспертиза;

2) гирд овардан, тахлил намудан ва баходихии маълумотхо;

3) сохтани хулосаи пешакй ва шино-сонидани хулоса ба ахли чомеа (ба ман-фиатдорон);

4) пешниходи хулоса ва тасдики вай аз тарафи макомоти ваколатдор;

5) халли бахсхо [7, с. 122].

Имруз дар конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба гузаронидани экспер-тизаи экологй, ду навъи экспертизаи эко-логй мукаррар гардидааст: экспертизаи экологии давлатй ва экспертизаи экологии чамъиятй.

Тартиби гузоранидани экспертизаи экологии давлатй аз чониби экспертхои экологй дар асоси аризаи фармоишгар ва ё тахиягари хуччати лоихавй ва дигар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

хуччатхо бо замимаи маводхои арзёбии таъсиррасонй ба мухити зист гузаронида мешавад. Тарзхои ичрои экспертиза бо роххои гирд овардан, тахлил намудан ва шиносой ба маводхо, бахо додан ва сохтани хулосаи эксперта, контрол барои ичрои вай амалй карда мешавад.

Экспертизаи давлатии экологиро макомоти махсуси ваколатдори давлатй дар сохаи хифзи мухити зист таъмин ме-кунад [8].

Экспертизаи экологии чамъиятй бо ташаббуси иттиходияхои чамъиятй таш-кил карда мешавад ва аз тарафи сохторхои гайридавлатй гузаронида мешавад. Экспертизаи чамъиятии экологй пеш аз экспертизаи давлатии экологй ё бо он якчоя гузаронида мешавад. Хулосахои он ахамияти тавсиявй доранд. Дангоми мувофикат кардан ба талаботхои экпер-тизаи давлатии экологй хусусияти хатмй пайдо мекунад.

Объектхои экспертизаи давлатии экологй аз хуччатхои лоихавй ва дигар хуччатхои зерин оид ба фаъолияти ба накша гирифташавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият иборат мебо-шанд, ки метавонанд ба мухити зист таъсири манфй расонанд:

- лоихахои барномахо ва накшахои чумхуриявй ва махаллй, консепсияхои сохавй, пешгуихо, ки татбики онхо ба ис-тифодаи захирахои табий алокаманданд ва (ё) метавонанд ба мухити зист таъсир расонанд;

- лоихахои шахрсозй;

- лоихахои меъморй ва сохтмонй, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинй гардидаанд;

- лоихахои санадхои меъёрии техникй, ки дар онхо талабот оид ба хифзи мухити зист ва (ё) истифодаи окилонаи захирахои табий нисбати махсулот ва ра-ванди тахияи он, истехсол, истифодабарй, нигохдорй, хамлу накл, фуруш ва исти-фодаи партовхо ё хизматрасонй мукаррар мегарданд.

Аз руйи натичаи экспертизаи давлатии экологй хулосаи экспертизаи давлатии экологй тартиб дода мешавад. Хуло-саи экспертизаи давлатии экологиро экс-перти экспертизаи давлатии экологй

(хамаи аъзои комиссияи эксперта) имзо мегузоранд ва онро рохбари макоми ва-колатдори давлатй дар сохаи экспертизаи экологй тасдик менамояд. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологй, ки барои тасдик пешниход мегардад, мулохизаи махсуси экспертхои экспертизаи давлатии экологй, ки бо хулоса розй нестанд, за-мима карда мешавад.

Хулосаи экспертизаи давлатии эко-логй метавонад мусбй ё манфй бошад. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологй аз чамъбасти мувофикати карори лоихавии фаъолияти ба накша гирифта-шавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият ба талаботи конунгузорй оид ба хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи захирахои табий, аз он чумла санадхои меъёрии техникй, инчунин аз дигар маълумот тибки конунгузории Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

Мухлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологй ба давомнокии амалисозии лоиха, ки дар лоихахои сохт-мон пешбинй гардидааст, бо дароз наму-дани он ба мухлати як сол мукаррар ме-гардад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати дигар мукаррар нагардида бошад. Экспертизаи давлатии экологй мумкин аст такрорй ва иловагй гузаронида шавад.

Экспертизаи давлатии экологии такрорй дар холатхои зерин гузаронида мешавад: такмили мавод дар асоси эродхои экспертизаи давлатии экологии каблан гузаронидашуда; тагйир ёфтани шартхои истифодабарии табиат; истифо-даи объекти экспертиза бо риоя накарда-ни карорхои кабулкардаи каблй ё мухлатхои меъёрии банакшагирй ва сохтмон, ки тибки меъёр ва коидахои чории сохтмонй пешбинй гардидаанд; ба охир расидани мухлати хулосахои мусбии экспертизаи давлатии экологй; дар асоси карори суд; дохил кардани тагйирот ба хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологй.

Ба гузаронидани экспертизаи давла-тии экологии такрорй чалб намудани эксперте, ки дар экспертизаи экологии

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

тахти мухокима карордошта иштирок намудааст, манъ аст.

Экспертизаи давлатии экологии иловагй хангоми муайян намудани мухо-лифат байни технология ва лоихаи мавчуда, дар сурати дар мухлатхои мукарраркардашуда ичро накардани ухдадорихои шартномавй хангоми гуза-ронидани экспертизаи каблй ва дар сурати беэътибор донистани хулосаи каблй гузаронида мешавад.

Асосхои беэътибор донистани хулосаи каблй бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологй мукаррар карда мешаванд.

Максади асосии экспертизаи давлатии экологй муайянкунии мутобикати пешбинишудаи хочагй, экологй ва муа-йянкунии имконпазирии истифодаи объ-ектхо бо максади пешгирии окибатхои эхтимолии номусоиди таъсиррасонй ба мухити зист ва окибатхои ба он вобастаи ичтимой, иктисодй ва истифодаи объ-ектхои экспертизаи экологй мебошад [8, с. 90].

Дама объектхои экспертизаи давлатии экологй метавонанд объектхои экспертизаи чамъиятии экологй бошанд, ба истиснои хуччати лоихавй ва дигар хуччатхое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасй ба онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд гардидааст.

Субъектхои экспертизаи чамъиятии экологй шахрвандон ва дигар шахсоне, ки тибки конунгузории Чумхурии Точики-стон ичрои экспертизаи чамъиятии эко-логй ба хукуку манфиатхои конунии онхо дахл мекунад ва инчунин хукуки таъини гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологиро доранд, ташкилотхои чамъи-ятй, ки сохаи асосии фаъолияташон тибки оинномаи онхо хифзи мухити зист мебо-шад, экспертхо ва ё комиссияхои экс-пертй, ки барои гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологй аз тарафи таш-килкунандагони он чалб карда мешаванд, фармоишгарон ё тахиягарони хуччатхои лоихавй ва дигар хуччатхо, макомоти махаллии хокимияти давлатй ва макомо-ти худидоракунии шахрак ва дехот ба хисоб мераванд.

Барои гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологй ташкилкунандаи экспертизаи чамъиятии экологй экспертхоро чалб менамояд ё комиссияхои эксперта таъсис медихад.

Натичаи экспертизаи чамъиятии экологй дар шакли хулосаи экспертизаи чамъиятии экологй тартиб дода мешавад, ки хусусияти тавсиявй дорад. Хулосаи экспертизаи чамъиятии экологй бояд хан-гоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологй баррасй карда шавад.

Хулосаи экспертизаи чамъиятии экологй метавонад дар воситахои ахбори омма чоп гардад, ба макомоти давлатие, ки ваколати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро доранд, ба макомоти махаллии хокимияти давлатй ва макомо-ти худидоракунии шахрак ва дехот, фар-моишгар ё тахиягари хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо ва инчунин ба дигар шах-сони манфиатдор пешниход шавад.

Экспертизаи экологии чамъиятй бо ташаббуси иттиходияхои чамъиятй таш-кил карда мешавад ва аз тарафи сохторхои гайридавлатй гузаронида мешавад. Экспертизаи чамъиятии экологй пеш аз экспертизаи давлатии экологй ё бо он якчоя гузаронида мешавад. Хулосахои он ахамияти тавсиявй доранд. Хднгоми мувофикат кардан ба талаботхои экпер-тизаи давлатии экологй хусусияти хатмй пайдо мекунад.

Экспертизаи давлатии экологй аз экспертизаи чамъиятии экологй бо як ка-тор хусусиятхо фарк менамояд, аз чумла:

- фаркият вобаста ба субъект. Субъ-екти экспертизаи давлатии экологй ин экспертхои экспертизаи давлатии экологй (комиссияхои эксперта), фармоишгарон, тахиягарони хуччати лоихавй ва дигар хуччатхо мебошанд. Субъекти эксперти-заи чамъиятии экологй бошад, шахрван-дон-шахсоне, ки ба гузаронидани экспертизаи экологй манфиат доранд, ташки-лотхои чамъиятй, ки сохаи асосии фаъолияташон тибки оинномаи онхо хи-фзи мухити зист мебошад ва дигар субъ-ектоне, ки бо ташаббуси онхо чалб карда мешаванд, махсуб меёбанд;

- фаркият вобаста ба объекти экспертиза. Объектхои экспертизаи давлатии

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

экологй аз хуччатхои лоихавй ва дигар хуччатхои зерин оид ба фаъолияти ба накшагирифташавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият иборат мебо-шанд, ки метавонанд ба мухити зист таъсири манфй расонанд, ба хисоб мера-вад. Объекти экспертизаи чамъиятии эко-логй хамаи он объектхое ба хисоб мера-ванд, ки объекти экспертизаи давлатии экологй мебошанд, ба истиснои хуччати лоихавй ва дигар хуччатхое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё даст-расй ба онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд гардида-аст;

- тафовут вобаста ба тартиби гуза-ронидан. Экспертизаи давлатии экологй аз чониби экспертхо гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии экологй аз чониби мутахассисони ваколатдори макомоти экспертии Кумитаи хифзи мухити зисти назди Дукумати Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад. Экспертизаи чамъи-ятии экологй бошад, бо шарти ба кайд гирифтани аризаи ташкилкунандаи экс-пертизаи чамъиятии экологй оид ба гуза-ронидани он аз чониби макомоти махал-лии хокимияти давлатй ва макомоти ху-дидоракунии шахрак ва дехот амалй карда мешавад. Дамчунин, экспертизаи чамъиятии экологй пеш аз экспертизаи давлатии экологй ё бо он якчоя гузарони-да мешавад;

- тафовут вобаста ба хусусияти ху-лосаи экспертиза. Хулосаи экспертизаи давлатии экологй хусусияти хатмй дорад ва талаботи он барои субъектони ичрои он хатмй аст. Хулосаи экспертизаи чамъиятии экологй хусусияти тавсиявй дошта, бояд хангоми гузаронидани экс-пертизаи давлатии экологй баррасй карда шавад.

Дамин тарик, экспертизаи чамъия-тии экологй хамчун чораи конунй хизмат мекунад, ки ба сохта шудани объектхо, амалишавии санадхои меъёрй-хукукй, барномахо ва дигар карорхоро ба зарари амнияти экологй ва дар баробари ин ба зарари хукуки шахрвандон ба хифзи са-ломатй ва мухити зисти мусоид рох на-медихад. Дамзамон, чун тахлили гузаро-нидашуда нишон дод, то замони хозира

дар танзими хукукии ин намуди экспертиза як катор муаммохо чой доранд, ки ба амалишавии самараноки ташаббуси экс-пертизаи чамъиятии экологй монеъ ме-шаванд ва ниёз ба бартарафсозй доранд.

Барои бартараф сохтани хамаи но-расогихои танзими хукукии мавчудбуда ба конунгузории амалкунанда тагйирот ворид намудан зарур аст, инчунин имко-нияти кабули санади меъёри хукукии алохидаро дар бораи экспертизаи чамъиятии экологй дида баромадан зарур шу-морида мешавад.

Дар баробари ин пешниход мегар-дад, ки дар моддаи алохидаи ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологй» принсипхои амалй намудани экспертизаи экологй бо тарти-би зерин мукаррар карда шаванд:

- усули афзалият барои таъмини шароити мусоиди зисти инсон;

- таъмини бехатарии мутахассисони экспертиза хангоми ичрои ваколатхояшон дар сохаи экспертизаи экологй ва пас аз баохиррасии он;

- усули афзалият ва фаврии гузаронидани санчишхои лоихавй ё дигар хуччатхои тасдиккунандаи фаъолияти хочагидорй ё дигар фаъолиятхо, ки ба мухити зист таъсири манфии сахт расонида ба хаёт, саломатй ва моликияти шахрвандро дар хатар мегузоранд.

- бахисобгирии вобастакунии манфиатхои экологй, иктисодй ва ичтимоии инсон, чамъият ва давлат ба максади таъмини рушди устувору муносиби мухити зист;

- додани бартарй барои хифз тачдид ва истифодаи окилонаи захирахои табий чун шартхои зарурии таъмини мухити зисти мусоид ва бехатарии экологй;

- афзалият дар хифзи гуногуни биологй, аз он чумла агробиогуногунй хангоми гузаронидани экспертизаи биологй;

- рад кардани гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти хочагидорй ё дигар намуди фаъолият, ки пешакй маълум аст, ки таъсири онхо

барои мухити зист зараровар мебошад, хамчунон татбики лоихахое, ки ба таназули системахои экологии табий, тагийрёбй ё ин ки ба нобудшавии фонди генетикии рустанихо, хайвонот ва дигар организмхо, харобшавии

захирахоитабии ё дигаргуншавии манфии мухити зист оварда мерасонад;

- ташкил ва инкишофи системаи омодагии таълиму тарбияи ахолй дар сохаи экспертизаи экологй ва ташаккули фархангй экспертизаи экологй;

- хамкории байналмилалй дар сохаи ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологй, якхела кардани коидаю намудхои экспертизаи экологй;

- маблаггузории хатмии экспертизаи экологй тавассути шахсони

хукукй ва сохибкорони инфиродие, ки лоихахои фаъолияти хочагидорй ё дигар фаъолияташон ба ифлосшавии мухити зист оварда мерасонанд;

- мутобикати сатхи сифатии экспертизаи экологй бо сатхи рушди иктисоди миллй, инкишофи асоси моддй-техникй, хамчунин, сатхи инкишофи илмй-техникй [9, с. 119].

Хамин тарик, ба хулоса омаданамон мумкин аст, ки экспертизаи экологй низ дар баробари дигар механизмхои амали-шавии функсияи экологии давлат накши калиди дошта, барои татбики хадафхои стратегии давлат дар сохаи хифзи мухити зист ва дар мачмуъ риоя ва амалишавии хукукхои экологии инсон яке аз макомхои марказиро ишгол менамояд.

Адабиёти истифодашуда

1. Ерофеев, Б.В. Экологическое право России: учебник / Б.В. Ерофеев. - М.: Юриспруденция, 1999. - 448 с.

2. Бринчук, М.М. Экологическое право: учебник / М.М. Бринчук. - М.: Юристъ, 2005.-669 с.

3. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи мухити зист» аз 2 августи с. 2011, № 760 // [Захираи электронй] - Манбаи дастрасй: URL: http: //mmk.tj. (санаи мурочиат: 20.02.2022).

4. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологй» аз 16 апрели с.2012, № 818 // [Захираи электронй] - Манбаи дастрасй: URL: http: //mmk.tj. (санаи мурочиат: 20.02.2022).

5. Дубовик, О.В. Экологическое право: учебник / О.В. Дубовик. - М.: Проспект ТК Велби, 2007. - 688 с.

6. Данилова, Н.В. Экологическое право: учебное пособие / Н.В. Данилова. - 2-е изд., испр. и доп. - Тюмень: Тюменский государственный университет, 2007. - 379 с.

7. Чдбборов, Р.Ч,. Хукуки экологии Чумхурии Точикистон: дастури таълимй-методй / Р.Ч,. Чабборов. - Душанбе, 2004. - 198 с.

8. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тартиби гузаронидаи экпертизаи давлатии экологй». 2012. № 697 // Махзани мутамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон «Адлия». Шакли 7.0 // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: URL: http://www.adlia.tj (санаи мурочиат: 17.02.2022).

9. Бринчук, М.М. Экологическое право: учебник / М.М. Бринчук. 4-е издание. - М.: ЭКСМО, 2013. - 374 с.

References

1. Erofeev, B.V. Environmental law in Russia: textbook / B.V. Erofeev. - M.: Jurisprudence, 1999. - 448 p.

2. Brinchuk, M.M. Environmental law: textbook / M.M. Brinchuk. - M .: Jurist. 2005. - 669 p.

3. The Law of the Republic of Tajikistan "On Environmental Protection" dated August 2, p. 2011, No. 760 // [Electronic resource] - Source of access: URL: http: //mmk.tj. (date of application: 20.02.2022).

4. Law of the Republic of Tajikistan "On environmental expertise" dated April 16, 2012, No. 818 // [Electronic resource] - Access source: URL: http: //mmk.tj. (date of application: 20.02.2022).

5. Dubovik, O.V. Environmental law: textbook / O.V. Dubovik. - M.: Prospect TK Velby, 2007. -

688 p.

6. Danilova, N.V. Environmental law: textbook / N.V. Danilova. - 2nd ed., Rev. and additional -Tyumen: Tyumen State University, 2007. - 379 p.

7. Jabbarov, R.J. Environmental law of the Republic of Tajikistan: educational-methodical guide / R.J. Jabbarov. - Dushanbe, 2004. - 198 p.

8. Decision of the Government of the Republic of Tajikistan "On the procedure for carrying out the state environmental expertise". 2012. No. 697 // Centralized information-legal database of the Republic of Tajikistan "Justice". Form 7.0 // [Electronic resource]. - Source of access: URL: http://www.adlia.tj (date of application: 17.02.2022).

9. Brinchuk, M.M. Environmental law: textbook / M.M. Brinchuk. 4th edition. - M.: EKSMO, 2013. - 374 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.