Научная статья на тему 'МАФЊУМИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРЇ ВА РОЊЊОИ МУКАММАЛСОЗИИ ОН'

МАФЊУМИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРЇ ВА РОЊЊОИ МУКАММАЛСОЗИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Кодекс / мафњум / њуќуќвайронкунии маъмурї / кирдор / амал / беамалї / зиддињуќуќї / гунањгорона / ќасд / беэњтиётї / зараровар / ќобилияти деликтї. / Кодекс / понятие / административное правонарушение / деяние / действие / бездействие / противоправность / виновность / умысел / неосторожность / ущербность / делектоспособность.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Њайдарзода М.П., Одиназода А.Ѓ.

Дар маќола муаллифон мафњумињуќуќвайронкунии маъмурї” ва роњњои мукаммалсозии онро бо дарназардошти андешањои олимони ватанию хориљї мавриди омӯзиш ќарор дода, мушкилоту норасогї ва роњњои њалли онро пешнињод кардаанд. Ба ќавли онњо, назар ба андешаи олимон дар сатњи ќонунгузорї мафњуми њуќуќвайронкунии маъмурї нисбатан мукаммалтар ифода ёфтааст, вале дар он низ ноќисињо мављуд аст. Аз љумла, дар мафњумињуќуќвайронкунии маъмурї”, ки дар Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шудааст, яке аз аломатњои њуќуќвайронкунии маъмурї, ки ба љомеа зараровар будани кирдор аст, мављуд нест ва њамзамон, дар он истилоњи “соњибкорони инфиродї” низ ба назар намерасад. Бо дарназардошти ин ва дигар омилњо муњаќќиќон мафњуми нави умумињуќуќии њуќуќвайронкунии маъмурро пешнињод карда, ба он боваранд, ки танњо бо ќабули њамин гуна мафњум аз мушкилоти мављуда абадан рањо ёфтан имконпазир аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE CONCEPT OF AN ADMINISTRATIVE OFFENSE AND WAYS TO IMPROVE IT

В статье авторы изучили понятиеадминистративного правонарушения” и пути его со-вершенствования с учетом мнений отечественных и зарубежных ученых, представили проблемы, недостатки и пути их решения. По их мнению, на законодательном уровне по-нятие административного правонарушения выражено более полно, чем по мнению уче-ных, но и в нем присутствуют недостатки. В частности, в понятии административного правонарушения, предложенном в Кодексе Республики Таджикистан об административ-ных правонарушениях отсутствует один из признаков административного правонаруше-ния, заключающийся в том, что деяние наносит вред обществу, и в то же время в нем от-сутствует термин “индивидуальные предприниматели”. Принимая во внимание эти и дру-гие факторы, исследователи предлагают новое понятие административного правонару-шения, полагая, что, только приняв его, можно навсегда избавиться от существующих проблем.

Текст научной работы на тему «МАФЊУМИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРЇ ВА РОЊЊОИ МУКАММАЛСОЗИИ ОН»

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон

ТДУ 342.951

МАФХ,УМИ ^УКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРЙ ВА РО^ОИ

МУКАММАЛСОЗИИ ОН

ПОНЯТИЕ АДМИНИСТРАТИВНОГО ПРАВОНАРУШЕНИЯ И ПУТИ ЕГО

СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ

THE CONCEPT OF AN ADMINISTRATIVE OFFENSE AND WAYS TO IMPROVE IT

Хдйддрзода М.П. Haydarzoda M.P. Дотсенти кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади илмхои ^уцуцшиносй, подполковники милитсия Доцент кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук,

подполковник милиции Associate рrofessor of the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, Candidate of Legal Sciences, the lieutenant colonel of militia

Одиназода A.F. Odinazoda A.G. Омузгори кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, лейтенанти калони милитсия Преподаватель кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, старший лейтенант милиции Associate рrofessor of the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty no. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, the senior

lieutenant of the militia

Ихтисоси илми: 12.00.14 - Дукуки маъмурй; хукуки мурофиаи маъмурй (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).

Научная специальность: 12.00.14 - Административное право, административно-процессуальное право (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.14 - Administrative law, administrative procedural law (5.1.2. Public law (state legal) sciences).

Тацризди^анда: Зоир Ч,.М. - сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки ба номи А. Баховаддинови Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, профессор.

Рецензент: Зоир Дж.М. - главный научный сотрудник Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор.

e-mail:

murod.23.09.1990@mail.ru

e-mail:

odinazoda.alisher@yandex.ru

Труды Академии МВД Республики Таджикистан № 1 (61). 2024

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон

Reviewer: Zoir J.M. - Chief Researcher at the Institute of Philosophy, Politics and Law named after. A. Bakhovaddinova National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor.

Аннотатсия: Дар макола муаллифон мафхуми "хукуквайронкунии маъмурй" ва роххои мукаммалсозии онро бо дарназардошти андешахои олимони ватанию хоричй мавриди омузиш карор дода, мушкилоту норасогй ва роххои халли онро пешниход кардаанд. Ба кавли онхо, назар ба андешаи олимон дар сатхи конунгузорй мафхуми хукуквайронкунии маъмурй нисбатан мукаммалтар ифода ёфтааст, вале дар он низ нокисихо мавчуд аст. Аз чумла, дар мафхуми "хукуквайронкунии маъмурй", ки дар Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешниход карда шудааст, яке аз аломатхои хукуквайронкунии маъмурй, ки ба чомеа зараровар будани кирдор аст, мавчуд нест ва хамзамон, дар он истилохи "сохибкорони инфиродй" низ ба назар намерасад. Бо дарназардошти ин ва дигар омилхо мухаккикон мафхуми нави умумихукукии хукуквайронкунии маъмурро пешниход карда, ба он боваранд, ки танхо бо кабули хамин гуна мафхум аз мушкилоти мавчуда абадан рахо ёфтан имконпазир аст.

Вожауои калиди: Кодекс, мафхум, хукуквайронкунии маъмурй, кирдор, амал, беамалй, зиддихукукй, гунахгорона, касд, беэхтиётй, зараровар, кобилияти деликтй.

Аннотация: В статье авторы изучили понятие "административного правонарушения" и пути его совершенствования с учетом мнений отечественных и зарубежных ученых, представили проблемы, недостатки и пути их решения. По их мнению, на законодательном уровне понятие административного правонарушения выражено более полно, чем по мнению ученых, но и в нем присутствуют недостатки. В частности, в понятии административного правонарушения, предложенном в Кодексе Республики Таджикистан об административных правонарушениях отсутствует один из признаков административного правонарушения, заключающийся в том, что деяние наносит вред обществу, и в то же время в нем отсутствует термин "индивидуальные предприниматели". Принимая во внимание эти и другие факторы, исследователи предлагают новое понятие административного правонарушения, полагая, что, только приняв его, можно навсегда избавиться от существующих проблем.

Ключевые слова: Кодекс, понятие, административное правонарушение, деяние, действие, бездействие, противоправность, виновность, умысел, неосторожность, ущербность, делектоспособность.

Annotation: In the article, the authors studied the concept of an administrative offense and ways to improve it, taking into account the opinions of prominent domestic and foreign scientists, presented problems, shortcomings and ways to solve them. In their opinion, at the legislative level the concept of an administrative offense is expressed more fully than according to scientists, but it also has shortcomings. In particular, the concept of an administrative offense proposed in the Code of the Republic of Tajikistan on Administrative Offenses lacks one of the signs of an administrative offense, namely that the act causes harm to society, and at the same time it does not contain the term "individual entrepreneurs". Taking into account these and other factors, researchers propose a new concept of an administrative offense, believing that only by adopting it can one get rid of existing problems forever.

Key words: Code, concept, administrative offense, deed, action, inaction, illegality, guilt, intent, negligence, damage, delinquency.

Тахлили сарчашмахои таърихй-х укукии даврони пешин шаходат медихад, ки дар байни намудхои гуногуни хукукувайронкунихо,

хукуквайрокунии маъмурй маъмултарин

намуди он махсуб меёбад, ки мафхум ва аломатхои он аз чумлаи масъалахои мухимми назариявии пасошуравй мебошад.

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон

Содир гардидани ин намуди хукукувайронкунй метавонад ба хукуку озодихои инсон ва шахрванд, саломатй, амнияти санитарию эпидемиологии ахолй, ахлоки чамъиятй, тартибот ва амнияти чамъиятй, моликият, манфиатхои конунии шахсони вокей ва хукукй, чамъияту давлат ва гайра зарар расонад. Бинобар ин, дар м. 2 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон (минбад - КДМ Ч,Т) конунгузор хифз намудани онхоро вазифаи конунгузории сохаи мазкур хисобида, онхоро хамчун объекти умумй хифз менамояд [4].

Бо назардошти ин, шахсони вокеию хукукй, сохибкорони инфиродй ва шахсони мансабдор дар сурати содир намудани ин ё он хукуквайронкунй ба чавобгарии маъмурй кашида мешаванд.

Барои ба чавобгарй чалб намудани субъектони хукуквайронкунй зарур аст, ки дар кирдори онхо хам аломатхои таркиби хукуквайронкунй ва хам аломатхои худи хукуквайронкунии маъмурй мавчуд бошанд. Аломатхои таркиби

хукукувайронкунй мохиятан аз м. 23 КХ,М Ч,Т ва аломатхои хукуквайронкунии маъмурй бошад, аз худи мафхуми хукуквайронкунии маъмурй бармеоянд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мафхуми хукуквайронкунии маъмуриро чилавгирй карда, мушкилоту норасогихои онро хам аз лихози назариявй ва хам аз нуктаи назари конунгузорй тахлил намоем. Мутаассифона, дар байни олимони ватанию хоричй то хол андешаи ягона оид ба мафхуми умумиэътирофшудаи хукукувайронунии маъмурй мавчуд намебошад.

Аксари олимон ба он назаранд, ки чавобгарии маъмурй дар холати содир намудани хукуквайронкунии маъмурй ба вучуд меояд ва акидаи умумй он аст, ки содир намудани хукуквайронкунии маъмурй асоси ба чавобгарии маъмурй кашидан мебошад [1, с. 86]. Масалан, ба гуфтаи С. Студеникин, хукуквайронкунии маъмурй ин «вайронкунии меъёри хукукй-маъмурй мебошад, ки чазо на аз чониби суд, балки аз чониби макомоти хокимияти

давлати таъйин карда мешавад» [12, с. 438].

Мухаккикони пасошуравй бошад, хусусан М.Н. Марченко [7, с. 700], В.В. Лазарев, С.В. Липен [6, с. 340], В.С. Нерсесянс [8, с. 517] ва дигарон дар асархои хеш мафхуми хукуквайронкунии маъмуриро одатан ба маънои амали зиддихкукй, гунахкорона ва ба чомеа зараровари мавриди чавобгарии хукукй карор гирифтаи шахси дорои кобилияти амал ё кобилияти деликтидошта, маънедод намудаанд [14, с. 262].

Профессор Р.Ш. Сотиволдиев андешаи олимони дар боло матрахгардидаро чонибдорй намуда, кайд менамояд, ки хукуквайронкунй ин амали зиддихукукй, гунахгорона ва ба чомеа зараровари шахси дорои кобилияти деликтист, ки мавриди чавобгарии хукукй карор мегирад [11, с. 626].

Мухаккикони дигар дар зери мафхуми хукуквайронкунии маъмурй кирдорхои ба чамъият зарарноки шахрвандон ва шахсони мансабдореро дар назар доранд, ки онхо меъёрхои хукукиро дар сохаи идоракунии давлатй вайрон мекунанд, аммо бо амалигардонии ухдадорихои хизматй алокаманд нестанд. Масалан, вайрон кардани коидахои харакат дар рох, коидахои бехатарии сухтор, гигиенаи санитарй дар корхонахо, бе чипта савор шудан ба наклиёт ва гайра [9, с. 442].

С. Хдсанов бошад, таърифи умумии хукукувайронкуниро, ки ба мафхуми хукуквайронкунии маъмурй то андозае шабохат дорад чилавгирй карда, иброз доштааст, ки хукукувайронкунй ин рафтору кирдори зиддихукукй ва гунахкорнаи шахси кобили

зараррасонист, ки ба тартиботи мукарраршудаи чамъият тачовуз карда, ба чамъият зарар мерасонад [9, с. 438].

Чи тавре мушохида мешавад, дар ду мафхуми аввала, ки аз чониби олимони пасошуравй ва олими точик Р.Ш. Сотиволдиев пешниход карда шудааст, аксарияти аломатхои хукуквайронкунии маъмурй, масалан зиддихкукй, гунахкорона, ба чомеа зараровар ва лоики чавобгарй будани кирдор мавчуд

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

мебошад. Ин аст, ки таърифи мазкурро аксари муаллифон истифода бурда, онро дар асархояшон чонибдорй менамоянд, агарчи дар онхо низ холигихо мавчуданд. Масалан, дар мафхумхои зикршуда истилохи "кирдори амал ё беамалии шахси хукуквайронкунанда", "касдан ё аз беэхтиётй содир намудани

хукуквайронкунии маъмурй" мавчуд намебошад.

Мафхумхои баъдие, ки мо пешниход кардем махдудтар буда, як кисми хурди аломатхои хукуквайронкунии маъмуриро дар бар мегирад ва чунин мафхумхои махдуд дар дигар тахкикотхои олимон низ мавчуд мебошанд. Масалан, тибки яке аз таърифхо, хукуквайронкунй ин чунин амали (рафтори) одамон аст, ки мухолифи нишондоди хукукй буда, ба муносибатхои чамъиятй зарар мерасонад [13, с. 528]. Инчунин, дар як катор тахкикотхо иброз мегардад, ки хукуквайронкуниро танхо одамон содир мекунанд [10, с. 434] холо он ки шахсони хукукй низ субъекти содиркунандаи як катор

хукуквайронкунихо мебошанд.

Дар баробари андешахои олимон хамзамон мафхуми хукуквайронкунии маъмурй дар сатхи конунгузории маъмурй низ мавчуд мебошад. Тахлили кодексхои хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, Узбекистон, Белоруссия ва Федератсияи Россия шаходат медиханд, ки назар ба андешаи олимон дар сатхи конунгузорй мафхуми хукуквайронкунии маъмурй нисбатан мукаммалтар ифода ёфтааст.

Масалан, дар м. 10 КХ,М Чумхурии Узбекистон омадааст, ки

"хукуквайронкунии маъмурй ин кирдори амал ё беамалии зиддихукукй, гунахгорона (касдан ё аз беэхтиётй) содиршудае мебошад, ки ба шахсият, хукуку озодихои шахрвандон, моликият, тартиботи давлатию чамъиятй, мухити табий суикасд мекунад ва барои онхо конун чавобгарии маъмуриро мукаррар кардааст" [3].

Дар м. 2.1 КХ,М Белоруссия бошад, иброз мешавад, ки хукуквайронкунии маъмурй кирдори (амал ё беамалии) зиддихукукии гунахгоронаи шахси вокей

ва хамин гуна кирдори гайриконунии шахси хукукй мебошад, ки барои содир намудани он чавобгарии маъмурй мукаррар карда шудааст [2].

Мафхуми хукуквайронкунии

маъмурии дар м. 2.1. КХ,М Федератсияи Россия [5] пешниходшуда бо мафхуми хукуквайронкунии маъмурии дар м. 17 КХ,М ЧТ мукарраргардида шабохат дорад ва ба назари мо дар айни замон ягона мафхуми нисбатан мукаммалтар махсуб меёбад, агарчи дар он низ нокисихои назаррас мавчуд аст.

Мутобики м. 17 КХ,М ЧТ хукуквайронкунии маъмурй кирдори (амал ё беамали) зиддихукукй ва гунахкоронаи шахси вокей, мансабдор ё хукукй мебошад, ки содир намудани он тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси чавобгарии маъмурй мегардад. Хукуквайронкунии маъмурй касдан ё аз беэхтиётй содир карда мешавад [4].

Чи тавре кайд кардем, новобаста ба он, ки мафхуми пешниходшуда аз лихози мазмун нисбат ба дигар мафхумхо мукаммалтар бошад хам, вале дар он низ яке аз аломатхои хукуквайронкунии маъмурй, ки ба чомеа зараровар будани кирдор аст ва бархе аз мухаккикон онро ба чомеа хавфнок хам ном мебаранд, мавчуд намебошад. Дамзамон, дар КХ,М ЧТ истилохи "сохибкорони инфиродй" низ ворид карда шудааст, вале дар ин мафхум истилохи мазкур ба назар намерасад.

Инчунин, пас аз хотима ёфтани мафхуми "хукуквайронкунии маъмурй" шаклхои гунох, ки касдан ё аз беэхтиётй содир намудани хукуквайронкунии маъмурй мебошанд, пешбинй карда шудааст ва ба назари мо, дар чунин шакл пешниход кардани онхо ба дарки мазмуни мафхуми зикршуда таъсири манфй мерасонад. Аз ин лихоз, хуб мешуд, агар ибораи "касдан ё аз беэхтиёти содир намудани хукуквайронкунии маъмурй" аз матни мафхуми хукуквайронкунии маъмурй бардошта шавад ва ба мисли Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон дар алохидагй бо номи "шаклхои гунох" нишон дода шавад ва ё ибораи мазкур дар дохили мафхуми хукуквайронкунии

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

маъмурй ба мисли тачрибаи Чумхурии Узбекистон нишон дода шавад.

^онунгузор барои беамалие, ки дар мафхуми хукуквайронкунии маъмурй пешбинй карда шудааст, дар он сурат чавобгарии маъмуриро мукаррар мекунад, ки агар дар конун ё дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ухдадории шахс дар хусуси бо амалхои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он окибатхо пешбинй шуда бошад ва шахс барои содир намудани хукуквайронкунии маъмурй ба шарте гунахкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддихукукии вай гумрохона содир шуда бошад ва у сар задани ин гумрохиро пешбинй карда натавониста бошад.

Хдмзамон, аз мазмуни мафхуми хукуквайронкунии маъмурй маълум мегардад, ки дар баробари шахсони вокеию мансабдор шахсони хукукй низ ба чавобгарии маъмурй чалб карда мешаванд. Шахси хукукй ба шарте ба чавобгарии маъмурй кашида мешавад, ки барои риояи меъёру коидахое, ки тибки КДМ барояшон чавобгарии маъмурй пешбинй гардидааст, имконият доштанаш мукаррар шуда бошад, вале у барои риояи онхо на хамаи чорахоро андешидааст. Ба шахси хукукй таъйин кардани чазои маъмурй шахси вокеии гунахгорро ба сабаби хукуквайронкунии мазкур аз чавобгарии маъмурй озод намекунад ва хамзамон ба чавобгарии маъмурй ва ё

чиноятй кашида шудани шахси вокей шахси хукукиро аз чавобгарии маъмурй ба сабаби ин хукуквайронкунй озод намекунад [4].

Чи тавре аз андешахои дар боло матрахгардида маълум мегардад, мафхуми хукуквайронкунии маъмурй то хануз хам дар назария ва хам дар сатхи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хукуквайронкунии маъмурй мушкилоту норасогихои зиёд дорад, ки мо аксари онхоро мавриди омузиш карор додем. Бо дарназардошти андешахои баррасишуда мо мафхуми умумихукукии зерини хукуквайронкунии маъмуриро пешниход мекунем:

Хукуквайронкунии маъмурй ин кирдори амал ё беамалии зиддихукукй, гунахкорона (касдан ё аз беэхтиётй) содиршуда ва ба чомеа зараровари шахси вокей, сохибкори инфиродй, мансабдор ё хукукй мебошад, ки содир намудани он тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурй боиси чавобгарии маъмурй мегардад.

Танхо бо кабули чунин мафхуми умумихукукй мо метавонем тамоми аломатхои хукуквайронкунии маъмурй, аз кабили кирдори амал ё беамалй, зиддихукукй, гунахгорона (касдан ё аз беэхтиётй) ва ба чомеа зараровари шахсони вокеию хукукиро чойгир намуда, аз мушкилоти мавчуда абадан рахо гардем.

Адабиёти истифодашуда

1. Камасова, А.Г. Административное правонарушение как основание административной ответственности сотрудников органов внутренних дел / А.Г. Камасова // Вестник Московского университета МВД России. - 2015. - № 6. - С. 86-88.

2. Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Белорусия аз 6-уми январи соли 2021, № 91-З // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://pravo.by/document/?guid=3871&p0=HK2100091.

3. Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Узбекистон аз 22-юми сентябри соли 1994, № 2015-XII // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://nrm.uz/contentf?doc=3878kodeks respubliki uzbekistan ob administrativnoy otvetstvennosti

4. Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон аз 31-уми декабри соли 2008, № 455 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2008, № 12, к. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; ^онуни ЧТ аз 24 декабри соли 2022, №1928.

5. Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Федератсияи Россия аз 30-юми декабри соли 2001, № 195 ФЗ // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://www.consultant.ru/document/cons doc LAW 34661/.

6. Лазарев, В.В., Липень, С.В. Теория государства и права: учебник / В.В. Лазарев, С.В. Липень. -Изд. 3-е, испр. и доп. - М.: Спарк, 1998. - 448 с.

7. Марченко, М.Н. Проблемы теории государства и права: учебник / М.Н. Марченко. - М.: Проспект, 2001. - 755 с.

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон

8. Нерсесянц, В.С. Общая теория права и государства / В.С. Нерсесянц. - М.: Норма: ИНФРА-М, 2012. - 560 с.

9. Х,асанов, С., Х,асанов, М. Назарияи давлат ва хукук: китоби дарсй / С. Х,асанов, М. Х,асанов. -Душанбе: «Илм», 2017. - 496 с.

10. Общая теория права / под ред. В. К. Бабаева. - 3-е изд., перераб. и доп. - М.: Юрайт, 2013. -

544 с.

11. Сотиволдиев, Р.Ш. Проблемахои назарияи давлат ва хукук: китоби дарсй / Р.Ш. Сотиволдиев. ^илди 2. - Душанбе: «Империал-Групп», 2010. - 654 с.

12. Студеникин, С.С. Советское административное право: учебник / С.С. Студеникин. - М.: Юрид. изд-во НКЮ СССР, 1945. - 438 с.

13. Теория государства и права / под ред. А. С. Пиголкина, Ю.А. Дмитриева. - 2-е изд., перераб. и доп. - М.: Юрайт, 2011. - 743 с.

14. Теория государства и права: учебник для бакалавров / В.Д. Перевалов; - 2-е изд., доп. и перераб. - М.: Юрайт, 2012. - 415 с.

References

1. Kamasova, A.G. Administrative offense as the basis of administrative responsibility of employees of internal affairs bodies / A.G. Kamasova // Bulletin of the Moscow University of the Ministry of Internal Affairs of Russia. - 2015. - No. 6. - Рр. 86-88.

2. Code of Administrative Offences of the Republic of Belarus dated January 6, 2021, No. 91-Z // [Electronic source] - Access mode: https://pravo.by/document/?guid=3871&p0=HK2100091.

3. Code of Administrative Offences of the Republic of Uzbekistan dated September 22, 1994, No. 2015-XII // [Electronic source] - Access mode: https://nrm.uz/contentf?doc=3878kodeks respubliki uzbekistan ob administrativnoy otvetstvennosti

4. Code of administrative offenses of the Republic of Tajikistan from December 31, 2008, No. 455 // Bulletin of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2008, No. 12, p. 1, art. 989, art. 990; s. 2009, No. 5, art. 321, No. 9-10, art. 543; Law of the Republic of Tajikistan dated 24.12.2022 No. 1928.

5. Code of Administrative Offences of the Russian Federation of December 30, 2001, No. 195-FZ // [Electronic source] - Access mode: https://www.consultant.ru/document/cons doc LAW 34661/.

6. Lazarev, V.V., Lipen, S.V. Theory of state and law: textbook / V.V. Lazarev, S.V. Lipen. - 3rd edition, ispr. and add. - M.: Spark, 1998. - 448 p.

7. Marchenko, M.N. Problems of the theory of state and law: textbook / M.N. Marchenko. - M.: Prospekt, 2001. - 755 p.

8. Nersesyants, V.S. The general theory of law and the state / V. S. Nersesyants. - M.: Norm: INFRA-M, 2012. - 560 p.

9. Khasanov, S., Khasanov,M. Theory of State and Law: Textbook. - Dushanbe: Ilm, 2017. - 496 p.

10. General theory of law / edited by V. K. Babaev. - 3rd ed., Trans. and additional. - M.: Yurayt, 2013.

- 544 p.

11. Sotmoldiev, R.G. Problems of the theory of state and law: Textbook / R.G. Sotmoldiev. Volume 2. -Dushanbe: Imperial Group, 2010 - 654 р.

12. Studenikin, S.S. Soviet administrative law: textbook / S.S. Studenikin. - M.: Legal publishing house of the NKYU USSR, 1945. - 438 p.

13. Theory of State and law / ed. by A. S. Pigolkin, Yu. A. Dmitriev. - 2nd ed., reprint. and additional. -M.: Yurait, 2011. - 743 p.

14. Theory of state and law: textbook for bachelors / V.D. Perevalov; - 2nd ed., supplement and revision.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

- M.: Yurait, 2012. - 415 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.