Научная статья на тему 'КРАТКОЕ ИЗУЧЕНИЕ ЖИЗНИ АШРАФИ САМАРКАНДСКОГО'

КРАТКОЕ ИЗУЧЕНИЕ ЖИЗНИ АШРАФИ САМАРКАНДСКОГО Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
8
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АШРАФИ / САМАРКАНД / БИБЛИОТЕКА СТИХОВ / ГЕНЕАЛОГИЯ / ТАЗКИРА / ЛИТЕРАТУРА / ИСТОРИЯ / МУХАММАД АВФИ БУХАРАИ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Айниддинов Икрориддин Шарифович

В данной статье рассказывается о биографии одной из известных личностей, мощного ученого, философа, хорошего врача, знатока науки логики и астрономии и поэта XII века Ашрафи Самарканди. В частности, в статье исследуются имя, фамилия, окружение и литературная деятельность поэта.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A BRIEF STUDY OF THE LIFE OF ASHRAFI SAMARKANDI

This article talks about the biography of one of the famous personalities, a powerful scientist, a philosopher, a good doctor, a connoisseur of the science of logic and astronomy and a poet of the 12th century Ashrafi Samarkandi. In particular, in the article are investigated the name, surname, environment and literary activity of the poet.

Текст научной работы на тему «КРАТКОЕ ИЗУЧЕНИЕ ЖИЗНИ АШРАФИ САМАРКАНДСКОГО»

восточние язикы Адрес: 190100, Республика Узбекистан, г.Термез, ул.Шабада, 11. E-mail: ramazon5861@mail.ru. Тел.: (+998) 978432425

About the author:

Abdullaev Ramazon Zhumakulovich - Termez State University, Candidate of Philology, Head of the Department of Tajik Philology and Oriental Languages Address: 190100, Republic of Uzbekistan, Termez, Shabad street, 11. E-mail: ramazon5861@mail.ru. Tel.: (+998) 978432425

ТАДЦЩИ МУХТАСАР АЗ РУЗГОРИ АШРАФИ САМАРКАНДА

Айниддинов И.Ш.

Донишгощ давлатии Самарканд

Бисёре аз осори сарояндагони забони форсй бар асари хучуми бунёнкани мугулон аз миён рафта ва микдори зиёде аз он чй низ бар чой мондааст, дар миёни мачмуахо, сафинахо ва чунгхо ба сурати пароканда вучуд дорад. Гирдоварй ва тадвини ин парокандагихо хар чанд бо душвории бисёр хамрох аст, вале аз чумлаи гомхои мухим дар шинохти таъриху фарханги мардуми Мовароуннахр ва Хуросон мебошад.

Ашрафй Самаркандй аз гуяндагони гумном аммо тавонои садаи шашуми хичрй аст, ки девони ашъори у то кунун ба чоп нарасидааст. Танхо мухаккиккон дар асоси осори шоир ва тазкирахои адабй оиди зиндагй ва фаолияти илмиву адабии у маълумоти мухтасар додаанд. Аз зиндагии шоир дар хеч як осори муосирон маълумот оварда нашудааст.

Дар девони Ашрафй илова бар фавоиди забонй ва адабй иттилооти таърихии мухиме дар бораи хукмронони махаллй ва подшохони силсилаи карохонй ки дар садаи VI -и камарй дар Мовароуннахр хукумат доштанд ва оиди ахолии ончо маълумотхои зарурй фарохам оварда шудааст. Аз ин чониб Девони Ашрафй яке аз манбаъхои мухими адабй ва таърихй ин давра ба хисоб меравад.

Барои шинохти шахсият ва фаолияти Ашрафй то имруз аз тарафи тазкиранигорон, мухдккиккони илми адабиёт, таърих ва фалсафа корхои назаррасе ба сомон расидааст, ки лоики тахсин мебошад. Валекин то имруз аз тарафи олимони махаллй (дар Узбекистон) оиди шахсият ва шеърияти шоир маълумоти назаррасе ба чашм намерасад. Дар Точикистон хам аз тарафи олимони точик тахкикоти чиддй ва пахновари илмй то имруз дифоъ нашудааст. Боиси ифтихор аст, ки ин мавзуи тахкикотиро аввалин маротиба дар Узбекистон ба риштаи тахкик кашида мешавад. Дар мамолики Туркия ва Эрон аз тарафи олимони турк ва форс баъзе асархои Ашрафй тарчума ва тахкик шудааст. Намунаи ин чунин тахкикот аз чумла соли 1391/2012 аз тарафи мухаккикони форс Аббосбек Ч,онй ва Умид Сурурй тахти унвони «Девони Ашрафй Самаркандй» руи чопро дидааст. Дар китоби мазкур мухтасар оиди рузгор ва фаолияти адабии у нуктахои чолиби таваччух иброз гардидааст. Ба гайр аз ин ашъори Ашрафиро дар шакли дастачамъй, дар кисми дуввуми китоб чамъоварй намудаанд, ки сазовори арзиши баланд мебошад.

Ашрафй яке аз шоирони номдори маъруфи адабиёти форсу точик мебошад, ки бо осори адабй, таърихй ва илмии худ шинохта шудааст. Рочеъ ба зиндагй ва осори у сарчашмахои илмиву таърихй маълумоти хеле камтареро фаро гирифтаанд. Манбаъхои муътамаде, ки онхо дар ин бора метавон маълумот ба даст овард, тазкирахо, чунгхо ва осори адабии худи шоир мебошад. Х,арчанд шоир дар девони худ шархи муфассали холашро баён накарда бошад хам, хангоми нигоштани ашъори нобаш, ишора ба насаб ва тарчумаи холаш намудааст. Дар осори тахкикй бошад аксар донишмандони эронй ва турк баъзе нуктахои чолиби хаёт ва фаолияти уро ифшо намудаанд.

«Хулосату-л-ашъор ва зубдату-л-афкор» яке аз мухимтарин асари илмй барои омузиши хаёту фаолияти Ашрафй мебошад, ки дар он шархи мухтасари холи муаллиф баён гардидааст. Дар китоби мазкур «ашъори Ашрафиро дар 12 барги 31 сатрй ба руи когази исфахонй ба хати настаълики хуш китобат кардааст".[1, c.699]

«Тазкираи бутхона» дар садаи XI- и камарй аз тарафи Мухаммад Суфй Мозандаронй ба ёрии Абдулатиф Аббосй таълифу тадвин шудааст, ки дар он хам 579 байт аз ашъори Ашрафй чой дорад[2, с.106].

Яке аз манбаъхои мухими дигар «Лубобу-л-ал-боб"и Мухаммад Авфии Бухорой буда, муаллиф дар бораи макони зист, шахсияти фардй ва мулокоти худ бо у маълумот медихад, ки барои тадкики кори мо хеле мусоидат менамояд.

Дар сарчашмахои илмиву адабй оиди шархи хол ва осори Ашрафй Самаркандй маълумот хеле кам мебошад. Ба гайр аз се тазкираи дар боло кайд намудем, аз чумла дар «Тазкираи Нозим», «Тазкираи хайру-л-баён», «Тазкираи Масъуди», «Сафинаи хушгу»,

«Сафинаи Тирмиз», «Сафина», «Тазкираи Исуоцбек», «Maцмaьy-л-фyсaуо», «Хафт ицлим», «Оташкада», «Латоифу-л-хаёл», «Ал-муьцам фи-маьойири-л-ашьори-л-ацам», «Риёзу-шуьаро», «Арафоту-л-ошицин», «Натоицу-л-афкор», «Субуи гулшан», «ЦунгиMyлло Садро», «Райуонату-л-адаб"[3, c.65-70] oиди рузгор ва намуна аз oсoри Ашрафй маълyмoти мyхтасарy парoканда oварда шудааст.

Тазкиранигoрoн таваччухи асoсии хyдрo бештар мерoси илмиву адабии Лшрафй нигарoнидаанд. Ба хар хoл 6o такя ба манoбеъи фавкуззикр чанд нуктае мухиме oиди тарчумаи хoл, нoмy насаб, ма^ни зист ва зиндагинoмаи шoир сухан хoхем кард.

Дар тасхих, тавсиф ва oмyзиши таркиби девoни Лшрафй бештар аз тазкирах^, чунг^и хаттй ва чoпй истoфoда гардид. Барoи тадкик ва тавсифи рузгор ва oсoри Лшрафй тазкира ва чунг^ мавриди тахкики мo карoр гирифтааст.

Дар бoраи шархи х^ли Лшрафи Самаркандй дар манбаъхoи адабй ва таърихй хеле кам иттилooт дoда шудааст. Бo истифoда аз тазкирахoи адабй ва тадкикoти илмии oлимoни адабиётшинoси Эрoн Лббoсбек Чрнй ва Умед Сурурй oиди шархи хoли муаллиф баъзе маълyмoтхoрo пешкаш менамoем.

Дар аглаб дастнависхoи девoни Лшрафй[4, с.2б1] ва манбаъхoи мутааххир[5, c.78] нoми вай зикр шудааст, аммo дар манбаъхoи кухан ва ашъoри худи y каринае дар таъйиди oн дида намешавад. Лз нoми падару ачдoдаш низ иттилoъе дар дар даст нест, аммo бар асoси ин абёт, ки худи y сурудааст метавoн хадс зад падар ё яке аз ачдoди вай Хусайн фарзанди Proo, ё Хусайн мулаккаб ба Proo бoшад. Ба эхтимoли бисёр дар миёни мардум аз Х,асан шухрате бархyрдoр буда, ки Лшрафй хyдрo ба y мансуб кардааст:

aaüí Jj jjj AS ja

l^Jja J^S jl Jj

<_1JC. JJMJ A ' " '.'^j

aj ^.'rnj[6, c.85]

Лз мазмуни абёти зикршуда маълум мешавад, ки y аз авлoди Паёмбари гирoмии Истом Мухаммад (с.а.в.) будааст. Бo ишoраи «нури дили Фотима», «мисли гууарам аз камари Myртaзо (халифаи чауоруми рошид уазрати Али каррамаллоуу вацуауу)», «рутбаи цоуам ба Расул араб (^уу^аммад с.а.в.)» ва «нисбати хосам ба Хусайну (набераи дустдоштаи Паёмбар фарзанди Али) Ризо (яке аз имомони аули байт, ки мансубияти эшон ба хонадони Паёмбар аст)» маълум намудан мумкин аст, ки Лшрафй Самаркандй аз саййидзoдагoн мебoшад.

Лакаби вай бинo бар мyшoирае, ки эхтимoлан 6o Шихoбyддин Мухаммад Fyрй (602/) анчoм дoда будааст[7, c.2G6] ва низ бар ашси гуфтаи Такй Кoшй «Шарафуддин» аст. Аммo ба чуз тазкираи «Х,афт иклим», тазкираи «Хайру-л-баён» ва «Сафина» 6o лакаби «Саййид Лшраф» ва «Шарафуддин» ёд шудааст[8, c.312-314], ки аксари манбаъхo лакаби yрo «Муинуддин» дoнистаанд[9, с.129].

Лз чумла ал^би эхтирoмoмези дигаре, ки тазкиранависoн дар шархи ахвoли вай зикр кардаанд ибoратанд ин аз «Шамсу-л-фусауо», «Ашрафи сони"[10, c.273-365], «Саййиду-л-фозилин», «Санаду-л-комилин», «Имому-л-уумом», «Ал-алиму-л-уаким"[11, c.316], «Саййиду-л-фузало"[12, c.262], «Maлuкy-л-кaлом», «Саййиду-л-калом"[13, c.1015-1040], «Ашрафу-ш-шуаро"[14, с.188].

Тахаллуси вай катъиян Лшрафй аст ва бoрхo дар зимни ашъoраш oмадааст[15, c.1G5-133].

Лз чунин хyлoсаи oлимoнy тазкиранигoрoн ва ашъoри худи муаллиф маълум мешавад, ки тахаллуси Лшрафи Самаркандй «Лшрафй» мебoшад. «Самаркандй» нисбати зoдгахаш шахри Самарканд буда, нoми аслияш «Шарафуддин Х,асан» аст. Хусайнй, Саййид Лшраф лакабхoе мебoшанд, ки аз сабаби саййидзoда будани y нисабат дoда мешавад. Мyвoфики маълyмoти тазкиранигoрoн Лшрафй Самаркандй якчанд нoмхoи ифтихoрй, лакаб ва yнвoнхoи баланд дoштааст, ки oн далoлат ба бузургй, макoм ва шахсияти бoризи y медихад.

Оиди замoн ва машни таваллуди Лшрафй дар манбаъхoи таърихй ва адабй хар гуна ихтилoф ва фаразхo вучуд дoранд, ки барoи муайян намудан замoнy ма^ни таваллуд ва вафoти y мo 6o чанд асархoи муътабар мyрoчиат менамoем. Бештари манбаъхo ба шархи ахвoли Лшрафй, замoни таваллуди y маълyмoт надoдаанд. Шoяд аз сабаби oн бoшад, ки муаллиф дар замoни худ oиди муаррифй намудани шахсияташ эхтиёче пайдo нашуда бoшад. Зерo аксари oлимoн ва шoирoни машхyррo мурдум 6o лакаб ва шеъраш хеле хуб мешинoсанд. Маъруфияти эшoн дар санаи таваллуд ва машни зисти oнхo вoбастагй надoшта, балки oсoри бачoмoндаи oнхo дарак аз бyзyргияшoн медихад.

Макoни зисти Ашрафирo аксари тазкиранигoрoн Самарканд мегуянд ва кисмате аз тазкиранигoрoн yрo ахли Кoшoни Эрoн хам хoндаанд[16], ки икoмати y дар шахри «Кoшoн/

Косон» аз шахрхои МарFинон[17, c.120] ва маркази хукумати Низомуддин БеFyмалик бyда, худи Aшрафй дар касидааш ба ин подшох ишорат мекунад.

Сохиби «Тазкираи бутхона» [18], аз содоти Гулистонаи Самарканд донистааст ва муаллифони тазкираи «Лрафоту-л-ошикин», «Хайру-л-баён» ва «Сафинаи хушгу"[19] дар канори Aшрафй Самаркандй, аз шоири дигаре ба номи «Лшрафи Гулистонй» ёд кардаанд, ки ашъори мансуб ба y дар нусхахои девони Aшрафй низ омадааст. Бо тавччух ба ин ки дар манбаъхои чyFрофиёй, чое ба номи Гулистон ва Гулистона дар наздикии Самарканд ва ё дар Мовароуннахр дида намешавад, метавон эхтимол дод, ки «Гулистон», дар ин манбаъхо, тасхифи «Косон» бошад. [20]

Дар натича бояд изхор намуд, ки Aшрафиро тазкиранигорон гох Самаркандй гох ахли Кошонй зикр намудаанд, ки барои хонанда шубхаву гумон нисбати макони таваллуди шоир падид меоварад. Хулосаи мо нисбати зодгохи муаллиф аз он иборат аст, ки Aшрафй аслан зодаи Самарканд буда, кисме аз манбаъхо Уро «Кошонй» гуфтаанд. Зеро фикри Такиюуддин Aвхадй оиди Aшрафи Гулистонй ва Aшрафй Самаркандй чунин аст, ки аслан хар ду шоир бояд як нафар бошанд. Мо хам аз хамин нуктаи назар Aшрафиро аслан аз Самарканд будани уро чонибдорй менамоем. Дар осори дигари худ «Башорату-л-ишарот фий шархи ишароти-л-вал-танбихот» номи муаллиф чунин омадааст:[21, c.391] ój л^^л

(Шамсиддин Мухаммад ибн Aшраф ал-Х,усайнй ас-Самаркандй). Ин маълумот хам далели Самаркандй будани Aшрафиро тасдик менамояд.

Aз чузъиёти зиндагиномаи шоир то замони мо хеле кам маълумот омада расидааст. Тазкиранависон ишора бар он мекунанд, ки Aшрафй овони чавонй ва васати умри худро бо корхои расмии давлатй ва русумй шаръй паси сар намуда, чанд муддат дар дарбор кор кардааст. Дар ин замон зиндагии фаровон ва хотири чамъе доштаааст, ин хол аз касидае, ки ба истикбол аз касидаи машхури Рудакй суруда ва дар он ба гузаштаи пуршукухи худ дар дарбори салотин ишора кардааст. Aммо дар охири умр дарди пирй, ранчи фаровон шоирро хеле хаста намуда буд. Дар ашъораш хасби холи худро чунун баён менамояд:

^j^ljj jUí aj a£ ^л^ Ujj$\...

JjJ

< " n kj< i a£ a^ä

jjj <^jjj a£ ^li J»] i^^^l

ojjí ó^ J JJ^ ' " '''''^.JJ

jjj ^j] j лЛ Aí ^jjl£[22, c.128]

Чуноне аз маънои «баргашт даври давлату ман хира мондаам» маълум мешавад, ки шоир овони чавони ва васати умрро «даври давлат» гузаронидаасту охири умрро «хира мондан» - бо ранчу дард паси сар намудаст. Ин иттилоот онро нишон медихад, ки дар охири умр Aшрафй бо дарди чашм гирифтор шудааст. Дар баъзе аз шеърхояш гирифтори дарди чашм шудани худро ишора намудааст[23, с.160-161]. Тазкиранигори машхур Мухаммад Aвфии Бухорой низ дар замони мулокот бо Aшрафй уро ба «гаронгуши» муаррифй менамояд[24, с.390]. Ин фикри Aвфиро сохиби тазкираи «Сафинаи Сино» хам Aшрафро «Саййид Ашраф Асам Кошони» мегуяд. Лакаби Aсам ба нафароне дода мешавад, ки гуши шунаво надоранд. Пас аз иттилоот ба чунин хулоса омада гуфтан мумкин аст, ки Aшрафй давраи пирии худро «давраи машаццат ва хираги» номидааст. Бахусус нашунидани гуши у ва гирифтории дарди чашм шоирро пиру хаста намуда буд.

Бояд гуфт, ки дар ягон манобеъ оиди фаро гирифтани дониш, устозон, падару модар ва хешу акориби Aшарафй маълумоте вучуд надорад. Aгар вучуд дошта бошад хам шояд аз назари тазкиранигорон ва мухаккикон пинхон монда бошад. Дар рафти тахкики мавзуъ оиди фаро гирифтани дониши диниву дунявй ва сатхи зиндагии шоир баъзе аз ишорахоро дар шеъри у дидан мумкин:

Манбаъхои мутааххир даргузашти вайро дар се таърих (565/1170[26, c.366] -590/1194[27, c.3368] ва 595/1198[28, c.78]) зикр кардаанд, ки албатта хар се таърих иштибох аст ва марги вай катъияан баъд аз соли 600/1203 рух додааст, зеро аз як су Мухаммад Aвфй дар соли 597/1200 Aшрафиро дар Самарканд вохур шуда бо у мулокот кардааст[29, c.390] ва аз суйи дигар Aшрафй дар марги ^илич ТаFмочхон Иброхим ибни Хусайни Самаркандй (600/1203), хокими Самарканд марсияе сурудааст[30, c.154] ва дар мадхи писар ва чонишини вай Нусратуддин ^илич Aрслони Усмонй низ, ки дар хамон таърих ба салтанат расидааст касидаи баланде ба назм овардааст[31, с.92-93].

Хулоса ва далели хар яке аз олимон мувофики маълумот дар даст дошта буда, фикри мушаххасе оиди вафоти шоир нанамудаанд. Aлбатта донистани вафоти шоир барои шинохти шахсият, замони зист, мухити адабй, муайян намудани пайравй ва таъсирпазирии адабии шоир мусоидат мекунад. Санаи мушаххастари вафоти шоирро Aвфй дар «Лубобу-л-ал-боб»

овардааст, хамон ба хакикт наздик аст. Аз худи маънову мухтаво ва мазмуни шеъри шоир бармеояд, ки дар замони хукмронии мугул у зинда будааст. Услуби нигориш ва таркиби ашъори у хам шеърияти хамондавраро нишон медихад. Пас маълум мешавад, ки Ашрафй баъди соли 600/1203 аз олам чашм пушидааст.

АДАБИЁТ

1. Фехристи нусхаи китобхонаи марказии донишгохи Техрон/чилди 16.-Техрон: Донишгох, 1343.- 699с.

2. Фехристи нусхаи китобхонаи Мачлис /чилди 24. - Техрон: 1372. - С. 106.

3. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 65-70.

4. Мунтахаби девони Ашрафй, (хаттй, Бодилён, 54). - В. 353;. Мунтахаби девони Ашрафй, (хаттй, Мачлис, 5956). - С. 1127;. Мунтахаби девони Ашрафй, (хаттй, Китобхонаи Ганчбахш, 12687). - 216с.

5. Х,афт иклим, чилди 3. - С. 1040;. Риёзу-ш-шуаро, чилди 1. - С. 109;. Сафинаи хушгу (хаттй, Донишгохи Алигар, С.34), дафтари аввал. - В. 188;. Субхи гулшан, чилди 1. - С. 112;. Рузи равшан. - С. 53;. Ч,унги ашъор (хаттй Китобхонаи марказй, 2446). - В. 194;. Тазкираи бутхона (хаттй, Мачлис, 132). - В. 9;. Аз-зариъа, чилди 9. - 78 с.

6. Девони Ашрафй / Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. -85с.

7. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 206;. Хулосату-л-ашъор (хаттй, Донишкадаи адабиёт, 104). - В. 210;. Хулосату-л-ашъор (хаттй, Китобхонаи марказй, 7790). - В. 107.

8. Х,афт иклим, чилди 2. - С. 1015;. Хайру-л-баён (хаттй, Мачлис, 923). - В. 122;. Сафинаи Сино (хаттй, Мачлис, 651). - В. 312-314.

9. Хулосату-л-ашъор (хаттй, Мачлис, 16778). - В. 1;. Арафоту-л-ошикин, чилди 1. - С. 308;. Риёзу-ш-шуаро, чилди 1. - С. 109;. Натоичу-л-афкор. - С. 50;. Латоифу-л-хаёл. - С. 462;. Ч,унг (хаттй, Мачлис, 2324). -В. 31-222;. Тазкираи Нозим (хаттй, Мачлис, 1/1115). - В. 40-104;. Мачмаъу-л-фусахо, чилди 1. - С. 362;. Оташкада, чилди 2. - С. 365;. Райхонату-л-адаб, чилди 1. - 129с.

10. Хулосату-л-ашъор (хаттй, Мачлис, 16778). - В. 1;. Риёзу-л-орифин. - С. 273;. Оташкада, чилди 2. - 365с;.

11. Такии Кошй дар бораи ихтисоси лакаби «Ашрафи сонй» ба Ашрафй менависад: «Ч,аноб сиёдатпанох, мушоирунилайх ба Ашрафи сонй машхур аст ва дар миёни арбоби сияр ва шеър ба лакабу сифати мазкур номвар шуда, зеро ки лакаби Саййид Х,асан Fазнавй ки акдаму афзал аз уст Ашраф аст ва Мавлоно Барандуки Самаркандй дар ашъори худ баёни ин маънй карда ва Саййид Ашрафро ба Ашрафи Сонй ном бурда валекин Саййид худ дар ашъори Ашрафй тахаллус намуда ва касидаву китъаот ба ин тахаллус музаййан гардонида...». Бо ин хол дар баррасии ашъори Барандук (Хулосату-л-ашъор, хаттй, Донишкадаи адабиёт 104. - В. 172-190) чунин матлабе ёфт нашуд. Арафоту-л-ошикин, чилди 1. - С. 308.

12. Ч,унги Такии Кошй (хаттй, Маркази эхё, 1066). - В. 262.

13. Х,афт иклим , чилди 3. - С. 1015-1040.

14. Сафинаи хушгу, дафтари аввал, (хаттй, Донишгохи Алигар, с.34). -В. 188.

15. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 105 - 250.

16. Сафинаи Сино (хаттй, 651). - В. 312;. Ч,унги Такии Кошй (хаттй, Маркази Эхё, 1066). - В. 262.

17. Ахсану-т-такосим фий маърифати-л-аколим. - С. 262;. Ал-Булдон. - С. 120.

18. Тазкираи бутхона, (хаттй, Мачлис, 132). - В. 9.

19. Арафоту-л-ошикин, чилди 1. - С. 312;. Хайру-л-баён, (хаттй, Мачлис, 923). - С. 143.

20. Такиюуддин Авхадй. (Арафоту-л-ошикин, хамон чо) ки худ дучори чунин иштибохе шудааст, бо гумони ин ки ашъори Ашрафи Гулистонй дар нусхахои девони Ашрафй Самаркандй низ омада, хадс задааст, ки эхтимолан хар ду шоир бояд яке бошанд.

21. Шамсиддин Мухаммад бин Ашраф ал-Х,усайнй ас-Самаркандй. Башорату-л-ишарот фий шархи ишароти-л-вал-танбихот/тахкики Алй Учй. - Техрон: Муассисаи пажухиши мероси мактуб, 1399. - 391 с.

22. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 1/28

23. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 160-161.

24. Мухаммад Авфии Бухорой. Лубоб ал-боб, чилди 2. - С. 390.

25. Мачмаъу-л-фусахо чилди 1 - С. 368.

26. Хулосату-л-ашъор (хаттй Мачлис 16778).-В.4;. Натоичу-л-афкор.-С. 50;. Сухуфи Иброхим (Микруфилми Донишгох, 707 ф).-В. 31;. Райхонату-л-адаб чилди 1. - С. 149;. Аз-зариъа, чилди 9. - С. 78.

27. Лубобу-л-ал-боб чилди 2. - С. 390;.

28. Девони Ашрафй/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафй Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 154.

29. Девони Ашрафи/ Сурудаи Шарафуддин Х,асан Ашрафи Самаркандй (Тахкик ва тасхихи Аббосбек Ч,онй., Умед Сурурй). - Техрон: Интишороти сафири Урдухол, 1391. - С. 92-93

ТАДЦЩИ МУХТАСАР АЗ РУЗГОРИ АШРАФИ САМАРКАНДЙ

Дар мацолаи мазкур оиди тарцимаи уоли яке аз шахсиятуои маъруф, донишманди тавоно, файласуф, табиби уозиц, донандаи илми мантицу фалакиёт ва шоири соуибдевони асри XII Ашрафи Самарцанди сухан меравад. Бахусус дар мацола ному насаб, мууити зист ва фаолияти адабии шоир ба риштаи тауциц кашида шудааст.

Вожахри калидй. Ашрафи, Самарцанд, девони ашъор, насаб, тазкира, адабиёт, таърих, Мууаммад Авфи Бухорои

КРАТКОЕ ИЗУЧЕНИЕ ЖИЗНИ АШРАФИ САМАРКАНДСКОГО

В данной статье рассказывается о биографии одной из известных личностей, мощного ученого, философа, хорошего врача, знатока науки логики и астрономии и поэта XII века Ашрафи Самарканди. В частности, в статье исследуются имя, фамилия, окружение и литературная деятельность поэта.

Ключевые слова. Ашрафи, Самарканд, библиотека стихов, генеалогия, тазкира, литература, история, Мухаммад Авфи Бухараи

A BRIEF STUDY OF THE LIFE OF ASHRAFI SAMARKANDI

This article talks about the biography of one of the famous personalities, a powerful scientist, a philosopher, a good doctor, a connoisseur of the science of logic and astronomy and a poet of the 12th century Ashrafi Samarkandi. In particular, in the article are investigated the name, surname, environment and literary activity of the poet.

Key words. Ashrafi, Samarkand, library of poems, genealogy, tazkira, literature, history, MuhammadAvfi Bukharai

Маълумот да бораи муаллиф:

Айниддинов Ицрориддин Шарифович - Докторанти бахши аввали Донишгоуи давлатии Самарцанд Тел: (+998) 936361126

Сведение об авторе:

Айниддинов Икрориддин Шарифович-Докторант первой части Самаркандского государственного университета, Тел: (+998) 936361126

About the author:

Ainiddinov Ikhroriddin Sharifovich-Doctoral student of the first part of Samarkand State University, Tel: (+998) 936361126

ТАВСИФИ ТАБИАТ ДАР АШЪОРИ АМИН^ОН ШУКУХЙ

Тагоев С.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Мавзуи эчодиёти Аминчон Шукухй басо фарох ва гуногун буда, ба он хотир чи дар асархои насрй ва чи дар асархои назмй мавзуъхои актуалии мушкилро интихоб намуда, кувва ва махорату малакаи касбии худро дар халли мавзуи интихобшуда ба кор бурдааст. Шукухй пас аз интихоби мавзуъ ба сухани одй обу ранги бадей дароварда, тавассути самимият ва хаячонбахшии лирики ба дили хонанда зуд рох ёфтааст.

Тасвиру тавсиф ва манзаранигорй ба мароми эчодии хар шоир пайванди ногусастанй дорад. Агар дар эчодиёти шоир кадоме аз ин маънихо, масалан, фалсафй, ичтимой, ахлокй, маънавй, зебошинохтй бартарй дошта бошад, тасвиру тавсиф ва манзаранигорй хам барои барчаста ва махсусу тасаввуршавандатар ифода кардани хамин маънихо ба кор меравад.

Манзарахои мафтункунандаи табиати рангини кишвар бо сиру асрори хайратовари худ диккатчалбкунанда буда, илхоми шоир Аминчон Шукухиро низ овардааст. Адибон васфи табиатро гохе барои он менависанд, ки манзарахои зебои табиатро боз зеботар муаррифй кунанд. Вобаста ба ин, хар адиб тасвири табиатро аз нуктаи назари хеш ва фахмишаш ба калам медихад. Аз ин нуктаи назар шоир ба андозае, ки ба хар гушаи ватан, чуй, об, дарахт, кух, бог, фаслхои сол тобиши муъчизаофар оварда онро ба риштаи назм даровардааст.

Васфи Ватан ва озодию ободии он, ситоиши модар, таргиби сулху осоиш ва дустй, ишку мухаббати инсонй, тасвири манзарахои дилрабо, эчодкориву ободонй, шучоъат, одобу ахлоки инсонй ва монанди инхо мавзуъхои асосии эчодиёти шоир махсуб меёбанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.