Научная статья на тему 'ИТТИЛООТОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУқУқЭҷОДКУНӢ: ТАҷРИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН ВА ДАВЛАТҲОИ ДИГАРИ АЪЗОИ ИДМ'

ИТТИЛООТОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУқУқЭҷОДКУНӢ: ТАҷРИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН ВА ДАВЛАТҲОИ ДИГАРИ АЪЗОИ ИДМ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
1716
154
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИТТИЛООТОНИ / ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИ / қОНУН / қОНУНГУЗОРИ / САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУқУқИ / САНАДИ МЕЪЁРИИ ЭЛЕКТРОНИ

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шарофзода Рустам Шароф, Шокиров Ғайбулло Абдуллоевич

Раванди иттилоъгардонии қонунгузори дар заминаи муқаррароти қонунҳои давлатҳои ИДМ дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи таҳқиқ карда шудааст. Нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар иттилоъгардонии қонунгузори тавассути танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои иттилооти-коммуникатсиони муайян карда шудааст. Таҳлили муқоисави-ҳуқуқи умумият ва махсусияти танзими ҳуцуции санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва иттилоъгардонии қонунгузориро муайян мекунад. Дурнамои самтҳои таҳқиқоти илми дар партави рушди ҷомеаи иттилооти, истифодаи технологияҳои иттилооти ва рақамигардонии қонунгузори нишон дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INFORMATIZATION OF LEGISLATIVE CREATIVE ACTIVITY: EXPERIENCE OF TAJIKISTAN REPUBLIC AND STATES-MEMBERS OF CIS

The article dwells on the process of informatization on the basis of CIS countries law provisions concerned with normative legal instruments. The author of the article discloses the role of normative legal instruments in informatization of legislation by means of legal regulation beset with application of informative-communicative technologies. Comparative-legal analysis elicits the common and the special in legal regulation of normative-legal instruments and informatization of legislation. Prospective streamlines of scientific researches are shown against the background of informational society development, engrafting of informational technologies and digitalization of legislation in the nearest perspective.

Текст научной работы на тему «ИТТИЛООТОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУқУқЭҷОДКУНӢ: ТАҷРИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН ВА ДАВЛАТҲОИ ДИГАРИ АЪЗОИ ИДМ»

УДК 340 ББК 67.022.14

Шарофзода Рустам Шароф, д.и.%., профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ууцуци факултети ууцуцшиносии ДМТ; Шокиров Fайбулло Абдуллоевич, н.и.%., дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ууцуци факултети ууцуцшиносии ДДХрСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Шарофзода Рустам Шароф, д-р юрид. наук, профессор кафедры теории и истории государства и права юридического факультета ТНУ; Шокиров Гайбулло Абдуллоевич, канд. юрид.наук, доцент кафедры теории и истории государства и права юридического факультета ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Sharofzoda Rustam Sharof, Dr. of Law, Professor of the department of theory and history ofstate and law under the faculty of law of the Tajik National University; Shokirov Gaybullo Abdulloevich, candidate of juridical sciences, Associate Professor, head of the department of theory and history of state and law under TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: shga1959@mail.ru

Калидвожа^о: иттилоотонй, технологиями иттилоотй, цонун, цонунгузорй, санади меъёрии ууцуцй, санади меъёрии электронй

Раванди иттилоъгардонии цонунгузорй дар заминаи муцаррароти цонунуои давлатуои ИДМ дар бораи санадуои меъёрии ууцуцй тащиц карда шудааст. Нацши санадуои меъёрии ууцуцй дар иттилоъгардонии цонунгузорй тавассути танзими ууцуции истифодаи технологиями иттилоотй-коммуникатсионй муайян карда шудааст. Тащили муцоисавй-ууцуцй умумият ва махсусияти танзими ууцуции санад^ои меъёрии ууцуцй ва иттилоъгардонии цонунгузориро муайян мекунад. Дурнамои самт^ои тащицоти илмй дар партави рушди цомеаи иттилоотй, истифодаи технологиями иттилоотй ва рацамигардонии цонунгузорй нишон дода шудааст.

Ключевые слова: информатизация, информационные технологии, закон, законодательство, нормативный правовой акт, электронный нормативный акт

Исследуется процесс информатизации законодательства на основе положений законов стран СНГ о нормативных правовых актах. Раскрывается роль нормативных правовых актов в информатизации законодательства посредством правового регулирования применения информационно-коммуникационных технологий. Сравнительно-правовой анализ выявляет общее и особенное в правовом регулировании нормативных правовых актов и в информатизации законодательства. Показаны перспективные направления научных исследований на фоне развития информационного общества, внедрения информационных технологий и цифровизации законодательства в ближайшей перспективе.

ИТТИЛООТОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ХУКУЩЭЦОДКУНИ: ТАЦРИБАИ ЦУМХУРИИ ТО ЦИКИСТОН ВА ДАВЛА Т^ОИ ДИГАРИ АЪЗОИ ИДМ

ИНФОРМАТИЗАЦИЯ ПРАВОТВОРЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ: ОПЫТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И ДРУГИХ ГОСУДАРСТВ-ЧЛЕНОВ СНГ

INFORMATIZATION OF LEGISLATIVE CREATIVE ACTIVITY: EXPERIENCE OF TAJIKISTAN REPUBLIC AND STATES-MEMBERS OF CIS

Key-words: informatization, informational technologies, law, legislation, normative legal

instrument, electronic normative instrument

The article dwells on the process of informatization on the basis of CIS countries law provisions concerned with normative legal instruments. The author of the article discloses the role of normative legal instruments in informatization of legislation by means of legal regulation beset with application of informative-communicative technologies. Comparative-legal analysis elicits the common and the special in legal regulation of normative-legal instruments and informatization of legislation. Prospective streamlines of scientific researches are shown against the background of informational society development, engrafting of informational technologies and digitalization of legislation in the nearest perspective.

Чомеаи цахон ба мархилаи нави таърихй - цомеаи цахонии иттилоотй ^адам ниходааст. Дар Стратегияи давлатии «Технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй барои рушди Тоцикистон», ки бо Фармони Президента Чумхурии Тоцикистон аз 5-уми ноябри соли 2003 тасди^ шудааст, шархи зерини мафхуми «цомеаи иттилоотй» оварда шудааст: «Зинае дар рушди тамаддуни муосир, ки ба он афзоиши на^ши иттилоот ва донишхо дар хаёти мамлакати цудогона ё хамаи мамлакатхои цахон (цомеаи глобалии иттилоотй), афзоиши хиссаи технологияхои иттилоотию коммуникатсионй, махсулоти иттилоотй ва хизматрасонй дар мацмуи махсулоти дохилй хос аст» [17].

Дар хуццати мазкур таъкид мегардад, ки технологияхои иттилоотию коммуникатсионй омили мухимтарини болоравии и^тисодиёти миллй, афзоиши фаъолияти корию зехнии цамъият, баландшавии обрую эътибори мамлакат дар цомеаи байналмилалй мебошад.

Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, ки бо Фармони Президента Чумхурии Тоцикистон аз 30-юми апрели соли 2008 тасди^ шудааст, истифодаи самараноки фазои иттилоотй чун шохаи мухимми сиёсати иттилотии Чумхурии Тоцикистон арзёбй мегардад [10].

Стратегияи давлатии «Технологияхои иттилоотй-коммуни-катсионй барои рушди Чумхурии Тоцикистон», Барномаи давлатии инкишоф ва татби^и технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй дар Чумхурии Тоцикистон барои солхои 2018-2020, Консепсияи ташаккули хукумати электронй дар Чумхурии Тоцикистон, Консепсияи амнияти иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Барномаи амалй намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Консепсияи низоми иттилоотии идоракунии маорифи Чумхурии Тоцикистон хуццатхои барномавии давлатй мебошанд, ки заминахо ва стратегияи ташаккулу рушди цомеаи иттилоотиро дар Тоцикистон муайян мекунанд.

Дар Чумхурии Тоцикистон шумораи зиёди санадхои меъёрии ху^у^й, аз цумла Крнунхои Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи иттилоотонй», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи хуццати электронй», «Дар бораи матбуот ва воситахои ахбори омма», «Дар бораи имзои ра^амии электронй», «Дар бораи ху^у^и дастрасй ба иттилоот», «Дар бораи иттилооти экологй», «Дар бораи амният», «Дар бораи амнияти иттилоотй», «Дар бораи сирри тицоратй», «Дар бораи нусхаи хатмии хуццатхо» ва гайра кабул шудаанд. Бо ^арорхои ^укумати Тоцикистон Низомнома дар бораи хисоб ва ^айди давлатии захирахои иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Низомнома дар бораи бахисобгирй ва назорат аз рафти истифодаи захирахои давлатии иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Низомнома дар бораи

ташаккул, истифода ва химояи захирахои давлатии иттилоотии Чумхурии Тоцикистон, Низомнома дар бораи Шурои назди Президенти Чумхурии Тоцикистон оид ба технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй, Низомномаи Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Тоцикистон, Тартиби расонидани нусхаи хатмии нашрияхои кушоди электронй, барномахои мошинхои электронй-хисоббарорй, Тартиби ташкил ва ба рох мондани Фонди миллии санадхои меъёрии техникй ва хуццатхо дар сохаи меъёрикунии техникй, Тартиби цамъ ва цойгир намудани иттилоот дар сохаи фаъолияти инноватсионй ва объектхои моликияти зехнй дар портали Интернетии Барномахои рушди инноватсионии Чумхурии Тоцикистон барои солхои 2011-2020 ва Барномаи рушди иктидор ва моликияти зехнии инсон барои давраи то соли 2020 тасдик шудаанд.

Технологияхои иттилоотй, ки тахкурсии цомеаи иттилоотиро ташкил медиханд, имруз дар хамаи сохахои хаёти цомеа истифода мешаванд. Онхо дар фаъолияти хукукэцодкунй низ васеъ татбик мешаванд. Бар замми ин, истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэцодкунй ахаммияти калон дорад, зеро иттилоотонии фаъолияти хукукэцодкунй ба раванди амалисозй, татбик, тафсири санадхои меъёрии хукукй таъсири халкунанда мерасонад.

Тартиби истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэцодкунй бо Крнуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» муайян карда мешавад. Айни замон тавассути Крнуни мазкур мацмуи муносибатхои мухимтарин, ки бо ^абул, амалисозй, татбик, тафсир, мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй робита доранд, танзим карда мешаванд. Барои хамин, технологияхои иттилоотй дар хамаи даврахои фаъолияти хукукэцодкунй, аз цумла дар цараёни амалисозй, татбик, тафсир, мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй истифода мешаванд.

Тацрибаи давлатхои аъзои ИДМ собит менамояд, ки конунхои кабулнамудаи онхо «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» роххои истифодаи технологияхои иттилоотиро дар цараёни тахияи лоихаи конун, кабул ва интишори он, мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй, мониторинги хукукй муайян мекунанд. Дар конунхои мазкур ба иттилоотонии фаъолияти хукукэцодкунй таваццухи махсус зохир мешавад.

Зикр намудан лозим аст, ки Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» фаъолияти шумораи зиёди субъектони хукукэцодкуниро танзим намуда, барои истифодаи меъёрхои ягона оид ба иттилоотонии фаъолияти хукукэцодкунй дар фаъолияти хамаи субъектони хукукэцодкунй мусоидат мекунад. Бар замми ин, дар конунхои давлатхои аъзои ИДМ «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» меъёрхои ягона оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти тафсири хукукй, мураттабсозии конунгузорй, пахн намудани иттилооти хукукй пешбинй мешаванд.

Дар конунхои давлатхои аъзои ИДМ «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй», ки солхои охир мавриди тагйиру иловахо карор дода шудаанд, ё дар тахрири нав кабул шудаанд, бобхо ва моддахои алохида оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэцодкунй, тафсири хукукй, мониторинга хукукй, мураттабсозии конунгузорй пешбинй мешаванд. Меъёрхои зикршуда ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар раванди хукукэцодкунй, амалисозй, татбик, тафсири хукук, мураттабсозии конунгузорй, таргибу ташвики санадхои меъёрии хукукй, шаклхои гуногуни пахн намудани иттилооти хукукй дар ИДМ мусоидат менамоянд. Бар замми ин, меъёрхои мазкур барои халли вазифахои давлат дар самти иттилоотонии цомеа, ташаккулу рушди цомеаи иттилоотй, таъмини фазои ягонаи иттилоотй-хукукй, химояи фазои иттилоотии миллй,

робитаи судманд бо чомеаи иттилоотии чахонй заминаи кофии хукукиро таъмин мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки пештар дар конунхои давлатхои аъзои ИДМ «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» ба танзими хукукии истифодаи технологиями иттилоотй таваччухи зиёд дода намешуд. Солхои охир дар хамаи конунхои мазкур истифодаи технологияхои иттилоотй бевосита танзим мешавад. Хамаи ин натичаи рушди босуръати чомеаи иттилоотй мебошад.

Дар Чумхурии Точикистон Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» солхои 1998, 2003, 2009, 2017 дар тахрири нав кабул шудааст. Конуни амалкунандаи Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» 12-уми апрели соли 2017 аз тарафи Мачлиси намояндагон кабул шуда, 18-уми майи соли 2017 аз тарафи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чонибдорй гардида, 30-юми майи соли 2017 аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон имзо шудааст [13]. Ба Конуни мазкур 19 июли соли 2019 тагйироту иловахо ворид карда шудаанд.

Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» дар Чумхурии Киргизистон соли 1996 ^абул шуда буд. Ба Конуни мазкур солхои 1999, 2002, 2004, 2005, 2006, 2007 тагйироту иловахо ворид карда шудааст. Соли 2009 Конуни нав «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» ^абул шудааст, якчанд тахрири Конуни мазкур вучуд дорад. Охирин тахрири он 20 июли соли 2017 сурат гирифтааст [6].

Дар Гурчистон, ки пештар узви ИДМ буд, Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» 19 ноябри соли 1996 кабул шуд. Конуни нав «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» 22 октябри соли 2009 кабул шудааст [2].

Дар Федератсияи Русия якчанд лоихаи Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» тахия шудааст. Лоихаи якуми Конуни мазкур хануз соли 1996 ба Думаи давлатй пешниход ва дар хониши якум кабул шудааст, вале ба хониши дуюм пешниход нашудааст [12; 15; 16]. Лоихаи дигари Конуни мазкур, ки аз тарафи Вазорати адлияи Федератсияи Русия тахия шуда буд, 26-уми декабри соли 2014 ба мухокимаи чамъиятй пешниход гардид. Заминаи онро лоихаи Конун, ки аз тарафи олимони Институти конунгузорй ва хукукшиносии мукоисавии назди Хукумати Федератсияи Русия (Т.Я. Хабриева, Ю.А. Тихомиров ва диг.) тахия шудааст, ташкил медихад. Зимни мухокимаи лоихаи Конуни мазкур, ки аз тарафи Вазорати адлия тахия шудааст, як катор олимон ба камбудихои он ишора намуданд. Чунончи, В.М. Баранов, Н.А. Красилникова, А.Р. Лаврентев ва дигарон таъкид мекунанд, ки дар лоихаи Конун меъёрхои махсус оид ба технологияи хукукй пешбинй намешаванд, санадхои локалй ба низоми санадхои меъёрии хукукии Руссия дохил карда намешаванд, номгуйи пурраи сарчашмахои хукук сарфи назар шудааст ва гайра.

Дар як катор давлатхои аъзои ИДМ солхои 2016-2018 конунхои нав «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» ё тахрири нави онхо кабул шудаанд. Холо дар давлатхои пасошуравй конунхои зерин амал мекунанд:

- Конуни Чумхурии Беларус «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 17 июли соли 2018 [7];

- Конуни Чумхурии Казокистон «Дар бораи санадхои хукукй» аз 6 апрели соли 2016 (бо тагйиру иловахо аз 11 апрели соли 2019);

- Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 12 апрели соли 2017;

- Конуни Чумхурии Узбекистан «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 14 декабри соли 2000 (дар тахрири нав аз 8 январи соли 2019);

- Конуни Чумхурии Молдова «Дар бораи санадхои меъёрй» аз 22 декабри соли 2017;

- Конуни Чумхурии Арманистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 28 марти

соли 2018 (дар тахрири нави Конун аз 26 июни соли 2018) [8];

- Конуни конститутсионии Чумхурии Озарбойцон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 21 декабри соли 2010 (дар тахрири Конун аз 30 сентябри соли 2016);

- Конуни Туркманистон «Дар бораи санадхои хукукй» аз 26 августи соли 2017 (дар тахрири Конун аз 9 июни соли 2018);

- Конуни Чумхурии Киргизистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Киргизистон» аз 20 июли соли 2009 г. (дар тахрири Конун аз 20 июли соли 2017).

Тавре мушохида мешавад, дар бештари давлатхои пасошуравй Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» кабул шудааст. Айни замон дар Чумхурии Озарбойцон Конуни конститутсионй «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» амал мекунад. Дар Чумхурии Молдова Конун «Дар бораи санадхои меъёрй», дар цумхурихои Казокистон ва Туркманистон бошад, Конун «Дар бораи санадхои хукукй» кабул шудааст.

Чи хеле ки зикр гардид, дар конунхои давлатхои пасошуравй дар бораи санадхои меъёрии хукукй меъёрхои алохида оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй пешбинй шудааст. Ин меъёрхо муносибатхои цамъиятиро, ки дар цараёни тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукй, мухокима, кабул ва интишори онхо, инчунин тафсир, мураттабсозии санадхои меъёрии хукукй, мониторинги хукукй пайдо мешаванд, танзим мекунанд.

Дар Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» як катор меъёрхо, ки истифодаи технологияхои иттилоотй-коммуникатсиониро танзим менамоянд, пешбинй мешаванд. Аз цумла дар б. 1-и м. 5-уми Конуни мазкур бо максади таъмини ошкорбаёнй ва шаффофият дар фаъолияти хукукэцодкунй тадбирхои зерини хукукй пешбинй шудаанд: пешниходи маълумот ба шахсони вокей ва хукукии манфиатдор оид ба фаъолияти хукукэцодкунй; интишори санади меъёрии хукукии кабулгардида дар нашрияхои расмй, воситахои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситахои дигар расонидани ин санад ба маълумоти омма, аз цумла бо воситахои электронй; мухайё намудани имконият ба шахсони вокей ва хукукии манфиатдор барои шиносой бо мазмуни санади меъёрии хукукии кабулгардида.

Технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй дар цараёни тахияи лоихаи санади меъёрии хукукй истифода мешаванд. Тибки б. 2-юми м. 5-уми Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» лоихаи санади меъёрии хукукй мумкин аст барои мухокимаи умум тавассути воситахои ахбори омма, аз цумла дар сомонахои расмии субъектони ваколатдори хукукэцодкунанда интишор карда шавад. Табиист, ки мукаррароти мазкур ба санади меъёрии хукукй ё лоихаи санади меъёрии хукукие, ки маълумоти дорои сирри давлатй ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд, пахн намешавад.

Дар Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» меъёри махсуси цудогона ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэцодкунй бахшида шудааст. Тибки м. 6-уми Конуни мазкур технологияи иттилоотй дар даврахои банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукй, тахияи лоиха, кабул, интишори санадхои меъёрии хукукй, дастрас намудани маълумот оид ба санадхои меъёрии хукукй истифода мешавад. Ба ибораи дигар гуем, истифодаи технологияхои иттилоотй на танхо ба даврахои хукукэцодкунй, балки пахн намудани иттилооти хукукй низ пахн мешавад.

Дар б. 3-юми м. 6-уми Конуни мазкур роххои зерини истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэцодкунй пешбинй мешаванд:

- цойгир намудани лоихаи санадхои меъёрии хукукй дар сомонахои расмии макомоти хукукэцодкунанда (ба истиснои лоихаи санадхои меъёрии хукукй, ки маълумоти дорои

сирри давлатй ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд);

- истифодаи сомонахои расмй бо максади мухокимаи пешакии лоихаи санадхои меъёрии хукукй;

- интишори санадхои меъёрии хукукии кабулшуда дар сомонахои расмии макомоти хукукэцодкунанда (ба истиснои санадхои меъёрии хукукй, ки маълумоти дорои сирри давлатй ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд);

- истифодаи шаклхои электронии санадхои меъёрии хукукй;

- истифодаи махзанхои хукукии санадхои меъёрии хукукй;

- истифодаи шакли электронии пахн намудани иттилооти хукукй оид ба санадхои меъёрии хукукй;

- таъмини ошкорбаёнй ва шаффофият дар хамаи даврахои хукукэцодкунй;

- пахн намудани иттилоот оид ба цаласахои макомоти конунгузор, дигар макомоти хукукэцодкунанда, кабули санадхои меъёрии хукукии нав, катъи амали санадхои меъёрии хукукй, ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукукй;

- пахн намудани иттилооти дигар оид ба фаъолияти хукукэцодкунй.

Дар м. 8-уми Конуни мазкур интишор ва ба маълумоти омма расонидани санадхои меъёрии хукукй ба гурухи талаботе, ки ба ин санадхо пахн мешаванд, дохил карда шудааст.

Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Тоцикистон, ки номгуи сохахои конунгузории Чумхурии Тоцикистонро муайян мекунад, барои пешбурди Махзани мутамаркизи иттилооти хукукии Чумхурии Тоцикистон истифода мешавад (м. 15 Конуни номбурда).

Технологияхои иттилоотй дар цараёни банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукй бо максади пахн намудани иттилооти хукукй истифода мешаванд (м. 30 Конун). Чунин накшахо аз тарафи субъектони дахлдори хукукэцодкунй дар сомонаи расмии онхо цойгир карда мешаванд (б. 4 м. 31 Конун). Накшаи лоихаи санадхои меъёрии хукукй, ки ба фаъолияти сохибкорй таъсири имконпазир доранд, ба Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукукй ворид карда мешаванд (б. 1 м. 34 Конун). Лоихаи санади меъёрии хукукй ва тахлили таъсири танзимкунй дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукукй ва тахлили таъсири тамзимкунй цойгир карда мешавад (б. 2 м. 36 Конун).

Дар м. 39-уми Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» мафхум ва унсурхои Портали интернетии иттилооти хукукии Чумхурии Тоцикистон муайян карда мешаванд. Портали интернетй чун махзани электронии санадхои меъёрии хукукии дорои таъсири имконпазир ба субъектхои сохибкорй, ки дар шакли электронй бо забони давлатй ва забони русй пеш бурда мешавад, тавсиф мегардад.

Дар Чумхурии Тоцикистон лоихаи санади меъёрии хукукй ба макоми хукукэцодкунандаи дахлдор дар як вакт хам дар хомили когазй ва хам дар хомили электронй бо забони давлатй ва забони русй пешниход карда мешавад (б. 2 м. 63 Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй»).

Дар м. 66-уми Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» сарчашмахои расмии интишори санадхои меъёрии хукукй муайян карда мешаванд. Ба ин сарчашмахо дохил мешаванд: Ахбори Мацлиси Олии Чумхурии Тоцикистон, Мацмуи конунхои Чумхурии Тоцикистон, Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Тоцикистон, рузномахои «Чумхурият», «Садои мардум», рузномахои вилоятй, шахрй ва нохиявй. Конун имконияти интишори гайрирасмии санадхои меъёрии хукукиро дар нашрияхои чопй ва электронии гайрирасмй пешбинй мекунад (м. 70).

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» дастрасии озоди санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро (ба истиснои санадхои меъёрии хукукии дорои сирри давлатй ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро) кафолат медихад (м. 74). Дар Конуни мазкур бо максади таъмини дастрасии озоди санадхои меъёрии хукукй ухдадорихои муайян ба зиммаи макомоти давлатй ва шахсони мансабдор гузошта мешаванд. Аз чумла, макомоти давлатй ва шахсони мансабдор ухдадоранд санадхои меъёрии хукукиро дар сомонаи Интернет чой диханд, дастрасии иттилоотро ба шахсони вокей ва хукукй таъмин намоянд (м. 74).

Дар м. 93-юми Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» мафхум ва тартиби пешбурди Махзани мутамаркизи иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. Аз чумла, Махзани мутамаркизи иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон чун низоми электронии мутамаркизи иттилооти хукукй тавсиф мегардад.

Тавре мушохида мешавад, дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» меъёрхои махсус оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй ифодаи худро ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки акидаи ифодаи меъёрии коидахои махсуси танзимкунандаи истифодаи технологияхои иттилоотй ва иттилоотонии конунгузорй дар адабиёти илмй чонибдорони зиёд дорад [1, с. 7; 19, с. 105].

Истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти хукукэчодкунй тавассути санадхои меъёрии хукукии дигари Точикистон низ танзим мешавад. Чунончи, тибки «Тартиби интишори расмии санадхои меъёрии хукукии вазоратхо, кумитахои давлатй, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Чумхурии Точикистон», ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27-уми марти соли 2018, тахти № 167 тасдик шудааст, санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи макомоти номбаршуда ва Бонки миллй дар рузномахои «Чумхурият» ё «Садои мардум» ройгон расман интишор карда мешаванд. Хамчунин, матни пурраи санадхои мазкур хатман дар сомонаи расмии макоми кабулкунандаи санади меъёрии хукукй чой дода мешавад.

Тахлили конунгузории давлатхои аъзои ИДМ нишон медихад, ки иттилоотонии конунгузорй бо истифодаи сомонахои интернетй, порталхои иттилоотй махдуд намешавад. Технологияхои иттилоотй дар чараёни амалисозии санадхои меъёрии хукукй, мониторинги хукукй, тафсири хукукй, мураттабсозии конунгузорй низ истифода мешаванд. Дар як катор давлатхои аъзои ИДМ тачрибаи интишори санадхои меъёрии хукукй дар сомонахои ташкилотхои гайридавлатй, дар манбаъхои иттилоотии гайрирасмй ташаккул ёфта истодааст.

Дар адабиёти илмй дар робита бо истифодаи васеи технологияхои иттилоотй мафхумхои нави илмй, аз кабили «санади меъёрии хукукии электронй», «санади меъёрии хукукй дар шакли хуччати электронй», «Интернет-портал», «сомонаи расмии макоми хукукэчодкунй», «сомонаи Интернет», «веб-сайт», «Махзани мутамаркизи иттилооти хукукй» ва гайра пешкаш карда мешаванд ва мавриди тахлил карор мегиранд. Мафхумхои мазкур, дар конунхои давлатхои аъзои ИДМ «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» истифода мешаванд.

Ба андешаи мухаккикон, солхои наздик дар баробари иттилоотонии конунгузорй, хамчунин ракамигардонии конунгузорй ахаммияти мухим пайдо мекунад. Тавре С.В. Липен кайд мекунад, иттилоотонй натичаи инкилоби саноатии сеюм буда, бо истифодаи Интернет, компютер, барномахо, гаджетхо алокаманд аст, ракамигардонй бошад, давраи чоруми инкилоби саноатиро ташкил дода, истифодаи акли сунъй, мошинхои иттилоотии таълимдиханда, таъминоти барномавии нав, технологияхои компютерии навтаринро пешбинй мекунад [14, с. 22].

Дар илми хукукшиносии пасошуравй бо дарназардошти истифодаи тарзхо ва шаклхои анъанавии интишори санадхои меъёрии хукукй мафхуми санадхои мазкур, ба хайси хуццати хукукй, ки дар шакли хомили когазй нашр шудааст, истифода мешавад. Нашрияхои чопй мисли пештара шакли асосии интишори санадхои меъёрии хукукй ва шарти интишори онхо дар нашрияхои гайрирасмй махсуб мешавад. Чунончи, тибки Конуни Чумхурии Узбекистан «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» нашри санадхои меъёрии хукукй дар нашрияхои гайрирасмй, пахн намудани онхо тавассути системахои иттилоотии электронии конунгузорй танхо пас аз интишори онхо дар нашрияхои расмй имконпазир аст [3].

Айни замон дар як катор давлатхои аъзои ИДМ технологияхои нави иттилоотй зимни интишори санадхои меъёрии хукукй васеъ истифода мешаванд. Дар ин холатхо санадхои меъёрии хукукй дар шакли хам хуццати меъёрии нашршуда ва хам хуццати электронй, ки ахаммияти расмй дорад, баромад мекунад. Чунончи, дар конунхои Казокистон ва Туркманистон ду мафхуми санади меъёрии хукукй истифода мешавад: 1) хуццати хукукии расмй дар «хомили когазй»; 2) хучцати хукукиии расмй дар шакли «хуццати электронй». Хар ду шакли санади меъёрии хукукй эътибори расмй дорад [4; 5].

Дар Конуни Чумхурии Киргизистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» интишори санадхои меъёрии хукукй дар хомили хам когазй ва хам электронй пешбинй шудааст. Санади меъёрии хукукй дар як вакт дар ду шакл интишор мешавад [6].

Чунин тацриба дар як катор давлатхои дигари пасошуравй низ истифода мешавад. Дар ин давлатхо санади меъёрии хукукй дар хомили когазй (анъанавй) ва электронй интишор мешавад. Дар хар ду холат санади меъёрии хукукй пас аз интишор шуданаш дар нашрияхои расмй ва дар шакли хуццати электронй эътибори хукукй пайдо мекунад. Эътибори хукукии интишори нашрй ва электронии санадхои меъёрии хукукй бо хам баробар карда мешавад.

Айни замон дар як катор давлатхои аъзои ИДМ тацрибаи дигар ташаккул ёфта истодааст. Чунончи, конунхои цумхурихои Беларус ва Арманистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» пешбинй мекунанд, ки санади меъёрии хукукй дар шакли электронй интишор мешавад. Тавре мушохида мешавад, тацрибаи конунгузории ин давлатхо шакли анъанавии интишори санади меъёрии хукукиро бо шакли нави электронй иваз мекунад.

Дар як катор кишвархои пасошуравй технологияхои иттилоотй дар цараёни гардиши хуццатхо низ истифода мешаванд. Чунончи, тибки конунхои Казокистон, Беларус, Молдова «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» гардиши электронии хуццатхо тавассути имзои электронй сурат мегирад [9].

Дар шароити рушди илмй-техникй нуфуз ва ахамияти санадхои (хуццатхои) техникй меафзояд. Дар як катор давлатхои пасошуравй ба танзими ин санадхо бо истифода аз технологияхои иттилоотй таваццухи махсус дода мешавад. Чунончи, тибки Конуни Чумхурии Беларус «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» санадхои меъёрии хукукии техникй дар сомонахои интернетии макомоти давлатй, ки онхоро тасдик намудаанд, инчунин дар дигар манбаъхои интернетй цойгир карда мешаванд.

Технологияхои иттилоотй дар цараёни тафсири хукукй низ истифода мешаванд. Чунончи, тибки Конуни Чумхурии Казокистон «Дар бораи санадхои хукукй» санади тафсири расмии санади меъёрии хукукй дар сомонаи интернетии макомоти давлатй ё шахси мансабдори дахлдор цойгир карда мешавад.

Дар бештари давлатхои пасошуравй, аз он цумла дар Чумхурии Тоцикистон карорхои Суди конститутсионй дар нашрияи расмй интишор мешаванд. Айни замон дар як катор

давлатхои пасошуравй истифодаи технологияхои иттилоотй дар ин соха пешбинй мешавад. Чунончи, тибки Конуни конститутсионии Чумхурии Озарбойчон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» карорхои Суди конститутсионй оид ба татбики киёси конун ва киёси хукук хатман дар шакли электронй интишор мешаванд [11].

Конунхои давлатхои пасошуравй дар бораи санадхои меъёрии хукукй, аз он чумла Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» мониторинги хукукиро пешбинй мекунанд. Айни замон дар ин соха низ истифодаи технологияхои иттилоотй дар назар дошта мешавад. Аз чумла, муаллифони лоихаи Конуни Федералии Федератсияи Руссия «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» меъёри махсусро бобати чойгир намудани натичахои мониторинги хукукй (маърузахо, иттилооти тахлилй ва дигар) дар сомонахои расмии Интернет пешкаш мекунанд.

Тибки Конуни Чумхурии Казокистон «Дар бораи санадхои хукукй» натичахои мониторинги чамъиятии конунгузорй, ки ба манфиатхои сохибкорон дахл доранд, хамасола дар сомонаи интернетии Палатаи миллии сохибкорон бояд чойгир карда шаванд. Чунин меъёр ахаммияти фархангй-тарбиявй дорад, зеро барои чалби сохибкорон ва ниходхои дигари чомеаи шахрвандй ба фаъолияти конунгузорй, пахн намудани иттилооти хукукй дар чомеа мусоидат менамояд.

Дар конунхои як катор давлатхои пасошуравй истифодаи технологияхои иттилоотй дар раванди мураттабсозии конунгузорй пешбинй мешавад. Чунончи, дар Конуни Чумхурии Беларус «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» инкорпоратсияи электронии санадхои меъёрии хукукй пешбинй мешавад. Тибки Конуни конститутсионии Чумхурии Озарбойчон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» Мачмуи конунхо дар шакли электронй нашр мешавад.

Дар давлатхои пасошуравй ба таъмини фазои ягонаи хукукии давлатхои аъзои ИДМ, аз он чумла дар сохаи иттилоотонии конунгузорй ва истифодаи технологияхои иттилоотй таваччухи махсус зохир мегардад. Чунончи, дар «Конуни намунавии ИДМ оид ба амалисозии коргузории меъёрэчодкунй дар заминаи системаи автоматии тахияи лоихаи санадхои меъёрй» меъёрхо ва тавсияхо оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй бо максади ташкили захираи ягонаи иттилооти хукукии ИДМ пешбинй мешаванд. Он барои хамохангсозии фаъолияти меъёрэчодкунии давлатхои аъзои ИДМ, гардиши хуччатхо, пешгирии ихтилофоти хукукй мусоидат менамояд. Системаи автоматии тахияи санадхои меъёрй («АС ПНА») дар хамаи даврахои хукукэчодкунй истифода шуда, лоихаи санади меъёрй, тамоми иттилоотро оид ба кабул ва имзои санади меъёрй, шиносномаи электронии санади меъёриро дар бар мегирад. Он бо максади чамъ, нигохдорй, истифода, мубодилаи иттилоот оид ба санадхои меъёрии давлатхои аъзои ИДМ пеш бурда мешавад.

Ассамблеяи байнипарлумонии давлатхои аъзои ИДМ ва Созмони хамкории минтакавй дар сохаи алока дар мохи декабри соли 2002 Созишномаи хамкориро дар сохаи тахияи лоихахои санадхои конунгузории намунавй дар сохаи технологияхои иттилоотй ва алока ба имзо расониданд. Он барои наздик намудани конунгузории миллии давлатхои аъзои ИДМ дар сохаи истифодаи технологияхои иттилоотй мусоидат менамояд.

Хамин тарик, дар давлатхои пасошуравй ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар фаъолияти конунгузорй таваччухи зиёд дода мешавад. Дар конунхои давлатхои аъзои ИДМ «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» меъёрхои махсус оид ба истифодаи технологияхои иттилоотй дар хамаи даврахои хукукэчодкунй, дар чараёни тафсири хукукй, мураттабсозии конунгузорй, амалисозии санадхои меъёрии хукукй, мониторинги

хукукй пешбинй мешаванд. Иттилоотонии раванди хукукэцодкунй имруз яке аз самтхои

афзалиятноки сиёсати хукукй махсуб мешавад. Айни замон солхои наздик

ракамигардонии конунгузорй ба мадди аввал мебарояд.

Пайнавишт:

1. Бошно С.В. Проект закона о нормативных правовых актах: столкновение правотворчества, теории и практики //Государство и право. - 2015. - № 11. - С. 7-22.

2. Закон Грузии «О нормативных актах»: [электроный источник]: режим доступа: http://www.matsne.gov.ge (дата обращения: 23.11.2019).

3. Закон Республики Узбекистан «О нормативных правовых актах» от 14 декабря 2000 г., № 160-II (в ред. законов Республики Узбекистан по состоянию на 08.01.2019) // Национальная база данных законодательства Республики Узбекистан [электронный источник]: режим доступа: URL: http://www.lex.uz/acts/2105726 (дата обращения: 23.11.2019).

4. Закон Республики Казахстан «О правовых актах» от 6 апреля 2016 г. № 480-V (с изм. и доп. по состоянию на 11.04.2019) // ИС «Параграф» [электронный источник]: режим доступа: URL: https://online.zakon.kz/Document/?doc_id=37312788№pos=3;-245 (дата обращения: 23.11.2019).

5. Закон Туркменистана «О правовых актах» от 26 августа 2017 г., № 589-V (в ред. Закона Туркменистана от 09.06.2018, № 32-VI) // Законодательство стран СНГ. [электроный источник]: режим доступа: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=98294 (дата обращения: 23.11.2019).

6. Закон Кыргызской Республики «О нормативных правовых актах Кыргызской Республики» от 20 июля 2009 г., № 241 (в ред. законов Кыргызской Республики по состоянию на 20.07.2017) // Централизованный банк данных правовой информации Кыргызской Республики [электронный источник]: режим доступа: URL: http://cbd.minjust.gov.kg/act/view/ ru-ru/202591 (дата обращения: 23.11.2019).

7. Закон Республики Беларусь «О нормативных правовых актах» от 17 июля 2018 г., № 130-З // ЭТАЛОН. Законодательство Республики Беларусь / Национальный центр правовой информации Республики Беларусь [электронный источник]: режим доступа: https://www. etalonline.by (дата обращения: 23.11.2019).

8. Закон Республики Армения «О нормативных правовых актах» от 28 марта 2018 г., № ЗР-180 (в ред. Закона Республики Армения от 26.06.2018 № ЗР-340) //Правовая информационная система Армении [электронный источник]: режим доступа: URL: https://www.arlis.am/DocumentView.aspx?DocID=129477 (дата обращения: 23.11.2019).

9. Закон Республики Молдова «О нормативных актах» от 22 декабря 2017 г. № 100 // Registrul de Stat al Actelor Juridice ale Republicii Moldova [Государственный реестр правовых актов Республики Молдова]: [электронный источник]: режим доступа: URL: http://lex.justice.md/ru/373698%20/ (дата обращения: 23.11.2019).

10. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Цум^урии Тоцикистон: [манбаи электронй]: рецаи дастрасй: http://www.adHa. tj/base/ (санаи муроциат: 7.08.2020).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

11. Конституционный закон Азербайджанской Республики «О нормативных правовых актах» от 21 декабря 2010 г., № 21-IVKQ (в редакции Конституционного закона Азербайджанской Республики от 30.09.2016, № 304-VKQD) // Законодательство

стран СНГ [электронный источник]: режим доступа: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=33085 (дата обращения: 23.11.2019).

12. Концепция Федерального закона «О нормативных правовых актах в Российской Федерации» //Журнал российского права. - 2013. - № 3 (195). - С. 84-99.

13. Цонуни Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи санадхои меъёрии ууцуцй» // Ахбори Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон. - 2017. - № 5. - Мод. 99.

14. Липень С.В. Законы о нормативных правовых актах СНГ: индикаторы процессов информатизации и цифровизации системы законодательства // Актуальные проблемы российского права. - 2019. - № 8 (105). - С. 22-33.

15. О нормативных правовых актах в Российской Федерации (инициативный проект федерального закона). - 5-е изд., перераб. и доп. /рук. авт. кол. Т. Я. Хабриева, Ю. А. Тихомиров. - М., 2019. - 88 c.

16. Проект федерального закона «О нормативных правовых актах в Российской Федерации» (инициативный законопроект). -М., 2013. - 70 с.

17. Стратегияи давлатии «Технологиями иттилоотй-коммуникатсионй барои рушди Тоцикистон»: [манбаи электронй]: рецаи дастрасй: http://www.adHa.tj/base/ (санаи муроциат: 7.08.2020).

18. Тартиби интишори расмии санадхои меъёрии ууцуции вазоратуо, кумита^ои давлатй, мацомоти назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, мацомоти назди Хукумати Цум^урии Тоцикистон ва Бонки миллии Цум^урии Тоцикистон: [манбаи электронй]:рецаи дастрасй: http://www.adHa.tj/base/ (санаи муроциат: 20.04.2020).

19. Черепанов В. А. О проекте Федерального закона «О нормативных правовых актах в Российской Федерации» //Журнал российского права. - 2014. - № 3 (207). - С. 105-111.

Reference Literature:

1. Boshno S.V. Law Project in Regard to Normative Legal Instruments: Collision of Legislation Creativity, Theory and Practice // State and Law. - 2015, №11. - pp. 7 - 22.

2. Georgia Law " On Normative Instruments"" [Electronic resource]. Regime of availability: http://www.matsne.gov.ge (Date of appeal: 23.11.2019).

3. Uzbekistan Republic Law "On Normative Legal Instruments" from December 14, 2000, №160-II (in the recension of Uzbekistan Republic laws in the state for 08.01.2019) // National Base of Legislation Data of Uzbekistan Republic [Electronic resource]: Regime of availability: URL: http://www.lex.uz/acts/2105726 (Date of appeal: 23.11.2019).

4. Kazakhstan Republic Law "On Legal Instruments " from April 6, 2016, №480-V (with alterations and addenda according to the state for 11.04.2019 // "Paragraph" [Electronic resource]: regime of availability: URL: https://online.zakon.kz/Document/?docjd=37312788№pos=3;-245 (Date of appeal: 23.11.2019).

5. Turkmenistan Law "On Normative Legal Instruments" from August 26, 2017, №589-V (in the recension of the Law of Turkmenistan from 09.05.2018, №32-VI) // CIS Countries Legislations (electronic resource): regime of availability: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=98294 (Date of appeal: 23.11.2019).

6. Kyrgyz Republic Law "On Normative Legal Instruments of Kyrgyz Republic from July 20, 2009, №241" (in the recension of Kyrgyz Republic Laws according to the state for 20.07.2017) // Centralization Bank for Legal Information Data of Kyrgyz Republic

[electronic resource]: regime of availability: URL: http://cbd.minjust.gov. kg/act/view/ ru-ru/202591 (Date of appeal: 23.11.2019).

7. Belarus Republic Law "On Normative Legal Instruments " from July 17, 2018, №130-3 // Belarus Republic Legislation // National Centre of Legal Information of Belarus Republic [electronic resource]: regime of availability: https://www.etalonline. by (Date of appeal: 23.11.2019).

8. Armenia Republic Law "On Normative Legal Instruments" from March 28, 2018, №3P-180 (in the recension of Armenia Republic Law from 26.06.2018 // Legal Informational System of Armenia [electronic resource]: regime of availability: URL: https://www.arlis.am/DocumentView.aspx?DocID=129477 (Date of appeal: 23.11.2019).

9. Moldova Republic Law "On Normative Legal Instruments" from December 22, 2017, №100 // Registrul de Stat at Octelor Juridice ale Republicii Moldova [State Inventory of Legal Instruments of Moldova Republic]: [electronic resource]: regime of availability: URL: http://lex.justice.md/ru/373698%20/ (Date of appeal: 23.11.2019).

10. State Political-Informational Conception of Tajikistan Republic [electronic resource]: regime of availability: http://www.adHa. tj/base/ (Date of appeal: 7.08.2020).

11. Constitutional Law of Azerbaijan Republic "On Normative Legal Instruments" from December 21, 2010, №21-IVKA (in the recension of the Constitutional law of Azerbaijan Republic from 30.09.2016, №304-VKQD) // Legislation of CIS Countries [electronic resource]: regime of availability: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=33085 (Date of appeal: 23.11.2019).

12. Conception of the Federal Law "On Normative Legal Instruments in Russian Federation" Journal of Russian Law. - 2013, №3 (195). - pp. 84 - 99.

13. Tajikistan Republic Law " On Normative Legal Instruments" Information from Majlisi Oli (Supreme Council) of Tajikistan Republic. - 2017, №5. - Module 99.

14. Lipen S.V. Laws on CIS Normative Legal Instruments: Indicators of the Processes of Information and Digitalization of Legislation System // Actual Problems of Russian Law. -2019, №8 (105). - pp. 22 -33.

15. On Normative Legal Instruments in Russian Federation (initiative project of federal law). -The 5-th edition, revised and enlarged // chiefs of the collective of authors: T.Ya. Habriyeva, Yu.A. Tihomirov. - M., 2019. - 88 pp.

16. Federal Law Project "On Normative Legal Instruments in Russian Federation" (initiative project of federal law). -M., 2013. - 70pp.

17. State Strategy "Informative-Communicational Technologies for Tajikistan Development [electronic resource]: regime of availability: http: http://www.adHa. tj/base/ (Date of appeal: 7.08.2020).

18. The Order of Official Publication of Normative-Legal Instruments Coming from Ministries, State Committees, Organs under the Auspices of Tajikistan Republic President, Tajikistan Republic Government and National Bank of Tajikistan Republic: [electronic resource]: regime of availability: http: http://www.adHa.tj/base/ (Date of appeal: 20.04.2020).

19. Cherepanov V.A. On Federal Law Project "On Normative Legal Instruments in Russian Federation" // Journal of Russian Law. - 2014, №3 (207). - pp. 105 - 111.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.