Научная статья на тему 'Interests of society and Social benefits'

Interests of society and Social benefits Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
532
30
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОБЩЕСТВЕННЫЕ БЛАГА / ИНТЕРЕСЫ ОБЩЕСТВА / РЫНОЧНАЯ СИСТЕМА / ФИАСКО -РЫНОК / ИНДИВИДУАЛИЗМ / СПЛОЧЁННОСТЬ / НЕРЕНТАБЕЛЬНОСТЬ / НЕКОНКУРЕНТНОСТЬ / SOCIAL BENEFITS / INTERESTS OF SOCIETY / MARKET SYSTEM / FIASCO-MARKET / INDIVIDUALISM / CONSOLIDATION / NON-PROFITABILITY / NON-COMPETITIVENESS

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Ашуров Умедджон, Нурбоев Набиджон Муминович

В данной статье расcмотрен вопрос содержания составляющей части интересов общества. По вопросу определения и распределения благ общества авторы опираются на анализ научно-исследовательских методов англо-саксонской и немецкой школ. Авторы отметили первостепенное значение исследований немецкой школы, так как эти исследования в большей степени соответствуют модели Восточного общества. В заключении авторы дают выводы по нескольким теоретико-практическим вопросам, которые имеют важное значение для улучшения социально-экономической политики нашего независимого государства.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the constituent part of the interests of society. As for determination and distribution of benefits, the authors proceed from the analysis of the scientifico-research methods worked out by Anglo-Saxon and German schools. The authors stress the paramount importance of the explorations done by the German school because the latters correspond to the model of the Oriental society to the greatest extent. In conclusion the authors make inferences on several theoretico-practical issues being of important significance for an policy improvement of social-economic of our independent state.

Текст научной работы на тему «Interests of society and Social benefits»

УДК 338:6П ББК 65.011.3 Н 90

У. АШУРОВ, Н.М. НУРБОЕВ

МАНФИАТИ Ч,ОМЕА ВА НЕЪМАТ^ОИ ^АМЪИЯТИ

Х,ар як чомеаи инсонй манфиатхои хоси худро дорост ва пайваста бо мархалахои инкишоф зинахои нави манфиату хадафхои он касб мегардад. Рутттди мунтазами чомеа, густариши пахлухои он аз сатхи ташкили идораи окилона алокамандй дорад. Ташкили идораи чомеа пажухиши доманадори манфиатхои чомеа ва дар таркиби он алокамандии манфиатхои гурухиву фардиро такозо дорад. Дар масоили муаммохои чомеа ва манфиатхои он миёни чомеашиносон бахсу талошхои илмй арзи хастй мекунад ва дар ин росто пайрохахои мухталифи илмй-тадкикотй дар доираи мактабхои илмии гуногун хам ташаккул ёфтаанд. Масалан, дар адабиёти иктисодй пайрохахои илмй-тадкикотии англо-саксонй (анъанахои инглисй хам ном дорад) маъмул аст. Ин мактаб аз назарияхои илмии А.Смит, Ч,.С.Милл ва гайрахо ибтидо гирифта, ба методологияи фардпарастй (индивидуализм) такя дорад. Муаммохои ходисоти шикасти бозор (фиаско-рынок) ва роххои бартараф кардани он дар маърази тахкик карор гирифтааст. Таъкид мешавад, ки махз ба туфайли истехсоли неъматхои чамъиятй бартарафкунии нотавонии бозор сурат мегирад. Ва назарияхои ин мактаб дар низоми донишхое, ки тахти унвони «Назарияи молияи давлатй» шакл гирифтааст, арзёбй мегардад.

Дар мавриди пажухиши манфиатхои чомеа ва роххои конеъ гардонидани он мактаби илмии олмонй макому манзалати хоса дорад. Ин чо пажухиши муаммои талабот ва ё манфиати чомеа дар мадди аввал карор мегирад. Дар вокеъ, таърихан хам мардуми олмон ба масоили ташаккули миллат ва чомеасозй ахамияти хоса медиханд. Бинобар он, мо низ, бо такя ба мактаби олмонй, чуръат намудем, ки оид ба мохияти манфиатхои чомеа ва роххои амалигардии он пажухиши кучаке барем.

Олими олмонй К.Шмидт барандагони манфиати чомеаро ба се навъ чудо намудааст. Аввал, иттиходи одамон, чомеа, дуюм, фардхои алохидаи чомеа ва сеюм, фардхои алохидаи соф.

Пайваста ба ин гуруххо акидахои иктисодии олимон, мухаккикону муаллифонро низ метавон ба се тоифа чудо кард [4, с.233]. Аввалан, аксар мухаккикон фаркияти миёни манфиати чомеа ва манфиати фардй, аниктараш мустакилияти ба вукуъоии онхоро таъкид мекунанд. Масалан, А.Шефлее мегуяд, ки манфиат ва талаботи чомеа мавчуд аст ва онро «... фардхои алохида наметавонанд таъмин кунанд» [2, с.56]. Ё худ К.Менгер чунин таъкид мекунад, ки иттиходи одамон, ки аз мачмуи фардхои алохида иборат аст, хамчун иттиходи том дар худ манфиату табиати хоса дорад ва чун фаъолияти мустакил талаботи умумро инъикос мекунад [2, с.318]. Аз ин лихоз, ин манфиати

иттиxодиро набояд бо талаботи фардxои алоxида, аъзо ва xатто ба мачмyи талаботи кулли аъзои он (дастачамъй) омехта кард [1, с.27].

Ба ибораи дигар, иттиxоди одамони гуногун метавонад, аз як тараф, манфиатy xадафи махсус дошта бошад, ки ощо аз паи ноил шудан ба он майл доранд ва аз тарафи дигар, ин манфиати гyрyxй аз манфиатxои алоxидаи фардй, ки ин иттиxодро ташкил додаанд, фарк xам кунад. Чунин падидаxоро, яъне фаркияти манфиати гyрyxй ва ё иттиxодиро аз манфиати фардй дар амалу фаъолияти ниxодxое, ки дар xаёти иктисодй-ичтимоии чомеа мавчуд аст, мета-вон мyшоxида кард. Масалан, xадафxои олии чунин ниxодxо - донишгоx, макомоти андозу гумрук, xифзи xyкyк ва гайраxо аксар вакт дар манфиати фардии аъзои ин гyрУxxо комилан инъикос намешаванд. Оё xар як устоди донишгоx барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос чуръат дорад ва ё ин маъсулиятро комилан дарк мекунад? Ё ин ки корчуй чуръат дорад, ки дар макомоти андозу гумрук ва xифзи xyкyк бо кадом роxе набошад, вазифае пайдо кунад? Аммо то чй андоза xадафи олии ин макомотро ба ичро мерасонад ва ё ба барандаи манфиати чомеа табдил меёбад, масъалаест, ки вокеъ шудани он аз эxтимол дур аст. Дар вокеъ, бархе аз кормандони ин ниxодxо, пеш аз xама, дар бораи манфиати фардй ва гаразноки худ андеша мекунанд ва бинобар он инъикоси манфиати чомеаву давлат дар ин кабил фардxо дарк xам намешавад. Х,амин тарик, хулосаи К.Менгер ба назарияе, ки тибки он xодисоти кул метавонад хосияти махсусе дошта бошад, ки аз хосияти чyзъxои он фарк кунад, такя мекунад. Чунин гузориши илмй ба аа^ои методологияи фардпарастй хилоф дорад.

Бар акси акидаxои боло, Х.Иехт таъкид мекунад, ки барандаи манфиати чомеа дар xама xолат фардxои алоxида мебошанд ва пазируфтани манфиати иттиxодy коллективxо чун амалиёти мустакил ба максад мувофик намебошад [5, с.49], зеро иттщоду гyрyxи одамон, бинобар надоштани маркази зинда, коби-лияти худфаъолиятиро (зинда монданро) нисбат ба фардxои алоxида надоранд. Яъне, иттиxод бе фаъолияти фардxо мазмуну макоми хоса надорад.

ГyрУxи дуюми мyxаккикон мавчудияти манфиати чомеаро эътироф мекунанд, вале ощо назари худро пеш аз xама ба фардикунонии ин манфиат равона кардаанд. Ощо таъкид мекунанд, ки мачмуъ ва ё иттиxоди одамон кобилият доранд талабот ва ё манфиати чомеаро баррасй кунанд. Аммо дарки манфиати чомеа ба сатxи кисси чомеасозии (миллатсозии) фардxои алоxида ва иштироки фаъоли онxо дар ин кор алокамандй дорад. Маxз xамин гузориш ва дарки моxияти манфиати чомеа дар мачрои асосии назарияxои иктисодй чой гирифтааст. Илова бар ин, таxлили талаботи чомеа на факат ба масъалаи таxкики барандагони он равона ва ё маxдyд бошад, балки омузишу таxкики далели мавчудияти талаботи чомеа чун xодисоти мустакил низ хеле мyxим аст. Акидаxо, ки гуё мачмуъ ва ё иттщоди одамон, бинобар паст будани рyxияи соф дар ощо, наметавонанд манфиати чомеаро ифода кунанд ва маxз фардxои алоxида кобилият доранд онро эxсос кунанд, ба андешаи мо, барои инкори мавчудияти манфиати хос ва ё мустакили иттщоди одамон асос шуда наметавонад.

Дар майдони мубодилоти бозорй завку рафтори фардии «инсони иктисодй»-ро метавон мyшоxида ва муайян кард. Аммо фардишавии манфиати чомеаро бозор ва фишанщои он наметавонад ба ичро расонад ва муайян кунад. Бинобар он, дарёфти фишанщои муайянкунии тачассуми манфиатxои чомеа дар фардxо пажyxишy фаъолияти алоxидаро такозо мекунад: таxкики ташаккул ва актуалигардонии талаботи чомеа соxаи мустакили пажyxиш ба xисоб меравад [8, с.93].

Акидаxои гyрyxи сеюми муаллифон оид ба моxияти манфиатxои чомеа аз акидаxои гyрyxи мyxаккикони дар боло зикршуда чандон фарки назаррас надо-ранд ва хонанда мушкилии ин фаркиятро дарк менамояд. Масалан, А.Вагнер чунин менависад: «Ин чунин талабот (талаботи чомеа), ки фардxо xамчyн аъзои иттщоди инсонй онро дарк менамоянд ва новобаста аз хоxиш ва ё интихоби озоди худ шомил мешаванд. ... ин талаботест, ки бидуни конеъшавй аз он xаёти xамзистии чомеа, иттиxод, алокаxои мутакобилаи иктисодии фардxо, ки эътимоду хоxиши ботинй доранд, гайриимкон аст» [7, с. 189]. Агар ин акидаро ба акидаxои гyрyxи дуюми муаллифон такозо намоем, пас мувофикати онро метавон дарёфт.

Иктисодчиёни австриягй, итолиёвй ва шведй чуръат карданд, ки анъанаxои илмии инглисй, яъне методологияи фардпарастиро дар баёни манфиату неъматxои чамъиятй идома дщанд ва пулеро миёни комёбиxои мактаби олмонй ва назарияи маржиналистй бунёд кунанд. Масалан, дар модели назариявии Е.Линдал манфиати чомеа дар раванди истеъмоли xамчоя ва ё коллективии неъматxои чамъиятй xазм мешавад. Дар вокеъ, Е.Линдал xамон талаботро чамъиятй эълон менамояд, ки агар дар фардxои чомеа нисбат ба ин неъматxо талабот бошад ва ё пайдо шавад. Талаботи чамъиятй хосияти иттиxодй дорад, ба он маъно, ки аъзои иттиxод ба ин талаботи чомеа унс гирифтаанд ва ба он неъматxо ниёз доранд [4, с.351].

Аксари иктисодчиён дар мавриди таxкики неъматxои чамъиятй ба назарияи нафънокии акал такя кардаанд. Ощо таъкид мекунанд, ки талабот ба неъ-матxои чамъиятй низ ба завку ниёзи фардxо алокамандй дошта, xачми ощо бо роxи овоздщй ва раъйпурсй муайян карда мешавад. Пас ин чо, аа^ои баробарии нарху нафънокии акалли неъматxо бояд истифода шаванд ва бинобар он тафрикабандии нархи неъматxои чамъиятй низ зарур аст. Дар ин маврид xачми истеxсоли неъматxои чамъиятиро бояд на танxо бо такя ба овоздиxандагон муайян кард, балки кореро ба анчом расонид, то ин ки завку хоxиши фардxои алоxида дар ин мачро накши мyxим дошта бошад ва xатто саxми худро дар тавлиду бунёди неъматxои чамъиятй муаррифй намояд. Аз ин чост, ки тафрикакунонии нархи молxои чамъиятй бо гyрyxбандии андозсупорандагон алокамандй дорад. Яъне, барои xар як гyрyxи андозсупорандагон алокамандии кавии нархи андозй ва нафънокии акалли неъматxои чамъиятй мавчуд аст. Бинобар он, дар ин алокамандй бояд мувозинати самаранок xам арзи xастй кунад. Ин муаллифонро ба гyрyxи чорум метавон дохил кард.

Х,амин тарик, дар илми иктисодй чандин назарияxо оид ба мафxyми манфиату талаботи чомеа чой доранд. Онxо xарчанд дар чавxари худ як катор асос-XOи заминавию арзишxои илмиро чой дода бошанд xам, метавон гуфт, ки пайдо

кардани андешаи ягона дар миёни муаллифон кори мушкил аст. Ба xар xол, аз ощо мо метавонем се чавxари заминавиро пайдо намоем: 1) фардпарастй -инъикоси манфиатxои чомеа дар завку хоxиши фардxо; 2) эгоизм - бологирии нафъу манфиати фардй; 3) истиклол - озодии фардxо дар муайян кардани завку хоxиши худ. Модели бозори стандартй дар ин заминаxо карор мегирад. Ин чо, ки асосан манфиатxои гаразноки фардxо ва истиклоли истеъмолгарон арзи xас-тй дорад, бинобар он дар мавриди пажyxиши неъматxои чамъиятй, ки аз тарафи иктисодчиён ба ичро мерасад, маxз дар майдони методологияи фардпарастй карор гирифтанаш ба бархурду мушкилщо ру ба ру мешаванд. Дар сегонаи рафтору тамоилxои чомеа - эгоизм, альтруизм ва манфиати чомеа модели анъанавии бозор факат манфиати гаразноки сyбъектxоро аз худ кардааст, ки он манфиати бегонагонро табиатан инкор мекунад. Бинобар он, дар мавриди пайдоиши неъматxои чамъиятй ва истифодаи он ощо ба фарди ирратсионалй табдил меёбанд, яъне, xангоми истеъмоли молxои чамъиятй ба «фрирайдер» -«туфайлихур» табдил меёбанд.

Барои амалигардии манфиатxои чомеаро таxкик намудан моро зарур аст, ки ба назарияxои неъматxои чамъиятй ру оварем. Ин назарияxо низ ба як катор муаммову мушкилщо рубару гаштааст. Аввалан, мавчуд набудани нархи мус-бат ба молxои чамъиятй ва сипас мyъчизаxои туфайлихурй наметавонад тавли-ди молxои чамъиятиро бидуни талаф ва шароити созишй ба ичро расонад. Аз тарафи дигар, барандаи мукофоти нобелй Ч,.Бюкенен таъкид мекунад: «Агар нафънокй барои xар як (шаxрванд) фарди чомеа ба сифр баробар бошад, пас нафънокй барои xамаи аъзои чомеа низ ба сифр баробар аст» [5, с.48].

Умуман, неъматxое, ки дар чомеа мардум истеъмол мекунанд, бо ибораи П.Самуэлсон, дар ду кутб чойгир шудааст: Дар яке молу хизматxои хусусй, ки ба туфайли мубодилаи бозорй талаботи фардии чомеаро конеъ мегардонад ва дар кутби дигар, неъматxои чамъиятй - молу хизматxои чамъиятй, ки бо тарики умум ё xамачояи мардум (на фардй) истеъмол мешавад. Х,ачми тавлиду чойгиршавй, мачрои таксим, бозтаксим ва умуман афзоишу пастравии неъмат-XOи кутби аввалро, ки асосан манфиатxои фардии чомеаро инъикос мекунад, нерую фишанги бозор муайян мекунад. Аммо кутбе, ки дар он неъматxои чамъиятй тавлиду чойгир ва ба истеъмол равона мегардад, на бо асиои бозор, балки бо самтxои чомеасозии мардум, низоми сиёсй алокамандй дорад [3, с.74]. Пас, неъматxои чамъиятй, ки бо саъю кушиши давлат тавлид мешаваду аз тарики коллективй истеъмол мегардад, чун инъикосгари манфиати чомеа баромад мекунад.

Ба неъматxои чамъиятй, пеш аз xама, мудофиаи миллй, xифзy таъмини тар-тиботи чамъиятй, идораи давлатй, эмкунии аxолй, таxсилоти ройгон, бунёди низоми ягонаи энергетикиву коммуникатсионй, пардохти самараxои манфии берунаи фаъолияти иктисодй ва xифзи мyxитy зист, таъмини тавозуни вазъи экологии кишвар, чарогонкунонии кучаву хиёбонxо, бунёди бощои фарxангй -истироxатй, китобхонаву осорхонаxо, эчоди коидаву конyнxои фаъолият ва фароxам овардани фазои мусоид дар чомеа ва г. дохил мешаванд. П.Самуэлсон нисбати неъматxои чамъиятй чунин мегуяд: «Молро ба он хотир чамъиятй меномем, ки он дар микдори баробар дар ду ва аз он xам зиёд ба вазифаxои

нафънокй ворид мешавад» [8, с. 138]. М.Блауг бошад, чунин навиштааст: «Табиати хоси неъматxои чамъиятй дар он аст, ки истеъмоли ощо метавонад факат муштарак ва баробар бошад» [4, с.427]. Пас мутобики ин муайянщо метавон ду хосияти маъмули неъматxои чамъиятй - гайриистисной ва гайриракобатиро дар мавриди истеъмол муайян намуд. Он неъматxое, ки комилан ин ду хосиятро, яъне хосиятxои гайриистисной аз истеъмол ва дуюм, гайри-ракобатй дар истеъмол дар худ тачассум намудаанд, чун неъматxои чамъиятии соф арзёбй шудаанд. Мазмуни хосияти гайриистисной дар он аст, ки аз истеъмоли неъматxои чамъиятй ягон узви чомеа берун намемонад ва ощо бидуни тафрикабандй барои истеъмоли кулли мардум равона мегардад. Аз нигоxи иктисодй бошад, ин хосият аз xодисоти имконнопазирии чудо кардани «пар-дохтгарон» ва «напардозандагон»-и ин неъматxо низ бармеояд. Дар вокеъ, дар амалия ва ё xаёти xамарyзаи мардум истеъмоли неъматxои чамъиятй аз тарафи xар як фард, бидуни баррасй барои кулли мардум гайриимкон мебошад. Ба ибораи дигар, ин неъматxо таксимнашаванда, яъне бо тарики фишанщои нархй таксим кардани онxо гайриимкон аст. Масалан, барои он, ки нафъи боги исти-роxатй-фарогатй, осорхона ва г. расад ва ё дастраси мардум гардад, ин чо таксими неъматxо барои xар як фард гайриимкон буда, факат ба тарики коллективй истеъмол мешаванд.

Хосияти дуюм, яъне сифати гайриракобатй доштани он неъматxо дар он аст, ки афзоиши нуфузи истеъмолгарони ощо нафънокии онро барои дигар истеъмолгарон кам намекунанд. Масалан, конуни танзим ба кулли мардуми кишвар дахл дорад, барои тоифаи алоxидаи чомеа конуни нав тавлид наме-шавад. Чарогаки роxнамо ва ё нишонаxои роx ба кулли ронандагон дахл дорад ва барои шахси алоxида чарогак ва ё дигар нишонаxои иловагии роx гузошта намешавад. Яъне, чун мисли майдони бозорй ракобат нисбат ба истеxсолy истеъмоли ин неъматxо вучуд надорад.

Х,амин тарик, неъматxои чамъиятй xамчyн ифодагари талаботи чомеа ва ё чун шакли ашёгардии он баромад мекунанд. Талаботи чомеа чунин талаботест, ки фардxои чомеа, аъзои он бояд онро амик дарк намоянд ва новобаста аз хоxишy интихоби озоди худ ба он шомил бошанд. Эxсос намоянд, ки бидуни бунёди он ва конеъгардй аз он xаёти xамзистии чомеа, иттиxод, алокаxои тарафайни ичтимой-иктисодии фардxо гайриимкон аст. Бо ибораи дигар гуем талаботи чомеа дар ботини xар як фарди чомеа чой дорад ё дар он чо нyxyфта аст. Дар вокеъ, вакте ки рафтору кирдори одамонро дар чомеа мyшоxида менамоем, манфиати чомеа ва зарурати истеxсоли неъматxои чамъиятиро аксари ощо дарк кунанд xам, аммо дар таркиби амалу фаъолияти худ чандон чой намедиxанд, зеро амалу фаъолият дар фазои низоми бозорй, пеш аз xама, ба рушди тамоюли фардй, xокимии манфиати гаразноки фардй мусоидат кардааст, яъне, чуръати конеъшавии талаботи фардй дар маркази фаъолияти одамон чой мегирад. Аз ин лщоз, маxз низоми сиёсй (на низоми бозорй) муайянкунандаи манфиатxои чамъиятй мебошад. Пас, метавон гуфт, ки неъматxои чамъиятй маxсyли низоми сиёсии чомеа ва давлатй мебошад. Дар мачрои тавлиди неъматxои чамъиятии давлат на тащо ба омузиши манфиати аъзои чомеа такя

мекунад, балки вай худ неъматхоеро бунёд мекунад, ки манфиатхои бунёдии миллату чомеа ва хастии онро инъикос намуда, онро устувор мегардонад.

Калидвожа^о: неъмати цамъиятй, манфиати цомеа, низоми бозорй, шикасти бозор, фардпарстй ва итти^одпарастй, истифодаи гайриистисной ва гайрирацобатй.

Пайнавишт

1. Абалкин, Л. Смена тысячелетий и социальные альтернативы/Л. Абалкин. //Вопросы экономики. - М.- 2000. - № 12. - С. 27-40.

2. Беккер, Г., Босков, А. Современные социологические теории / Г. Беккер, А. Босков, -М., 1961. -488с.

3. Белл, Д. Грядущее постиндустриальное общество. Опыт социального прогнозирования/ Д. Белл; [ пер. В.Л. Иноземцев]. - М.: Academia, 1999. - 650 с.

4. Блауг, М. Экономическая мысль в перспективе/ М. Блауг. - М: Дело, 1994 - 549с

5. Богомолов О. Созидательный потенциал справедливости // Политэконом. - М-1996. -№1. - С. 47-53.

6. Бьюкенен, Дж. Границы свободы. Между анархии и левиафаном/ Дж. Бьюкенен // Вопросы экономики. - М. - 1997. - № 10. - С. 19.

7. Гутман, Г.В., Дигшина, О.Б., Звягинцева, О.П. Общественные блага в транзитивной экономике / Г.В. Гутман, О.Б. Дигшина, О.П. Звягинцева. - М: ООО «Маркет ДС Корпорейшн», 2004. - 120 с.

8. Рубинштейн, А. Общественные интересы и теория публичных благ/А.Рубинштейн // Вопросы экономики.-М. - 2007. -№ 10. -С. 90-114.

Reference Literature

1. Abalkin L. Change of Millennia and Social Alternatives //Issues on Economy. - M.- 2000. -

№ 12. - P. 27-40.

2. Bekker G., Boskov A.. Modern Socialogical Theories / Translation from English. - M., 1961

- p.488.

3. Bell D. Future Postindustrial Society. Experience of Social Prognostication (translated by

V.L. Inozemtzev. -M.: Academia, 1999. -650pp.

4. Blaug M. Economic Ideas in Prospect. - M.: Delo (business), 1994. - p.549.

5. Bogomolov O. Creative Potential of Justice // Political economy. - M., 1996. - №1. - pp.

47-53.

6. Buckenen Dj. Boundaries of Freedom. Between Anarchy and Leviathan // Issues on

Economy. -М. - 1997. - № 10. - p. 19.

7. Gutman G.V., Digshina O.B., Zvaygintseva O.P. Social Benefits in Transitive Economy// -

M.: «Market DC Corporation Ltd», 2004.- 120 pp.

8. Rubinshtein A. Social Interests and Public Benefits Theory // Issues on Economy. - M. -

2007. - № 10. -pp. 90-114.

Интересы общества и общественные блага

Ключевые слова: общественные блага, интересы общества, рыночная система, фиаско -рынок, индивидуализм, сплочённость, нерентабельность, неконкурентность

В данной статье ра^мотрен вопрос содержания составляющей части интересов общества. По вопросу определения и распределения благ общества авторы опираются

на анализ научно-исследовательских методов англо-саксонской и немецкой школ. Авторы отметили первостепенное значение исследований немецкой школы, так как эти исследования в большей степени соответствуют модели Восточного общества. В заключении авторы дают выводы по нескольким теоретико-практическим вопросам, которые имеют важное значение для улучшения социально-экономической политики нашего независимого государства.

Interests of Society and Social Benefits

Квy words: social benefits, interests of society, market system, fiasco-market, individualism, consolidation, non-profitability, non-competitiveness

The article dwells on the constituent part of the interests of society. As for determination and distribution of benefits, the authors proceed from the analysis of the scientifico-research methods worked out by Anglo-Saxon and German schools. The authors stress the paramount importance of the explorations done by the German school because the latters correspond to the model of the Oriental society to the greatest extent. In conclusion the authors make inferences on several theoretico-practical issues being of important significance for an policy improvement of social-economic of our independent state.

Роцеъ ба муаллифон:

Ашуров Умедцон, аспиранти кафедраи назарияи щтисодии Донишгощ давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд) e-mail: ashurov. umed@inbox. ru

Нурбоев Набицон Муминович, унвонцуи кафедраи маркетинг-агробизнеси Дониш-го%и давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail: Nurboev nabijon [email protected]

Сведения об авторах:

Ашуров Умедджон, аспирант кафедры экономической теории Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд) e-mail: ashurov. umed@inbox. ru

Нурбоев Набиджон Муминович, соискатель кафедры маркетинга-агробизнеса Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан,г.Худжанд) e-mail: Nurboev nabijon [email protected]

Information about the authors:

Ashurov Umeddjohn, post-graduate student of the department of the theory of economy under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khudjand), e-mail: [email protected]

Nurboyev Nabijohn Muminovich, aspiring Degree Candidate of the department of agrobusiness marketing under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khudjand), e-mail: Nurboev nabijon [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.