Научная статья на тему 'ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ НАЗВАНИЙ ПТИЦ В ГАЗЕЛЯХ САЙИДОИ НАСАФИ'

ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ НАЗВАНИЙ ПТИЦ В ГАЗЕЛЯХ САЙИДОИ НАСАФИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
101
29
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САЙИДО НАСАФИ / ГАЗЕЛИ / ОБРАЗЫ ПТИЦ / СОЗДАНИЕ ОБРАЗОВ / СМЫСЛОТВОРЧЕСТВО / SAIDO NASAFI / GHAZALS / IMAGES OF BIRDS / CREATION OF IMAGES / MEANING-MAKING / САЙЙИДОИ НАСАФӣ / ГАЗАЛИЁТ / ТИМСОЛИ ПАРРАНДАГОН / ОБРАЗОФАРИНӣ / МАЗМУНСОЗӣ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Муминов Исмоил Иброхимджонович

В статье рассматриваются творческое мастерство Сайидои Насафи(XVII в.) в написании газелей с использованием названий птиц, в создании художественных образов, содержании и поэтических мотивов. Анализ газелей поэта позволил автору прийти к выводу, что в газелях Сайидо изображение птиц занимает достойное место и служит для создания смысла, мотивов и выражения различных идеалов поэта. Также подчеркивается, что в газелях поэта употреблены не только названия птиц, но и само слово «птица», которое используется и в оригинальном смысле, и в метафорическом, а также слова и фразы, составленные из названий птиц, изучение которых очень важно для определения поэтики стихотворений поэта.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

BELLES-LETTRES USAGE OF NAMES OF BIRDS IN SAIDOI NASAFI'S GHAZALS

The article dwells on Saidoi Nasafi's creative abilities (referring to the XVII-th century) in writing ghazals resorting to the names of birds aimed at creation of belles-lettres images, the content and poetic motifs being taken into account as well. Adducing the results of the analysis concerned with the poet’s ghazals, the author of the article comes the conclusion that in Saido's ghazals, the image of birds occupies a worthy place which serve to create meaning, motives and expressions of the poet’s various ideals, on the whole. As well as, the author lays an emphasis upon the idea that in the poet's ghazals there are not only the names of birds, but also the word "bird" which is sometimes used in the original sense, and sometimes in a metaphorical sense, the words and phrases made up of the names of birds and their study is very important for determining the poet's poetics as well.

Текст научной работы на тему «ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ НАЗВАНИЙ ПТИЦ В ГАЗЕЛЯХ САЙИДОИ НАСАФИ»

УДК 8Т1 ББК 63,3(Т)

КОРБАСТИБАДЕИИ АСМОИ Муминов Исмоил Иброхцмцонович, докторанти соли

ТУЮР ДАР FАЗАЛИЁТИ дуюми кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ

САЙИДОИНАСАФЙ "ДДХ ба номи акад. Б^афуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

ХУДОЖЕСТВЕННОЕ Муминов Исмоил Иброхимджонович,

ИСПОЛЬЗОВАНИЕ НАЗВАНИЙ докторант кафедры таджикской классической

ПТИЦ В ГАЗЕЛЯХ САЙИДОИ литературы ГОУ "ХГУ имени академика Б.Гафурова"

НАСАФИ (Таджикистан, Худжанд)

BELLES-LETTRES USAGE OF Muminov Ismoil Ibrohimjonovich, a second year doctoral NAMES OF BIRDS IN SAIDOI student of the department of Tajik classical literature under NASAFTS GHAZALS the SEI "KSU named after academician. B. Gafurov "

(Tajikistan, Khujand),E-mail: ismoil0210@mail.ru

Вожа^ои калиди: Саййидои Насафи, газалиёт, тимсоли паррандагон, образофарини, мазмунсози

Дар мацола перомуни уунари газалсароии Саййидои насафи маълумот дода шуда, цойгоуи номи паррандагон дар образофарини ва мазмунсозиву маъниофари муайян карад шудааст. Муаллиф дар натицаи баррасиву таулили газалиёти суханвар ба чунин натица расидааст, ки дар газалиёти саййидо тимсоли туюр дар мазмунсозиву маъниофари мацоми шоистаро касб намуда, барои ифодаи ормощои гуногунтаруи суханвар хизмат кардаанд. Хамчунин таъкид мегарддад, ки дар газалуои шоир на тануо номи мургон., балки худи калимаи мург , ки гоуе ба маънии асли ва гоуи дигар ба тарзи киноя корбаст гардидааст, уамчунин калима ва ибораву таркибуои ба василаи асмои мургон тарурезигардида низ зиёд ба назар мерасанд, ки баррасиву тауцици онуо барои муайян кардани поэтикаи ашъори шоир басо мууиманд.

Ключевые слова: Сайидо Насафи, газели, образы птиц, создание образов, смыслотворчество

В статье рассматриваются творческое мастерство Сайидои Насафи(ХУП в.) в написании газелей с использованием названий птиц, в создании художественных образов, содержании и поэтических мотивов. Анализ газелей поэта позволил автору прийти к выводу, что в газелях Сайидо изображение птиц занимает достойное место и служит для создания смысла, мотивов и выражения различных идеалов поэта. Также подчеркивается, что в газелях поэта употреблены не только названия птиц, но и само слово «птица», которое используется и в оригинальном смысле, и в метафорическом, а также слова и фразы, составленные из названий птиц, изучение которых очень важно для определения поэтики стихотворений поэта.

Key words: Saido Nasafi, ghazals, images of birds, creation of images, meaning-making

The article dwells on Saidoi NasafVs creative abilities (referring to the XVII-th century) in writing ghazals resorting to the names of birds aimed at creation of belles-lettres images, the content and poetic motifs being taken into account as well. Adducing the results of the analysis concerned with the poet's ghazals, the author of the article comes the conclusion that in Saido^s ghazals, the image of birds occupies a worthy place which serve to create meaning, motives and expressions of the poet's various ideals, on the whole. As well as, the author lays an emphasis upon the idea that in the poefs ghazals there are not only the names of birds, but also the word "bird" which is sometimes used in the original sense, and sometimes in a metaphorical sense, the words and phrases made up of the names of birds and their study is very important for determining the poefs poetics as well.

Дар асри XVII навъи шеърии газал дар баробари шаклх,ои дигари роичи шеърй, мисли рубой, хасида, достону маснавй, со;инома ва гайра рох,и дурударозеро тай карда, дар ин дарозо аз чихдти шаклу мундарича тахдввулоти зиёдеро хдм паси сар намудааст. Суханварони форсу точик дар такомули ин навъи шеърй, ки барои якоякашон аз мах,бубияти хоса бархурдор буд, сах,му на;ши худро гузошта тавонистаанд. Агар Устод Рудакй ин навъи шеъриро асос гузошта бошад, Саноиву Аттору Мавлавй ба он рух,и тоза бахшиданд, Шайх Саъдй онро ба пояи баланди хеш расонид ва пайгамбари газал дониста шуд, Хоча Хофиз бо бахшидани чаззобияти хоса ба ин жанри адабй унвони худованди газалро сох,иб гардид, Мавлоно Ч,омй бошад, рох,и панчсадсолаи газалсароиро дар баробари дигар дастовардх,ои адабиёти форсу точик чамъбаст кард. Баъд аз Абдуррах,мони Ч,омй низ гуфтани газал мачрои хешро, чунонки мебоист, идома бахшида, дар эчодиёти шоирони хдвзаи адабии Мовароуннах,ру Хуросон, мисли Камолиддин Биноиву Бадриддин Хилолй, Мушфи;ии

Бухороиву Саййидои Насафй, Сарафрозу Мулдами Бухорой, Нахливу Шавкати Бухорой ва дигарон, инчунин, суханварони давзаи адабии Эрону Хиндустон, монанди Калими Кошониву Соиби Табрезй, Фониву Fании Кашмирй, Назирии Нишопуриву Толиби Омулй, Урфии Шерозиву Носиралии Сардиндй, бахусус, Бедили Дедлавй сайри такомули хешро идома дод.

Во;еан, дар асри XVII гардиши куллие дар газалсарой ба миён омад ва ин тагйирот ба дигаргун гардидани сабки адабй иртибот дошт. Дигаргунидои сиёсиву ичтимоие, ки дар нимаи дуюми садаи XVI ба вучуд омаданд, барои тагйири сабки адабиёт низ замина фародам оварданд. Сарзамини Хинд хамчун махди адабиёти форсизабон эътироф гардид ва адли суханро суи худ чалб кард. Сабки тозаи адабй, яъне сабки хиндй руи кор омад ва суханварон ру оварданд ба тарзу шеваи чадид дар газалгуй, аз ин ру, ондоро адли "тарз" номидаанд. "Адли "тарз" бо роди борикандешй ва ди;;ати хаёл мазмунофаринй мекарданд. Мазмунофаринй хусусияти дигари бисёр мудим ва чолиби ди;;ати ин сабк ба шумор мерафт. Ин сабк ба мазмунофаринй асос ёфта буд" (7,120). Доир ба хусусиятдои сабки диндй донишмандони ватаниву бурунмарзй андешадои мушаххас баён кардаанд, ки гузидаи ондо маъниёбист. "Шеъри диндй шеъри маънигарост, на суратгаро ва шоирон ба маънй бештар таваччуд доранд, то ба забон" (9,289).

Дар Мовароуннадр Саййидои Насафй аз зумраи суханваронест, ки сабки диндиро пайгирй кард ва бо бадрагирй аз шеъри Соиби Табрезй ба пояи баланди газалсарой расид. Fазалиёти Саййидо дам аз чидати шакл ва дам аз дайси мазмун аз газалдои пешгузаштагону муосиронаш тафовут дорад. Суханвар теъдоди абёти газалро аз нав инкишоф дода, онро то ба 25-26 байт расонид ва ин дигаргунй иртибот дошт ба мавзуи газал. Fазалдои Саййидои Насафй бештар чанбаи ичтимой касб кардаанд ва дар ашъори оши;она низ чанд байтеро метавон дучор омад, ки перомуни адволи ичтимой, яъне норозигй аз толеву тавдир, нобасомонидои даёт, сарзаниши дунёву адли он ва гайра бадс кардаанд. Дар девони шоир газалдое, ки сирф ба тараннуми иш;у оши;й марбутанд, камтар ба назар мерасанд, "мавзуи "иш;", ки як ва;тдо (то давраи Хофиз) мавзуи асосии газал буд, дар сайри такомули минбаъдаи ин жанр, пас аз асри XV дар эчодиёти шоироне чун Саййидо ма;оми пешинаи худро аз даст дода, ба мадди дуюм гузашт ва чои худро ба мавзуъдои гуногуни гайрииш;й дод"(7,181). Вобаста ба мазмуни газал образдои шеърии суханвар низ ба тагйирот дучор гардидаанд. Кддрамони марказии газали то Саййидо - оши; образи бисёр мармуз мадсуб меёфт ва гар;и диссиёти ботинй аз дама гирудори зиндагй дур ба тасвир меомад, вале ";адрамони лирикии газалдои Саййидо бо вусъати назари худ ба во;еияти реалй мумтоз аст. Вай доир ба масъаладои мухталифи зиндагии чомеа ва рузгори инсонй пайваста фикру андешадо рондааст. Ин дол , агар аз як тараф, ;адрамони лирикиро ба фарди фаъоли ичтимой табдил дода бошад, аз тарафи дигар, мундаричаи газалро рангоранг ва хеле ганй гардонидааст" (7,181). Дар иртибот ба образи марказии газалдои суханвар , яъне "ман"-и шоир образдои дигар, мисли гулу булбул, шамъу парвона, сарву ;умрй, рафи;у ра;иб, шабнаму хуршед ва гайра низ ба тадаввулоти маъной дучор омада, афкору а;оиди ичтимогароёнаи уро чилои бадей бахшидаанд. Баррасиву тадлили газалиёти Саййидои Насафй собит месозад, ки образи туюр дар мазмунсозиву маъниофарй чойгоди хоса доранд. Бино бар ин, меходем дар хусуси чойгоди тимсоли парандагон дар мазмунсозиву маъниофаридои суханвар ибрози андеша намоем. Дар газалиёти шоир номи мургон, мисли булбул, ;умрй, кабутар, товус, тутй, тазарв, думо, самандар, чугд, зог ва гайра басомади зиёд дошта, дар баёни андешадои мухталифи суханвар хизмат кардаанд. Суханвар годе дар баёни таманнои омаду хушидои рузгор ёд аз асмои парандагон намояд, годи дигар, вачди нобасомонидои рузгорашро марбут ба надси баъзе аз парандагон медонад. Барои собит сохтани андешадои болой чанде аз порчадои газалдои суханварро аз назар мегузаронем. Масалан, дар байти зерин суханвар докимони замонро ба саховату кушодадастй даъват карда, таъкид месозад, ки агар салотин нисбат ба дарвешон саховатпешагй намоянд дар он сурат ин амалашон зеби шодон мегардад ва ба мурги думо (мурги афсонавист, ки агар сояи боли вай ба сари дар касе афтад, давлат меёбад - И.М.) ручуъ карда, аз вай ходиш менамояд, ки сояи хешро аз сари ;адрамони лирикии суханвар (мо, яъне "ман"-и шоир -И.М.) дур насозад, яъне подшодон дамвора ба нодорон ба чашми шаф;ату тараддум назар созанд. Чунончи:

Тоц додан ба гадо зинати шо^он бошад,

Эй хумо, сояи худ дур макун аз сари мо (5,42).

Агар дар байти болой Саййидо забони мавъиза дар насидати салотин боз карда, умедвории хешро ба инояти онон ифшо намояд ва ин амалро аз баракати сояи боли мурги думо донад, дар байти поёнй аз ноумедидои хеш сухан ба миён оварда, афсус аз он мехурад, ки умри азиз аз даст додаасту орзудои дилаш амалй нагардидааст ва дар ошёнаи у, ки ифодагари чисми шоир аст, кабутараш, яъне дили пурорзуяш пир гардидааст. Чунончи: Гузашт умру дили мо ба орзу нарасид, Дар ошёнаи мо пир шуд кабутари мо (5,11).

Мусаллам аст, ки Саййидои Насафй даёти пурмаша;;атеро паси сар кардааст, аз ин ру, рудияи дилшикастагиву рудафтодагй фарогири саросари газалиёти шоир аст. Кддрамони лирикии шоир худро дур аз чаман афтода медисобад, мисли худи у ва мадад мепурсад аз булбул, ки бадри кумакаш аз лона берун ояд:

Чу Сайидо, зи чаман баски дурам, эй булбул, Ба нолаам мададе кун, зи ошёна биё (5,20).

Агар дар байти болой ;адрамони лирикии шоир умед аз зиндагии сурурбахш карда, булбулро ба имдод даъват карда бошад, дар абёти поёнй ноумедиашро аз даёти пурталотуми хеш баён менамояд ва издор медорад, ки дар ошёни булбулон, ки илдомбахши даётанд, зогу заган чойгир шудаанд ва бедуда богбон ;адрамони лирикии суханварро ба чаман даъват месозад, у шабеди мурги байза, яъне мурге, ки дануз содиби болу пар нест ва ё мурге, ки барои баровардани чуча побанди байза гардидааст, ёрои паридан надорад ва ин гирифторй боиси аз ватан берун нарафтани суханвар гардидааст. Дар байти дуюм Саййидои Насафй шояд ишора ба он карда бошад, ки аз сабаби дасткутодии худ сафари Хиндро, ки дар замонаш ватани ормондои кулли суханварон ;арор дошт, натавонист родандозй намояд. Чунончи:

Нест цуз зогу заган дар ошёни булбулон, Богбон бехуда таклифи чаман дорад маро. Х,амчу мурги байза аз парвоз кардан мондаам, Бепаруболи гирифтори ватан дорад маро (5,78).

Хамин мазмунро суханвар дар абёти зерин боз дам чолибтар баён намудааст: Зи гунчаи дили мо бехабар бувад гули мо, Даруни байза хазон шуд бахори булбули мо ... Ба гулшане, ки дар у булбули хушищон нест, Шукуфтаги накунад гунчаи та^офули мо (5,16).

Во;еан, дар газалиёти шуарои пешин, мисли Саъдиву Камолу Хофиз ва дигарон образи булбул тимсоли шахси оши; аст, вале дар газалиёти Саййидо он бештар "ман"-и шоир, мачозан орзуву умеддои вай, шахси зеднии фарёдрас ва гайраро ифода кардааст. Аммо дар як ;атор абёти оши;онаи суханвар он ба маънии аслии худ омада, барои нишон додани имтиёзи дусну малодати ;адрамони лирикии у, яъне мадбуба омадааст. Чунончи: Ба зери боли булбул гунча гардад аз хаё пинхон, Зи хар цониб, ки он шухи гулихандон шавад пайдо (5,22).

Дар баробари образи булбул тимсоли ;умрй низ дар газалдои оши;онаи суханвар ба маънии аслии худ омада, зебоидои маъшу;аро арзёбй кардаанд. Чунончи: Футаи зори шавад дар бог тавци цумриён, Гар равад су и гулистон сарви яктогарди мо (5,24).

Ё худ:

Аз мазорам сабза хамчун боли цумри сар кашад, Чун гузар афтад ба хокам сарви он бебокро (5,29).

Саййидои Насафй чунон дилбастагй ба тимсоли мургон дорад, ки дар як газали оши;она, ки дар он дам шикояти ;адрамони лирикй афзалият дорад, тавассути номи якчанд мургон мазмунсозй менамояд ва долати ;адрамони лирикиро барчаста нишон медидад. Чунончи: Чаман монанди доги лола дар гирдоби хун афтад, Агар гуям ба булбул аз цудой достонеро... Сазои туст, эй парвона, дилсузиву махруми, Ба магзи цон чаро парвардаи оташзабонеро?... Мапурс, эй богбон, имруз аз хомушии булбул, Манех ангушт бар лаб, хамчу гул, пурхун дахонеро (5,34).

Саййидои Насафй забони шиква аз аули замон карда, мегуяд, ки нафароне, ки нисбат ба бечорагон озорро раво медоранд, гирифтори подоши амали бади хеш мегарданд ва барои собит кардани андешаи худ парвонаро мисол меорад, ки шамъ уро сухту о;ибат худ низ хокистар гардид ва гушанишиниро беутарин воситаи офият аз уодисоту во;еоти нохуши рузгор дониста, масал мезанад ба чугз, ки дар вайрона уаёти осоишта дорад. Чунончи: Х,ар ки моро сухт, шамъе бар мазори хеш бурд, Ояд ин овоз аз хокистари парвонаро... Гушагирон аз хаводисхои даврон эминанд, Чугзро бошад хисори офият вайронахо (5,23). Хдмин тавр, дар газалиёти Саййидои Насафй тимсоли туюр дар мазмунсозиву маъниофарй ма;оми шоистаро касб намуда, барои ифодаи ормонуои гуногунтаруи суханвар хизмат кардаанд. Дар газалуои шоир на тануо номи мургон, балки худи калимаи мург, ки гоуе ба маънии аслй ва гоуи дигар ба тарзи киноя корбаст гардидааст (Нигау дорад Худо аз донаи сайёд мургонро, Мабод аз хонаи соуибтамаъ эусон шавад пайдо (5,22); Рузии мургон даруни байза бошад бейисоб, Риз;и аз андоза берун дар ;афас бошад маро (5,80), аъзо ва сифату хусусиятуои туюр ( Шавад айволи ман маълуми у аз чабуаи ;осид, Бувад мактуби ман ман;уш бар боли кабутаруо (5,45); (Футаи зорй шавад дар бог тав;и ;умриён, Гар равад суи гулистон сарви яктогарди мо (5,24); (Шавад аз гушагирй номи ту машуур дар олам, Чу ан;о гар кунй ми;роз боли худнамоиро (5,104), уамчунин калима ва ибораву таркибуои ба василаи асмои мургон тарурезигардида низ зиёд ба назар мерасанд, ки таулилу тачзияи онуо дар мачоли як ма;олаи кучак нест ва мавриди тад;и;и алоуида мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ансор, М. Шаруи 42 газали Х^офиз/М.Ансор. -Душанбе, 1994. -128 с.

2. Афсаузод, А. Ч,омй - шоири газалсаро/А.Афсаузод. - Душанбе, 1989.- 152 с.

3. Мирзоев, А. Сездау ма;ола. (Аз таърихи адабиёти асрйои Х-ХУ тожику форс)/А.Мирзоев. -Душанбе: Ирфон, 1977.- 288с.

4. Мирзоев,А. Сайидо ва ма;оми у дар таърихи адабиёти точик/А.Мирзоев. - Сталинобод: Нашрдавточ, 1947. - 285 с.

5. Насафй, С. Асаруои мунтахаб/С.Насафй. - Душанбе: Ирфон, 1977.-701 с.

6. Насриддин,А. Рудакй (нусхашиносй ва навду баррасии ашъори бозмонда)/А.Насриддинов.

- Хучанд, 1999. -394 с.

7. Саъдиев, С. Сайидои Насафй ва мууити адабии Мовароуннаур дар нимаи дувуми асри ХУ11/С.Саъдиев.- Душанбе, 2018, - 296 с.

8. Х^отамй, А. Пажууише дар сабки уиндй ва давраи бозгашти адабй/АДотамй. - Теурон, 1342.- 367 с.

9. Шамисо,С. Сабкшиносии шеър/С.Шамисо. - Теурон, 1385. - 420с.

REFERENCES:

1. Ansor, M. A Commentary 42 - Hofiz's Ghazal / M. Ansor. - Dushanbe, 1994. - 128 p.

2. Afsahzod, A. Jomi Being a Ghazal-Singing Poet /A.Afsahzod. - Dushanbe, 1989. - 152 p.

3. Mirzoev, A. Thirteen Articles (from the History of Persian-Tajik Literature Referring to the X-th

- the XV-th U Centuries) / A. Mirzoev. - Dushanbe: Cognition, 1977. - 288 p.

4. Mirzoev, A. Saido and his Status in the History of Tajik Literature / A. Mirzoev. - Stalinabad: State publishing-house of Tajikistan , 1947. - 285 p.

5. Nasafi, S. Selected Works / S. Nasafi. - Dushanbe: Cognition, 1977. - 701 p.

6. Nasriddin, A. Rudaki (duplicate studies and critiques and considerations beset with the left poetry) / A.Nasriddinov. - Khujand, 1999. - 394 p.

7. Sa'diev, S. Saidoi Nasafi and Movarounnar Literary Circle Referring to the ХVII-th Century / S.Sa'diev. - Dushanbe, 2018, - 296 p.

8. Hotami, A. An Exploration on the Indian Style and the Period of Literary Transition/ A.Hotami.

- Tehran, 1342hijra. - 367 p.

9. Shamiso, S. Stylistics of Poem/ S. Shamiso. - Tehran, 1385hijra. - 420 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.