Научная статья на тему 'ФОРМИРОВАНИЕ ТВОРЧЕСКОЙ ЛИЧНОСТИ С. АЙНИ'

ФОРМИРОВАНИЕ ТВОРЧЕСКОЙ ЛИЧНОСТИ С. АЙНИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
76
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
C. АЙНИ / ТВОРЧЕСТВО / ЛИЧНОСТЬ / ПРОСВЕТИТЕЛЬСТВО / ДЖАДИДИЗМ / ПРОЗА / РОМАН / ЛИТЕРАТУРА / ПОЭЗИЯ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Салимов Носир Юсупович, Солехов Шамсиддин

В данной статье рассматривается творческая личность С. Айни формировавшийся на двух периодах: первый период, когда он с целю учебы переехал в город и таким образом вошел в литературные круги Бухары. Второй период, когда он начал изучать произведение ученного и просветителя Дониша и др. Автор исследует основание творческой личности и мировоззрение С. Айни преобразившейся при изучении «Наводир-ул-вакоеъ» Дониша и некоторых других произведениях издавшихся заграницей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FORMATION OF CREATIVE PERSONALITY OF S. AINI

This article deals with creative personality of S. Aini formed on two periods: the first period when he with the purpose of study moved to the city and thus entered the literary circles of Bukhara. The second period when he began to study the work of the scientist and educator Donish and others. The author explores the foundation of the creative personality and outlook of S. Aini converts in the study of "Navodir-ul-vakoe" Donish and some other works published abroad.

Текст научной работы на тему «ФОРМИРОВАНИЕ ТВОРЧЕСКОЙ ЛИЧНОСТИ С. АЙНИ»

Arabic-language interpreters in the development of modern Arabic prose and the role of works translated from Pahlavi, Greek and Syriac languages in shaping the content of Arabic prose.

Key words: Arabic prose, Persian literature, the development of prose, Arabic writing, translation.

Сведения об авторе: Салимов Носир Юсупович - доктор филологических наук, профессор, академик Академии наук Республики Таджикистан, ректор Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни, e-mail: tgpu2004@mail.ru

Information about the author: Salimov Nosir Yusupovich - Doctor of Philology Sciences, professor, academician of Academy of science of the Republic of Tajikistan, rector of the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini

ОМИЛ^ОИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ АДАБИИ С. АЙНЙ

Салимов Н. Ю., Солевое Ш.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни Китобхонаи миллии Тоцикистон

Рушди адабиёти точикии садаи ХХ аз бисёр чихат ба ному осор ва кору пайкори адабию эчодии Садриддин Айнй вобастагию алодаи бевосита дорад. Вале мутаассифона, дар замонаш ин пайванду хамбастагии поягузори адабиёти точикии давраи нав бар асари таассуби мафкуравй ва меъёрхои тахмилии тахдиди адабиёт ба таври комилу мачмуъ мавриди тахдид дарор нагирифтанд. Аглаби пажухишхои айнишиносони ахди шуравй аз нигохи равишу усулхои дар хамон давра роичи табадотию синфиятчуй ва адабиётшиносии ичтимоъгаро анчом дода мешуданд, ки дар натича бисёре аз чанбахои мухими зотию хунарии эчодиёти нависанда ва умуман феномени шахсияти адабии С. Айнй то имруз норавшан мондааст. Чунон ки мебинем, кулли самтхои пайкороти сиёсй ва ичтимоию фархангии устод Айнй хоху нохох ба фаъолияти адабии у гирех мехурад, ки ин бе замина нест. Зеро вай аз мухити адабии Садри Зиё сар карда то ошной ба осори Дониш, Дайрат, Шохин ва дигар адибони гузаштаю муосир ба камол расида, бо ашъори навгароёнаи хеш мадому мартабаи баландро сохиб гашта буд. Бехуда нест, ки ному осори уро тазкиранависони маъруфи муосираш Абдй,Афзал,Мухтаром ва Садри Зиё дар датори адибони баркамоли замон зикр мекунанд. Аз чумла, Садри Зиё, ки мураббии бевоситаи С. Айнй буд, дар бораи ин шогирди шоистаи хеш дар «Тазкори ашъор» чунин менигарад: Ба тарзи наве чун сухангустар аст, Зи аркони худ дар сухан бартар аст. Чи мазмуни ашъори у чумла бикр, Ки харгиз касеро нарафтаст фикр. Агар бингарй сар ба сар шеъри у, Зи мазмуни пешин набинй дар у. Суханро сазад гар дихй ихтисос, Мар -уро, ки бошад варо тарзи хос. Мазомини бикраш чу будй баланд. Суханхои у гашт шоирписанд,

Датто назму насри Айниро диёс карда чунин менависад: Ба насру ба назми сухан довар аст, Зи насраш вале назми у хуштар аст.

Аммо баъдтар Садри Зиё бо намунахои насри Айнй аз наздик ошно шуда, аз ин фикраш даст мекашад ва дар наср хам дудрати комил доштани шоирро эътироф менамояд. Дар ин маврид С.Сиддидов гуфтаи Садри Зиёро аз давли худи С.Айнй чунин

накл мекунад: «Ман дар тазкираи худ... туро дар назм муктадир, аммо дар наср кувват надорад, аммо Мирзо Абдyлвоxид дар наср муктадир ва шеъраш суст аст гуфта баxо дода будам. Ту xам дар назм ва xам дар наср аз вай муктадиртар будй, - гуфт» [5, с. 128].

Садри Зиё дар баробари кобилияту истеъдоди адабй дар навиштаxои худ дар бораи шахсияти С. Айнй характеристика дода менависад, ки Айнй шахси вафокешу бекина ва хоксор аст. «Ба амри маош бетакаллуф» буда, ба чамъоварии моли дунё кyшише надоштааст [5, с. 130].

Аз ин навиштаxо бармеояд, ки С.Айнй xанyз кабл аз инкилоб ба xайси адиби баркамол, шахсияти донишманду нуктасанч ва дар аклу заковат бемисл ба воя расида, дар катори ягонаxои замони худ карор гирифта будааст.

Бояд зикр кард ки тафаккури адабию эстетикии С. Айнй асосан дар мyxити фаpxанги суннатй ва шеъру адабии кадимаю пypFановати форсии точикй ташаккул ёфта омада буд. Ин ташаккул бо амри сарнавишт дар OFOЗи растохези тозаи фаpxангy адабиёти точикй, ки бо дигаpгyниxои сиёсии ибтидои садаи ХХ OFOЗ гардид, рост омад. Дар замони нав бо пеш омадани мавзyъy масъалаxои чадид С.Айнй pоxи Аxмади Дониш ва дигар равшангарону маорифпарваронро идома дода, ба таъсиси мактаби усули чадидй, созмони «Тарбияи атфол» ва таълифи китобxои таълимию дарсй мепардозад. Ошной бо осори адибони пешкадами кишваpxои исломии xамчавоp, мутолиаи матбуоти хоричй ва огоxй аз pавандxои сиёсию озодихоxии кишваpxои Шарку Fаpб афкору андешаxои сиёсию ичтимой ва адабию фаpxангии Уро ба куллй таFЙиp доданд. Даводиси пypтyFёнy зудчараёни Бухорои ибтидои карни ХХ ба чаxони андешаи ин равшангари вокей бетаъсир намонд. Ба кавли айнишиноси точик М. Имомов «Самтxои фаъолияти адабию маорифпарварй, ислоxотпаpваpй ва илмию сиёсии Садриддин Айнй тавъам чараён ёфта, дар тули солxои начандон дароз зина ба зина густариш ёфтааст. Аз xамин ру, xангоме ки яке аз чанбаxои фаъолияти адиб баррасй мешавад бидуни назардошти чанбаи дигари он нокис мебарояд» [4, с. 64].

Бархе аз мyxаккикон дар замони Шуравй осори нависандаро ба хотири бароварда кардани ниёзxои мафкуравй, дар паxнои афкори эстетикии xyкмpонии ичтимоъгаро ба таxкик мегирифтанд, ки дар натича чанбаxои миллию xyнаpй ва мазxабии осори адиб аз назаpxо дур мемонд.

Дар натича, тадричан як андоза андешаxои Fалатy нодуруст xам дар шинохти шахсияту осори ин абармарди илму адаби точик дар ахиpxои карни ХХ ба миён омад.

Чунончи М. Имомов «пайдоиши ин гуна андешаxои ноxак ва ночо на аз мутолиаи осори адиб, балки аз таxлилy тадриси нодурусти мероси адабии ин саромади адабиёти навини точик ба миён омадааст» [4, с. 64]. Вокеан, барои муайян кардани муносибати С.Айнй ба Инкилоби Октябр ва сохти чомеаи нави коммуниста аз нигоxи таърихй, вобаста ба вазъи чомеаи Бухорои ахири асри Х1Х ва ибтидои карни ХХ бояд баxо дод. Fайp аз ин, устод С.Айнй муносибати хешро ба pавандxои пуртазоди сиёсию ичтимоии замонаш дар «Таърихи инкилоби Бухоро», «Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро», «Мухтасари тарчимаи xоли худам», «Ёддоштxо» ва дигар асаpxояш равшан баён кардааст. Ибтидои фаъолияти сиёсию ичтимой ва адабию маорифпарварии у ба замоне рост меояд, ки натащо дар Бухоро, балки дар кулли минтакаи Осиёи Миёна ва кишваpxои xамсоя xаpакати миллй-озодихоxй ва ислоxотхоxй пайдо шуда, бо суръат идома дошт. Табиист, ки у xам ба xайси адиби равшанфикр аз он чараёщо берун буда наметавонист. Ташкили мактаби усули чадидия, навиштани китобxои дарсии усули нав, таълифи шеъру маколаxои бедоркунанда, анчом додани пажyxишоти илмию адабй ба хотири собит намудани xастии миллати точик ва Fайpа аз чумлаи самараи фаъолияти Айнй дар ин росто мебошад.

С. Айнй xанyз аз овони хурдй, дар замони дар мактаби пеши масчиди кишлоки Соктаре ва дар пеши бибихалифа (мактаби занона) таxсил намуданаш ба шеъру адабиёт ишку алока пайдо мекунад. Вай менависад: «Аммо шеъpxоpо дуст медоштам, xаp чанд маънщои онxоpо дуруст нафаxмам, xам оxанги онxо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда хонда гаштани баъзе шеъpxо кушиш мекардам. Саъдй, Дофиз, Бедил, Соиб,

Навой ва Фузулй барин шоиpxои гузаштаро «валй» медонистам. Ва шеъpгyии ощоро аз чумлаи каромоти онxо мешумурдам» [1, с. 10]. Чунон ки мебинем макоми шеър ва шоир дар тасаввури Айнии чавон чй кадар баланду воло будааст.

Аз ин ру, метавон давраи мазкурро ба xайси нахустин маpxилаи устувор гардидани завку тафаккури адабии нависанда ташхис намуд. Муколамаю мyнозиpаxои Айнии чавон бо падараш ва дигар атрофиёни соxибсавод дар атрофи ашъори шоирон ва махсусан байту мисpаъxои Соибу Бедил, ки дар он давра бештар дар байни мардум хонда мешуд, дар тарбияи завки адабии y накши мyxим бозиданд. Fайp аз ин, дар мyxити xамондавpаи тарбияи нависанда ашхоси соxибзавк зиёд буданд ва Айнии зирак аз наклу сyxбат ва амалу рафтори xаp яки онxо меомухт. Дар ин хусус аз асаpxои таpчyмаxои y метавон мисолxои зиёд овард.

Тибки иттилои С. Айнй дар фаpоxам омадани тафаккури адабй ва xамосии y наклу ривоят ва xикоятxои шавкангези Тутапошшо накши мyxим бозиданд. Нависанда дар «Ёддоштxо» ба накшу таъсири xикоятxои ин пиразани доною соxибзавк ишора намуда чунин менависад: «Тутапошшо ин xикоятpо (манзур xикояти «Ятими доно ва бои фиребгари нодон») бо обpазxои бисёр равшан ва бо тасвиpxои содаи халкй багоят дилчасп накл карда буд, бо вучуди хурдсолй ман ва дигар шунавандагон бо шунидани ин вокеа ба xаячон омада будем... Ба xаp xол ман он капири 80-солаи бесаводро дар Xикоябандии вокеаxо устоди аввалини худ медонам ва уро xаp вакт ба некй ёд мекунам» [2, с. 53].

Баъди ба Бухоро омадан доираи омузиш ва фарогирии улуми дини ва адаби барои Садриддини чавон фарох мегардад. Шавку завки y ба шеъру адабиёт дар ин мyxити шоирпарвар бештар гардида, барои мутолиаи осори адибони гузаштаю муосир фурсати муносиб фаpоxам меояд. Худи xамон сол (1890 - соли нахустини ба Бухоро омадани С. Айнй) вай аз бозор китоби «Маxмyд ва Аёз»-ро пайдо карда мехарад, ки ин баёз аз тарафи шоирони xавзаи адабии Динд бо усули байтбарак таxия гардида буд. Дар «Ёддоштxо» С. Айнй xолати хурсандии худро аз пайдо кардани ин китоби нодир чунин тасвир мекунад: «Он руз дар Мадрасаи Мири Араб барои ман навруз буд.... Дар он вакт он китобча дар назари ман чунон мyxим намуд, ки ба дyнёxо меарзид» [2, с. 53].

Шиносой бо ному осори Дониш як маpxилаи мyxими дигар дар фаpоxам омадани чаxони андешаxои сиёсию ичтимой ва адабии Айнй мебошад. Вай менависад, ки пас аз хондани «Наводир-ул-вакоеъ»-и Аxмади Дониш «ба ман ва баъзе шариконам инкилоби фикрй руй дод, назари мо ба амиру вазир, ба мyллоxо ва ба зиндагонии онруза кариб тамоман дигар шуд» [2, с. 22]. Чунон ки маълум аст, С. Айнй фаъолияти минбаъдаи худро дар пайравии афкору андешаxои равшангарии Аxмади Дониш идома медщад. Бояд зикр кард, ки афкори адабию эстетики С.Айнй дар мyxити xаводиси зудчараён ва пуртазоди Бухорои ахири асри XIX ва ибтидои карни ХХ тавъам бо андешаxои сиёсию ичтимой ва равшангарию маорифпарварии y фаpоxам омадааст. Дар суръат гирифтани ин раванди маънавй тибки эътирофи худи Айнй накши «Наводир-ул-вакоеъ»-и Аxмади Дониш хеле бузург мебошад. Мутолиаи ин асар на тащо афкору андешаи ичтимоию сиёсии Айниро дигар намуд, балки дар фаpоxам омадани афкори адабию эстетикии y ва азхуд кардани меъёpxои сабки тасвири вукуъгаро мусоидат намуд. Осори бадеии Аxмади Дониш, хусусани киссаю xикоятxои «Наводир-ул-вакоеъ» бо вучуди мураккабию печидагиxояшон далели майлу рагбати муаллиф ба соданависй мебошад. Устод С.Айнй аввалин ошноии худро бо ин китоби дар xамон замон дар Бухоро шyxpатдошта дар «Ёддоштxо» накл карда менависад, ки «шиносоии ман бо «Наводир-ул-вакоеъ» дар ман тащо инкилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависшавиро xам андохт.

Дар xамон вактxо ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин максад ба даст дарояд, монанди Аxмад Махдум насрнавис шавад, ки вокеаxоpо дар пеши хонанда бо забони сода мучассам кунонда нишон дода тавонад. Дар xамон давра Айнй бо тахаллyсxои мухталифи «Сифлй», «Мyxточй», «Ч,унунй» шеър менавишт ва соли 1896 дар синни 18-солагй тахаллуси Айниро ба худ мегирад ва ба ибораи

И.Брагинский «аз х,амон вакт сар карда дар адабиёти точик нависандае бо номи Садриддин Айнй пайдо шуд» [3, с. 30].

Дар хусуси мах,орати адабию кудрати эчодии Айнй аз тазкиранависони хдмзамонаш Афзал Махдуми Пирмастй бах,ои баланд дода уро бо сифатх,ои «фазоилмаоб», «камолотинтисоб», «муаллохитоб» ва «киромиюдарача» тавсиф намуда менависад, ки «аз абёташ буи мухдббат меояд» [3. С. 31].

Аз ин ру, метавон таъкид кард, ки фаъолияти адабии С.Айнй бо фаъолияти маорифпарвариаш хдмбастагии кавй дошта, барои фарохдм омадани сабку равияи нависандагии у, ки баъд аз инкилоби Октябр босуръат ривоч ёфт, мусоидат намудааст.

Адабиёт:

1. Айнй С. Куллиёт. Ч,. 1. - Сталинобод: Нашрдавлточ, 1958.

2. Айнй С. Куллиёт. Ч. 6.- Душанбе: Нашрдавлточ, 1962.

3. Брагинский И. С. Даёт ва эчодиёти Садриддин Айнй. - Душанбе: Ирфон, 1968.

4. Имомов М. Чах,онбинй ва тафаккури бадеии Садриддин Айнй. - Душанбе: Матбуот, 2001.

5. Сидиков С. Маълумоти С. Айнй ва Садри Зиё дар бораи якдигар / Чашнномаи Айнй. Ч. 3. - Душанбе: Дониш, 1966.

ФОРМИРОВАНИЕ ТВОРЧЕСКОЙ ЛИЧНОСТИ С. АЙНИ

Аннотация. В данной статье рассматривается творческая личность С. Айни формировавшийся на двух периодах: первый период, когда он с целю учебы переехал в город и таким образом вошел в литературные круги Бухары. Второй период, когда он начал изучать произведение ученного и просветителя Дониша и др.

Автор исследует основание творческой личности и мировоззрение С. Айни преобразившейся при изучении «Наводир-ул-вакоеъ» Дониша и некоторых других произведениях издавшихся заграницей.

Ключевые слова: C. Айни, творчество, личность, просветительство, джадидизм, проза, роман, литература, поэзия.

FORMATION OF CREATIVE PERSONALITY OF S. AINI

Abstract. This article deals with creative personality of S. Aini formed on two periods: the first period when he with the purpose of study moved to the city and thus entered the literary circles of Bukhara. The second period when he began to study the work of the scientist and educator Donish and others.

The author explores the foundation of the creative personality and outlook of S. Aini converts in the study of "Navodir-ul-vakoe" Donish and some other works published abroad.

Key words: S. Aini, creativity, personality, enlightenment, Jadidism, prose, novel, literature, poetry.

Сведения об авторах: Салимов Носир Юсупович - доктор филологических наук, профессор, академик Академии наук Республики Таджикистан, ректор Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни, e-mail: tgpu2004@mail.ru

Солехов Шамсиддин - доктор филологических наук, начальник Центра таджикского языка и обучении иностранных языков Национальной библиотеки Таджикистана, e-mail: soleh59@mail.ru

Information about the authors: Salimov Nosir Yusupovich - Doctor of Philology Sciences, professor, academician of Academy of science of the Republic of Tajikistan, rector of the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini

Solehov Shamsiddin - Doctor of Philology Sciences, head of the Center of the Tajik language and learning of foreign languages of the National Library of Tajikistan

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.