Научная статья на тему 'ESPECIALLY POETRY LYRICAL FEELING AND MEDITATION (FOR EXAMPLE OF CREATIVITY MUMIN KANOAT, QUTBI KIRM, BOZOR SOBIR)'

ESPECIALLY POETRY LYRICAL FEELING AND MEDITATION (FOR EXAMPLE OF CREATIVITY MUMIN KANOAT, QUTBI KIRM, BOZOR SOBIR) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
60
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЛИРИЧЕСКАЯ ПОЭЗИЯ / МЕДИТАТИВНАЯ ЛИРИКА / ЛИЧНОСТЬ / ВЕЩЕСТВЕННЫЙ МИР / ЧУВСТВА / РАЗДУМЬЯ / ПЕРЕЖИВАНИЕ / ЭМОЦИОНАЛЬНОСТЬ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Хакимов Аскар

Лирическая поэзия является выразителем личностных, субъективных чувств и раздумий. В данной статье рассматривается разновидность этих лирических чувств и раздумий, имеющих основополагающие значения для определения видов лирической поэзии, выражающихся посредством лирической личности, самого поэта или других субъектов стихотворения. Анализируется, как лирический поэт для познания реальной действительности, обращается к своему внутреннему миру и познает его соответственно тем чувствам и раздумьям, которые возникли у него в соприкосновении с ней. Указывается, как лирический поэт обладает неограниченной возможностью выражать и изображать самые разнообразные чувства, раздумья, переживания, в которых существен след объективной реальности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ОСОБЕННОСТИ ПОЭЗИИ ЛИРИЧЕСКИХ ЧУВСТВ И РАЗДУМИЙ (НА ПРИМЕРЕ ТВОРЧЕСТВА МУМИНА КАНОАТА, КУТБИ КИРОМА, БОЗОРА СОБИРА)

Lyric poetry is the expression of personal, subjective feelings and thoughts. This article describes a kind of lyrical feelings and thoughts that are fundamental to determine the kinds of lyric poetry, is expressed by a lyrical personality of the poet himself or others poems. Analyzed as a lyrical poet for the knowledge of reality, he turns to his inner world and knows it according to the feelings and reflections that arose in his contact with her. It is pointed out as a lyric poet has unlimited opportunities to express and portray a variety of feelings, thoughts, experiences in which there is a trace of objective reality.

Текст научной работы на тему «ESPECIALLY POETRY LYRICAL FEELING AND MEDITATION (FOR EXAMPLE OF CREATIVITY MUMIN KANOAT, QUTBI KIRM, BOZOR SOBIR)»

- ) сохта шудааст, вале дар баъзе мавридх,о авзони баъзе мисраъх,о аз доираи талаби вазни бах,ри номбурда берун баромадаанд.

Хулоса, тарчеъбандх,о аз лих,ози талаботи шаклпарастй дар хдвзаи адабии Бадахшон агар дар як поя набошанд х,ам, аз чихдти вижагии мундаричавии хеш аксар тамоюли динй-мазх,абй гирифтаанд ва бозтоби эътик;одоти гуяндагони хеш мебошанд.

Адабиёт:

1. Абибов А. Аз таърихи адабиёти точик дар Бадахшон/А. Абибов. - Душанбе:Дониш, 1971.

- 196 с.

2. Давлатбеков Л. Рузгор ва осори шоирони Бадахшон/Л. Давлатбеков. - Душанбе, 2014. -

179 с.

3. Мулло Лочин. Муночот ва дигар гуфторх,о/Мулло Лочин.- Карочй - Покистон, 1383

4. Мусулмониён Р. Назарияи адабиёт/Р. Мусулмониён. -Душанбе, 1991.-334 с.

5. Шох,замониддини Адими Шугнонй. Ашки хдсрат/Адими Шугнонй. - Роулпанди

Покистон, 1380. - 358 с.

НЕСКОЛЬКО СЛОВ ОБ ОСОБЕННОСТЕЙ ТАРДЖЕОТ ПОЭТОВ БАДАХШАНА

Тарджеот является отдельным литературным видом, который состоит из жанров тарджебанд и таркиббанд. Тарджеот как вид поэзии ползовалься особым почтением среди поэтов Бадахшана, так как он весьма подходил для выражения религиозно-философских суждений своих творцов. Авторы таржеот сочиняли свои произведения на подражанию классической таджикской литературы, что особо подчеркивается и анализируется в статье.

Ключевые слова: тарджеот, литературный вид, тарджебанд, религиозно-философские суждения, классическая таджикская литература.

SOME WORDS ON THE PARTICULARITY OF TARJE'OT OF THE BADAKHSHANI POETS

Tarje'ot is recognized as a separate literary form and consisted from two genres: Tarje'band and Tarkibband. As a form of poetry Tarje'band was very popular among the Badakshani poets because it was very suitable for producing their philosophical and religious thoughts. The Badakhshani poets have created their poems in line with the Tajik Classical Literature, which is analyzed and emphasized by the author of this Article it in particular.

Keywords: tarje'ot, literary form, genre, Tarje'band, Tarkibband, Tajik Classical Literature.

Сведения об авторе: Давлатбеков Лоло, кандидат филологических наук, доцент, докторант Таджикского национального университета, e-mail: rusik-2871@mail.ru

About author: Davlatbekov Lolo, PhD in Philology, Associate Professor, doctoral candidate of Tajik State University

_ УДК: 891.550.09-1 МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕША^ОИ ОТИФИ

(Дар мисоли эчодиёти Муъмин Кдноат, Кутбй Киром, Бозор Собир)

%акимов А.

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Дамчунонки маълум аст, шеъри гиной асосан шеърест, ки андешаву эх,сосоти шахсиро бевосита ифода менамояд. Ин сифати шеъри гиной дар аксари асарх,ои тахдик;отй оид ба анвои адабй, масалан дар тадк;ик;оти олимони рус Г. Л. Абрамович [1, с. 259], Ф. М. Головенченко [4, с. 260], Г. Н. Поспелов [11, с. 105] ва хдмчунин тадк;ик;отчиёни точик Х. Отахонова [10, с. 335], С. Табаров [15, с. 306], Р. Додизода [17] таъкид мешавад, ки хдк; мебошад. Бо вучуди дурустии ин ак;ида он фарогири тамоми анвои шеъри гиной нест, зеро дар он чах,они айнй (объективй), шайъй х,ам х,узур дорад. Шоири гиной ^ам дорои имкони беохир аст ва гуногунтарин андешаву эх,сосот, таассуротро вобаста ба мух,тавои интихобнамудааш ифода карда метавонад, ки нак;ши замон ва зиндагии ичтимоиро дар худ дорад. Ин гуна хусусият доштани лирикаро Л. И.

Тимофеев вокеъбинона чунин кайд мекyнад: «Он (лиpика - А. Д.), хамчyн yмyман кулли адабиёт, зиндагиpо бо тамоми гуногуншаклияш инъикос менамояд...» [16, с. 352].

Аммо ба хаp хол, шоиpи тиной баpои маъpифати олам толибан ба чахони ботинии хеш pyй меоpад ва онpо вобаста ба он андешаву эхсосоте, ки даp у хангоми бо он муносибат каpдан пайдо мешавад, маъpифат мекунад. Ин чахони ботинии як шахс даp баpобаpи он чахони вокеъй ва ботинии маpдyм, ки шоиpи хамосй даp rnraëp доpад, хеле махдуд ба назаp меpасад ва даp натича чунин тасаввypоте пайдо шуданаш мумкин аст, ки шоиpи тиной баpои ифода ва тасвиpи андешаву эхсосот имкони камтаpе доpад. Аммо ин тасаввyp дypyст нест, зеpо шеъpи тиной хам ба монанди дигаp анвои адабй навъи хyнаpест, ки зиндагиpо ба тавpи таъмимй (типй) нишон медихад.

Даp шеъpи тиной даp шyypи мyфpади шеъp олами шyyp инъикос меёбад, ба он маъно, ки шyypи фаpдиpо, агаp он шyypи шахси эчодкоp бошад, шyypи як нафаp донистан дypyст набуда, шyypе бояд донист, ки он шyypи ичтимоъpо низ фаpо мегиpад. Зеpо хамчунон ки Л. С. Выготский кайд мекунад, «...ичтимоиpо на факат хамчун чамъиятй, хамчун мавчуд будани одамони бисёp бояд фахмид. Ичтимой даp он чое хам, ки як нафаp одам ва таассypоти шахсии y хаст, чой доpад» [3, с. 314].

Ин фи^ ба мо имкони комил медихад, ки хангоми тадкики хастии мyфpади шеъp, шахсияти тиной ва ё шахси шоиp даp паpтави шyypи y инъикоси шyypи ичтимоиpо низ бубинем. Зеpо шyypи шоиp хангоми эчоди асаp ё ба умки хастии худи y ё ба олами атpоф pyчyъ мекунад ва аз он чизхоеpо пайдо намуда, баpои тасвиp ва ё ифодаи максади худ истифода мекунад, ки даp айни хол муносибат ва назаpи ypо ба он вокеъият низ pавшан падидоp месозад.

Иpтиботи инсон бо чахон, хамчунон ки маълум аст, ба ду таpик сypат мегиpад -даpyнгаpо ва бypyнгаpо, ки аввалй инсонpо ба олами даpyн, pyхy pавон ва дуюмй ба олами беpyн, суи ичтимоъ мебаpад. Равоншиноси бyзypги мyосиp Лоypенс Э. Пеpвин менависад, ки: "Даp холати даpyнгаpой, чихатгиpии аслии фаpд ба даpyн ва чониби хештан аст... фаpди бypyнгаpо ба беpyн, ба чахони хоpич гаpойиш доpад» [8, 174]. Шубхае нест, ки тимсоли инсон даp адабиёт ва, аз чумла даp шеъp хам, даp нишон додани вахдати ин ду амал, даp амик pафтан ба олами даpyн, яъне даpёфтани фаpдияти худ ва иpтиботи гyстаpда доштан бо олами беpyн, яъне мавкеъ ёфтан даp ичтимоъ ба зyхyp меояд.

Нигохи М. ^аноат хам даp ашъоpи тиноияш бештаp бypyнгаpо, то даpyнгаpост. Шахси шоиp даp шеъpхои y ба шайъ, ки мавpиди тасвиp, андеша, эхсосот ва таассypот каpоp мегиpад, воpид гашта, ё аз забони худи он шайъ ва ё хамчун pовй аз забони шахси сеюм сухан мегуяд. Аммо даp хама холат ин андеша ва эхсосоту таассypоти худи шоиp аст, ки аз он ходиса ва ё он шайъ баpдоштааст. Бинобаp ин, шеъpи y хаpчанд тиноист, бештаp py ба олами хоpичy шайъист, то py ба олами даpyнy андешахои худтахлилй. Даp мyфpади шеъpи y он хох шахсияти тиной, хох шахси шоиp ва хох pовй бошад, хамон нигохи бypyнгаpо баpтаpй доpад, ки хосияти инсони ичтимоъан фаъол аст. Сабаби даp эчодиёти М. ^аноат ва даp ашъоpи тиноияш хам афзалият доштани мавзуву мухтавои ичтимой хам даp хамин аст, ки нигохи y аксаpан баp олами хоpич, баp шайъу баp ходиса мебошад. Вай даp шеъpи тиноияш хам, агаp баp олами даpyн меpавад, ба воситаи аносиpи олами хоpич ба даpyн меpавад.

Даp эчодиёти М. ^аноат ашъоpе, ки даp онхо мyфpад ва ё шахсияти тиной бевосита аз олами даpyн, аз эхсосоту таассypоти худии худ сухбат кунад, хеле ба нyдpат ба чашм меpасад, вале, ба хаp хол, y хангоми мypочиат ба шайъ, шахс ва ё ба ёд оваpдани ходисае, ки даp шеъp тафсиp мешавад, аз ангезаи чахони pyхии хеш низ сухан мегуяд. Масалан, даp шеъpхои "Дypи ноёб меёбад" (с. 1964), «Ману шабхои бехобй» (с. 1966) ва «Сypyди охиpин» (с. 1971), ки сеюмй аз силсилаи «Созхои Ш^оз» мебошад, ин андеша тасдик мешавад.

Mавpиди баёни таассypот ва эхсосоти ошиконаи хаp дуи ин шеъp махбуба аст ва «ман»-и тиной, ки шахси шоиp аст, pозy ниёзи хyдpо бо мypочиат ба махбуба ифшо менамояд. Даpчанд шеъpи «Ману шабхои бехобй» бо чунин мисpаъ отоз мешавад: "Ба ёди муи шабpанги ту // Шабpо то сахаp бypдам" [7, с. 11S], ки гуё бевосита ба махбуба мypочиат мекаpда бошад, аммо хангоми саpопо хондани шеъp маълум мешавад, ки хyзypи махбуба хамчун мавpиди мypочиат заpypат надоpад, зеpо шахсияти тиной хотиpоти ошиконаи хyдpо ба худ мегуяд. Бинобаp ин, хамаи он ба ёд оваpданy махбубаву оpзyхои «ман»-и шоиp аpзи холи дил каpдан ба танхоии худ аст.

Ки шояд дap лaби дapë Typо ëбaм тaни тaнx,о Бигуям бо лaби хомуш дap гyшaт Дилaмpо - доcтонaмpо,

Сyпоpaм дap тax,и боли ту чонaмpо... [7, c. 118].

Tacдики ин нyктa дap охиpтapи шеъp paвшaнтap 6a нaзap меpacaд, хднгоме ки «мaн» -и шоиp бaъд aз миcpaъx,ои «napï гaштй, Пapидй, aз capaм paфтй» мегуяд, ки мехоcтaм aз пyштaт пapвоз кyнaм: Вaле дидaм:

Mapо дap пой зaнчиp acт, Сaдо бapхоcт aз зaнчиpи тиллой: Marap овози зaнчиp acт, Ё овози тaкдиp acт?.. [7, 118].

Ин зaнчиp, ки 6a шоиp имкони aз пacи мax,бyбaи худ пapвоз кapдaнpо тамедихдд, чиcт? Ba чapо ин зaнчиp тиллой, яъне caхт apзишмaнд acт. Oë ин зaнчиpеcт, ки ишки пешин 6ap пои y aндохтaacт, зaнчиpи хонaводa? Он x,ap чй зaнчиpе бошaд, вaле дaкик acт, ки aгap мax,бyбa дap бapобapи ошик x^yp медошту мyхотaб кapоp мегиpифт, ин x,apфx,о 6ap зaбони фapди ошик нaмеpaфт, тaнx,о гоиб бyдaни мax,бyбa вa 6a худ cyx,бaт кapдaни мyфpaд имкон медихдд, ки ин cyхaнx,о гyфтa шaвaнд. Аз ин чунин бapмеояд, ки дap шеъpи гиной дap бaъзе мaвpид мyфpaди гиной, aгapчи 6a кacе бо pyчyъ cyхaн мегуяд, aммо дap он x,олaт низ тaнx,о бо худ cyx,бaт кapдaнaш мумкин acт. Дap ин гyнa aшъоp y x,apими дили хyдpо бapои худ мекушояд, гyë aз ëд мебapaд, ки бa кacи дигap мypочиaт мекapд вa бо хдмин мax,paмонa вa гyë бехaбapонa pози дил кapдaнaш бештap caмимонa ^бул мешaвaдy дap дил менишинaд. Mapгyбии ин шеъp дap бapобapи тозaвy тap, бо тазогат хaëлпapacтонaвy хдлимота бyдaнaш дap хдмон мax,paмонaвy гyë нохудогох, pози дил кapдaни «мaн» - и шоиp хдм хдет.

Шеъpи «Сypyди охиpин» бо aнгезaи pyx^ шaхcияти гиной огоз мешaвaд, ки aз ëдовapии хотиpоти ошикии бештap хaëлпapдозонa, то вyкyъгapоëнa cypaт гиpифтaacт. Агapчи дap ин шеъp хдм шaхcияти гиной бa мax,бyбa мypочиaт кapдa, чунин мегуяд: Бa тундй хaшми дapëям, Бa тaмкин caбpи cax,pоям, Бa нapмй чун дили ошик,

бa caхтй caнги хоpоям, Бa caвдо paфтa дyнë чун Сaмapкaндy Бyхоpоям, Maкyн дигap ту caвдоям [7, c. 149].

Baле x,yзypи мax,бyбa чой нaдоpaд, бинобap он шaхcияти гиной дap ин шеъp хдм хотиpотaшpо бa худ мегуяд, яъне бyдaн вa ë нaбyдaни мyхотaб axдмият нaдоpaд. Бa зaмми ин чунин бa нaзap меpacaд, ки ин мax,бyбa paмзиcт, то вокеъй, зеpо cyхaни шaхcияти гиной, ки ошикота бa зaбон меояд, дap боpaи y нa чун дap боpaи мax,бyбaе, ки чиcмaн вучуд доpaд, бaлки дap боpaи мax,бyбaе мебошaд, ки бештap тим^л acт. Аз ин py, ин шеъp хдмчун pозy ниëзи шaхcияти гиной, ки бa шоиp кapобaт доpaд, кaбyл мегapдaд. Бa шоиp кapобaт доштaни шaхcияти гиной дap ин шеъp aз он чихдт acт, ки шоиp M. Kдноaт вокеъaн бa Шеpоз caфap дошт вa ин шеъp бa ин caнaди тapчyмaиx,олй гyë пaйвaнде доpaд, aммо нa бештap. Зеpо aндешaвy тaaccypоте, ки шaхcияти гиной ифодa менaмояд, acоcaн пештap дap них,оди y вучуд доштa, х,оло онpо бa caбaби дил бypдaни мax,бyбaи тимcолиaш бa зaбон меоpaд. Ин та тaнx,о aз мaзмyни бaйти aввaли бaнди дуюми шеъp бapмеояд, ки мегуяд:

Ки дap caвдои ту aз дacт додaм cycry caхтaмpо, Ки Доpо бyдaмy aз дacт додaм точу тaхтaмpо [7, c. 149].

Ba дap зaбони бaнди caввyми шеъp дap шоиp пеш aз ин вокеъa вучуд доштaни тaaccypоти бaëншaвaндa paвшaн мyшx,идa мешaвaд, зеpо феълх,ояш дap зaмони гyзaштaи хдкоятй хдеганд.

Typо бо зевapи лaфзи дapй пapвоз медодaм, Сукути capдy ypëни тypо овоз медодaм [7, c. 149].

Дap ин шеъp шaхcияти гиной шyypи мyaллифpо ибpоз менaмояд, зеpо xдpфx,ое aз кaбили «Бa caвдо paфтa дyнë чун Сaмapкaндy Бyхоpоям, // Ки Доpо бyдaмy aз дacт додaм точу тaхтaмpо» xдpфx,ое хдеганд, ки дap мaтни мaфкypaи M. Kaноaт чой доштa, дap шеъpx,ои дигapaш хдм бa paнгy боpи дигap aкcaндозй кapдaaнд. Умyмaн, дap ин cилcилa ибpози шyypи мyaллиф бap caнaди тapчyмaиx,олй бapтapй доpaд. Аз хдфт

шеъpе, ки силсилаи «Созхои Ш^оз» ^о фаpохам оваpдааст, хамин шеъpи «Сypyди охиpин» бештаp даp атpофи андешаву таассypоти шахсияти тиной мечаpхад, шеъpхои дигаpи он бо мypочиат ба дигаpон ва ё шайъ гуфта шудаанд, ки ин хам бештаp ба олами хоpич таваччух доштани М. Kдноатpо собит менамояд.

Силсилаи шеъpхои «Созхои Ш^оз» соли 1971 навишта шудааст, вале бо маpмyзии худ даp матни шеъpи точики он айём, ки бештаp сода буданд, гунчоиш надошт. Аз ин py, хамчунон ки худи М. Каноат даp сухбаташ бо Р. Мусулмониён «Лузуми посухи шоиpона ба ниёзхои маънавии маpдyм даp Точикистон» даp мачаллаи эpонии «Номаи rop^» кайд каpдааст, он аз чониби накди он замон сахт зеpи танкид каpоp гиpифт. М. Каноат ба суоли Р. Мусулмониён «Бахои Шумо ба интикодхои устод Табаpyф чй гуна аст?..», аз чумла, чунин посух гуфтааст: «... даp соли 1350 (1972 - А.Д.) даp мачлиси Раёсати Иттиходияи нависандагон силсилаи шеъpхои «Созхои Шеpоз»-pо зеpи тозиёнаи танкид гиpифт ва ба эpонпаpастй ва космополитизм (инкоpи аpзишхои миллй) муттахам каpд ва устод М. Тypсyнзода хам ypо чонибдоpй каpд. Баъд аз ин Сохиб Табаpyф даp боpаи ман чизе навишта бошад, мухим набуд ва даp ёд надоpам» [9, с. 242]. Ин танкид аз чониби С. Табаpов хам шохиди он аст, ки на танхо даp адабиёти бадеъй ва шyypи адибон, балки даp накд хам хамон якpангии мафкypаи ичтимой хyкфаpмо буд, ки танхо дастоваpди сохти шypавй дастоваpд асту кобили кабул ва дигаp хама иpтичой. Вагаpна, даp ин силсилаи шеъpхо на аломате аз эpонпаpастй хасту на аз космополитизм - инкоpи аpзишхои миллй. Баpъакс, он чизе ки даp боpаи Эpон гуфта шудааст, аpзишхои миллиест, ки моли мyштаpаки хаp дуи ин халк - точикону эpониён мебошад ва агаp М. Каноат аз онхо ифтихоp мекунад, ин ифтихоpи шоиpи точик аст аз аpзишхои миллии халки худ. Аммо хамин чиз хам даp махдудаи шyypи ичтимоии он замон гунчоиш надошт. Даp давоми ин сухбат М. Каноат ба суоли дигаpи Р. Мусулмониён, аз чумла, чунин мегуяд: «Инpо хам бояд гуфт, ки он солхо устод Табаpyф монанди бештаp мунаккидин ба боpи замонй ва ичтимоии адабиёт эътибоp медоданд, на ба умки он» [9, с. 242]. «Боpи замонй ва ичтимой» ин хамон шyypи ярангу сатхист, вагаpна боpи замонй ва ичтимой хаpгиз умки адабиётpо истисно намекунад, баpъакс хамаи асаpхои олие, ки то имpyз зиндаанд, даp баpобаpи амикиашон боpи замонй ва ичтимой хам доpанд.

Шеъpи андешахои отифии худтахлилй даp солхои баъдй даp эчодиёти Муъмин Каноат ягон-ягон дyчоp меояд, ки тазалхои "Бигиpям" (с. 1993), "Лофи Ватан" (с. 1993), "Ватан" (с. 1996) аз чумлаи онхо буда, махсусан тазали аввалй ва охиpй аз чихати кушодани замиpи шоиp, ки даp солхои фочиаи чанги шахpвандй окандаи даpдy pанч шуда буд, хеле пypбоpy пypмyхтавост. Даp ин тазалхо даpдхои Ватан хамчун даpди шоиp зyхyp мекунанд, аз ин py онхо сахт пypтаъсиpанд, зеpо хангоме ки даpди Ватан, ки як мафхуми бyзypги куллист, даpди як нафаp мешавад, асаpи он ба маpотиб меафзояд, албатта, ба шаpте ки хyнаpмандона гуфта шуда бошад, ки даp ин ду тазал хамингунаанд.

Баpои шоиpони нимаи дуюми садаи бист, махсусан баpои насле, ки баъди М. Каноат ба адабиёт воpид шудааст, чахони хастй дигаp ба ду таpафи ба хам мукобил -неку бад, сиёху сафед, оливу паст чудо нашуда, он вокеъиятест, ки даp он ин сифатхо ба хам омехтаанд ва онхоpо вобаста ба шаpоити таъpихй ва зyхypи онхо бояд диду муайян каpд. Myфpади тиноии шеъpи ин замон вокеъиятpо бо назаpи ичтимоию ахлокй месанчаду бахо медихад, зеpо баpои шоиp махз хамин вокеъият саpчашмае мебошад, ки y аз он маводи эчоди хyдpо мегиpад ва онpо аз pyи матлабаш аз нав бозофаpинй мекунад. Бинобаp он, мачмуъи ходисот ва таассypоти гуногун, ки даp чахони хастию маънавии инсон pyх медиханд, аpзишмандии отифиву шоиpона пайдо менамоянд. Дамин таpик, тамоми ходисоту ашьё, ки аз чониби шоиp маъpифат мешаванд, имкон пайдо мекунанд, ки мавpиди шеъp каpоp бигиpанд. Вале баpобаpи ин шоиp он вокеъаву ашёеpо ба тасвиp мегиpадy ифода менамояд, ки ба маpоми эчодии y мутобик ва хусусияти таъмимй дошта, мафкypаи ичтимоиpо хам баён намояд ва даp баpобаpи ин фаpдияти хyдpо хам аз даст надихад, зеpо бунёди эчодкоpи асил даp фаpдияти уст.

Он чиз хам ачиб аст, ки шеъpи мyосиpи точик даp нимаи дуюми асp баpои аз нав зинда шудани ин мавзуъ аввалин таконpо аз сонетхои Шекспиp гиpифт, ки баъд аз таpчyмахои Кутбй Киpом вокеъ шуд. Кутбй Киpом, ки онхоpо ба точикй баpгаpдонд, чанд шеъp даp он pавия гуфта, сонет ном гузошт, ки онхо агаpчи аз сонет аз назаpи жанp - адади мисpаъ ва таpзи кофиябандй фаpк доштанд, аммо тамоман бекаpобат хам набуданд, ки ин номгyзоpии шоиppо кобили кабул мегаpдонданд. Асли масъала даp ин

чо та дap шaкли жaнpй, бaлки дap нaвъи aндешaхои хиccиëтaнгези шaхcияти гиноиcт, ки мояaш бap тaзод acт, дaкиктapaш aндешaхои мyтaзоди шaхcияти гиной, ки зодaи aнгезaхои pyx^CT, мaвзyи шеъppо тaшкил мекyнaнд.

Шуд capи беcap, дили бедил нacибaм aз хaëт, Хaндaхоям нолa доpaд, нолaхоям хaндaе. Maн чй мегуям, чй мепypcaм, чй меcозaм бa худ, Гуй (?)* дap ин pyзгоpон хaм шaхaм, хaм бaндaе [5, c. 30].

Ангезaи pyxï, ки aз шох ë бaндa бyдaни шaхcияти гиноии шоиp огоз мешaвaд, aндешaхои мyтaзодpо боp меовapaд, зеpо aз як cy шох вa aз дигap cy бaндa холaтхои бо хaм зид доpaнд. Шaхcияти гиной pyзе, ки бaйтхояшpо pyи когaз кaшидa метaвонaд, хyдpо шох вa гохе, ки pyзхояшpо беcyд бapбод медихaд, хyдpо бaндa мепиндоpaд, вaле дap охиp дapмеëбaд, ки нa ин acтy та он, y кacеcт, ки ин хap ду acт, яъне ду инcони мyтaзод дap як ижон, ду олaми мyхтaлиф дap як олaм, яъне дap олaми шоиp acт: Узp, ëpон, шоиpaм мaн, нa шaхaм, нa бaндaе, Хaндaхоям нолa доpaд, нолaхоям хaндaе [5, c. 31].

Дapчaнд ки хap лaхзa дигap шyдaни инcон дap гaзaли "Киcтaм?" - и Кутбй Киpом X0cили aнгезaи pyхиcт вa тapзи ифодaи он бештap хитобию кaмтap мaхcycy тacвиpиcт, он мaхaки aндешaхои хyдтaхлилии шaхcияти гиной кapоp гиpифтa, бapои чycтyчУ дap олaм вa тaaccypоти мyхтaлифи инcон мaдaд мекyнaд. ^ap лaхзa дигapшaвии aвзои шaхcияти гиной aз pyи тaзод cypaт мегиpaд, y хyдpо лaхзaе пypacpоp — ошкоp, шapоpи отaш — бaхpи бекaноp, шaхбоз — кaфтap вa монaнди инхо меaнгоpaд вa дap охиp хyлоca мекутад, ки:

Сиcолa pохи yмpи мaн тaй шуд, нaдонaм киcтaм?

^ap pyз мaн дap aхди худ caд боp дигap мешaвaм [6, c. 79].

Дap эчодиëти Кутбй Киpом шеъpхои гиноии aндешaхои отифии хyдтaхлилй кaмтap бa нaзap pacaнд хaм aшъоpе, ки дap aœra aнгезaхои отифй cypyдa шyдaaнд, чой доpaнд. Ин aнгезaхо бa cypara тaaccypоти мyтaзод apзи зyхyp мекутанд. Азбacки ин тaaccypоти мyтaзод бештap дap нaтичaи pyй овapдaн бa мacъaлaхои ичтимой бa миëн меояд, бa шеъpи К. Киpом хycycияти мaъpифaтбaхшй медихaд. Ин дaлели он aCT, ки aшëвy ходиcоти олaми вокеъpо фapо гиpифтaни шеъpи К. Киpом мyшaххacaн вa шеъpи гиной yмyмaн, ниcбaт бa он ки тacaввyp мешaвaд, хеле фapохтap мебошaд.

Дap aшъоpе, ки дap онхо мyфpaди гиной кaмтap aз хaкикaти вокеии зиндaгй вa бештap aз зaфapхои дaвpон, aдолaти cохти ичтимой, гулгулшукуфй вa хaмин гyнa мaвзyъхо cyхaн мегуфт, вaзифaшиноcии cиëcии y мyкaддaм буд, зеpо дap бaйни хaкикaти зиндaгй вa вaзифaи raëcï, ки кapиб дap хaмaи дaвpy зaмонхо шaхcи эчодкоp, мyтaccифонa, чaбpaн бa зиммa мегиpифт вa дap зaмони cотcиaлиcтй хaм хaмин тaвp буд, ночУpй вучуд дошт. Ин ночУpй дap нимaи дуюми кapни ХХ дap aндешaхои мyфpaди шоиpоне, монaнди Кутбй Киpом, Лоик, Гyлнaзap кaм - кaм зохиp мешyдa бошaд, дap эчодиëти Бозоp Собиp, ки ниcбaт бa дигapон aз вaзифaшиноcии cотcиaлиcтй озодтap буд, биcëpтap бa нaзap меpacид. Бинобap ин, мyфpaди гиной, ки дap aшъоpи Бозоp Собиp apзи вучуд мекapд, мaънии хacтии хyдpо дap тaaллyкоти дигap медид, ки бештap дap дилбacтaгии y бa apзишхои мaънaвии миллй, ки дap дехот бокй мондaaнд, зохиp мешуд. Пaйвaнди Бозоp Собиp бо хaëти дех, ки aз дехотй бyдaни худи шоиp бapмеояд, боз бa ичpои хaмин мaкcaд, ки шеъpaшpо aз кaшидaни вaзифaи cиëcй озод кyнaд, хидмaт мекapд.

Агap, aз як тapaф, дap aшъоpи ин cолхо мyфpaди гиной, ки фикpy зикpaш, кушишу хapaкaтaш бapои aмaлй шyдaни дapхоcтхои ичтимоии зaмон paвонa шyдaacт, мaвкеи мухим дошт, aз тapaфи дигap, тимcоли инcоне бa зyхyp меомaд, ки бештap пaи бapовapдaни ндазхои зиндaгии фa_pдии худ бyдa, мyноcибaтaш бо ичтимои зaмон aз pyи меъëpхои дигap cypaт мегиpифт. У бa хap инcон, новобacтa aз тaaллyкоти ичтимоияш, хaмчyн хaлкaи пaйвaнди cилcилaи инcоният кимaт коил буд, озодии фapдии ypо шapти acоcии эътибоpи инcонияш медониcт. Ин мyфpaди гиной дap хap cypaт зyхyp кyнaд, хох дap cypaти шaхcияти гиной, шaхcи шоиp, pовй вa ë чун мaвзyъ тacвиp шyдaн, озодии комили хyдpо тaкозо мекapд вa бap зидди хaмa гута мaхдyдияти озодй вa ë кaмтapин зypовapй кapдaн бa шaхcияти y, хох aз чониби cохти ичтимой бошaд вa хох aз чониби конуниятхои acоcии низоми олaм, caдои эътиpози хyдpо бa гуш меpacонид.

* Дap инчо дap вaзн caктa вучуд доpaд.

Акнун инсон на факат хамчун ифодакунандаи ин ё он мафкypаи ичтимоию сиёсй, балки хамчун гаpонбахотаpин офаpидаи табиат, ки баъзан аз pангy боpи мазхабй хам оpй набуд, шинохтаву тасвиp каpда мешуд. Ин хама аз он шаходат медод, ки даp шyypи ичтимоии солхои хафтоду хаштод ва махсусан навадум зиддиятхое вучуд дошт, ки баpои аз байн pафтани тояи каблии инсони шypавй замина гузошта, баpои давpоне, ки асоси фахмиши тозаpо даp мавpиди муносибати инсону чомеа фаpохам меоваpд, pох мекушод. Яъне бунёди таълимоти муносибати инсони каблй бо чомеъа таpак хypда, баpои эчоди навин холо замина фаpохам набуд. Даp ин давpон маъмулан даp адабиёт, даp шеъp, ва махсусан даp шеъpи тиной, ангезахои pyхй, ки боиси андешахои худтахлилй ва саp фypy бypдан ба олами фаpдии худ мешуданд, мавкеъ пайдо мекунанд. В. Белинский зyхypи шахсиятpо даp ин гуна айёми чомеа хеле дакик баён каpда буд: "Ин холати даpгyзаpи pyх аст, ки даp он баpои инсон хама чизи кухна хаpоб шуда, вале нав холо пайдо нест... Даp холати ангезаи pyхй инсон ба ду кисмат чудо шуда, яке аз он зиндагй ба саp мебаpад, дигаpаш ypо назоpат ва даp боpаи y хукм мекунад» [2, 253].

Myфpади тиноии шеъpи Бозоp Собиp даp солхои аввали эчодиёташ, махсусан даp мачмуаи "Пайванд" (с.1971), бештаp андешахояшpо даp холати ангезахои pyхй баён мекаpд, вале бо ин фаpк аз дигаpон, ки ин ангезахо каpиб хамеша бо табиат мепайвастанд ва ё махз табиат ба пайдоиши онон сабаб мешуд. Вай шеъpи маpомномааш "Оpзyи зинда" ^о хам бо таъкиди махз хамин пайванд отоз каpда буд: Кудаки сангаму аз отуши кyхсоp кунун Дамpахи буи бахоp, Дамpахи нолаи мypFони сахаp, Ман ба овози дигаp

Mеpавам суи ту, эй шеъpи Ачам [12, с. 7].

Даp ин поpа ба ду нукта бояд таваччух каpд, ки даp он шоиp аз "нолаи мypFOни сахаp" сухан мегуяд ва оханги даpд доштани шеваи шоиpии хyдpо гyшpас каpда, хамчунин бо ибоpаи "ба овози дигаp", аз дигаpон фаpк доштани лахни хyдpо паём медихад, ки баъдхо собит хам мешавад. Инхо хама якчоя такя ба табиат дошта, пайванди хамешагии мyфpади Fиноиpо ба он ифода менамоянд. У пас аз хафт-хашт сол даp мачмуаи сеюмаш "Гули хоp" (с. 1978), ки як навъ мунтахаби аввали шеъpхояш буд, даp шеъpи "Фаpзанди дехкон" pеша даp дехот ва табиат доштани хyдpо чунин изхоp мекаpд:

Давоми шиp-шиpи баpги алафхост Дичою хаpфи ман даp шеъpи озод. Fазалхои маpо даp шабдаpавхо Ману шаббодахо каpдем эчод [13, с. 11].

Даpчанд хангоми тахкики ашъоpи шоиp танхо даp доиpаи гуфтахои y фикp pондан, эчодиёти ypо шомили танхо хамон хусусиятхое, ки y худ номбаp каpдааст, ибоpат донистан кофй нест, аммо аз гушзади y тамоман катъи назаp каpдан хам ноpавост. Дангоми бо ашъоpи Бозоp Собиp саpи ^p доштан ба эътибоp бояд гиpифт, ки таъкидоти y яке аз чихатхои мyхимтаpини эчодиёташpо ифода мекунанд. Яке аз онхо ин саpчашмаи шеъp ва ба табиат пайванд будани андешаву эхсосоти мyфpади тиноии уст.

Даp солхои шасту хафтод на факат Бозоp Собиp, балки шyаpои дигаpе хам ба табиат pyй оваpда, ба ин таpик баpои таpy тозагй ва махсусияти шеъpи худ, ки аз он на факат акл, балки хисси панчгонаи инсон хам кайфияте баpад, истифода каpдаанд. Ин чустучу буд, ки баp табиияти шеъp афзуда, онpо аз маснуият ва мyчаppадй начот медод. Аз ин py мyфpади тиной даp эчодиёти М. Тypсyнзода, А. Шукухй, М. Каноат, Кутбй Киpом, Лоик, Гyлназаp, Гyлpyхсоp ва дигаpон ба табиат бештаp гаpоиш дошта, онхо онpо даp ибpози хиссиёт ва тассypоти хеш ба rap меандохтанд. Ин аз як чихат. Аз чихати дигаp, пайдо шудани ин холат ба вусъати инкилоби илмию техникй хам вобаста буд, ки хамчун таpзи махсуси вокуниш зyхyp каpда, ёдоваp мешуд, ки бо вучуди зиндагиpо фаpо гиpифтани инкилоби илмию техникй пайванди инсон бо табиат аз он хам мyхимтаp мебошад.

Даp айни хол мохияти масъала даp чигунагй, даp махсусияти пайванди мyфpади тиноии шеъpи Бозоp Собиp бо табиат аст, ки ypо аз дигаpон фаpк мекунонад, вагаpна шеъpи шоиpони дигаp хам аз табиат канда нест. Баpои мyфpади тиноии Бозоp Собиp табиат мухитест, ки даp он инсон бо хиссиёти нозук, шавку хаячони хамешагй, зебопаpастй, одамият ба камол меpасад, табиат мухити табиии камолоти уст, ки

аксаpан на аз баpои тавзех ва даp сypати чиз ва ё манзаpае нишон додани хиссиёту хаячони шоиp, балки хамчун мухите, ки мyфpади тиной даp он бо хиссиёту хаячон, бо шавку таассypоти худ вучуд доpад, ба назаp меpасад.

Аз андешахои худтахлилии отифии мyфpади тиноии Б. Собиp баpмеояд, ки хамаи даpёфтахою гyмкаpдахои y аз табиат хастанд, яъне y чузъи табиат аст ва аз ин py мyфpади тиноии y ба табиат на танхо чун манбаи воситахои тасвиp баpои баёни хиссиёту таассypоти худ муносибат мекунад, балки даp он бештаp мавчудияти комил, хастии хамаpyзаи хyдpо мечуяд. Даp ин хамзистии табий y сангхоpо pафики баччагй мешиносад ва онхоpо ташхис каpда, даp шеъpи "Кудакй ку?" саpашонpо бо мехp сила мекунад ва мегуяд:

Бахоpон боpи дигаp меpавам хамpохи кудакхо

Баpои чучахои кабки хyшpафтоp.

Таги хаp бyттаpо бо даст мекобам,

Саpи хаp сангpо охиста мемолам

Зи шавку шодии тифлонаам саpшоp [12, с. 17].

Даp мухити муайяни табий даpк каpдани инсони вокей, даp айни хол, шоиp ва ё мyфpади тиной яке аз воситахои асосй буд, ки шеъpи мyосиppо даp нимаи дуюми каpн, аз чумла даp эчодиёти Бозоp Собиp ва шоиpони ин насл, аз "умумй" шудан начот дод. Онхо инсонpо даp отуши табиат медиданд. Даp хиссиёту таассypоте, ки даp y пайдо мешуд, саpчашма, мухит дошта, хаp боp нотакpоp ба калам меомад, зеpо тасвиpи вокеии табиат инсони вокеиpо такозо мекаpд. Даp инсони вокей бо табиат, бо чамъият муносибат ва пайвастагии фаpдй доpад, ки бо pyхиёт ва чахонбинии вай вобаста буда, тасвиpи онхо шоиppо ба нигоpиши гуногунчихат ва хаматаpафаи инсон меpасонад.

Даp ашъоpи солхои шасти Бозоp Собиp мyфpади тиной, ки ба андешахои худтахлилии отифй меpавад, чун инсони вокей чехpаи мушаххас доpад, аммо хануз доиpаи муносибати вай бо чамъият махдуд аст. Вай бештаp ба он маштул аст, ки хотиpоти бачагии хyдpо боз оpад ё аз мехpy мухаббати чавонии худ, хамчунон ки даp шеъpхои «Чдвонй», «Кудакй ку?», «Бачахои дехотй» ва Fайpа хаст, сухан гуяд.

Пайванди мyфpади тиной бо табиат, ки хyдpо хамчун як чузъи он даpк мекунад ва ё ба воситаи табиат андешахои хyдpо баён медоpад, ба таpзy таpик ва сабки эчодии шоиp сахт вобаста аст. Ва агаp шоиp табъан тиной бошад, табиат даp оинаи чашмони мyфpади тиной намyдоp мешавад ва гушахои нихони замиpи мyфpадpо инъикос менамояд. Даp дахсолаи аввали эчодиёташ таассypоти Бозоp Собиp аз олам асосан тиной ба назаp меpасад, каpиб хамаи ашё, мавчудот ва ходисот аз pyи таассypот ва андешахои отифии мyфpади тиной ва ё шахси шоиp ба калам кашида мешуд. Даp аксаpи холат мyфpади тиной худи шоиp буд, ки бештаp ба худшиносй ва худифшой мекушид ва табиат хам баpои амалй шудани ин максад созгоpй мекаpд. Таассypоти шоиp хамзоди авзои табиат буд, ки гохо pyхпаpваpy босypyp ва гохо хyзноваpy малолангез ифода мегашт. Даp ин ашъоp накши андешаву эхсосоти мyфpади тиной баp тасвиpи табиат баpтаpанд ва сабаби даp ин бахш баppасй шудани онхо хам даp хамин аст, вагаpна ашъоpе, ки даp онхо тасвиpи табиат баp андешаву эхсосоти мyфpади тиной афзалият доpанд, даp бахшхои дигаpи ин pисола мавpиди тахкик каpоp гиpифтаанд.

Myфpади тиноии Бозоp Собиp даp андешахои худтахлилиаш хам хyдpо камтаp ба чониби ичтимоъ, балки бештаp ба отуши табиат бypда, ба он пайванд медихад. Ин маънй даp шеъpи "Реша" -и у, ки даp зимни табиат ва чузъиёти он гуфта шуда, номи шеъp — "Реша" хам далели он аст, чунин баён гаштааст: Чй гуям?

Дастомузи худовандони фаpхангам, Ва одат каpдаам ман баp навозишхо, Ситоишхо...

... Вале бо ин мани хушбахт, Мане хам хаст,

Мани "вахшй", мани "сахpоие" хам хаст, Ки ypо мондаам даp пои минбаpхо... [13, с. 63].

Шахси шоиp даp ин шеъp банди ангезахои хиссй мебошад, даp у ду инсон ба хам мyбоpиза доpад: якум - "дастомузи худовандони фаpханг" ва "одат каpда... баp навозишхо... ситоишхо", дуюм - "вахшй", "сахpой", вале хамин дуюмй, ки ба садхо чашмаи сеpоб наздик аст, pешаи аввалист ва ypо сабз медоpад, хиссиёти болонишинй ва шyхpатхохии ypо конеъ менамояд. Шоиppо иззатталабии дуюмй он кадаp хушоянд

нест, баръакс ''мани вахшй ''-и у мавриди нигохи хушбини уст, зеро маълум мешавад, табардастоне хастанд, ки касди дарахти шухрати шоирро доранд ва у ба рагми онхо мегуяд:

Табардастон, чй мегуед?

Бе ин решаи "вахшй"

Дарахти сарбаланди шухрати ман

ташна хохад монд, Мани болонишин дар куллахои

осмонбуси бузургй ташна

хохам мурд [13, с. 64]. Яке аз мухимтарин фаркиятхои шеъри андешахои отифии Бозор Собир аз хамсолонаш дар хамин аст, ки андешахои Бозор Собир бештар дар намои табиат, бо суратхо, чузъиёти он махсус ба калам омада, хискардаи эхсоси панчгонаи вай хастанд. Муфради гиноии у суханро мучаррад нагуфта, кариб хамеша хискардагуст. Номи яке аз мачмуахояш инро махсус таъкид хам мекунад, ки "Бо чамидан, бо чашидан..." аст. Дар шеъре хам, ки "Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан..." ном дорад, шахси шоир бунёди хастй ва пайванди худро бо Ватан дар хамин хисси панчгона, яъне хисси комили худ мебинад.

Ман Ватанро аз кафои пода тахсис кардаам, Рузу шаб бо панч хисси зотиам хис кардаам. Бо забону чашму гушу бо димогу дасту по, Бо чамидан, бо чашидан, бо шамидан, бо садо [14, 26]. Дар ашъоре, ки муфради гиной андешахои мухими ичтимой, таърихиашро дар заминаи хиссиёти шахсй, хамчун мавзуе, ки ранчу азоб ва шодию нишотхои зиндагии уро ба хосил овардаанд, менигорад, хам шахсияташро амику пурмаънотар воменамояд ва хам андешахояшро ба хиссиёти тару тоза баён мекунад, ки шеърхои "Точикистон", "Бухоро", "Дар огуши кухистон" махсули хамин шеваи дарёфти мавзуъ мебошанд. Масалан, дар шеъри "Бухоро" хам аз шахсияту вокеъахои бисёри таърихй ёд оварда мешаванд, аммо дар сухани муфради гиной, ки гармй хасту у онхоро хамчун як чузъи таърихи хастии худ ба забон меорад, ба дилу чон таъсир мегузорад. Бухорои адабпарвар, Нигохи гарми ман аз фарки кухистон Ба суят чун Зарафшон рузу шаб чорист, Дамехохам чу пайвандат,

Ду чашмам мисли руде тар кунад руи заминатро, Нагардад то парешон пас аз ин хоки барумандат [14, с. 114]. Дамин тарик, пайвастагии тимсоли муфради гиной ва шоир дар ашъори Бозор Собир, хамчунон ки умуман дар шеъри гиной хаст, бисёр нозук ва ба назар нонамоён мебошад. Ин махсусан боз дар холатхое ноаёнтар аст, ки тимсоли муфради гиной бештар айният пайдо карда бошад. Аммо дар шеъри Бозор Собир муфради гиной бештар зехният дорад, яъне ба худи шахси шоир пайванд мегирад, ки аломати аксаран дар маркази таваччух карор доштани шахсият ва олами худии шоир мебошад.

Адабиёт:

1. Абрамович Г. Л. Введение в литературоведение. - М.: Учпедгиз, 1953.

2. Белинский В. Г. Полное собрание сочинений, т. IV. - М.: АН СССР, 1954.

3. Выготский Л.С. Психология искусства. Издание третье. -М.: Искусство, 1986.

4. Головенченко Ф. М. Введение в литературоведение. -М.: Высшая школа, 1964.

5. Киром Илхом. - Душанбе: Ирфон, 1968.

6. Киром Рези кухсор. -Душанбе: Ирфон, 1970.

7. ^аноат М. Осори мунтахаб.Дар ду мучаллад. Ч,илди якум. Шеърхо.-Душанбе: Ирфон, 1982.

8. Лоуренс Э. П. Равоншиносии шахсият. (Назария ва тахкик). Тарчумаи дуктур Мухаммад Ч,аъфар Ч,аводй, дуктур Парвин Кадевар. -Техрон: Муассисаи хадамоти фархангии Рисо, чопи дувум, 1373.

9. Номаи порсй. Шумораи саввум.-Техрон: Зимистони 1375.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

10. Отахонова Х. Тахаввули жанри достон дар назми муосири точик. -Душанбе, 2015.

11. Поспелов Г. Н. Теория литературы. -М.: Высшая школа, 1978.

12. Собир Б. Пайванд. -Душанбе: Ирфон, 1971.

13. Собир Б. Гули хор. -Душанбе: Ирфон, 1978.

14. Собир Б. Бо чамидан, бо чашидан... -Душанбе: Адиб, 1987.

15. Табаров С. Даёт, адабиёт, реализм. -Душанбе: Ирфон, 1966.

16. Тимофеев Л. И. Основы теории литературы. -М.: Просвещение, 1966.

17. Додизода Р.,Шукуров М., Абдучабборов Т. Фарханги истилохоти адабиётшиносй. -Душанбе: Ирфон, 1976.

ОСОБЕННОСТИ ПОЭЗИИ ЛИРИЧЕСКИХ ЧУВСТВ И РАЗДУМИЙ

(На примере творчества Мумина Каноата, Кутби Кирома, Бозора Собира)

Лирическая поэзия является выразителем личностных, субъективных чувств и раздумий. В данной статье рассматривается разновидность этих лирических чувств и раздумий, имеющих основополагающие значения для определения видов лирической поэзии, выражающихся посредством лирической личности, самого поэта или других субъектов стихотворения. Анализируется, как лирический поэт для познания реальной действительности, обращается к своему внутреннему миру и познает его соответственно тем чувствам и раздумьям, которые возникли у него в соприкосновении с ней. Указывается, как лирический поэт обладает неограниченной возможностью выражать и изображать самые разнообразные чувства, раздумья, переживания, в которых существен след объективной реальности.

Ключевые слова: лирическая поэзия, медитативная лирика, личность, вещественный мир, чувства, раздумья, переживание, эмоциональность.

ESPECIALLY POETRY LYRICAL FEELING AND MEDITATION

(For example of creativity Mumin Kanoat, Qutbi Kirm, Bozor Sobir)

Lyric poetry is the expression of personal, subjective feelings and thoughts. This article describes a kind of lyrical feelings and thoughts that are fundamental to determine the kinds of lyric poetry, is expressed by a lyrical personality of the poet himself or others poems. Analyzed as a lyrical poet for the knowledge of reality, he turns to his inner world and knows it according to the feelings and reflections that arose in his contact with her. It is pointed out as a lyric poet has unlimited opportunities to express and portray a variety of feelings, thoughts, experiences in which there is a trace of objective reality.

Keywords: lyrical poetry, meditative lyricism, personality, the material world, feelings, thoughts, experience, emotion.

Сведения об авторе: Хакимов Аскар, кандидат филологических наук, старший научный сотрудник отдела современной литературы Института языка, литературы, востоковедения и письменного наследия имени А. Рудаки Академии наук Республики Таджикистан, e-mail: askar_hakim@mail.ru

About author: Hakimov Askar, PhD in Philology, Senior Researcher of Department of modern literature, Institute of Language, Literature, Oriental studies and Written heritage named after A. Rudaki of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

ТАЪСИРИ МУТАНАББИ БА ШУАРОИ АДДИ СОМОНИЁН

Ишонхонов А. М.

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Бояд гуфт, ки масъалаи таъсирпазирй ва мазомини муштараки шеъри Арабу Ачам дар ахди Сомониён, ба тарики мисол дар эчодиёти Абуабдуллохи Рудакй, Данзалаи Бодгисй, хаким Абулкосим Фирдавсй ва дигарон дар осори илмй-тадкикотии баъзе донишмандони Эрон, Точикистон, Динд, Русия ва дигар мамолики Шарку Еарб то хадде мавриди баррасй карор гирифтааст. Агарчанде чанбахои ин таъсир дар эчодиёти аглаби шуарои форсигу то хануз мавриди тахкик карор нагирифтааст. Бинобар ин маколаи мазкурро ба масъалаи таъсири сабку услуби Мутанаббй ба эчодиёти шуарои ахди Сомониён тахсис додем. Абухилол ал-Аскарй дар фасли "Дусну-л-ахз" (Дусни иктибос)-и китоби худ "ас-Синоатайн" чунин хусусияти сайри мазмунро дар адабиёти форсй ва арабй дар_назар дошта, менависад: "Деч гуяндае аз маъонй ва мафохими пеш аз худ бениёз нест. У бояд маониро аз гузаштагон бигирад ва дар алфозе дигар бирезад

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.