Научная статья на тему 'ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТҲОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ'

ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТҲОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
86
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
низоми таҳсилот / раванди таълим / муносибати босалоҳият / фаъолият / ҳамкорӣ / мақсадгузорӣ / нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Муминова Истадҷон Сайфуллоевна, Икромова Шаҳло Муйдиновна

Дар мақола масъалаи дурнамо ва мушкилотҳои татбиқи низоми салоҳиятнокии таҳсил мавриди баррасӣ қарор гигифтааст. Муаллифон қайд мекунанд, ки муносибати босалоҳият тамоюли муҳим дар фазои ягонаи таҳсилот ба шумор рафта, барои аз байн бурдани мухолифати байни талаботи барнома бо эҳтиёҷоти ҷомеа ва бозори меҳнат мусоидат менамояд ва бо ин васила талаботи шахсро ба натиҷаи омӯзиш қонеъ мегардонад. Душворӣ дар дастрасии маводҳои таълимӣ роҷеъ ба татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, сари вақт дастрас нагардидани китобҳои дарсӣ, кам будан ё набудани дастурҳои раҳнамо барои омӯзгорони фаннӣ, кам будан ё набудани маводи иловагии тақсимотӣ,суст будани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимиро муаллифон аз зумраи омилҳое ба қалам додаанд, ки садди роҳи татбиқи босамари муносибати салоҳиятнокӣ ба таҳсил.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТҲОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ»

УДК:371.311

ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТ^ОИ ТАТБЩИ МУНОСИБАТИ БОСАЛО^ИЯТ БА

ТАЪЛИМ

МУМИНОВА ИСТАДЧ,ОН САЙФУЛЛОЕВНА

муаллимаи кафедраи педагогикаи ичтимой ва касбии МДТ "Донишгох,и давлатии Хучанд ба

номи академик Б.Еафуров", Хучанд, Точикистон

ИКРОМОВА ША^ЛО МУЙДИНОВНА

муаллимаи синфх,ои ибтидоии литсейи Донишкадаи политехникии шах,ри Хучанд, Хучанд,

Точикистон

Тафсир: Дар мацола масъалаи дурнамо ва мушкилот%ои татбщи низоми сало%иятнокии та%сил мавриди баррасй царор гигифтааст. Муаллифон цайд мекунанд, ки муносибати босало%ият тамоюли му%им дар фазои ягонаи та%силот ба шумор рафта, барои аз байн бурдани мухолифати байни талаботи барнома бо э%тиёцоти цомеа ва бозори ме%нат мусоидат менамояд ва бо ин васила талаботи шахсро ба натицаи омузиш цонеъ мегардонад.

Душворй дар дастрасии мавод%ои таълимй роцеъ ба татбици муносибати сало%иятнокй, сари вацт дастрас нагардидани китоб%ои дарсй, кам будан ё набудани дастур%ои ра%намо барои омузгорони фаннй, кам будан ё набудани маводи иловагии тацсимотй,суст будани пойго%и моддию техникии муассиса%ои таълимиро муаллифон аз зумраи омил%ое ба цалам додаанд, ки садди рощ татбици босамари муносибати сало%иятнокй ба та%сил.

Калидвожахр: низоми та%силот, раванди таълим, муносибати босало%ият, фаъолият, %амкорй, мацсадгузорй, нишондщандауои сало%иятнокй.

Аннотация: В статье рассматриваются перспективы и проблемы внедрения компетентностное отношение в сфере образования. Авторы отмечают, что компетентностный подход является важной тенденцией в единой образовательной среде. Он способствует устранению противоречия между требованиями программы и потребностями общества и рынка труда, тем самым удовлетворяя потребности личности в результате обучения.

К числу факторы, которые являются препятствием для эффективной реализации компетентностного подхода в образовании авторы указывают на трудности с наличием учебных материалов, недостаточное количество учебников, отсутствие или недостаточное количество методических указаний для учителей-предметников, отсутствие или недостаточное количество дополнительных раздаточных материалов, слабая материально-техническая база образовательных учреждений, что.

Ключевые слова: образовательная система, образовательный процесс, компетентностное отношение, деятельность, сотрудничество, целеполагание, компетентностные показатели.

"Маориф чун сарнавиштсози чомеа дар низоми сиёсати ичтимоии давлат яке аз самтх,ои афзалиятнок эълон гардида, барои ислох,оту рушди он аз рузх,ои аввали истиклолият пайваста таваччух, ва гамхории хоса зох,ир мегардад. Ч,авх,ари сиёсати давлатии моро дар сатх,и маориф бояд масъалах,ои дар низоми тах,сил чорй кардани меъёрх,ои чах,онй, тарбияи мутахассисони сох,ибкасб ташкил дихднд."

Эмомалй Рах,мон

Ч,араёни ислохоти низоми тахсилот дар Точикистон нишон медихад, ки дар шароити пешрафти илму техника технологияи муосири таълим яке аз омилхои арзишманди маърифатнокии чомеа буда, сахми он дар хифзи манфиатх,ои миллй, пешрафти иктисодии мамлакат, сатхи маърифатнокии чомеа ба маротиб меафзояд.

Имруз ру овардани ахли маориф ба арзёбии бисёрхола ва омузиши муносибати босалохият низ аз талаботи муфиди замони истиклолият ба шумор меравад, зеро насли чавон танхо бо донишхову иттилооти фаровони илмй наметавонад вориди бозори чахонии мехнат шавад. Беш аз харвакта, уро майорату малака ва кобилиятхои гуногуни сиёсию иктисодй, ичтимой ва фархангй заруранд, ки хамчун салохиятхои фаннй дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва олии касбй фаро гирифта мешаванд.

Аз ин ру, мактаби муосир дар назди омузгор максад ва вазифахои нав, ба мисли такмили махорати касбй, истифодаи технологияи нави педагогй, рушди тафаккур, инкишофи нут;, ташаккули кобилияти ягон амалро ичро карда тавонистан ва истеъдоди эчодии хонанда, хавасманд намудани толибилм ба худомузй, аз болои худ кор кардан, худташаккулдихй, хамкорй, омузиш аз манъбахои иловагй, ташаккули босалохият, истифода аз меъёрхои бисёрхолаи баходихй ва гайраро мегузорад. Дар раванди дарс бо истифодаи муносибати салохиятнокй вазифаи омузгор хонандагонро наомузонида, балки амалиёти онхоро рахнамойй кардан ва хавасманд гардонидан, инчунин фаъолияти таълимиро ба танзим даровардан мебошад.

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба рушди сохаи маориф ва таълиму тарбияи насли чавон ва ояндасози чомеа таваччухи хамешагй зохир менамоянд. Сарвари давлат дар бораи вазифа ва макоми омузгор инчунин баён кардаанд: «Х,адафхои созандаи давлат ислохоти бомароми маориф, бехтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти омузгор мебошад, зеро калиди хамагуна дастовардхо, пешравй ва истиклолияти фикрй омузгор ва хазинаи маънавию илмии у ба шумор меравад. Аз ин ру, самаранок ба рох мондани корхои таълиму тарбия имкон фарохам меоварад, ки сатхи мафкура ва донишу чахонбинии толибилмон боло равад ва онхо хамкадами замон гарданд"[5,8].

Дар шароити имруза хатмкардаи муассисаи тахсилоти умумиро лозим аст, ки ба хаёти мустакилона омода бошад, тачрибахои ичтимой, маънавй ва маърифатии гирифтаашро дар хаёт истифода карда тавонад, тарзи дурусти муносибат, рафтор ва амалро интихоб карда тавонад.Ташаккули муносибати босалохият пеш аз хама ба максадгузорй ва натичахои ба дастоваранда, интихоби мазмуни маводи таълимй вобаста аст. Яке аз роххои асосии ташаккули муносибати босалохият дар хонандагон бедор намудани хавасмандй ва хисси масъулиятшиносй дар истифодаи малакаву махорати таълимй дар халлу омузиши силсилаи масъалахо ва маводи амалию назариявй мебошад.

Махсусияти муносибати босалохият ба таълим дар он зохир мешавад, ки он хамчун мачмуи ягонаи истифодаи дониш, малака ва махоратхо фахмида мешавад. Муносибати босалохият тамоюли мухим дар фазои ягонаи тахсилот ба шумор рафта, барои аз байн бурдани мухолифати байни талаботи барнома бо эхтиёчоти чомеа мусоидат менамояд, инчунин талаботи шахсро ба натичаи омузиш конеъ мегардонад. Талаботи чомеаи муосир ба рушди шахсияти дар бозори умумичахонии мехнат ракобатпазир зарурати баланд бардоштани сифати тахсилот ва мутобики стандартхои байналмилал тахия ва татбики муносибати

босалохият ба таълимро ба вучуд меорад. Дар ин самт Хукумати Чумхурии Точикистон тадбирхои зиёдеро барои самаранок гардонидани раванди таълим андешида истодааст. Яке аз тадбирхои мухим, гузариш ба муносибати босалохият мебошад. Бо максади таъмин намудани шароити мувофик барои гузариши босамар Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон силсилаи модулхои таълимиро тахия намуда, омузгоронро тавассути курсхои такмили ихтисос ба татбики муносибати нави таълим омода кард ва ин раванд мунтазам идома меёбад.

Омузиши муносибати босалохият аз огози соли тахсили 2017-2018 дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии вилояти Сугд дар байни омузгорони синфхои ибтидой чорй гардидааст. Хамаи омузгорони синфхои ибтидоии муассисахои тахсилоти миёнаи умумии шахру нохияи вилояти Сугд аз курсхои бозомузй ва такмили ихтисос оид ба муносибати босалохият (аз руйи накшаи филиали муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф дар вилояти Сугд) дар давраи таътили тобистонаи хонандагон гузаштаанд. Омузгорони синфхои ибтидой дар раванди курсхои такмили ихтисос то андозае аз нозукихои муносибати босалохият дар таълим огохй пайдо намуда бо мазмуну мухтавои он шинос гардиданд ва минбаъд дар раванди таълим тавассути худомузй, иштирок дар семинару машгулиятхо дар сатхи шуъбахои маорифи шахру нохия, иттиходияи методии таълимгоххо ва минтакахо онро такмил медиханд.

Дар раванди бозомузй омузгорони синфхои ибтидой ба салохиятхои зерин сохиб гардиданд:

o шарх дода тавонистани муносибати таълими анъанавй ва зарурияти тагйир додани он;

o мукоиса карда тавонистани хусусиятхои таълими анъанавй ва муносибати босалохият;

o донистан ва шарх додани мафхуми салохият;

o шарх дода тавонистани назарияхои гуногуни зехн ва таъсири он ба раванди дарс ва натичаи таълим;

o шарх дода тавонистани таксономияи кобилиятхои маърифатй (таксономияи Блум); o тахия намудани саволу супоришхо мувофики шаш зинаи таксономияи кобилияти

маърифатй (таксономияи Блум); o шахр дода тавонистани худбаходй ва баходихии хонанда ба хамдигар ва дар натичаи

асосхои арзёбй муайян кардани он; o максадгузорй дар асоси муаммои таълим ва дуруст истифода бурда тавонистани он; o пешниходи натичаи кор, муаррифй кардани амалхои ичрошуда; o кабул карда тавонистани акидаи дигарон нисбат ба амал ё натичаи амалй - таълимй ва такмил додани натичаи кор.

Дар баробари ташкили курсхои такмили ихтисос инчунин, бо максади расонидани ёрии хаматарафаи методй барои татбики стандартхои нави зинаи тахсилот ва гузариш ба муносибати таълими босалохият бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон маводи таълимй-методии Рахнамои фанни таълимй барои омузгорони синфхои ибтидой аз чониби мутахассисон, коршиносон ва муаллифони китоби дарсй омода ва пешкаш карда шудааст.

Мачмуи маводи таълимй-методии мазкур ба омузгорони синфхои ибтидой муассисахои тахсилоти миёнаи умумй дар самтхои банакшагирии таълим ва арзёбй мувофики талаботи нави муносибати босалохият ёрй мерасонад.

Х,амзамон, дар рахнамо барои омузгор хангоми банакшагирии дарсхо ба эътибор гирифтани мархилахои ташаккули салохияти хонандагон омода шудааст.

Бояд кайд кард, ки "салохият"-ро таълим намедиханд, салохият дар натичаи аз худ кардани дониш, малака ва махоратхо ташаккул меёбад. Босалохиятй (салохиятнокй) натичаи амалии дониш, малака ва майорат аст. Зимни корбасти он омузгор аз услуби «фахмондадихй» ба услуби «хамкорй» мегузарад ва диккати асосиро на ба тахлили натичахо, балки ба ташкили фаъолияти маърифатии хонанда равона мекунад [6,13]. Дар ин маврид мавкеи хонанда низ тагйир ёфта, у аз "ичрокунандаи богайрат" ба "эчодкори фаъол" табдил меёбад. Акнун тамоми фикри вай ба натичаи кори худ равона мегардад. Вазифаи омузгор додани дониш набуда, балки бедор кардани шавки хонанда ба омузиш, кашфи имкониятх,ои хар як хонанда, ташкил кардани фаъолияти маърифативу эчодии хар як хонанда мебошад.

Пас аз ичрои фаъолияти таълимие, ки барои расидан ба максадхои таълим ба рох монда мешаванд, арзёбй гузаронда мешавад. Арзёбй чузъи таркибии раванди таълим ба шумор меравад. Дар ин мархала арзёбй имконият медихад, ки сатхи азхудкунии хонандагон санчида шавад ва дар холати номувофикатии натичахои арзёбй ба максадхои гузошташуда, омузгор роху воситахои дигари таълимро барои ноил гаштан ба максадхои гузошташуда интихоб менамояд. Фаъолият ва тачрибаи амалии маърифати хонанда махаки асосии муносибати босалохият ба таълим мебошад. Ин омил шаклхои нави таълиму омузиш ва истифодаи технологияхои нави педагогиро талаб мекунад.

Истифодаи технологияи нави таълим омузгоронро водор месозад, ки дар раванди таълим ва тарбия аз адабиёт ва дигар манбаъхои иловагй, воситахои техникй, адабиёти илмй ва гайра самаранок истифода намоянд ва рушди тафаккури хонандагонро таквият бахшанд, Хонандагон дар баробари комёб гардидан ба дониши назариявй ва амалй дар шароити истифодаи баходихии бисёрхола тарбияи хуб низ мегирад.

Муаллим дар навбати аввал бояд хатман таълимро зимни муносибати босалохият дар асоси стандарт, барномахои фаннй, рахнамо барои омузгор ва китоби дарсй ба рох монад. Х,ар як омузгори мактаб, ки дар татбики муносибати босалохият фаъолият мебарад, кабл аз хама, бояд худро ба таълими босалохияти хонандагон омода намояд ва барои ин аз технологияи муосири таълим истифода намуда, тадричан аз усулхои анъанавии таълим даст кашад, зеро ин талаботи замони муосир дар таълим аст. Акнун барои омузгорон аз «хонандагон чиро меомузанд?» «хонандагон чй тавр меомузанд?» мухимтар аст. Дар муносибати босалохият ба таълим арзёбии салохиятнокии вокеии хонандагон мавкеи махсус касб менамояд. Барои муайян кардани он ки оё хонанда салохиятхоро аз худ кардааст ё не, барои хар салохият нишондихандахои он оварда шудааст. Нишондихандахо мачмуи дониш, малака ва махоратхое, мебошанд, ки аз ноил шудан ба салохиятхо дарак медиханд.

Дар муассисахои таълимй дар масъалаи дастрасии маводи таълим, китоби дарсй, рохнамо барои омузгори мувофик ба технологияи нави таълим ва маводи иловагии таксимотй хануз баъзе мушкилот ба назар мерасад. Натичаи дарёфти посуххо таввасути пурсишнома ва сухбат нишонгари он аст, ки баъзе омузгорони синфхои ибтидоии муассисахои тахсилоти миёнаи умумии шахру нохияхо аз курсхои такмили ихтисос ва бозомузй хануз нагузаштаанд. Бо сабаби нагирифани маводи таълимии зарурй, мохият ва мухтавои муносибати босалохиятро дар раванди фаъолияти харруза дуруст дарк накардаанд ва чун анъана фаъолият доранд.

Мушкилоти дигар барои омузгорон суст будани пойгохи моддию техникии муассисахои тахсилоти миёнаи умумй, бахусус, мучаххаз набудани утокхои таълимй ба хисоб меравад.

Х,амин тавр омилхои зеринро садди рохи татбики босамари муносибати салохиятнокй ба тахсил ба шумул додан мумкин аст:

• душворй дар дастрасии маводхои таълимй рочеъ ба татбики муносибати салохиятнокй;

• сари вакт дастрас нагардидани китобхои дарсй;

• кам будан ё набудани дастурхои рахнамо барои омузгорони фаннй;

• кам будан ё набудани маводи иловагии таксимотй;

• суст будани пойгохи моддию техникии муассисахои таълимй.

Хулоса, имруз аксари олимону методистон мегуянд, ки хонанда набояд дониш, балки хачми муайяни салохиятхоро ба даст орад, то тавассути онхо дар чомеа мавкеъ пайдо намуда, мушкилот ва масоили мураккаби касбии худро мустакилона ва ба таври эчодй хал кунад, зеро чомеаи имруз ба насли ояндасоз аз дидгохи хамин гуна ниёз назар меафканад.

Раванди такмилу ислохоти маорифи кишвар бештар ба татбики амалии стандартхои нави таълим ниёз пайдо намудааст, ки тибки талаботи онхо самтхои афзалиятноки тахсилот баррасй мешаванд. Ин самтхо дар навбати худ ба чойи ба хонанда дониш додан, ёд додани малакаву махоратхоеро зарур мешуморанд, ки ба хадафхои мустакилона ва ба таври эчодй пайгирй кардани максади омузиш, андешидану таррохй намудани роххои ичрои он, назорат ва арзёбии дастовардхо, бо сарчашмахои гуногуни иттилоотй кор карда тавонистан, онхоро арзёбй карда, дар асоси онхо ба хулосаи шахсй расида, пешниходи дигарон намудан мусоидат мекунанд. Махз ба ин хотир ташаккули салохиятхои калидй аз вазифахои мухими тахсилоти муосир ба шумор меравад. Дар ин кор сахми омузгор ва рахнамоии у мавкеи калидй касб меннамояд. Ба гуфтаи педагоги бузург А.Ф. Дистервег: «Муаллими одй хакикат ва муаллими хунарманд роххои расидан ба хакикатро мефахмонад».

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1.Болотов В.А., Сериков В.В. Компетентностная модель: от идеи к образовательной программе // Педагогика. - 2003. - № 10. - С. 8-14.

2.Выготский, Т. М. Мышление и речь //Собр. в 6 т./ Л. С. Выготский. - М., 1982. - Т 2: Проблемы общей психологии.

З.Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно - целевая основа компетентностного подхода в образовании М.: Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2004. - 42 с.

4.Кудрова И. А. О развитии мышления на основе исследовательского подхода / И.А. Кудрова //Стандарты и мониторинг в образовании, 2006.- № 5. - с. 14 - 21.

5.Лутфуллозода М., Бобизода Г. Андешахо перомуни салохиятхо ва ташаккули онхо. Душанбе. 2017. - 88 с.

6.Муносибати босалохият ба таълим (дастури методй). Мураттибон Г. Бобизода, Д. Имомназаров, Ш. Исрофилниё, А. Байзоев. - Душанбе: Ирфон, 2018. -72 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.