Научная статья на тему 'CВЯЗЬ СЛОВ С СОСТАВНИМИ ИМЕННЫМ ПРЕДЛОГАМИ В "БАДАЕЪ-УЛ ВАКОЕЪ" ЗАЙНИДДИНА МАХМУДА ВОСИФИ'

CВЯЗЬ СЛОВ С СОСТАВНИМИ ИМЕННЫМ ПРЕДЛОГАМИ В "БАДАЕЪ-УЛ ВАКОЕЪ" ЗАЙНИДДИНА МАХМУДА ВОСИФИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
21
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОСТАВНЫЕ ИМЕННЫЕ ПРЕДЛОГИ / ГРАММАТИЧЕСКИЙ СВЯЗЬ СЛОВ / СИНТАКСИЧЕСКО-СТАТИСТИЧЕСКОЕ ОТНОШЕНИЕ ПРОСТРАНСТВЕННОЕ ОТНОШЕНИЯ / ПРЕДЛОГ / ЛЕКСИЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Гафаров А. О, Алиев А.

В данной статье исследуется связь слов с составными именными предлогами и некоторые её особенности в «Бадае-ул вакое» Зайниддина Махмуда Восифи. Авторы, разбирая составные именные предлоги, как вид грамматической связи, одновременно определили и четко предлажили синтаксическо - статистические отношения предлогов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RELATIONS OF WORD WITH COMPOUND NOMINAL PREPOSITIONS IN "BADOE-UL-VAQOE" OF ZAINIDDIN MAHMUDI VOSIFI

Relations of words with compound nominal prepositions and some of its peculiarities in “Badoe-ul-vaqoe” of Zainiddin Mahmudi Vosifi are reviewed in this article. Having analyzed compound nominal prepositions as grammatical relations, the author determined and proposed syntactical and statistic relations of prepositions as well.

Текст научной работы на тему «CВЯЗЬ СЛОВ С СОСТАВНИМИ ИМЕННЫМ ПРЕДЛОГАМИ В "БАДАЕЪ-УЛ ВАКОЕЪ" ЗАЙНИДДИНА МАХМУДА ВОСИФИ»

АЛОЦАИ КАЛИМАХР БО ИЕШОЯНД^ОИ НОМИ ДАР «БАДОЕЪ-УЛ-ВАЦОЕЪ»-И ЗАЙНИДДИН МА^МУДИ ВОСИФИ

Fаффоров А. О., Алиев А.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айнй

Дар чараёни алока ва мyносибати наxвии калимаxо пешояндxои номй мавкеи махсyс доранд ва дар вазифаи xypyфи изофа омадани як кабил исму заpфxо таърихи кадима дорад.Теъдоди xypyфи изофа, ки аз забони давраи миёна мерос мондаанд, хеле каманд ва катъи назар аз он ки ощо дорои маъноxои аслй ва мачозй мебошанд, дар xеч сурат талаби рузафзуни одамон ва пайдоиши мyносибатxои нави навxиpо конеъ карда наметавонистанд. Аз ин ру, пайдоиши пешояндxои номй кабл аз xама ба конуният ва тамоюли инкишофи забон ва бахусус, тамоюли озод кардани xypyфи изофа аз сервазифагию сермаъноии ощо ва пайдоиши мyносибатxои нав ба нави байни ашё ва XOдисоти олам вобастагии кавй дорад. Гузашта аз ин, мyваффакиятxои фаъолияти аxли чомеа, ошкор шудан ва дарккунии алока ва мyносибатxои боз xам пуркувватар ва нозуктари байни ашё ва xаводиси олам дар xаp гуна забон, хусусан, дар забони точикй, ки забони аналитикй аст, воситаxоеpо талаб мекарданд, ки он востро мyносибатxои навро xаp чй аниктару возеxтаpy пурратар ифода намояд.

Ш.Рустамов дуруст таъкид кардааст, ки ба категоpияxои ёpидиxандаxо, аз чумла пешояндxо гузаштани калимаxои номй дар забони адабии точик xодисаи характернок мебошад [4,320].

Хдк ба чониби таълифгарони Граматикаи академии забони точик аст, ки навиштаанд: мукаррар намудани меъёр ва шароити ба пешояндxои номй гузаштани калимаxои мустакилмаъно, ки аз xодисаи бисёр маъмули забони точикист, аз чумлаи масъалаxои душвори забони точикй мебошад [2, 210].

Дар баъзе забощо чараёни гузариши калимаxои мустакил ба гypyxи пешояндxо то андозае тадкик шудаанд, вале дар забоншиносии точик ба чуз маколаxои мyбоxисавии чудогона рочеъ ба ин масъала тадкики чиддие ба назар намерасад. Дар асаpxои тадкикотии ба таърихи забони адабии точик бахшидашуда низ системаи пешояндxои номй ба таври муфассал баён нашудаанд.

Дар забоншиносй собит шудааст, ки пешояндxои номй маxсyли давpаxои нисбатан нави забон буда, ощо, асосан, аз xиссаxои номии нутк ба вучуд омадаанд ва «дарачаи пешояндшавии xамаи калимаxои номй як хел нест, кариб xамаи калимаxое, ки xамчyн пешояндxои номй ё xиссаxои номии пешояндxои таркибй истифода мешаванд, комилан ба ин категория (пешояндxо - A.F.) нагузаштаанд. Баъзеи ощо xамчyн исм ва баъзеи дигарашон xамчyн пешоянд серистеъмол мебошанд. Ин далели он аст, ки ба вазифаи пешоянд омадани ощо ба давpаxои гуногун вобаста мебошад» [2,65].

Афкори дар хусуси пешояндxои таркибии номии забони точикй баёншуда, чунонки С.Абдypаxимов ишора кардааст, ба чунин хулоса меорад, ки пешояндxои таркибии номии забони точикй аз сари нав тадкик мехоxанд ва ин масъала аз доира ва имконоти маколаи мо берун аст.

Мусаллам аст, ки пешояндxои таркибии номй низ монанди xypyфи дигари изофа барои ифодаи мyносибатxои умумй, абстрактй (замонй, масоxавй, сабабй ва гайра) байни пpедметxо ва ё барои нишон додани чунин мyносибатxои пpедметxо нисбат ба амал, xолат ва аломат хизмат мекунанд. Пешояндxои номй аз дигар xypyфи изофа, пеш аз xама, ба нигоx доштани маънои лугавии худ фарк мекунанд. Маънои грамматикй ва лугавии пешояндxои номй нишон додани муносибати калимае бо калимаи дигаре мебошад. Маънои грамматикии пешояндxои номй аз нишон додани муносибати тобеии исму чонишищо бо калимаxои дигар иборат бошад, маънои лугавии ощо муносибати мантикй -маъноии байни калимаxои алокамандшударо нишон медиxад. Маънои хосаи пешояндxои номй аз нишон додани тобиши муайяни маъной, ки дар ин муносибати наxвй мавчуд аст, иборат аст.

Хдмин тавр, пешояндxои номиро низ, чун дигар xypyфи изофа ба гypyxи воситаxои алокаи калимаxо дохил намудан мумкин аст, зеро маънои лугавии ощо ба маънои грамматикашон, асосан, баробар аст.

Пешояндxои номиро дар забоншиносии рус бо истилоxи «кaдимaxои нимёвар» ном бypдa, Ярсева В.Н. навиштааст: «дар xaкикaт , кaлимaxои ёвар ё нимёвар xaмчyн кисми таркибии дyFaвии забон, вазифаеро ичро менамоянд, ки он бар вазифаи баъзе шакга,ои грамматикй баробар аст ва ё ба xap xод дар ифодаи маънои категориявии грамматикй ёрй мерасонанд» [5, 123].

Пешояндxои номй на тащо ба мавчудияти мyносибaтxои грамматикии мyaйяни байни кaдимaxои таркиби ибора ва чумда дадодат мекyнaнд, балки бо мaзмyни худ мундарича ва хусусияти он мyносибaтxоpо равшану возеx месозанд:

I. Муносибатхои холи бо пешояндхои номй

Пешояндxои номй дар ташкилу ифодаи мyносибaтxои гуногуни нaвxй дар насри «Бадоеъ-уд-вакоеъ» воситаи сеpмaxсyдy серистеъмоди адокаи кaдимaxо мaxсyбaнд. Онxо хам дар шакли сода ва xaм якчоя бо пешояндxои асдй дар шакли таркибй барои ифодаи анику сaxеxтapи мyносибaтxои нaxвии кaдимaxо дар забони ин давра xaм макоми хоса доранд. Пешояндxои номй, бахусус, дар сурат гирифтани мyносибaтxои гуногуни xолии кaдимaxо дар асар серистеъмоданд ва тобишxои гуногуни маъной зоxиp мекунанд.

1. Муносибатхои макону масоха

Дар ифодаи муносибати макону мaсоxa дар «Бадоеъ-уд -вакоеъ» пешоянxои номии зиёде истифода шудаанд. Кариб дар xaмaи асару мaкодaxои ба пешояндxои номй бахшидашуда кайд шудааст, ки пешояндxои номй маънои xypyфи изофиро аниктар ва пурратар менамоянд.

Дар «Бадоеъ-уд-вакоеъ» пешоянди пеши xaм дар шакли сода [пеши-165 б.] ва xaм дар xypyфи изофии дар, ба, аз, бар [дар пеши 65 б.], ба пеши [63 б], аз пеши [17 б.], бар пеши [1 б] дар ифодаи мyносибaтxои макону мaсоxa истифода шудааст.

Шакли содаи ин пешоянд ва ашкоди бо чузъи ба ва дар бо исми макон, ашё ва шахс, ба суи он равона будан ва дар пеши он вокеъ гаштани амаду xолaтpо нишон медщад. Ч,узъи тобеъкунанда бештар бо феъга,ои xapaкaтy xолaт ва чузъи тобеъ бо исмxо ва чонишищо ифода шудааст:

Пеши доpyFa рафтем [1,1047]. Домодро пеши арус меоранд [1,979]. Баъд аз он пеши ман намебошй [1,521]. ...пеши дари бод нишаста буд [1,514]. ...ба пеши мадраса...расидем [1,1062]. .дар пеши он зан чавоне...истода [1,977].

Дар адокаи кaлимaxо дар насри асар пешоянди пеши дар шакли пешони, ки маънии охир ва нуктаи инт^ои масофаеро ифода мекунад, низ мустаъмал будааст: Моxчyчyк дар пешони хона менигарист [1,1133]. №rox аз пешони куча касе пайдо шуд (1,1064).

Шакли аз пеши гузаштани амад ва ё шахсро ба чое ва ё вокеъ гаштани амадро аз наздикии ашё ё шахсе нишон додааст: Косиде аз пеши подшоx омад [1,782]. Он мард аз пеши мо гузашта [1,1023].....аз пеши назар вай дур бош [1,56].

Дар шакга,ои таркибии пешоянди пеши чузъи аз аксаран xaтмй буда, вогузор шудани он мумкин нест: аз пеши козй берун омаданд [1,927].

Дар асар шакга,ои дар пеши ва ба пеши чун муродифи xaмдигap истифода шудаанд: .он датта дар пеши ман андохт [1,1155]. Уро дар пеши худ тадабид [1,320]. ...музди xaмомpо ба пеши xaммомй нщода... [1,1025].

Пешояндxои пеши, назди вобаста ба чyзъxои тобеъкунанда ва тобеъшаванда дар ифодаи мyносибaтxои Faйpимaсоxaвй низ истифода шудаанд. Дар ин маврид ба сифати тобеъкунанда xиссaxои номии нутк меоянд:

а) дар ифодаи мyaйянкyнaндaгй-мaсоxaвй. Тобеъкунанда исм бошад, ибора муносибати мyaйянкyнaндaгй-мaсоxaвиpо ифода кардааст. Шамсаи пеши токи айвон [1,342]. Хонаи пешон...дуконро...гилем андоз [1,1136]. Дар хиёбони наздики банди Корун будам [1,1119].

б) дар ифодаи муносибати объектй -киёсй: Хуршеди бекарон.пеши вай чун ходи кавокиб дар пеши офтоб будй [1,226]. Куттоси бaxpи датиф пеши он мaxосини касиф дар назар нокису дакдака меояд [1,896]. Назди axли басират бaFоят мyстaxкaм ва макбул намуд [1,900].

в) ифодаи муносибати пуркунандагй бо тобиши маxдyдй: Пеши муншиёни моxиp...якpyза кор аст [1,330]. Нозукии мизочаш пеши шумо маълум аст [1,530]. Назди хонум эътибор ёфт [1,1122]. Назди арбоби фазилат лозим аст [1,209]. Фарзандони Халли Кукалтош дар назди ман аз фарзандони ман макбултаранд [1,1105].

Дар насри асар барои ифодаи мyносибатxои навxии макону масоxа пешояндxои назди, наздики ва шакли таркибии ощо -ба назди, ба наздики,аз назди, аз наздики, дар назди, дар наздики истифода шудаанд. Ин пешояндxо аз руи вазифаи наxвй муродифи пешоянди пеши буда, дорои тобиши маъноии наздик будан ба ашё ва ё шахсе мебошад:...ба назди Суюнчхочахон.фиристод [1,378]. Дар наздики хонааш масчиде буд [1,1148]. Чун наздики имораташ расидем [1,1099]. Рyзе назди Улугбекмирзо касе омада...[1,550].

Дар ифодаи муносибати наxвии макону масоxа дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» инчунин пешояндxои дар чавори ва микоруни низ мустаъмаланд: дар чавори хонаи худ ...чои таъин фармуданд (1,1161). Чун оxy дар махозии Нyъмоншоx расид.(730). Он шахсе, ки микоруни эшон нишаста...[1,550].

Пешояндxои дар домани, ба домани, ба пои,дар пояи, ба пояи, дар поёни, дар зии ба исмxои мушаххас омада, дар кисми поёнии онxо вокеъ гардидани амал ё чойгир шудани шахсу ашёро ифода кардаанд: Ба домани кyxе расид [1,752]. .ба пои девраш расидем [1,1099]. Дар зии азалату чалоли мо ...саъю кушиш дорад [1,696].

Пешояндxои номии дари ва шакга,ои таркибии он ба дари, дар дари, аз дари, бар дари низ дар насри асар дар ифодаи муносибати наxвии макону масоxа истифода шудаанд.

Ибоpаxое, ки бо пешояндxои фавкуззикр сурат мегиранд, дар даpомадгоx ва дар даруни маконе карор гирифтан ё руй додани амалро ифода кардаанд: Устоди рангрез дари дукони худро об зада .[1,991]. .дар дари харобот ёре пайдо шуд [1,1145]. Моро дар дари хона мешиносанд [1,1078]. Савор бар дари маxкама расид [1,838]. Гузараш ба дари мадрасае афтод [1,704].

Бояд зикр кард, ки дар шакга,ои таркиби бо чузъи дари бештар дар алокаи суст буда, он тащо ба ибораи тобиши маъной мебахшад, ифода мегардад: ... ба дари хонаи мулло Порсо расид(1,586). Мукоиса шавад: ба сарое расидем [1,1132].

Шакли содаи пешоянди номии изофии дари дар асар бештар дар таркиби ибоpаxои исмй омада, муносибати муайянкунандагй -масоxавиpо ифода кардааст: Умарои дари хонаи султон [1,1271]. Боpxо ба мардуми дари хона гуфта буда [1,690].

Пешояндxои таркибии номии изофии навъи бар сари, дар сари, ба сари, аз сари, бар болои, дар болои, дар руи, бар руи, аз руи, бар руи, бар фарки, бар нуги низ дар насри ин давра, асосан, дар ифодаи мyносибатxои макону масоxа истифода шудаанд.

Шак^ои навъи бар болои, дар болои, бар руи, бар болои, бар сари ва амсоли ищо ба исми макон ё ашё меоянд, ки амал дар сатxy болои он вокеъ ё равона шудааст: Дар болои дукон хучрае сохта буд [1,1136]. Дар шаб ба болои он навишта...[1,478]....бар болои курсй нишаст [1,793]. Бар сари дар тобдоне дорад [1,1080]. Бар фарози минбар нишаст [1,589].

Пешоянди сари ва шакга,ои таркибии он (бар сари, ба сари, дар сари) инчунин ашё ва ё маконеро нишон додаанд, ки дар наздикии он амал вокеъ ва ё чараён гирифтаст ва ё ба назди он нигаронида шудааст: Бар сари чашма аждаxое буд [1,753]. Моро дар сари Пули Молон меёбй [1,1190].

Дар баъзе тадкикотxо кайд шудаст, ки шакли бар руи дар забони адабии пешина барои ифодаи xоли макон дучор нашудудааст. Мисолxои мо собит намуданд, ки дар ифодаи мyносибатxои маконй ин пешоянд дар забони адабии пешина мустаъмал будааст: ^rox боз xамон галивож .бар руи xаво пайдо шуд [1,872-873]. ^rox шахсе бар руи фарши айвон баромад [1,1039].

Агар ба сифати чузъи тобеъ исмxои маънй оянд, дар байни калимаxои алокамандшуда мyносибатxои гайpимасоxавй мyшоxида мегардад:

а) Муносибати сабабй: Ин амр..аз сари мастй ва бехудй буда [1,931]...аз руи газаб гуфт [1,856].

б) Муносибати максадй:Биё,то бар сари бисот равем [1,865]. Пaxлaвон Х,индухоча аз руи даъво ба видояти Хуросон омада [1,892]....аз руи эxтиёт нигоxе кард [1,872].

в) Муносибати тарзу мутобикат: Аз руи фаросат донистам [1,872]. Дар ин ду казия аз руи мучиби шаръи Мyxaммaдй тачовуз менамоям [1,776].

Пешоянди зери ва мypодифxои он - дар зери, аз зери, дар таги, дар тахти, дар каъри, аз таги, аз каръи, аз зери, дар тахти, то зери, то каръи нишон медщад, ки амадиёти фоид аз пояи ашё ё мaxaлле 0F0з меёбад ва ё дар пояи зери ощо вокеъ шудааст ва ё ба таги он равона мегардад. Ба сифати чузъи тобеъ бештар исмxои моддй ва чонишищо ва чун тобеъкунанда феълxои xapaкaтy xaстй омадаанд: Зери чaxоpпояи курсии Абуадй чaxоp танга ниxодaнд [1,793]. Гидро аз таги чуй меканд [1,859]. Аз зери xезyм баромадам [1,1066].Ч,оми зарин. дар зери он дошт [1,753]. Дар таги хона гидеми абрешимй буд [1,1161].

Муносибати макону мaсоxa дар асар тавассути пешояндxои номии изофии пaxлyи, даби, гирди,паси, кафои ва шакга,ои таркибии онxо-дap паси, бар канори, ба гирди, ба паси, дар лаби,дар гирди, ба даби, ба канори,ба кафои, бар пушти, бар зaxpи, ба дунбоди, дар пaxлyи, аз кафои, аз паси, аз пайи, дар пайи низ ифода шудааст.Ч,узъи номии шакди таркибии ин пешояндxо таъйингари макони мушаххаси чойгиршавй, бавукуъой ва равона шудани амаду xолaти кадимаи тобеъкунанда мебошад: Судтон аз кафои у мерафт [1,1284]. .гирди дapгоxи ман нагардй [1,462]. Шуаро дар гирди у чамъ буданд [1,1207]. Паси дари xaвлй хокрез буда [1,1138]. Аз пайи эшон xaёxyй баромад [1,553]. Халоик xaмa ба дунбоди ман мyтaвaччеx буданд. [1,1064]. Аз дунбоди ман чудо нашавй [1,1038]. .бар зaxpи рубоии вай навишт [1,841].

Пешояндxои аз пайи, дар пайи дар асар Faйp аз мyносибaтxои макону мaсоxa дар ифодаи мyносибaтxои сабабу максад низ истифода шудаанд. Р^аффоров асосан пешоянди макон будани ощоро зикр карда, дар ифодаи xоли сабаб дар шева омадани шакди аз пайиро низ кайд кардааст [3,251].

Дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» ин пешояндxо дар ифодаи муносибати максад низ ифода шудаанд:дар додони работ аз пайи истиpоxaт нишаста будем(606). Мирзо маро аз пайи мyxиме фиристоданд [1,552]..дар пайи идм ранчу зaxмaти беxyдa мебурдед [1,921]. Ва низ [412, 36, 1217, 786, 1066, 606, 552].

Дар асар бaxpи мyносибaтxои макону мaсоxa пешояндxои миёни,миёнаи ва шaклxои таркибии ощо -дар миёни, аз миёни, то миёни, дар миёнаи,аз миёнаи низ истифода шудаанд. Тобеъкунанда бештар бо исмxои амад ва ё феълxои таркибие, ки чузъи номиашон исми амад аст ва ё ба сифaтxо ифода гардидааст, ифода мешавад. Агар чузъи тобеъ аз ду кадимаи дар алокаи пайваст омада ва як кадимаи шакди чамъ иборат бошад, вукуи амад ё чойгиршавии ашёву шахсро дар байни ощо мефaxмонaд: Рашку таассуб миёни бародарон мебошад [1,923]. .миёни падару писар безори нщод [1,374]. Анкариб миёни мо муфорикат вокеъ шуд [1,105]. Дар миёни тyдaxои хишт нишаста буда [1,50].

Пешояндxои навъи дар миёнаи, аз миёнаи вокеъ гардидани амадро дар мобайни ашё ё макон ифода кардаанд:.дар миёни боF xaвз аст [1,586]....аз миёни Чорсу FaлоFyлa .баромад [1,1088]. Дар мобайни дарвозаи Ирок ва Фирузобод мавзеъст [1,892].

Пешояндxои даруни ва шакта,ои таркибии он дар даруни, дар андаруни, ба даруни, аз даруни равона шудан ва ё вокеъ гардидан ё самти xaparara амадро дар дохил ифода кардаанд: Футадор даруни xaммом даромада [1,1025]. .дар даруни вай пораи даъд ёфтам [1,476]. .даруни сарояш чоест [1,745].подшоxpо даруни дарвоза дида [1,1260].

Пешоянди дар беруни вокеъ гардидани амадро дар беруни маконе нишон медщад.дар беруни БоFи З0F0н ..^учум намуда [1,639].

Муносибати самти xaparara фоид ба маконе дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» бо пешояндxои чониби, суи ва шакга,ои таркибии ба чониби, бар чониби,ба суи, аз чониби, дар чониби, дар тарафи, ба тарафи, ба савби ифода шудаанд: Суи чоpбоFи вай равона шудем [1,1099]. .ба чониби сари хиёбон мyтaвaччеx гардиданд [1,1062]. Дар чониби садафхона машъад афрухтанд [,650]. Фиркае дивои азимат ба савби Самарканд ба Бухоро меафрохтанд [1,41].

Пешоянди дар баробари дар асар бештар дар ифодаи муносибати макону масоxа ва мутобикат омадааст:.дар баробари Хоча истод [1,1216]....дар баробари гови ту сад гов бидщам [1,1250].

Исми «гардан» чун чузъи номии пешоянд вакте истифода мешавад, ки ба маънои мачозй ояд:.он амр ба гардани факир ...афтод [1,947].

Дар таркиби ибоpаxои изофй баъзе пешояндxои фавкуззикр муносибати муайянкунандагй -масоxавиpо ифода кардаанд: дар масчиди сари кабри имом нишаста будам [1,57]. Мyйxои зери маxосинашpо метарошид [1,1197]. Тутии даруни кафас тапидан гирифт [1,757].

2. Муносибати замони.

Мyносибатxои замонй дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» тавассути пешояндxои номии xангоми, вакти, маxалли ва шакга,ои таркибии дар вакти,дар замони, ба вакти, ба мучарради, аз замони, дар xини, дар айёми, дар аснои,дар даври, дар айни, дар маxали сурат гирифтааст. Ба сифати чузъи тобеъ бештар исмxои замон ва амал омадаанд. Агар xамчyн чузъи тобеъ исмxои мафxyми замондошта оянд, чузъи номии ин пешояндxо як навъ таъкидро ифода мекунад ва зикри он xатмй нест: Дар замони кадим шахсе буд [1,990]. То вакти сyбxидам .машгул доштанд [1,1163].

Агар ба сифати чузъи тобеъ исми мафxyми замон надошта ояд, муносибати замонй маxз туфайли чузъи номии пешоянд чилвагар мешавад: Вакти ангур овардан...мегирист[1,1133]. Дар замони Шайбонихон коpxои гариб карда...[1,1105]. Дар аснои гармии сухан гуфт [589].

Пешоянди ба мучарради дар «Грамматикаи забони точикй»[2] зикр нашудааст. Дар баъзе асаpxо чун пешоянди архаистй ба калам омадааст, вале устодони сухани муосир онро истифода кардаанд. Ин пешоянд дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» дучор гардид: .ба мучарради хонадон шикофт [1,503]..ба мучарради мулокот гуфт [1,503]. Пешоянди мазкур дар шеваxои чануби забони точикй xанyз мустаъмал аст ва лоики дар забони адабии точик серистеъмол шудан дорад.

Мyносибатxои замонй дар асар инчунин бо пешояндxои номии гайриизофии баъд аз, пеш аз, кабл аз, пас аз ифода шудааст. Дар насри ин давра, махсусан, пешоянди баъд аз хеле серистеъмол аст: Баъд аз фатx.зинда намегузорад [1,1129]. Пеш аз омадани Шумо фалон кас омада буд [1,65]. Баъд аз муддате берун наомад [1,1144].

3. Муносибати сабабу максад.

Барои ифодаи муносибати сабабу максад пешояндxои номии чиxати,мyчиби, баxpи,ба сабаби, ба воситаи, ба чвдати, аз чиxати ,ба гояти, ба иллати,ба туфайли, бар сабили, аз гояти, аз камоли, ба касди, ба расми, баxpи,аз баxpи истифода шудаст. Ин пешояндxо бо ашё ва ё xолате омадаанд, ки боиси вукуъи амалу xолати тобеъкунанда гардидааст: Хоча чиxати шумо мутараддиданд [1,250]. .бо сабаби ришва аxли чоx, чайби диёнати худро ба дасти тамаъ пора созад [1,924]....ба иллати ятими кушта шавад [1,619]. Ту он най, ки ба ч^ати ту маро дар кишти баста андохтанд [1,813].Ин вилоятест, ки xоло аз ч^ати забту сиёсати Султон Дусайн Мирзо.ба ин навъ шуда.[,1015]..гарданкаши аз чиxати xасад буд [1,411] .Зарру чавxаppо туфайли шумо доштем [1,1109].

Шакгаои аз гояти, аз камоли ашё ва xолатеpо ишора мекунанд, ки он ба дарачае расидааст ва боиси рух додани амалу xолати калимаи тобеъкунанда гардидааст: Аз камоли xамокат бодинчоро .боз нашинохтй [1,798]. Аз камоли эъроз Мирзо фаромуш шуда [1,522].

Муносибати сабабй дар асар бо пешоянди номии гайриизофии бинобар xам сурат гирифтааст: Ин нишон низ бинобар мултамаси шайхи мyшоpyлайx навишта шуд [1,695]. Бинобар рафъи мазанна Махдуми маъзурати бисёр намуд [1,569].

Муносибати максад бештар бо пешояндxои ба касди, аз баxpи, ба расми, бар сабили, чиxати,баxpи ифода шудааст: Убайдуллохон ба расми таъзияпурсии Хоча Порсо .ташриф меовард [1,230]. Ба касди шикор мyтаваччеxи канори оби Пурк гардиданд [1,1176]. .баxpи имтиxон дар зери пардаи кофурии сyбx нyxyфта.[1,725]. Як xафта ч^ати ярок .мyxлат талабид [1,534]. Ва аз баxpи ташxиp бар хари баpаxна савор карда бошанд [1,512]. Ин xикоятpо бар сабили муфосират зикр карда [1,438].

Пешоянди чвдати, аз бaxpи, бaxpи дар асар дар ифодаи муносибати объектии таъйинот низ истифода шудаанд: Шадпари худро ч^ати мизроб пеши вай кашидй [1,23]. Аз бaxpи баъйи теFи хунрези худ муштарй тадаб менамуд [1,1326]. Ва насри тоир аз бaxpи ошёни эшон пapxои худро канда.[1,889].

4. Мyносибати rçnëcy монандй.

Дар асар барои ифодаи мyносибaтxои киёсу монандй пешояндxои номии изофии монaнди,мисли,шaбеxи, амсоди, мисоди, ба масобаи, бар сони, бар мисди, аз мисди, ба мисди, дар мисди, бар амсоди, дар амсоди, ба манзадаи, ба гунаи ва пешояндxои номии Faйpиизофии чун, xaмчyн, xaмчy, чу истифода шудаанд. Ин пешояндxо тарзу тарики вукуъи амаду xолaт ва адоматро дар заминаи киёсу монандйва муколабаи ашё, амад ва адомати он ифода мекунанд: Деч кас мисди Дофиз Басир нахонда [1,25]. Он тири суханро монанди дола аз замин бармедошт [1,1152]. Шaбеxи моргазидае пaxлy ба пaxлy меFaлтидaм [1,503]. Як чашми вай ба масобаи донаи ангур аз парда. берун омада [1,980]. Дамчу кабки дарй бар он девор бардавид [1174].

Дар асар барои ифодаи муносибати киёсу монандй пешоянди ба манзадаи, ба гунаи, ба зайди низ истифода шудаанд: Нахди солхурдаи комати вай ба манзадаи хошаест дар таги риши вай ситода [1,896]..ба гунаи дамаони анвор пардохт [1,105]. Ба зайди афву отмоз бипушанд [1,435].

Пешоянди ба сони, ки бештар хоси назм аст, дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» ба чашм расид: .ба сони нома бар худ бипечид [1,378]. Токи айвонаш ба сони абруи хубон ток буд [1,704].

Дар асар ба сифати тобеъкунанда Faйp аз феълxо исмxо низ омадаанд. Дар байни чунин пaйвaстaxо муносибати муайянкунандагй -киёсй мyшоxидa мегардад. Лaбxо чу канде [1,1306]. .чун шумо подшоx [1,461]. Монанди мову ту xaм сунни бешумор [1,1056]. Мисди у пaxлaвоне бар сари кадам наёмада[1,644]. Мачлисе xaмчyн базми Кайковус ороста [1,440].

4.узъи асосии чунин пaйвaстaxо бо сифaтxо низ ифода гардидаанд: Дар чунин ифодaxо сифaтxо ё хабари номй шудаанд ё ба сифати чузъи номии хaбapxои таркибй истифода шудаанд: Оxyе пайдо шуд монанди чашми хубон диднавоз [1,738]. Он ток ба масобаи токи абруи хубон сиёx гардид [1,1249]. Дaxони эшонро .монанди гyлxои нид кабуд сохта буданд [1,306].

Пешоянди мисди дар асар дар ифодаи муносибати чудокунй низ истифода шудааст: Устодони ин санъатро мисди Дустй ва Барноча ва Чдъфар .дар води xaйpaти меандохт [1,865]. Аз кyмошxои кимати мисди парча ва зарбофт ва атдаси хитой.оварданд [1,1228].

5.Мyносибати тарзy тарифа ва холат.

Тарзу тарикаи амадро пешояндxои таркибии номии изофй нисбатан кам ифода кардаанд. Дар ин вазифа дар насри асри ХV1 асосан пешояндxои таркибии номии изофии ба тарики, ба xy^^ ба васидаи, ба xaсби, ба муктазои,дар тарики, аз тарики, бар тарики истифода шудаанд:

Дамаи укало дар тарики дафъи вай .очиз буданд [1,797]. Он чавон дар тарики бандагй ва ихдос .монанди Аёз буд [1,926]. Ба xaсби шариат мудки эшон мкешуда бошад [1,1332]. Кутвод ба муктазои фармуда амад намуда [1,1206]. Намоз пешин ба тарики маъхуд ба мудозимати Мир рафтам [1,522]. Ба xyкми зарурат сафар ихтиёр кардам [1,869]. Худ ба тарики шаръ муомада намоем [1,205].

Додати вукуъи амад дар асар тавассути пешояндxои дар сидки, дар назари, дар макоми, дар садади ифода шудааст: Котибиро .дар доираи хичолату шармандагй андозед [1,1162]. Дар макоми_иззату xypмaт нишаста буданд [1,822].дар назари акобир ин китобро бисузам [1,589]. Уро дар сидки ин тоифа тавон дошт [1,1240]. Подшоx дар садади тaxкикy тафтиш он шуданд [1,655].

6. Мyносибати истисной.

Муносибати истисной дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ», асосан, тавасути пешояндxои номии Faйpи , ба Faйpи, ба Faйp аз, Faйp аз,дар Faйpи ифода шудааст. Ба сифати чузъи тобеъ исмxои шахсу маънй, чонишинxо омадаанд.Дар сурати ба тарзи манфй вокеъ

гаштани тобеъкунанда объекте ифода мешавад, ки дар ичрои амал танxо вай иштирок дорад ё аломат ва амале, ки тобеъкунанда дорад, маxз барои он таъйин шудааст:

ба гайри xазpати Мавлоно xеч кас маxpами он нест [1,511]. Мирро xеч чора намонд, ба гайри савор шудан [1,586]. Мебояд, ки ба гайр аз ман ва Мирзо xеч кас дар xамон набошад [1,1296].

Хабар дар шакли мусбат ояд, шахсе ё ашёе ифода мешавад, ки дар ичрои амал истисно аст: Ба гайри Хоча Осафй ва Малолй аксар шуаро гуфтанд [1,451]. Аxли мачлис xама ба гайри Мирзо берун давиданд [1,653].

7.Мyносибати андозаю микдор.

Муносибати xоли андозаю микдор дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» бо Муносибати XOли андозаю микдор дар насри «Бадоеъ-ул-вакоеъ» бо пешояндxои номии дар гояти, дар нвдояти, дар камоли, ба нвдояти ифода шудааст:.дар гояти чустй ва чолокй буд [1,902]. .дар гояти балодат ва xамокат мебошад [1,556]. Халос кардани Мирзо Байрам дар гояти осонист [1,1079].

Ба сифати тобеъкунанда бо чунин пешояндxо дар асар xиссаxои номии нутк, алалхусус исмxо хеле вофир истифода шудаанд. Дар ин гуна алокамандщо муносибати муайянкунандагй бо тобиши андозаю микдор мyшоxида мешавад:. дасторе дар камоли хурдй ба гирди вай печида [1,623]. Дид, ки мурге дар гояти парешонй..омада [1,84]. Дастори муъаккаф дар гояти бузургй бар сар нщода [1,623]. Сару пое дар гояти такаллуф.равона гардонид [1,66].

Дар асар аксаран дар байни чузъи асосй ва чузъи тобеъ бандаки хабарй ё феълй ёвар омада, чyзъxои ибора дар xолати дистактй(фосиладор) вокеъ шудаанд: Мирзоро чyxpае буд Бадра ном дар камоли xyœy малоxат [1,1296]. Ба канори он чинорест дар гояти баландй [1,986]. Домоде дошт Абдумуким ном дар камоли xy^y малоxат [1,1296]. Зане буд дар гояти xyœy чамол [1,985].

8.Мyносибати хилофи.

Муносибати хилофй дар «Бадоеъ-ул-вакоеъ» тавассути пешояндxои номии изофии бо вучуди ифода шудааст: Бо вучуди он мотам чонсуз халк аз ханда бар замин галтиданд [1,1208]. Мyxаммад Абусаид бо вучуди маxоpатy камол дар фанни гyшти.воxиди даxp буда [1,644].

II. Ифодаи мyносибати мафъyлй бо пешояндх,ои номи

Муносибати мафъулй дар насри асар бо пешояндxои номии xамpоxи, ба xамpоxи, дар xакки, дар бораи, дар боби, дар силки ва пешояндxои номии гайриизофии нисбат ба сурат гирифтааст: Рузе xамpоxи Мир савора мерафт [1,840].xамpоxи ман биё [1,518]. .ба xамpоxии у пеши доруга рафтем [1,1047].

Пешояндxои дар бораи, дар боби, дар xакки бо исму чонишищо омада объекти мyxокимаpо ифода кардааст. Дар бораи эшон чй фикр мекунй [1,90]. Агар худованд дар бораи банда зан бурдаанд [1,62]. дар боби риши вай маонии гариюб мебофтанд [1,898].

Шакли дар xакки тобиши нисбатдщй дорад: Шумо дар xакки он канизак ачаб зулму ситам намудед [1,712]. Ин дар xакки вай тyxмат аст [1,791].

Пешоянди таркибии нисбат ба дар асар нисбатан зиёдтар истифода шуда, муносибату нисбати шахсеро ба шахсе ифода кардааст: Эътикоду иродати вай нисбат ба Абуалй биафзуд [1,793]. Шумо нисбат ба мо ба масобае меxмонед [1,1320].

Дар асар пешоянди нисбат ба дар шакли изофии ба нисбати низ дучор шуд: .ин мазоxгyии муфсид .дар либоси дидмату иттибоъ ба нисбати он чаноби фалакиртибоъ ба тарзе пардохта..[1,373].

Муносибати мафъулии воситаи ичрои амал дар насри «Бадое-ул-вакоеъ» бо пешоянди номии изофии ба дасти ва ба васотати ифода шудааст. Маблаги як сад хонй ба дасти яке аз мулозимони худ равона гардонид[1,66]. Ин китобро фита,ол ба дасти доранда ирсол намоянд [1,320]. Хост, ки ин ба васотати яке аз нудамои Мир бошад [1,26].

Адабиёт:

1. Восифй Зайниддин Маxмyд. «Бадоеъ-ул-вакоеъ». Ч,. 1-2. [чопи интикодй бо мукаддима ва тавзеxоти А.Н. Болдирев]. М.,1961.

2. Грамматикаи забони адабии хозираи точик. Ч,илди дувум. Синтаксиси ибора ва чумлахои сода. Душанбе: Дониш, 1986.

3. Еаффоров Р. Шеваи чануби забони точикй. -Душанбе: Дониш, 1979.

4. Рустамов Ш. Мушкилоти синтаксис. - Душанбе: Маориф,1988.

5. Ярцева В.Н. Предложние и словосочетание // Вопросы грамматического строя. -М., 1955.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

СВЯЗЬ СЛОВ С СОСТАВНИМИ ИМЕННЫМ ПРЕДЛОГАМИ В «БАДАЕЪ-УЛ ВАКОЕЪ» ЗАЙНИДДИНА МАХМУДА ВОСИФИ

Гафаров А. О., Алиев А.

В данной статье исследуется связь слов с составными именными предлогами и некоторые её особенности в «Бадае-ул вакое» Зайниддина Махмуда Восифи. Авторы, разбирая составные именные предлоги, как вид грамматической связи, одновременно определили и четко предлажили синтаксическо - статистические отношения предлогов.

Ключевые слова: составные именные предлоги, грамматический связь слов, словосочетания, синтаксическо-статистическое отношение пространственное отношения, предлог, лексическое значение.

RELATIONS OF WORD WITH COMPOUND NOMINAL PREPOSITIONS IN "BADOE-UL-VAQOE" OF ZAINIDDIN MAHMUDI VOSIFI

Gafarov A. О., Аliev А.

Relations of words with compound nominal prepositions and some of its peculiarities in "Badoe-ul-vaqoe" of Zainiddin Mahmudi Vosifi are reviewed in this article. Having analyzed compound nominal prepositions as grammatical relations, the author determined and proposed syntactical and statistic relations of prepositions as well.

Key words: compound nominal prepositions, grammatical relations, word combination, tactical and statistic relations, spatial relations, preposition, lexical meaning.

Сведения об авторах: Еаффоров Абдушукур Одинашоевич - кандидат филологических наук, доцент Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни, тел.(+992): 901-06-30-68;

Алиев Ахмад - кандидат филологических наук, доцент Кулябского государственного университета им. Абуабдулло Рудаки, тел:(+992) 935113748;

Information about authors: Gaforov Abdushukur Odinaevich -Ph. D. in Philology, docent, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, pone: (+992) 901-0630-68.

Aliev Ahmad- Ph. D. in Philology, docent, Kulob State University named after Abuabdullo Rudaki, phone: (+992) 901-06-30-68.

ВИЖАГИДОИ АШЪОРИ ШОИРОНИ ДОИРАИ АДАБИИ ДИРОТ ДАР ОХИРИ

АСРИ XV ВА ИБТИДОИ АСРИ XVI

Мирзоалиева А. Ш.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Таърихи адабиёти точики охири асри XV ва аввали асри XVI яке аз мархилахои мухими рушду такомули адабиёти точик арзёбй мешавад, ки рушду инкишофи адабиёти аввали асри ХУ, суннатхо ва чараёнхои адабии он барои такомули минбаъдаи адабиёти форсу точик замина мегузорад. Мувофики ахбори сарчашмахои адабй ва таърихй адабиёти форс-точик дар нимаи авали асри ХУ дар Хуросону Мовароуннахр, Эрону Озарбойчон ба зинаи баланди инкишоф расид ва дар Самарканду Х,ирот ва Шероз

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.