Научная статья на тему '“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi'

“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
66
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУХРАВАРДИ / РАСКАЛЕННЫЙ РАЗУМ / СИМВОЛ / SYMBOL / СЮЖЕТ / PLOT INTELLECT / СКАЗАНИЕ / МИСТИКА / SUHRAVARDI / OUTLOOK / MYSTICAL / SUFIY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Исмоилова Мутриба Охунджоновна

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise “Akli Surkh”. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Статья посвящена исследованию мистических воззрений известного представителя персидско-таджикской литературы Шахабуддина Сухраварди, изложенных в его трактате «Акли сурх», и анализу композиционных и художественных особенностей, в частности символики этого трактата

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise “Akli Surkh”. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

Текст научной работы на тему «“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi»

Исмоилова М.О. Рисолaи «Ацли сурх»-и Шaxpбyддwш Cyxpaeapdu ea 6ab3e хусусиятхри он

Исмоилова Мутриба Охунцоновна,

муаллимаи кафедраи забонуои хориции ДИС ДДТТ

РИСОЛАИ «АЦЛИ СУРХ»-И ША^ОБУДДИНИ СУХРАВАРДЙ ВА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТ^ОИ ОН

Дар миёни рисолахои форсии Шайх Шахобуддини Сухравардй рисолаи «Акли сурх» чойгохи мухимеро сохиб аст. Аглаби рисолахои форсии Сухравардй хачман кутох бошанд хам, дар онхо масоили гуногуни ирфонй бо шеваи рамзпардозй тахкику тафсир шудааст. Рисолаи «Акли сурх» хам асосан бо хамин усул навишта шудааст ва он чи аз нусхахои хаттй ва чопии он бокй мондааст, хамагй 15 сахифаро фаро мегирад. Сохтори рисола асосан аз муколамаи худи муаллиф бо нафаре иборат аст, ки ба y дар мавриди забони мургон суоле додааст ва дар ин замина y бо гуфтани посух ба саволхои вай мазомини ирфониро шарху тавзех намудааст. Дар ин рисола Сухравардй аз забони мургон ва паррандагон _хикоят мекунад ва чанбаи рамзии рисола дар хамин матлаб ошкор мегардад. У хамчун солики рохи тарикат ба чисму сурати паррандагон ворид гардида, дар анчоми сафари рухонй эхтимом меварзад. Аз мухтавои рисола хувайдост, паррандае, ки нависанда ба колбади он вуруд мешавад, то сафари рухонии хешро идома бахшад, боз аст ва бо ворид гардидан ба чисми он Сухравардй хамрох бо дигар бозон ба суи кухи ^оф рох мегирад. Дар чараёни хамин сафар аст, ки Сухравардй бо хаводиси чахон ва вокеоти он пайванд гирифта, зинахои камолоти маърифати инсонро тай мекунад. Парвози y ба хар чониб унсури мухим дар маърифати олам аст, зеро бо бархурд ба хар чизе дар атроф кушиши шинохти он дар вучуди вай авлавият касб намуда, мунтахо ба мурод мерасад, яъне рамзи акл дар унвони хамин рисола хам пайванд ба хамин маърифат дорад. Аз диди хунари нависандагй хам гузоштани унвони «Акли сурх» рамз ва киноя аст, ки дар заминаи пайванди он ба унсури вокеии ранг як мафхуми фалсафй ва ирфонии хоси муаллифи асар берун омадааст. Шархи ирфонии акли сурх дар заминаи посуххои нависандаи солик ба саволхои дусти y, ки аслу мухтавои рисоларо фаро гирифтаанд, тачассуми равшан пайдо мекунад. Аз диди сохторшиносй нахуст рисола бо хамди Худо-ванд огоз мешавад, ки ин махсусияти сохтории рисолахои ирфонй ба шумор меояд. Дар огози рисола омадааст:

«^амд бод Маликеро, ки хар ду чахон дар тасарруфи уст. Буди хар кй буд, аз y бувад ва хастии хар кй хаст, аз хастии уст. Будани хар кй бошад, аз будани y бошад» (1,252). Дар идомаи ин хамд наъти Расули Акрам чараён мегирад, ки сохтори маснавихои ирфонй ва шеваи махсуси нигориши таълифоти тасав-вуфиро ба хотир меорад. Сухравардй хам дар чараёни кори худ аз он риоят намудааст: «Ва салавот ва тахиёт бар фиристодагони y ба халк, хусусан бар

Мудаммади мухтор, ки нубувватро хатм бад-у кард ва бар садоба ва уламои дин ва ризвону-л-Лоди алайдим ачмаъин»(1,251).

Ч,олиб аст, ки дар шеваи наъти Судравардй нахуст дуруд ба тамоми паёмбарони баргузидаи Худованд, ки ба руи замин барои дидоят фиристода шудаанд, ирсол мегардад. Шояд дамин шеваи кори у боиси сар задани дар гуна сару садодо нисбат ба эътикодоташ гардида бошад, ки баъдан бар асари игво ва фитнадои мутаассибин бар иттидомаш нисбати зардуштигарой мактул гардид. Дар доле ки бо равшантарин чумалот хотимаи анбиё будани дазрати паёмбарро эътироф намудааст ва ин матлаб дар чумлаи наътии у тачассуми мубин дорад. Албатта, ин бадси чудогона аст.

Тавре гуфта омад, арзиши аввалияи адабии ин расоил дар он аст, ки ондо содиби сужаи мустакил буда, дамчун як киссаи ирфонй рунамо мешаванд. Аз чумла, «Акли сурх» дам чунин сурати адабиро довист ва он бо пурсише огоз мешавад, ки оё мургон забони дамдигарро мефадманд ва ин суолро нафаре ба Судравардй дамчун кадрамони марказии асар - солики роди тарикат медидад:

«Дусте аз дустони азиз маро суол кард, ки мургон забони якдигарро донанд? Гуфтам: Бале. Гуфт: Туро аз кучо маълум гашт? Гуфтам: Дар ибтидои долат чун мусаввар ба дакикат хост, ки ба ният маро падид кунад, маро дар сурати бозе офарид ва дар он вилоят, ки ман будам, дигар бозон буданд. Мо бо якдигар сухан гуфтему шунидем ва сухани якдигарро фадм мекардем»(1, 251). Дар идомаи суол пурсиш мешавад, ки пас бад-ин дол чи гуна расидй, яъне ба сурати одамй даромадай ва гар замоне сурати боз доштай. Хати сужаи рисола дар давоми ин бадс ба чое мерасад, ки аз руи накли ровии аслии кисса, солики тарикат замоне сайёдон домдое мегузоранд ва баъди бар дом афтодани у ондо чашмонашро мебанданд ва ба тадрич боз мекунанд, ки дар ру ба руяш марде сурхру нишастааст ва даъвии нахустин фарзанди офариниш буданро дорад. Дар бархе аз шарддое, ки ба ин рисолаи Судравардй навишта шудааст, акли сурхро сумбули кисмат дам гуфтаанд. Дар асл у дам марде солхурда ва намояндаи инсони комиле аст, ки кабл аз офариниш ба сурати мисоле дар камоли мадз мезиста ва дам дар як вакт чавоне аст, зеро аз назари дастишиносй бо Худованд, ки азалй ва кадимтарин аст, фосилаи зиёд дорад. Бадси чолиби Судравардй дар ин чо дар он тазодур мекунад, ки хама офаридадо шуруъ аз акли аввал, ки ин чо дар ибораи акли сурх тачассум ёфтааст, нисбат ба Худованд, яъне сонеи худ чавонанд ва барои дамин маърифати кул(л) фосиладои тулониро фаро мегирад ва датто имкони расидан бар он ормони аслии солик ба шумор меравад.

Дар чараёни сужаи рисола баъди бастани чашмони солик уро ба макони дигаре мебаранд ва дад нафарро барояш муваккил мегузоранд, ки панч аз суи у ва панч аз пушт карор мегиранд. Ин чо дам рамзест нудуфта, ки ин дад муваккил дад нафс аст, ки дар вучуди инсон бошад ва панч нафси аммора ё замима ва панчи дигар ахлоки дасана аст, ки пайваста ондо дар чидол ва мубориза мебошанд. Дар матни рисола ин фурсат ба таври зайл тасвир шудааст: «Ин панч, ки руй суи ман доштанд ва пушти эшон берун, он гад маро дар олами тадайюр бидоранд, чунонки ошёни хеш ва он вилоят ва дар чй маълул буд, фаромуш кардам ва мепиндоштам, ки ман пайваста худ чунин будаам» (2, 338).

Исмоилова М.О. Рисолаи «Ацли сурх»-и Шахрбуддини Судравардй ва баъзе хусусиятхри он

Чедраи акли сурх тачассуми инсони комил аст, ки аз чамъи мудассаноти инсонй бархурдор буда ва рангу руи сурху чавон дорад ва иллати чавонии он дар худи матни рисола шард ёфтааст, ки каблан тазаккур ёфт. Дар канори ин, у сайёдест дунёдида ва фазилати дунёдидагй, ки марбут ба адли ирфон аст, барои камолоти маънавии вай таъсир гузоштааст. Ин аст, ки зимни огози наклдои худ ба ровии кисса, худи Судравардй ва дар як вакт солики роди тарикат аз тачоруби худ дикоят мекунад. Ч,амъи ачоиботи оламро у дар дафт чиз хулоса мекунад: куди ^оф, гавдари шабчарог, дарахти Тубо, дувоздад коргод, зарраи довудй, теги балорак, чашмаи зиндагонй. Х,ангоми шарди дарахти Тубо сухан аз Симург ба миён меоварад, ки киссаро боз дам рамзомез ва рангоранг мегардонад. Х,амин чо собит мешавад, ки ин дафт ачоибот дамон дафт шадри Ишк дастанд, ки солик бояд аз ондо сафар кунад ва дар идомаи кисса мушодида мешавад, ки дар яке аз ондоро Акли сурх ба унвони пири комил тавзед медидад. Масалан, вакте дар мавриди дарахти Тубо суол мекунад, посухи Акли сурх ин гуна аст: «Гуфт: Дарахти Тубо дарахте азим аст. Х,ар кас, ки бидиштй бувад, чун ба бидишт равад, он дарахтро дар бидишт бинад ва дар миёни ин ёздад куд, ки шард додем, куде аст, ки дар он куд аст»(2, 333).

Дар робита ба куди ^оф бошад, муаллифи достон ин гуна шард медидад: «Аввал куди ^оф аст, ки гирди чадон даромадааст ва ёздад куд аст ва чун ту аз банд халос ёбй, он чойгад ходй рафт, зеро ки туро аз он чо овардаанд ва дар чизе, ки даст окибат ба шакли аввал баргардад»(2, 334).

Чун вакте сухан аз куди ^оф рафт, ин чо барои солик Пир аз шевадои гузаштан аз куддои дигар сухан мекунад, то ки мунтадо ба ин сарманзили максуд бирасад. Дар дамин бадсдост, ки у аз асли киссаи куди ^оф ва симург сухан мекунад ва ба заминадои эронии он мепардозад. Мудаккики эронй Абдуррафеи Х,акикат ин тимсолдоро, ки аз достони Золи «Шоднома» Судравардй дамчун намоди шаркгароии хеш дар киссаи худ меоварад, намоддои зардуштии куди ^оф, достони Зол, Рустам ва Исфандиёр унвон кардааст, ки кадрамонии аслии дамосаи миллии эрониён дастанд(1, 250).

Зимнан, ровй ин чо аз парвариши Зол ва пирузии Рустам бар Исфандиёр мепурсад, ки дар ин маврид ба рамздои ирфонй бадал шудани симо ва асотири эрони бостонй ба мушодида мерасад. Аммо аз руи мукоисаи матншиносй ва фазилатдои асотирй он чй пирамарди Акли Сурх дар достони Судравардй мегуяд, аз ривоёти «Шоднома»-и Фирдавсй рочеъ ба Симург фаркияти куллй дорад. Дар достони Судравардй ба чои Симург одуе Золро шир медидад ва дар устураи марбут ба Рустам ва Исфандиёр барки пари Рустам аст, ки ба чашмдои Ифандиёр метобад ва кори уро ба анчом мерасонад, на тири Рустам.

^иссаи парвариши Зол аз чониби оду дар достони Судравардй ба гунаи зайл тавзед ёфтааст: «Чун шаб даромад ва Симург аз он садро мундазим шуд, одуе бар сари Зол омад ва пистон дар дадони Зол нидод, чун Зол шир хурд, худро бар сари Зол бихобонид, чунонки Золро деч осеб нарасид»(1, 253).

Поёни достон ба накли расидани солик ба зулмот аст, ки дар он чо оби даёт аст ва ин киссаро Судравардй чунин ба калам овардааст: «Ва ту худ дар зулмотй, аммо ту намедонй. Он кас, ки ин родро равад, чун худро дар торикй бинад, бидонад, ки пеш аз ин дам дар торикй будааст ва даргиз рушной ба чашм

надида. Пас аввалин кадами рохи равон ин аст, аз ин чо мумкин бувад, ки тараккй кунад. Акнун агар касе ба ин маком расад, аз ин чо тавонад бувад, ки пеш равад. Муддаии чашмаи зиндагонй дар торикй бисёр саргардонй кашад. Агар ахли он чашма бувад, ба окибат баъд аз торикй рушаниро бинад, пас уро бе он рушаной набояд гирифтан, ки он рушаной нуре аст аз осмон бар сари чашмаи зиндагонй. Агар рох бурд ва ба он чашма гусл баровард, аз захми теги балорак эмин гашт.Х,ар кй ба он чашма гусл кунад, харгиз мухталим нашавад. Х,ар кй маънии хакикат ёфт, ба он чашма расид, чун аз чашма баромад, истеъдод ёфт, чун ругани баласон, ки агар каф баробари офтоб бидорй ва агар катрае аз он руган чаконй, аз пушти даст бадар ояд. Агар Хизр шавй, аз кухи Цоф осон тавонй гузаштан»(1, 353).

Аз мухтавои ин кисмати нихоии достони Сухравардй хувайдост, ки он чашмаи зиндагонй хамон мархилаи нихоии камолот яъне кухи ^оф барои Симург аст, ки солик ин чо ба макоми Хизр яъне инсони комил расидааст. Дар чумлаи нихоии ин гуфтор хакикати нуктаи фарчоми сафари солик нухуфтааст, яъне агар Хизр шавй, аз кухи ^оф осон тавонй гузаштан». Хизр дар андешаи Сухравардй пири муршид аст ва Кухи ^оф нихояти сафари солик, куллаи максуд. Тамоми самбулхои ин достон маънихои ирфонй касб кардаанд ва хатто дар фароварди достон вакте худи Сухравардй хам ба нафари соил ин достонро накл мекунад, гохе макоми муршиди комилро дорад. Он чо ки мегуяд: «Чун он дусти азиз ин мочаро бигуфтам, он дуст гуфт ту он бозй, ки дар домй ва сайд мекунй. Инак маро фитрок банд, ки сайде бад нестам» (2, 16) .

Дар ин маврид нахуст Акли сурх рамзи пирест, ки хамаи вижагихои сафари рухониро ба ровй, яъне Шайхи Ишрок мегуяд ва акнун Шайхи Ишрок ин ки ба суолхои нафаре ба унвони мурид посух мегуяд, худ хам дар мавриди дигар макоми шайхй касб кардааст. Хати сужаи достон тафсири хамин достони сафари рухонист, ки ин чо боз хам тавассути самбули мургон тафсир шудааст ва ин чо худи ровй ба рамзи боз ворид мешавад, то ба тадрич мачмуи макомоти маънавиро тай кунад. Гохо Сухравардй истилохоти маком ва вилоятро ба кор мебарад, ки хамин чанбаи ирфонии достони уро бозгуй мекунанд.

Сабки нигориши рисолаи «Акли сурх» хам хеле чаззоб ва равон аст, харчанд достоне рамзй ва ирфонй аст ва барои кашфи маонии он огохй аз истилохоти ахли тасаввуф зарур мебошад. Танхо дар кисмати охири достон, ки дар боло тазаккур ёфт, истифодаи вожагони равган, чаконидан, пушти даст аз чумлаи таркибу иборахои ноби форсй махсуб мешаванд, ки ба равон будани сабки нигориши достон ишорат мекунад. Рамзгаройй ва рамзпардозй вижагии аслии достонхои ирфонист, ки дар ин достон низ чилваи барчаста дорад. Дар канори ин, дар баъзе нусхахои достон истифодаи ашъор ба назар мерасад, ки дакикан маълум нест, ки ин сурудахо ба кй тааллук доранд. Масалан, дар кисмати поёнии кисса ду порчаи шеърй дар бархе аз нусахи достон ба мушохида мерасад. Дар фарчоми накли киссаи Симург нахуст ин байт омада: Ба теги ишц шав кушта, ки то умри абад ёбй, Ки аз шамшери Буя^ё нишон надсад касе э%ё(3,252).

Исмоилова М.О. Рисолаи «Ацли сурх»-и Шахрбуддини Сухравардй ва баъзе хусусиятхри он

Х,амзамон дар фарчоми достон баъди сухани ровй ва хадафи соил бо хам порчаи шеърие оварда шудааст, ки мантикан хадаф ва андешаи аслии Сухра-вардиро чамъбаст мекунад:

Ман он бозам, ки сайёдони олам, Хама вацте ба ман муутоц бошанд. Шикори ман сияучашм оуувонанд, Ки уикмат чун сиришк аз дида боранд. Ба пеши мо аз ин алфоз дуранд, Ба пеши мо аз ин маънй тарошанд (3, 253). Ин порчахои шеърй дар матни нусхаи кисса дар китоби «Мачмуаи мусан-нафоти Шайхи Ишрок» омадаанд. Ба назар мерасад, ки харчанд агар ин порчахоро котибони баъдй илхок карда бошанд, аммо хеле бомаврид ва чавоб-гуи холи кахрамонони кисса сурат гирифтааст, ки ба чо афтода барои таквияти чанбахои адабии достонхои ирфонй таъсири равшан гузоштаанд. Дар мачмуъ, рисолаи «Акли сурх» яке аз рисолахои кутохи рамзии Сухравардист, ки дар та-шаккули насри ирфонии форсу точик ва шаклгирии он накши хосса гузоштааст. Калидвожа^о: Сухравардй, Ацли сурх, рамз, сужа, цисса, ирфон

Пайнавишт:

1. Абдурафеи Хацицат. Сухравардй шауиди фаруанги миллй. -Теурон: Интишороти Кумиш, 1378.

2. Ахмад Тамимдари. История персидской литературы. -Санкт- Петербург, 2007.

3. Сууравардй Шауобуддин. Киссауои Шайхи Ишроц. Вироиши Цаъфар Мударриси Содицй. -Теурон: Нашри Марказ, 1375.

4. Сууравардй Шауобуддин. Ацли сурх. Ба кушиши Хусайни Муфид аз руи нусхаи Мууаммади Цоцармй, -Теурон, 1384.

5. Мацмуаи мусаннафоти форсии Шауобуддини Сууравардй. Дар се цилд. Тасуеу ва таушияи Саид Хусайни Наср. -Теурон, 1378.

Исмоилова Мутриба Охунджоновна,

ассистент кафедры иностранных языков ТГУК Трактат «Акли сурх»(«Раскаленныйразум») Шахабуддина Сухравардй Ключевые слова: Сухраварди, раскаленный разум, символ, сюжет, сказание, мистика

Статья посвящена исследованию мистических воззрений известного представителя персидско-таджикской литературы Шахабуддина Сухраварди, изложенных в его трактате «Акли сурх», и анализу композиционных и художественных особенностей, в частности символики этого трактата.

M.O. Ismoilova

"Akli Surkh" Treatise by Shahabuddin Suhravardi Key words: Suhravardi, plot intellect, symbol, outlook, mystical, sufiy.

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise "Akli Surkh". The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.