Научная статья на тему 'AINI’S PLACE IN THE WRITINGS OF IRANIAN SCIENTISTS'

AINI’S PLACE IN THE WRITINGS OF IRANIAN SCIENTISTS Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
22
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
С. АЙНИ / ПОЭЗИЯ / ПРОЗА / ИРАН

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Сайфуллоева Музайяна

В данной статье рассмотрены ценные исследования доктора Мухаммада Джафара Ёхаки, доктора Али Асгара Шердост, в которых С.Айни характеризуется как поэт, прозаик и выдающийся ученый, внесший достойный вклад в развитие всей персоязычной литературы. Айни хорошо знают как одного из выдающихся мастеров персоязычной литературы и как основоположника современной таджикской литературы в Иране, Афганистане, в литературных кругах Индии и Пакистана. Автор статьи подчеркивает, что внимание иранских ученых привлекали не только жизненный путь С.Айни, но и его художественные, научные и исторические сочинения. Его художественные произведения и научные труды в Иране признаны в качестве новых образцов реалистической прозы и научного исследования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

МЕСТО САДРИДДИНА АЙНИ В ТРУДАХ ИРАНСКИХ УЧЕНЫХ

This article describes the valuable study by Dr. Mohammad Jafar Ёhaki, Dr. Ali Asghar Sherdost where S.Ayni characterized as a poet, novelist and scholar who has made an outstanding contribution to the development of a decent all of Persian literature. Aini is well known as one of the great masters of Persian literature and as the founder of modern Tajik literature in Iran, Afghanistan, in the literary circles of India and Pakistan. The author emphasizes that the focus of Iranian scientists attracted not only S.Ayni career, but also his artistic, scientific and historical works. His works of art and scientific works in Iran are recognized as new models of realistic prose and scientific research.

Текст научной работы на тему «AINI’S PLACE IN THE WRITINGS OF IRANIAN SCIENTISTS»

РАЗВИТИЕ ПРОЗЫ МЫШЛЕНИЯ В ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЕ ВТОРОЙ

ПОЛОВИНЫ XX ВЕКА

В таджикской прозе 60-70 годов XX века появилась новая тенденция, которую назвали прозой мышления. Эта черта современной таджикской прозы ярко выражена в повестях У. Кухзода. Автор аназизирует повесть «Реванш», которая сыграла важную роль в развитии прозы мышления в таджикской литературе второй половины XX века.

Ключевые слова: таджикская проза, проза мышления, повесть, таджикская литература, новая тенденция.

DEVELOPMENT THOUGHTS PROSE IN THE TAJIK LITERATURE OF THE SECOND

HALF OF XX CENTURY

In 60-70 years XX century were the time of the new tendency, which called the thoughts of prose. These modern Tajik ideas noticed in novels and stories of U. Kuhzod. Especially the novel titled «Revansh» has a great role in the improvement of proses in Tajik literature in the ends of the XX century.

Key words: Tajik prose, the thoughts of prose, novel,Tajik literature, new tendensy.

Сведения об авторе: Асоева Парвина, соискатель Таджикского национального университета, e-mail: soleh59@mail.ru

About author: Asoeva Parvina, researcher of the Tajik National University

МАЦОМИ УСТОД АЙНИ ДАР ОСОРИ ДОНИШМАНДОНИ ЭРОНИ

Сайфуллоева М.

Донишгоуи давлатии бизнес ва сиёсати Тоцикистон

Корхои мухимме, ки насли аввал ва миёнаи донишмандон ва нависандагони эронй - Саид Нафисй, Алй Асгари Дикмат, Парвиз Нотили Хонларй, Дабиби Ягмой, Дусайни Лисон, Алй Акбар Саидии Сирчонй, дар рохи шинохт ва муаррифии Садриддин Айнй дар Эрон ба чо оварданд, заминаи шоистае барои омузиши минбаъдаи хаёт ва эчодиёти Садриддин Айнй мухайё намуданд. Доктор Мухаммад Чдъфари Ёхакй яке аз хамин гуна олимони сохибдилу сохибзавки Эрон аст. Китоби мухиме, ки у рочеъ ба таърихи адабиёти форсй дар карни бистум ба майдон гузошт, «Чун сабуи ташна» (1995) ном дорад.Доктор Ёхакй кабл аз хама сахми Садриддин Айниро дар адабиёти чадидгароён таъйид менамояд. Ин давраи адабиёти точик аз замон ва осори поягузори чараёни маорифпарварй Ахмад Махдуми Дониш гирифта, то худи Садриддин Айнй идома меёбад. Маълум аст, ки бо таъсири осори Ахмад Махдуми Дониш як зумра шоирони тозаандеш дар адабиёти точик ворид шуда буданд, ки онхо Абдулкодирхочаи Савдо, Шамсиддин Шохин, Мухаммад Сиддики Дайрат, Мулло Абдулмачиди Музтариб, Абдулвохиди Мунзим ва албатта худи Садриддин Айнй ба шумор меоянд. Мухаммад Чдъфари Ёхакй дуруст мефармояд, ки кабл аз инкилоби Октябр чумбиши тачдидгароёни точик танхо каноти мухолифе буд ва он бо Амирсолори Бухоро ба ситез бархост. Дар ин чумбиш андешаварони тараккихох ба мафхуми вокеии он вучуд доштанд, ки дар он миён Садриддин Айнй дурахшандагии бештаре ёфтааст. Муаллифи китоби «Чун сабуи ташна» фикру андешахои худро дар бораи даврабандии адабиёти муосири точик ва тавсифи мархилахои он иброз намуда таъйид менамояд, ки дар хамаи даврахои рушду камоли ин адабиёт Садриддин Айнй накши рушан доштааст. Бисёр чолиб аст, ки ба назари доктор Ёхакй хар як ибтикороти Садриддин Айнй чуяндагй ва бозёфти тоза менамояд. Ин аст, ки у оид ба асари Садриддин Айнй «Намунаи адабиёти точик»дар робита бо эхтиёчи халк ба ин гуна китоб чунин изхори андеша мекунад: «Садриддин Айнй дар соли 1925 бо таълифи ганчинаи азиме аз адабиёти точик дар рохи тахкики хостахои миллати худ гоми бузурге бардошт ба зиддияти узбекхо ва тасмиме котеъ пушти сар гузошт, ки саранчом ба ташкили давлати чадиди Точикистон, ба мафхуми навини он мунтахй гашт ва забони точикй (форсй), ки баъдхо точикон бо ифтихор аз он ёд карданд ва ба сурудани шеър ва падид овардани осори достонй (насри) ва намоишй муваффак ...»

Даp асаpи Ёхакй ба чуз ин ки номи устод Айнй бо зи^и сахми y даp инкишофи адабиёти точик даp давpахои гуногуни таpаккиёти он ёдоваp мешавад, боз як фасли махсус навишта шудааст. Ин фасл «Садpиддин Айнй - бyнёдгyзоpи адабиёти точик» ном доpад. Фасли мазкyp зиндагиномаи устод Айнй ва сахми ypо даp pохи пайдоиш, ташаккул ва pавнакy pивочи адабиёти навини точик, хидматхои y даp таpаккиёти адабиёти мyосиpи узбек, тадкикотхояшpо даp боби адабиётшиносй ва таpбияи нависандагони чавон даp баp мегиpад. У баpхак навиштааст: «Садpиддин Айнй (18781954) номваpтаpин чех£а ва даp вокеъ бyнёнгyзоpи адабиёт ва фаpханги Точикистон аз касоне, ки миёни адабиёти пеш ва пас аз инкилоби октябpь пайванди эчодй каpдааст. Ба далели ахамияташ даp тоpих ва фаpханги точик ypо ба номи «устод» ё «падаp»-и миллати точик мешиносанд» [1, с. 328].

Даp китоби «Чун сабуи ташна» муаллиф мазмуну мохияти навиштахои ypо аз маpсияи чонгудозаш даp катли баpодаpаш Сиpочиддин, маколахояш даp матбуоти давpии «Шуълаи инкилоб» ва дигаpхо то тазкиpаи навчуёнаи y «Намунаи адабиёти точик» ба тахлил pасидаанд. Ба хамагон маълум аст, ки устод Айнй ба чуз шеъpy достонхои пypмyхтавои башаpдyстона як силсила киссаву pоманхое эчод каpдааст, ки натанхо пояи насpи pеалистии точикиpо гузоштанд, балки баpои нависандагони чавоничyмхypй мактаби омузиши мах^ати адабй низ гаpдиданд. Аз ин лихоз доктоp Мухаммад Ч,аъфаpи Ёхакй чойгохи киссаву pоманхои устод Айнй «Чдллодни Бyхоpо», «Одина», «Дохунда» ва «^уломою^о даp инкишофи насpи pеалистии точикй нишон медихад ва натича мебаpдоpад, ки ^p нависандагии у pомани «Fyломон» маpхилаи камол ба шyмоp меpавад. Устод Ёхакй ба асаpи таpчyмаихолии Садpиддин Айнй «Ёддоштхо», ки даp он бехтаpин суннатхои ёддоштнависии классикй, хамчун «Бадоеъ-ул-вакоеъ»- и Восифй ва «Наводиp-yл-вакоеъ»-и Ахмади Дониш pyшан мушохида мешаванд, эътибоpи калон медихад. У «Ёддоштхо»-pо аз чумлаи шохкоpихои Садpиддин Айнй мешyмоpад ва махоpати бyзypги нависандаpо даp истифодаи хикматхо ва pивоятy хикоятхои маpдyмй даp назаp дошта, менависад: «Ин асаp баpхак ганчинае хаст, аз забон ва фаpханги маpдyми точик , ки даp он заpбyлмасалхо, хикоятхо, таъбиpот ва гуфтахои омиёна чобачо даpч гаpдида ва баp шиpинии забон ва хусни таъсиpи он афзудааст» [1, с. 329].

Пушида нест, ки устод Айнй даp боpаи хаёт ва эчодиёти классикхои адабиёти фоpс-точик Рудакй, Фиpдавсй, Абуалй ибни Сино, Шайх Саъдй, Хоча Х,офиз, Зайниддин Восифй, Mиpзо Абдyлкодиpи Бедил ва поягyзоpи назми классики узбек Алишеp Навой ва дигаp устодони сухан як силсила тадкикотхои аpзишманде эчод каpдааст. У ба мусикй мухаббати хоса дошт ва даp ин хусус низ маколахо навиштааст.

Устод Ёхакй ин вижагихои фаъолияти илмии устод Айниpо низ ба фаpомyшй намедихад. Ва бахусус дилбастагии ypо ба фаpханги миллй ёдоваpй мекунад ва мегуяд: «У дyстдоpи бyзypги мусикй ва дилбастаи гунахои суннатии он буд ва даp боби ин хyнаp чандин ^исолаи омузиш навишт» [1, с. 331].

Доктоp Ёхакй кушиш ба хаpч медихад, ки хyнаpи Садpиддин Айниpо даp манзаpанигоpй, тасвиpи обpаз ва хаpактеpхои баpчастаи инсонй, кашфи олами pyхивy pавонии онхо, бахусус, тадкики бадеии вокеият, мyхимтаpин pавандхои сиёсй, ичтимой ва ахлокй ва амсоли инхо ба исбот pасонад. Инак, даp китоби «Чун сабуи ташна» мехонем: «Даp тавсифи манозиp ва чашмандозхо ва чехpа ва хаёту халкияти кахpамонони осоpи худ (Айнй - М. С.), аз ин хайс коpхои ypо ба осоpи Бальзак монанд каpданд, ки Энгельс даp боpаи у мегуфт: «Аз pахгyзаpи он осоpи Фаpонсаpо шинохтааст.»

Даp хакикат хам, даp тадкикотхои адабиётшиносон И. С. Бpагинский, Д. С. Kомиссаpов, М. Шакypй, С. Табаpов ва дигаpон кахpамони киссаи «Mаpги сyдхyp» Kppñ Исмат, ки чун Kоpй-ишкамба даp байни халк машхyp гаpдида буд, бо pохи мукоисаи у, Гобсеки Бальзак фи^у андешахои мухим ифода ёфтаанд, ки Мухаммад Ёхакй хаминхоpо даp назаp доpад.

Ч^аёни зиндагй ва фаъолияти эчодии Садpиддин Айнй даp тадкикоти Мухаммад Ч,аъфаpи Ёхакй «Чун сабуи ташна» хеле хуб ва бо дониши комили илмй даp боpаи адабиёти точик ва чойгохи Айнй даp он баppасй шудааст. Китоби чун «Сабуи ташна» даp маpхилаи муайни инкишофи pобитахои адабию илмии Точикистон ва Эpон як чамъбасти шоистаи он коpхоест, ки даp боpаи Садpиддин Айнй донишмандони эpонй анчом додаанд.Агаp аввалин маълумотхо даp боpаи Садpиддин Айнй ва эчодиёти у, инчунин баъзе поpчахо аз асаpхои у даp мачаллахои «Паёми нав» (1944, 1947, 1954,

1955) ва «Сухан» (1945) интишор ёфта бошанд, дар сипас ба чуз маколахои муфассал дар бораи Айнй ва тадкикотхое мисли асари Ёхакй пайдо шуда бошанд, дертар «Донишномаи адаби форсй» барин китобхои бисёрчилдаи комусимазмун ба Айнй ва эчодиёти y эътибори калон медиханд Масалан дар бораи «Ёддоштхо»-и Айнй чунин навиштаанд, ки барои хонандагони точик чолиби таваччУх аст:

«Ёддоштхо»-и Айнй, хотироти Садриддин Айнй (1878-1954 м.) ба форси точикй, ки дарбаргирандаи нуктахо ва гушахое аз марохили мухталифи зиндагии y ва хаёти ичтимоии точикон дар рузгори нависанда ва аз зумраи шохкорихои нависандаи точик аст. Ин китоби хатир аз осори нависандагони пешинзамони форсй, монанди «Чахор макола»-и Арузй, «Гулистон»-и Саъдй, «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Восифй ва «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш таъсир пазируфтааст. К^удрати нависандагии муаллиф ва хунари тавсифи y дар навъи худ бемонад аст ва ёди Абулфазли Байхакиро дар зехни хонанда бедор мекунад. Ин асар ба ростй ганчинае аз забон ва фарханги мардуми точик аст ва дар он зарбулмасалхо, хикматхо, таъбирот ва гуфтахои омиёна чобачо дарч гардида ва бар ширинии забон ва хусни таъсири он афзудааст. «Ёддоштхо»-и Айнй то кунун ба чандин забон, аз чумла ба фаронсавй, тарчума шудааст. Забони «Ёддоштхо» забони Байхакй аст.

Ин асар дар Ирон ба кушиши Алиакбар Саидии Сирчонй (1373-1310 шамсй) чоп шудааст ^ехрон, 1362)» [2, c. 411-412].

Дар маколаи мазкур оид ба «Ёддоштхо»-и Айнй андешахои хеле муфид баён карда шудааст. Агар дар адабиётшиносии точик «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Восифй ва «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Донишро академик М.Шакурй низ хамчун яке аз сарчашмахои адабии миллй, ки Айнй аз онхо дар таълифи «Ёддоштхо»-и худ таъсир бардоштааст, тазаккур ёфта бошад, дар ин маколаи «Донишномаи адаби форсй» муаллифи он «Чахор макола»-и Арузй, «Гулистон»-и Саъдй ва «^аърихи Байхакй»-ро низ ба сифати асархое номбар кардааст, ки Айнй аз онхо таъсир пазируфтааст. Датто дар ин макола котеона навиштаанд, ки «Забони «Ёддоштхо» забони Байхакй аст.» Чунин таъкид сазовори омузиш аст ва лозим меояд, ки адабиётшиносони мо дар оянда сабку услуби забони «^аърихи Байхакй» ва «Ёддоштхо»-и Айниро мавриди омузиши муфассал карор диханд. Мукоисаи забони «Ёддоштхо» бо нахви забони форсй низ сазовори диккат аст. Алиакбар Саидии Сирчонй дар ин хусус бо мукоисаи мисолхо изхори андеша карда буд. Ба фикри мо риштаи ин тадкикотро низ идома додан беманфиат нахохад буд.

Асари дигари тадкикотие, ки «Чашмандози шеъри имрузи точик» [3] ном дорад, ба калами адабиётшиноси варзида АлиасFари Шеърдуст тааллук дорад. Дарчанд, ки ин китоб ба масъалахои шеъри муосири точик бахшида шудааст, муаллиф суннатхои миллии онро аз назми классикии форс-точик OFOЗ менамояд ва рочеъ ба чустучухои эчодй, анъанапарастй ва навпардозихои шоирони точикро аз Садриддин Айнй то насли миёнаи шоирони имрузи точик (Фарзона, Сиёвуш, Низом Косим, Зиё Абдулло... ) ба маърази тадкик мегирад. Муаллиф мавкеу макоми Садриддин Айниро хам дар адабиётшиносй ва хам дар инкишофи назми точик холисона ба риштаи тадкик мекашад. Аввалан y фикру андешахои Садриддин Айниро дар бораи мактаби адабии Бедил ва пайравони y дар Tочикистон, хамчун TуFрал ва Чдвхарй нишон медихад, тадкикотхои илмии С.Айниро чун сарчашмаи мухиме барои фахмидани мохияти мактаби Бедил дар назми точик баррасй менамояд.

Доктор АлиасFари Шеърдуст дар бораи Садриддин Айнй дар робита бо инкишофи назми муосири точик тахаввул ва ташаккули анвои он ва дар киёс, бо дигар шоирони точик сухан меронад. У масъалахои анъана ва тозапардозии Садриддин Айниро дар шеъри муосири точикй мушикофона ба риштаи тахкик мекашад. Донишманди мухтарам Садриддин Айниро «пири рахкушои адабиёти кунунии Tочикистон» мешуморад ва барои исботи фикри худ, порчахои сазовори таваччухро аз ашъори устод Айнй меоварад. Доктор АлиасFари Шеърдуст диккати хонандаро ба чунин масъала чалб менамояд, ки пешрафти назми муосири точик, кабл аз хама касида ва Fазал, вобаста аст хам ба омузиши онхо аз назми классики форс-точик ва хам аз тачрибаи Fазалхои сиёсию ичтимоии устод Лохутй. Маълум аст, ки устод Лохутй баъд аз бигзаштанаш ба хоки Шуравй касри шохони рус Кремлро тамошо карда хеле мутаассир шуд ва касидаи машхури худ «Кремл»-ро эчод кард. Ин асар мазмуну мохияти инкилобй дошт ва ба тамоми конуну коидахои касидасарой чавоби мусбат медод. Ба ибораи дигар гуем, мазмуну мохияти он нав бошад хам, шакли таълифаш анъанавй буд, дар колаби касидахои классикй, пеш аз хама дар суннати касидаи

Афзалиддин Хоконии Шаpвонй «Хаpобахои Мадоин» навишта шуда буд. Як зyмpа шоиpони точик низ даp касидасаpой бо pиояи анъанахои миллии ин навъи назм махоpат нишон додаанд. Доктоp АлиасFаpи Шеъpдyст баp хилофи шоиpоне, ки даp касидахояшон «Аз вижагихои касидаи классик нишоне даp он наметавон ёфт шоиpонеpо аpч мегyзоpад, ки даp касидасаpой махоpати комил нишон додаанд. Донишманд чунин менигоpад: «Ба таpики мустасно танхо касидаи «Kpемл»-и Лохутй ва чанд касидаpо аз Садpиддин Айнй, Зyфаpхон Ч,авхаpй ва Мухаммадчон Рахимй метавон ном бypд, ки бо pиояти кавонини шаклии касидаи суннатй таълиф шудааанд» [3, с. 130].

Маълум аст,ки даp назми классики фоpс-точик Fазал яке аз маъмyлтаpин анвои шеъp ба шyмоp меомад. Шоиpони мyосиpи точик аз солхои бистем OFOЗ каpда (ба чуз Айнй ки то инкилоби Октябp хам Fазалхои шоиста гуфтааст), Fазалнависиpо пеша каpданд. Fазал хамчун навъи адабй даp баъзе давpахои таpккиёти адабиёти нави точик пеш меpафт ва даp баъзе давpахои дигаpи он аз сypати умумии адабиёт кафо монад хам, даp хамаи давpахои пайдоиш, ташаккул ва таpккии он аpзи хастй каpдааст. Даp солхои бистум бехтаpин Fазалхоpо Садpиддин Айнй ва Пайpав Сулаймонй офаpида бошанд, минбаъд ин суннати адабиpо дигаp шоиpони точик идома доданд, ки хамаи онхо аз устод Лохутй таъсиp пазиpyфтаанд.

Маълум аст, ки ба Fайp аз касида, маснавй ва Fазал даp назми шypавии точик дигаp анвои назми классикии фоpс-точик низ идома ёфтаанд. Мустазод, мусаммат, мусаллас, мypаббаъ ва чахоpпоpа, мухаммас, мусаддас, pyбой, китъа, маснавй, фаpд ё такбайт аз хамин чумлаанд. Даp замони нав даp саpгахи ин анвои адабй бешубха Садpиддин Айнй каpоp дошт. Баъд дигаp шоиpон- Пайpав Сулаймонй, Сухайлй Ч,авхаpизода, Мухаммадчон Рахимй, Мухиддин Аминзода, Абдусалом Дехотй ва дигаpон даp pохи такмили анвои гуногуни шеъpи точикй сахм гиpифтанд. Устод АлиасFаpи Шеъpдyст баъд аз таъкиди ин ки ин жанpхои адабй даp назми шypавии точик аз устод Айнй OFOЗ ёфтааст ва онpо Пайpав Сулаймонй давом додаст, ду байт аз эшон намуна меоваpад.

Аз Садpиддин Айнй:

Эй машъали pахшони адолат зи кучой, к-имpyз ба мой? Тоpикии бедод зи гетй бизудой, моно, кй зиёй!

Аз Пайpав Сулаймонй:

Эй дидаи гиpёншyдаи бесаpy сомон, Пypхyн шуда чандон, Аз бахpи азизон.

В-эй абpсифат катpазанй додани боpон, Чун чавхаpии Fалтон, Муштоки каpимон.

Пайpав Сулаймонй анъанаи мyстазоднависиpо мисли Айнй давом дода, аммо ба хаp сатpи мустазоди суннатй ним мисpаи дигаp афзудааст.

Устод АлиасFаpи Шеъpдyст даp боpаи мypаббаъ ва чахоpпоpа изхоpи андеша каpда, даp ин навъи шеъp пешоханг будани Садpиддин Айниpо таъкид менамояд ва фикpи тозае ибpоз медоpад, ки «ошной бо шеъpи Fаpб ва Русия боис шуд системмаи Kофияоpоии мypаббаъ дyчоpи тахаввулот шавад. Пайдоиши чахоpпоpа аз мypаббаъ даp пайи хамин тахаввулот буд.

Мухаккик даp назми шypавии точик устод Айниpо яке аз аввалин давомдихандаи мусаддаси классикй мешyмоpад, ва даp катоpи номи у асомии Рахимй, Фаpхат, Шукухй, Kаххоpй, Бахоpй, Лоик, Мастон Шеpалй ва дигаpхоpо зикp намуда мегуяд, ки аз эшон «намунахое аз мусаммати мусаддас машхуд аст» [3, с. 183].

Бо камоли боваp метавон гуфт, ки айнишиносй даp Ч,yмхypии Исломии Эpон давом доpад. Ин ^p хаp кадаp гyстypдатаp гаpдад, pавобити илмию адабии Эpон ва Точикистон хамон андоза мyстахкамтаp хохад шуд ва самаpахои тоза боp хоханд оваpд.

Адабиёт:

1. Ёхакй М. Ч,. Чун сабуи ташна. - Техрон, 1995.

2. Сайфуллоев А. Хдлкахои пайванди адабй. - Хучанд: Нури маърифат, 2003. - 442 с.

3. Шеърдуст А. Чашмандози шеъри имрузи точик. - Душанбе: Адиб, 1997. - 227 с.

МЕСТО САДРИДДИНА АЙНИ В ТРУДАХ ИРАНСКИХ УЧЕНЫХ

В данной статье рассмотрены ценные исследования доктора Мухаммада Джафара Ёхаки, доктора Али Асгара Шердост, в которых С.Айни характеризуется как поэт, прозаик и выдающийся ученый, внесший достойный вклад в развитие всей персоязычной литературы. Айни хорошо знают как одного из выдающихся мастеров персоязычной литературы и как основоположника современной таджикской литературы в Иране, Афганистане, в литературных кругах Индии и Пакистана. Автор статьи подчеркивает, что внимание иранских ученых привлекали не только жизненный путь С.Айни, но и его художественные, научные и исторические сочинения. Его художественные произведения и научные труды в Иране признаны в качестве новых образцов реалистической прозы и научного исследования.

Ключевые слова: С. Айни, творческие связи, поэзия, проза, Иран.

AINI'S PLACE IN THE WRITINGS OF IRANIAN SCIENTISTS

This article describes the valuable study by Dr. Mohammad Jafar Ёhaki, Dr. Ali Asghar Sherdost where S.Ayni characterized as a poet, novelist and scholar who has made an outstanding contribution to the development of a decent all of Persian literature. Aini is well known as one of the great masters of Persian literature and as the founder of modern Tajik literature in Iran, Afghanistan, in the literary circles of India and Pakistan. The author emphasizes that the focus of Iranian scientists attracted not only S.Ayni career, but also his artistic, scientific and historical works. His works of art and scientific works in Iran are recognized as new models of realistic prose and scientific research.

Keywords: S. Aini, literary relations, poetry, prose, Iran.

Сведения об авторе: Сайфуллоева Музайяна, кандидат филологических наук, доцент Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, e-mail: s-muza64@mail.ru

About author:Sayfulloeva Muzayyana, PhD in Philology, Associate Professor, Tajik State University of Law, Business and Politics

МАВЦЕИ ДУБАЙТИ ДАР Э^ОДНЁТИ ЛОИЦ ШЕРАЛИ

Рахимов Х. Б.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дубайтй хамчун жанри мустакили адабй таърихи кадимй дорад. Аз ин ру, он хам дар эчодиёти даханакии халк (фолклор), хам дар адабиёти хаттй макоми хоса дорад. Яке аз вазифахои асосии олимони бахши адабиётшиносй омузиш ва мавриди тахкик карор додани жанрхои адабй мебошад. Оид ба пайдоиш ва инкишофи жанрхои касида, достон, газал, маснавй, рубой як силсила корхои тадкикотй ба анчом расидаанд. Вобаста ба дубайтй, сохтор ва макоми он дар адабиёти точик асархои илмй -тадкикотй кам ба назар мерасад. Вобаста ба дубайтй дар лугатхо, асархои илмии бахши адабиётшиносй ва китобхои дарсии макотиби олй маълумотхо дода шудааст.

Дар "Фарханги забони точикй" оид ба дубайтй чунин маълумот дода шудааст: "дубайтй рубоие, ки ба вазни хазачи мусаддаси махзуф ё максур (мафоилун мафоилун мафоил ё фаулун) гуфта шудааст" [9, с. 395]. Дар "Лугати мухтасари истилохоти адабиётшиносй" чунин маълумот оварда шудааст: "Дубайтй - асари манзуме, ки аз ду байт (чор мисраъ) иборат бошад. Вазнаш аз вазни рубой дигар аст" [6, с. 32].

Чунон ки мебинем, дар асархои номбурда асосан вазни дубайтй ёдовар шудааст ва кайд шудааст, ки он як навъи рубоист. Ба андешаи мо, маълумотхои дар ин асархо чойдошта нисбат ба дубайтй номукаммал мебошанд, чунон ки дар боло кайд намудем, дубайтй жанри кадимй ва мустакил аст.

Маълумоти нисбатан муфассал ва илмиро оид ба дубайтй профессор Рахими Мусулмониён дар асараш "Назарияи адабиёт" овардааст. У кайд намудааст, ки

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.