Научная статья на тему 'The historic experience of Tajikistan Republic policy in elevation of woman s legal status in society'

The historic experience of Tajikistan Republic policy in elevation of woman s legal status in society Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
3853
507
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПОЛИТИКА / СТАТУС ЖЕНЩИНЫ В ОБЩЕСТВЕ / ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПРОГРАММА / ПОВЫШЕНИЕ СТАТУСА / ПРАВОВОЕ ПОЛОЖЕНИЕ ЖЕНЩИНЫ В ОБЩЕСТВЕ / WOMAN ''S STATUS IN SOCIETY / ELEVATION OF WOMAN ''S LEGAL STATUS IN SOCIETY / STATE POLICY / STATE PROGRAMME

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Юсупова Зарина Шарофитдиновна

Целью настоящей статьи является отражение государственной политики Республики Таджикистан по повышению статуса женщин в годы независимости. В статье отражаются экономические, социальные и политические достижения по вопросу правового статуса женщин в Республике Таджикистан, а также реализация и эффект государственных программ в этом направлении. Автором обьёмно раскрыты проблемы равенства мужчин и женщин и расширение прав и возможностей женщин в современном Таджикистане, где актуальным вопросом является наличие числа руководителей и специалистов из числа женщин, которые участвуют в разработке и принятии управленческих решений. Даётся пояснение направлениям государственной политики по обеспечению равных прав и возможностей мужчин и женщин в РТ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The objective of the article is to show how the state policy of Tajikistan Republic reflects an elevation of women's status carried out throughout the years of independence. Economic, social and political achievements related to the woman's legal status in Tajikistan Pepublic are presented in the article; realization of state programmes and their effect pursued in this streamline being touched upon as well. The author discloses the problems of equality between men and women and extension of rights and availabilities of the fair sex; the actual issue being the number of experts and leaders among women who take part in elaboration of managerial solutions with ther subsequent adoption. The directions of state policy aimed at insurance of equal gender rights are treated intently by the author of the article.

Текст научной работы на тему «The historic experience of Tajikistan Republic policy in elevation of woman s legal status in society»

УДК 9(С53) (2Т) ББК 63.3 (5 тад) Ю 91

З.Ш. ЮСУПОВА

ТАЧ,РИБАИ ТАЪРИХИИ СИЁСАТИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВЦЕИ ЗАН ДАР ЧОМЕА

Дар шароити содибистиклолии кишвар, рушди давлати дукукбунёду дунявй масъаладои макому мавкеи занон мазмуни нав касб намуд. Дар чараёни ислодот, ташаккули сохтори нави чомеа ва навгонидои мафкуравй (идеологй) дар чамъият макоми занон дар даёти сиёсй хеле боло рафт. Будрони мафку-равии баъди пошхурии Иттидоди Шуравй ба вучуд омада дар чомеа кувва-доеро ба вучуд овард, ки ондо падидадои номатлуби миллатгарой, фунда-ментализми исломй, экстремизми динй ва дигар равиядои ифротгароиро таргиб менамуданд. Х,олати мазкур такозо мекард, ки маком ва адамияти омилдои мафкуравй баланд бардошта шавад ва дар ин замина ба муайян намудани мавкеи занон дар даёти сиёсй таваччуди аввалиндарача зодир карда шавад. Тадли-ли ин масъала имруз хеле ба маврид аст, зеро вазъияти ичтимоиву сиёсии мам-лакат муттадидшавии куввадои солими миллат, синфдо, гуруддои гуногуни ичтимоии чомеаро такозо мекунад. Таваччуд ба масъалаи баррасии сиёсати давлатии боло бардоштани макоми занон дар чомеа аз он бармеояд, ки:

1. Точикистон ба мардалаи нави тараккиёт- мардалаи демократикунонй, ташаккули муносибатхои нави ичтимоиву сиёсй бо давлатхои сохибихтиёр ва тадаввулоти сифатан нави дамаи содадои даёти чамиятии мамлакат ворид шуд. Х,аллу фасли ин масъала тандо дар натичаи фаъол гардидани омили инсонй, алалхусус болоравии макоми занон дар чомеа амалй ходад гашт.

2. Тагйироти куллй дар даёти сиёсии чомеа тагйирёбии мафкура, афкор ва шуури сиёсиро такозо мекунад ва бидуни тагйири психология ва тафаккур мо наметавонем ба фаъолгардонии сиёсии занон ноил гардему чомеаи мутамад-дини демократй барпо намоем.

Дар мардалаи аввали содибихтиёрии кишварамон, ки мамлакат чанги бемаънии шадрвандй, будрони сиёсиву иктисодиро аз сар мегузаронид, истифодабарии неруи ичтимоиву сиёсии занон дар самти инкишофи демократия ва эчоди чомеаи шадрвандй гайриимкон буд. Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ичтимоии мамлакат таваччуд ба муайян намудани самтдои сиёсати давлатй бадри таъмини баробардукукии занону мардон, чалби васеи занон ба даёти сиёсии кишвар, таъмини иштироки занон дар дамаи содадои фаъолият зиёд гашт. Таъмини иштироки занон дар кордои ободонй, бедбудй ва гулгул-шукуфии Точикистон самти афзалиятноки сиёсати давлат гардид.

Аз руздои аввали содибистиклолй Ч,умдурии Точикистон ба мудимтарин созишномадои байналхалкии танзимкунандаи дукукдои инсон, аз кабили

Эъломияи умумии хукуки башар аз 10 декабри соли 1948, Ахдномаи байнал-милалй доир ба хукукхои иктисодй, ичтимой ва фархангй аз 16 декабри соли 1966, Ахдномаи байналмилалй оид ба хукукхои шахрвандй ва сиёсй аз 16 декабри соли 1966, Созишнома дар бораи бархам додани хамаи намуди поймолкунии хукуки занон аз 18 декабри соли 1979 шомил гардид.

Соли 2004-ум парламент ^онуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи кафо-латхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо» кабул намуд. Хамчунин, бахри таъмини иштироки фаъо-лонаи занон дар хаёти сиёсии давлат Фармони Президенти Ч,умхурии Точикис-тон «Доир ба баланд бардоштани макоми занон дар чамъият» аз 3 декабри соли 1999 ба тасвиб мерасад. Дар партави амалй намудани Фармони мазкур Хуку-мати Ч,умхурии Точикистон як силсила хуччатхои мухим, аз кабили карор «Дар бораи накшаи миллии чорабинихои Ч,умхурии Точикистон доир ба баланд бардоштани мавкеъ ва макоми занон дар солхои 1998-2005» аз 10 сентябри соли 1998, барномаи давлатии «Самтхои асосии сиёсати давлатй оид ба таъмини хукук ва имкониятхои баробари занон дар Чумхурии Точикистон дар солхои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва чобачо намудани кадрхои рохбарии Чумхурии Точикистон аз хисоби занону духтарони лаёкатманд барои солхои 2007-2016» аз 1 ноябри соли 2006, барномаи давлатии «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии макоми зан дар Ч,умхурии Точикистон» аз 29 маи соли 2010 ва г. кабул менамояд. Барномаву карорхои кабулшуда бахри баланд бардоштани макоми занон, таъмини пурраи солимии зану кудак равона гаштанд ва дар рохи сохтмони чомеаи демократй дар Точикистон накши мухим бозиданд (1, с.90-91).

Бояд зикр намуд, ки дар даврони шуравй ба макоми занон дар хаёти чомеа ахамияти мухим дода мешуд. Мухаккики барчастаи муаммохои занон дар Точикистони Шуравй А.А. Набиева ба шумор рафта, махз у ин масъаларо ба объекти мустакили омузиш табдил дод (2). Дар даврони шуравй мухаккикон бештар ба масъалахои тахаввулоти хаёти занон этибор медоданд. Муаммохои гендерй дар партави амалан чи гуна халлу фасл гаштани «масъалаи занхо» тахкик мегардид. Чунончи, олимахои точик М. Гаффорова ва М.Окилова бештар ба тагйироти мусбати хаёти занон эътибор доданд (3, с. 90-92).

Аз соли 1989 (мархалаи нихоии сиёсати бозсозй) дар Точикистон паст рафтани иштироки занон дар хаёти ичтимоиву сиёсй мушохида гардид. Аз як чониб чунин холат бар асари катъ гаштани квота барои занон дар интихоботи Шурои Олии чумхурй даъвати 12-ум ба амал омад, ки шумораи вакилон аз хисоби занон 3,9% кам гардид, яъне аз 230 вакили мардумй танхо 9 нафарро занон ташкил доданд. Аз тарафи дигар, солхои аввали сохибистиклолии Точикистон, ки бо чанги шахрвандй (1992-1997) рост омад, ба фаъолияти занон таъсири манфй расонид. Чунончи, соли 1995 хиссаи занон дар парламенти мам-лакат 2,8%-ро ташкил намуд, дар макомоти махаллй бошад, 8,7% ро ташкил медод (4,с. 27). Дар макомоти марказии идоракунй намояндагии занхо дар байни рохбарони аввал 3,3%, дар байни муовинон 5,0%, дар байни рохбарони зерсохторхо 19,4%-ро ташкил дод (5,с.62).

Ба чуз кабул гаштани хуччатхои мухими давлатй оид ба баланд бардоштани мак,оми зан дар чомеа, корхои мухим бахри танзими фаъолияти занон ба сомон расонида шуданд. Дар хамаи сатххои идоракунй ва макомот сохторхо оид ба халли муаммохои оила, занон ва кудакон амал мекунанд. Дар назди Мачлиси намояндагони Мачлиси Олй (палатаи поёнй) Кумита оид ба масъалахои ич-тимоии оила, хифзи саломатй ва экология ва Кумита оид ба конунияти конститутсионй, конунгузорй ва хукуки инсон, дар назди Мачлиси миллии Мачлиси Олй (палатаи болой) бошад, Кумита оид ба таъмини асосхои консти-тутсионй, хукук ва озодихои инсон, шахрванд ва конуният созмон дода шуда-анд. Соли 1991 дар назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон Кумита оид ба кор-хои занон ва оила таъсис дода мешавад, ки он сиёсати давлатиро дар самти хал-ли масъалахои занон, химояи хукук ва озодихои онхо амалй менамояд.

Баробархукукии мардхо ва занхо дар моддаи 17 Сарконуни Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст ва дар Кодексхои чиноятй, мурофиаи чиноятй, гражданй, оилавй, Кодекси мехнат, ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи солимии репродуктивй ва хукукхои репродуктивй» ва дигар конунхои миллй ва санадхои хукукй ба танзим дароварда шудаанд.

Бо максади пешгирй намудани хамаи намуди зуроварй ва хушунат нисбати занхо Накшаи миллии амалиёти бехтар намудани вазъи занон дар Чумхурии Точикистон кабул шудааст. Мутобики он бахри баланд бардоштани маком ва мавкеи занон ташкили марказхои бухронии расонидани ёрии рухиву психологй ва дастгирии занони ба шаклхои гуногуни зуроварй дучоршуда, таъсиси системаи тахсилоти хукукии занон оид ба муаммохои зуроварй, гузоштани «те-лефонхои боварй» бахри пешгирии хушунат, гузаронидани тадкикотхои сотсио-логй дар минтакахои мухталифи Точикистон бо максади муайян намудани хачм ва сабабхои муаммохои хушунат нисбати занхо ба рох монда шуданд.

Дар назди Кумита оид ба корхои занон ва оилаи назди Хукумати Точикистон Маркази расонидани ёрии психологй ва хукукии «Дилсуз», дар маркази вилоятхои Сугд ва Хатлон «телефонхои боварй» оид ба таври фаврй расони-дани ёрии психологй ба занон дар холатхои бухронй созмон дода шудаанд.

Тадбирхои мазкур на танхо аз чониби сохторхои давлатй, балки аз чониби созмонхои гайридавлатй (НПО) амалй мегарданд. Фаъолияти сохторхои хуку-матй ва созмонхои гайридавлатй дар асоси Барномаи давлатии «Самтхои асо-сии сиёсати давлатии таъмин намудани хукук ва имкониятхои баробари мардхо ва занхо дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2001-2010», ки бо карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон № 391 аз 8 августи соли 2001 тасдик шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Тибки барнома дар чумхурй Маркази тахлилй оид ба чамъоварй ва омузиши маълумот доир ба зуроварй нисбати занон, нуктахои машваратхои ройгони хукукй барои занон, семинархо ва вохурихо бо ахолй дар мавриди пешгирии зуроварй ва хушунат нисбати занон, тренингхои махсус бо кормандони ВКД оид ба ин масъала гузаронида шуданд, барномахои таълимй барои кормандони макомоти хифзи хукук, хайати кормандони тиб, рузноманигорон оиди пешгирии хушунат нисбати занон ва дигар чорабинихо гузаронида шуданд. Дар макомоти судии чумхурй дар давоми солхои 1999-2003 93 парвандаи чиноии зуроварии хонаводагй ва 73 парвандаи чиноии намудхои

гуногуни зуроварй нисбати зандо баррасй гашта, мутаносибан нисбати 33 ва 64 парванда дукми суд бароварда шуд (6).

Дар асоси «Накшаи миллии чорабинидои Ч,умдурии Точикистон доир ба баланд бардоштани мавкеъ ва макоми занон дар солдои 1998-2005» аз 10 сентябри соли 1998 бадри ташаккули захирадои кадрдо дар сохтордои идора-кунй дар асоси гендерй тадбирдо андешида шуданд. Чунончи, соли 1999 Куми-таи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ч,умдурии Точикистон лоидаи «Зандои сарвар»-ро пешнидод намуд. Дар доираи лоида 70 нафар чавонзанон-мутахассисони вазоратдо ва идорадо курси 9-модаи сарвариро гузаштанд. Дар муддати 3 сол 17 нафари ондо дар хизмати давлатй ба макомдои баланди сар-варй баромаданд. Ин амал солдои минбаъда низ чараён дошт ва зандои дамаи нодиядои чумдурй ба тадсилу бозомузй фаро гирифта шуданд. Аз руи натичаи омузиш руйхати «Захираи кадрдо аз дисоби занон» тартиб дода шуд (7, с. 19).

Дар роди таъмини иштироки васеи зандо дар даёти чамъиятй ва идоракунии давлат, баланд бардоштани макоми ичтимоии зан, таъмини сидатии генофонди миллй, фаъол гардонидани макоми зан дар тадкими асосдои ахлокии чомеа, таъмини сулду ваддат Фармони Президенти Ч,умдурии Точикистон «Дар бораи баланд бардоштани макоми зан дар чомеа» аз 3 декабри соли 1999 накши мудим бозид. Ичрои фармони мазкурро ба назорат гирифта, Хукумат зандои содибтачриба ва босалодиятро ба вазифадои баланди родбарй таъин намуд. Дар натича намояндагии занон дар дайати родбарии идоракунии давлатй ба маротиб афзуд. ^ариб, дар дамаи макомоти мадаллии докимияти мадаллй муовинон аз дисоби занон таъин шуданд. Дар 8 макомоти мадаллии докимияти давлатй (аз 88 макомот) зандо вазифаи родбари аввалро ишгол намуданд. Хиссаи занон дар байни намояндагони халки парлумони миллй агар соли 2001 дамагй 2,8%-ро ташкил дидад, пас ин нишондод дар соли 2011 19,0 %-ро ташкил дод (8, с.17,93). Чи тавре, ки муовини раиси Мачлиси намояндагон Н. Гаффорова дар чаласаи чамъбастии клуби занони кордон дар шадри Душанбе (декабри соли 2012) кайд намуд, микдори занони родбар дар сохтордои давлатй то 5 дазор нафар расид.

Дар чадвали зайл таксимоти кормандоне, ки дар макомоти идораи давлатии Ч,умх,урии Точикистон машгули кор хдстанд, аз руи чинс (аз руи маводи дисоботи солона, ба дисоби фоиз) нишон дода шудаанд._

2008 2011

Марддо Зандо марддо Зандо

Хамагй 67,1 32,9 61,8 38,2

Идораи давлатии характери умумй, аз он:

Фаъолияти конунгузорй 67,8 32,2 58,3 42,0

Фаъолияти ичроиявй, аз он чумла: 64,8 35,2 68,6 31,4

Фаъолияти макомоти докимият ва 70,8 29,2 57,9 42,1

идораи чумдуриявй, вилоятй, ноди-

явй (шадрй) ва дедотй

Фаъолияте, ки ба дифзи бехатарии 70,8 29,2 55,6 44,4

чамъиятй алокаманд аст

Фаъолияти гумрукй 61,2 38,8 59,6 40,4

Идораи ичтимой-иктисодй 80,2 19,8 73,1 26,9

Макомоти адлия ва адолати судй 66,9 33,1 78,9 21,1

Сугуртаи ичтимой ва таъминот 56,6 43,4 82,6 17,4

44,6 55,4 71,9 28,1

Яке аз максадхои Барномаи давлатии «Самтхои асосии сиёсати давлатй оид ба таъмини хукук ва имкониятхои баробари занон дар Ч,умхурии Точикистон дар солхои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001 зиёд намудани теъдоди занони рохбар дар макомоти давлатй махсуб меёфт. Натичаи умумии расидан ба хадафи мазкур таъмини намояндагии на кам аз 30% занон дар макомоти ко-нунбарор, ичроия ва судии хокимият мебошад. Дар натичаи интихоботи охирин ба парлумон, ки мохи феврали соли 2010 баргузор гашт, 5 нафар занон узви Мачлиси миллй ва 12 нафар вакили Мачлиси намояндагон гаштанд. Ба макомоти намояндагони вилоятхо, шахру нохияхо (Мачлисхои вакилони мар-думй) 459 нафар занон интихоб гаштанд (дар интихоботи соли 2005 теъдоди занон 404 нафар буд).

Сарвари давлатамон кайд намудаанд: Бехуда нест, ки сатхи маьрифати чомеа ва нуфузу эьтибори он аз руйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз руйи он арзёбй мегардад, ки занон то чй андоза сохибмаърифату сохибкасбанд ва то чй андоза дар хаёти чомеа фаъол мебошанд (9).

Ин нишондихандахо гувохи онанд, ки дар Ч,умхурии Точикистон сол аз сол сафи занони фаъолу сохибтачриба зиёд гардида, борои пешбурди илму техника сахми сазоворе гузошта истодаанд. Х,амаи ин пешравихо бо шарофати кабули якчанд санадхо ва фармонхое ба даст омадаанд, ки аз тарафи Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон барои баланд бардоштани мавкеи зан ба тасвиб расидааст. Дастгирии хамачонибаи раиси чумхур буд, ки занхо дар баробари мардхо худро хамчун шахси комилхукук хисобида, дар макомоти давлатй ба вазифахои гуногуни рохбарикунанда пешбарй гаштанд ва дар ин самт ба мувафаккиятхо ноил гардиданд.

Калидвожа^о: Сиёсати давлатй, мавцеи зан дар цомеа, барномаи давлатй, Мацлиси Олй, Мацлиси Миллй, Мацлиси Намояндагон, баланд бардоштани мавцеъ ва мацоми зан дар цомеа

Пайнавишт:

1. Ализода, Б.П., Абдухолицов, А.М., Искандаров, А.С. Муколамаи давлат ва дин дар Тоцикистон: монография/Б.П. Ализода, А.М. Абдухолицов, А.С. Искандаров. - Душанбе: Цамоатчиён, 2010.

2. Набиева, Р.А. Роль женщин в обществе: монография / Р.А. Набиева. - Душанбе: ТГНУ,1999 -С. 120

3. Акилова, М. Некоторые особенности формирования и развития женской интеллигенции Таджикистана // Актуальные проблемы марксистско-ленинской философии: Материалы конференций, посвященных 60-летию образования СССР и XXVI съезду КПСС /М. Акилова. - Душанбе: Дониш, 1983. —С. 90-92.

4. Гафарова, М. Женщины горной республики: / М. Гафарова. - Душанбе: Дониш, 1986.-С119

5. Таджикистан на пути к гендерному равенству. - Душанбе: 2004- С. 27.

6. Мамадазимов, А., Куватова, А. Регулирование деятельности политических партий и участие женщин в политической жизни в Таджикистане: монография /А. Мамадазимов, А. Куватова. - Душанбе: ООО «Мир полиграфии», 2011.-С 62.

7. Национальный доклад о реализации в Республике Таджикистан международного пакта о гражданских и политических правах //-CCPR/C/TJK/2004/1.- 11 April -2005.

8. CEDAW/C/TJK/1-3. Конвенция о ликвидации всех форм дискриминации в отношении женщин -Distr.: General.-7 June 2005.- Original: Russian.-C.19.

9. Защо ва мард^ои Цум^урии Тоцикистон / Зери назари Му^аммадиева Б.З. -Душанбе: Агентии омори назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, 2012.-С.17

10. Бонувони Тоцикистон: мацаллаи давлатии сиёсй, ицтимой ва фар^ангй- Душанбе: Орбита, январи 2013 -№335.

Reference Literature

1. Alizoda B.P., Abdukholikov A.M., Iskandarov A.S. Dialogue between State and Religion in Tajikistan: monograph / -Dushanbe, 2010.

2. Nabiyeva R.A. The Role of Women in Society: monograph /Dushanbe: TNSU, 1999 (Tajik National State University)

3. Akilova M. Some Peculiarities of Female Intellectuals Formation and Development in Tajikistan // Actual Problems of Marxist-Leninist Philosophy: Materials of the conference dedicated to the 60-th anniversary of the USSR Rise and the 26-th Congress of the CPSUII - Dushanbe: Donish (knowledge), 1983. -pp. 90-92.

4. Gafarova M. Women of the Mountainous Republic. -Dushanbe: Donish (knowledje), 1986. -p.119.

5. Tajikistan on the Way to Gender Equality. - Dushanbe -2004. - p. 27.

6. Mamadazimov A., Kuvatova A. Regulation of the Activities of Political Parties and Participation of Women in the Political Life of Tajikistan: monograph/ -Dushanbe: Printing World Assoc. Ltd. 2011. -p. 62.

7. National Report on Realization of International Pact on Civil and Political Rights in Tajikistan Republic / CCPR/C/TJK/2004/1.- 11 April -2005.

8. CEDAW/C/TJK/1-3. Convention on Liquidation of all Forms of Discrimination in Reference to Women -Distr.: General.-7 June 2005.- Original: Russian.-C.19.

9. Men and Women of Tajikistan Republic// under the editorship of Mukhammadeyev B.Z. -Dushanbe: Statistical Agency under the President of Tajikistan Republic, 2012. - p. 17.

10. Ladies of Tajikistan: social, political and cultural magazine of Tajikistan. -Dushanbe: Orbit, January 2013. -№335. Isfara Nokhiya (small administrative-territorial unit of Tajikistan) // - Dushanbe, 1965.

Исторический опыт политики Республики Таджикистан в повышении провового

статуса женщины в обществе

Ключевые слова: Государственная политика, статус женщины в обществе, государственная программа, повышение статуса, правовое положение женщины в обществе

Целью настоящей статьи является отражение государственной политики Республики Таджикистан по повышению статуса женщин в годы независимости. В статье отражаются экономические, социальные и политические достижения по вопросу правового статуса женщин в Республике Таджикистан, а также реализация и эффект государственных программ в этом направлении. Автором обьёмно раскрыты проблемы равенства мужчин и женщин и расширение прав и возможностей женщин в современном Таджикистане, где актуальным вопросом является наличие числа руководителей и специалистов из числа женщин, которые участвуют в разработке и принятии управленческих решений. Даётся пояснение направлениям государственной политики по обеспечению равных прав и возможностей мужчин и женщин в РТ.

The Historic Experience of Tajikistan Republic Policy in Elevation of Woman s Legal Status

in Society

Key words: state policy, woman S status in society, State Programme, elevation of woman S legal status in society

The objective of the article is to show how the state policy of Tajikistan Republic reflects an elevation of women's status carried out throughout the years of independence. Economic, social and political achievements related to the woman's legal status in Tajikistan Pepublic are presented in the article; realization of state programmes and their effect pursued in this streamline being touched upon as well. The author discloses the problems of equality between men and women and extension of rights and availabilities of the fair sex; the actual issue being the number of experts and leaders among women who take part in elaboration of managerial solutions with ther subsequent adoption. The directions of state policy aimed at insurance of equal gender rights are treated intently by the author of the article.

Роцеъ ба муаллиф:

Юсупова Зарина Шарофитдиновна, унвонцуи кафедраи таърихи халци тоцики Донишго^и давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mai: zysh 1981@mail. ru

Сведения об авторе:

Юсупова Зарина Шарофитдиновна, соискатель кафедры истории таджикского народа Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: zysh 1981@mail. ru

Information about author:

Yusupova Zarina Sharofitdinovna, Aspiring Degree Candidate of the department of the history of the Tajik nation under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khudjand), e-mail: zysh1981@mail. ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.