Научная статья на тему 'Театральное искусство Таджикистана в годы Великой Отечественной войны'

Театральное искусство Таджикистана в годы Великой Отечественной войны Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
339
67
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛқИ ТОҷИК / ФАЪОЛИЯТИ ХОДИМОНИ ТЕАТР / ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӣ / БРИГАДАҳОИ КОНСЕРТӣ / ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТӣ / НОВЕЙШАЯ ИСТОРИЯ ТАДЖИКИСТАНА / ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ТЕАТРОВ В ГОДЫ ВОЙНЫ / КОНЦЕРТНЫЕ БРИГАДЫ / ПАТРИОТИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ / CONTEMPORARY HISTORY OF TAJIKISTAN / ACTIVITIES OF THEATRES DURING THE WAR / CONCERT BRIGADES / PATRIOTIC EDUCATION

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Каримова Мавлудахон Улмасходжаевна

Статья посвящена деятельности театральных учреждений Таджикистана в период Великой Отечественной войны. Освещается совместная работа театров Таджикистана с эвакуированными театрально-зрелищными учреждениями Москвы, Ленинграда, Киева, Воронежа, и др. На основе архивных материалов показывается роль концертных и творческих бригад по повышению боевого и трудового патриотизма бойцов фронта и тружеников тыла.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THEATRICAL ART IN TAJIKISTAN ON THE YEARS OF THE GREAT PATRIOTIC WAR

The article deals with the activities of theatrical institutions of Tajikistan in the period of the Great Patriotic war. The author highlights the joint work of Tajikistan theatres with evacuated theatrical entertaining establishments of Moscow, Leningrad, Kiev, Voronej, etc. Based on archive materials, the author shows the role of concert and creative brigades on elevation of fighting spirit and labor patriotism of front warriors and toil workers.

Текст научной работы на тему «Театральное искусство Таджикистана в годы Великой Отечественной войны»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

УДК 792 М.У.КАРИМОВА

САНЪАТИ ТЕАТРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЙ

Вожаҳои калидй: таърихи навини халци тоцик, фаъолияти ходимони театр, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бригадаҳои консертӣ, тарбияи ватандӯстӣ

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзӯи ҳимояи Ватан, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз мавзӯҳои асосии соҳаи санъати театрӣ гардид. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ 21 театр, аз ҷумла панҷ театри ҷумҳуриявӣ, панҷ театри вилоятӣ, панҷ театри аз шаҳрҳои қисми аврупоии мамлакат муҳоҷиршуда, амал мекарданд. Як қисми ҳунармандони театрҳо ба сафи ҷанговарони Артиши Шӯравӣ сафарбар шуданд ва баъзе аз онҳо аз арсаи набардҳо барнагаштанд.Корманди театр Абдулҳақ Усмонов, драматург А. Пирмуҳаммадзода, Бурҳонхон Раҳмонов, Солеҳ Домуллоҷонов, актёрони театри драмавии русӣ Константин Лишафаев ва Михаил Джагофаров, артистони театри Ленинобод Нодирхон Содирхонов, Каримҷонов Масолиев, артистони театри бо номи Абулқосим Лоҳутӣ Мардон Розиқов, Шариф Худойбердиев, Болта Ҷӯраев ва дигарон дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти Ватан қаҳрамонона ҷон доданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои таргибу ташвиқи гояҳои ватандӯстиву инсонпарварӣ ва маҳв кардани фашизм театри Ленинобод бригадаи консертии махсус ташкил карда буд, ки ба он яке аз ҳофизони номӣ Ҳоҷибой Ҷӯраев сарварӣ мекард. Ин ҳунармандон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, ба коргарону деҳқонон, зиёиён вохӯриҳо намуда, консертҳои таъсирбахш намоиш медоданд. Махсусан суруди «Ба тухми лашкари Гитлер қирон омад!»мақбули тамошобинон гардида буд.

Дар моҳи октябр ва ноябри соли 1941 ва тирамоҳи соли 1942 дастаи муттаҳидаи артистони тоҷик санъати худро дар Эрон намоиш доданд.Онҳо дар Эрон ба тамошобинон зиёда аз 78 консерт пешкаш намуданд (1)

Ҷолиби диққат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзҳои вазнини ҷанг ҳам ба инкишофи санъат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекард. 17 феврал соли 1942 сохтмони бинои нави Театри опера ва балети тоҷик ба охир расид ва он ба истифода дода шуд. Аввалин асари калону замонавиро дар давраи ҷанг театр 26 декабри соли 1942 ба саҳна гузошт. Ин асари бастакорон С.Баласанян ва З. Шаҳидӣ мазҳакаи мусиқии «Розия» буд. Матни асар аз тарафи драматургон Е. Акубҷонов ва Н.Зелеранский навишта шудааст. Асари мазкур нахустин намоишномае буд, ки аз ҳисси баланди ватандӯстии халқи тоҷик ва қаҳрамонии аҳолии ақибгоҳ нақл мекард. Дар се моҳи ҳамон сол гурӯҳи санъаткорон дар майдони набард зиёда аз 128 консертро ба 300 ҳазор тамошобин пешниҳод карданд (8,38-44).

Чи тавре ки зикр шуд, дар солҳои ҷанг якчанд театри номдори Иттиҳоди Шӯравӣ ба Сталинобод кӯчида омада буд.Татри мазҳакаи Ленинград, театри мазҳакаю мусиқии Воронеж, театри тамошобини навраси Ворошиловоград, театри Украина ба номи Шорс, театри лӯхтаки Днепропетровск, оркестри симфонии Украина дар давраи хеле мудҳиш фаъолияти эҷодии худро дар Тоҷикистон идома дода, дар инкишофи санъати шӯравӣ ҳиссаи арзанда гузошта буданд. Коркунони эҷодии ин театрҳо ба кори эҷодии санъаткорони тоҷик ёрии ҳаматарафа мерасониданд. Санъати баланди артистони намоёни русу украин,услуби кори эҷодии онҳо, маҳорат ва дониши чуқури онҳо намунае буд, ки коркунони театри тоҷик аз он ибрат мегирифтанд (2).

Оркестри симфонии Украина бо ҳамҷоягии оркестри Театри опера ва балети тоҷик дар зери роҳбарии дирижёри машҳур профессор А.Климов фаъолият мекард. Коргардон В.Кансел дар театри драмавии ба номи А.Лоҳутӣ спектакли «Лауренсия»-и Лопе де Вега ва театри мазхакаи Ленинград нахустин бор дар театри опера ва балет «Эҳтиёткории беҳуда»-ро ба саҳна гузоштанд. Коргардон ва рассом Н.Акимов як қатор консертҳо ва спектаклро оро дода буд (10,54-59).

Дар солҳои вазнини ҷанг дар Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ песаҳои «Ба ҷанг»-и

А.Акубҷонов ва Н.Зелеранский (18 октябри соли 1941), «Дили модар»-иҶалол Икромӣ (ба саҳнагузоранда Ҳ. Раҳматуллоев, рассом Е.Чемодуров), «Давом дорад»-и А.Бруштейн ва «Матросҳо аз Каттаро»-и Ф.Волф, «Хонаи Нодир»-и Ҷ.Икромӣ ва А. Файко,«Дар оташ»-и

С.Улугзода, «Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега ва дигар асарҳо ба саҳна гузошта шуданд (3).

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Санъаткорони тоҷик гайр аз намоишҳои ҳаррӯзаи худ, дар қисмҳои ҳарбӣ, госпиталҳо, шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо барномаҳои махсус баромад мекарданд.

Театр дар қатори песаи «Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега (7ноябри соли 1942, коргардон

B. Кантсел) «Бемории қалбакӣ» ном асари Ж.Б.Молйерро (марти 1944) низ ба саҳна гузошт.Мазҳакаи «Майсара»-(асари Ҳамза Ҳакимзода, коргардон А.Қосимов), ва «Арӯси панҷсӯма»-и М.Урдубодӣ тарафи коргардон Абдураҳмон Саидов, М.Дубровин, «Розия»-и М.Акубҷонов ва Н.Зелеранский ба саҳна гузошта шуд, ки аз тарафи тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол гардид (6).

Артистони номдори ҷумҳурӣ А.Бурҳонов, Г.Бақоева, Л.Латифов, Б.Ҳодимов, Х.Саидаҳмадов дар жанри мазҳака қувваи эҷодии худро санҷида сазовори комёбиҳо гардиданд.Ба саҳна гузоштани ин асарҳо дар роҳи инкишофи минбаъдаи коллективи театр боз як қадами бузурге буд.

Асари дигаре, ки ба ҳаёти ин давра бахшида шудааст, драмаи мусиқии «Суруди газаб» буд, онро Театри опера ва балет 7 ноябри соли 1942 ба саҳна гузошт. Мусиқии асарро бастакор

C. Баласанян ва матни онро Г.Эл-Регистон ва В.М.Крепс навишта буданд.

Боиси зикр аст, ки дар таҳияи он ҳунарпешагон, рассомон ва коргардонони театри мазҳакавии Ленинград ширкат варзиданд. Бо ёрии кормандони театри мазкур Театри опера ва балет аввалин бор ба балети классики арупоӣ рӯ овард. Дар ин вақт кор дар таҳияи асари ҷовидонии П.И.Чайковский «Евгений Онегин» ва балети «Эҳтиёткории беҳуда» сар шуда буд.

Дар соли 1944 бастакор А.Ленский ва шоир М.Трунсунзода операи «Тоҳир ва Зӯҳро»-ро ба охир расониданд. Операи «Тоҳир ва Зӯҳро», ки аз тарафи коргардонон Р.Корох ва С.Саидмуродов, (дирижёр А.Климов, рассом Е.Чемодуров) 5декабри 1944 дар саҳна намоиш дода шуд, қадами ҷидии коллективи эҷодии театр буд (5).

5 марти 1943 балети «Эҳтиёткории беҳуда»-и П.А.Гертел (ба саҳнагузоранда А. Протсенко ва И.А. Ханзел) манзури тамошобини тоҷик гардида буд. Дар соли 1945 ба саҳна гузоштани балети «Фаввораи Богчасарой»-и С.Асафиев яке аз ҳодисаҳои муҳимтарини ҳаёти театрӣ гардид. Дар ҳаёти театр хизмати Е.Чемодуров, балетмейстерҳо Г.Валаматзода ва А.Протсенко, бастакорон С.Баласанян ва А.Ленский калон буд (4).

Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский дар инкишофи фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва рус саҳми назаррас гузоштааст. Боиси зикр аст, ки коллективи боистеъдоди театр дар айёми мудҳиши ҷанг аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои мушкил сарбаландона баромада тавонист. Коллектив хуб дарк карда буд, ки тамошобинон дар саҳна ҳаёти ҷомеаро дидан мехостанд. Театр дар ҷумҳурӣ ягона театри русӣ буд ва дар он мазҳака,фоҷиа, драма, умуман ҳамаи жанрҳои драматургия ба саҳна гузошта мешуданд.

Театр ҷашни панҷсолагии худро дар солҳои ҷанг қайд карда буд. Репертуари театр асарҳе фаро мегтртфт, ки ба воқеаҳои замони ҷанг бахшида шда буданд. Дар песаҳои якпардагии «Давом дорад»-и А.Бронштейн, «Фарзандони Ватан»-и бародарон Тур ва Л.Р.Шейнин, «Одамони рус»-и К.Симонов, «Зани москвагӣ»-и В.Гусев, «Фронт»-и А.Корнейчук, «Ҳуҷум»-и А.Леонов, «Ҷанги тан ба тан»-и бародарон Тур ва Л.Шейнин, «Чунин хоҳад шуд»-и К.Симонов, ки театр онҳоро солҳои ҷанг ба саҳна гузоштааст, муборизаи халқи шӯравӣ бар зиди фашистон инъикос ёфта буд (5).

Спектакли «Ҳуҷум» аз рӯи асари Л.Леонов (басаҳнагузоранда Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон О.Солюс) комёбии эҷодии намоёне ба ҳисоб мерафт. С.Якушев, офарандаи образи Федор Талапо буд.Мувофиқи сужети спектакл Федор Талапов пеш аз ҷанг барои ҷинояташ маҳкум шуда бошад ҳам, баҳри иҷрои вазифаи шаҳрвандияш ба ҳимояи Ватан бархостааст.

Спектакли қаҳрамоню - романтикии «Надежда Дурова»-и К.Липскеров ва Кочетков ба муваффақият соҳиб шуд. Ин асар азқаҳрамониҳои халқи рус дар давраи Ҷанги Ватании соли 1812 ҳикоя мекард. Спектакл аз ҷиҳати мазмун дар замири тамошобинон ҳисси худогоҳию ватандӯстии гарму ҷӯшоне ба вуҷуд оварда буд (7,75).

Инчунин театр якчанд песаи мазҳакавии драматургони шӯравиро ба саҳна гузошт, ки ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле наздик буданд. Дар ин қатор мазҳакаи лирикии А.Афиногенов «Машенка» (коргардон Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон Р.Корох), «Кӯдаки бегона»-и В.Шкваркин, «Саёҳати тӯи арӯсӣ»-и В.Духовичнийро номбар кардан лозим аст.Умуман, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ театр тақрибан бист спектакли нав офарида буд.Театри ба номи В.Маяковский муддати ду сол ба ҷанговарон хизмати арзанда кардааст

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

Ҳамзамон,театр дар соли 1945 ба яке аз марказҳои саноатии вилояти Москва - Орехово -Зуево ба сафари эҷодӣ рафт. Ин аввалин сафари театр берун аз марзи ҷумҳурӣ буд. Актёрони театр ба меҳнаткашони Орехово-Зуево ва ноҳияҳои атрофи он асарҳои беҳтарини дар солҳои охир офаридаашонро намоиш доданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ театри мусиқию- драмавии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин баҳри таъмини галабаи халқи шӯравӣ саҳми муайяне гузошта буд. Дар соли 1942 дар ҷумҳурӣ бригадаи эҷодӣ барои ба ҷанговарон хизмат намудан ташкил карда шуд. Ба ҳайати он ҳофизон, мусиқичиён, раққосон ва адибони ҷавон-Тӯтӣ Ғаффорова, Азиза Азимова, Ашӯра Носирова, Ғаффор Валаматзода, Аъзам Камолов, Шариф Бобокалонов ва дигарон дохил буданд. 15 январи соли 1943 бригадаи консертӣ дар назди ҷанговарони фронти Волхов баромад кард. Дар сеюним моҳи дар фронт будан, бригада ба 30 ҳазор тамошобин 128 консерт намоиш додааст (7,5).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бригадаҳои бадеиро омӯхта, аз ҳисоби онҳо моҳи июни соли 1943 ҳайати Театри фронтии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Ба ин мақсад ҳанӯз моҳи май қарори ҳукумат баромада буд.Аз ҳисоби ҳунарпешаҳои театрҳои ба Тоҷикистон муҳоҷиршуда, Театри опера ва балети ба номи Маяковский, Филармонияи давлатӣ ҳайати театри фронтиро 18 августи соли 1943 Управленияи санъати назди Ҳукумати ИҶШС тасдиқ намуд, директори он М.З.Фрейдин, ноиби ӯ А.Г.Искович ва роҳбари бадеӣ Г.Т.Менглет таъин шуданд. Басаҳнагузоранда С.И.Юткевич буд.

Дар сафари аввал, ки 18 августи соли 1943 огоз гардид, 88 консерт-спектакл намоиш дода, дар яке аз онҳо маршал К.К.Рокосовсокий иштирок дошт. Дар зарфи 52 рӯз театр 250 консерт дод ва то охири соли 1943 зиёда аз 1000 маротиба баромад намуд. Моҳи декабри соли 1943 аз нав ба сафар баромада, то январи соли 1944 театр ба ҷанговарони фронтҳои 1-ум ва 2-юми Белоруссия,( аз чумла дивизияи 20-уми савора, ки баъд номи дивизияи 17-уми гвардиягиро гирифт) 139 консерт нитон дод. Мувофиқи ҳуччатҳои расмӣ Театри фронтииТочикистон дар байни ҳамин гуна театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар чои аввал меистод. Дар ин масъала хизмати эчодкорони ба Точикистон ба сифати муҳочирони чанг омада багоят бузург буд. Театри мазкур дар зарфи ду моҳи дигар (апрелу майи соли 1944) дар фронти 2-юми Украина ба чанговарон 131 консерт пешкаш намуда, 26-уми июн ба Точикистон баргашт.

Репертуари театр бо тақозои вазъи таърихӣ аз тарафи С.И.Юткевич аз нав ганӣ гардонида шуд ва он моҳи октябри соли 1944 бори севум ба фронт раҳсипор гардид. Театр дар Маскав дар азназаргузаронии умумииттифоқии театрҳои фронтӣ ширкат варзида, спектакл-консерти «Салом, дӯстон!»-ро манзури тамошобинон гардонд. Вагони қатора, бордони мошин ва дигар майдончаҳои сунъӣ ба ҳунарпешагон ба сифати саҳна хизмат мекарданд. Бо вучуди ин мазмун ва шакли намоишномаҳои театр халалдор нашуд. Давра ба давра дар асоси воқеаҳои ҳаёти чангӣ ба репертуари театри фронтӣ навигарӣ ворид карда мешуд. Дар мавридҳои зарурӣ бастакорони точик Ф.Солиев ва Ш.Бобокалонов ба асарҳои саҳнавӣ оҳанг мебастанд. Аз хусуси мазмун, моҳият ва ҳунари аъзоёни театр роҳбари сиёсии яке аз қисмҳои низомии №36610 Назаров навиштааст: «Дар тӯли чанг чунин театри аълоро мо надидаем». Ин баҳои хеле баланд аст.

Бори чорум театр моҳи октябри соли 1944 дар ҳайати Г.П.Менглет, Г.Д.Степанова, О.Зиёев, Ш.Сиддикова, И.Баракалова,С.А.Косоггляд, А.Бендер, М. Муллоқандов ва дигарон ба фронт рафта, аз 25-уми май то 8-уми июн дар қисми низомии №97664 зиёда аз 40 консерт намоиш дод. Ба ҳама скетч- саҳначаи дуэтии О.Зиёев- Ш.Сиддиқова, хониши бадеии Г.Степанова ва дигарон маъқул омад. Генерал-лейтенант В.П.Рязанов дар бораи ҳунарнамоии артистони театр чунин навиштааст: «Консертҳо имконият доданд,ки ҳайати лётчикҳою техникҳои мо, андаке бошад ҳамдар лаҳзаҳои душвори шароити чанг истироҳат кунанд, қувваи иловагӣчамэ намоянд.». Театр ба чанговарони фронтҳои Марказӣ, Ғарбӣ, 1-уму 2-юми Белоруссия, 1-ум, 2-юм, 3юми Украина, Волхов, Ленинград консертҳо намоиш дод (9,9-10).

Ходимони театр ба фонди мудофиа, беморхонаҳои низомӣ, хонаҳои бачагон, оилаҳои чанговарон ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасониданд. Онҳо дар колхозҳо,совхозҳо, муассисаҳо ва мактабҳо консертҳо намоиш дода, руҳияи меҳнатии мардумро дучандон баланд бардошта, кӯшиш ба харч доданд, то ки ба кори галаба саҳми сазовор гузоранд.

Ҳамин тавр, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзӯи ҳимояи ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар тамоми муассисаҳи фарҳангӣ, аз чумла театрҳои чумҳурӣ ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфта буд. Театрҳои Точикистон вазифаи муқаддаси худро дар бобати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстонаи чанговарони фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ сарбаландона ичро намуданд.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

ПАЙНАВИШТ:

1. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Точикистон-Ф.3.-Р.6.-П.822.-В.9.

2. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Точикистон -Ф.3.-Р.6. -П.822.-В.8.

3. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Точикистон -Ф.17.-Р.25.-П.1962.- В.219.

4. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Точикистон -Ф20.-Р.133.-П.544.-В.20.

5. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Точикистон -Ф.20.-Р.2.-П.275.-В.59.

6. Бойгони ҳизбии Маркази тадқиқотҳои сиёсии Ҳизби коммунистии Точикистон -Ф.3.-Р.109.-П.153.- В.13.

7. Набиев, В. Вклад творческой молодежи Таджикистана в разгром фашисткой Германии/ В.Набиев// Культура-духовное оружие Победы.-Душанбе: Эдчод, 2005. -84 с.

8. Нурчонов, Н. Ним асри пурсамар/ Н.Нурчонов.- Душанбе: Ирфон, 1980.-167 с.

9. Раҳимов, С.Саҳми фарҳанги точик дар Ғалаба / С.Раҳимов// Фарҳанг-силоҳи маънавии пирӯзӣ.-Душанбе: Эчод, 2005.- 84 с.

10. Умаров, С.Гулшани ҳунар/ С.Умаров-Хучанд: Ношир, 2004.- 182 с.

11. Ҳотамов, А.Ҷанги Бузурги Ватанӣ /А.Ҳотамов.-Душанбе: Дониш,1985.

REFERENCE:

1. Central state archive of Tajikistan. Fund 3.- inventory 6. - unit of heeping.822 sheet 9.

2. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 3, In.6, In.of st. 822, Sh.8

3. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 17, In.6, In.of st. 25, dossier 1962/-Sh.219

4. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 20 In.6, In.of st. 133, D 544-Sh.20

5. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 20, In.6, In.of st. 2, D 276-Sh.59

6. The party archive of the Centre of political researches of the Communist Party of Tajikistan. F.3..- inventory 6. -unit of heeping.109.- D. 153.- sh.13

7. Nabiyev, V. The Contribution of Creative youth of Tajikistan to Defeat the Fascist Germany/ Cultural -Spiritual Weapon of Victory, - Dushanbe: Ejod, 2005.- 84р.

8. Nurjonov, N. An fruitful half of century.- Dushanbe : Irfon,1980.-167р.

9. Rakhimov, S. The Contribution of Tajik Culture to Victory/S.Rahimov// Culture a spiritual weapon of Victory. -Dushanbe: Ejod, 2005.- 84р.

10. Umarov, S. A flower garden of skill. Khujand: Noshir,2004.-182р.

11. Hotamov A. The Great Patriotic War.-Dushanbe: Donish, 1985.

Театральное искусство Таджикистана в годы Великой Отечественной войны

М. У.Каримова

Ключевые слова: новейшая история Таджикистана, деятельность театров в годы войны, концертные бригады, патриотическое воспитание

Статья посвящена деятельности театральных учреждений Таджикистана в период Великой Отечественной войны. Освещается совместная работа театров Таджикистана с эвакуированными театрально-зрелищными учреждениями Москвы, Ленинграда, Киева, Воронежа, и др. На основе архивных материалов показывается роль концертных и творческих бригад по повышению боевого и трудового патриотизма бойцов фронта и тружеников тыла.

Theatrical art in Tajikistan on the years of the Great Patriotic War M. U.Karimova

Keywords: Contemporary History of Tajikistan, activities of theatres during the war, concert brigades, patriotic education

The article deals with the activities of theatrical institutions of Tajikistan in the period of the Great Patriotic war. The author highlights the joint work of Tajikistan theatres with evacuated theatrical entertaining establishments of Moscow, Leningrad, Kiev, Voronej, etc. Based on archive materials, the author shows the role of concert and creative brigades on elevation of fighting spirit and labor patriotism of front warriors and toil workers.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Каримова Мавлудахон Улмасхӯцаевна, аспиранти факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров(Ҷумҳурии Тоцикистон, ш.Хуцанд)

Сведения об авторе:

Каримова Мавлудахон Улмасходжаевна, - аспирантка исторического факультета Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд)

Information about the author :

Karimova Mavludakhon Ulmashojaevna, post-graduate of the faculty of history under Khujand State University named after academician B. G. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.