Научная статья на тему 'Pedagogical testing as an objective method of assessing the results of educational process'

Pedagogical testing as an objective method of assessing the results of educational process Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
372
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АНДОЗАГИРИИ ПЕДАГОГӣ / АРЗЁБӣ / ИМТИҳОЩОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӣ / САНҷИШИ ПЕДАГОГӣ / ТЕСТГУЗАРОНИИ ПЕДАГОГӣ / ТЕСТИ ПЕДАГОГӣ / ТЕСТОЛОГИ / ОЦЕНИВАНИЕ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ КОНТРОЛЬ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ ТЕСТ / ПЕДАГОГИЧЕСКОЕ ИЗМЕРЕНИЕ / ПЕДАГОГИЧЕСКОЕ ТЕСТИРОВАНИЕ / ЦЕНТРАЛИЗОВАННЫЕ ВСТУПИТЕЛЬНЫЕ ЭКЗАМЕНЫ / ТЕСТОЛОГИЯ / ASSESSING / PEDAGOGICAL CONTROL / PEDAGOGICAL MEASUREMENT / PEDAGOGICAL TESTING / CENTRALIZED ENTRANCE EXAMINATIONS / TESTOLOGY

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Назаров Рустамцон Саидмуродович

Мақола ба баррасии тестгузаронии педагогӣ ҳамчун усули объективонаи арзёбии дониш ва малакаю маҳорати омӯзандагон бахшида шудааст. Дар мақола диққати махсус ба бартариҳои асосӣ ва муҳими тестгузаронии педагогӣ дар муқоиса бо усулҳои анъанавии арзёбии педагогӣ, равона гардидааст. Қайд мешавад, дар шароити имрӯза, муносибати технологӣ бо равандҳои таълим ва санҷишу арзёбии комёбиҳои омӯзандагон ҳамчун самти навин дар рушди илми педагогика ташаккул ва рушд ёфта истодааст. Чунин муносибат дар натиҷаи инъикоси талаботҳо нисбат ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмин кардани андозагириҳои объективонаи педагогӣ ба миён омад. Зикр мешавад, ки, дар низомҳои маорифи аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи васеи тестҳои педагогӣ ва технологияи тестгузаронӣ аллакай аз зумраи ташкилдиҳандаҳои муҳими раванди муосири таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.Статья посвящена рассмотрению педагогического тестирования как методу объективного оценивания знаний, умений и навыков учащихся. В статье особое внимание уделено основным и важным преимуществам педагогического тестирования перед традиционными методами педагогического оценивания. Отмечается, что в современных условиях, одним из новейших направлений развития педагогики становится технологический подход к процессу обучения и контролю учебных достижений учащихся. Данный подход возник как отражение потребности в повышении качества образования и объективности педагогических измерений. Указывается, что в настоящее время, в системе образования многих стран мира, включая Республику Таджикистан, широкое применение педагогических тестов и технологии тестирования уже стало важной составляющей современного учебного процесса в образовательных учреждениях.The article is devoted to consideration of pedagogical testing as a method of objective assessment of students' knowledge, abilities and skills. In the article special attention is paid to the main and important advantages of pedagogical testing over traditional methods of pedagogical assessment. Under contemporary conditions one of the newest trends in the development of pedagogy is a technological approach to the process of teaching and controlling students' educational achievements. This approach arose as a reflection of the need in elevation of the quality of education and the objectivity of pedagogical measurements. At present, the wide usage of pedagogical tests and testing technology has already become an important constituent of the modern educational process in educational institutions within the educational systems of many countries in the World, the Republic of Tajikistan inclusive.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Pedagogical testing as an objective method of assessing the results of educational process»

УДК 371.261 Р.С.НАЗАРОВ

ББК 74.202.8

ТЕСТГУЗАРОНИИ ПЕДАГОГИ ^АМЧУН УСУЛИ АРЗЁБИИ ОБЪЕКТИВОНАИ НАТИ^А^ОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар чахони муосир, барои таъмини рушди устувори иктисодию ичтимой ва сиёсию мадании хдр кишвар баланд бардоштани сифати тахсилот шарти мухим ва зарурй ба хисоб меравад. Хамгироии низоми тахсилоти кишвархои мухталиф бо фазои ягонаи тахсилоти чахонй, аз чумлаи вазифахои аввалиндарачаи чомеаи чахонй мебошад, зеро, тахсилот яке аз самтхои мухимтарини хаёти чомеа буд, хаст ва бокй хохад монд. Махз дарачаи сифати маълумотнокии хар узви чомеа, иктидори иктисодию ичтимой, сиёсию маданй ва зехнию ахлокии чамъиятро муайян месозад. Бино бар ин, барои таъмини рушди устувори чомеа, масъалаи такмил ва тачдиди доимии низоми маориф масъалаи калидй ва аввалиндарача ба шумор меравад. Чунончй, дар ин бобат олимони ватании сохаи педагогика Ф.Шарифзода ва И.Каримова низ таъкид кардаанд: "Мауз шахси босавод метавонад дар соуаи дилхоу мутахассиси сатуи баланд шавад. Бинобарин, таусилоти тацдидёфта дар нацшауои стратегии ни шахсияти алоуида ва ни кишвари дилхоу бояд аз уама бештар уамчун соуаи инвеститсионии самаранок уисобида шавад"(12,74).

Президента Чумхурии Точикистон, Эмомалй РАХ,МОН кариб дар хар як баромади худ ба масъалаи баланд бардоштани сифати тахсилот диккати чиддй дода, фаъолияти Хукумати чумхуриро барои хамачониба мусоидат кардан дар рушди сохаи маорифи кишвар равона месозад ва дар ин самт дастуру хидоятхои заруриро мефармояд. Аз чумла, бо максади таъмини рушди босуботи тамоми сохахои хаёти Точикистон, аз чумла ислохоти ботадрич дар хамаи зинахои тахсилот, ташаккули низоми тахсилоти муосир ва чавобгуйи талаботи замон, тахкими заминаи моддиву техникии муассисахои таълимй, аз чониби Президенти кишвар сохди маориф хамчун самти афзалиятнок эълон гардидааст.

Такмил ва тачдиди пайвастаи сохди маорифи Точикистон шарт ва зарур будани омузиш, натичагирию хулосабарорй ва татбики эчодкоронаи тачрибаи пешкадами чахониро дар самти ташкили раванди устувори таълиму тарбия такозо мекунад.

Масъалахои марбут ба баланд бардоштани сифати тахсилот, пеш аз хама, бо самти такмили пайвастаи усулхои таълим ва санчиши донишу малака ва махорати омузандагон зич алокаманданд. Асоси арзёбии сифати тахсилотро, дар навбати аввал, баходихии дарачаи омодагии таълимгирандагони муассисахои таълимй ташкил медихад. Чунин баходихй бояд бо истифода аз усулхои объективона ва боэътимод рохандозй гардад, то ки дар онхо холатхои гаразнокй ва ё руйихотирбинй чой надошта бошад. Натичахои санчишхои мустакил ва объективонаи муваффакиятхои омузандагонро, минбаъд дар вакти арзёбии фаъолияти муассисахои таълимй, аттестатсияи хатм, озмунхои дохилшавй ба зинахои минбаъдаи тахсилот дар муассисахои таълимй ва гайра истифода бурдан мумкин аст. Хангоми ташкил ва баргузор кардани чунин санчишхо, нисбат ба маводи андозагирй (тестхо), тартиби гузаронидани санчишхо ва раванди коркарди натичаи онхо бояд талабот ва меъёрхои ягона(стандартишуда) татбик гарданд. Хамин гуна раванди стандартишудаи арзёбии комёбихои таълимии омузандагон тестгузаронии педагоги номида мешавад.

Тестгузаронй, пеш аз хама, усули объективонаи арзёбй ба хисоб меравад, ки он бо рохи стандартикунонии раванди ташкил ва баргузорй, санчиши нишондихандахои сифати саволу супоришхои алохида ва умуман саволномаи тест ба даст меояд. Тестгузаронй бештар усули одилона мебошад, зеро он чй дар раванди санчиш ва чй дар раванди арзёбии натичахо нисбат ба хамаи озмудашавандагон (иштирокчиёни санчиш) шарту шароит ва талаботу меъёрхои ягонаро татбик менамояд.

Дар адабиёт ва сарчашмахои илмию методии ба сохаи тестгузаронй алокаманд, таърифи мафхуми "тестгузаронии педагогй" дар шаклхои гуногун баён гардидааст. Аз чумла, дар стандарти давлатии Федератсияи Руссия (7), ки оид ба таъриф ва тафсири истилоххои мухталифи ба тестхои педагогй ва тестгузаронй алокаманд бахшида шудааст, таърифи мафхуми

"тестгузаронии педагоги" хамчун "яке аз усулуои аз уама бештар стандартишудаю объективонаи санциш ва арзёбии донишу малака ва мауорати озмудашавандагон, ки дар он нунин нуцсонуои дигари усулуои анъанавии санциши донишуои назарияви ва малакаю мауорати амали [-и омузандагон -Р. С.], ба мисли гуногунии талабот, гаразнокй (субъективноки)-и санцишгирандагон, номуайянии тартиби бауогузори ва гайра, дида намешавад" баён гардидааст. Дар хамон чо, тестгузаронии

педагогй ба тарзи дигар низ муайян карда шудааст: "мацмуи чорабинщои методи ва ташкили, ки роуандозии равандуои тауияи тестуои педагоги, омодасозии тартиби стандартишуда ва гузаронидани санциши дарацаи омодагии озмудашавандагон, инчунин коркард ва таулили натицауоро дар бар мегирад".

Дар педагогикаи муосир, аслан се вазифаи асосй ва ба хам алокаманди тестгузаронии педагогиро чудо мекунанд: ташхиси, омузиши ва тарбияви. Шархи функсияхои мазкур, аз чониби В.С.Аванесов (1) баён гардидааст:

Функсияи ташхиси аз арзёбии донишхои назариявй ва малакаю махорати амалии омузандагон иборат аст. Барои тестгузаронй махз хамин функсия аз хама бештар мухим ва асосй ба хисоб меравад. Зеро, бо дарназардошти объективонаю фарогир будан, инчунин доштани суръати баланди ташхискунй, тестгузаронии педагогй дар мукоиса бо шакл ва усулхои дигари санчишхои фаврии педагогй афзалиятхои зиёде дорад.

Функсияи омузиши аз хавасманд гардонидан ва равона сохтани омузандагон барои харчи бештар фаъол шудани онхо дар самти ичро кардани амалхои ба азхудкунии маводи таълимй алокаманд, иборат аст. Омода шудан ба санчиши тестй (аз ин ё он фанни таълимй) дар катори такрор кардани мавзуъхои гузашта, инчунин руй овардан ба адабиёти иловагиро, такозо мекунад. Махз чунин муомилаи омузандагон, ба онхо имкон медихад, ки дарачаи азхудкунии фанхои таълимияшонро баланд бардошта, малакаю махорати ичрокунии корхои мустакилонаашонро сайкал диханд.

Функсияи тарбияви хангоми ба таври даврй ташкил ва гузаронидани санчишхо дар шакли тестгузаронй зохир мегардад. Зеро, чунин амал боиси интизомнок кардани омузандагон ва ба тартиб даровардани фаъолияти таълимии онхо гардида, дар ошкор ва бартараф сохтани норасоихо дар дониш ва малакаю махораташон кумак мерасонад; хамзамон, шавку рагбати онхоро дар такмил додани кобилиятхои таълимияшон ташаккул медихад.

Тести педагогй имкон медихад, ки дарачаи донишхои назариявй, малакаю махорати амалии омузандагон дар мукоиса бо талаботи стандартхои таълимй саривакт муайян гардида, дар асоси натичахои бадастомада ба мазмуну мундарича, роххои ташкилу баргузорй ва методикаи тадриси фанхои таълимй тагйироту иловахои зарурй ворид карда шаванд. Дар стандарти сохавй (8), таърифи мафхуми "тести педагоги" хамчун "мацмуи супоришуои тести, ки дар натицаи ицрои ощо имкони ба таври объективона санцидан ва арзёби кардани дарацаи омодагии озмудашавандагон аз руйи бахшуои хоси доираи муайяни донишуо, ба даст меояд" оварда шудааст.

Тестология (англ. test - санчиш, юнон. logos — илм, дониш) - илми байнифаннй буда, усулхои андозагирию ташхисии аз чихдти илмй асоснокро меомузад. Тарз ва усулхои тестология на танхо дар риштаи равоншиносй, балки дар дигар шохахои илм низ амалан истифода мешаванд, аз чумла, дар педагогика, тиб, техника, менечмент ва гайра. Дар хар яке аз ин шохахои илм, усулхои тестологияи истифодашаванда чанбахои умумиро доранд, ки онхо ба таъмин кардани чунин хосиятхои тестгузаронй, аз кабили асоснокй (эътиборнокй, англ. validity), эътимоднокй (англ. reliability), самаранокй (англ. efficiency) ва гайра алокаманданд. Хдмзамон, дар онхо хусусиятхое низ вомехуранд, ки онхо бевосита ба хусусиятхои хоси хдмон шохаи илм (масалан, донишхои хатмй ва касбй, мачмуи зухуроти тиббй ва гайра) ва шартхои чамъоварии додахои тачрибавй алокаманданд (9).

Ба омузиш ва тахкики масъалахои марбут ба тест хдмчун воситаи андозагирии педагогй ва тестгузаронй хдмчун усули объективонаю боэътимоди арзёбии дарачаи дониш ва малакаю махорати омузандагон (асосхои илмй-назариявии технологияи тестгузаронй ва ташаккули он, мохият ва хусусиятхои тест ва тестгузаронй хамчун восита ва усули андозагирии педагогй, ташхиси педагогй ва иктидори дидактикии тестгузаронй, назарияи тестология ва квалиметрияи педагогй ва гайра) як катор олимону мухаккикон машгул гардида, корхои илмию тадкикотии худро ба самти мазкур бахшидаанд (В. С.Аванесов , А. Н.Анастази, В.П Беспалько, А.Бирнбаум , Б.Блум, Ф.Гальтон , Л.Н.Давыдова, Д.Доббин , Р.Дюбуа, О.ЮЕфремова, В. И.Звонников, К.Ингенкамп , В. А.Коккота , Ч,.Кэттел, В.П. Левин, И.Я.Лернер, А.Н.Майоров , Г.Миллер, Ю.М.Нейман, Дж.Равен , И. А.Рапопорт , Г.Раш, А.О.Татур , Э.Торндайк , В.А.Хлебников, И.А.Цатурова, М.Б. Челышкова, Г.Ченси, С.Е Шишов ва дигарон).

Дар робита ба масъалахои омузиш ва татбики технологияхои муосири педагогй дар фазои тахсилоти кишвар, аз чумла накши тестгузаронй хамчун технологияи инноватсионии таълимй дар баланд бардоштани сифати тахсилот, сахми чунин олимони ватанй ва мутахассиони сохавии риштаи педагогика ба мисли Л М.утфуллозода, Ф.Шарифзода, ^.Б ^одиров, И.Х.Каримова, Н.Н.Шохиён (Шоев) ва дигарон низ хеле назаррасанд. Аз чумла, дар бархе аз корхои диссертатсионии як зумра пажухишгарони ватанй (3, 6, 7, 12, 14) масъалахои истифода бурдани усули тестгузаронй мавриди баррасй карор гирифтаанд.

^айд кардан бамаврид аст, омузиш ва тахлили корхои илмию методй ва тадкикотии олимони кишвар, ки ба мавзуи тестгузаронии педагогй алокаманданд, нишон медихад, ки то кунун дар илми педагогикаи ватанй назарияи ягона ва такомулёфта оид ба мафхуми тест матрах нагардида, равишхои ягонаи методологй низ дар самти халли масъалахои назариявй ва амалии тестгузаронй ташаккул наёфтаанд. Аслан, дар адабиёти педагогикаи ватанй оид ба мавзуъхои ба асосхои илмии тестгузаронй алокаманд, ё маълумоти хеле кам чой дода шудааст, ё умуман дар бораи онхо чизе дарч нагардидааст.

Бори нахуст дар тестологияи ватанй (даврони шуравй) ва чахонй В.С.Аванесов консепсияи сезинагии тестро матрах намуд, ки мувофики он, у се мафхуми асосии назарияи тестро таъкид менамояд: "супориш дар шакли тест", "супориши тести" ва "тести педагоги" [2, сах. 10 - 20]. Тибки ин консепсия, супориш^о дар шакли тест бояд чавобгуйи чунин талабот бошад: услуби мантикии баён, сахехии шакл, мухтасарй, мавчудияти чойи муайян барои чавобхо, чойгиршавии дурусти кисмхои супориш, ягонагии коидахои бахогузории чавобхо, яксонии дастурамалдихй ба озмудашавандагон, мувофикати комил (адекватнокй)-и дастурамал ба шакл ва мундаричаи супориш. Супориши тести хамчун вохиди таркибии саволномаи тест баён гардидааст, ки он бояд ба талаботи технологиябобй (рус. технологичность), шакл, мундарича, ва иловатан, боз ба талаботи зерини оморй чавобгуй бошад: душворнокии муайян, тагйирпазирии чузъй (вариатсия, англ. variation)-и кофии холхои тест, чой доштани робитаи мутакобила (коррелятсия, лот. соггеМю) дар байни холхои хар супориши алохида ва холхои саволномаи тест дар умум. Тести педагоги бошад, хамчун "низоми супоришуои [сатуашон пайдарпай - Р. С.] душворшаванда ва шакли махсус, ки имкони ба таври босифат ва самаранок санцидани дараца ва бауодиуии [таркиби] омодаги [-и озмудашавандагон - Р. С.]-ро фароуам меоварад" шарх дода шудааст.

Раванди тестгузаронии педагогй аз дигар равандхои хамсони арзёбии дарачаи донишхои назариявй ва малакаю махорати амалии омузандагон, ки дар амалияи педагогика истифода бурда мешаванд, ба таври хеле назаррас фарк мекунад. Зеро он, пеш аз хама, дар вобастагй ба худи раванд, маводи санчишию усулхои коркард ва тафсири натичахои бадастомада, татбики талаботи ягонаю якинан матрахшударо такозо менамояд.

Дар мукоиса бо воситахои анъанавии таълимию санчишй, татбики тест дар раванди таълим хамчун воситаи муосири санчишй дорои афзалиятхои зиёде мебошад. Албатта, он аз баъзе норасоиву камбудй ва махдудияти истифодабарй низ орй нест. Инак, дар асоси тахлили як катор сарчашмахои илмию методй, аз чумла тад^щоти анчомдодаи А.Е.Евстигнеев (4, 11), мехохем чанде аз бартарй ва камбудихои асосию мухими тестгузаронии педагогиро дар мукоиса бо усулхои анъанавии санчиши дониш ва малакаю махорати омузандагон номбар созем.

Баъзе аз бартарих,ои мухим ва асосии тестгузаронии педагогй чунинанд:

(1) таъмини санчиши объективонаи дарачаи дониш ва малакаю махорати омузандагон ва истиснои омилхои субъективона, ки аслан дар натичаи ба таври кофй аз чониби омузгор омухта нашудани дарачаи омодагии омузандагон, муносибатхои гаразнок ва ё баръакс (руйихотирбинихо)-и омузгор нисбати баъзе аз омузандагон ба миён меоянд;

(2) аз руйи назария ва методикаи муосири тахияи супоришхои тестии навъхои гуногун, ба назар гирифтани хусусиятхои хоси хар як фанни таълимй ва бахшхои алохидаи он ва бо чунин рох фаъолгардонй ва ташаккули фикрронихои зехнию мантикии омузандагон;

(3) фарогирии харчи бештари доираи мазмун ва мундаричаи фанни таълимй барои муайян кардани дарачаи омодагии омузанда аз фанни таълимй (дар умум) ва бахшхои алохидаи он;

(4) имкони ташкили тестгузаронй чй дар шакли анъанавй (бо истифода аз варакахои чавобхо - усули "когазй") ва чй дар шакли компютерй (бо истифода аз воситахои муосири мухобиравй), инчунин имкони татбики технологияи муосири муаввад (адаптатсияшаванда) тавассути тестгузаронии компютерй;

(5) имкони тестгузаронии оммавй ва фарогир бо рохи тахияи вариантхои мухталифи хамон як тест (псевдовариантхо) ва нашри серадади онхо барои истифодабарй дар муассисахои таълимии гуногун;

(6) ягонагии талабот нисбат ба хама озмудашавандагон новобаста аз комёбихои таълимии каблан бадастовардаи онхо;

(7) имкони ба таври нисбатан осон ва зуд коркард кардани натичахо ва муайян кардани холати вокеии дарачаи азхудкунии фанхои таълимй аз чониби омузандагон;

(8) дар асоси натичахои бадастовардаи шогирдон омузгор, ки хамчун инъикосгарони натичахои фаъолияти педагогии уст, рохандозии назорати пайвастаи раванди таълим дар самти баланд бардоштани масъулияти омузгор дар робита ба ичрои самараноки ухдадорихои вазифавй;

(9) таъмини ичрои хама гуна амали ба раванди тестгузаронй алокаманд аз руйи коида ва талаботи барои хама ягона(стандартишуда), аз чумла, тахияи тести ба талаботи стандартхои

давлатии тадсилот чавобгуй барои муассисадои таълимии гуногун, ичрои супоришдои тест, санчишу арзёбй, тафсири натичадо ва гайра;

(10) тафрикапазирй(дифференсиатсияшавандагй)-и шкаладои балдо: дар асоси натичахои тестгузаронй - балдои бадастовардаи омузандагон дарачабандй кардани дарачаи комёбидои таълимии ондо дар фосиладои васеи ададй;

(11) имкони ба таври инфиродй гузаронидани санчиши дар як омузанда ва назорати фаъолияти алодидаи таълимии у;

(12) ба таври инфиродй арзёбй кардани натичахои бадастоварда ва имконияти дар як омузанда, гузаронидани тадлилдои мукоисавии натичахои дар як омузанда бо натичахои омузандагони дигар;

(13) аз руйи меъёрдои мукарраргардида ва параметрдои пешбинишуда гузаронидани тадлилдои мукоисавии натичахои бадастоварада дар байни омузандагон ва ё гуруддои омузандагон;

(14) ошкор кардани норасоидо дар донишдои назариявй ва малакаю махорати амалии омузандагон;

(15) имкони гузаронидани санчишдои пайваста ва мунтазам дар дамаи мардаладои раванди таълим ва бо ин род назорат кардани динамикаи натичадои раванди таълим;

(16) имкони тавъамкунии усули тестгузаронй бо дигар шаклдои анъанавии санчиши педагогй;

(17) фарогирии дамаи бахшдои барномаи таълимй барои гузаронидани санчиши мукаммали донишдои назариявй, малака ва мадорати зеднию амалии омузандагон;

(18) имкони дар фосиладои вакти кутодтарин ва бо харочоти камтарин ташкил ва гузаронидани санчишдои оммавй ва фарогир барои доирадои гуногуни озмудашавандагон;

(19) бо дарназардошти ташкил кардани тестгузаронй аз руйи тартибу меъёрдои мукарраргардида ва риояи талаботдо дар самти амнияти иттилоотй, аз байн бурдани дамагуна муомиладои бевичдонаи омузандагон нисбати санчиш (масалан, ба таври пиндонй ворид кардан ва истифода бурдани дамагуна маводи ёрирасон);

(20)дар асоси татбики пайвастаи тестгузаронии педагогй дар раванди таълим, махсусан, ташкил ва гузаронидани чунин санчишдои фарогир ба таври ногадонй, таъмини давасмандии омузандагон ва омодагии дамешагии ондо барои супоридани санчишдои гуногун бо усули тестгузаронй.

Дар баробари афзалиятдои зиёд доштани тестгузаронии педагогй, дар ин усули санчиши педагогй як катор камбудидо низ чой доранд. Аз чумла:

(1) Хдрчанд натичадои дар раванди тестгузаронй бадастомада имкони муайян кардани норасоидоро дар доираи донишдои назариявй ва малакаю мадорати амалии омузандагон дошта бошад дам, аммо имкони муайян кардани омил ва сабабдои бевоситаи чунин норасоидоро надоранд;

(2) чунин усули санчиши педагогй имкони санчидану бадо додани дарачаи комёбидои озмудашавандагонро вобаста ба малакадои эчодию мадорати махсус надорад;

(3) чой доштани долатдои тасодуфй дар тестгузаронии педагогй. Масалан, омузандае, ки ба супоришдои тестии нисбатан осон чавоби дуруст пешнидод накардааст, метавонад чавобдои дурустро ба супоришдои тестии нисбатан душвор пешнидод намояд;

(4) мавчуд набудани имкон барои пешнидод кардани чавобдо дар шакли пурра аз чониби озмудашавандагон;

(5) дар баъзе долатдо эдтимоли чой доштани ноаникй ва духурагй дар матни супоришдои тестй ва ё вариантдои чавобдои пешнидодшаванда.

Бо заволи давлати абаркудрат ва падновари ИЧ,ШС, шуруъ аз солдои 90-уми асри XX, дар фазои тадсилоти давлатдои пасошуравй, аз чумла Точикистон раванддои марбут ба тестгузаронии оммавию фарогир ба таври фаъолона татбики худро ёфта истодаанд.

Дар Точикистон огози давраи татбики васеи тестдои педагогй ба соли 2014 - соли чорй кардани низоми имтидондои марказонидаи дохилшавй (ИМД) ба муассисадои таълимии тадсилоти олии касбй (МТТОК)-и шомили низом (аз соли 2015, инчунин, ба муассисадои таълимии тадсилоти миёнаи касбй - МТТМК) дар шакли тестгузаронии мутамарказ ва фарогир дар байни довталабони курсидои донишчуйй родандозй гардида истодааст. Родандозии низоми мазкур дар сатди чумдурй аз чониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ч,умдурии Точикистон (www.ntc.tj) сурат мегирад. Гарчанде аз чорй кардани низоми ИМД муддати на он кадар тулонй гузашта бошад дам, аммо дар тули ин солдо:

(1) тачрибаи назаррас дар самти тадияи саволу супоришдои санчишй дар шакли тест (аз руйи 3 навъ: пушида - муайян ва интихоб кардани як цавоби дуруст аз миёни чор варианти цавоб^ои пешниуодшаванда; мувофик,оварй - муайян кардани мувофщати дуруст дар миёни чор унсури

сутуни чап ва пащ унсури сутуни рост; кушода - уал кардани саволу масъалаи додашуда ва пешниуод кардани цавоб дар шакли кутоу, одатан дар намуди ададуои бутун) ба даст оварда шудааст;

(2) низом (система)-и тестдои омузишй эчод ёфта, раванди такмил ёфани он дар чараён аст;

(3) тартиби ташкил ва баргузории имтидондои марказонидаи дохилшавй тадия гардида, татбики васеи худро дар низоми маорифи кишвар ёфтааст ва вобаста ба талаботи чадид дар самтдои марбут ба низоми мазкур мавриди мукаммалгардонии пайваста карор дорад,

ки дар асоси ондо метавон тестгузаронии педагогиро дамчун технологияи инноватсионии таълимй дар низоми муосири тадсилоти кишвар арзёбй намуд.

Тачрибаи ташкил ва гузоронидани ИМД нишон медидад, ки тести педагогии аз руйи дамаи талаботдои назария ва методикаи муосири андозагиридои педагогй тадиягардида, натандо имкони ба даст овардани маълумоти объективонаро оид ба сатди омодагии довталабон (асосан, хатмкунандагони муассисадои таълимии тадсилоти миёнаи умумй дар соли имтидон) фародам меорад, балки дамчун воситаи асосй дар таксимоти довталабон ба муассисадои таълимй (МТТОК ва МТТМК)-и шомили низом аз руйи натичадои бадастовардаи довталабон, комбинатсиядои ихтисосдои интихобкардаи ондо ва бартаридои муайянкардаашон, хизмат мекунад. Чунин чорабиниро метавон дамчун яке аз чузъиёти мудим дар таъмини суботи ичтимоии кишвар низ номид.

Вобаста ба ин, зикри нуктаи мудимеро зарур мешуморем, ки мауз додало (маълумот)-и объективона оид ба натицауои таълим - дарацаи донишуои назарияви ва малакаю мауорати амалии омузандагон ва ба эътибор гирифтани ощо уангоми цабули цароруои марбута, уамчун гарави рушди муваффаци цомеа ва давлат дар раванди тамаддуни цауони ба уисоб меравад.

Аз замони чорй гардидани низоми ИМД дар Ч,умдурии Точикистон, дамасола, динамикаи афзуншавии шумораи довталабон-иштирокчиёни имтидондои марказонидаи дохилшавй ва теъдоди муассисадои таълимии шомили низом, баръало ба назар мерасад. Баъзе маълумоти оморй [5, сад. 22] оид ба шумораи довталабон ва муассисадои таълимии шомили низоми ИМД вобаста ба солдои баргузории имтидондои марказонидаи дохилшавй дар чадвали 1 оварда шудааст. Дар асоси тадлили маълумоти пешнидодгардида ба осонй пай бурдан мумкин аст, шумораи довталабон дар солдои минбаъда (2015 - 2017) нисбат ба шумораи довталабон дар солдои каблй (2014 - 2016), мувофикан ба 40,63 % (21 292 нафар), 12,71 % (9 368 довталаб) ва 16,22 % (13 473 довталаб) зиёд шудааст.

Чадвали №1. Суръати рушди низоми ИМД дар Чумдурии Точикистон

Соли ИМД Шумораи довталабон Шумораи муассисадои таълимй аз чумла:

МТТОК МТТМК *

2014 52 408 30 30 -

2015 73 700 41 33 8

2016 83 068 82 33 49 (23)

2017 96 541 118 34 84 (36)

Бо назардошти он ки як цатор коллеци тибби дар баъзе ша^ру но^ия^о гуруууои мацсадноки худро доранд, дар цавс^о шумораи чунин гуруууои мацсаднок дарц гардидааст.

Ворид шудани низоми ИМД дар шакли тестгузаронии мутамарказ ва фарогир ба фазой тадсилоти Ч,умдурии Точикистон, ба фазои тадсилоти кишвар дар самти татбики васеи усули тестгузаронй дар раванди таълими муассисадои таълимии тадсилоти миёнаи умумй, миёнаи касбй ва олии касбй дангоми гузаронидани санчишдои педагогй, таккони чиддиеро бахшид.

Натичадои назарраси Маркази миллии тестии назди Президенти Ч,умдурии Точикистон дар самти ташкил ва баргузор кардани имтидондои марказонидаи дохилшавй дар шакли тестгузаронии фарогир ба таври шаффоф, одилона ва бадогузории объективона, аз чониби родбарияти кишвар низ баланд арзёбй гардидаанд. Аз чумла, дар яке аз суханронидои Президенти кишвар [10] таъкид гардид, ки:

"Натицаи имти%онот [имтиуонуои марказонидаи дохилшавй - Р. С.] тавассути Маркази миллии тести бори дигар ошкор сохт, ки сат%у сифати таълим дар кишвар бе%будии циддй мехо%ад ва масъулони со%аи маориф, ро%барони макрмоти ицроияи ма%аллии %окимияти давлатй

ва дигар сохтору мацомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диццати махсус ди^анд ва назоратро дар х,амаи муассисахои таълимии кишвар пурзур намоянд.

Падару модарон ва да^о %азор нафар хатмкунандагони мо бори дигар бовар %осил карданд, ки Маркази миллии тести сат^и ^ациции дониш ва майорату малакаи шахсии %ар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рацобати солим шароит фаро^ам меорад".

Х,амчун хулоса, мехохем якчанд нуктаеро, ки дар асоси омузиш ва тахлилу баррасии усули тестгузаронии педагогй ба даст овардаем, баён созем:

1) Тестгузаронй хамчун усули муосири санчиши педагогй, ки технологияи дар сархади илмхои педагогика, назарияи андозагирй, амсиласозии математикй, омори математикй ва информатика карордоштаро муаррифй мекунад, яке аз усулхои ояндадор ва самаранок дар низоми тахсилот ба хисоб меравад.

2) Тестгузаронии педагогй бо истифода аз супоришхои тестии босифати ба талаботу меъёрхои мукарраргардида чавобгу, нисбат ба усулхои анъанавй ва субъективонаи санчиш ва арзёбии дарачаи донишхои назариявй ва малакаю махорати амалии омузандагон, бешубха афзалиятхои зиёд ва мухимеро доро аст.

3) Дар низоми тахсилоти муассисахои таълимй (сарфи назар аз зинахои тахсилот) тестгузаронии педагогй хамчун усули мустакили арзёбии дарачаи донишхои назариявй ва малакаю махорати амалй, дар робита ба баланд бардоштани сифати тахсилоти таълимгирандагон яке аз мавкеъхои асосиро ишгол менамояд.

4) Андозагирихои педагогие, ки аслан дар шакли тестгузаронй рохандозй мегарданд, хамчун технологияи инноватсионии таълимй ба хисоб рафта, аз чумлаи омилхои мухими ба рафти таълиму тарбия ва рушди шахсият таъсиррасон, ба хисоб мераванд. Зеро, хангоми мураттаб сохтани тавсияхои мувофик оид ба такмили низоми тахсилот ва пешниход кардани онхо ба алокамандони бевоситаи низом (хайати омузгории муассисаи таълимй; кормандони масъули раёсат ва шуъбахои маорифи шахру нохдяхо, вилоятхо ва умуман кишвар; макомоти ичроияи хокисмияти давлатй ва гайра), махз натичахои тестгузарониро метавон хамчун асос ба назар гирифт.

5) Талаботи чомеа ба тестгузаронии педагогии оммавию фарогир аз он сарчашма мегирад, ки махз чунин усули санчиши педагогй ва натичахои аз он хосилшаванда, метавонад холати вокеии комёбихои таълимии омузандагонро вобаста ба фанхои таълимии гуногун ба таври объективона ва бо сахехии зиёд инъикос намояд. Дар ин росто, чорй кардани имтихонхои марказонидаи дохилшавй дар Чумхурии Точикистон, ки хамасола дар шакли тестгузаронии фарогири мутамарказ рохандозй мегардад, аз чониби чомеаи кишвар хамчун воситаи арзёбии вокей, объективона, одилона ва шаффоф эътироф гардидааст.

6) Татбики бемайлони технологияи тестгузаронй дар низоми тахсилоти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умумй, миёнаи касбй ва олии касбии чумхурй, бешубха, метавонад сахми назаррасеро дар ислохоти ботадричи низоми маорифи кишвар расонад ва таъмини хамгироии низоми тахсилоти кишварро бо фазои ягонаи тахсилоти чахонй таъмин созад.

7) Дар робита ба сохаи тестология, вазъи имрузаи илмию пажухишии кишвар (ба таври васеъ чалб кардани кадрхои илмию педагогй ба корхои пажухишй, тахия ва нашри маводхои таълимию методй ва маколахои илмй, омодасозии кадрхои илмии чавон ва гайра) дар мукоиса бо стандартхои чахонии ба сохаи мазкур алокаманд, мутаассифона, дар сатхи нисбатан паст карор дорад. Дар асоси холати чойдошта ва бо дарназардошти бартарихои дарчгардида оид ба истифодаи тест ва татбики усули тестгузаронй дар раванди таълим, имрузхо дар Чумхурии Точикистон масъалаи харчи бештару пештар ташаккул ва рушд додани тестологияи ватанй ба худ зарурат ва мухимияти хосеро касб кардааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аванесов, В. С. Композиция тестовых заданий : Учебная книга для преподавателей вузов, техникумов и училищ, учителей школ, гимназий и лицеев, для студентов и аспирантов педагогических вузов / В.С Аванесов, - М.: Центр тестирования, 2002 - 239 с.

2. Аванесов, В.С. Форма тестовых заданий : Учебное пособие для учителей школ, лицеев, преподавателей вузов и колледжей. 2-ое издание, переработанное и расширенное / В.С. Аванесов. - М.: Центр тестирования, 2005. - 156 с.

3. Бирюкова, Л. В. Теоретические основы системы дистанционного образования и её технолого-процессуальный аспект : дис. ... канд. пед. Наук / Л. В.Бирюкова. - Душанбе, 2007. - 165 с.

4. Евстигнеев, А.Е. Концепция развития тестовой технологии контроля уровня обученности студентов в системе профессионального образования России/А.Е.Евстигнеев// Профессиональное образование. - 2005. - № 4. - С. 21 - 25.

5. Икромй, (Тешаев) Х. И. Бехтарин падидаи замони истиклол /Х.И.Икроми// Маорифи Точикистон. - 2016. - № 1. - С. 19-31.

6. Камолова, Б. Б. Педагогические особенности формирования готовности будущего учителя к тестированию в учебном процессе : на примере педагогических вузов Республики Таджикистан: дис. ... канд. пед. Наук / Б.Б.Камолова.- Душанбе, 2013.- 180 с.

7. Курбанова, Р. Т. Дидактические особенности технологии тестирования по русскому языку в общеобразовательных школах / Р.Т.Курбанова. Республики Таджикистан : дисс. ... канд. пед.наук.- Душанбе, 2015. - 185 с.

8. Отраслевой стандарт. Педагогические тесты, термины и определения (первая редакция). - М.: Министерство образования РФ, 2001 [манбаи электронй]. URL: http://bank.orenipk.ru/Text/t19_135.htm (санаи истифодабарй: 02.11.2017).

9. Психологические словарь на сайте "Мир Психологии" [манбаи электронй]. URL: http://psychology.net.ru/dictionaries/psy.html?word=986 (санаи истифодабарй: 07.11.2017).

10. Суханронии Президенти ^умхурии Точикистон Эмомалй РАХ.МОН бахшида ба Рузи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллохи Рудакй аз 01.09.2015 [манбаи электронй]. URL: http://president.tj/node/9731 (санаи истифодабарй: 03.11.2017).

11. Чижова, Н.Н. Тестирование как форма оценки качества образования /Н.Н.Чижова // Среднее профессиональное образование. - 2013. - № 2. - С. 51 - 52.

12. Шарипов, Ф.Ф. Системный подход к информатизации педагогического процесса в вузе -доминанта формирования профессиональных компетентностей студентов /Ф.Ф.Шарипов: дис. ... д-ра пед. наук \ Ф.Ф. Шарипов.- Душанбе, 2013. - 409 с.

13. Шарифзода, Ф., Педагогика : курс лекций \ Ф.Шарифзода, И.Каримов - Душанбе: «Ирфон», 2008. - 284 с.

14. Шохиён, (Шоев) Н. Н. Инновационные воспитательно-образовательные технологии в системе высшего образования\ Н.Н.Шохиён: дис. ... д-ра пед. наук. - Душанбе, 2007. - 734 с.

REFERENCES:

1. Avanesov, V.S. Testing Assignments Composition: manual for teachers of universities, technical and middle vocational schools, teachers of schools, gymnasiums and lyceums, for students and post-graduate students of pedagogical universities / V. Avanesov, - M.: Testing Center, 2002 - 239 p.

2. Avanesov, V.S. The Form of Testing Assignments: manual for teachers of schools, lyceums, professors of universities and colleges. The 2-nd edition, revised and enlarged / V.S. Avanesov. - M.: Testing Center, 2005. - 156 p.

3. Biryukova, L.V. Theoretical Grounds of Distance Education System and its Technological-Procedural Aspect: candidate dissertation in pedagogy / L.V. Biryukova. - Dushanbe, 2007. - 165 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

4. Evstigneev, A.E. Conception of the Development of Testing Technology Aimed at Monitoring in Reference to Students' Competence Trained Standard in the System of Vocational Education in Russia / A.E. Evstigneev // Vocational Education. - 2005. - # 4. - P. 21 - 25.

5. Ikromi, (Teshaev) Kh.I. The Best Phenomenon of Independence Period / Kh.I. Ikromi // Tajikistan Education. -2016. - # 1. - P. 19-31.

6. Kamolova, B.B. Pedagogical Peculiarities of a Formation of Future Teachers' Readiness for Testing in Educational Process: on the Example of Pedagogical Universities of the Republic of Tajikistan. Candidate dissertation in pedagogy / B.B. Kamolova .- Dushanbe, 2013.- 180 p.

7. Kurbanova, R.T. Didactic Peculiarities of Testing Technology in the Russian Language in Comperehsive Schools of the Republic of Tajikistan // R.T. Kurbanova. Candidate dissertation in pedagogy. - Dushanbe, 2015. - 185 p.

8. Branch Standard. Pedagogical Tests, Terms and Definitions (the first edition). - M: The Ministry of Education of the Russian Federation, 2001 [electronic sources]. URL: http://bank.orenipk.ru/Text/t19_135.htm (date of request: 02.11.2017).

9. Psychological Glossary on the Site "The World of Psychology" [electronic sources]. URL: http://psychology.net.ru/dictionaries/psy.html?word=986 (date of request: 07.11.2017).

10. The Speech of the President of Tajikistan Republic Emomalii Rahmon Dedicated to Knowledge Day and the 70-th Anniversary of Kulob State University named after Abuabdullah Rudaki 09/01/2015 [electronic sources]. URL: http://president.tj/node/9731 (date of request: 03.11.2017).

11. Chizhova, N.N. Testing as a Form of Assessing the Quality of Education / N.N.Chizhova // Secondary Vocational Education. - 2013. - # 2. - P. 51 - 52.

12. Sharipov, F.F. A Systemic Approach to Informatization of Pedagogical Process in Higher School - as a Dominance of the Formation of Professional Competencies of Students / F.F. Sharipov: synopsis of doctorial dissertation in pedagogy\ F.F. Sharipov. - Dushanbe, 2013. - 409 p.

13. Sharifzoda, F., Pedagogy (course of lectures) \ F.Sharifzoda, I.Karimov - Dushanbe: Cognition, 2008. - 284 p.

14. Shokhiyon, (Shoev) N.N. Innovative Upbringing-Educational Technologies in Higher Education System \ N.N.Shohiyon: doctorial dissertation in pedagogy. - Dushanbe, 2007. - 734 p.

Тестгузаронии педагогй дамчун усули арзёбии объективонаи натицауоираванди таълим

Вожа^ои калидй: андозагирии педагоги, арзёбй, имтщощои марказонидаи дохилшавй, сащиши педагогй, тестгузаронии педагогй, тести педагогй, тестологи

Мацола ба баррасии тестгузаронии педагогй дамчун усули объективонаи арзёбии дониш ва малакаю ма^орати омузандагон бахшида шудааст. Дар мацола диццати махсус ба бартари^ои асосй ва му^ими тестгузаронии педагогй дар муцоиса бо усул^ои анъанавии арзёбии педагогй, равона гардидааст.

К,айд мешавад, дар шароити имруза, муносибати технологй бо раванд^ои таълим ва сащишу арзёбии комёби^ои омузандагон дамчун самти навин дар рушди илми педагогика ташаккул ва рушд ёфта истодааст. Чунин муносибат дар натицаи инъикоси талабот^о нисбат ба баланд бардоштани сифати та^силот ва таъмин кардани андозагири^ои объективонаи педагогй ба миён омад.

Зикр мешавад, ки, дар низом^ои маорифи аксарияти кишвар^ои ца^он, аз цумла дар Чумдурии Тоцикистон, татбици васеи тестдои педагогй ва технологияи тестгузаронй аллакай аз зумраи ташкилдщанда^ои му^ими раванди муосири таълимй дар муассисадои таълимй ба шумор меравад.

Педагогическое тестирование как объективный метод оценивания результатов учебного процесса

Ключевые слова: оценивание, педагогический контроль, педагогический тест, педагогическое измерение, педагогическое тестирование, централизованные вступительные экзамены, тестология

Статья посвящена рассмотрению педагогического тестирования как методу объективного оценивания знаний, умений и навыков учащихся. В статье особое внимание уделено основным и важным преимуществам педагогического тестирования перед традиционными методами педагогического оценивания.

Отмечается, что в современных условиях, одним из новейших направлений развития педагогики становится технологический подход к процессу обучения и контролю учебных достижений учащихся. Данный подход возник как отражение потребности в повышении качества образования и объективности педагогических измерений.

Указывается, что в настоящее время, в системе образования многих стран мира, включая Республику Таджикистан, широкое применение педагогических тестов и технологии тестирования уже стало важной составляющей современного учебного процесса в образовательных учреждениях.

Pedagogical Testing as an Objective Method of Assessing the Results of Educational Process

Key words: assessing, pedagogical control, pedagogical measurement, pedagogical testing, centralized entrance examinations, testology.

The article is devoted to consideration of pedagogical testing as a method of objective assessment of students' knowledge, abilities and skills. In the article special attention is paid to the main and important advantages of pedagogical testing over traditional methods of pedagogical assessment.

Under contemporary conditions one of the newest trends in the development of pedagogy is a technological approach to the process of teaching and controlling students" educational achievements. This approach arose as a reflection of the need in elevation of the quality of education and the objectivity ofpedagogical measurements.

At present, the wide usage of pedagogical tests and testing technology has already become an important cconstituent of the modern educational process in educational institutions within the educational systems of many countries in the World, the Republic of Tajikistan inclusive.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Назаров Рустамцон Саидмуродович, унвонцуйи Пажу^ишго^и рушди маориф ба номи Абдура^мони Чомии Академияи тадсилоти Тоцикистон. (Цущурии Тоцикистон, ш. Душанбе) E-mail:Rustam_N@hotmail. com.

Сведения об авторе:

Назаров Рустамжон Саидмурадович, соискатель Института развития образования имени Абдурахмана Джами Академии образования Таджикистана (Республика Таджикистан, г.Душанбе), E-mail:Rustam_N@hotmail.com.

Information about the author:

Nazarov Rustamzhon Saidmuradovich, claimant for candidate degree of the Institute of Educational development named after Abdurahmoni Jomi under the Tajikistan Academy of Education (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-mail:Rustam_N@hotmail.com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.