Научная статья на тему 'On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of justice on criminal Cases'

On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of justice on criminal Cases Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
847
72
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КОНСТИТУЦИЯ / ПРАВА И СВОБОДЫ / ПРАВОСУДИЕ / УГОЛОВНОЕ ДЕЛО / ПРИНЦИП ДОЗВОЛЕННОСТИ / ЗАЩИТА ПРАВ И СВОБОД ЧЕЛОВЕКА / ADVOCACY OF MAN''S RIGHTS AND FREEDOMS / CONSTITUTION / RIGHTS AND FREEDOMS / JUSTICE / CRIMINAL AFFAIR / PRINCIPLE OF ALLOWABILITY

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Рахматулоев Абдужаббор Эргашевич

В статье рассматриваются актуальные вопросы реализации конституционных принципов осуществления правосудия по уголовным делам в свете осуществляемой судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан. Автором освещены проблемы практического характера, возникающие в процессе реализации конституционных начал осуществления правосудия на различных стадиях уголовного процесса, в ходе производства судебно-следственных действий и принятия процессуальных решений. Обосновываются выводы о совершенствовании норм

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the actual issues of effectuation of constitutional principles in regard to carrying out justice on criminal cases in the light of a forensic-legal reform on Tajikistan Republic. The author elucidates the problems of practical character arising in the process of realization of constitutional initials and justice at different stages of a trial when forensic-investigative actions and adoption of procedural resolutions are carried into effect. Inferences on perfection of the norms of criminal legislation in Tajikistan are substantiated with taking into consideration the activities of forensic investigative bodies.

Текст научной работы на тему «On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of justice on criminal Cases»

Х,УК,УКЩИНОСЙ

ЮРИСПРУДЕНЦИЯ

JURISPRUDENCE

УДК 34С6(2Т) А.Э. РАДМА ТУЛОЕВ

ББК 67.400.32(2Т)

РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ

ПРИНСИПХОИ КОНСТИТУТСИОНИИ АДОЛАТИХУДИ ДАР ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХ,ОИ Ч.ИНОЯТИ

Дар арафаи чашни 20-солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон ба сахифахои такдирсози Ватани азизамон бори дигар назар карда, ба накши сиёсиву хукукии Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар сарнавишти киш-вари махбубамон - Точикистон, аз нигохи хукукй бахои арзандаю муносиб додан зарур аст. Он сахифахои таърихй [5, с. 468-469], ки ба рушди тамоми соха-хои хаёти чомеаи имрузаи Точикистон заминаи хукукии устувор гузошта, барои наслхои имрузаву оянда шароити зисту зиндагии ором, озод, осоишта ва арзандаро фарохам овардааст.

Дар замони муосир, дар микёси чахон зухуроти ичтимоиву сиёсй, бинобар чахонишавй ва зиддияти манфиатхо, хеле вусъат ёфта истодааст, ки моро водор месозад бахри тахкими дастовардхои миллии хеш чорахои зарурй андешем. Кабул гардидани Конститутсияи Чумхурии Точикистон [4] яке аз дастовардхои мухими даврони сохибистиклолияти кишварамон ба шумор меравад, ки ба рушди тамоми сохахои хаёти чомеа, аз чумла ба таъмини вокеии адолати ичтимой асос гузошт.

Тахлили пахлухои гуногуни руйдодхои гузашта дар кишвар, зарурати кабул гардидани конуни асосии кишвар, ба хампайвастагии вокеахои ичтимоиву сиёсй, интихоби рохи рушди сохахои мухталифи хаёти чомеа дар замони муосир аз он шаходат медиханд, ки асосхои конститутсионй, аз чумла принсипхои баамалбарории адолати судй пайваста амалй гашта истодаанд.

Принсипхои конститутсионии таъмини адолати судй аз руи тартибу коидахои мурофиавии судии конститутсионй, гражданй, чиноятй, иктисодй, маъмурй дар амал татбик мешаванд. Хдрчанд хадафу максади амалишавии

- 5 -

Ра^матулоев А.Э. Раванди амалишавии принсищои конститутсионии адолати суди дар пешбурди парвандахри цинояти

принсипхои конститутсионии таъмини адолати суди ягона бошанд хдм, лекин коидахои мурофиавии татбик шудани онх,о дар чараёни пешбурди парвандахои гражданИ, чиноятИ, иктисодИ, маъмурИ хусусиятхои худро доранд. Аз ин ру, дар ин макола тартибу коидахои амалишавии принсипхои адолати судиро дар мурофиаи чиноятИ мавриди тахлил карор медихем.

Принсипхои конститутсионии адолати судИ оид ба парвандахои чиноятИ мазмуни мустакил ва ахамияти хосаи мурофиавИ доранд, онхо бо хамдигар алокамандии зич дошта, танхо дар ягонагИ мохияти мурофиаи чиноятиро ифода ва инъикос карда метавонанд. Принсипхои конститутсионии адолати судИ кафолати таъмини амалИ гаштани хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар чараёни пешбурди парвандахои чиноятИ мебошанд.

Принсипи конуният яке аз асосхои конститутсионии баамалбарории адолати судИ ба шумор меравад, ки дар хама мархилахои мурофиавии чиноятИ дар ягонагИ бо дигар принсипхои адолати судИ бевосита амал мекунад ва амалИ гаштани онро меъёрхои конунгузории мурофиавии чиноятИ таъмин мекунанд.

^онуният - ифодакунанда, нишондихандаи сатхи риояи дакик ва ичрои якхелаи нишондодхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, риояи конунхо ва санадхои меъёрИ-хукукИ аз тарафи тамоми макомоти давлатИ, ташкилот, муассиса, корхонахо, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияхо мебошад

[11]. Риоя, ичроиш ва татбики меъёрхои хукукИ - унсурхои дохилии амали-гардии меъёрхои хукукИ, нишондод ва талаботи хукукИ ба шумор мераванд, ки дар ягонагИ мехвари принсипи конуниятро дар мурофиаи чиноятИ ташкил медиханд.

^онуният - принсипи умумихукукИ буда, аз мазмуни меъёри Конститутсияи амалкунандаи Чумхурии Точикистон сарчашма мегирад. Моддаи 10 Конститутсияи Ч,Т волоияти Конститутсия, конунхо ва дигар санадхои хукукиро дар каламрави чумхурИ тасдик намуда, эътибори умумихукукИ, умумихатмИ ва катъИ доштани онхоро муайян кардааст. Азбаски мазмуни асосии конунхо ва санадхои меъёрИ-хукукиро хукуку озодихои инсон ва шахрванд ташкил медиханд, пас конуният хам дорои хусусияти хукукИ (хукуки инсон) мебошад [9]. Ин принсипи умумихукукИ дар чараёни мурофиаи чиноятИ кувваи амали бевосита дорад. Мазмуни он дар конунгузории мурофиавии чиноятИ дар мукаррар шудани тартиби муайяни пешбурди парвандаи чиноятИ аник мегардад, ки мувофики он дар Чумхурии Точикистон тартиби пешбурди парвандаи чиноятиро Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон, ки аз Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад. Тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии чиноятИ барои суд, макомоти прокуратура, тафтиши пешакИ ва тахкик, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи чиноятИ хусусияти хатмИ дорад [3] .

Мутобикан, дар чараёни мурофиаи чиноятИ конуният аз риоя намудан ва ичроиши дакики конун хам аз тарафи макомоти масъули давлатИ (муфаттиш, шахси тахкикбаранда, прокурор, суд), хам аз тарафи дигар иштирокчиёни манфиатдор (гумонбаршуда, айбдоршаванда, айбдоркунандаи хусусИ,чабрдида, даъвогари гражданИ, чавобгари гражданИ, химоятгар), инчунин аз тарафи иштирокчиёне, ки назорати сохавИ-идоравии риояи конун (сардорони вохидхои

- 6 -

Rakhmatuloyev A. E. On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases

тафтишоту тахкик), назорати прокурорй (прокурор) ва назорати судиро (суд) ба амал мебароранд, иборат мебошад.

Барои муфаттишон ва макомоти тахкик риояи конун - ин пеш аз хама таъмини саривадт ва пурра фош намудани айби шахс дар содир кардани чиноят ва исботи холатхои содир шудани чиноят буда, катъиян мутобики конун гузаронида шудани хама гуна амалхои мурофиавй, аз чумла оиди чамъ намудан ва тахкики далелхоро талаб мекунад. Бо хамин максад дар КМЧ Ч,Т ба таври дакик тартиб ва коидахои анчом додани амалхои мурофиавй-тафтишотй ва кабули карорхои мурофиавй пешбинй шудааст. Дар айни хол, на танхо талаботи конуни мурофиавии чиноятй, балки конуни чиной ва дигар конунхои чорй низ бояд дакик риоя карда шаванд.

Талаботи риояи дакик ва ичрои конунхо дар мархилаи тафтишоти пешакй, ба монанди дигар мархилахои мурофиаи чиноятй, на танхо ба шахсони масъул, балки ба шахрвандон, химоятгар, тарчумон, чабрдида, коршиносон, мутахас-сисон ва дигарон низ дахл дорад.

Доираи амали принсипи конуният ва мазмуни он хеле васеъ мебошад [8, с.124]. Амали ин принсип ба хамаи доирахо ва сохахои мурофиаи чиноятй, хамаи иштирокчиён, нисбати хамаи амалхо ва карорхои мурофиавй дахл дорад ва хамаи тарафхои фаъолияту муносибатхои мурофиавиро тавсиф намуда, мазмуни дигар принсипхоро таквият медихад, ки дар натича барои вокеан амалй гаштани онхо мусоидат мекунад. Бинобар ин, принсипи конуният дар байни дигар принсипхои мурофиаи чиноятй мавкеи марказй ва аввалин-дарачаро ишгол менамояд [2, с.43].

Тибки м.9 КМЧ Ч,Т суд, судя, прокурор, муфаттиш, тахкикбаранда хангоми пешбурди парвандахои чиноятй вазифадоранд, ки мукаррароти Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, КМЧ ЧТ ва дигар конунхоро ба таври дакик, якхела, риоя ва ичро намоянд. Лекин, ин меъёр - принсип ба гайр аз макомоти ваколатдори давлатй дигар иштирокчиёни мурофиаи чиноятиро оиди риоя ва ичроиши конунхо вазифадор накардааст, ки д.2 м.1 КМЧ, ЧТ- ро кохиш медихад.

Мукаррароти мурофиаи судии чиноятй, ки дар дигар конунхои Чумхурии Точикистон пешбинй мешаванд, бояд ба мукаррароти КМЧ ЧТ мутобик бошанд (к.2 м.9 КМЧ ЧТ).

Х,ангоми пешбурди парвандахои чиноятй риоя накардани талаботи конун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос ба ин рох дода шудааст, ичозат дода намешавад ва боиси ба душ гирифтани масъулияти мукаррарнамудаи конун гардида, санадхои гайриконунй кабулшуда беэътибор дониста ва бекор карда мешаванд. Лекин, агар ба мазмуни меъёрхои КМЧ ЧТ назар андозем, дар чараёни мачлиси судй оид ба тартиби беэътибор донистани санадхои мурофиа-вии гайриконунй кабулшуда ё аз асоси айбдорй хорич кардани далелхое, ки чоиз нестанд, ягон меъёри дахлдор дида намешаванд.

Бо назардошти холатхо ва мукаррароти номбаршуда, барои дар амал пурра татбик гаштани талаботи принсипи конуният ба максад мувофик аст, ки:

А) кисми 1 м.9 КМЧ ЧТ ва кисми 1 м.10 КМЧ ЧТ-ро тагйир дода пешбинй карда шавад, ки на танхо суд, судя, прокурор, муфаттиш, тахкикбаранда, балки

- 7 -

Ра^матулоев А.Э. Раванди амалишавии принсищои конститутсионии адолати суди дар пешбурди парвандахри цинояти

тамоми иштирокчиёни мурофиаи цинояти хангоми пешбурди парвандахои чиноятй вазифадор карда шаванд, ки мукаррароти Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, КМЧ Ч,Т ва дигар конунхоро ба таври дакик, якхела, риоя ва ичро намуда, нисбати шаъну шарафи шахс э^тиром зо^ир намоянд;

Б) дар моддаи 150, м.168, к.1 КМЧ ЧТ салохияти прокурор оиди бо карори худ беэътибор донистани маълумотхои (далелхо) ба таври гайрицонунй чамъовардаи макомоти таъкиби чиноятй ва дигар иштирокчиёни мурофиаи чиноятй баррасй шуда, инчунин аз асоси айбдорй хорич кардани онхо бояд пешбинй карда шаванд;

Б) ба хамин гуна таъгирот к.1 м.306 КМЧ, ЧТ низ ниёз дорад. Бо максади таъмини риоя ва ичроиши талаботи принсипи конуният суд [6] вазифадор карда шавад, ки бо ташаббуси худ ё тарафхо дар мачлиси судй далелхои бо вайрон кардани цонуни мурофиавии цинояти чамъовардашуда ва ба суд пешниход гардидаро беэътибор дониста, аз парванда хорич намояд.

Гайр аз ин, зарурати бартараф кардани баъзе аз ихтилофхо дар меъёрхои КМЧ ЧТ доир ба хамин масъалахо, то имруз аз байн нарафтааст. Масалан, кисми 5 моддаи 145 КМЧ ЧТ пешбинй мекунад, ки дар холатхои зарурй прокурор барои гирифтани нишондоди иловагии шахси аризадиханда, талаб карда гирифтани хуччатхо, азназаргузаронии чои ходиса, мухлати санчиши ариза ва мувофикан кабул кардани карорро (дар бораи огози парвандаи чиноятй ё рад кардани огози парвандаи чиноятй) то дах шабонаруз дароз карда метавонад. Аз нуктаи назари конун, умуман «нишондод» - сарчашмаи далел аст (м.72 КМЧ ЧТ), ки бо ёрии амали тафтишй - пурсиш гирифта мешавад, лекин анчом додани пурсишро, конун то огози парвандаи чиноятй ичозат надодааст ё дар конун меъёри махсус вучуд надорад, ки «нишондоди иловагии шахси аризадиханда»-ро чун сарчашмаи далел пешбинй намояд. Ба гайр аз ин, меъёри мазкур салохияти прокурорро то огози парвандаи чиноятй пешбинй карда истодаастДонун ваколати прокурорро оиди ичозат додан ба анчом дода шудани пурсиш то огози парвандаи чиноятй, пешбинй накардааст. Бинобар хамин, ба максад мувофик аст, ки: 1) дар матни кисми 5 моддаи 145 КМЧ ЧТ ибораи «нишондоди иловагй» бо ибораи «баёнотхои иловагй» иваз карда шавад; 2) бехтар мешуд аз матни ин меъёр иборахои «....нишондоди иловагии шахси аризадиханда»: хорич карда шавад. Чунки, аз мазмуни матни хамин меъёр бармеояд, ки пешбинй шудани «...нишондоди иловагии шахси аризадиханда»; - а) имконияти макомоти таъкиби чиноятиро оиди чамъ овардани баёноти шахсони дигар махдуд карда истодааст; б)...баёнотхои иловагии аризадиханда маротибаи дигар гирифтани баёнотро (яъне, агар баёноти каблии шахс мавчуд бошад) ифода карда истодааст. Ба назар гирифта шудани ин пешниход, ихтилофи номбаршударо бартараф намуда, дар холатхои зарурй то огози парвандаи чиноятй ба прокурор имконият медихад, ки барои гирифтани баёнотхо (на танхо баёноти аризадиханда), талаб карда гирифтани хуччатхо, азназаргузаронии чои ходиса, дастгирнамой, мухлати кабул кардани карори дахлдорро (дар бораи огози парвандаи чиноятй ё рад кардани огози парвандаи чиноятй) то дах шабонаруз дароз намояд.

- 8 -

Rakhmatuloyev A. E. On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases

Бо назардошти холатхои номбаршуда аз к. 4 м.44, к.1 моддаи 312 КМЧ ЧТ калимаи «баёнот» бояд хорич карда шавад, дар к.3 м.369, к.6 м.410 КМЧ Ч,Т калимаи «баёнот» мувофикан бо калимаи «нишондод» иваз карда шавад.

Ин навоварихо дар амал татбик гаштани принсипи конститутсионии конуниятро таъмин менамоянд.

Яке аз мухимтарин принсипхои конститутсионии ба амалбарории адолати судй дар Чумхурии Точикистон мубохиса ва баробарии тарафхо мебошад (м.88 Конститутсияи Ч,умхурии Точикистон). Барои амалй гаштани ин асоси рох-барикунандаи конститутсионй дар меъёрхои конуни мурофиавии чиноятй доираи васеи хукуку имкониятхои мурофиавии иштирокчиёни он пешбинй шудаанд.

КМЧ ЧТ (2009) [3] бори аввал шакли мубохисавии пешбурди парвандахои чиноятиро дар меъёрхои хухухй пешбинй карда, иштирокчиёни мурофиаи чиноятиро ба сифати тарафхо эътироф кардааст. ^айд кардан зарур аст, ки принсипи мубохиса дар байни дигар принсипхои баамалбарории адолати судй мавкеи хоса дорад [8, с.71-72]. Агар принсипи конуният шакли мурофиавии чиноятиро ифода ва таъмин намояд, пас шакли мубохисавии пешбурди парвандахои чиноятй мазмуни мурофиавии судии парвандаи чиноятиро ифода ва таъмин менамояд.

Ичроиши вазифахои мурофиавии чиноятй (м.2 КМЧ Ч,Т) акнун на танхо аз сифати фаъолияти тафтишотии макомоти таъкиби чиноятй, балки аз сатхи фаъолнокии иштирокчиёни муносибатхои мурофиавй (тарафи химоя) низ вобаста мебошад.

Тарафи айбдоркунанда ва химоя дар мурофиаи судии чиноятй баробар-хухуханд ва барои химояи мавхеи худ имкониятхои мурофиавии баробар доранд. Механизми таъмини баробархухухии тарафхоро дар чорй шудани принсипи мубохиса дар мурофиаи чиноятй дидан мумкин аст, ки мувофихи он суд махомоти таъхиби чиноятй ё танхо чазодиханда нест ва набояд тарафи айбдоркунанда ё химояро чонибдорй намояд. Хулосаи суд (ки дар хукм ифода меёбад) аз хулосаи айбдоркунй ё мавхеи химоятгар вобастагй надорад. Тарафи айбдоркунанда ва химоя дар мурофиаи судии чиноятй барои тахвият ё химояи мавхеи худ имкониятхои баробар доранд. Суд якчоя бо иштироки тарафхо дар тафтиши судй далелхоеро мавриди санчиш ва баходихй харор медихад, ки холатхои содир шудани чиноят ва ба парвандаи чиноятй ахамиятдошта, ё айби шахсро дар содир кардани чиноят ё бегунохии судшавандаро тасдих мекунанд. Бинобар ин, тибхи м. 339 КМЧ, ЧТ хукми айбдоркунанда ба шарте бароварда мешавад, ки дар чараёни мухокимаи судй гунахкор будани судшаванда дар содир намудани чиноят бо мачмуи далелхои таххихшуда тасдих ёбад. Х^укми айбдоркунанда ба тахмин асос ёфта наметавонад. Суд мустахилият, бегаразй ва холисии худро нигох дошта, рохбарии мурофиаро анчом медихад. Суд вазифаи (функсияи) таъхибнамой, айбдоркунй, ё танхо чазодихиро надорад. Бинобар ин, хонун асосхои хабул шудани хукми сафедкунандаро низ хангоми мавчуд набудани ходисаи чиноят, хангоми дар кирдори судшаванда мавчуд набудани аломатхои таркиби чиноят, инчунин дар сурати бо далелхо исбот нашудани

- 9 -

Ра^матулоев А.Э. Раванди амалишавии принсипхри конститутсионии адолати суди дар пешбурди парвандахри цинояти

иштироки судшаванда дар содир кардани чиноят, пешбинй кардааст. Суд, судя ба далелхо аз нунтаи назари кифоя буданашон барои халли масъалаи гунангор ё бегунов будани судшаванда бахо медиханд. Барои суд ягон далел пешакй нувваи муайянкунандаро доро нест. Мувофинат накардани хулосаи суд, ки дар хукм баён шудаанд, ба холатхои вонеии парванда асоси бевоситаи бекор кардани хукм мебошад (м.374 КМЧ ЧТ).

Эътироф гаштани ноидахои мубохиса дар мурофиаи чиноятй ба мазмуни ноидахои мурофиавии чиноятй, ки дар чараёни дигар мархилахои мурофиаи чиноятй дида мешаванд, аз чумла ба тартиби интихоб ва татбини чорахои мачбурии хусусияти мурофиавй дошта, ба чамъоварии далелхо ва талаботхое, ки нисбати маълумотхои воней пешбинй шудаанд, таъсири назарраси мусбат мерасонад [1; 10]. Аввал, ин ки доираи сарчашмахои маълумотхои воней дар нонунгузории мурофиаи чиноятии Чумхурии Точикистон ба таври васеъ пешбинй гаштааст, ки дар навбати худ имкониятхои васеи чамъоварии далелхоро дар баробари анчом додани амалхои тафтишотй таъмин мекунад. Дуюм, ин ки доираи субъектное, ки имконияти чамъоварии далелхоро доранд, танхо бо маномоти тахнин, муфаттиш, прокурор ва суд махдуд нашудааст. Бинобар эътироф гаштани баробарии тарафхо (тарафи айбдоркунанда ва нимоя) ва мубониса дар мурофиаи чиноятй, хавфи яктарафа анчом дода шудани пешбурди парвандаи чиноятй аз байн рафтааст. Конун ба химоятгар, гумонбаршуда, айбдоршаванда, чабрдида, намояндагони чабрдида, даъвогари гражданй, чавобгари гражданй ё намояндагони онхо имкониятнои васеи хунуниро пешбинй кардааст, ки дар хама зинахои чараёни исботнамой, аз чумла дар чамъоварй, санчидан ва баходихии маълумотхои воней, фаъолона иштирок намоянд. Дар моддаи 86 КМЧ Ч,Т нишон дода шудани хунуни субъектони номбаршуда (ки бояд риоя ва ичро шаванд) хамин анидаро тасдин мекунад. Сеюм, ин ки нонун воситахои чамъоварии далелхоро, хам барои маномотхои таъниби чиноятй ва хам барои субъектони тарафи химоя, махдуд накардааст. Масалан, хулоса ва нишондоди мутахассис; сабтхои пинхонй; гуфтугуи телефонии гушкардашуда ва сабтгардида; мушохидахои электронй, видео ва магнитофонй дар нонун бори аввал ба сифати сарчашмаи далелхо пешбинй шудаанд (м.72 КМЧ, ЧТ); чамъоварии маълумот аз чониби субъектони тарафи химоя ба тарини шифохй ё хаттй, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва хуччатхо, ки далел шуда метавонанд, талаб карда шудани тавсифнома ва дигар хуччатхо аз муассиса, ташкилот ва корхонахои мухталиф, ки бо тартиби мунарраршуда ба додани ин хуччатхо ё нусхаи онхо ухдадоранд, имконияти васеи чамъоварии далелхоро нишон медиханд (м.86 КМЧ ЧТ). Хдрчанд меъёрхои нонунгузории мурофиавии чиноятй нисбати роху воситахои чамъоварии маълумотхо аз чониби субъектони аз онибати мурофиаи чиноятй манфиатдор шакли махсуси мурофиавиро (ба монанди тартиби анчом додани амалхои тафтишотй) пешбинй накарда бошад хам, маълумотхои чамъовардаи онхо эътироф мешаванд, чунки:

1) аз чониби субъектони дар нонун пешбинишуда чамъ оварда шудаанд;

2) бо яке аз роху воситахои пешбиникардаи нонун чамъ оварда шудаанд;

- 10 -

Rakhmatuloyev A. E. On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases

3) ба тарифи яке аз шаклхои пешбиникардаи хонун (маълумотхо дар шакли шифохй, хаттй, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва худдатхо) пешниход мешаванд.

Чорум, меъёрхои хонун дамъоварии далелхоро танхо бо ёрии амалхои тафтишотй махдуд намекунад. Дар ин бора кайд мекунем, ки дар дараёни исботнамой воситахои расмй-хухухй низ мавхеъ ва ахамияти худро доранд. Воситахои расмии исботнамой инхо ба шумор мераванд: 1) презумпсия (м.15 КМЧ, Ч,Т) ; 2) преюдитсия (м.89 КМЧ, ЧТ); 3) расман эътироф кардан (м.м.29-30,310 КМЧ ЧТ); 4) хоидахои (хамчун далел) истисно кардани маълумот (м.88 КМЧ, ЧТ), ки амалй гаштани онхо бе иштироки тарафхо имконнопазир аст.

Мувофихи хонунгузории мурофиавии диноятии Чумхурии Тодикистон ухдадории исбот намудани холатхои содир шудани диноят ба зиммаи махомотхои ваколатдори давлатй вогузор гардидааст. Албатта, аз нухтаи назари принсипи мубохиса дар мурофиаи диноятй, ба амалбарории таъиноти (функсияи) айбдоркунй ва химоя ба зиммаи як тарафи бахси хухухй вогузор намешавад. Хдмин тарих, дар сатхи расмй эътироф гаштани принсипи мубохиса дар мурофиаи диноятй, зарурати ислохоти тамоми институтхои мурофиаи диноятиро ба миён овард, доираи амали принсипи хонуният васеъ гардид, ки ба ташаккули хоидахои мархилахои мурофиаи диноятй мусоидат намуд. Эътироф ва дар амал татбих гаштани ин хоидахо, минбаъд барои пурра ба шакли таърихии мубохисавй гузаштани мурофиаи диноятии Чумхурии Тодикистон шароит фарохам меоранд.

Х,амин тарик, ба рохбарй гирифта шудани талаботи принсипхои конститутсионии баамалбарории адолати судй аз дониби макомоти ваколатдори давлатй ва дигар иштирокчиёни мурофиаи диноятй, ба фахмиши дурусти мазмун ва ахамияти онхо, таъмини риоя ва идрои онхо, хусусан дар раванди исботи холатхои содир шудани диноят ва ба парвандаи диноятй ахамиятдошта аз як тараф, ба халли бахсхои назариявй аз тарафи дигар, ба халли одилонаи парвандаи диноятй мусоидат мекунанд.

Бинобар ин, принсипхои конститутсионии дар амал дорй намудани адолати судй ба хам пайвастагй, ягонагй ва ба хам вобастагии унсурхои исботро дар амал таъмин менамоянд. Дар зинахои алохидаи дараёни исботнамой принсипхои конститутсионии ба амалбарории адолати судй бевосита амал мекунанд ва вайрон шудан, риоя нагаштани талаботи принсипхои мурофиаи диноятй, боиси бекор шудан ё беэътибор дониста шудани натидаи амалхои мурофиавй ва давобгарии хукукй мегардад.

Х,амин тарик, таъмини самаранокии ба амалбарории адолати судй оиди парвандахои диноятй ва идроиши вазифахои хоси мурофиаи диноятй риоя ва идроиши бемайлони талаботи хамаи принсипхои конститутсионии ба амалбарории адолати судиро такозо мекунанд. Бартарият пайдо кардани хукуку озодихои конститутсионии инсон ва шахрванд, хамчун арзиши идтимой нисбат ба манфиатхои давлатй ва дар сатхи конститутсионй эълон гардидани Тодикистон хамчун давлати хукукбунёд ва идтимой ба хусусияти мурофиаи судии диноятй таъсири диддй расонидаанд. ^абул гаштани санадхои меъёрй-хукукй, аз думла кодекси нави мурофиавии диноятии Чумхурии Тодикистон ва

- 11 -

Рарматулоев А.Э. Раванди амалишавии принсипхри конститутсионии адолати суди дар пешбурди парвандахри цинояти

мавриди амал карор дода шудани он кадами устуворе дар самти пешгирифтаи давлат дар сохаи ислохоти судй-хукукй мебошад. Ахамияти принсипхои конститутсионии адолати судй дар он ифода меёбанд, ки онхо дар ягонагй барои пешбурди парвандахои чиноятй дар хама мархилахои он низоми танзимёфта, катьиян муайян, умумихатмй, мураттаб ва пайдархамро пешбинй мекунанд, ки чавобгуи хадаф ва максадхои мурофиаи чиноятй мебошанд.

Эьтироф гаштани химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд аз тачовузи чиноят ва чинояткорй хамчун таьиноти (функсияи) мурофиаи чиноятй, химоя аз айбдоркунии беасос, аз беасос махкум кардан ё махдуд кардани хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар рафти мурофиаи чиноятй, такмил ёфтани мазмун ва низоми принсипхои адолати судй аз ташаккули дурнамои нави мурофиаи чиноятй дар самти химояи боэьтимоди хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, шаходат медиханд.

Амалишавии принсипхои конститутсионии ба амалбарории адолати судй дар низоми ба танзимдарории муносибатхои чамъиятй, химояи хукук ва таьмини адолати ичтимой, ки аз тачзияи хокимияти давлатй сарчашма гирифтааст, мавкеи хокимияти судиро дар ин низом ташаккул медиханд. Дар хаёти имрузаи чомеа шакли судии химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд новобаста аз душворихо, пайваста, пайдархам дар низоми кафолатхои таьмини химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, мавкеи асосиро ишгол карда истодааст.

Калидвожахо: Конститутсия, руцуц ва озоди, адолати суди, мурофиаи цинояти, принсипи мубориса, римояи руцуцу озодщои инсон

Пайнавишт:

1. Головко, Л.В. Принципы неотвратимости ответственности и публичности в современном российском уголовном праве и процессе /Л.В. Головко //Государство и право. — 1999. — № 3. — С. 14-21.

2. Горшенев, В.М.Теория юридического процесса/ В.М. Горшенев. -М.: Юрид.лит, 1985.- 230 с.

3. Кодекси мурофиавии циноятии Цумрурии Тоцикистон: матни расми. - Душанбе,

2012. - 440 с.

4. Конститутсияи Цумрурии Тоцикистон: матни расми. - Душанбе, 2012. -22 с.

5. Конститутсиярои Тоцикистон: пайдоиш ва инкишоф/ тарти таррири А.Имомов. - Душанбе: Дониш, 2014. -837 с.

6. Карори Пленуми Суди Олии ЦТ аз 02.10.2003 №15 «Дар бораи такмили минбаъдаи фаъолияти суди дар партави тагйиру иловарое, ки ба Конститутсияи (Сарцонуни) Цумрурии Тоцикистон ворид гардидаанд» // Мацмуаи цароррои Пленуми Суди Олии Цумрурии Тоцикистон (1992-2009). - Душанбе, 2009. - 285с.

7. Конуни конститутсионии Цумрурии Тоцикистон «Дар бораи судрои Цумрурии Тоцикистон»: матни расми. - Душанбе, 2014.

8. Рарматулоев, А.Э, Каландарова, М. Принсипрои адолати суди оид ба парвандарои цинояти - кафолати таъмини адолати ицтимои / А.Э. Рарматуллоев, М. Каландарова. - Хуцанд: Меъроц, 2012. - 132 с.

- 12 -

Rakhmatuloyev A. E. On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases

9. Ра^матулоев, А.Э., Шарифов, Ф.М. Замина^ои ицтимой-^укукии ташаккули давлати ^укуцбунёд дар Тоцикистон / А.Э. Ра^матуллоев, Ф.М. Шарифов. -Душанбе: Эр-Граф, 2012. - С.41-54.

10. Савицкий, В.М. О презумпции невиновности и других принципах уголовного процесса / A.M. Ларин, Э.Б. Мельникова, В.М. Савицкий. Уголовный процесс России: Лекции-очерки подред. В.М. Савицкого. - М., 1997. -С. 76-90.

11. Сотиволдиев, Р.Ш. Проблемами назарияи давлат ва %укук. -Цилди 2.- Душанбе: Эр-Граф, 2010. - 510 с.

Reference Literature:

1. Golovko L.V. Principles of Unavoidability of Responsibility and Publicity in Modern Russian Criminal Law and Trial // State and Law. - 1999. -#3. - pp. 14-21.

2. Gorshenev V.M. Theory of Juridical Process // under the editorship of V.M. Gorshenev. -M.: Juridical Literature. 1985. - 230 p.

3. Criminal Code of Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2012. - 440 p.

4. Constitution of Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2012. - 22p.

5. Constitutional Law of Tajikistan Republic “On Courts in Tajikistan Republic”. -Dushanbe, 2014. -837p.

6. Enactment of the Supreme Court of Tajikistan Republic # from October, 13, 2003 “On Improvement of Forensic Activity in the Light of Alterations and Addenda Introduced into the Constitution of Tajikistan Republic”. Collection of enactments of the Supreme Court of Tajikistan Republic (1992-2009). - Dushanbe, 2009. - 285 p.

7. Constitution of Tajikistan Republic: Upspringing and Development // under the editorship of A.Imomov. - Dushanbe: Knowledge, 2014.

8. Rakhmatulloyev A.E., Kalandarova M. Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases as a Guarantee of Social Justice Insurance. - Khujand: Meroj, 2012. -132 p.

9. Rakhmatulloyev A.E., Sharifov F.M.Social-Legal Grounds of the Formation of Law-Abiding State in Tajikistan. - Dushanbe: Er-Graf. - 2012. - pp. 41-54.

10. Savitsky V.M. On Presumption and Innocence and other Principles of Trial // A.M. Larin, E.B. Melnikova, V.M. Savitsky. Criminal Trial of Russia: Lectures-essays // under the editorship of V.M. Savitsky. -M., 1997. -p.76-90.

11. Sotivoldiyev R.Sh. Problems of the Theory of State and Law: text-book. V.2. - Dushanbe: Er-Graf, 2010. - 510 c.

О реализации конституционных принципов осуществления правосудия по

уголовным делам

Ключевые слова: Конституция, права и свободы, правосудие, уголовное дело, принцип дозволенности, защита прав и свобод человека

В статье рассматриваются актуальные вопросы реализации конституционных принципов осуществления правосудия по уголовным делам в свете осуществляемой судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан. Автором освещены проблемы практического характера, возникающие в процессе реализации конституционных начал осуществления правосудия на различных стадиях уголовного процесса, в ходе производства судебно-следственных действий и принятия процессуальных решений. Обосновываются выводы о совершенствовании норм

- 13 -

Ра^матулоев А.Э. Раванди амалишавии принсипхри конститутсионии адолати суди дар пешбурди парвандахри цинояти

уголовно-процессуального законодательства Республики Таджикистан с учетом деятельности судебно-следственных органов.

On Realization of Constitutional Principles of Effectuation of Justice on Criminal Cases

Key words: Constitution, rights and freedoms, justice, criminal affair, principle of allowability, advocacy of man's rights and freedoms

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

The article dwells on the actual issues of effectuation of constitutional principles in regard to carrying out justice on criminal cases in the light of a forensic-legal reform on Tajikistan Republic. The author elucidates the problems of practical character arising in the process of realization of constitutional initials and justice at different stages of a trial when forensic-investigative actions and adoption of procedural resolutions are carried into effect. Inferences on perfection of the norms of criminal legislation in Tajikistan are substantiated with taking into consideration the activities of forensic investigative bodies.

Роцеъ ба муаллиф:

Рахматулоев Абдуцаббор Эргашевич, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор, мудири кафедраи руцуци судй ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Чум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail:Abdujabbor-2603@mail.ru

Сведения об авторе:

Рахматулоев Абдужаббор Эргашевич, д.ю.н., профессор, заведующий кафедрой судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г.Худжанд), e-mail:Abdujabbor-2603@mail.ru

Information about the author:

Rakhmatuloyev Abdujabbor Ergashevich, Dr. of Law, Professor, chief of the department of forensic law and prosecutor’s surveillance under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand), e-mail:Abdujabbor-2603@mail.ru

- 14 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.