НАЗОРАТИ САТҳИ ДОНИШИ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШЧУЁН ДАР МАЧРОИ ДОНИШАЗХУДКУНИ Monitoring of Students'' Knowledge in Educational Process Текст научной статьи по специальности «Биология»

Научная статья на тему 'НАЗОРАТИ САТҳИ ДОНИШИ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШЧУЁН ДАР МАЧРОИ ДОНИШАЗХУДКУНИ' по специальности 'Биология' Читать статью
Pdf скачать pdf Quote цитировать Review рецензии ВАК
Авторы
Коды
  • ГРНТИ: 34 — Биология
  • ВАК РФ: 03.00.00
  • УДK: 57
  • Указанные автором: ББК: 74.262; УДК: 517

Статистика по статье
  • 3401
    читатели
  • 247
    скачивания
  • 0
    в избранном
  • 1
    соц.сети

Ключевые слова
  • КОНТРОЛЬ ЗНАНИЙ
  • ИНФОРМАЦИОННЫЕ ТЕХНОЛОГИИ
  • АЛЬТЕРНАТИВНАЯ ЗАДАЧА
  • МАТЕМАТИЧЕСКИЙ ДИКТАНТ
  • ЛОГИЧЕСКИЕ ЗАДАЧИ
  • MONITORING OF KNOWLEDGE
  • INFORMATIONAL TECHNOLOGIES
  • ALTERNATIVE GOAL
  • MATHEMATICAL DICTATION
  • LOGICAL GOAL

Аннотация
научной статьи
по биологии, автор научной работы — Шерматов Шавкат Мамаджонович, Юсупов Сиддикбой

Контроль уровня знаний учащихся и студентов является одним из важнейших вопросов в процессе обучения. В данной статье рассмотрены пути улучшения форм контроля уровня знаний студентов, которые остаются актуальными во все времена. Экзамены и тестирование играют огромную роль в поднятии уровня знаний студентов. В условиях рыночной экономики и научно-технического прогресса необходимы специалисты с хорошим уровнем знаний. Поэтому учреждения принимают на работу специалистов, предварительно приняв у них тест для проверки уровня знаний. Авторы считают, что тестирование имеет как положительные, так и отрицательные стороны.

Abstract 2014 year, VAK speciality — 03.00.00, author — Shermatov Shavkat Mamadzhonovich, Yusupov Siddikboy

Monitoring of pupils '' and students '' knowledge is the most important issues in the process of education. The authors dwell on the way of improvements of forms in reference to students '' knowledge monitoring; the problem being actual in all the times. Exams and tests play a great role for elevation of students'' knowledge. Under the conditions of market economy and scientifico-technical progress specialists with good standard of knowledge are in need. Now many institutions conduct tests for claimants who want to work there. But still the author considers that testings possess both positive and negative sides.

Научная статья по специальности "Биология" из научного журнала "Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук", Шерматов Шавкат Мамаджонович, Юсупов Сиддикбой

 
Читайте также
Читайте также
Читайте также
Читайте также
Рецензии [0]

Похожие темы
научных работ
по биологии , автор научной работы — Шерматов Шавкат Мамаджонович, Юсупов Сиддикбой

Текст
научной работы
на тему "НАЗОРАТИ САТҳИ ДОНИШИ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШЧУЁН ДАР МАЧРОИ ДОНИШАЗХУДКУНИ". Научная статья по специальности "Биология"

Shermatov Sh.M., Yusupov S. Monitoring of Students' Knowledge in Educational Process
ББК 74.262 УДК 517 Ш 49
Ш. М. ШЕРМАТОВ, С. ЮСУПОВ
НАЗОРАТИ САТ^И ДОНИШИ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШДУЁН ДАР МАДРОИ ДОНИШАЗХУДКУНИ
Таълим ва назорати сатхи дониш аз давраи ибтидой маншаъ мегирад, зеро аз тарафи одамони давраи ибтидой тасвирхои руи санги куххо на танхо барои мустахкам кардан ва аз насл ба насл гузаронидани дониш, балки барои назорати дониш, махорат ва дигар малакахои чангии насли наврас истифода мешуд. Дастрасии тачриба яке аз мухимтарин чанбахои пешрафти чомеа буда, дар он се лахзахои асосиро чудо кардан мумкин аст:
1. Нигох доштани дониш, махорат ва малакаи ба дастоварда барои насли оянда.
2. Дастрас намудани ин донишу малака ва махорат ба насли оянда.
3. Аз тарафи таълимгирандагон аз худ кардани ин дониш, малака ва махорат.
Х,ар як аз лахзахои номбаршуда бо ташаккулёбии маданияти иттилоотии омузгорони фанхои гуманитарй ва дакик алокаманд буда, барои тадкикоти мазкур ахамияти калон дорад. Тачрибаи мукаммалшуда аз насл ба насл гузаронида мешуд, аммо кисми онхо дар натичаи дигаргунихои чиддии харобиовар муддати тулонй ё тамоман бедарак мешуданд. Дар баъзе холатхо дар раванди тараккиёти чомеа бархе аз маълумот мохияти худро гум мекард. Аммо бо конунхои диалектикй ба мувофика омада, микдори чамъшуда ба сифати нав мегузашт, аз чониби дигар, дар раванди тахаввулоти инсоният муносибатхо, нуктаи назар ба ташаккулёбии тачриба тагйир меёфтанд ва усулхои он чудогона мешуданд. Вобаста ба мохияти худ муаммохои таълим ва назорати дониш хануз аз даврахои кадим акли инсонро фаро гирифтааст. Масалан, дар Мисри кадим додани унвони коин баъди санчишхои тулонй ва бисьёрзинаи довталабон чараён мегирифт.
Дар Юнони кадим Пифагор мактабе таъсис дода буд, ки шомил гардидан ба ин мактаб танхо ба хонандае муяссар мегардид, ки як сислсила санчишхои душворро паси сар намояд. Х,амзамон барои муайян намудани бехтаринхо воситаи барои он давра анъанавй - олимпиадахо истифода мешуд. Олими Юнони кадим Сукрот дар сухбатхо бо шогирдони худ шакли саволу чавобро истифода мебурд. Давобхои нодурусти хамсухбати худро у чунин шарх медод, ки шогирд хато будани чавобашро фахмад. Баъдан бо суолхои иловагй у протсесси фикрронии шогирдро ба мачрои интихоби халли дуруст равона месохт. Усули таълимии у дар оянда номи «Сукротй» ё «Сухбати Сукротй»-ро гирифта, то имруз дар амал истифода мешавад. Сукрот таълимро бо санчиши
- 285 -
Шерматов Ш.М., Юсупов С. Назорати сатуи дониши математикии донишчуён дар мачрои донишазхудкуни
азхудкунии маводи омухта якчоя намудааст. Услубхои истифода бурдаи у ба истифодаи компютер дар таълими имруза монанд аст [4, с.44].
Чунин ходисахо дар Чин низ чой доштанд, ки 3000 сол мукаддам дар системаи санчиш ва интихоби мансабдорон ба хидмати давлатй истифода мешуд. Дертар ба ин системаи интихоб боз талаботи донистани корхои хдрбй, хукук ва молия дохил карда шудаанд.
Ин усулхо дар давраи худ ба дарачае самаранок буданд, аммо педагогика усулхои таълим ва санчишро доимо такмил медод. Дар ибтидои асри XIX олимон ба хулосае меоянд, ки таълим дар холате самаранок мешавад, ки агар донишхои барои азхудкунй додашуда комилан мувофик дарк карда шаванд. Барои санчиши комилан мувофик будан дар педагогика усули нав ба вучуд оварда мешавад, ки имконияти хосил кардани бовариро ба дарккунии донишхои гирифтаи таълимгирандагон фарохам меоварад. Ба имтихон, хамчун назорати яккарата, назорати даврй илова карда шуд. Назорати даврии дониши таълимгирандагон кадами мухим ва нав дар такмили таълим ва назорати дониш мебошад. Раванди таълим намуди зеринро гирифт:
Ovijhi'iu. o\tуронила!г_
Соли 1890 олими амрикой Д.М.Кеттел дар кори худ “Умственные тесты и измерения” нахустин шуда истилохи «тест» - озмоиш, санчиш, назорати ин ё он сифат, кобилиятро истифода бурда, системаи пурраи тестхоро кор карда баромадааст, ки имконияти омузиши функсияхои равонии шахсиятхоро медихад. Фаркияти куллй аз санчишхои даврахои пеш истифодашаванда дар талаботи Кеттел ба тестхо пешниход шуда буд: якхела будани шароит, махдудияти вакт, аз чихдти психологй мувофик. Натичахои гирифтаи у бо максади омузиши тарафхои тавоно ва сусти озмудашаванда мавриди тахлил карор дода мешуд. Аз соли 1892 сар карда, Кеттел тестхои худро дар таълим истифода бурдааст [1, с17].
Дар баробари тадкик дар сохаи назария ва амалияи таълим дар асри ХХ намояндагони педагогика ба масъалаи баррасии санчишхои тестй пайваст шуданд ва дар он воситаи самараноки педагогиро ошкор намуданд. Дар дахсолаи аввали асри ХХ дар бисёр донишгоххо кафедра ва факултетхои педагогй васеъ шуданд. Тадкикотхои назариявй ва амалй дар самти муносиб кардан ва стандартикунонии бахои гузошташаванда дар хамаи чанбахои таълим гузаронида мешуданд. Нахустин тести педагогиро психолог ва педагоги амрикой Э.Трондайк кор карда баромадааст. Солхои 20-уми асри ХХ равияи педагогии санчишхои тестй ба хулосаи зарурияти муайянкунии кобилиятхои махсус, ба монанди кобилият ба техника, мусикй ва бадей омад. [2, с.112]
- 286 -
Shermatov Sh.M., Yusupov S. Monitoring of Students' Knowledge in Educational Process
Дар ибтидои солхои 30-юми асри ХХ гузаронидани тестхо дар тачрибаи таълимии Иттиходи Шуравй пахн мешавад. Ба назария ва амалияи санчишхои тестй С.М. Василевский, А.А. Гайворовский, С.М. Вергиболович сахми назар-рас гузоштаанд, инчунин бо масъалахои санчишхои тестй олимон М.С. Бернштейн, Е.В. Гурьянов машгул буданд. Дар Иттиходи Шуравй ба истифодаи тестхои ёридиханда ва тестгирй кушиши рад намудан ва манъ намудани он чой дошт. Чунончи соли 1936 карори Шурои комиссаронй халк «Оид ба вайронии педагогй дар системаи маориф» кабул гардида буд. Х,амаи ин ба карахтии тараккии тестгирй дар давраи то солхои 70-уми асри ХХ оварда расонид [3, с13].
Дар вакти хозира, ки рагбат ба усулхои тестй боз пайдо шуд, маълум мешавад, ки тестхо омузгорро иваз намекунанд, баръакс - омузгорро аз бисёр амалхо озод намуда ба кори у ёрй мерасонанд. Тестхо доимо мукаммал шуда, истифодаи бахо ба намуди рейтингхо имконияти зиёдтари баходихии озмуда-шавандаро дар худуди васеи «бахохо» нисбат ба системаи бисёрбалаи анъана-вй фарохам меоварад. Акнун аксари мутахассисон тарафдори он акидае мебо-шанд, ки тартиб додани тестхо бо дарназардошти танхо фаркиятхои инфиродй номумкин аст.
Накши пешохангиро дар тадкикотхои монанд ба низоми тестй дар чахон Ассосиатсияи байналхалкии бахогузорй ба дастовардхои таълимй мебозад. Ин созмон мустакил буда, дар зиёда аз 50 давлати чахон фаъолият мебарад ва аввалин тадкикоти он якчоя бо ЮНЕСКО ба амал омадааст. Созмон дар тули 50 соли фаъолияташ зиёда аз 20 тадкикот гузаронида аст, ки такони бузурге барои гузаронидани ислохоти сохаи маориф мебошад. Дар нимаи дуюми асри ХХ коркарди нисбатан такмилёфтаи натичахои назарияи муосири тест ба миён омад, ки барои рушди он ба вучуд омадани технологияи муосир, барномахои компютерй накши мухим бозидааст.
Ин сохаи мухимро дар кишвари мо хамкадами Истиклолият шуморидан мумкин аст, зеро махз бо пайдо гардидани мактабхои типи нав дар кишвари мо истифодаи маводи тестй дар раванди таълим бештар мушохида мегардад. Барои амалигардонии ин максад дар чумхурй Маркази миллии тестй таъсис дода шуд, ки хадафи аслй рохандозй кардан аз интихоби васеъ, шаффоф, одилона, ошкоро ва дастрасии баробарй дар имтихонхои дохилшавй ба муассисахои олии кишвар мебошад [4, с.46].
Дар ДДХ,БСТ бахри омода кардани мутахассисони стандарти чахонй чараёни таълим аз соли хониши 2007-2008 сар карда ба низоми кредитии тахсил гузаронида шуд. Тест аз калимаи англисй гирифта шуда, маънояш озмоиш ва тахкикот аст, яъне шакли махсуси бахогузорй ба дониш мебошад. Дар тест шакли муайяни масъалагузорй ва шакли муайяни навишти чавоб пешбинй шудааст. Тестгирй нисбат ба дигар усулхои педагогй бартарихои зеринро дорост: мушаххасй, вокей, хавасмандгардонии максаднок, кобили татбик барои хамаи гуруххои озмоишй ва гайрахо. Методикаи истифодаи тестхоро барои санчиши натичаи дониши донишчуён дида баромада, мо бояд ба тахлили функсияи санчиш ва бахо дар раванди таълим бахо дихем. Кори донишчуёнро бахо дода, устод на танхо холати дониш, малака ва махорати донишчуро мукарар менамояд, балки уро ба омузиши иловагй сафарбар менамояд.
- 287 -
Шерматов Ш.М., Юсупов С. Назорати сатуи дониши математикии донишчуён дар мачрои донишазхудкуни
Сандиши тестй имконият медихад, ки вакти дарсро сарфакорона истифода барем, микдори зиёди мавзуъхоро дар бар гирем ва сандиши дониши донишдуёни гурухро дар вакт таъмин намуда, байни донишдуён басомонй, ботартибй ва хавасмандгардониро таъмин намоем. Дар низоми кредитй омузгор хеле масъулиятнок мегардад ва фаъолияташ бештар мешавад. Бо истифодаи технологияи иттилоотй назорати дониши донишдуён хеле осон буда, тарафгирй ва ошнобозй дида намешавад. Албатта, хар як низом дихати мусбат ва манфии худро дорад. Фикр мекунем, ки дар баходихй ба дарадаи дониши донишдуён истифода аз технологиями иттилоотй манфиати бештар дорад. Дар таълими фанни математика ва кисмхои он, ки мо бевосита ба ин кор машгул мебошем, матни мисолу масъалахои тестй аз руи мехнатталабии он бо холхои хархела бахогузорй карда мешавад. Х,ар як донишду дар вакти халли ин ё он масъала огох аст, ки ба чанд хол мушарраф мегардад. Дар як вакт аз 2 то 5 мисолу масъалахои алтернативй пешниход мешавад, ки халли онхоро донишдуён бевосита нишон медихднд ва давобашро баъд муайян мекунанд.
Бартарии назорати тестии дониши донишдуёнро дар он мебинем, ки диапазони бахохо васеъ мебошад. Яъне донишду агар ба 120 хол сохиб шуда, бахои «анъанавии 3» гирифта бошад, дигар донишду бо 175 хол низ бахои анъанавии «3» мегирад. Аммо бахои «3»-и донишдуи дуюм пуркуваттар ва дарадаи баланд дорад. Дар низоми пешина, ки донишдуён бахои анъанавии 2,3,4 ва 5 мегирифтанд ба донишдуе, ки донишаш наздик ба бахои се буд, бахои 3 мегузоштем, яъне «каноатбахш» мехисобидем. Аз хамин сабаб дониши донишдуёнро бахои гузошташуда пурра инъикос карда наметавонист. Х,оло бошад холхои дар низоми кредитй гирифта дониши донишдуёнро бояду шояд инъикос менамояд. Барои мисол яке аз вариантхои тести имтихони нихоиро аз фанни асосхои математика дар поён меорем:
Варианти 2
1. Х,исоб кунед: 2,6 + 2,4 • (0,02 : 0,1 + 7,7)
а) давоби дигар б) 21,68 в) 55,68 г) 21,56
2. Муодиларо хал намоед: z2 - 4z + 5 = 0
а) Zj 2 = 2 ± 3i б) Zj 2 = 2 ± i в) давоби дигар г) z
3. 40% адади 420 - ро ёбед. (5 хол )
а) 84 б) 2100 в) 0,25 г) 168
3 - 4i
4. Х,исоб намоед: ---
4 + 3i
1,2
(10 хол ) (10 хол ) = —2 ± i
(10 хол )
а) — 1 + i б) давоби дигар в) — 25i г) — 1 — i
5. Масофаи байни нуктахои А(5;-3) В(3;-2) ёфта шавад. (10 хол)
а) 13 б) л/3 в) V5 г) давоби дигар
6. Координатахои нуктаи М-ро, ки порчаи АВ , А(0;7) В(8;0)-ро ба нисбати АМ:МВ=4 таксим менамояд, ёбед.
3 (32 73 51
а) М(5;4) б) М(- ;6) в) МI— -1 г) М( — ;7-) (10 хол)
5 V 5 5) 6 3
-2858-
Shermatov Sh.M., Yusupov S. Monitoring of Students' Knowledge in Educational Process
7.Марказ ва радиуси давраро муайян кунед. х2 +10х + у2 - 6у + 9 = 0 (10 хол) а) О(-2;1) R=5 б) О(2;1) R=6 в) О(-5 ;3) R=5 г) чавоби дигар 8.Эксентриститети гиперболаи 9х2 - 16у2 -144 = 0 -ро ёбед. (10 хол)
а) s =
V6T
б) s =
V61
в) s = 5 4
г) чавоби дигар
3 6
9. Кунчи байни векторхои а (5;3;2) ва в (-2;0;5) -ро ёбед. (10 хол)
а) 600 б) 900 в) 300 г) чавоби дигар
10. Масохати сатхи пурраи куб 486см2 баробар аст.Хачми куб ёфта шавад.
а) 81см3 б) 81см3 в) чавоби дигар г) 729см3 (15 хол)
,, . ч cos 2х + sin х N
11. Функсияи f (х) =-------- дода шудааст. f (ж) -ро ёбед. (10 хол)
2 1
а)- б) - в) 12
3 3
г) чавоби дигар
2 х
12. Худудро хисоб намоед: lim -
х—0 х - 1
а) 0
б) 1
13. Худудро хисоб намоед: lim
х—>1
а) 8
б) 1
14. Худудро хисоб намоед: lim
в) 2
4 х + 2 х + х
5 х3 + 2 х в) 12
х2 - 81
х—9 х - 9 х
г) чавоби дигар
г) чавоби дигар
(10 хол) (10 хол) (15 хол)
15. Нуктаи каниши функсияро муайян намоед,агар f (х)
х
(х - 9)- (х + 8)
(15 хол)
Баробари ин кайд кардан лозим аст, ки истифода аз технологиями иттилоотй ва ба намуди тестй санчидани дониши донишчуён тарафхои манфй низ дорад. Хангоми санчидани дониши донишчуён бо ёрии тестхо мо ба чунин норасогихо дучор мегардем:
а) маданияти нутки (хаттй ё шифохй) донишчуён коста мегардад, чунки нуткро бо ёрии тестхо санчидан гайриимкон мебошад;
б) махдуд намудани мавзуъхои фанни таълимй. Дар хар як фан кисмхое хастанд, ки бо осонй бо ёрии тестхо санчида намешавад;
в) нигох доштани савияи касбии дарачаи ихтисос мушкил мегардад, чунки он дар низоми автоматй ба амал меояд ва ягон сарбории иловагии касбиро ба вучуд намеоварад.
Дар давоми фаъолияти педагогии худ хис намудем, ки нутки дахонии донишчуён тараккй накарда истодааст. Онхо фикри худро бояду шояд баён карда наметавонанд. Бисёр донишчуён фикр накарда, чавоби тестхоро интихоб мекунанд ва дар натича бо таври тасодуфан хам ба холхои баланд ноил
-289-
Шерматов Ш.М., Юсупов С. Назорати сатуи дониши математикии донишчуён дар мачрои донишазхудкуни
шуданашон мумкин аст. Аз хдмин сабаб бо рохи тестй ба дониши донишчуён бахои реалй додан на он кадар имконпазир мебошад. Бинобар он мо дар фаъолияти худ аз диктантхои математикй, хондани формулахои математикй истифода мекунем. Вакте ки хосилаи функсия омузонида мешавад, хондани формулахои асосии косила хисобкунй (диффренсиронй) ба рох монда мешавад.
Ба монандй: а) (х ) = n ■ х (хосилаи функсияи дарачагй баробар аст ба
косили зарби нишондихандаи тагйирёбандаи мустакил бар тагйирёбандаи мустакил, ки нишондихандааш як вохид кам карда шудааст)
б) (a ) = a ■ln a (хосилаи функсияи нишондихандагй баробар аст ба хосили зарби худи функсия бар логарифми натуралй аз асоси дарача). Аз тарафи дигар, аз руи баёни таърифхо ё гуфторхо навишта тавонистани модели математики он аз ахамият холй намебошад.
Мисол: Худуди нисбати афзоиши функсия бар афзоиши аргумент, хангоми афзоиши аргумент ба нул майл кардан, хосилаи функсия номида мешавад ва бо
у -ишора карда мешавад.
lim АУ = у
Ах^° Ах
Донишчу хар як сухани устодро чй тавр мефахмад ва онро чй тавр ба дафтари худ кайд менамояд, бояд зери назорат бошад.
Дар дарсхои КМРУ баёни рафти халли мисолу масъалахоро аз донишчуён пурсон мешавем. Донишчуён бо таври шифохй корхои мустакилонаи худро химоя мекунанд, ки ин ба бехтаршавии нутки онхо мусоидат мекунад. Сатхи дониши донишчуёнро бо роххои сохтани хар гуна фигурахои математикй ё омода намудани чадвалхои формулахои математикй низ санчидан мумкин аст.
Холо ки иктисоди бозоргонй хукмфармой мекунад, хар муассиса ё корхона мехохад, ки кормандонаш шахсони кордон, донишманд ва чахондида бошад. Аз хдмин сабаб, истифодаи тестхо бо матни масъалахои мантикй хангоми ба кор кабулкунии кормандон дар бонкхо, идорахои давлатй, муассисахои тичоратй, ташкилотхои байналхалкй бахри муайян кардани сатхи дониши ба кор кабулшавандагон чорй шуда истодааст. Донишчуёни курсхои болой дар озмунхои корхонаю муассисахо, ки барои ба коркабулшавандагон пешбинй мешаванд ширкат варзида дониши худро месанчанд. Бо ин усул ба кор кабул намудан ба манфиати кордиханда мебошад. Дар ин озмунхо масъалахои мантикиро бо тарики пурсиши дахонй ё хаттй пешниход кардан мувофики максад мебуд. Ба монандй:
а) агар себро ба ду хиссаи баробар таксим кунем як кисми он ба чй монанд мешавад?
б) дар зери бахр чй гуна сангро ёфтан номумкин аст?
в) дар сутуни баландиаш 40 метр мурча рузона 5 метр боло мебарояд, шабона 4 метр поён мелагжад. Муайян кунед, ки дар чанд руз ба нуктаи болотарини сутун мерасад?
г) вакте, ки мошинаи сабукрав ба тарафи чап тоб мехурад, кадом чархи он давр намезанад.
- 290 -
Shermatov Sh.M., Yusupov S. Monitoring of Students' Knowledge in Educational Process
д) дар байни 8 тангахои якхела як тангаи калбакй мавчуд аст, ки аз тангахои мукаррарй сабук аст, аммо бо дид онро фарк карда намешавад. Чй гуна бо ду баркашкунй (бо тарозуи палладор) онро чудо кардан мумкин аст?
Чунин мисолу масъалахоро ба микдори хеле бисёр тартиб додан мумкин аст, ки донистани ягон хел формулахои математикй ё физикиро талаб намекунад.
Албатта, хамаи муаммохои дар сифати таълим ва назорати сифати таълим мавчудбударо якбора хал кардан гайри имкон аст. Аз хамин сабаб, чустучуи роххои халли оптималии ин масъала давом дорад. Чи хеле, ки файласуфи Рими кадим Сенека Лусий мегуяд: «Агар мо ба бозёфти худ конеъ мешудем, асло чизи аз он бехтаре ба даст намеовардем».
Пайнавишт:
1. Буралчук, Л.Ф. Психодиагностика: Учебник для вузов / Л.Ф. Буралчук. - Санк-Питербург, 2006. -351 с.
2. Волков, Б. С. Методы исследований в психологии: учебно-практическое пособие / Б. С. Волков. -Москва, 2002. -208 с.
3. Салимов, Н. Низоми тести: бауо ва татбици он. //Маърифати омузгор -2013.-№1-
2, с 96.
4. Шарифов, М. Тест: аз ауди бостон то имруз. //Маърифати омузгор-2013.-№9-10, с 96.
Reference Literature
1. Avanesov V.S. Composition of Test Tasks. -M.: Testing Centre, 2002
2. Buralchuk L.F. Psychodiagnostics. Manual for higher school, SPb, 2006. -351pp.
3. Volkov B.S. Methods of Research in Psychology: educational-practical text-book. -Moscow, 2002. -208pp.
4. Kabanova T.A., Novikov V.A. Testing on Modern Education. Educational text-book. -M.:Higher School, 2010.
5. Journal for Teachers' Education. №№1-2, 2013
6. Journal for Teachers' Education, №№9-10, 2013
Контроль уровня знаний студентов в учебном процессе
Ключевые слова: контроль знаний, информационные технологии, альтернативная задача, математический диктант, логические задачи.
Контроль уровня знаний учащихся и студентов является одним из важнейших вопросов в процессе обучения. В данной статье рассмотрены пути улучшения форм контроля уровня знаний студентов, которые остаются актуальными во все времена. Экзамены и тестирование играют огромную роль в поднятии уровня знаний студентов. В условиях рыночной экономики и научно-технического прогресса необходимы специалисты с хорошим уровнем знаний. Поэтому учреждения принимают на работу специалистов, предварительно приняв у них тест для проверки уровня знаний. Авторы считают, что тестирование имеет как положительные, так и отрицательные стороны.
- 291 -
Шерматов Ш.М., Юсупов С. Назорати сатуи дониши математикии донишчуён дар мачрои донишазхудкуни
Monitoring of Students' Knowledge in Educational Process
Key words: monitoring of knowledge, informational technologies, alternative goal,
mathematical dictation, logical goal
Monitoring of pupils' and students' knowledge is the most important issues in the process of education. The authors dwell on the way of improvements offorms in reference to students' knowledge monitoring; the problem being actual in all the times. Exams and tests play a great role for elevation of students' knowledge. Under the conditions of market economy and scientifico-technical progress specialists with good standard of knowledge are in need. Now many institutions conduct tests for claimants who want to work there. But still the author considers that testings possess both positive and negative sides.
Роцеъ ба муаллифон:
Шерматов Шавкат Мамацонович, дотсент, мудири кафедраи системауои иттилоотии автоматикунонидашудаи Донишгоуи давлатии ^уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail: shermatov1958@mail.ru
Юсупов Сиддицбой, сармуаллими кафедраи математикаи оли ва моделсозии Донишгоуи давлатии ^уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail: siddikboy52@bk.ru
Сведения об авторах:
Шерматов Шавкат Мамаджонович, доцент, заведующий кафедрой автоматизированных информационных систем Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: shermatov1958@mail.ru
Юсупов Сиддикбой, старший преподаватель кафедры высшей математики и моделирования Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: siddikboy52@bk.ru
Information about the authors:
Shermatov Shavkat Mamajonovich, Associate Professor, chief of the department of automatized informational systems under the Tajik State University of law, business, politics (Tajikistan, Khujand), e-mail: shermatov1958@mail.ru
Yusupov Siddikboy, senior teacher of the department of higher mathematics and modelling under the Tajik State University of law, business, politics (Tajikistan, Khujand), e-mail: siddikboy52@bk.ru
- 292 -

читать описание
Star side в избранное
скачать
цитировать
наверх