Научная статья на тему 'Historic experience of youth participation in construction of hydropower stations in Tajikistan'

Historic experience of youth participation in construction of hydropower stations in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
1070
142
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УДАРНЫЕ КОМСОМОЛЬСКИЕ СТРОЙКИ / ПАТРИОТИЧЕСКИЕ ПОЧИНЫ МОЛОДЕЖИ / ПЛОДЫ ДРУЖБЫ И СОТРУДНИЧЕСТВА / ПРЕЕМСТВЕННОСТЬ ПОКОЛЕНИЙ / СТРОИТЕЛЬСТВО ГИДРОЭНЕРГЕТИЧЕСКИХ СООРУЖЕНИЙ / ACCELERATED COMSOMOL CONSTRUCTION SITES / PATRIOTIC INITIATIVES OF YOUTH / FRUITS OF YOUTH FRIENDSHIP AND COLLABORATION / SUCCESSION OF GENERATIONS / HYDROPOWER ERECTIONS

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Кабилов Зафарджон Закирович

Статья посвящена историческому участию комсомольцев и молодежи в сооружении гидроэнергетических станций Таджикистана. На основании конкретных исторических фактов освещается самоотверженный труд молодых строителей, инженерно-технических кадров при строительстве Варзобской, Кайраккумской, Нурекской, Рогунской гидроэнергетических станций. Особое внимание уделяются совместной деятельности комсомольцев и молодежи Советского Союза по сооружению ГЭС Таджикистана. Анализируется творческая работа молодежи по организации трудового соревнования. Автор акцентирует внимание на приемственности поколений при строительстве важнейших народнохозяйственных объектов в условиях государственной независимости Республики Таджикистан.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ИСТОРИЧЕСКИЙ ОПЫТ УЧАСТИЯ МОЛОДЕЖИ В СТРОИТЕЛЬСТВЕ ГИДРОЭНЕРГЕТИЧЕСКИХ СТАНЦИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ

The article dwells on historic participation of comsomol members and youth in the erection of hydropower stations in Tajikistan. The selfless labour of young builders, engineering-technical human resources in the construction of Varzob, Kairakhoom, Nurek, Roghun hydropower stations is highlighted with concrete historic facts. Special attention is paid to joint activity of comsomol members and youth of the Soviet Union aimed at an erection of HEPSes in Tajikistan. The creative work of youth on labour competition organization is analyzed. The author rivets attention to succession of generations in the construction of the most important objects under the conditions of state independence in Tajikistan Republic.

Текст научной работы на тему «Historic experience of youth participation in construction of hydropower stations in Tajikistan»

УДК 329 ББК 63.3+66.75А

ТАЦРИБАИ ТАЪРИХИИ ИШТИРОКИ

ЧАВОНОН

ДАР СОХТМОНИ НЕРУГОХХОИ БАРКИИ ОБИИ ТОЧИКИСТОН

ИСТОРИЧЕСКИЙ ОПЫТ УЧАСТИЯ МОЛОДЕЖИ В СТРОИТЕЛЬСТВЕ ГИДРОЭНЕРГЕТИЧЕСКИХ СТАНЦИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ

HISTORIC EXPERIENCE OF YOUTH PARTICIPATION IN CONSTRUCTION OF HYDROPOWER STATIONS IN

TAJIKISTAN

Цобилов Зафарцон Зокирович,

унвонцуйи кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Худжанд)

Кабилов Зафарджон Закирович,

соискатель кафедры истории отечества Худжандского государственного университета им. акад. Б.Гафурова

Kabilov Zafarjohn Zakirovich, claimant for candidate S degree of the department of home history under Khujand State University named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: zafarjonk 79@mail. ru

Ключевые слова: ударные комсомольские стройки, патриотические почины молодежи, плоды дружбы и сотрудничества, преемственность поколений, строительство гидроэнергетических сооружений

Статья посвящена историческому участию комсомольцев и молодежи в сооружении гидроэнергетических станций Таджикистана. На основании конкретных исторических фактов освещается самоотверженный труд молодых строителей, инженерно-технических кадров при строительстве Варзобской, Кайраккумской, Нурек-ской, Рогунской гидроэнергетических станций. Особое внимание уделяются совместной деятельности комсомольцев и молодежи Советского Союза по сооружению ГЭС Таджикистана. Анализируется творческая работа молодежи по организации трудового соревнования. Автор акцентирует внимание на приемственности поколений при строительстве важнейших народнохозяйственных объектов в условиях государственной независимости Республики Таджикистан.

Key words: accelerated Comsomol construction sites, patriotic initiatives of youth, fruits of youth friendship and collaboration, succession of generations, hydropower erections

The article dwells on historic participation of comsomol members and youth in the erection of hydropower stations in Tajikistan. The selfless labour of young builders, engineering-technical human resources in the construction of Varzob, Kairakhoom, Nurek, Roghun hydropower stations is highlighted with concrete historic facts. Special attention is paid to joint activity of comsomol members and youth of the Soviet Union aimed at an erection of HEPSes in Tajikistan. The creative work of youth on labour competition organization is analyzed. The author rivets

attention to succession of generations in the construction of the most important objects under the conditions of state independence in Tajikistan Republic.

Тахкикоти илмию амалй исбот намуданд, ки Точикистон дорои захирахои бузурги гидроэнергетикй, маъданхои кухй, сангхои киматбахо, ангишт, оби нушокй ва намак мебошад, ки барои дар оянда дар Осиёи Марказй мавкеи устувори иктисодй пайдо намудан имконияти кофй дорад.

Бештар аз 60 фоизи хачми умумии мачрои дарёхои минтакаи Осиёи Марказй дар каламрави Точикистон ташкил меёбад. Хамзамон Точикистон, бо масохати начандон калон, кариб 4 фоизи захирахои гидроэнергетикии чахонро дорост.

Хачми умумии захирахои имконпазири гидроэнергетикии Точикистон дар як сол бештар аз 500 миллиард киловатт-соатро ташкил медихад [8, с. 227].

радами нахустин дар азхудкунии захирахои обию энергетикии Точикистон ин сохтмони Неругохи баркии обии Варзоб-1 ба хисоб меравад, ки сохтмони он соли 1931 огоз шуда, мохи декабри соли 1936 ба анчом расид ва иктидораш 7,15 мегаватт мебошад.

Соли ба кор даромадани НБО-и Варзоб-1 хамчун соли тавлиди сохаи энергетикаи Точикистон кайд мегардад.

Минбаъд сохтмон ва ба истифода додани неругоххои баркии обй босуръат идома ёфтанд. Соли 1949 неругоххои баркии обии Варзоб-2 бо иктидори 14,76 мегаватт, соли 1958 НБО-и Варзоб-3 бо иктидори 126 мегаватт ба истифода дода шуданд.

Соли 1958 азхудкунии дарёи Вахш бо ба кор даровардани НБО-и Шаршара бо иктидори 29,9 мегаватт сар шуда, минбаъд босуръат идома ёфт. Соли 1962 неругохи аз хама калонтарини Точикистон дар дарёи Вахш НБО-и Сарбанд бо иктидори 210 мегаватт ва соли 1964 НБО-и Марказй бо иктидори 18,6 мегаватт ба кор шуруъ намуданд. [3, 220]

Дар натичаи ёрй ва дастгирии васеи Х,изби коммунисти Иттиходи Шуравй ва Хукумати Шуравй дар охири солхои 60-ум Хукумати Точикистон ба бунёди Комплекси территориявй-истехсолии Точикистони Ч,анубй шуруъ кард ва чй тавре, ки пешбинй шуда буд, бояд ахамияти калони умумииттифокй медошт. Ба иншоотхои мухими комплекси мазкур заводи алюминии Точикистон, заводи электрохимиявии Ёвон, неругохи обии баркии Нораку Рогун, рохи охани Термиз-^ургонтеппа-Ёвон дохил мешуданд.

Дар ин раванд сохтмони неругоххои баркии обии ^айроккум ва Норак дар таърихи халки точик мавкеи мухим дорад. Бунёди он ба неруи созандаи чавонон вобаста буд. Ч,алб намудани комсомолону чавонон ба сохтмони иншоотхои мухими хочагии халк ба татбики минбаъдаи накшахои ичтимой-иктисодй мусоидат ва хамзамон барои конеъ гардонидани шавку рагбати чавонон, ки барои нишон додани худ дар чодаи душвортар ва масъулиятноки чомеаи нав кушиш ба харч медоданд, шароити мусоидро фарохам меовард.

11 июни соли 1951 сохтмони НБО ^айроккум огоз ёфт. Дар сохтмони НБО-и калон, ки он вакт аз иншоотхои бузургтарини Осиёи Миёна хисоб мешуд, намояндагони 37 миллат - точикон, русхо, кореягихо, немисхо, тоторхо, узбекхо, киргизхо ва гайра иштирок мекарданд. Иктидори он 126 хазор киловатт буда, барои бо барк таъмин намудани нохияхои шимоли Точикистон ахамияти калон дошт.

Дар натичаи мехнати фидокоронаи бунёдгарони НБО-и ^айроккум вай пеш аз мухлат ба истифода дода шуд. Чунончй, дар соли 1956 ду агрегат, мохи апрел

агрегати сеюм, мохи сентябр агрегати чорум, мохи октябр агрегати панчум ва мохи декабри соли 1957 агрегати шашум ба истифода дода шуд. Х,амин тавр, хамаи шаш агрегати НБО-и ^айроккум барои шахру нохияхо, корхонахои саноатй, колхозу совхозхои Узбекистон ва як кисми шимоли Точикистон неруи барк истихсол мекард. [5, 139]

Барои фаъолияти минбаъдаи НБО-и ^айроккум як гурух хатмкунандагони Донишкадаи политехникии Точикистон ба кор сафарбар карда шуданд. Бо роххати донишкадаи мазкур Абдумавлон Ганиев низ ба НБО-и «Дустии халкхо»-и шахри ^айроккум ба кор омад. Вай аз байни чавонони точики зодгохаш нахустин баркчии маълумоти олидор буд [12, 402].

Тачриба нишон медихад, ки мехнати фидокоронаи чавонон ичрои бомуваффакияти вазифахоро доир ба бунёди корхонахои саноатй, энергетикй ва наклиётй таъмин мекунад. Чдвонон чунин мехдсобиданд, ки иштирок дар сохтмони зарбдор ба онхо имконият медихад, то неруи бузурги коллективи мехнатиро эхсос намоянд.

Дар асл сохтмонхои зарбдор мактаби хакикй ва боэътимоди гоявй, тарбияи мехнатй ва ахлокй буданд. Дар ин чо нисбат ба дигар чойхо чавонон касбхои техникй ва технологияи навро хубтар аз худ мекарданд, малакаи иштироки фаъолонаро дар идоракунии истехсолот ва корхои чамъиятй, дар такмили механизми хочагй ёд мегирифтанд.

Тибки анъанаи хуби мукарраргардида сохтмонхои нав ва асосии Иттиходи Шуравй сохтмони зарбдори умумииттифокии комсомолй махсуб мешуданд. 30 июли соли 1960 КМ Х,изби коммунистии Иттиходи Шуравй (Х,КИШ) ва Шурои Вазирони Иттиходи Чдмохири Шуравии Сотсиалистй (ИЧ,ШС) дар бораи сохтмони Неругохи барки обии Норак карор кабул карда, ахамияти онро барои иктисодиёти Осиёи Миёна махсус таъкид намуданд [11, с. 9].

Соли 1961 бошад, КМ ВЛКСМ сохтмони НБО-и Норакро Сохтмони зарбдори умумииттифокии комсомол эълон намуд [1, с. 15].

Ба кори лоихакашии сарбанд ва стансия пажухишгоххои зиёди илмй-тадкикотии Иттиходи Шуравй чалб карда шуданд. Сохтмони НБО-и Норак хакикатан хам беназир буд. Иктидори лоихавии стансия 2 миллиону 700 хазор киловатт-соатро ташкил мекард.

Дар натичаи сохтмони сарбанди баланд, обанборе ба вучуд меомад, ки гунчоишаш 10,5 миллиард метри мукаабро ташкил мекард. Ин имкон медод, ки мачрои об ба танзим дароварда шуда, нафакат заминхои корами гирду атроф бо об таъмин шаванд, балки иловатан боз садхо хазор гектар заминхо дар Точикистон, Узбекистон ва Туркманистон обшор гардад.

Сохтмони НБО-и Норак ба мактаби хакикии дустии халкхо табдил ёфт. Ба Норак ихтиёриёни нахустин аз Федератсияи Русия хануз то огози сохтмон омада буданд. Бо ташаббуси комсомолкахо Н.Силкина, С.Шекина, Н.Хижнякова барномахои радиой, сухбату лексияхо ташкил карда шуданд.

Боиси зикр аст, ки ихтиёриён бо даъвати комсомол ба сохтмон омада ба ташкили созмонхои чавонон шуруъ карданд. Чдвонони бинокор мухандис Тутининро, ки дар сохтмони НБО-и Красноярск тачрибаи бои кори комсомолй андухта буд, сарвари худ интихоб намуданд. Ташкилоти комсомолии Норакро комсомолони аз Сибир ва ^азокистон, Урал ва гушаю канори чумхуриамон омада созмон доданд. Дар катори

онхо хатмкунандагони Донишкадаи ирригатсионии Тошканд Фарид Хусейнхочаев ва Донишкадаи кишоварзии Точикистон Х,амид Х,амидов низ буданд.

9 марти соли 1961 дар шахри Маскав Мачлиси умумииттифокии бинокорони чавон баргузор гардид. Чумхурии Точикистонро бригадири сохтмони НБО-и Норак - Нурулло Зокиров ва котиби кумитаи комсомолии шахри Норак - Х,.Х,амидов муаррифй мекарданд.

Х,.Х,амидов 10 марти соли 1961 дар ^асри калони Кремл баромад карда, дар бораи сохтмони иншооти азими энергетикй дар дарёи Вахш накл кард.

Рузи дигар дар рузномахои марказй нутки сарвари комсомолони Норак чоп гардид ва дар байни чавонони Иттиходи Шуравй хамовозии васеъ пайдо кард. Ватандустони чавон хушхабарро дар бораи огози хучуми васеъ ба мутеъ кардани Вахши пуртугён гарм истикбол намуданд.

Мактубхои зиёди ба Норак омадаро лифофахои штемпели ишораи «Солдатй» дошта ташкил мекарданд. Масалан, танкчй Плиско чунин навишта буд: «Касби ман -азхудкунии заминхои навкорам ва бекорхобида мебошад. Барои мехнати хубам сазовори медали «Барои азхудкунии заминхои нав» гардидаам. Аз мактаби калони хаётй гузаштаам. Ба наздикй мухлати хизматам дар сафи Артиши Шуравй ба анчом мерасад. Мехохам, ки дар Норак кор кунам ва аз худ ба одамон хотираи нек бокй монам» [4, с. 9].

Мактуби ба ин монанд инчунин аз номи гурухи чанговарон аз шахри Оренбург Ю.Варин, И.Вагинов, Ф.Файзеханов, комсомолон аз ш.Рубсовски кишвари Олтой В.Лисак, В.Зубков, В.Сорокин ва дигарон омада буд.

Сохтмони НБО-и Норак дар маркази таваччухи ташкилотхои хизбй ва комсомолии Точикистон карор дошт. 26 апрели соли 1963 дар пленуми VII КМ Х,К Точикистон масъала дар бораи сохтмони НБО-и Норак мухокима карда шуд. Пленуми КМ таваччухи Кумитаи шахрии Х,изби коммунист ва идораи «Нуректаджгидрострой» -ро ба зарурати харчи бештар тезонидани чараёни сохтмон чалб кард, барои таъмин кардани сохтмон бо коргарони баландихтисос, васеъ чорй кардани воситахои механизатсияи хурд, бехтар намудани сохтмони манзил, хизмати тиббй ва мадании бинокорон чорахои мушаххас андешид. КМ комсомоли Точикистон вазифадор карда шуд, ки дар соли 1963 ба сохтмон 500 коргарони чавони гуногункасбро сафарбар намояд [9, с. 260-261].

Дар натичаи фаъолияти пурсамари ташкилотхои чавонон дар солхои 1961-1965 ба сохтмони НБО-и Норак зиёда аз 5 хазор чавонону духтарон омаданд. Инхо пеш аз хама чавонони мактаби сохтмонро дар иншоотхои гидроэнергетикй, ба мисли НБО-хои Бурятск ва Красноярск гузашта буданд, бокимонда чавонони махаллй аз шахру нохияхои чумхурй, хусусан дехахои гирду атроф буданд. Дар соли 1966 факат аз шахри Ростови лаби Дон 137 нафар чавонон ба кор омаданд.

Шакли мухими даъвати чамъиятии чавонон ба сохтмони иншоотхои хочагии халк чалби отрядхои донишчуёни бинокор ба хисоб мерафт. Ин имкон медод, ки куввахои иловагии чавонону духтарон ба сохтмон, алалхусус дар давраи баистифодадихй чалб карда шавад.

Дар солхои панчсолаи нухум хамасола дар фасли тобистон бо супориши КМ ВЛКСМ дар сохтмони НБО-и Норак донишчуёни кухнавард кор мекарданд. Масалан, тобистони соли 1971 37 нафар донишчуёни кухнавард аз мактабхои олии Маскав фидокорона мехнат карда, ичроиши хачми корро ба маблаги 100 хазор сум таъмин намуданд.

Яке аз масъалахои мухими дар назди ташкилотхои хизбй, комсомолй, иттифокхои касаба ва хочагй истода, нигох доштани чавонони ба сохтмон бо даъвати чамъиятй омада буд.

Дар ибтидои сохтмони иншоотхои хочагии халк дар ташкили мехнат ва маишати чавонон камбудихои чиддй мавчуд буданд, ки окибат ба зиёдшавии аз кор рафтани коргарон оварда расонид. Яке аз камбудихо асосй тайёрии сусти касбии як кисми ихтиёриён низ марбут буд. Хрдисахои ба чавонону духтарони тасодуфй супоридани роххатхои комсомолй чой доштанд.

Бо назардошти тайёрии сусти касбии ихтиёриён ташкилотхои комсомолй ва ситоди сохтмонхои зарбдори комсомолии Точикистон ба тайёр кардани кадрхои коргарии касбхои оммавй шуруъ карданд. Чунончй, дар охири соли 1962 дар Норак комбинати таълимй доир ба тайёр кардани коргарони касбхои асосии сохтмон -гилкорон, бетончиён, дуредгарон, рангмолон, андовагарон, арматурачиён, механизаторони касбхои оммавй, накбканон ташкил карда шуданд.

Норак на факат манбаи тайёркунии ихтисосхои коргарй, балки манбаи тайёркунии кадрхои мухандисй буд. Ба ин чо аз хама гушаю канори Иттиходи Шуравй хатмкунандагони мактабхои олии Маскав, Ленинград, Грозний, Куйбишев, Лвов, Горкий, Полтава, Одесса, аз сохтмонхои дигари мамлакат - Гурчистон, Туркманистон, сохтмони рохи охани Абакан-Тайшет, Братску Дивногорск, Темиртогу Мирзочул меомаданд. Мувофики маълумот дар охири соли 1966 дар сохтмон 40 нафар мухандисони чавони точик, кариб 100 нафар рус, 20 нафар украин, 5 нафар тотор ва дигарон кор мекарданд.

Боиси зикр аст, ки дар хамаи мархалаи сохтмони сотсиалистй дар ИЧ,ШС мусобика воситаи мухимтарини инкишофи ташаббуси эчодкоронаи омма, ташаккули коллективизм буд.

Дар нимаи дуюми солхои 70-ум мусобикаи байни коллективхои муассисахои бахамназдик вусъат ёфт. Яке аз хусусиятхои хоси ин мусобика аз он иборат буд, ки вай дар доираи байничумхуриявй амал намуда, сохахои гуногуни хочагии халкро дарбар мегирифт. Мусобикаи муассисахои бахамназдик ба тахкими минбаъдаи хамкории бародаронаи байни халкхои Иттиходи Шуравй таъсири муфид расониданд.

Масалан, бинокорони чавони НБО-и Норак ташаббускори шакли сифатан нави мусобикаи мехнатй - «Эстафетаи коргарй» гардиданд. «Эстафетаи коргарй» муттахидкунии кувваи ташкилотхо, корхонахои илмй-тадкикотй, марказхои лоихакашй-конструкторй, мошинсозй ва сохтмонии чумхурихои сотсиалистиро бахри бунёди иншоотхо ва комплексхои калони хочагии халкро пешбинй мекард. Тачриба нишон медихад, ки ин хамкорихо ба ташкилшавии коллективхои интернатсионалистии мехнатй, анъанахо ба амал омада, боиси баландшавии хосилнокии мехнат мегардад.

Ташаббуси бинокорони НБО-и Норакро корхонахои калонтарини Точикистон, сохтмончиёни НБО-хои Уст-Илимск, Тухтагул, неругоххои баркии давлатии нохиявии Марв ва Сурхандарё, бинокорони заводи алюминии Точикистон ва дастгохи «3600» дар заводи Азовстал, заводи автомобилсозии Волжск чонибдорй намуданд. Ба «Эстафетаи коргарй» коллективхои шухратманди индустрияи бузурги Ленинград - заводи металлургии ба номи Съезди XXII Х,КИШ ва заводи Ижорск ба номи Жданов, ки барои НБО-и Уст-Илим ва дигар сохтмону корхонахои мамлакат тачхизот мебароварданд, хамрох шуданд [2, с. 31].

Ба шарофати мусобикаи «Эстафетаи коргарй» агрегати нахустин 16 ноябри соли 1972 ба истехсоли барк огоз кард. 20-уми декабри хамон сол агрегати дуюм ба истифода дода шуд.

Дар натичаи мехнати самараноки коллективхои комсомолону чавонони сохтмону заводхои тачхизоттаъминкунанда, ташкили муназзами мусобикаи сотсиалистй неругох 30 сентябри соли 1979 15 мох пеш аз мухлат бо иктидори 2 миллиону 700 хазор киловатт-соат ба истифода дода шуд.

Чдвонони шухратёри точик аз галабахои мехнаткашон илхом гирифта бунёди НБО-и Рогунро сохтмони зарбдори комсомолй эълон карданд. Сарбанди неругох нисбати сарбанди НБО-и Норак бояд баландтар, буриши туннели асосй калонтар, иктидори машинахои баркй ду баробар зиёдтар мегардид. Дар неругох насби шаш машинахои баркии иктидори хар кадомаш 600 хазор киловатт-соат энергияи барк пешбинй шуда буд. Неругохи нав, хамчун неругохи пуриктидортар бояд макоми аввалро дар катори неругоххои обии Вахш ишгол мекард.

Добили зикр аст, ки хануз соли 1936 кашшоф-топографи чавон М.А.Гиндин дар бораи интихоби мавзеи ояндаи неругохи баркии обй таклиф пешниход карда буд. Вай сохили Вахшро тахкик намуда, мачрои зарбарасонии дарёро муайян намуд. Онро барои сохтмони неруи барк олй хисобида, М.А.Гиндин дар рузномааш навишта буд: «Мавзеи бохашамат барои сохтмони сарбанд... итминон дорам, ки ягон вакт ин акидаро чиддй кабул мекунанд...» [6, с. 30-31].

Иктисодиёти чумхурй дар нимаи дуюми солхои 80-ум пешомадхои бузургро интизор буд. Дар самтхои асосии тараккиёти иктисодй ва ичтимоии ИЧЩС барои солхои 1986-1990 ва давраи то соли 2000-ум чунин кайд шудааст: «Тараккиёти минбаъдаи Комплекси территориявй-истехсолии Точикистони Ч,анубй таъмин карда шавад. Иктидори неругохи баркии обии Рогунро ба кор дароварда, сохтмони НБО-и Сангтуда огоз гардад».

Комсомолону чавонони чумхурй бо хамрохии хамсолонашон аз чумхурихои бародарй саъю кушиши худро барои ичроиши накшаи нишондода равона карданд. Вале бо пофишории «демократхо» -и навзухурёфта, пошхурии Иттиходи Шуравй ва гирудорхои сиёсии охири солхои 80-ум - ибтидои солхои 90-ум сохтмони чунин иншоотхои бузург - неругоххои баркии обии Рогун ва Сангтуда нотамом монданд.

Бо амри такдир Точикистон сохибистиклол гардид. Вазъи иктисодиёти чумхурй талаб мекард, ки сохтмони неругохи баркии Рогун идома ва кор дар неругохи баркии Сангтуда вусъат дода шавад.

Бо назардошти хеле мухим будани неругохи баркии Сангтуда дар иктисоди кишвар, дар рахой аз вобастагии энергетикй ва баланд бардоштани сатхи зиндагии хар кадом сокини чумхурй сохтмони умумихалкй эълон карда шуд.

«Чдвонони бонангу номуси Ватан, - гуфта шудааст дар Мурочиатномаи Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба мардуми Точикистон, - шумо ворисони он Фарходхое мебошед, ки бо кувваи бозуи худ бе ягон техникаи ёрирасон куххои касногузарро шикофта, дар муддати се-чор мох аз Душанбе то Хоруг рох бароварданд, дар кутохтарин муддат каналхои калони Х,исору Фаргонаро ба истифода доданд, водии Вахшро обод намуданд.

Фаромуш накунед Ватан имруз хам ба дасту бозуи созандаи шумо эхтиёч дорад». [10, с. 246].

Х,идояти Сарвари давлат чавононро рухбаланд кард. Онхо дар хамкорй бо мутахассисону коргарони Федератсияи Русия дар бунёди НБО-и «Сангтуда-1»

ширкат варзиданд. Самараи дустй буд, ки НБО-и «Сангтуда-1» дар мохи августи соли 2009 бо иктидори пурра ба истифода дода шуд. Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар маросими ба истифода додани ин сохтмони дустй гуфта буд: «...НБО-и «Сангтуда-1» дар каламрави ИДМ иншооти бузургтарини энергетикй мебошад, ки бо иштироки давлат ва ширкатхои Русия сохта шуд. Дар сохтмони он бештар аз 50 корхонаю муассисаи сохаи сохтмони Точикистон ва Русия ширкат варзиданд. Тачхизот ва асбобу анчоми зарурии неругохро теъдоди хеле зиёди корхонахои саноатии Русия сохта, дастрас намуданд. Дар сохтмони неругох такрибан 5 хазор нафар кор карданд, ки бештар аз 80 фоизи онхо мутахассисони точик мебошанд. Тибки накша, НБО «Сангтуда 1» бо тачхизоти навтарини сохти Русия мучаххаз шудааст. Иктидори умумии он 670 мегаватт мебошад. Х,амин тавр, сохтмони неругох боз як шаходати хамкории мамлакатхои мо буда, ба баркарор гардидани муносибатхои хамкории Точикистону Русия дар сохаи энергетика имконият фарохам сохт. Чунин хамкорй ва муносибатхои бародарона дар давраи шуравй вучуд дошт ва анъанахои пургановати эхтиром, дастгирй ва расонидани кумак ба хамдигарро ифода менамуд» (13).

Сохтмони неругохи баркии обии «Сангтуда-2» 20 феврали соли 2006 шуруъ гардид. Иктидори ин неругох мутобики лоиха 220 мегаватт буда, дар он бояд ду агрегате, ки хар кадомаш 110 мегаватт иктидор дорад, васл мегардад. Чунин иктидор имкон медихад соле дар мачмуъ 930 миллион киловатт-соат неруи барк истехсол гардад. Ин барои халли мушкилоти камчинии барк дар Точикистон ва хатто минтака мусоидат менамояд ва кисми дигараш ба Ч,умхурии Исломии Афгонистон интикол дода мешавад.

Сохтмони неругохи «Сангтуда-2» яке аз самтхои хамкории мардуми Точикистону Эрон буда, кадаме ба истиклолияти энергетикии кишварамон мебошад.

Холо бо икдоми Хукумати Ч,умхурии Точикистон бо захирахои худй сохтмони неругохи Рогун идома дорад. Садхо чавонони гуногунмиллати ватани сохибистиклоламон бахри сохтани неругох камари химмат баста, фидокорона мехрат намуда истодаанд.

Махсусан, чавонони Точикистон Мурочиатномаи Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмонро, ки рочеъ ба сохтмони неругохи баркии обии Рогун аз санаи 5 январи соли 2010 манзур гардид, якдилона истикбол намуда, барои аз хар роху восита сахм гузоштан ба бунёди ин иншооти аср пешниходоти мушаххаси хешро манзур сохтанд. Аксарияти донишчуёни мактабхои олии кишвар, ки вобаста ба ихтисосхои сохахои барктаъминкунй, кафшеркориву дигар корхои марбут ба накбканй тахсил доранд, ба Хукумати Ч,умхурии Точикистон пешниход намуданд, ки омода хастанд дар фурсатхои гузаштани тачрибаомузй дар сохтмони ин неругох сахм бигиранд, ё гуруххои сохтмончиёни чавон таъсис дода, дар айёми таътили тобистонаи худ ба сохтмончиёни Рогун кумак намоянд [7, с. 121].

Дар канори ин, чавонони Точикистон барои сахмгузорй дар дигар самтхои марбут ба тахкими истиклолияти энергетикии кишвар низ накши муассир гузошта меояд. Аз чумла, чавонони Точикистон бо дустони худ аз Ч,умхурии халкии Хитой пахлу ба пахлу истода, дар бунёди хати интиколи барки 500-киловатаи «Ч,ануб-Шимол», ки ба масофаи 325 километр кашида шуда, 29 ноябри соли 2009 мавриди бахрабардорй карор гирифт, корномахои мехнатй нишон доданд. Бо ба истифода дода шудани ин иншооти дустй ва бародарй системаи ягонаи энергетикии Точикистонро ба вучуд оварда, дар тахкими системаи ягонаи энергетикии кишвар ва

рахоии аксари минтакахои Точикистон аз вобастагии баркй аз дигар чумхурихо накши мухимме гузошт. Барои сохтмони ин иншооти мухими энергетикй зиёда аз 1 миллиарду 800 миллион сомонй харч гардид.

Дар маросими ба истифода дода шудани ин иншооти мухим Сарвари давлат Эмомалй Рахмон ба Вазорати энергетика ва саноати Точикистон, Ширкати «Барки точик» ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд дастур дод, ки дар муддати кутох барои ба шабакаи ягона пайвастани хамаи шахру навохии вилоят тамоми тадбирхо андешида шаванд.

Сари вакт анчом ёфтани ин барномаи муфид боис гардид, ки дар айёми тачлили 20-солагии Истиклолияти давлатии Точикистон зеристгохи «Айнй» мавриди бахрабардорй карор гирифта, водии Зарафшонро, ки яке аз минтакахои асосии вобаста ба барки беруна ба шумор мерафт, пурра аз вобастагии энергетикй рахой бахшид. Барои ба истифода додани ин пойгохи таъминоти барк ва пайвастани он ба шабакаи ягонаи баркии кишвар 130 миллион сомонй чудо гардид, ки лоихаи он пурра дар арафаи 20-солагии Истиклолияти давлатии Точикистон татбик гардид.

Сохаи гидроэнергетикии Точикистон ояндаи дурахшон дорад. Хукумати Чумхурии Точикистон рушди сохаи тавлидоти барки обиро самти афзалиятнок хисобида, бахри пешрафти он тамоми чорахоро андешида истодааст.

Холо дар ин соха як катор лоихахои дигар дар мархилаи баррасй карор доранд. Яке аз лоихахои чолиби диккат ва аз нигохи иктисодй манфиатовар накшаи бунёди неругохи баркии обии «Даштичум» мебошад.

Иктидори лоихавии он 4 хазор мегаватт буда, гунчоиши обанбораш 17,6 километри мукаабро ташкил медихад. Ин неругох яке аз неругоххои камхарчтарин ва муфиди Точикистон хохад гардид ва метавонад хамасола 15,6 миллиард киловатт-соат кувваи барк истехсол намояд.

Гузашта аз ин неругохи мазкур ахамияти обшоргардонй низ дошта, метавонад якуним миллион гектар заминро обшор ва зиёда аз 5 миллион нафар ахолии минтакаро ба кор таъмин намояд.

Дар каламрави мамлакат инчунин захирахои зиёди гидротехникии истифоданагардида дар мавзеъхои Зарафшон, Сурхоб ва Обихингов мавчуданд.

Дар мачмуъ, солхои охир дар натичаи амалишавии барномахои ичтимоиву иктисодй, аз чумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 неругохи хурду миёнаи обиибаркии обй сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият огоз кардани неругоххои «Помир-1» ва «Сангтуда-1», хатхои интиколи барки «Лолазор-Хатлон», «Ч,ануб-Шимол» ва «Конибодом-Боткент», зеристгохи «Сомонй»-и шахри Кулоб имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти халли мушкилоти энергетикии сохахои иктисоди миллй ва мардум бо пешрафти назаррас муваффак гардиданд. Хамзамон бо ин корхои сохтмону баркарорсозй дар иншооти азиму стратегии кишвар - неругохи баркии обии Рогун, инчунин неругоххои хурду миёна дар хавзаи дарёхои Вахш ва Зарафшону Варзоб вусъат ёфта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоххои хурди баркй то соли 2020-ум бояд 190 неругоххои хурди баркии обй сохта, мавриди истифода карор дода шаванд.

Боиси хурсандист, ки имрузхо чавонон дар катори бинокорону васлгарон, бетонрезону кормандони мухандисию техникй аз чумлаи сахмгузорони ин неругоххои хурду бузург мебошанд. Агарчй корхои сохтмонй дар неругоххои «Сангтуда-1» ва кисман дар «Сангтуда-2» ба анчом расидаанд, вале айни хол неруи бузурги чавонон дар корхои идоракунй, идомаи корхои сохтмонй дар китъахои

бокимонда фаъол хастанд. Дар назар аст, ки сохтмони неругохи нави баркии обии «Айнй» бо хамкории Ч,умхурии Исломии Эрон огоз ёбад, ки диловарони мехнатдусту чавони мамлакат майдони сохтмони ин неругохро низ ба арсагохи мехнат ва чонфидой табдил хоханд дод.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки чавонони Точикистон тачрибаи таърихии бунёдкорй ва анъанаи дустию бародариро сарбаландона идома дода, дар амалй гардидани накшахои стратегии мамлакатамон сахми арзанда хоханд гузошт. Вожа^ои калиди: сохтмонуои зарбдори комсомоли, ташаббусуои ватандустонаи цавонон, самараи дусти ва уамкории цавонон, пайванди наслуо ва бунёди неругоууои барции оби

Пайнавишт:

1. Бойгонии Маркази тауцицоти сиёсии Хизби коммунистии Тоцикистон. - Ф.36. -Р.13. - П.8. - В.15.

2. Горбачев П. - Нурек - стройка интернациональная. /П.Горбачев. - Душанбе: Ирфон, 1978. - 64 с.

3. Ёров А. Норак - манбаи нур / А.Ёров // Тоцикистон нурборон мешавад. - Хуцанд: Ношир, 2009. - С.219-226.

4. Искандаров Б. Таджикистан в братской семье народов СССР. / Б.Искандаров. -Душанбе: Ирфон, 1987. - 80 с.

5. История таджикского народа. - T.VI (Новейшая история). - Душанбе: Империал-групп, 2011. - 688 с.

6. Лугманов Т. Стройки дружбы. / Т.Лугманов. - Душанбе: Ирфон, 1986. - 64 с.

7 Набиев В. Созандагони Тоцикистони соуибистицлол. / В.Набиев. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 340 с.

8. Набиев В. Файзи дустии цавонон / В.Набиев. // Тоцикистон нурборон мешавад. -Хуцанд: Ношир, 2009. - С.233-237.

9. Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана. - Душанбе: Ирфон, 1984. - Т.2. - 512 с.

10.Раумонов Э. Тоцикистон: дар роуи демократия ва цомеаи мутааммадин. / Э.Раумонов. - Душанбе: Ирфон, 1995. - 56 с.

11.Черных Д.Я. Нурек. / Д.Я.Черных. - Душанбе: Ирфон, 1971. - 68 с.

12.Шариф К. Ицболи баланд // Тоцикистон нурборон мешавад. К.Шариф. - Хуцанд:

Ношир, 2009. - С.394-403. 13.Эмомали Раумон: «Хамкории бародарона барцарор мегардад» // Суханронии Президенти Чумуурии Тоцикистон Эмомали Раумон дар маросими ба истифода додани НБО-и «Сангтуда-1». - Чумуурият. - 2009. - 4 август.

Reference Literature:

1. Central Archive of Political Research Centre under Tajikistan Communist Party. Fund 36. -

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Inventory 13. - Case 82. - Sheet 15.

2. Gorbachyov P. Nurek Being International Construction Site. / P. Gorbachyov. - Dushanbe:

Cognition, 1978. - 64 pp.

3. Yorov A. Nurek Being Source of Light / A. Yorov // Tajikistan Will Be Bright. - Khujand:

Noshir, 2009. - pp. 219 - 226.

4. Iskandarov B. Tajikistan in the Fraternal Family of the Peoples of the SSSR. / B.

Iskandarov. - Dushanbe: Cognition, 1987. - 80pp.

5. The History of the Tajik Nation. - V.VI (The Newest History). - Dushanbe: Imperial-group,

2011. - 688 pp.

6. Lugmanov T. The Construction of Friendship. / T. Lugmanov. - Dushanbe: Cognition, 1986.

- 64 pp.

7 Nabiyev V. The Founders of Independent Tajikistan. / V. Nabiyev. - Dushanbe: Cognition, 2013. - 340 pp.

8. Nabiyev V. Friendly Grace of Youth / V. Nabiyev. // Tajikistan Will Be Bright. - Khujand:

Noshir, 2009. - pp. 233 - 237.

9. Essays on the History of Tajikistan Communist Party. - Dushanbe: Cognition, 1984. - V.2. -

512 pp.

10.Rahmonov E. Tajikistan: On the Way of Democracy and Civilized Society

11. Chernikh D. Ya. Nurek. /D. Ya. Chernikh. - Dushanbe: Cognition, 1971. - 68pp.

12. Sharif K. Good Luck // Tajikistan Will Be Bright. - Khujand: Noshir, 2009. - pp. 394 -

403.

13. Emomali Rahmon: «Friendly Cooperation Will Be Established» // Speech of Tajikistan

Republic President Emomali Rahmon on Putting «Sangtuda 1» HEPS into Operation. -Jumhuriyat (Republic). - 2009. August 4.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.